back index  
#1080; пеш аз ту ҳеҷ инзоркунандае барои онон наомадааст  ,  шояд (панд гиранд ва) ҳидоят шаванд .

4  Худованд касе аст  ,  ки осмонҳо ва замин ва он чиро миёни ин ду аст  ,  дар шаш рўз (шаш даврон) офарид  ,  сипас бар Арш (қудрат) қарор гирифт  .  Ҳеҷ сарпараст ва шафоаткунандае барои шумо ҷуз Ў нест  ,  оё мутазаккир намешавед ? !

5  Корҳои ин ҷаҳонро аз осмон ба сўи замин тадбир мекунад  ,  сипас дар рўзе  ,  ки миқдори он ҳазор сол аз солҳое аст  ,  ки шумо мешуморед  ,  ба сўи Ў боло меравад (ва дунё поён меёбад) .

6  Ў (Худованде аст  ,  ки) аз пинҳону ошкор бохабар аст ва шикастнопазир ва Меҳрубон аст .

7  Ў ҳамон касе аст  ,  ки ҳар чиро офарид  ,  некў офарид  .  Ва офариниши инсонро аз гил оғоз кард .

8  Сипас насли ўро аз усорае аз оби ночиз ва беқадр офарид .

9  Сипас (андоми) ўро мавзун сохт ва аз рўҳи худ дар вай дамид  .  Ва барои шумо гўшу чашмҳо ва дилҳо қарор дод  ,  аммо камтар шукри неъматҳои Ўро ба ҷо меоваред .

10  Онҳо гуфтанд : «Оё ҳангоме  ,  ки мо (мурдем ва) дар замин гум шудем  ,  офариниши наве хоҳем дошт ? !»  ,  вале онон лиқои Парвардигорро инкор мекунанд (ва мехоҳанд бо инкори маод  ,  озодона ба ҳавасронии худ идома диҳанд) .

11  Бигў : «Фариштаи марг  ,  ки бар шумо маъмур шудааст  ,  (рўҳи) шуморо мегирад  ,  сипас шуморо ба сўи Парвардигоратон боз мегардонанд» .

12  Ва агар бибинӣ муҷримонро ҳангоме  ,  ки дар пешгоҳи Парвардигорашон сар ба зер афканда мегўянд : «Парвардигоро! Он чӣ ваъда карда будӣ  ,  дидем ва шунидем  ,  моро бозгардон  ,  то кори шоистае анҷом диҳем  ,  мо (ба қиёмат) яқин дорем» .

13  Ва агар мехостем ба ҳар инсоне ҳидояти лозимашро (аз рўи иҷбор бидиҳем)  ,  медодем  ,  вале (ман онҳоро озод гузоштаам ва) сухан ва ваъдаам ҳақ аст  ,  ки дўзахро (аз ашхоси беимону гунаҳкор) аз ҷинну инс ҳамагӣ пур кунам!

14  (Ва ба онҳо мегўям:) Бичашед (азоби ҷаҳаннамро!) Ба хотири ин ки дидори имрўзатонро фаромўш кардед  ,  мо низ шуморо фаромўш кардем  .  Ва бичашед азоби ҷовидонаро ба хотири аъмоле  ,  ки анҷом медодед!

15  Танҳо касоне ба оятҳои мо имон меоварданд  ,  ки ҳар вақт ин оятҳо ба онон ёдоварӣ шавад  ,  ба саҷда меафтанд ва тасбеҳ ва ҳамди Парвардигорашонро ба ҷо меоваранд ва татакаббур намекунанд .

16  Паҳлўҳояшон аз бистарҳо дар дили шаб дур мешавад (ва ба по мехезанд ва рў ба даргоҳи Худо мераванд) ва Парвардигори худро бо хавфу умед мехонанд ва аз он чӣ ба онон рўзӣ додаем  ,  инфоқ мекунанд .

17  Ҳеҷ кас намедонад чӣ подошҳои муҳимме  ,  ки сабаби равшании чашмҳост  ,  барои онҳо нуҳуфта шудааст  ,  ин подоши корҳое аст  ,  ки анҷом медоданд .

18  Оё касе  ,  ки бо имон бошад  ,  ҳамчун касе аст  ,  ки фосиқ аст ? ! На  ,  ҳаргиз ин ду баробар нестанд .

19  Аммо касоне  ,  ки имон оварданд ва корҳои шоиста анҷом доданд  ,  боғҳои биҳишти ҷовидон аз они онҳо хоҳад буд  ,  ин василаи пазироӣ (-и Худованд) аз онҳост ба подоши он чӣ анҷом медоданд .

20  Ва аммо касоне  ,  ки фосиқ шуданд (ва аз итоати Худо саркашӣ карданд)  ,  ҷойгоҳи ҳамешагии онҳо оташ аст  .  Ҳар замон бихоҳанд аз он хориҷ шаванд  ,  онҳоро ба он боз мегардонанд ва ба онон гуфта мешавад : «Бичашед азоби оатшеро  ,  ки инкор мекардед!» .

21  Ба онон аз азоби наздик (азоби ин дунё) пеш аз азоби бузург (-и охират) мечашонем  ,  шояд бозгарданд .

22  Чӣ касе ситамкортар аст аз он кас  ,  ки оятҳои Парвардигораш ба ў ёдоварӣ шуда ва ў аз он рўйгардондааст ? ! Ҳатман мо аз муҷримон интиқом хоҳем гирифт .

23  Мо ба Мўсо китоби осмонӣ додем  .  Ва шак надошта бош  ,  ки ў оятҳои илоҳиро дарёфт дошт  .  Ва мо онро василаи ҳидояти Банӣ Исроил қарор додем .

24  Ва аз онон имомон (ва пешвоёне) қарор додем  ,  ки ба фармони мо (мардумро) ҳидоят мекарданд  ,  чун шакебоӣ намуданд ва ба оятҳои мо яқин доштанд .

25  Албатта Парвардигори ту миёни онон рўзи қиёмат дар он чӣ ихтилоф доштанд  ,  доварӣ мекунад (ва ҳар касро ба сазои аъмолаш мерасонад) .

26  Оё барои ҳидояти онҳо ҳамин кифоят намекунад  ,  ки наслҳои зиёдеро  ,  ки пеш аз онон зиндагӣ доштанд  ,  ҳалок кардем ? ! Инҳо дар масканҳои (вайроншудаи) онон роҳ мераванд  .  Дар ин нишонаҳое аст (аз қудрати Худованд ва муҷозоти дардноки муҷримон)  ,  оё намешунаванд ? !

27  Оё надиданд  ,  ки мо обро ба сўи заминҳои хушк меронем ва ба василаи он  ,  зироатҳое мерўёнем  ,  ки ҳам чаҳорпоёнашон аз он мехўранд ва ҳам худашон тағзия мекунанд  ,  оё намебинанд ? !

28  Онон мегўянд : «Агар рост мегўед  ,  ин пирўзии шумо кай хоҳад буд ? !» .

29  Бигў : «Рўзи пирўзӣ  ,  имон овардан  ,  суде ба ҳоли кофирон нахоҳад дошт ва ба онҳо ҳеҷ мўҳлат дода намешавад» .

30  Ҳол  ,  ки чунин аст  ,  аз онҳо рўй бигардон ва мунтазир бош  ,  онҳо низ мунтазиранд  .  (Ту дар интизори раҳмати Худо ва онҳо ҳам дар интизори азоби Ў!) .

back index