back index  

21  Онҳо ба пўстҳои танашон мегўянд: «Чаро бар зидди мо гувоҳӣ додед?!». Онҳо ҷавоб медиҳанд: «Ҳамон Худое, ки ҳар мавҷудеро ба нутқ даровардааст, моро гўё сохтааст. Ва Ў шуморо нахустин бор офарид ва бозгаштатон ба сўи Ўст».

22  Шумо агар гуноҳонатонро махфӣ мекардед, на ба хотири ин буд, ки аз шаҳодати гўшу чашмҳо ва пўстҳои танатон бим доштед, балки шумо гумон мекардед, ки Худованд бисёре аз аъмолеро, ки анҷом медиҳед, намедонад.

23  Оре, ин гумони баде буд, ки дар бораи Парвардигоратон доштед ва ҳамон сабаби ҳалокати шумо гардид ва саранҷом аз зиёнкорон шудед.

24  Агар сабр кунанд (ё накунанд ба ҳар ҳол) дўзах ҷойгоҳи онҳост. Ва агар дархости афв кунанд, мавриди афв қарор намегиранд.

25  Мо барои онҳо ҳамнишинони (бадчеҳрае) қарор додем, ки палидиҳоро аз пеши рў ва пушти сари онҳо дар назарашон ҷилва доданд. Ва фармони илоҳӣ дар бораи онон таҳаққуқ ёфт ва ба сарнавишти ақвоми гумроҳе аз ҷинну инс, ки пеш аз онҳо буданд, гирифтор шуданд. Онҳо ҳатман зиёнкор буданд.

26  Кофирон гуфтанд: «Гўш ба ин Қуръон фаро надиҳед ва дар ҳангоми тиловати он ҷанҷол кунед, шояд пирўз шавед».

27  Ба яқин ба кофирон азоби шадиде мечашонем ва онҳоро ба бадтарин аъмоле, ки анҷом медоданд, кайфар медиҳем.

28  Ин оташ кайфари душманони Худост, сарои ҷовидонашон дар он хоҳад буд, кайфаре аст ба хотири ин ки оятҳои моро инкор мекарданд.

29  Кофирон гуфтанд: «Парвардигоро! Онҳое, ки аз ҷинну инс моро гумроҳ карданд, ба мо нишон деҳ, то зери пои худ ниҳем (ва лагадмолашон кунем), то аз пасттарин мардум бошанд».

30  Ба яқин касоне, ки гуфтанд: «Парвардигори мо Худованди Ягона аст», сипас имтиқомат карданд, фариштагон бар онон нозил мешаванд, ки: «Натарсед ва ғамгин мабошед ва башорат бод бар шумо ба он биҳиште, ки ба шумо ваъда дода шудааст!

31  Мо ёрону мададкорони шумо дар зиндагии дунё ва охират ҳастем ва барои шумо ҳар чӣ дилатон бихоҳад, дар биҳишт фароҳам аст ва ҳар чӣ талаб кунед, ба шумо дода мешавад.

32  Инҳо василаи пазироӣ аз сўи Худованди Омурзандаи Меҳрубон аст».

33  Чӣ касе хушгуфтортар аз он кас, ки даъват ба сўи Худо мекунад ва амали солеҳ анҷом медиҳад ва мегўяд: «Ман аз мусулмононам?!».

34  Ҳаргиз некӣ ва бадӣ яксон нест, бадиро бо некӣ дафъ кун, ногоҳ (хоҳӣ дид) ҳамон кас, ки миёни ту ва ў душманӣ аст, гўё дўстии гарму самимӣ аст.

35  Аммо ҷуз касоне, ки сабру истиқомат доранд, ба ин мақом намерасанд ва ҷуз касоне, ки баҳраи азиме (аз имону тақво) доранд, ба он ноил намегарданд.

36  Ва ҳар гоҳ васвасаҳое аз шайтон мутаваҷҷеҳи ту гардад, аз Худо паноҳ бихоҳ, ки Ў Шунаванда ва Доност.

37  Ва аз нишонаҳои Ў, шабу рўз ва хуршеду моҳ аст. Барои хуршеду моҳ саҷда накунед, барои Худое, ки офарандаи онҳст саҷда кунед, агар мехоҳед Ўро бипарастед.

38  Ва агар (аз ибодати Парвардигор) такаббур кунанд, касоне, ки назди Парвардигори ту ҳастанд, шабу рўз барои Ў тасбеҳ мегўянд ва хаста намешаванд.

39  Ва аз нишонаҳои Ў ин аст, ки заминро хушк (ва беҷон) мебинӣ, аммо ҳангоме, ки об (-и борон) бар он мефиристем, ба ҷунбиш дармеояд ва рушд мекунад. Ҳамон касе, ки онро зинда кард, мурдагонро низ зинда мекунад. Ў бар ҳар чиз Тавоност.

40  Касоне, ки оятҳои моро таҳриф мекунанд бар мо пўшида нахоҳад буд. Оё касе, ки дар оташ афканда мешавад беҳтар аст ё касе, ки дар ниҳояти амну амон дар қиёмат ба арсаи маҳшар меояд?! Ҳар коре мехоҳед бикунед, Ў ба он чӣ анҷом медиҳед, Биност.

41  Касоне, ки ба ин Зикр (Қуръон) ҳангоме, ки ба суроғашон омад кофир шуданд (низ бар мо махфӣ нахоҳад монд!). Ва ин китобе аст ҳатман шикастнопазир,

42  Ки ҳеҷ гуна ботиле, на аз пеши рў ва на аз пушти сар, ба суроғи он намеояд, зеро аз сўи Худованди Ҳаким ва шоистаи ситоиш нозил шудааст.

43  Он чӣ ба нораво дар бораи ту мегўянд ҳамон аст, ки бар бораи пайғамбарон пеш аз ту низ гуфта шудааст. Парвардигори ту дорои мағфират ва (ҳам) дорои муҷозоти дардноке аст!

44  Ҳар гоҳ онро Қуръони аҷамие қарор медодем, ҳатман мегуфтанд: «Чаро оятҳояш равшан нест?! Қуръони аҷамӣ аз пайғамбари арабӣ?!». Бигў: «Ин (китоб) барои касоне, ки имон овардаанд ҳидоят ва дармон аст, вале касоне, ки имон намеоваранд, дар гўшҳояшон сангинӣ аст ва гўё нобино ҳастанд ва онро намебинанд. Онҳо (ҳамчун касоне ҳастанд, ки гўё) аз роҳи дур садо зада мешаванд».

45  Мо ба Мўсо китоби осмонӣ додем, сипас дар он ихтилоф шуд. Ва агар фармоне аз ноҳияи Парвардигорат дар ин бора содир нашуда буд, (ки бояд ба онон мўҳлат дод, то итмоми ҳуҷҷат шавад), дар миёни онҳо доварӣ мешуд (ва ба кайфар мерасиданд), вале онҳо ҳанўз дар бораи он шакки тўҳматангезе доранд.

46  Касе, ки амали солеҳе анҷом диҳад, судаш барои худи ўст ва ҳар кас бадӣ кунад, ба худаш бадӣ кардааст. Ва Парвардигорат ҳаргиз ба бандагон ситам намекунад.

47  Илми ба қиёмат (ва лаҳзаи воқеъшудани он) танҳо ба Худо бозмегардад. Ҳеҷ мевае аз ғилофи худ берун намешавад ва ҳеҷ зане бордор намегардад ва вазъи ҳамл намекунад, магар ба илми Ў. Ва он рўз, ки онҳоро нидо медиҳад (ва мегўяд:) Куҷоянд шариконе, ки барои Ман мепиндоштед?! Мегўянд: «(Парвардигоро!) Мо арза доштем, ки ҳеҷ гувоҳе бар гуфтаи худ надорем».

48  Ва ҳамаи маъбудонеро, ки пеш аз он мехонданд, маҳв ва гум мешаванд ва медонанд ҳеҷ гурезгоҳе надоранд.

49  Инсон ҳаргиз аз дархости некӣ (ва неъмат) хаста намешавад ва ҳар гоҳ шарру бадие ба ў расад, бисёр маъюс ва ноумед мегардад.

50  Ва ҳар гоҳ ўро раҳмате аз сўи худ баъд аз нороҳатӣ, ки ба ў расидааст, бичашонем, мегўяд: «Ин ба хотири шоистагӣ ва истеҳқоқи ман будааст ва гумон намекунам қиёмат барпо шавад. Ва (ба фарз, ки қиёмат бошад), ҳар гоҳ ба сўи Парвардигорам бозгардонда шавам, барои ман назди Ў подошҳои нек аст». Мо кофиронро аз аъмоле, ки анҷом додаанд, (ба зудӣ) огоҳ хоҳем кард ва аз азоби шадид ба онҳо мечашонем.

51  Ва ҳар гоҳ ба инсон (-и ғофил ва бехабар) неъмат диҳем, рўй мегардонад ва ба ҳоли такаббур аз ҳақ дур мешавад, вале ҳар гоҳ нороҳатии мухтасаре ба ў расад, дархости фароваон ва мустамир (барои бартараф шудани он) дорад.

52  Бигў: «Ба ман хабар диҳед агар ин Қуръон аз сўи Худованд бошад ва шумо ба он кофир шавед, чӣ касе гумроҳтар хоҳад буд аз касе, ки дар мухолифати шадиде қарор дорад?!

53  Ба зудӣ нишонаҳои худро дар атрофи ҷаҳон ва дар даруни ҷонашон ба онҳо нишон медиҳем, то барои онон ошкор гардад, ки Ў ҳақ аст. Оё кифоят намекунад, ки Парвардигорат бар ҳама чиз шоҳид ва гувоҳ аст?!

54  Огоҳ бошед, ки онҳо аз лиқои Парвардигорашон дар шакку тардиданд. Ва огоҳ бошед, ки Худованд ба ҳама чиз иҳота дорад.

back index