back

index

next

65  Зинда (-и ҳақиқӣ) Ўст, маъбуде ҷуз Ў нест, пас Ўро бихонед дар ҳоле, ки дини худро барои холис кардаед. Ситоиш махсуси Худовандест, ки Парвардигори ҷаҳониён аст.

66  Бигў: «Ман наҳй шудаам аз ин ки маъбудҳоеро, ки шумо ғайр аз Худо мехонед, бипарастам, чун далелҳои равшан аз ҷониби Парвардигорам барои ман омадааст ва маъмурам, ки танҳо дар баробари Парвардигори оламиён таслим бошам».

67  Ў касе аст, ки шуморо аз хок офарид, сипас аз нутфа, сипас аз алақа (хуни басташуда), сипас шуморо ба сурати тифле (аз шиками модар) берун меоварад, баъд ба марҳалаи камоли қуввати худ мерасед ва баъд аз он пир мешавед ва (дар ин миён) гурўҳе аз шумо пеш аз расидан ба ин марҳала мемиранд ва дар ниҳоят ба саромади умри худ мерасед. Ва шояд андеша кунед.

68  Ў касе аст, ки зинда мекунад ва мемиронад. Ва ҳангоме, ки кореро муқаррар кунад, танҳо ба он мегўяд: «Мавҷуд бош!», бе даранг мавҷуд мешавад.

69  Оё надидӣ касонеро, ки дар оятҳои Худо муҷодила мекунанд, чӣ гуна аз роҳи ҳақ мунҳариф мешаванд?!

70  Ҳамон касоне, ки китоб (-и осмонӣ) ва он чӣ расулони худро ба он фиристодаем, инкор карданд, аммо ба зудӣ (натиҷаи кори худро) медонанд.

71  Дар он ҳангом, ки ғуллу занҷирҳо бар гардани онон қарор гирифта ва онҳоро мекашанд,

72  Ва дар оби ҷўшон дохил мекунанд, сипас дар оташи дўзах афрўхта мешаванд.

73  Сипас ба онҳо гуфтан мешавад: «Куҷоянд он чиро ҳамтои Худо қарор медодед,

74  Ҳамон маъбудҳоеро, ки ҷуз Худо парастиш мекардед?!». Онҳо мегўянд: «Ҳама аз назари мо пинҳон ва гум шуданд, балки мо аслан пеш аз ин, чизеро парастиш намекардем!». ин гуна Худованд кофиронро гумроҳ месозад.

75  Ин (азоб) ба хотири он аст, ки ба ноҳақ дар замин шодӣ мекардед ва аз рўи ғуруру мастӣ ба хушҳолӣ мепардохтед.

76  Аз дарҳои ҷаҳаннам дохил шавед ва ҷовидона дар он бимонед. Ва чӣ бад аст ҷойгоҳи мутакаббирон!

77  Пас (эй Пайғамбар!) Сабр кун, ки ваъдаи Худо ҳақ аст. Ва ҳар гоҳ қисмате аз муҷозотҳоеро, ки ба онҳо ваъда додаем, дар ҳоли ҳаётат ба ту нишон диҳем ё туро (пеш аз он) аз дунё бибарем (муҳим нест), зеро ҳамаи ононро танҳо ба сўи мо бозмегардонанд.

78  Мо пеш аз ту расулоне фиристодем, саргузашти гурўҳе аз ононро барои ту бозгуфта ва гурўҳеро барои ту бозгў накардаем. Ва ҳеҷ пайғамбаре ҳақ надошт мўъҷизае ҷуз ба фармони Худо оварад. Ва ҳангоме, ки фармони Худованд (барои мўъҷизоти онҳо) содир шавад, ба ҳақ доварӣ хоҳад шуд ва он ҷо аҳли ботил зиён хоҳанд кард.

79  Худованд касе аст, ки чаҳорпоёнро барои шумо офарид, то баъзеро савор шавед ва аз беъзе бихўред.

80  Ва барои шумо дар онҳо манфиатҳои бисёре (ғайр аз инҳо) аст, то ба василаи онҳо ба мақсаде, ки дар дил доред бирасед ва бар онҳо ва бар киштиҳо савор мешавед.

81  Ў оятҳояшоро ҳамвора ба шумо нишон медиҳад, пас кадом як аз оятҳои Ўро инкор мекунед?!

82  Оё рўи замин сайр накарданд, то бибинанд оқибати касоне, ки пеш аз онҳо буданд, чӣ шуд?! Ҳамонҳо, ки нафароташон аз инҳо бештар ва нерў ва осорашон дар замин фузунтар буд, аммо ҳаргиз он чиро ба даст меоварданд, натавонист онҳоро бениёз созад (ва азоби илоҳиро аз онон дур кунад).

83  Ҳангоме, ки расулонашон далелҳои равшан барои онон оварданд, ба донише, ки худ доштанд хушҳол буданд (ва ғайри онро ҳеҷ мешумурданд), вале он чиро (аз азоб) ба масхара мегирифтанд, ононро фаро гирифт.

84  Ҳангоме, ки азоби (шадиди) моро диданд, гуфтанд: «Ҳамакнун ба Худованди Ягона имон овардем ва ба маъбудҳое, ки ҳамтои Ў мешумурдем, кофир шудем».

85  Аммо ҳангоме, ки азоби моро мушоҳида карданд, имонашон барои онҳо суде надошт. Ин суннати Худованд аст, ки ҳамвора дар миёни бандагонаш иҷро шуда ва он ҷо кофирон зиёнкор шуданд.

Сураи Фуссилат

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 54 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон

1  Ҳо, Мим.

2  Ин китобе аст, ки аз сўи Худованди Раҳмону Раҳим нозил шудааст.

3  Китобе, ки оятҳояш ҳар матлаберо дар ҷои худ бозгў карда, дар ҳоле, ки фасеҳу гўёст барои ҷамъияте, ки огоҳанд.

4  Қуръоне, ки башоратдиҳанда ва бимдиҳанда аст, вале бештари онон рўйгардон шуданд, бинобар ин чизе намешунаванд.

5  Онҳо гуфтанд: «Қалбҳои мо нисбат ба он чӣ моро ба он даъват мекунӣ, дар пўшишҳое қарор гирифта ва дар гўшҳои мо сангиние аст ва миёни мо ва ту ҳиҷобе вуҷуд дорад, пас ту дар пайи амали худ бош, мо ҳам барои худ амал мекунем».

6  Бигў: Ман фақат инсоне мисли шумо ҳастам, ин ҳақиқат бар ман ваҳй мешавад, ки маъбуди шумо Маъбуди Ягона аст, пас тамоми таваҷҷўҳи худро ба Ў кунед ва аз Вай омурзиш талабед. Вой бар мушрикон!

7  Ҳамонҳо, ки закотро намепардозанд ва охиратро мункиранд.

8  Аммо касоне, ки имон оварда ва корҳои шоиста анҷом доданд, подоши доимӣ доранд.

9  Бигў: «Оё шумо ба он кас, ки зминро дар ду рўз офарид кофир ҳастед ва барои Ў монандҳое қарор медиҳед?! Ў Парвардигори ҷаҳониён аст.

10  Ў дар замин кўҳҳои устуворе қарор дод ва баракоте дар он офарид ва маводди хўрокии онро муқаддар фармуд – инҳо ҳама дар чаҳор рўз буд – дуруст ба андозаи ниёзи дархосткунандагон.

11  Сипас ба офариниши осмон пардохт, дар ҳоле, ки ба сурати дуд буд. Ба он ва ба замин дастур дод: «Ба вуҷуд оед (ва шакл гиред), хоҳ аз рўи итоат ва хоҳ икроҳ!». Онҳо гуфтанд: «Мо аз рўи итоат меоем (ва шакл мегирем)».

12  Дар ин ҳангом онҳоро ба сурати ҳафт осмон дар ду рўз офарид ва дар ҳар осмоне кори он (осмон)-ро ваҳй (ва муқаррар) фармуд ва осмони поинро бо чароғҳое (ситорагон) зинат бахшидем ва (бо шаҳобҳо аз рахнаи шаётин) ҳифз кардем, ин аст тақдири Худованди Тавоно ва Доно».

13  Агар онҳо рўйгардон шаванд, бигў: «Ман шуморо аз соиқае монанди соиқаи Од ва Самуд метарсонам!».

14  Дар он ҳангом, ки расулон аз пеши рў ва пушти сар (ва аз ҳар сў) ба суроғашон омаданд (ва ононро даъват карданд), ки ҷуз Худоро напарастед, онҳо гуфтанд: «Агар Парвардигори мо мехост фариштагоне нозил мекард, бинобар ин мо ба он чӣ шумо мабъус ба он ҳастед, кофирем».

15  Аммо қавми Од ба ноҳақ дар замин такаббур варзиданд ва гуфтанд: «Чӣ касе аз мо нерўмандтар аст?!». Оё намедонистанд Худованде, ки ононро офарида аз онҳо қавитар аст?! Ва (ба хотири ин пиндор) пайваста оятҳои моро инкор мекарданд.

16  Саранҷом тундбоди шадиду ҳавлангез ва хунуку сахте дар рўзҳои шуму пурғубор бар онҳо фиристодем, то азоби хоркунандаро дар зиндагии дунё ба онҳо бичашонем. Ва азоби охират аз он ҳам хоркунандатар аст ва (аз ҳеҷ тараф) ёрӣ намешаванд.

17  Аммо Самудро ҳидоят кардем, вале онҳо нобиноиро бар ҳидоят тарҷеҳ доданд, ба ҳамин ҷиҳат соиқа – он азоби хоркунанда – ба хотири аъмоле, ки анҷом медоданд онҳоро фурў гирифт.

18  Ва касонеро, ки имон оварданд ва парҳезгор буданд, наҷот бахшидем.

19  (Ба хотир оваред) рўзеро, ки душманони Худоро ҷамъ карда ба сўи дўзах мебаранд ва сафҳои пешинро нигаҳ медоранд, (то сафҳои баъд ба онҳо мулҳақ шаванд).

20  Вақте ба он мерасанд, гўшҳо ва чашмҳо ва пўстҳо ;и танашон ба он чӣ мекарданд, гувоҳӣ медиҳанд.

back

index

next