back | index |
8 Ва таом (-и худ)-ро бо ин ки ба он алоқа (ва ниёз) доранд, ба «мискин» ва «ятим» ва «асир» медиҳанд.
9 (Ва мегўянд:) Мо шуморо ба хотири Худо итъом мекунем ва ҳеҷ подошу сипосе аз шумо намехоҳем.
10 Мо аз Парвардигорамон хоифем, дар он рўзе, ки абусу сахт аст.
11 (Ба хотири ин ақида ва амал) Худованд ононро аз шарри он рўз нигаҳ медорад ва онҳоро мепазирад, дар ҳоле, ки ғарқи шодӣ ва суруранд.
12 Ва дар баробари сабрашон, биҳишт ва либосҳои ҳарири биҳиштиро ба онҳо подош медиҳад.
13 Ин дар ҳоле аст, ки дар биҳишт бар тахтҳои зебо такя кардаанд, на офтобро дар он ҷо мебинанд ва на сарморо.
14 Ва дар ҳоле аст, ки сояҳои дарахтони биҳиштӣ бар онҳо фурў афтода ва чидани меваҳояш бисёр осон аст.
15 Ва дар гирдогирди онҳо зарфҳои симине ва қадаҳҳои булурине мегардонанд, ( ки пур аз беҳтарин таомҳо ва нўшиданиҳост),
16 Зарфҳои булурине аз нуқра, ки онҳоро ба андозаи муносиб омода кардаанд.
17 Ва дар он ҷо аз ҷомҳое сероб мешаванд, ки лабрез аз шароби таҳур омехта бо занҷабил аст,
18 Аз чашмае дар биҳишт, ки номаш Салсабил аст.
19 Ва бар гирдашон (барои пазироӣ), навҷавонони ҷовидоне мегарданд, ки ҳар гоҳ онҳоро бубинӣ, гумон мекунӣ марвориди парокандаанд.
20 Ва ҳангоме, ки он ҷоро бубинӣ, неъматҳо ва мулки азимеро мебинӣ.
21 Бар андоми онҳо (биҳиштиён) либосҳое аст аз ҳарири нозуки сабзранг ва аз дебои захим ва бо дастбандҳое аз нуқра оростаанд ва Парвардигорашон шароби таҳур ба онон менўшонад.
22 Ин подоши шумост ва саъю талоши шумо мавриди қадрдонӣ аст.
23 Ҳатман мо Қуръонро бар ту нозил кардем.
24 Пас дар (таблиғ ва иҷрои) ҳукми Парвардигорат шакебо (ва бо истиқомат) бош ва аз ҳеҷ гунаҳкор ё кофире аз онон итоат макун.
25 Ва номи Парвардигоратро ҳар субҳу шом ба ёд овар.
26 Ва дар шабонгоҳ барои Ў саҷда кун ва миқдори дарозе аз шаб Ўро тасбеҳ гўй.
27 Онҳо зиндагии зудгузари дунёро дўст доранд, дар ҳоле, ки рўзи сахтеро пушти сари худ раҳо мекунанд.
28 Мо онҳоро офаридем ва пайвандҳои вуҷудашонро маҳкам кардем ва ҳар замон бихоҳем ҷои ононро ба гурўҳи дигаре медиҳем.
29 Ин як тазаккур ва ёдоварӣ аст ва ҳар кас бихоҳад (бо истифода аз он), роҳе ба сўи Парвардигораш бармегузинад.
30 Ва шумо ҳеҷ чизро намехоҳед, магар ин ки Худо бихоҳад. Худованд доно ва ҳаким буда ва ҳаст.
31 Ҳар касро бихоҳад (ва шоиста бидонад) дар раҳмати (васеи) худ дохил мекунад ва барои золимон азоби дардноке омода сохтааст.
Ин сура дар Макка нозил шуда ва 50 оят дорад.
Ба номи Худованди Бахшандаи меҳрубон
1 Савганд ба фариштагоне, ки пай дар пай фиристода мешаванд,
2 Ва онҳо, ки ҳамчун тўндбод ҳаракат мекунанд,
3 Ва савганд ба онҳо, ки (абрҳоро) мегустаронанд,
4 Ва онҳо, ки ҷудо мекунанд,
5 Ва савганд ба онҳо, ки оятҳои бедоргар (-и илоҳӣ)-ро (ба анбиё) илқо менамоянд,
6 Барои итмоми ҳуҷҷат ё барои инзор,
7 Ки он чӣ ба шумо (дар бораи қиёмат) ваъда дода мешавад, яқинан воқеъшуданист.
8 Дар он ҳангом, ки ситорагон маҳв ва торик шаванд,
9 Ва (кураҳои) осмон аз ҳам бишикофанд,
10 Ва дар он замон, ки кўҳҳо аз ҷо канда шаванд,
11 Ва дар он ҳангом, ки барои пайғамбарон (ба манзури адои шаҳодат) таъйини вақт шавад.
12 (Ин амр) барои чӣ рўзе ба таъхир афтода?!
13 Барои рўзи ҷудоӣ (-и ҳақ аз ботил).
14 Ту чӣ медонӣ рўзи ҷудоӣ чист?!
15 Вой дар он рўз ба инкоркунандагон!
16 Оё мо ақвоми (муҷрими) нахустинро ҳалок накардем?!
17 Сипас дигар (мурҷимон)-ро дар паи онҳо мефиристем.
18 (Оре), Ин гуна бо муҷримон рафтор мекунем.
19 Вой дар он рўз ба инкоркунандагон!
20 Оё шуморо аз оби пасту ночизе наофаридем,
21 Сипас онро дар қароргоҳи маҳфузу омодае қарор додем,
22 То муддати муайяне?!
23 Мо қудрат бар ин кор доштем, пас мо қудратманди хубе ҳастем (ва амри маод барои мо осон аст).
24 Вой дар он рўз бар инкоркунандагон!
25 Оё заминро маркази иҷтимои инсонҳо қарор надодем,
26 Ҳам дар ҳоли ҳаёташон ва ҳам маргашон?!
27 Ва дар он кўҳҳои устувору баланде қарор додем ва оби гуворое ба шумо нўшондем.
28 Вой дар он рўз бар инкоркунандагон!
29 (Дар он рўз ба онҳо гуфта мешавад:) Бедаранг ба сўи ҳамон чизе, ки пайваста онро инкор мекардед, биравед.
30 Биравед ба сўи сояи се шоха, (дудҳои хафақонбор ва оташзо).
31 Сояе, ки на оромбахш аст ва на аз шўълаҳои оташ пешгирӣ мекунад.
32 Шарораҳое аз худ меафканад монанди як кох.
33 Гўё (дар шитоб ва зиёдӣ) ҳамчун шутурони зардранге ҳастанд, (ки ба ҳар сў пароканда мешаванд).
34 Вой дар он рўз бар инкоркунандагон!
35 Имрўз рўзе аст, ки сухан намегўянд (ва қодир бар дифоъ аз худ нестанд),
36 Ва ба онҳо иҷозат дода намешавад, ки узрхоҳӣ кунанд.
37 Вой дар он рўз бар инкоркунандагон!
38 (Ва ба онҳо гуфта мешавад:) Имрўз ҳамон рўзи ҷудоӣ (-и ҳақ аз ботил) аст, ки шумо ва пешиниёнро дар он ҷамъ кардаем.
39 Агар чорае дар баробари ман (барои гурез аз чанголи муҷозот) доред, анҷом диҳед.
40 Вой дар он рўз бар инкоркунандагон!
41 (Дар он рўз) парҳезгорон дар сояҳо (-и дарахтони биҳиштӣ) ва дар миёни чашмаҳо қарор доранд,
42 Ва меваҳое аз он чӣ моил бошанд.
43 Бихўред ва бинўшед гуворо, инҳо дар баробари аъмоле аст, ки анҷом медодед.
44 Мо ин гуна некўкоронро подош медиҳем.
45 Вой дар он рўз бар инкоркунандагон!
46 (Ва ба муҷримон бигў:) Бихўред ва баҳра гиред дар ин муддати кам (аз зиндагии дунё, вале бидонед азоби илоҳӣ дар интизори шумост), зеро шумо муҷримед.
47 Вой дар он рўз бар инкоркунандагон!
48 Ва ҳангоме, ки ба онҳо гуфта шавад рукўъ кунед, рукўъ намекунанд.
49 Вой дар он рўз бар инкоркунандагон!
50 (Ва агар онҳо ба ин Қуръон имон намеоваранд), пас ба кадом сухан баъд аз он имон меоваранд?!
back | index |