back

index

next

6  Ҳатман намоз ва ибодати шабона по барҷотар ва бо истиқоматтар аст.

7  Ва ту дар рўз, талоши мустамир ва тўлонӣ хоҳӣ дошт.

8  Ва номи Парвардигоратро ёд кун ва танҳо ба Ў дил бубанд.

9  Ҳамон Парвардигори шарқу ғарб, ки маъбуде ҷуз Ў нест, Ўро нигаҳбон ва вакили худ интихоб кун,

10  Ва дар баробари он чӣ (душманон) мегўянд, шакебо бош ва ба тарзи шоистае аз онон дурӣ гузин.

11  Ва маро бо инкор кунандагони соҳиби неъмат вогузор ва онҳоро каме мўҳлат деҳ,

12  Ки назди мо ғуллу занҷирҳо ва (оташи) дўзах аст,

13  Ва таоми гулўгире ва азоби дардноке,

14  Дар он рўз, ки замин ва кўҳҳо сахт ба ларза меояд ва кўҳҳо (чунон дарҳам кўбида мешавад, ки) ба шакли тўдаҳое аз шини нарм дармеояд.

15  Мо пайғамбаре ба сўи шумо фиристодем, ки бар шумо гувоҳ аст, ҳамон гуна, ки ба сўи Фиръавн расуле фиристодем.

16  (Вале) Фиръавн ба мухолифат ва нофармонии он расул бархост ва мо ўро сахт муҷозот кардем.

17  Шумо (низ) агар кофир шавед, чӣ гуна худро (аз азоби илоҳӣ) барканор медоред?! Дар он рўзе, ки кўдаконро пир мекунад,

18  Ва осмон аз ҳам шикофта мешавад ва ваъдаи Ў шуданӣ ва ҳатмист.

19  Ин ҳушдор ва тазаккур аст, пас ҳар кас бихоҳад роҳе ба сўи Парвардигораш интихоб мекунад.

20  Парвардигорат медонад, ки ту ва гурўҳе аз онҳо, ки бо ту ҳастанд, наздики ду севвуми шаб ё нисф ё се яки онро ба по мехезанд. Худованд шабу рўзро андозагирӣ мекунад, Ў медонад, ки шумо наметавонед миқдори онро (ба диққат) андозагирӣ кунед, (барои ибодат кардан), пас шуморо бахшид, акнун он чӣ барои шумо муяссар аст Қуръон бихонед. Ў медонад ба зудӣ гурўҳе аз шумо бемор мешаванд ва гурўҳи дигар барои ба даст овардани фазли илоҳӣ (ва касби рўзӣ) ба сафар мераванд ва гурўҳи дигар дар роҳи Худо ҷиҳод мекунанд (ва аз тиловати Қуръон боз мемонанд), пас ба андозае, ки барои шумо мумкин аст, аз он тиловат кунед ва намозро барпо доред ва закотро бипардозед ва ба Худо «қарзул-ҳасана» диҳед, (дар роҳи Ў инфоқ намоед) ва (бидонед) он чиро аз корҳои нек барои худ аз пеш мефиристед, назди Худо ба беҳтарин ваҷҳ ва бузургтарин подош хоҳед ёфт. Ва аз Худо омурзиш биталабед, ки Худованд омурзанда ва меҳрубон аст.

Сураи Муддассир

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 56 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи меҳрубон

1  Эй ҷомаи хоб ба худ печида (ва дар бастар оромгирифта!).

2  Бархезу инзор кун (ва оламиёнро бим деҳ),

3  Ва Парвардигоратро бузург шумор.

4  Ва либосатро пок кун,

5  Ва аз палидӣ дурӣ кун,

6  Ва миннат магузор ва фузунӣ маталаб,

7  Ва ба хотири Парвардигорат шакебоӣ кун.

8  Ҳангоме, ки дар «сур» дамида шавад,

9  Он рўз, рўзи сахте аст,

10  Ва барои кофирон осон нест!

11  Маро бо касе, ки ўро худ ба танҳоӣ офаридаам вогузор!

12  Ҳамон касе, ки барои ў моли густардае қарор додам,

13  Ва фарзандоне, ки ҳамвора назди ў (ва дар хидмати ў) ҳастанд,

14  Ва василаҳои зиндагиро аз ҳар назар барои вай фароҳам сохтам.

15  Боз ҳам тамаъ дорад, ки бар ў бияфзоям.

16  Ҳаргиз чунин нахоҳад шуд, зеро ў нисбат ба оятҳои мо душманӣ меварзад.

17  Ва ба зудӣ ўро маҷбур мекунам, ки аз қуллаи зиндагӣ боло равад, (сипас ўро ба зер меафканам).

18  Ў (барои мубориза бо Қуръон) андеша кард ва матлабро омода сохт.

19  Марг бар ў бод! Чӣ гуна (барои мубориза бо ҳақ) матлабро омода кард?!

20  Боз ҳам марг бар ў, чӣ гуна матлаб (ва нақшаи шайтонии худро) омода намуд?!

21  Сипас нигоҳе афканд,

22  Баъд чеҳра дарҳам кашид ва бо шитоб даст ба кор зад,

23  Сипас пушт (ба ҳақ) кард ва такаббур варзид,

24  Ва саранҷом гуфт: «Ин (Қуръон) чизе ҷуз афсун ва сеҳре ҳамчун сеҳрҳои пешиниён нест.

25  Ин фақат сухани инсон аст (на гуфтори Худо)».

26  (Аммо) Ба зудӣ ўро дохили сақар (дўзах) мекунам!

27  Ва чӣ медонӣ «сақар» чист?!

28  (Оташе аст, ки) На чизеро боқӣ мегузорад ва на чизеро раҳо месозад.

29  Пўсти танро ба тамом дигаргун мекунад.

30  Нуздаҳ нафар (аз фариштагони азоб) бар он гуморида шудаанд.

31  Маъмурони дўзахро фақат фариштагон (-и азоб) қарор додем ва адади онҳоро ҷуз барои имтиҳони кофирон муайян накардем, то аҳли китоб (яҳуду насоро) яқин пайдо кунанд ва бар имони мўъминон бияфзояд ва аҳли китоб ва мўъминон (дар ҳаққонияти ин китоби осмонӣ) шак ба худ роҳ надиҳанд ва бемордилону кофирон бигўянд: «Худо аз ин тавсиф чӣ манзуре дорад?!». (Оре) Ин гуна Худованд ҳар касро бихоҳад гумроҳ месозад ва ҳар касро бихоҳад ҳидоят мекунад. Ва лашкариёни Парвардигоратро ҷуз Ў касе намедонад ва ин ҷуз ҳушдор ва тазаккуре барои инсонҳо нест.

32  Ин чунин нест, (ки онҳо тасаввур мекунанд). Савганд ба моҳ,

33  Ва ба шаб, ҳангоме, ки (доман барчинад ва) пушт кунад,

34  Ва ба субҳ, ҳангоме, ки чеҳра бикушояд,

35  Ки он (ҳодисаҳои ваҳшатноки қиёмат) аз масоили муҳим аст.

36  Ҳушдору инзор аст барои ҳамаи инсонҳо,

37  Барои касоне аз шумо, ки мехоҳанд пеш афтанд ё ақиб монанд. (Ба сўи ҳидоят ва некӣ пеш раванд ё нараванд).

38  (Оре), ҳар кас дар гарави аъмоли худ аст,

39  Магар «асҳоби ямин», (ки номаи аъмолашонро ба нишонаи имон ва тақвояшон ба дасти росташон медиҳанд).

40  Онҳо дар боғҳои биҳиштанд ва савол мекунанд,

41  Аз муҷримон:

42  Чӣ чиз шуморо ба дўзах дохил кард?!».

43  Мегўянд: «Мо аз намозгузорон набудем,

44  Ва итъоми мустаманд намекардем,

45  Ва пайваста бо аҳли ботил ҳамнишину ҳамсадо будем,

46  Ва ҳамвора рўзи ҷазоро инкор мекардем,

47  То замоне, ки марги мо фаро расид».

48  Бинобар ин шафоати шафоаткунандагон ба ҳоли онҳо суде намебахшад.

49  Чаро онҳо аз тазаккур рўйгардонанд?!

50  Гўё онҳо монанди гўрхароне рамидаанд,

51  Ки аз (муқобили) шере гурехтаанд.

52  Балки ҳар кадом аз онҳо интизор дорад номаи ҷудогонае (аз сўи Худо) барои ў фиристода шавад.

53  Чунин нест, (ки онон мегўянд), балки онҳо аз охират наметарсанд.

54  Чунин нест, (ки онҳо мегўянд), он (Қуръон) як тазаккур ва ёдоварӣ аст.

55  Ҳар кас бихоҳад аз он панд мегирад.

56  Ва ҳеҷ кас панд намегирад, магар ин ки Худо бихоҳад. Ў аҳли тақво ва аҳли омурзиш аст.

Сураи Қиёмат

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 40 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи меҳрубон

1  Савганд ба рўзи қиёмат,

2  Ва савганд ба (нафси лаввома ва) виҷдони бедору маломатгар, (ки растохез ҳақ аст).

3  Оё инсон мепиндорад, ки ҳаргиз устухонҳои ўро ҷамъ нахоҳем кард?!

4  Оре қодирем, ки (ҳатто хатҳои сари) ангуштони ўро мавзун ва мураттаб кунем.

5  (Инсон дар маод шак надорад), балки ў мехоҳад (озод бошад ва бетарс аз додгоҳи қиёмат) дар тамоми умр гуноҳ кунад.

6  (Бинобар ин) Мепурсад: «Қиёмат кай хоҳад буд?!».

7  (Бигў:) Дар он ҳангоме, ки чашмҳо аз шиддати ваҳшат ба гардиш дарояд,

8  Ва моҳ бе нур гардад,

9  Ва хуршед ва моҳ як ҷо ҷамъ шаванд,

10  Он рўз инсон мегўяд: «Роҳи гурез куҷост?!».

11  Ҳаргиз чунин нест, роҳи гурез ва паноҳгоҳе вуҷуд надорад!

12  Он рўз қароргоҳи ниҳоӣ танҳо ба сўи Парвардигори туст.

13  Ва дар он рўз инсонро аз тамоми корҳое, ки аз пеш ё пас фиристодааст, огоҳ мекунанд.

14  Балки инсон худаш аз вазъияти худ огоҳ аст,

15  Ҳар чанд (дар зоҳир) барои худ узрҳое битарошад.

16  Забонатро ба хотири шитоб барои хондани он (Қуръон) ҳаракат мадеҳ,

17  Зеро ҷамъ кардан ва хондани он бар ўҳдаи мост.

18  Пас ҳар гоҳ онро хондем, аз хондани он пайравӣ кун.

19  Сипас баён ва (шарҳи) он (низ) бар ўҳдаи мост.

20  Чунин нест, (ки шумо мепиндоред ва далелҳои маодро бокифоят намедонед), балки шумо дунёи зудгузар (ва ҳавасронии беқайду шарт)-ро дўст доред

21  Ва охиратро раҳо мекунед.

22  (Оре), дар он рўз чеҳраҳои шодобу масруре аст,

23  Ва ба Парвардигораш менигарад.

24  Ва дар он рўз чеҳраҳои абус ва дарҳамкашидае аст,

25  Зеро медонад азобе дар пеш дорад, ки пуштро дарҳам мешиканад.

26  Чунин нест, (ки инсон мепиндорад! Ў имон намеоварад), то вақте, ки ҷон ба ҳулқумаш расад,

27  Ва гуфта шавад: «Оё касе ҳаст, ки (ин беморро аз марг) наҷот диҳад?!».

28  Ва ба ҷудоӣ аз дунё яқин пайдо кунад,

29  Ва соқи поҳо (аз сахтии ҷон додан) ба ҳам бипечад.

30  (Оре), дар он рўз роҳи ҳама ба сўи (додгоҳи) Парвардигорат хоҳад буд.

31  (Дар он рўз гуфта мешавад:) Ў ҳаргиз имон наовард ва намоз нахонд,

32  Балки инкор кард ва рўйгардон шуд,

33  Сипас ба сўи хонаводаи худ бозгашт, дар ҳоле, ки мутакаббирона қадам бар медошт.

34  (Бо ин аъмол) азоби илоҳӣ барои ту шоистатар аст, шоистатар!

35  Сипас азоби илҳӣ барои ту шоистатар аст, шоистатар!

36  Оё инсон гумон мекунад бемақсад раҳо мешавад?!

37  Оё ў нутфае аз манӣ, ки дар раҳим рехта мешавад, набуд?!

38  Сипас ба сурати хуни баста даромад ва Худованд ўро офарид ва мавзун сохт,

39  Ва аз ў ду завҷи марду зан офарид.

40  Оё чунин касе қодир нест, ки мурдагонро зинда кунад?!

Сураи Инсон

Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 31 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи меҳрубон

1  Оё замони тўлоние бар инсон гузашт, ки чизи қобили зикре набуд?!

2  Мо инсонро аз нутфаи мухталит офаридем ва ўро имтиҳон мекунем. (Ба ин ҷиҳат) Ўро шунаво ва бино қарор додем.

3  Мо роҳро ба ў нишон додем, хоҳ шокир бошад (ва пазиро гардад) ё носипос.

4  Мо барои кофирон занҷирҳо ва ғулҳо ва шўълаҳои сўзони оташ омода кардаем.

5  Ба яқин аброр (ва некон) аз ҷоме менўшанд, ки бо атри хуше омехта аст,

6  Аз чашмае, ки бандагони хосси Худо аз он менўшанд ва аз ҳар ҷо бихоҳанд онро ҷорӣ месозанд.

7  Онҳо ба назри худ вафо мек
back

index

next