back

index

085;и ў мегўем: Мо ҳаргиз аз ҳалокати хонаводаи ў хабар надоштем ва дар ин гуфтори худ содиқ ҳастем » .

50 Онҳо нақшаи муҳимме кашиданд ва мо ҳам нақшаи муҳимме , дар ҳоле , ки онҳо дарк намекарданд .

51 Бинигар оқибати тавтиаи онҳо чӣ шуд , ки мо онҳо ва қавмашон ҳамагиро нобуд кардем!

52 Ин хонаҳои онҳост , ки ба хотири зулму ситамашон холӣ мондааст . Ва дар ин нишонаи равшане аст барои касоне , ки огоҳанд .

53 Ва касонеро , ки имон оварда ва тақво пеша карда буданд , наҷот додем .

54 Ва Лутро (ба ёд овар) ҳангоме , ки ба қавмаш гуфт: «Оё шумо ба суроғи кори бисёр палиде меравед , дар ҳоле , ки (натиҷаҳои шуми онро) мебинед?!

55 Оё шумо ба ҷои занон , аз рўи шаҳват ба суроғи мардон меравед? ! Шумо қавми нодонед » .

56 Онҳо ҷавобе ҷуз ин надоштанд , ки (ба якдигар) гуфтанд: «Хонадони Лутро аз шаҳру диёри худ берун кунед , ки инҳо ашхоси покдомане ҳастанд ! » .

57 Мо ў ва хонаводаашро наҷот додем , ба ҷуз ҳамсараш , ки муқаддар кардем ҷузъи боқимондагон (дар он шаҳр) бошад .

58 Сипас бороне (аз санг) бар сари онҳо борондем (ва ҳамагӣ зери он мадфун шуданд) . Ва чӣ бад аст борони инзоршудагон!

59 Бигў: «Ҳамд махсуси Худост ва салом бар бандагони баргузидааш ! » . Оё Худованд беҳтар аст ё бутҳое , ки ҳамтои Ў қарор медиҳанд?!

60 (Оё бутҳое , ки маъбуди шумо ҳастанд беҳтаранд) ё касе , ки осмонҳо ва заминро офаридааст? ! Ва барои шумо аз осмон , обе фиристод , ки бо он , боғҳои зебо ва сурурангез рўёндем . Шумо ҳаргиз қудрат надоштед дарахтони онро бирўёнед ! Оё маъбуди дигаре бо Худост? ! На , балки онҳо гурўҳе ҳастанд , ки (аз рўи нодонӣ , махлуқотро) ҳамтароз (-и Парвардигорашон) қарор медиҳанд .

61 Ё касе , ки заминро мустақар ва ором қарор дод ва миёни он , наҳрҳое равон сохт ва барои он кўҳҳои собит ва побарҷо эҷод кард ва миёни ду дарё ҳоиле қарор дод , (то бо ҳам махлут нашаванд , бо ин ҳол) оё маъбуде бо Худост? ! На , балки бештари онон намедонанд (ва ҷоҳиланд) .

62 Ё касе , ки дуои музтарро иҷобат мекунад ва гирифториро бартараф месозад ва шуморо халифаҳои замин қарор медиҳад , оё маъбуде бо Худост? ! Камтар мутазаккир мешавед .

63 Ё касе , ки шуморо дар торикиҳои саҳро ва дарё ҳидоят мекунад ва касе , ки бодҳоро ба унвони башорат пеш аз нузули раҳматаш мефиристад , оё маъбуде бо Худост? ! Худованд бартар аст аз он чӣ барои Ў шарик қарор медиҳанд .

64 Ё касе , ки офаринишро оғоз кард , сипас онро таҷдид мекунад . Ва касе , ки шуморо аз осмону замин рўзӣ медиҳад , оё маъбуде бо Худост? ! Бигў: «Далелатонро биёваред , агар рост мегўед ! » .

65 Бигў: «Касоне , ки дар осмонҳо ва замин ҳастанд , ғайбро намедонанд , ҷуз Худо ва намедонанд кай барангехта мешаванд » .

66 Онҳо (мушрикон) иттилои дурусте дар бораи охират надоранд , балки дар асли он шак доранд , балки нисбат ба он нобино ҳастанд .

67 Ва кофирон гуфтанд: «Оё ҳангоме , ки мо ва падаронамон хок шудем , (зинда мешавем ва) аз дили хок берун меоем?!

68 Ин ваъдае аст , ки ба мо ва падаронамон аз пеш дода шудааст , инҳо ҳамон афсонаҳои хурофии пешиниён аст » .

69 Бигў: «Дар рўи замин сайр кунед ва бибинед , оқибати кори муҷримон ба куҷо расид ! » .

70 Аз (такзибу инкори) онон ғамгин мабош ва синаат аз тавтиаи онон танг нашавад .

71 Онҳо мегўянд: «Ин ваъда (-и азоб , ки ба мо медиҳед) , кай хоҳад омад , агар рост мегўед? ! » .

72 Бигў: «Шояд порае аз он чӣ дар бораи он шитоб мекунед , наздик ва дар канори шумо бошад » .

73 Ҳатман Парвардигори ту нисбат ба мардум , фазл (ва раҳмат) дорад , вале бештарашон шукргузор нестанд .

74 Ва Парвардигорат он чиро дар синаҳояшон пинҳон медоранд ва он чиро ошкор мекунанд , ба хубӣ медонанд .

75 Ва ҳеҷ мавҷуди пинҳоне дар осмону замин нест , магар ин ки дар китоби мубин (дар лавҳи маҳфуз ва илми бепоёни Парвардигор) сабт аст .

76 Ин Қуръон аксари чизҳоеро , ки Банӣ Исроил дар он ихтилоф доранд , барои онон баён мекунад .

77 Ва сабаби ҳидояту раҳмат барои мўъминон аст .

78 Парвардигори ту миёни онҳо дар қиёмат ба ҳукми худ доварӣ мекунад ва Ўст Қодири Доно .

79 Пас бар Худо таваккул кун , ки ту барҳаққи ошкоре ҳастӣ .

80 Ҳатман ту наметавонӣ суханатро ба гўши мурдагон бирасонӣ ва наметавонӣ каронро ҳангоме , ки рўй бармегардонанд ва пушт мекунанд , фаро хонӣ .

81 Ва низ наметавонӣ кўронро аз гумроҳияшон бираҳонӣ . Ту фақат метавонӣ сухани худро ба гўши касоне бирасонӣ , ки омодаи пазириши имон ба оятҳои мо ҳастанд ва дар баробари ҳақ таслиманд .

82 Ва ҳангоме , ки фармони азоби онҳо расад (ва дар остонаи растохез қарор гиранд) , ҷунбандаеро аз замин барои онҳо хориҷ мекунем , ки бо онон такаллум мекунад (ва мегўяд) , ки мардум ба оятҳои мо имон намеоварданд .

83 (Ба хотир биёвар) рўзеро , ки мо аз ҳар уммате , гурўҳеро аз касоне , ки оятҳои моро инкор мекарданд , маҳшур мекунем ва онҳоро нигаҳ медорем , то ба якдигар мулҳақ шаванд .

84 То замоне , ки (ба пои ҳисоб) меоянд , (ба онон) мегўяд: «Оё оятҳои маро инкор кардед ва дар садади таҳқиқ бар наомадед? ! Шумо чӣ аъмоле анҷом медодед? ! » .

85 Дар ин ҳангом , фармони азоб ба хотири шулмашон бар онҳо воқеъ мешавад ва онҳо сухане надоранд , ки бигўянд .

86 Ё надиданд , ки мо шабро барои оромиши онҳо қарор додем ва рўзро равшанибахш? ! Дар ин корҳо нишонаҳои равшане аст барои касоне , ки имон меоваранд (ва омодаи қабули ҳаққанд) .

87 Ва (ба хотир оваред) рўзеро , ки дар « сур » дамида мешавад ва тамоми касоне , ки дар осмонҳо ва замин ҳастанд , дар ваҳшат фурў мераванд , ҷуз касоне , ки Худо хостааст . Ва ҳамагӣ бо хузўъ дар пешгоҳи Ў ҳозир мешаванд .

88 Кўҳҳоро мебинӣ ва онҳоро сокину ҷомид мепиндорӣ , дар ҳоле , ки монанди абр дар ҳаракатанд . Ин саноат ва офариниши Худованде аст , ки ҳама чизро мутқан офаридааст . Ў аз корҳое , ки шумо анҷом медиҳед , ҳатман огоҳ аст .

89 Касоне , ки кори неке анҷом диҳанд , подоши беҳтаре аз он хоҳанд дошт ва онон аз ваҳшати он рўз дар амонанд .

90 Ва онҳо , ки аъмоли баде анҷом диҳанд , ба чеҳра дар оташ афканда мешаванд . Оё ҷазое ҷуз он чӣ амал мекардед хоҳед дошт?!

91 (Бигў:) Ман маъмурам Парвардигори ин шаҳр (-и муқаддаси Макка)-ро ибодат кунам , ҳамон касе , ки ин шаҳрро ҳурмат бахшидааст , дар ҳоле , ки ҳама чиз аз они Ўст ва ман маъмурам , ки аз муслимин бошам .

92 Ва ин ки Қуръонро тиловат кунам . Ҳар кас ҳидоят шавад , ба суди худ ҳидоят шудааст ва ҳар кас гумроҳ гардад , бигў: «Ман фақат аз инзоркунандагонам » .

93 Бигў: «Ҳамду ситоиш махсуси зоти Худост . Ба зудӣ оятҳояшро ба шумо нишон медиҳад , то онро бишиносед . Ва Парвардигори ту аз он чӣ анҷом медиҳед , ғофил нест .

back

index