back | next |
56 Ва намозро барпо доред ва закотро бидиҳед ва Расул (-и Худо)-ро итоат кунед , то машмули раҳмат (-и Ў) шавед .
57 Гумон мабар кофирон метавонанд аз чанголи муҷозоти илоҳӣ дар замин гурезанд . Ҷойгоҳи онон оташ аст ва чӣ ҷойгоҳи баде аст!
58 Эй касоне , ки имон овардаед ! Бардагони шумо ва ҳамчунин кўдаконатон , ки ба ҳадди балоғат нарасидаанд , дар се вақт бояд аз шумо иҷозат бигиранд: пеш аз намози субҳ ва нимарўз ҳангоме , ки либосҳои (оддии) худро берун меоваред ва баъд аз намози ишо , ин се вақти хусусӣ барои шумост , аммо баъд аз ин се вақт , гуноҳе бар шумо ва бар онон нест , (ки бе иҷозат дохил шаванд) ва бар гирди якдигар бигардед (ва бо сафову самимият ба якдигар хидмат намоед) . Ин гуна Худованд оятҳоро барои шумо баён мекунад ва Худованд Доно ва Ҳаким аст .
59 Ва ҳангоме , ки атфоли шумо ба синни барлоғат расанд , бояд иҷозат бигиранд , ҳамон гуна , ки ашхосе , ки пеш аз онон буданд , иҷозат мегирифтанд . Ин чунин Худованд оятҳояшро барои шумо баён мекунад ва Худо Доно ва Ҳаким аст .
60 Ва занони аз корафтодае , ки умед ба издивоҷ надоранд , гуноҳе бар онон нест , ки либосҳои (рўини) худро бар замин бигузоранд , ба шарти ин ки дар баробари мардум худороӣ накунанд . Ва агар худро бипўшонанд барои онон беҳтар аст . Ва Худованд Шунаво ва Доност .
61 Бар нобино ва ашхоси ланг ва бемор гуноҳе нест , (ки бо шумо ҳамтаом шаванд) ва бар шумо низ гуноҳе нест , ки аз хонаҳои худатон (хонаҳои фарзандон ё ҳамсаронатон , ки хонаи худи шумо ҳисоб мешавад , беиҷозати хоссе) таом бихўред . Ва ҳамчунин хонаҳои падаронатон ё хонаҳои модаронатон ё хонаҳои бародаронатон ё хонаҳои хоҳаронатон ё хонаҳои амакҳоятон ё хонаҳои аммаҳоятон ё хонаҳои тағоҳоятон ё хонаҳои холаҳоятон ё хонаҳое , ки калидаш дар ихтиёри шумост ё хонаҳои дўстонатон , бар шумо гуноҳе нест , ки ба таври дастаҷамъӣ ё ҷудогона таом бихўред . Ва ҳангоме , ки дохили хонае шудед , бар худ салом кунед , салому таҳияте аз сўи Худованд , саломе пурбаракат ва покиза . Ин гуна Худованд оятҳоро барои шумо равшан мекунад , бошад , ки бияндешед .
62 Мўъминони ҳақиқӣ касоне ҳастанд , ки ба Худо ва Рашсулаш имон овардаанд ва ҳангоме , ки дар кори муҳимме бо ў бошанд , беиҷозати ў ҷое намераванд . Касоне , ки аз ту иҷозат мегиранд , ба ростӣ ба Худо ва Пайғамбараш имон овардаанд . Дар ин сурат , ҳар гоҳ барои баъзе корҳои муҳимми худ аз ту иҷозат бихоҳанд , ба ҳар як аз онон , ки мехоҳӣ (ва салоҳ мебинӣ) иҷозат деҳ ва барояшон аз Худо омурзиш бихоҳ , ки Худованд Омурзанда ва Меҳрубон аст .
63 Садо карданди Пайғамбарро дар миёни худ , монанди садо кардани якдигар қарор надиҳед . Худованд касоне аз шуморо , ки пушти сари дигарон пинҳон мешаванд ва яке пас аз дигарӣ мегурезанд , медонад . Пас онон , ки фармони Ўро мухолифат мекунанд , бояд битарсанд аз ин ки фитнае доманашонро бигирад ё азоби дардноке ба онҳо бирасад!
64 Огоҳ бошед , ки барои Худост он чӣ дар осмонҳо ва замин аст . Ў медонад он чиро , ки шумо бар он ҳастед ва (медонад) рўзеро , ки ба сўи Ў бозгардонида мешаванд ва (дар он рўз) онҳоро аз аъмоле , ки анҷом доданд , огоҳ месозад . Ва Худованд ба ҳар чизе Доност .
Ин сура дар Макка нозил шуда ва 77 оят дорад .
Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар
1 Ҷовидон ва пурбаракат аст касе , ки Қуръонро бар бандааш нозил кард , то ҷаҳониёнро бим диҳад (ва аз азобу ҷазои илоҳӣ битарсонад) .
2 Худованде , ки ҳукумат ва моликияти осмонҳо ва замин аз они Ўст ва фарзанде барои худ интихоб накард ва шарике дар ҳукумат ва моликият надорад ва ҳама чизро офарид ва ба диққат андозагирӣ намуд .
3 Онҳо ғайр аз Худованд маъбудоне барои худ баргузиданд . Маъбудоне , ки чизеро намеофаринанд , балки худашон махлуқанд ва молики зиёну суди худ нестанд ва на молики маргу ҳаёт ва растохезашон .
4 Ва кофирон гуфтанд: «Ин фақат дурўғе аст , ки ў сохтааст ва гурўҳи дигаре ўро бар ин кор ёрӣ додаанд » . Онҳо (бо ин сухан) зулм ва дурўғи бузургеро муртакиб шуданд .
5 Ва гуфтанд: «Ин ҳамон афсонаҳои пешиниён аст , ки вай онро рўнавис карда ва ҳар субҳу шом бар ў имло мешавад » .
6 Бигў: «Касе онро нозил кардааст , ки асрори осмонҳову заминро медонад , Ў (ҳамеша) Ғафур ва Раҳим буда ва ҳаст » .
7 Ва гуфтанд: «Чаро ин Расул таом мехўрад ва дар бозорҳо роҳ меравад? ! (На суннати фариштагонро дорад ва на равиши шоҳонро!) . Чаро фариштае бар ў нозил нашуда , ки ҳамроҳи вай мардумро бим диҳад (ва гувоҳи сидқи даъвати ў бошад?!) .
8 Ё ганҷе (аз осмон) барои ў фиристода шавад , ё боғе дошта бошад , ки аз (меваи) он бихўрад (ва маошашро таъмин кунад?!) » . Ва ситамгарон гуфтанд: «Шумо танҳо аз як марди маҷнуне пайравӣ мекунед ! » .
9 Бингар чӣ гуна барои ту масалҳо заданд ва гумроҳ шуданд , он чунон , ки қудрати пайдо кардани роҳро надоранд!
10 Заволнопазир ва бузург аст Худое , ки агар бихоҳад барои ту беҳтар аз ин қарор медиҳад: Боғҳое , ки аз зери дарахтонаш наҳрҳо ҷорӣ аст ва (агар бихоҳад) барои ту қасрҳои боҳашамате қарор медиҳад .
11 (Инҳо ҳама баҳона аст) , балки онҳо қиёматро инкор кардаанд ва мо барои касе , ки қиёматро инкор кунад , оташи сўзоне муҳайё кардаем!
12 Ҳангоме ки ин оташ онҳоро аз макони дуре бибинад , садои ваҳшатнок ва хашмолуди ўро , ки бо нафасзадани шадид ҳамроҳ аст , мешунаванд .
13 Ва ҳангоме ки дар макони тангу маҳдуде аз он афканда шаванд , дар ҳоле , ки дар ғуллу занҷиранд , фарёди вовайлои онҳо баланд мешавад!
14 (Ба онон гуфта мешавад:) Имрўз якбор вовайло нагўед , балки бисёр вовайло сардиҳед!
15 (Эй пайғамбар!) Бигў: «Оё ин беҳтар аст ё биҳишти ҷовидоне , ки ба парҳезгорон ваъда дода шудааст? ! Биҳиште , ки подоши амалҳои онҳо ва қароргоҳашон аст » .
16 Ҳар чӣ бихоҳанд дар он ҷо барояшон фароҳам аст , ҷовидона дар он хоҳанд монд , ин ваъдае аст ҳатмӣ , ки Парвардигорат бар ўҳда гирифтааст .
17 (Ба хотир биёвар) рўзеро , ки ҳамаи онҳо ва маъбудонеро , ки ғайр аз Худо парастиш мекарданд , ҷамъ мекунад , онгоҳ ба онҳо мегўяд: «Оё шумо ин бандагони маро гумроҳ кардед ё худи онон роҳро гум карданд? ! » .
18 (Дар ҷавоб) мегўянд: «Муназзаҳӣ Ту ! Барои мо шоиста набуд , ки ғайр аз Ту авлиёе баргузинем , вале онон ва падаронашонро аз неъматҳо бархўрдор намудӣ , то ин ки (онҳо ба ҷои шукри неъмат) ёди Туро фаромўш карданд ва ҳолок шуданд » .
19 (Худованд ба онҳо мегўяд: Бибинед) ин маъбудон , шуморо дар чӣ , ки мегўед , инкор карданд , акнун қудрат надоред азоби илоҳиро бартараф созед ё аз касе ёрӣ биталабед . Ва ҳар кас аз шумо ситам кунад
back | next |