back

index

next

24 Оё онҳо маъбудоне ҷуз Худо баргузиданд ? ! Бигў : « Далелатонро биёваред . Ин сухани касоне аст , ки бо ман ҳастанд ва сухани касоне (пайғамбароне) аст , ки пеш аз ман буданд » . Аммо бештари онҳо ҳақро намедонанд ва ба ҳамин далел (аз он) рўйгардонанд .

25 Мо пеш аз ту ҳеҷ пайғамбареро нафиристодем , магар ин ки ба ў ваҳй кардем , ки : « Маъбуде ҷуз Ман нест , пас танҳо маро парастиш кунед » .

26 Онҳо гуфтанд : « Худованди Раҳмон фарзанде барои худ интихоб кардааст » . Ў муназзаҳ аст (аз ин айбу нақс) , онҳо (фариштагон) бандагони шоистаи Ўянд .

27 Ҳаргиз дар сухан бар Ў пешӣ намегиранд ва (пайваста) ба фармони Ў амал мекунанд .

28 Ў аъмоли имрўз ва оянда ва аъмоли гузаштаи онҳоро медонад ва онҳо ҷуз барои касе , ки Худо розӣ (ба шафоат барои ў) аст , шафоат намекунанд ва аз тарси Ў бимноканд .

29 Ва ҳар кас аз онҳо бигўяд : « Ман ҷуз Худо маъбуди дигареам » , кайфари ўро ҷаҳаннам медиҳем . Ва ситамгаронро ин гуна кайфар хоҳем дод .

30 Оё кофирон надиданд , ки осмонҳо ва замин ба ҳам пайваста буданд ва мо онҳоро аз якдигар боз кардем ва ҳар чизи зиндаеро аз об қарор додем ? ! Оё имон намеоваранд ? !

31 Ва дар замин , кўҳҳои собит ва побарҷое қарор додем , мабодо онҳоро биларзонад . Ва дар он , дарраҳо ва роҳҳое қарор додем , то ҳидоят шаванд .

32 Ва осмонро сақфи маҳфузе қарор додем , вале онҳо аз оёти он рўйгардонанд .

33 Ў касе аст , ки шабу рўз ва хуршеду моҳро офарид , ҳар як дар мадоре дар ҳаракатанд .

34 Пеш аз ту (низ) , барои ҳеҷ инсоне ҷовидонагӣ қарор надодем , (вонгаҳе онҳо , ки интизори марги туро мекашиданд) , оё агар ту бимирӣ , онон ҷовид хоҳанд буд ? !

35 Ҳар инсоне таъми маргро мечашад . Ва шуморо бо бадиҳо ва хубиҳо имтиҳон мекунем ва саранҷом ба сўи мо бозгардонида мешавед .

36 Ҳангоме , ки кофирон туро мебинанд , коре ҷуз масхара кардани ту надоранд (ва мегўянд : ) Оё ин ҳамон касе аст , ки сухан аз худоёни шумо мегўяд ? ! Дар ҳоле , ки худашон зикри Худованди Раҳмонро инкор мекунанд .

37 (Оре) , Инсон аз шитоб офарида шудааст , вале шитоб накунед , ба зудӣ нишонаҳоямро ба шумо нишон хоҳам дод !

38 Онҳо мегўянд : « Агар рост мегўед , ин ваъда (-и қиёмат) кай фаро мерасад ? ! » .

39 Вале агар кофирон медонистанд замоне , ки (фаро мерасад) , наметавонанд шўълаҳои оташро аз чеҳраву пуштҳои худ дур кунанд ва ҳеҷ кас ононро ёрӣ намекунад , (ин қадар дар бораи қиёмат шитоб намекарданд ! ) .

40 (Оре , ин муҷозоти илоҳӣ) ба таври ногаҳонӣ ба суроғашон меояд ва мабҳуташон мекунад , он чунон , ки тавоноии дафъи онро надоранд ва ба онҳо мўҳлат дода намешавад .

41 (Агар туро масхара кунанд нороҳат мабош) , пайғамбарони пеш аз туро (низ) масхара карданд , аммо саранҷом он чиро масхара мекарданд , доманҳои масхаракунандагонро гирифт (ва муҷозоти илоҳӣ онҳоро дарҳам кўбид) .

42 Бигў : « Чӣ касе шуморо дар шабу рўз аз (муҷозоти) Худованди Бахшанда нигоҳ медорад ? ! » , вале онон аз ёди Парвардигорашон рўйгардонанд .

43 Оё онҳо худоёне доранд , ки метавонанд дар баробари мо аз онон дифоъ кунанд ? ! (Ин худоёни сохтагӣ , ҳатто) наметавонанд худашонро ёрӣ диҳанд , (то чӣ расад ба дигарон) . Ва на аз ноҳияи мо бо қудрате ёрӣ мешаванд .

44 Мо онҳо ва падаронашонро (аз неъматҳо) баҳраманд сохтем , то он ҷо ки умри дароз пайдо карданд (ва сабаби ғурур ва туғёнашон шуд) . Оё намебинанд , ки мо пайваста ба суроғи замин омада ва аз он (ва аҳлаш) мекоҳем ? ! Оё онҳо ғолибанд (ё мо ? ! ) .

45 Бигў : « Ман танҳо ба василаи ваҳй шуморо инзор мекунам » . Вале онҳо , ки гўшҳояшон кар аст , ҳангоме , ки инзор мешаванд , суханонро намешунаванд .

46 Агар камтарин азоби Парвардигорат ба онон бирасад , фарёдашон баланд мешавад , ки : « Эй вой бар мо ! Мо ҳамагӣ ситамгар будем » .

47 Мо тарозуҳои адлро дар рўзи қиёмат барпо мекунем , пас ба ҳеҷ кас камтарин ситаме намешавад . Ва агар ба миқдори сангинии як донаи хардал (кори неку бад) бошад , мо онро ҳозир мекунем ва кифоят мекунад , ки мо ҳисобкунанда бошем .

48 Мо ба Мўсо ва Ҳорун , « Фурқон » (василаи ҷудо кардани ҳақ аз ботил) ва нур ва он чӣ сабаби ёдоварӣ барои парҳезгорон аст , додем .

49 Ҳамонҳо , ки аз Парвардигорашон дар пинҳон метарсанд ва аз қиёмат хавф доранд .

50 Ва ин (Қуръон) Зикри Мубораке аст , ки (бар шумо) нозил кардем , оё шумо онро инкор мекунед ? !

51 Мо василаи рушди Иброҳимро аз пеш ба ў додем ва аз (шоистагии) ў огоҳ будем ,

52 Он ҳангом , ки ба падараш (Озар) ва қавмаш гуфт : « Ин муҷассамаҳои берўҳ чист , ки шумо ҳамвора онҳоро парастиш мекунед ? ! » .

53 Гуфтанд : « Мо падарони худро дидем , ки онҳоро ибодат мекунанд » .

54 Гуфт : « Ҳатман ҳам шумо ва ҳам падаронатон , дар гумроҳии ошкоре будаед » .

55 Гуфтанд : « Оё матлаби ҳаққе барои мо овардаӣ , ё шўхӣ мекунӣ ? ! » .

56 Гуфт : « (Комилан ҳақ овардаам) , Парвардигори шумо ҳамон Парвардигори осмонҳо ва замин аст , ки онҳоро эҷод карда ва мар бар ин амр , аз гувоҳонам .

57 Ва ба Худо савганд , дар ғиёби шумо , нақшае барои нобудии бутҳоятон мекашам ! » .

58 Саранҷом (бо истифода аз як фурсати муносиб) , ҳамаи онҳо – ҷуз бути бузургашон – ро қитъа-қитъа кард , шояд суроғи ў биёянд (ва ў ҳақоиқро бозгў кунад) .

59 (Ҳангоме , ки манзараи бутҳоро диданд) , гуфтанд : « Ҳар кас бо худоёни мо чунин карда бошад , ҳатман аз ситамгарон аст (ва бояд кайфари сахт бибинад ! ) » .

60 (Гурўҳе) гуфтанд : « Шунидем навҷавоне аз (мухолифат бо) бутҳо сухан мегуфт , ки ўро Иброҳим мегўянд » .

61 (Ҷамъият) гуфтанд : « Ўро дар баробари дидагони мардум биёваред , то гувоҳӣ диҳанд » .

62 (Ҳангоме , ки Иброҳимро оварданд) , гуфтанд : « Ту ин корро бо худоёни мо кардаӣ , эй Иброҳим ? ! » .

63 Гуфт : « Балки ин корро бузургашон кардааст , аз онҳо бипурсед , агар сухан мегўянд » .

64 Онҳо ба виҷдони худ бозгаштанд ва (ба худ) гуфтанд : « Ҳаққо , ки шумо ситамгаред ! » .

65 Сипас бар сарҳояшон вожгуна шуданд (ва ҳукми виҷдонро ба куллӣ фаромўш карданд ва гуфтанд : ) Ту медонӣ , ки инҳо сухан намегўянд .

66 (Иброҳим) гуфт : « Оё ҷуз Худо чизеро мепарастед , ки на камтарин суде барои шумо дорад ва на зиёне ба шумо мерасонад ? ! (На умеде ба судашон доред ва на тарсе аз зиёнашон ! ) .

67 Уф бар шумо ва бар он чӣ ҷуз Худо мепарастед ! Оё андеша намекунед (ва ақл надоред ? ! ) » .

68 Гуфтанд : « Ўро бисўзонед ва худоёни худро ёрӣ кунед , агар коре аз шумо барояд » .

69 (Саранҷом ўро ба оташ афканданд , вале мо) гуфтем : « Эй оташ ! Бар Иброҳим сарду солим бош » .

70 Онҳо мехостанд Иброҳимро бо ин нақша нобуд кунанд , вале мо онҳоро зиёнкортарини мардум қарор додем .

71 Ва ў ва Лутро бар сарзамин (-и Шом) – ки онро барои ҳамаи ҷаҳониён пурбаракат сохтем – наҷот додем .

72 Ва Исҳоқ ва илова бар ў Яъқубро ба вай бахшидем ва ҳамаи ононро мардони солеҳе қарор додем .

73 Ва ононро пешвоёне қарор додем , ки ба фармони мо , (мардумро) ҳидоят мекарданд ва анҷоми корҳои нек ва барпо доштани намоз ва адои закотро ба онҳо ваҳй кардем ва танҳо моро ибодат мекарданд .

back

index

next