|
|||||
Дар анҷоми ҳамаи намозҳо ва (ба хусус) намози вусто (намози зўҳр) кўшо бошед! Ва аз рўи хузўъ ва итоат барои Худо ба по хезед! ان الصلاه كانت على المومنين كتابا موقوتا (نسا, 4 : 103) Ба дурустӣ , ки намоз вазифаи собит ва муайяне барои мўъминон аст. Дар Қуръон беш аз ин вориди аҳком ва шароит ва тафосили намоз нагардида, ки тамоми ин тафсилотро бояд аз суннат ба даст овард, монанди ин ривоёт: صلوا كما رايتمون ي اصل ي . Намоз бихонед ҳамон гуна, ки мебинед ман намоз мехонам. 1 Ҳамчунин дар боби закот ҷуз санади маворид, ки куллиёти онро мерасонад ؟ вориди ҷузъиёт нашудааст: خذ من اموالهم صدقه تطهرهم وتزكيهم بها وصل عليهم ان صلوتك سكن لهم (برائ ة 103) Аз амволи онҳо садақае (ба унвони закот) бигир, то ба василаи он онҳоро пок созӣ ва ба онро дуо кун, ки дуои ту сабаби оромиши онҳост. انـمـا الـصـدقات للفقرا والمساكين والعاملين عليها والمولفه قلوبهم وفى الرقاب والغارمين وفى سبيل اللّه وابن السبيل فريضه من اللّه واللّه عليم حكيم (برائه 60) Закотҳо махсуси фуқаро ва масокин ва коркуноне аст, ки (барои ҷ амъоварии) он заҳмат мекашанд ва касоне, ки барои ҷ алби муҳаббаташон иқдом мешавад ва барои (озодии) бардагон ва (адои қарзи) қарздорон ва дар роҳи (тақвияти дини) Худо ва дар роҳ мондагон, ин як фаризаи муҳимми (илоҳ ӣ ) аст ва Худованд донову ҳаким аст! Дар Қуръони Карим дар бораи ҳаҷ мехонем: وللّه على الناس حج البيت من استطاع اليه سبيلا ومن كفر فان اللّه غنى عن العالمين (آل عمران 97) Ва барои Худо бар мардум аст, ки оҳанги хонаи ( Худо ) кунанд , касоне, ки тавоноии рафтан ба сўи онро доранд. Ва ҳар кас куфр варзад (ҳаҷро тарк кунад, ба худ зиён кардааст). Ба журустӣ, ки Худованд аз оламиён бениёз аст. واتموا الحج والعمره للّه (بقره 196) Ҳ аҷ ҷу умраро барои Худо ба итмом расонед.فمن تمتع بالعمره الى الحج فما استيسر من الهدى فمن لم يجد فصيام ثلاثه ايام فى الحج وسبعه اذا رجعتم تلك عشره كامله ذلك لمن لم يكن اهله حاضرى المسجد الحرام (بقره 196) Ҳар кас бо хатми умра ҳаҷро оғоз кунад он чӣ аз қурбонӣ барои ў муяссар аст (зебҳ кунад)! Ва ҳар, ки наёфт се рўз дар рўзҳои ҳаҷ ва ҳафт рўз ҳангоме, ки боз мегардад, рўза бидорад, ин даҳ рўзи комил аст. (албатта) Ин барои касоне аст, ки хонаводаи ў назди Масҷидулҳаром набошад (аҳли Макка ва атрофи он набошад).الـحـج اشـهر معلومات فمن فرض فيهن الحج فلا رفث ولا فسوق ولا جدال فى الحج ... ، فاذا افضتم من عرفات فاذكروا اللّه عند المشعر الحرام ... ، ثم افيضوا من حيث افاض الناس (بقره 197 - 198 - 199) Ҳ а ҷ дар моҳҳои муайяне аст! Ва касоне, ки (бо бастани эҳром ва сар кардан ба маносики ҳа ҷ ) ҳа ҷ ро бар худ фарз гардонидаанд, (бояд бидонанд, ки) дар ҳа ҷ омезиши ҷ инс ӣ бо занон ва гуноҳ ва ҷ идол нест... Ва ҳангоме, ки аз арафот кўч кардед, Худоро назди Машъарул ҳаром ёд кунед... Сипас аз ҳамон ҷ о ки мардум кўч мекунанд (ба тарафи сарзамини Мино) кўч кунед ва аз Худованд омурзиш биталабед. واذكـروا اللّه فـى ايـام مـعدودات فمن تعجل فى يومين فلا اثم عليه ومن تاخرفلا اثم عليه لمن التقى (بقره 203) Ва Худоро дар рўзҳои муайяне ёд кунед ! (дар рўзҳои 11-12-13-и моҳи Зулҳиҷҷа). Ва ҳар кас шитоб кунад (ва зикри Худоро) дар ду рўз анҷом диҳад, ганоҳе бар ў нестю ва ҳар, ки ба ақаб андозад (ва се рўз анҷом диҳад низ) гуноҳе барояш нест, барои касе, ки тақво дошта бошад. ان الصفا والمروه من شعائر اللّه فمن حج البيت او اعتمر فلا جناح عليه ان يطوف بهما ومن تطوع خيرا فان اللّه شاكر عليم (بقره 158) Ба дурустӣ, ки Сафо ва Марва аз шаоири (нишонаҳои) Худост. Бинобар ин касоне, ки ҳаҷҷи хонаи Худо ва ё умра анҷом медиҳанд, монее нест, ки бар он ду тавоф кунанд (Ва саъю Сафо ва Марва анҷом диҳанд ва ҳаргиз амалҳои беравияи мушрикон, ки бутҳое дар ин ду кўҳ насб карда буданд ҷойгоҳи волои ин ду макони муқаддасро кам намекунад!) Ва еасе, ки фармони Худоро дар анҷоми корҳои хайр итоат кунад Худованд (дар баробари амали ў) шукргузор ва (аз амалҳои ў) ошоҳ аст. Ва тафосили ин мароси ми бо шукўҳро, бояд ба муқтазои ривоёте монанди: “ خذوا عني مناسككم ” Маносики худро аз ман бигиред.гирифт ва аз он бо хабар шуд.2-Дуввумин сабаб , ки сабаби ибҳом гардида ишораҳое аст, ки ба гунаи сарбаста дар Қуръон омада ва бояд дар суннат ҷ усту ҷ ў кунем. Баъзе аз одатҳо ва русуми ҷ оҳилиятро мавориди накўҳиш қарор додааст. Ва низ ба порае аз кирдор ва рафтори имтиҳонии пешин, ки дар бархўрд бо анбиё ва динҳои осмон ӣ доштаанд ишора кардааст ва то он одатҳо ва русум ва шиваҳо ба хуб ӣ равшан нашавад, сабаби накўҳиш ба даст намеояд. Бинобар ин барои шинохти комили мафоҳими қуръон ӣ , ошно ӣ бо фарҳангу таърихи гузаштагон онҳое, ки аз онҳо дар Қуръон ёд шуда лозим ва зарур ӣ аст ва як ниёзи тафсир ба шумор меравад. Масалан дар сураи Тавба мехонем: إِنَّمَا النَّسِيءُ زِيَادَةٌ فِي الْكُفْرِ يُضَلُّ بِهِ الَّذِينَ كَفَرُواْ يُحِلِّونَهُ عَامًا وَيُحَرِّمُونَهُ عَامًا لِّيُوَاطِؤُواْ عِدَّةَ مَا حَرَّمَ اللّهُ فَيُحِلُّواْ مَا حَرَّمَ اللّهُ زُيِّنَ لَهُمْ سُوءُ أَعْمَالِهِمْ وَاللّهُ لاَ يَهْدِي الْقَوْمَ الْكَافِرِينَ . Насий (ҷа ба ҷо кардани ва ба ақаб нашидани моҳҳои ҳаром) афзоише дар куфри (мушрикон) аст, ки бо он кофирон гумроҳ мешаванд. Як сол онро ҳалол ва соли дигар онро ҳаром мекунанд, то ба миқдори моҳҳое, ки Худованд ҳаром карда, бишавад (ва адади чаҳор моҳ ба гумонашон комил гавад) ва ба ин тартиб он чиро, ки Худо ҳаром карда ҳалол бишморанд. Амалҳои зишташон дар назарашон зебо ҷмлва дода шудааст. Ва Худованд ҷамъияти кофиронро ҳидоят намекунад. Сураи Тавба-37. Дар ҷоҳилият и араб дар бораи насий ду одати накўҳиш шуда вуҷуд дошт: 1-Соли шамсӣ даҳ рўзу миқдоре бо соли қамарӣ фарқ дорад ва бинобар ин, фаслҳои чаҳоргона танзим шуда, вале араб, ки мехост маросими ҳаҷҷи иброҳимӣ ҳамеша дар фасли баҳор анҷом гирад ва ночор буд ин аъмолро дар моҳи Зулҳиҷҷа анҷом диҳад ба номор бидъате андишид ва барои мувофиқати моҳҳои арабӣ бо фаслҳои чаҳоргона, ҳар сол як бор моҳи Зулҳиҷҷаро ба пеш мебурд. Се сол ба ҷои моҳи Муҳаррам ва се сол ба ҷои моҳи Сафар ва баи н шакр рафтор мекард, то камии соли қамариро ба ин васила ҷуброн кунад ва онро бо соли шамсӣ ҳамоҳанг намояд. Ва ин корро “насий” гўянд аз решаи насо ба маънои ахир ва ақаб афтодан аст. Ва ин кор идома дошт то Маккаи мукаррама дар соли 8-и ҳи ҷ р ӣ фатҳ шуд. Дар он вақт моҳи Зулҳи ҷҷ а давраи соли худро пай карда ва ба ҷ ои худ баргашта буд, бинобар ин Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: Аз ин ба баъд солҳои ҳаром дар ҷ ойҳои худ устуворанд ва ҷ о ба ҷ о намешаванд :الا وان الزمان قد استعاد كهياته يوم خـلـق اللّه الـسـمـوات والارض الـسـنـ ةاثـنـا عـشـر شـهـرا فـمـنـها اربع ة حرم ثلاث ة متواليات ذوالقعده وذوالحج ة والمحرم ورجب الذى بين جمادى و شعبان. 2-Дигар он ки араб одати ҷангу ҷидол ва қатлу ғорат дошт. Гоҳе иттифоқ меафтод, ки дар гармогарми ҷанг ва наздик шудани гурўҳи бартар бар пирўзӣ бо сар шудани моҳи Муҳарраи рў ба рў мешуд бинобар ин барои ин ки ҷангро идома диҳанд ва пирўзии наздик расидаро ба даст оваранд ва ба гурўҳ мағлуб мўҳлати ҷамъоварии нерў надиҳанд, гурўҳи бартар эълон мекард, ки моҳи ҳаром, ки сар шуда ва ҷои худаш гардонида шуда ва ҷои худро ба моҳи Шаъбон дода ва акнун моҳи Шаъбон аст ва пас аз як моҳ, моҳи Раҷаб сар мешавад бинобар ин моҳи ҳаром ба ақаб афтод. Ин амали накўҳиш шуда илова бар худхоҳӣ ва ҳокимияти мутлақи зургўӣ дасти дарозе дар шарияти ҷаҳонии иброҳимӣ буд, ки араб онро пазируфта буд ва шикастани ҳокимияти қонун тибқи дилхоҳ шумурда мешуд. Б инобар ин Худованд мефармояд: “Насий фузунӣ дар куфр ва саркашӣ аст”. Ин гуна оёт зиёданд, ки то шаъни нузулашон равшан нашавад маънои онҳо комилан равшан намешавад. |
back page | index page |