Ниёз ба тафсир
гурўҳи хоссе бошад.
Қуръон китоби ҳидоят аст ва барои ҳамагон фуруд омада на ин ки махсуси даста ё Қуръон дар ин маврид мефармояд:
هذا بيان
للناس وهدى وموعظه للمتقين (آل عمران: 138).
Ин (Қуръон) баёне аст барои мардум ва панду мавъиза аст барои муттақиён.
هذا بصائر للناس وهدى ورحمه لقوم يوقنون (جا ث يه: 20).
Ин (Қуръон ва шариати
осмонӣ) васоили биноӣ ва сабаби ҳидояту раҳмат аст барои қавме, ки (ба он) яқин
доранд.
ونزلنا عليك الكتاب تبيانا لكل شى وهدى ورحمه
وبشرى للمسلمين (نحل:89).
Ва мо ин китобро ба ту нозил
кардем, ки баёнгари ҳамачиз ва сабаби ҳидояту раҳмат ва башорат барои мусулмонон
бошад.
Дар айни ҳол дар Қуръон
мавозеи ибҳом бисёр ва мавориди и ҷ моли бешумор аст, чун дар Қурон усули маориф ва
куллмёти шариат матраҳ гардида ва тафосил ва
ҷ узъиётро бояд аз далоили
риво ӣ ва ақл ба даст овард.
Бисёре аз матолиби олияи
Қуръон дар қолиби мисол ва ташбеҳ ва истиора намудор гашта ва ба завқи латиф ва
дарки воло ниёз дорад, то ба умқи матолиб раҳнамун гардад.
Дар Қуръон бо воқеиятҳои
таърихӣ ва даргузашти умматҳо ишора рафта ва гоҳе ба ҳаводисе матраҳ шуда, ки
агар инсон ошноии комил бо он надошта бошад, фаҳми дурусти оёти марбут ба онҳо
имконпазир нест. Қуръон аз лиҳози вазнаи адаби ва фунуни луғав ӣ дар сатҳи бисёр боло варор
дорад касоне, ки бо адабиёти араб ва вижагиҳои луғат ошноӣ надоранд ба худ гумон
набаранд, ки ба маънои латиф ва дақоиқи зарифи Қуръон пай мебаранд. Инҳо баъзе
аз сабабҳои ибҳом дар Қуръон аст, ки илми тафсирро фанни ихтисоси ҷ илва медиҳад, гарч ӣ роҳи расидан ба ин дониш
барои ҳамагон боз аст, вале бетўша ва роҳнамо паймудани ин роҳ душвор аст.
Мавориди тафсир ва фарқи он бо
мавориди таъвил
Тафсир он гуна, ки дар таърифи он гузашт
рафъи ибҳом ва ҳалли ишколи ҳосил дар луғат ва иборат аст. Ҳар гоҳ дар чӣ гунагии
баён, и ҷ мол ва ибҳоме пеш ояд ё
печидаг ӣ дар иборот рух диҳад,
тафсир, он ибҳом ё и ҷ молро мезудояд ва он
печиданг ӣ ва ишколро рафъ мекунад.
Вале таъвил танҳо дар мавориди муташобеҳот аст, гарч ӣ ибҳоме аз назари луғат ва иборат ва
зоҳири он ву ҷ уд надошта бошад, масалан:
او ياتى ربك (انعام: 158)
“Ё Худованд ба суроғи онҳо биёяд”.
و
وجوه يومئذ ناضره الى
ربها ناظره (قيامه 23).
Чеҳраҳо дар он рўз шодмонанд
ва ба Парвардигорашон менигаранд.
Бар ҳасаби зоҳир ҷ исмонияти
Худоро мерасонад бинобар ин гурўҳе дар фаҳми ин оёт дучори иштибоҳ шуда қоил ба ҷ исмонияти Худованд шудаанд, вале касоне,
ки ориф ба усули ташбеҳ ва истиора ва му ҷ оз бошанд дучори ин иштибоҳ
намегарданд. Пас мавзўи тафсир ибҳоми луғат аст ва мавзўи таъвил ташобеи маъно.
Аммо ҳар як аз ибҳом ва ташбеҳ сабабҳои ба хусусе доранд, ки ба шарҳи он
мепардозам.
Сабабҳои
ибҳом ва печидагӣ
Сабабҳои
ибҳом дар Қуръон, ки зарурати тафсирро металабад аз ин қарор аст:
1-Дар
Қуръон аз усули маориф ва фурўи аҳком бисёр сухан рафта, вале тамоман ба тури
куллӣ ва гузаро рақам ёфта ва ниёз ба тафсир ва баёни бештаре дорад, ки дар
гуфтор ва кирдори Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва
олиҳи ва саллам ва дигар бузургони дин
ва огоҳони шариат, ёфт мешавад. Масалан дар шинохти Худо ва сифоти зотии ў бо
ҷумлаҳои кўтоҳ, вале фишурда ва расо мосоиле матраҳ шуда, ки ба боз шудан ва
шарҳу баён ниёз дорад, монанди:
ليس كمثله شيء وهو السميع
البصير (شورى 11)
Ҳ еҷ
чизе монанди Ў нест ва Ў ш у наво ва
биност.
لا تدركه الابصار وهو يدرك الابصار وهو اللطيف
الخبير (انعام , 103)
Чашмҳо ўро
намебинанд ва Ў ҳамаи чашмҳоро мебинад ва Ў бахшандаи (ҳамаи неъматҳо) ва огоҳ
(ба ҳамаи) чиз аст.
وهو القاهر فوق عباده وهو الحكيم الخبير (انعام , 6 : 18)
Ўст, ки ба
бандагони худ қоҳиру мусаллат аст
ва Ўст ҳакиму огоҳ.
قل هواللّه احد اللّه الصمد لم يلد ولم يلد ولم يكن له كفوا احد .
Бигў Ўст Худои
ягона . Худои поку
б е гиёз. Ҳ аргиз
назо ва зоида гашуд. Ва барои Ў
ҳаргиз шабеҳ ва монанде набуд.
لو كان فيها آلهه الا اللّه لفسدنا فسبحان اللّه
عما يصفون لا يسال عما يفعل وهم يسالون (انبيا, 21 : 22) اللّه نور السموات والارض.
Агар дар осмону
замин ҷ уз аллоҳ худоёни дигаре
мебуд, фосид мешуд. Муназзаҳ аст Худованди Парвардигори Арш аз васфе, ки онҳо
мекунанд, касе аз еори Ў наметавонад савол кунад, вале ў аз кирдори дигарон
хоҳад пурсид.
Дар Сураи
Нур 24-35 ва дар шинохти инсон ва фалсафаи вуҷуди ў ва паҳнои қудрати табии
(моддӣ) ва маънавии ў ба гунаи гузаро фармудааст:
انى جاعل فى الارض خليفه .
Ман дар замин
халифа қарор медиҳам.
(بقره: 3 1 ) وعلم آدم
الاسما كلها.
Ба Одам ҳамаи
асморо таълим дод.
وسخر لكم ما فى السماوات وما فى الارض جميعا منه (حاثيه , 13)
( Худо) Ҳар чӣ дар осмонҳо ва замин аст ҳамаи мусаххари шумо
гардонид.
ولـقد كرمنا بنى آدم وحملناهم فى البر والبحر ورزقناهم من الطيبات وفضلناهم على
كثير ممن خلقنا تفضيلا (اسرا, 70)
Мо
одамизодагонро гиромӣ доштем ва онҳоро дар хушкӣ ва дарё ҳамл кардем ва аз
рўзиҳои гуногуни покиза ба онҳо рўзӣ додем ва онҳоро бар бисёре аз махлухоте, ки
офаридем, бартарӣ бахшидем.
واذ اخـذ ربـك مـن بـنـى آدم من ظهورهم ذريتهم
واشهدهم على انفسهم الست بربكم قالوا بلى شهدنا ان تقولوا يوم القيامه انا كنا عن
هذا غافلين (اعراف , 172)
Ва (ба
хотир биёвар) замонеро, ки Парвардигорат аз пушту сулби фарзандони одам зуррияи
ўро баргирифт ва онҳоро бар худ гувоҳ сохт (ва фармуд): Оё ман Парвардигори шумо
нестам? Гуфтанў, оре гувоҳӣ медиҳем! (Чунин кард мабодо) Рўзи қиёмат бигўянд, ки
мо аз ин бехабар будем.
يا ايها الانسان انك كادح الى ربك كدحا فملاقيه (انشقاق , 6)
Эй инсон ту
бо шитобу ранҷ ба сўи Парвардигорат меравӣ ва ту Ўро мулоқот хоҳӣ кард.
فـاقـم وجـهك للدين حنيفا فطره اللّه التى فطر
الناس عليها لا تبديل لخلق اللّه ذلك الدين القيم ولكن اكثر الناس لا يعلمون (روم ,
30).
Пас рўи худро
мутаваҷ ҷеҳи дини
холиси Парвардигор кун! И н фитрате
аст, ки Худованд инсонҳоро б ар
он офарид. Дигаргунӣ
дар офариниши илоҳӣ
нест. Ин аст оини устувор, вале аксари мардум намедонанд.
Ва
дар миқдори нақши инсон дар фаро овардаҳои худ хулоса вор
фармудааст:
افرايتم ماتمنون اانتم تخلقونه ام نحن الخالقون
افرايتم ما تحرثون اانتم تزرعونه ام نحن الزارعون (واقعه , 58-64)
Оё аз нутфае,
ки дар раҳм мерезед огоҳед ?! Оё шумо онро (дар
даврони ҷанинӣ) офариниши (пай дар пай) медиҳед ва ё мо офаридгорем?! Оё дар
бораи он чӣ кишт мекунед, андешидед?! Оё шумо онро мерўёнед ё мо мерўёнем?!
وما رميت اذ رميت ولكن اللّه رمى (انفعال , 17)
Ту набудӣ
(Эй Паёмбар, ки хоку санг ба сўи онҳо) андохтӣ, балки Худо андохт.
وما تشاوون الا ان يشااللّه (انسان , 30)
Ва шумо ҳеҷ
чизро намехоҳед магар ин ки Худо бихоҳад.
واللّه خلقكم وما تعم ل ون (صافات ,
37 : 96)
Худост, ки шумо
ва он чиро (бутро), ки месозед (ва ситоиш мекунед) офарид.
اللّه خالق كل شى (زمر, 39 : 62)
Худо холиқи ҳамаи чиз
аст.
وما كان لنفس
ان
تؤْ من الا باذن
اللّه (يونس , 10 : 100)
Ҳеҷ касе наметавонад имон оварад магар бо изни
Худо.
وما هم بضارين به من احد الا باذن اللّه (بقره ,
2 : 102)
Ва
онҳо (соҳирон) наметавонанд ба касе зиён расонанд, магар бо изни Худо.
Дар боби
аҳкоми фаръия, ибодат, муомилот ва сиёсат сирфан ба баёни усули ташреъ басанда
шуда, шароит ва тафосили он ба суннат возузор гардидааст монанди:
واقيموا الصلاه وآتوا الزكاه واركعوا مع الراكعين
(بقره , 2 : 43)
Ва намозро
ба по доред ва закотро бипардозед ва ҳамроҳи рукўъкунандагон рукўъ кунед
(намозро бо ҷамоат бихонед).
اقـم الصلاه لدلوك الشمس الى غسق الليل وقرآن والفجر ان قرآن الفجر كان مشهودا
(اسرا, 17 : 78)
Намозро аз
заволи хуршед(ҳангоми зўҳр) то ниҳояти торикии шаб (нимаи шаб) ба по доред. Ва
ҳамчунин Қуръони фаҷр (намози субҳ)-ро чун, ки Қуръони фаҷр машҳуди (фариштагони
шабу рўз) аст.
واقـم الـصـلاه طـرفى النهار وزلفا من الليل ان الحسنات يذهبن السيئات ذلك ذكرى
للذاكرين (هود, 11 : 114)
Дар ду
тарафи рўз ва аввалҳои шаб, намозро ба по дор, чун ки ҳасанот гуноҳонро аз байн
мебаранд. Ин
ёдоварие аст барои касоне, ки аҳли тазаккуранд.
حافظوا على الصلوات والصلاه الوسطى وقوموا للّه قانتين (بقره , 2 : 238)
|