Қиссаҳои Қуръон

Улгуи ишқ ба Худо ва мубориза
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Иброҳими Халилур-Раҳмон

و تالله لاكيدن اصنامكم بعد ان تولوا مدبرين*فجعلهم جذاذ ا الا كبيرا لهم لعلهم اليه يرجعون .

“Ва ба Худо савганд нақшае барои нобудии бутҳоятон дар набуданатон ба кор мебарам. Саранҷом (бо истифода аз як фурсати муносиб) ҳамаи онҳо ба ғайр аз бутти  бузургашонро қитъа-қитъа кард, то ба суроғаш биёянд ва ў ҳақоиқро барояшон бозгў кунад.

Сураи Анбиё-57-58.
Шарҳи достон

Ҳазрати Иброҳим ало набийино ва олиҳи ва алайҳис-салом яке аз бузургтарин анбиёи илоҳӣ ва дуввумин паёмбари улул-азм мебошад. Достони зиндагии ҳазрати Иброҳим яке аз зеботарин достонҳои Қуръон аст, ки дар сураҳо ва оятҳои мухталифи Қуръон ба он ишора шудааст. Ва дар ин байн достони бутшикании ҳазрати Иброҳим алайҳис-салом , ки як ҳаракати шуҷоона ва дар роҳи Худо буд, ҳаяҷонангезтарин қисмати он мебошад. Ҳазрати Иброҳим алайҳис-салом аз ҳамон оғози навҷавони, ҳамеша бо амаки худ Озар дар бораи бутҳо ва бутпарастии ў ва дигар мардум гуфтугў мекард ва далелҳое бар ботил будани он меовард.

Қуръон дар идомаи достон мефармояд: Ин рушду рашодати Иброҳим онгоҳ зоҳир шуд, ки ба падараш (ишора ба амакаш Озар дорад, чун араб гоҳе ба амак низ “аб” мегўяд) ва қавми ў гуфт: Ин тимсоле, ки шумо ба он дилбастаед ва шабу рўз дар гирди он мечархед ва аз он даст намебардоред, чист?

Иброҳим бо ин таъбир бутҳоеро, ки дар назари онҳо фавқулода азамат дошт, таҳқиру паст нишон дод, чун бутҳоро ба тимсол ташбеҳ кард ва тимсол низ ба маънои акс ё муҷассамаи беруҳ аст ва мехост ба онҳо бигўяд, ки инҳо беруҳ ва ҳеҷкораанд ва танҳо муҷассамае беш нестанд.

Ин гуфтори Иброҳим алайҳис-салом дар ҳақиқат истидлоли равшане аст барои ботил кардани бутпарастӣ, чун он чӣ аз бутҳо мебинем ҳамин муҷассама ва тимсол аст, бақия хаёлу пиндор аст. Кадом инсони оқил ба худ иҷоза медиҳад, ки барои як мушт сангу чўб ин ҳама азамат ва эҳтирому қудрат қоил бошад? Чаро инсоне, ки худ шарифтарини махлуқот аст дар баробари чизе, ки худаш сохта ин гуна хузўъ ва хушўъ бикунад ва ҳалли мушкилоти худро аз онҳо бихоҳад?

Аммо амаки ў ва дигарон баъд аз ин, ки дар муқобили далелу бурҳони қавии ў ҷавобе намеёфтанд ба охирин ҳарба мутавассил мешуданд ва мегуфтанд: Ин коре аст, ки гузаштагони бобоёни мо анҷом медоданд. Дуруст аст, ки мо наметавонем далел биоварем, вале м усалламан онҳо донотар аз мо буданд ва ҳатман медонистанд ва мо ни з ба суннати некон ва аҷ доди худ вафодорем.

Аз онҷо, ки танҳо суннат ва равиши гузаштагонбудан, мушкилеро ҳал намекунад ва ҳеҷ далеле надорем, ки гузаштагон, оқилтар ва олимтар аз наслҳои баъд бошанд, пас бепоягии ин гуфторашон равшан мешавад.

Иброҳим низ билофосила ба онҳо посух гуфт: Ҳам шумо ва ҳам падаронатон қатъан дар гумроҳии ошкор будед. Ин таъбирот ва ҷавобҳои қотеи Иброҳим сабаб шуд, ки бутпарастон каме ба худ биёянд, ба ҳамин хотир рў ба Иброҳим карда гуфтанд: Оё ту баростӣ матлаби ҳақро овардаӣ ё шухӣ мекунӣ?

Иброҳим низ сареҳан ба онҳо гуфт: Он чӣ мегўям ҷиддӣ ва айни воқеият аст, ки Парвардигори шумо Парвардигори осмону замин аст. Ҳамон Худое, ки онҳоро офарид ва ман аз гувоҳони ин ақидаам. Иброҳим барои ин, ки собит кунад ин масъала сад фоиз ҷиддӣ аст ва ў бар сари ақидаи худ то ҳама ҷо истода ва натоиҷ ва лавозими онро ҳар ҷо бошад бо ҷону дил мепазирад изофа кард. Ба Худо савганд ман нақшае барои нобудии бутҳои шумо ба ҳангоме, ки худатон ҳозир набошед ва аз инҷо берун равед хоҳам кашид.

Ба ин тартиб ҳазрати Иброҳим ба онҳо фаҳмонд, ки саранҷом бутҳояшонро дар ҳам хоҳад шикаст ва нобуд хоҳад кард. Ба ҳар ҳол ҳазрати Иброҳим аз паи фурсати муносибе буд.

2- Исори мавло Амирал-мўъминин алайҳис-салом

ومن الناس من يشرى نفسه ابتغاء مرضات الله والله رءوف بالعباد.

Базе аз мардум ҷони худро дар баробари хушнудии Худо мефурушанд ва Худованд нисбат ба бандагонаш меҳрубон аст.

Сураи Бақара-207

Лайлатул мабит ба ақидаи аҳли суннат

Муфасири маъруфи аҳли суннат Саълабӣ магўяд: Ҳангоме, ки Паёмбари Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам тасмим гирифт муҳоҷират кунад барои адои қарзҳои худ ва баргардониданӣ амонатҳое, ки назди ў буд Алӣ алайҳис-салом - ро ба ҷои худ қарор дод ва шаб ҳангоме, ки мехост ба сўи ғори Савр биравад ва мушрикон атрофи хонаро барои ҳамла ба он ҳазрат муҳосира карда буданд аз Алӣ алайҳис-салом хост то дар бистари ишон бихобад ва порчаи сабзранге, ки махсуси худи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам буд рўи худ пўшид. Дар ин ҳангом Худованд ба Ҷабраил ва Микоил ваҳй фиристод, ки ман байни шумо бародарӣ эҷод кардам ва умри яке аз шуморо тўлонитар қарор додам, кадом як аз шумо ҳозир аст аз нафси худ бигзарад ва исор кунад ва зиндагии дигариро бар худ муқадам дорад? Ҳеҷ кадом ҳозир нашуданд. Ба онҳо ваҳй шуд акнун Алӣ алайҳис-салом дар бистари Паёмбари ман хобида ва омода шуда, то ҷони худро фидои ў кунад ба замин биравед ва ҳофизу нигаҳбони ў бошед.

Ҳангоме, ки Ҷабраил болои сар ва Микоил поёни пои Алӣ алайҳис-салом нишаста буданд Ҷабраил мегуфт: Баҳ-баҳ! Офарин бар ту эй Алӣ Худованд ба воситаи ту бар фариштагон мубоҳот мекунад. Дар ин ҳангом оёте, ки дар боло зикр кардем, нозил гардид ва ба ҳамин далел он шаби торик ба номи лайлатул мабит номида шудааст.

Ҳамон гуна, ки Ибни Абилҳадид дар шарҳи Наҳҷ-ул-балоға ҷ.3.с.270 зикр кардааст, Абўҷаъфари Аскофӣ мегўяд: достони хобидани Алӣ алайҳис-салом дар бистари Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба тавотур собит шудааст ва ғайр аз касоне, ки мусулмон нестанд ва афроди сабукмағзанд, касе онро инкор намекунанд.

Ва аммо асли достон

Дар соли 13-и беъсат сарони куфр, ки дар Макка буданд ба шиддат аз ноҳияи мусулмонон эҳсоси хатар мекарданд ба ин далел, ки  Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар шаҳри Мадина пойгоҳи нисбатан қавӣ ва муносибе пайдо карда буд ва онҳо қабул карда буданд, ки аз ҷони Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам муҳофизат кунанд. Ба ҳамин хотир ҷаласаи машваратии сарони Қурайш дар дорунадва (ки маҳалли шурои машваратии куффор буд) ташкил шуд, мавзўи ҷаласа ҳам чагунагии аз миён бардоштан ва куштани Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам буд. Ибтидо шахсе  пешниҳод дод, ки яке довталаб шавад ва Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам -ро бикушад ва агар Бани Ҳошим ҳам қасди кашмакаш ва низоъ доштанд хунбаҳояшро мепардозем. Пирамарди ношиносе дар он ҷаласа буд, ки худро Наҷдӣ муаррифӣ мекард, ин назарро рад кард ва гуфт: Ҳаргиз Бани Ҳошим ба хунбаҳо розӣ намешаванд ва шахси қотил ва номашро ҷуё хоҳанд шуд. Пас агар касе мехоҳад ин корро бикунад аввал, бояд худ даст аз зиндагӣ бишўяд, ки дар миёни шумо чунин касе вуҷуд надорад. Дигарӣ, ки номаш Абўлбахтарӣ буд гуфт: Ўро зиндонӣ карда пеши нашри афкорашро бигирем. Боз ҳам пирамарди Наҷдӣ мухолифат кард. Шахси севвум пешниҳод дод, ки ўро бар шутури чамушу саркаш бубандем ва дар биёбонҳо раҳояш кунем, то аз гуруснагӣ ва ташнагӣ аз байн равад ва агар ҳам зинда бимонад ва дар қабилаи дигаре фуруд ояд, бо гуфтани суханонаш бар зидди бутҳо, онҳо низ ўро хоҳанд кўшт. Боз ҳам пирамарди Наҷдӣ бо онҳо мухолифат кард.

Буҳту хомўшӣ бар ҷаласа ҳукмфармо буд, ки ногаҳон Абўҷаҳл (ва бинобра қавле, худи пирамарди Наҷдӣ) гуфт: Беҳтар аст аз ҳар қабилае шахсеро барои куштани ў интихоб кунем ва онҳо шабона ва ба сурати пушида, ҷамъе бар ў ҳуҷум оварданд ва ўро қитъа-қитъа кунанд, то хуни ў дар миёни тамоми қабоил пахш гардад дар ин сурат, дигар Бани Ҳошим қудрати набард бо тамоми қабилаҳоро нахоҳад дошт. И н фикрро ҳама писандиданд ва ба и т тифоқ и оро қабул карданд.