Улуми қуръонӣ

Пешинаи улуми қуръонӣ

Баҳс дар бораи Қуръон ва шинохти масъалаҳои гуногуни он, аз ҳамон даврони нахуст матраҳ буда ва ҳамеша дар тўли таърих бузургон ва донишпажуҳон дар ин замина ба баҳсу гуфтугў нишаста ва осори нафис ва гаронбаҳое аз худ баёдгор гузоштаанд ва ин мутолиот ҳамеша идома дошта ва дорад.

Бар пояи мадорики мавҷуд, аввалин касе, ки дар бораи Қуръон ба баҳс нишаст ва гуфтугўро оғоз кард, Яҳё ибни Яъмар шогирди обрўманди Абўласвади Дуалӣ мутаваффои соли-89 буд. Ў китобе дар фанни қироати Қуръон дар рустои восит навишт, ки шомили қироатҳои гуногуни он замон мебошад. Сипас Ҳасани Басрӣ мутаваффои соли 110 китобе дар шумори оятҳои Қуръон навишт. Нависандагон ва осори мавҷуд дар ин бора ба тартиби зуҳур, иборатанд аз: Абдуллоҳ ибни Омир Яҳсубӣ мутаваффои соли-118 рисолаи дар ихтилофи мусҳафҳои усмонӣ ва низ рисолаи дигаре дар вақф ва васл дар Қуръон навиштааст ва Шайба ибни Насоҳи маданӣ мутаваффои соли-130 китоби “Ал-Вуқуф”-ро навишт. Абон ибни Тағлиб мутаваффои соли 141 аввалин касе аст, ки пас аз Яҳё ибни Яъмар дар фанни қироат китоб навишт. Муҳаммад ибни Соиби Калабӣ мутаваффои соли-146 аввал касе аст, ки дар бораи Аҳкомул Қуръон китоб навишт. М ақотил ибни Сулаймон мутаваффои соли 150 аввалин нависандае аст, ки дар бораи оёти муташобиҳот китоб навишт.

Яҳё ибни Зиёди фарроь мутаваффои соли-207 китоби  “Маонӣ-ул-Қуръон”-ро дар се ҷилд навишт. Ин нависанда ҳам чунин китоби “Ихтилофи аҳли Кўфа ва Басра ва Шом дар масоҳиб” ва китоби “Ҷамъ ва тасния дар Қуръон”-ро ба таҳрир даровард. Муҳаммад ибни Умари Воқидӣ мутаваффои соли-207 китоби “Рағиб” дар улуми қуръонӣ ва “Ғалати риҷол”-ро навишт. Абўлубайд Муаммар ибни Маснӣ мутаваффои соли-209  китоби “Эъҷоз-ул-Қуръон”-ро дар ду ҷилд ва “Маъонӣ-ул-Қуръон”-ро навишт. Ў аввал касе аст, ки дар эъҷози Қуръон китоб навиштааст. Абўубайда Қосим ибни Салом мутаваффои соли-224 китобҳои фаровоне дар улуми қуръонӣ навишта ва ў аввал касе аст, ки дар ин замина ба гунаи густарда китоб навиштааст. Аз ҷумла китобҳои ў “Фазоил-ул-Қуръон” “Ал-Мақсурул мамдуд” дар фанни қироат  “Ғариб-ул-Қуръон” ва “Носих ва мансух” ва “Эъҷоз-ул-Қуръон” ва...ро метавон ном бурд ва Алӣ ибни Мадинӣ мутаваффои соли 234 дар “Асбобӣ нузул” китоби навишт. Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Исои Ашъарии қумӣ мутаваффои соли-264 ҳазор байт (алғия) дар “Ғариб-ул алфоз-ул-Қуръон” суруд.  Абўабдуллоҳ Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Сайёр мутаваффои соли 268 “Савоб-ул-Қуръон” ва “Китоб-ул-Қироа”-ро таълиф кард. Абўмуҳаммад Абдуллоҳ ибни Муслим ибни Қания мутаваффои соли 276 китобҳои: “Таъвили мушкили Қуръон” ва “Тафсири ғабирул Қуръон” ва “Эъроб-ул-Қуръон ва “Қироот”-ро навишт.