Қуръон мўъҷизаи ҷовидон

Бисмиллаҳир роҳманир раҳим

Пешгуфтор

Зарурати муррифии мактаб (идеология)

Замоне, ки мо дар он зиндагӣ мекунем, замони бархурди андешаҳост. Андешмандон ва мутафаккирони ҷаҳон бо истифода аз василаҳои нашр, ақоид ва назарҳои худро дар ихтиёри ҳамагон қарор дода, мардумро ба тафаккур ва андеша дар бораи назарияҳои худ даъват мекунанд.

Ҷомеаи исломӣ бо пайравӣ аз даъвати илоҳӣ

ادع الى سبيل ربك بالحكمة

бояд  дар чунин замоне мактаби худро ба гунаи шоиста дар ихтиёри ҳамагон қарор диҳад ва аз ин роҳ вазифаи худро дар баробари он анҷом диҳад.

Аз ин ҷиҳат муддатҳо пеш нигоранда як давра ақоиди исломӣ ба сурати истидлол ва дар сатҳи олӣ танзим ва мунташир намуд, ки ба лутфи Худо мавриди истиқболи хонандагон қарор гирифт ва чун гурўҳе аз алоқамандон дархост кардаанд, ки онро ба сурати хулоса ва фишурда низ дар ихтиёри ҳамагон қарор диҳем, бинобар ин аз донишманди муаззам ҷаноб Ризо Устодӣ, ки аз мударрисини ҳавзаи илмияи Қум ва хидматгузори ҷомеаи рўҳоният аст, дархост шуд, ки заҳмати хулосакардани ин баҳсҳоро бипазиранд. Ишон низ ин корро ба сурати шоистае анҷом доданд ва ин баҳсҳоро дар шаш бахш ба тартиби зер танзим намуданд:

1-Худо ва низоми офариниш

2-Худо ва сифатҳои ҷамол ва ҷалол

3-Худо ва паёмбарони осмонӣ

4- Худо ва Паёмбари Ислом

5-Худо ва низоми имомат

6-Худо ва қиёмат, инсон ва ҷаҳон

Ҳар яке аз ин шаш бахш шомили бист дарс аст. Ин ки чаҳорумин бахши он ба номи “Худо ва Паёмбари Ислом” мунташир мегардад, умед аст мавриди истифодаи алоқамандон ва пажўҳишгарон дар ақоиди исломӣ қарор гирад.

Дарси аввал

Даъвати ҷадид ва дини нав

Чаҳордаҳ аср пеш ҳангоме ки торикиҳои ширк ва бутпарастӣ ва ҳукумати худоёни сохтагӣ, саросари оламро фаро гирифта буд ва ҷомеаи Рум ва Эрон аз зулмҳои табъизии норавои ду импературии бузург, ба сутўҳ омада буданд ва табақаи заҳматкаш ва кишоварз зери фишори дардноки табақаи ҳоким дасту по мезаданд ва сояи шуми ноумедӣ, миллатҳои ҷаҳонро тираву тор сохта буд. Мардони ислоҳталаб аз ҳар гуна ба вуҷуд овардани дигаргунӣ ва ислоҳе ноумед шуда буданд ва миллатҳои ҷаҳон дар интизори дигаргунӣ ва инфиҷори амиқ ва асосие ба сар мебурданд.

Дар ин шароит дар як сарзамине, ки қобили кишту кор нест  لم يزرع ва аз як нуқтаи дур афтода аз тамаддун, аз миёни як миллати ба тамоми маъно ақиб афтода ва аз як хонадони шариф, марде бархост ва худро раҳбари миллатҳои ҷаҳон, поракунандаи занҷирҳои асирӣ, саркўбкунандаи ҳар гуна бутпарастӣ ва табъизҳои нораво, ҳимояткунандаи мазлумону афтодагон, хостори адлу дод, тарафдори илму дониш ва.... хонд ва асоси дигаргунӣ ва даъвати худро фармонҳои илоҳӣ ва ваҳйи осмонӣ муаррифӣ намуд ва худро охирини паёмбарон ва дини худро охирини динҳо донист.

Ў дар дигаргунӣ ва инқилоби ҳамаҷонибаи худ ончунон пирўз гардид, ки дар муддати кўтоҳе доманаи инқилоби вай шарқу ғарбро фаро гирифт ва ҷаҳони мутамаддинро зери пўшиши дини худ даровард ва миллатеро тарбият кард, ки тамаддунҳои меросӣ ва ба ирс мондаи Эрон ва Юнонро ба тамаддуне, ки Ислом онро  поягузорӣ намуд ба ҳам омехт ва тамаддуни асил ва решадор дар айни ҳол инсоние, ки дар он ҳамаи ҷанбаҳои моддӣ ва маънавии башар риоят шуда буд, ба вуҷуд овард. Аз ин роҳ башарият ва ҷомеаи инсониро аз суқут ва пошидагӣ наҷот бахшид. Ў дар соли 610-мелодӣ барои наҷоти инсонҳо фиристода шуд ва дар нахустин ваҳйи осмонӣ  Худои ҷаҳон ўро бо фармони зер хитоб намуд ва фармуд:

اقرأ باسم ربک الذي خلق خلق الإنسان من علق اقرأ وربک الأكرم الذي علم بالقلم علم الإنسان ما لم يعلم.

“Бихон ба номи парвардигорат ки ҷаҳонро офарид ва инсонро аз хуни бастае халқ намуд. Бихон ба номи Худои гиромият, ки ба василаи қалам бар башар он чиро ки намедонист таълим дод”. [1]

Ин оятҳое ки тулўи оғози ваҳй ва нахустин оятҳое аст, ки бар қалби ў нозил гардид, монанди суханони ифтитоҳии  раҳбарон ва зимомдорони ҷаҳон аст, ки дар он роҳҳои куллии сиёсати онҳо мушаххас мегардад. Аз ин сабаб метавон гуфт, ки дар ин оятҳо ҳадафҳои куллии Ислом ва мақсаде, ки Паёмбари гиромӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам барои он фиристода шудааст мушаххас гардида ва ошкоро мерасонад, ки ҳадафи ниҳоӣ аз беъсати ў таълими инсонҳо ва раҳбарии онон ба сўи Худо аз роҳи ваҳйи осмонисту бас.

Бинобар ин раҳбарии вай монанди паёмбарони гузашта аз роҳи дастурҳои осмонӣ сурат хоҳад пазирифт ва монанди паёмбарони улул-азм (паёмбароине, ки соҳиби китоб буданд) дорои китобе хоҳад буд, ки асосу усул ва куллиёти дин дар он нишон дода хоҳад шуд.

Мушаххасоти дини Ислом ва дигар динҳо

Фарқе ки миёни Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва дигар шахсиятҳои осмонӣ вуҷуд дорад, ин аст, ки рисолати онон аз ҷиҳатҳое ва ё ҷиҳате, маҳдуд буд ва пайваста ва ҷовидонӣ набуд. Масалан онон барои уммат ва гурўҳи хоссе мабъус ва барангехта шуда буданд ва агар ҳам рисолати онон аз ин назар маҳдуд набуд, вале муддату замони рисолати онҳо комилан маҳдуд ва муваққат буд ва ҳаргиз онон муддаии рисолати ҷовидона ва набуввати абадӣ набуданд.

Гузашта аз ин  мўъҷизаи онон китоби осмонии онҳо набуд. Китобҳои онон фақат манбаи илҳомбахши дастурҳои Худо ба шумор мерафт. Аммо ин Паёмбари хотам на танҳо дини худро ҷовидони ва рисолати худро барои ҳамаи башар дар тамоми замонҳо нофиз ва лозим бар итоату пайравӣ донист, балки китоби осмонии ў бузургтарин санад ва далели набувват ва мадраки рисолати ҷовидонии вай ба шумор меравад.

Аз назари оварандаи ин дин, боз фарқи дигаре миёни ў ва дигар раҳбарони осмонӣ аст, ки вай зиндагии башарро аз ҷиҳоти моддӣ ва маънавӣ мавриди мутолиа қарор додааст ва ўро аз ҳар гуна ташреъ ва қонунгузорӣ дар заминаҳои сиёсат,  ахлоқ, иқтисод, усули иҷтимоӣ ва қазоӣ ва он чи башар дар зиндагии ҷисмӣ ва рўҳии худ ба он ниёз дорад аз роҳи китоби осмонӣ ва фармонҳои илоҳии худ бениёз сохтааст. Дар сурате, ки  як чунин ҷомеият аз назари моддӣ ва маънавӣ дар динҳои дигар мушоҳида намешавад.

Аз назари нуфуз ва густариши дини Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар миёни ҷомеаи мухталиф, ҳамин андоза кофист, ки яке аз бузургтарин динҳои рўи замин аст ва беш аз ҳаштсад миллион пайрав дорад ва ҳам акнун беш аз чиҳил ҳукумат ба номи ў ва дини ў ташкили ҳукумат дода ва бар бахши бузурге аз ҷаҳон ҳукумат мекунанд.

Оё дар ин сурат вазифаи як шахси мунсифе, ки пайвастаи ба ҳақиқат ва ҳақиқатхоҳ аст, ин нест, ки дар бораи ин дин ва оварандаи он, ба васеътарин таҳқиқ даст бизанад ва агар пайрави ин дин аст, пайравияш ҳамроҳ бо далелу мантиқ бошад. Ин ҳамон матлабе аст, ки мо дар баҳсҳои худ аз паи он ҳастем ва бо баррасӣ ва пайгирии хоссе аз роҳҳои гуногун дар ин бора ба баҳсу таҳқиқ мепардозем. Бо ин ки худ мусалмон ҳастем ва ифтихори пайравии ин динро дорем, аммо лозим медонем дар ин баҳсҳо аз усули илмии мусаллами рўз пайравӣ намоем ва қадам аз марзи ҳақиқат фаротар нагузорем.

Роҳи шиносоии паёмбарон

1-Нахустин роҳ барои шинохтани паёмбарони воқеӣ аз муддаиёни дуруғгў, ҳамон мўъҷиза ва умури хориқулоддаи паёмбар аст. Мўъҷиза аз ин ҷиҳат гоҳе барои исботи рост будани иддаои шахси муддаи аст, ки додани қудрат барои анҷоми корҳои хориқулодда ки аз тавоноии башар берун аст. ва касе ки ба дурўғ иддаои паёмбарӣ мекунад, муҷиби гумроҳии мардум аст ва бо ҳадафи Худованди ҷаҳон, ки ҳамон ҳидоят ва саъодати мардум аст созкор нест. Дар ин сурат, вуҷуди чунин қудрати хориқулодда, гувоҳ бар ростгўии паёмбар хоҳад буд.

2-Роҳи дигар ин аст, ки паёмбари пешин, ки набуввати ў бо далоили қатъӣ собит шудааст, бар набуввати паёмбари баъдӣ хабар диҳад ва ин хабари паёмбари қаблӣ бояд аз назари санад ва далолат он чунон қатъӣ ва сареҳ бошад, ки барои инсонҳои ҳақиқатҷў боиси яқин гардад.

3-Гирдоварии қаринаҳо ва шавоҳид.

Имрўз яке аз далоили қатъӣ дар маҳокими расмӣ, гирдоварии қаринаҳо ва шавоҳид аст, ки метавонад аз рўи моҷаро парда бардорад ва ҳақиқатро кашф кунад. Ва дар бораи устувории дини Ислом метавон аз ин роҳ низ истифода намуд ва қаринаҳо ва шавоҳиде дар зиндагӣ ва муҳитҳои даъват ва муҳити зист ва парвариш ёфтагони ў ба даст оварад ва аз ин роҳ, рост будани даъвати ўро ба воситаи қаринаҳои қатъӣ собит ва рашан намуд. Мо дар ин китоб набуввати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро аз нахустин роҳ пайгири мекунем. Ва баҳс дар ду роҳи дигарро ба китобҳои дигар вогузор менамоем.

************


Дарси дуввум

Қуръон мўъҷизаи ҷовидонии Паёмбар

Бар хилофи андешаи баъзе аз масеҳиён ва гурўҳе аз ғарбзадаҳои ҷомеаи исломӣ, ки истиқлоли фикрии худро дар баробари мактабҳои навзуҳури ғарбӣ аз даст додаанд, Паёмбари гиромии Ислом илова бар Қуръон, мўъҷизаҳои дигаре дошт  ва монанди паёмбарони гузашта ба корҳои шигифтангезе, ки наметавон онҳоро бо мавозин ва қонунҳои табиӣ тавҷеҳ кард, даст мезад.

Ин мавзўъро илова бар ин ки бархе аз оёти Қуръон таъид мекунад аз ду роҳи дигар низ метавон собит намуд.

1-Аҳодиси исломӣ, ки муҳаддисони бузург дар тамоми замону асрҳо онҳоро нақл намуда ва дар китобҳои ҳадис забт кардаанд ва теъдоду шумораи ин ҳадисҳо он чунон нест, ки битавон онҳоро ба баҳонаи ин ки қатъӣ нест рад кард, чун шумораи ровиёни ҳадис ба андозае аст, ки наметавон гуфт ин гурўҳ дар замони Паёмбари гиромӣ ва пас аз он барои сохтани ин ҳадисҳо ҳамоҳангӣ кардаанд ва ба соҳати Паёмбари гиромии Ислом дурўғ бастаанд.

2- Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам барои паёмбарони гузашта, мўъҷизотеро исбот намуда ва дар Қуръон аз онҳо ёд намудааст. Оё мумкин аст паёмбаре, ки худ ба чунин фазилати бузург барои онон эътироф мекунад ва худро хатмкунандаи паёмбарон ва бартарини онон медонад, дар мақоми дархост мўъҷизае монанди мўъҷизаҳои онон, изҳори аҷзу нотавонӣ кунад ва бигўяд, ки ман ҷуз Қуръон чизе надорам.

Оё мумкин аст табибе, ки худро саромади табибони замон дар риштае ва ё риштаҳо муаррифӣ кунад, вале дар муолиҷаи бемороне, ки марбут ба риштаи тахассусии худаш ҳастанд, изҳори нотавонӣ кунад.  Дар сурате, ки  дигар табибоне, ки дар дониш ва биниш ба пояи ў намерасанд қодир ба муолиҷаи он бошанд. Аз ин ҷиҳат бояд гуфт, ки Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам илова бар Қуръон дорои мўъҷизоти дигаре буда, ки ҳадис ва таърих аксари онҳоро забт намудааст.

Афсона ба ҷои мўъҷиза

Ҷои гуфтугў нест, ки имрўз баъзе аз ҷавонон аз шунидани лафзи “мўъҷиза” ваҳшат мекунанд ва мўъҷиза дар назари онон дар қатори афсонаҳо ва пиндорҳо қарор гирифтааст. Албатта ин матлаб сабабе дорад, ки яке аз онҳоро ки бо баҳсҳои мо робитаи мустақим дорад, ёдовар мешавем.

Иттилооти динии гурўҳе аз мардум махсус ба чизе аст, ки аз падарон ва модарон ва ё дарвешҳои маъракагир ва ё достонсароёни ноогоҳ ва бехабар шунидаанд. Ногуфта пайдост, ки ҳар гуна иттилооти динӣ дар бораи пешвоён, аз чунин инсонҳои ноогоҳ ва бехабар сарчашма мегирад, ҷуз як мушт афсонаҳои кўҳна ва афсонаҳои рўъёӣ чизи дигаре нахоҳад буд. Пахш кардани чунин афсонаҳои дурўғине, ки ҳаргиз бо баррасии ақлӣ ва шаръӣ созгорӣ намекунад, ҷуз ин натиҷае нахоҳад дошт, ки мўъҷизоти саҳеҳ ва ҳақиқии авлиёи дин, фидо ва қурбонии ин гуна хаёлбофиҳо гардад. Дар ин ҷо бад нест, ки як намуна аз ин хиёлбофиҳоро ёдовар шавем.

Шаққ-ул-қамар (ду ним кардани моҳ) аз мўъҷизаҳои ростини Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст ва Қуръони маҷид бо сароҳати хоссе онро нақл мекунад ва аз назари илмҳои имрўз кўчактарин мушкиле надорад. Вале гурўҳе барои ин мўъҷиза, туҳматеро изофа кардаанд, ки чеҳраи воқеии онро бо ин туҳмати ботил, пушондаанд. Он ҷо, ки мегўянд: Моҳ ду ним шуд ва рўи замин фуруд омад ва ҳар ду ними он аз остинҳои Паёмбар берун омада бори дигар ба сўи осмон рафтанд ва дар он ҷо ба ҳам пайвастанд.

Ҳангоме ки чунин андешаи ботил ба як ҳақиқати ростин изофа шавад, дар зеҳни як ҷавони соддалавҳ, ки асли пазируфтани мўъҷизаҳои ростин барои ў холӣ аз мушкил нест, чӣ асари баде хоҳад гузошт.

Ин намунаро барои ин ёдовар шудем, ки аз ин ба баъд дар нақли мўъҷизаҳои Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва пешвоёни бузурги Ислом роҳи эҳтиётро дар пеш бигирем ва то мавзўеро дар китоби саҳеҳе набинем ва ё саҳеҳ будани онро донишмандони бузург тасдиқ накунанд аз нақли онҳо худдорӣ намоем ва тасаввур накунем, ки бозгўии ин гуна матлабҳо мақому шахсияти ононро дар ҷомеа боло мебарад. Балки зиёни ин гуна афсонаҳо ва латмае, ки бар мақому шихсияти онон дар назари ҷавонон ворид мекунад беш аз фоидаҳои зудгузари онҳо аст.

Чаро Паёмбари Ислом бо Қуръон муборизталабӣ намуданд

Бо ин ки Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам мўъҷизаҳое ғайр аз Қуръон низ дошт, аммо бештар рўи Қуръон такя мекард ва дар исботи набуввати худ ба он истинод меҷуст ва пайваста мухолифонро ба мубориза ва овардани китобе мисли Қуръон даъват мекард. Ва акнун мўъҷизаи ҷовидонии Ислом ҳамон Қуръон аст, ки марзҳои замону маконро дарҳам шикаста ва монанди машъали фурўзон бар торикии асрҳову замонҳо медурахшад ва дар ҳар асру замоне санадест зинда ва оятест дурахшон ва далелест гўё бар осмонӣ будани дини Ислом.

Посухи як савол: Мумкин аст савол шавад, ки чаро Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар миёни мўъҷизаҳои худ рўи Қуръон такя мекард ва чаро ин мўъҷиза дар миёни мўъҷизаҳои ў дурахшандагии хоссе дорад. Ва ба иборати дигар чӣ хусусияте дар замони Паёмбар Акрам ва дар дар дини он ҳазрат вуҷуд дошт, ки аввалин рўзе, ки баргузида шуд, Худои Мутаол ўро бо ин мўъҷиза муҷаҳҳаз сохт? Ин саволе аст, ки бояд ба он ҷавоби қотеъ ва равшан дод.

Мўъҷиза бояд ҳамоҳанг бо фанни роиҷи замон бошад

Ҷавоби саволи худро бояд дар авзоъ ва шароити паёмбарон ва оварандагони мўъҷизаҳо ҷустуҷў кард. Чун шароити муҳити ҳар паёмбаре металабад, ки бо мўъҷизаи махсусе муҷаҳҳаз ва неруманд гардад ва дар саҳнаи мубориза бо равиши махсусе вориди кор шавад. Тавзеҳ ин ки шиносоии мўъҷиза аз он касоне аст, ки мўъҷизаи муддаии набувват бо фан ва раштаи тахассусии онон дар зоҳир робита дошта бошад, чун донишмандони ҳар фан ба хусусиёту рамзҳо ва резакориҳои он, иҳотаи комил ва ошноии саҳеҳ доранд ва бар асари ин ташхис, аз дигарон зудтар имон оварда ва бар тасдиқи муддаии набувват бармехезанд.

Вале дарҳои шак ва тардид доим ба рўи инсонҳои ғайри ворид боз аст. Онҳо то вақте ки ба усули фанне, ки мўъҷиза бо он монандӣ дорад мусаллат набошанд, ҳаргиз наметавонанд мустақиман ҳақро аз ботил, мўъҷизаро аз сеҳру ҷоду ва санъатро аз мўъҷиза ҷудо созанду фарқ гузоранд.

Дар замони ҳазрати Мўсо алайҳис-салом ҷодугарӣ ба авҷи қудрат расида буд. Ва ҷодугар дар миёни мисриён фаровон буд, аз ин сабаб Худованди Мутаол набуввати ҳазрати Мўсоро бо Асо ва Яди Байзо ҳамроҳ сохт то ҷодугарон, ки ба ҳудуд ва хусусиёти ҷоду ва фарқи он бо мўъҷиза беш аз дигарон огоҳӣ доштанд, дар ин бора биандешанд ва доварӣ кунанд, ки мўъҷизаҳои нўҳгонаи Мўсо аз ҳадду маҳдудаи ҷоду берун буда ва дар дараҷае аст, ки аз марзи қудрату неруи башарӣ хориҷ мебошад. Ва агар тамоми мутахассисони фанни ҷоду донишу биниши худро рўи ҳам гирд оваранд, наметавонанд ба муборизаи он бархезанд. Бинобар ин бурҳони набуввати Мўсо аз навъи ҷоду намебошад ва ҳақиқате ғайр аз ҷоду дорад. Аз ин ҷиҳат ҷодугарон бидуни ин ки аз хашму ғазаби Фиръавн битарсанд, имони худро ба паёмбарии ҳазрати Мўсо алайҳис-салом эълон карданд.

Дар замони ҳазрати Исо тибби Юнонӣ ривоҷ дошт ва табибони замони вай дар кишвари Юнон ва мустаъмароти он монанди Сурия ва Фаластин табобатҳои шигифтангезе анҷом медоданд. Аз ин ҷиҳат ирода ва хости ҳакимонаи Худованди Мутаол бар ин тааллуқ гирифт, ки далели паёмбарии ҳазрати Исоро чизе қарор диҳад, ки аз назари зоҳир монанди фанни ривоҷёфтаи он замон бошад. Ба ҳамин сабаб рисолату даъвати ўро бо корҳои шигифтангезе монанди шифо додани бемороне, ки илоҷи онҳо сахт ва мушкил аст ҳамроҳ сохт, ки донишмандон ва мутахассисони фанни тибби он замон ҳукм ва қазоват кунанд, ки корҳои ў аз ҳудуди тавоноии башар берун аст ва робитае бо фанни тиб надорад, балки ў дар ин кор аз неруи мофавқи табиат кўмак мегирад.

Фанни роиҷ дар нимҷазираи Арабистон

Араби ҷоҳилият дар фанни фасоҳат ва балоғат дар иншои хутбаҳои фасеҳ ва балиғ ва сурудани шеърҳои равон ва ширин, бар миллатҳои дигар бартарӣ дошт. Дар фанҳои адаб ба олитарин дараҷа расида буд ва барои мусобиқа дар фанни шеър ва хитоба муҳофиле тартиб медоданд ва ҳар сол гўяндагон ва шоирони онон дар бозорҳои муайян барои эроди сухан ва шеъри фасеҳ ва балиғ гирди ҳам ҷамъ  мешуданд ва барандагони мусобиқа аз тарафи ҷомеаи араб мавриди тақдир ва ташвиқ қарор мегирифтанд.

Инояти онон, ба мавзўи шеъри фасеҳ ва балиғ ба ҳадде расида буд, ки аз миёни шеърҳои даврони ҷоҳилият ҳафт қасидаро аз беҳтарин шеърҳои араб интихоб намуда ва онҳоро бо оби тилло рўи порчаи катони навишта ва ба девори Каъба овехта буданд.

Яке аз ин мусобиқот дар маросими ҳаҷ дар бозори Укоз анҷом мегирифт ва ягона довари мусобиқа нобиға Зебёнӣ буд, ки барои ў хаймаи сурхранге аз чарм мезаданд ва шоирони араб аз минтақаҳои мухталифи Арабистон дар он ҷо ҷамъ мешуданд ва шеърҳоеро, ки дар тўли сол суруда буданд  дар ҳузури ў ва гурўҳе аз мардум мехонданд.

Аз ин ҷиҳат хости ҳакимонаи илоҳӣ бар ин тааллуқ гирифт, ки паёмбари худро бо силоҳе муҷаҳҳаз созад, ки онон худро дар он мавзўъ саромади рўзгор медонистанд то дар партави фикр дар балоғати Қуръон, ширинии баён ва ҷозибаву кашиши оёти Худо, иқрор намоянд, ки ин гуна сухан гуфтан аз ҳудуди тавоноии башар берун буда ва имкони чунин сухан гуфтан ҷуз бо кўмаки неруи ғайбӣ, барои касе муяссар нест.

Посухе, ки дар ин ҷо оварда шуд машруҳи гуфтори Имом Ҳодӣ алайҳис-салом аст дар ҷавоби саволи донишманди барҷастае ба номи Ибни Сиккит, ки пешвои луғат ва адаби араб дар замони худ буд.

Инак матни саволву ҷавоб

Чаро Худованд Мусо ибни Имронро бо Асо ва Яди Байзо ва корҳое, ки монанди амалҳои хориқулоддаи соҳирон буд барангехт ва ҳазрати Исоро бо табобат ва шифои беморон ва ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро бо калом ва сухани хориқулодда ба сўи мардум фиристод?

Имом дар ҷавоби ў чунин фармуданд: Ҳангоме ки Худованд ҳазрати Мусоро ба рисолат барангехт фанни ровоҷёфта дар замони ў сеҳр буд. Ў аз тарафи Худои Мутаол мўъҷизаҳое монанди фанни роиҷи он замон овард, ки муқобила бо он дар он замон барои касе мумкин набуд. Ва бо мўъҷизаҳои худ сеҳрҳои соҳиронро ботил сохт ва ҳуҷҷатро бар онон тамом кард.

Вақте ҳазрати Исо барои ҳидояти мардум аз ҷониби Худои Мутаол мабъус гардид, табобат ва илми тиб равнақи ба сазое дошт. Ў аз ноҳияи Худованд бо мўъҷизаҳое монанди фанни роиҷи замони худ барангехта шуд, ки касеро муқобила бо он мумкин набуд. Ў бо зинда кардани мурдагон ва бахшидани шифо ба нобиноёну беморони мубтало ба песӣ, ҳуҷҷатро бар миллати он замон тамом намуд.

Вақте ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аз тарафи Худо мабъус гардид суханронӣ ва иншои каломи фасеҳ ва балиғ, фанни ривоҷёфтаи замони ў буд. Ў аз ҷониби Худои Мутаол барои онон насиҳатҳо ва ҳукм ва мавъиза овард, ки муқобила бо он дар имкони мардуми он замон набуд. Мавъизаҳову насиҳатҳои худро дар қолиби каломи фасеҳ ва балиғ рехт ва ҳуҷҷатро ба василаи бартарӣ ва имконнадоштани овардани каломе мисли он, бар онон тамом намуд ва қавли ононро ботил сохт.[2]


[1] Сураи Алақ оятҳои 1-5

1-Усули кофӣ ҷ.1.с.24-25. Ибни Сиккит аз устувонаи адаб дар замони Мутаваккили Аббосӣ ва муаллифи китоби “Ислоҳ-ул мантиқ” мебошад. Вай бар асари барҷастагие, ки дар адаби арабӣ дошт аз тарафи халифа барои тадрис ва таълиму тарбияти “Мўътаз ва Муайяд” писарони Мутаваккил интихоб шуда буд. Рўзе Мутаваккил вақти дарс ворид шуд ва аз устод пурсид, ки фарзандони маро бештар дўст дорӣ ё Ҳасану Ҳусайнро? Вай дар посух гуфт: Ман Қанбар ғуломи Алиро бо худи ту ва писаронат иваз намекунам! Ва боз пурсид: Ману писаронам назди ту беҳтар ҳастем ё Алӣ ва Ҳасану Ҳусайн? Вай дар ҷавоб гуфт: Қанбар хидматгузори Алӣ аз ту ва писаронат беҳтар аст. Мутаваккил дастур дод, ки забони ўро аз қафо берун оваранд, сипас бо дастури Мутаваккил

ғуломонаш ўро зери по андохтанд ва лагадмолаш карданд ва фардои он рўз панҷуми Раҷаби соли 243 ў аз дунё даргузашт ва вафот кард.