Нигоҳе ба вазоифи ихтисосии зану шавҳар дар шаръи муқаддаси Ислом

Ба қалами М.Ҷавҳаризода

Дар манобеи исломӣ, ҳуқуқ ва вазоифи зану шавҳар ба таври муфассал зикр гардида, ки бо диққат ба баёни резтарин масоил дар ин мавзӯъ пардохта ва дар пайи ҳидоят ва роҳнамоии зану шавҳар баромадааст.

Дар ин навиштор, мухтасар ишорае хоҳем дошт ба вазоифи ихтисосии зану шавҳар нисбат ба ҳамдигар бар асоси таълимоти фарҳанги ҳидоятгари исломӣ.

Вазоифи ихтисосии шавҳар:

1. Сарпарастӣ ва мудирият:

Мард ба ҳукми ақлу шаръ, вазифаи сарпарастии хонаводаро бар ӯҳда дорад, зеро ӯ дар буъди ҷисмӣ ва ақлӣ, бар зан бартарӣ дошта ва барои идораи хонавода тавоноии бештаре дорад. Зан монанди гул таҳаммули офтоби сӯзон ва боду тӯфонро надорад.

Масъулияти мард танҳо бо расидагӣ ба масоили моддии хонавода маҳдуд намешавад, балки ҳидояти афроди хонавода ва назорати ҳамешагӣ дар тарбияти онҳо, аз вазоифи муҳимми мард дар хонавода аст.

Албатта бояд ба ин нуктаи хеле муҳим ишора намоем, ки замоне мард дар мудирияти афроди хонавода муваффақ хоҳад буд, ки ҳукумат бар дили афроди хонаводаро ба даст бигирад.

2. Таъмини хароҷоти зиндагӣ:

Расули Худо (с) фармудаанд: “Хӯроку пӯшоки занон ба наҳви маъруф бар шумо воҷиб аст.”

Аз он ҷо ки идораи умури аслии дохили хонавода бар ӯҳдаи зан аст, табиист, ки мард бояд ӯҳдадори таъмини ҳазинаҳои зиндагӣ бошад ва ба ин хотир, набояд ҳеҷ миннате бар аҳли хонаводаи худ дошта бошад, зеро ин вазифаест, ки ба воситаи сарпарастии хонавода бар ӯҳдаи ӯ қарор дорад; гузашта аз ин ки ба хотири ин кор, подоши азиме назди Худованд барояш муқаррар шудааст. Дар ривоёт омадааст, ки: “Ворид шудан ба бозор ва бо як дирҳам харидани гӯшт барои оилаам, ки онро ҳавас кардаанд, барои ман маҳбубтар аз озод кардани бардае мебошад.”

Дар ривояти дигар ворид шудааст, ки: “Сарпарастии зану фарзанд ва расидагӣ ба умури онон, аз хушбахтии мард аст”.

Расули Акрам (с) фармудаанд: “Касе ки ба бозор меравад ва барои аҳлу аёлаш тӯҳфа мехарад, монанди касе аст, ки дар хонаи мустамандон (солхӯрдагон, маъюбон ва ниёзмандон) садақа мебарад; ӯ вақте тӯҳфаи харидаашро ба хонааш мебарад, бояд ибтидо ба духтаронаш диҳад, зеро ҳар кас духтарашро хушҳол кунад, чунон аст, ки бардае аз насли Исмоил (а)-ро озод кардааст ва ҳар кас дидаи писарашро бо бурдани тӯҳфае рӯшан кунад, гӯё аз тарси Худо ашк рехтааст ва касе ки аз тарси Худо гиря кунад, ҳазрати Ҳақ ӯро вориди биҳиштҳои пурнеъмат гардонад.”

3. Саховат дар роҳи хидамати хонавода:

Расули Худо (с) фармудаанд: “Дар биҳишт хонае вуҷуд дорад, ки ба он хонаи саховатмандон гуфта мешавад.”

Дар ривояти дигар аз Расули Худо (с) нақл шудааст, ки фармуданд: “Биҳишт хонаи саховатмандон аст.”

Афроди хонавода барои таъмини зиндагии осоишта, ба саховати мард ниёз доранд, зеро агар аз ин ноҳия дар тангно қарор бигиранд, латмаҳои руҳӣ ва ҷисмии фаровоне бар пайкари онҳо ворид хоҳад шуд.

Албатта бояд инро гуфт, ки хидмат барои хонавода ба маънои исрофу табзир дар умури зиндагӣ нест, балки ба маънои бухл наварзидан ва саъй доштан дар эҷоди маишати муносиб барои хонавода, мутаносиб бо имконоти иқтисодии мард аст.

Дар ривояте омадааст, ки: “Шоиста аст мард бар хонаводаи худаш тавсиа диҳад, то орзуи маргашро накунанд.”

Расули Худо (с) аз ин ки мард сер бошаду ҳамсараш гурусна наҳй фармуд: “Оилаи мард дар ихтиёр ва банди ӯянд, Худованд ба ҳар кас неъмате дода бар оилаи худ гушоиш диҳад, вагарна мумкин аст он неъмат аз ӯ гирифта шавад”.

Фармуданд: “Мард бояд дар барномаи хона ва хонавода се чизро бар худ таҳмил кунад, ҳарчанд бар хилофи майлаш бошад: хушрафторӣ, тавсиа дар маош бидуни исроф ва ғайрат дар номус.”

Саховатмандӣ дар ривоёти исломӣ феъли ситоишшудае аст. Расули Худо (с) фармудаанд: “Аз лағзишҳои инсони саховатманд бигзаред, зеро ҳар вақт саховатманде билағзад, Худованд дастони ӯро мегирад.”

4. Парҳез аз худраъйӣ:

Мард агарчи раис ва сарпарасти хонавода аст, аммо набояд ба амру наҳйи бемаврид бипардозад, балки бояд ба назароти ҳамсар ва фарзандони худ дар умури хонавода таваҷҷӯҳ намояд. Худхоҳӣ ва сахтгирии беҷо сабаби эҷоди равиши истибдодӣ дар хонавода мешавад ва ба равобити солими хонаводагӣ ва тарбияти саҳеҳи кӯдакон латма ворид месозад.

Ин масъала дар таълимоти исломӣ ба ҳадде муҳим аст, ки Расули Худо (с) дар ҳадиси муборак мефармоянд: “Мӯъмин ба майли хонаводааш таом мехӯрад, вале мунофиқ касест, ки аҳли хонаводааш ба майли ӯ хӯрок мехӯранд.”

5. Эҳтиром ба зан ва хушзабонӣ:

Расули Худо (с) фармудаанд: “Касе ки ҳамсаре интихоб кард, бояд ӯро эҳтиром намояд.”

Ҳамчунин аз Расули Акрам (с) ин ҳадиси муборак нақл шудааст, ки фармуданд: “Дар бораи занон аз Худо битарсед, онҳо ранҷу сахтии зиндагиро таҳаммул мекунанд, ба муқтазои дастури Ҳақ ва насси Қуръону суннат ва шариат бар шумо ҳалол шудаанд, дар баробари ин ки тан дар ихтиёри лаззатҳои шумо мениҳанд ва фарзандонатонро дар андаруни худ ҳамл мекунанд, то он ҷо ки ҳангоми ба дунё овардани онон дучори дардҳои хатарноке мешаванд, ҳуқуқи воҷибе бар ӯҳдаи шумо доранд, бо онон меҳрубон бошед, ононро дилхуш доред, то бо шумо бисозанд, аз онон изҳори кароҳату малол накунед, дар ончи ба унвони маҳр ба онҳо додаед тамаъ наварзед ва чизе аз онро базӯр аз онон барнагиред.”

Дар мавриди хушзабонӣ ва мудоро бо занон, супоришоти фаровоне шудааст, ки ба ин ҳадиси муборак басанда хоҳем намуд: “Бо занон дар ҳама ҳол мудоро кунед, хушзабону нармхӯ бошед ва дар тамоми умур некӣ намоед, ки аксуламали онон бо шумо ба ҳамин сурат бошад”.

6. Ороставу покиза будан:

Аз суннатҳои Паёмбари Акрам (с) ва пешвоёни дин, оростагии зоҳир аст.

Қуръони Карим дар мавриди орстагиву зинат, дар оятҳои мутааддиде баёноти арзишманд дорад, аз ҷумла: “Бигӯ чӣ касе зинатеро, ки Худо барои бандагонаш падид оварда ва рӯзиҳои покизаро ҳаром кардааст? Бигӯ ин чизҳо дар зиндагии дунё барои касонест, ки имон овардаанд ва дар рӯзи қиёмат низ махсуси онҳост”. (Сураи Аъроф, ояти 32).

Оростагии зоҳир аз забони мубораки Паёмбари Акрам (с) низ ба таъкид супориш шудааст, аз ҷумла ин ҳадиси муборак, ки мефармояд: “Худованди Мутаол зебост, зебоиро дӯст дорад ва дӯст дорад осори неъмати худро дар бандааш бубинад, ӯ фақру фақрнамоиро душман медорад.”

Дар мавриди оростагии зану шавҳар дар муҳити хонавода, ки сабаби истеҳкоми пояҳои зиндагии зану шавҳар дониста шудааст, дар таълимоти исломӣ, таъкидоти фаровоне шудааст.

Табиатан мард интизор дорад, ки ҳамсари хешро зебо, ороста, покиза, хушлибос ва муаттар бубинад, ҳамчунин назофат, покӣ, ҳаммом рафтан, мисвок, сар шустан, шона задан, нохун гирифтан, атр задан, либоси муназзаму покиза пӯшидан ва дигар зинатҳои ҳалол бар андоми мард, занро хушдилу розӣ нигаҳ медорад ва ба иффати ӯ меафзояд.

Муҳимтарин масъалае, ки бояд ин ҷо ёдовар шавем, ин аст, ки ифрот ва зиёдаравӣ дар оростагӣ, офоти бисёре дар пай дорад, бинобар ин агар оростагии зоҳир сабаби тафохур, фахрфурӯшӣ,  кибр ва сабаби майл ба гуноҳ шуд, бояд тарк шавад. Нуктаи дигар ин ки оростагӣ бояд дур аз исроф бошад.

Вазоифи ихтисосии зан:

1. Ҳифзи асрори шавҳар:

Аз вазоифи муҳимми зан ин аст, ки ҳаргиз набояд асрори шавҳарро барои дигарон ошкор кунад. Зеро бо ин кор, эътимоди шавҳарро нисбат ба худ аз байн мебарад. Яке аз иллати ин ки баъзе аз мардҳо дар бораи корҳояшон бо занон машварат намекунанд, ҳамин аст, ки ба роздории ӯ эътимод надоранд ва метарсанд ончи гуфтаанд, “фардо нуқли маҷлиси дӯстони хонум шавад”.

Роздорӣ, феъли бисёр писандидаест, ки сабаби ҳифзи обрӯи афрод дар ҷомеа мегардад, фитнаҳо ва хунрезиҳоро маҳдуд месозад ва эътимоди мардум нисбат ба якдигарро тақвият мекунад.

Дар ривоёти исломӣ мукаррар ба роздорӣ супориш шуда ва аз ифшои роз башиддат наҳй шудааст: “Гуфтори хайру писандида дошта бошед то ба он шинохта шавед. Аҳли амал ба хайр бошед то аҳли хайр гардед, вале афроди шитобзада ва ифшокунандаи роз набошед.”

Ҳамчунин дар ривояти дигаре омадааст: “Сирри ту дар банди туст; агар онро фош кунӣ, ту дар бандаш хоҳӣ буд.”

2. Дахолати беҷо надоштан дар корҳои шавҳар:

Табиати инсон ба гунае аст, ки ба таври зотӣ хостори озодӣ ва истиқлоли амал аст ва ин руҳия дар мардон қуввати бештаре дорад. Аз тарафе ҳам, ҳамеша дахолатҳои хайрхоҳонаи хонумҳо ба нафъи шавҳар нест ва гоҳе ҳамин масъала боиси эҷоди бӯҳроне дар зиндагии муштарак мегардад. Бинобар ин, беҳтар аст хонумҳо дар мавзӯоте, ки марбут ба умури мардон мешавад, саъй кунанд дахолат надошта бошанд.

3. Хонадорӣ:

Расули Худо (с) фармудаанд: “Зане, ки таомҳои хушгувор барои шавҳар омода кунад, Худованд хӯрокиҳои гуногун дар биҳишт барояш муҳайё намояд ва бигӯяд: бихӯру бинӯш ба подоши заҳамоте, ки дар дунё кашидӣ!”

Хонадорӣ ва тадбири умури манзил гарчи аз назари ҳуқуқӣ бар ӯҳдаи зан нест, аммо аз назари ахлоқӣ ин вазифа бар ӯҳдаи зан гузошта шудааст. Хонадорӣ муҳимтарин шуғл аст; як зани хонадор мудири болаёқате аст, ки ҳамаи корҳои як маҷмӯаи муҳимро анҷом медиҳад ва худ муҷрии барномаҳое аст, ки худ пайрезӣ кардааст. Тамоми мардоне, ки шӯҳрату мақом ва аҳамияти байналмилалӣ доранд, фақат бар асари ҳусни тадбир, ахлоқ ва лаёқати як зани хонадор ба авҷи тараққӣ расидаанд.

4. Тамкин:

Барои зан, дар ғайри мавориде, ки аз назари шариат маҳдудият дорад (масалан ҳангоми ҳайз) воҷиб аст нисбат ба хостаи мард дар масъалаи комҷӯӣ таслим бошад, ҳатто мустаҳаб аст дар ин замина пешқадам бошад.

Расули Худо (с) фармудаанд: “Бар зан лозим аст аз беҳтарин атр истифода намояд, зеботарин либосашро бипӯшад, худро ба некӯтарин ваҷҳ ороиш диҳад ва субҳу шаб ҳамчун товуси хиромон худро ба шавҳар арза намояд, боз ҳам ҳуқуқи шавҳар бештар аз инҳост.”

Агар зан ба ҳамин сурат ба дастури Расули Худо (с) амал намояд, шавҳарашро барои худ ҳифз кардааст.

5. Эҳтиром намудани шавҳар ва хушрафторӣ:

Дар ҳадиси шариф омадааст: “Ҷиҳоди зан, некӯ шавҳардорӣ кардан аст.”

Сипосгузорӣ аз заҳматҳои шавҳар, сухан гуфтан бо шавҳар бо муҳаббату меҳрубонӣ, сабр ба ҳангоми надоштанҳои шавҳар ва фақри ӯ, пазироии ошиқона аз шавҳар, истиқболи некӯ ҳангоми омадани шавҳар ба хона, гусел намудани ӯ ба вақти рафтан, тамкин дар айёми муҷоз, ороиш ва зинат ва либоси хуб пӯшидан барои ӯ, идораи умури зиндагии ӯ ба наҳви шоиста ва муносиб, қаноат доштан дар махориҷи зиндагӣ, беш аз ҳад нахостан аз шавҳар... ва монанди ин умуре, ки Расули гиромии Ислом (с) ба унвони вазифаи зан дар баробари шавҳар муайян фармудаанд, ҷиҳоди зан ва некӯ шавҳардорӣ кардани ӯст.

Дар ривоят ворид шудааст, ки: “Зан дар ҳарими ҳазрати Ҳақ, шафеъе боқудраттар ва наҷотдиҳандатар аз ризояти шавҳар надорад.”

Расули гиромии Ислом (с) фармуданд: “Ҳар зане дар сахтӣ ва осоиштагӣ бо шавҳараш бисозад ва аз вай итоат кунад, Худованд ӯро бо ҳамсари Айюб (а) маҳшур гардонад, ҳар зане гуфтори талх ва занандаи шавҳарашро таҳаммул кунад, Худованд барои ҳар калимае аҷри рӯзадори муҷоҳид ба ӯ иноят фармояд.”

Дар поён ба ин нукта ишора намоем, ки ҳамеша ин гуна нест, ки зиндагӣ ба риволи табиии худ идома пайдо кунад ва ҳар кадом аз зану шавҳар ба вазоифи оддию рӯзмарраи худ амал намоянд, балки гоҳе фарозу нишеби зиндагӣ инсонро ба хотири маслиҳатандешӣ, ба гузашту кӯтоҳ омадан ва исору азхудгузаштагӣ водор мекунад ва инсон бояд дар ҳама ҳолат, ҳам дар ҳолати риволи оддии зиндагӣ ва анҷоми вазоифи маъмулии худ ва ҳам дар ҳолатҳое, ки гузашту исор аз худ нишон медиҳад, бояд ҳамеша ризои Худоро дар назар дошта бошад ва бидонад, ки камтарин ҳаракате, ки дар роҳи осоиштагӣ ва оромиши хонавода анҷом медиҳад аз назари Худованди Маннон дур намемонад ва бо ин кори худ мутмаиннан ризои Худоро ба даст овардааст.

Бояд бидонем, ки омили наҷоту саодати дунё ва охирати инсон, риояти умурест, ки аз тарафи Офаридгори донову ҳаким барои марду зани мусулмон, дар зиндагии муштарак роҳнамоӣ ва баён шудааст, ки бо доштани огоҳӣ бар онон ва риояти ин масоил, инсон дар ин дунё бо ҳамсару фарзандони худ зиндагии осоишта ва сарбаландонае хоҳад дошт ва дар ин хонаводаҳост, ки фарзандон бо тарбияти саҳеҳ ба бор хоҳанд омад ва мояи обрӯю эътибор ва хушнудию хушбахтии падару модари хеш мегарданд ва низ сабаби наҷоти инсон ва мояи вуруди ӯ ба биҳишт ва соҳиб гаштан ба зиндагии хуши ҷовидона дар канори авлиёи Худо ва сероб гаштан аз неъматҳои ҳамешагиро дар охират, ба самар хоҳад овард.

Поёни мақола