Худо ҳамеша муроқиби мост

Қуръони Карим пайваста бароямон талқин мекунад, ки дар вуҷуди худ ин эҳсосро побарҷо намоем, ки ҳамеша зери назорат ва муроқибати илоҳӣ қарор дорем ва чунин мапиндорем, ки асрору ниҳонҳои мо дар сандуқчае дарбаста дар дохили синаамон гузошта шуда ва касе наметавонад бар онҳо огоҳ шавад. Қуръон мефармояд:

“Он чи дар осмонҳо ва он чи дар замин аст, аз они Худост. Ва агар он чи дар дили худ доред, ошкор ё пинҳон кунед, Худованд шуморо ба он пурсуҷӯ мекунад. Он гоҳ ҳар киро бихоҳад, мебахшад ва ҳар киро бихоҳад, азоб мекунад ва Худованд бар ҳар чизе тавоност”.(1)

Гирем, ки тавонистӣ он чи дар дилат ҳаст-ро аз мардум бипӯшонӣ, вале оё метавонӣ аз Худованди Мутаол онро махфияш нигаҳ дорӣ? Худованди Мутаол ҳамчунон ки бар ниҳонҳои инсон огоҳ аст, аз пиҳонҳои ӯ низ бохабар аст: “Дар ҳақиқат, ӯ (Худованд), ошкор ва он чиро ки пиҳон аст, медонад”.(2)

Худованди Субҳон дар дунё бар инсон пинҳон ва мастур аст, аммо дар рӯзи қиёмат, ки “рӯзест, ки розҳо ҳама фош мешавад”, (3)ва асрор ҳама макшуф шуда ва ҳамаи он чи дар он пинҳон буда, ошкор мегардад ва ҳар инсоне, ки дастуроти Худовандро мухолифат намуда ва дар натиҷаи фурӯ рафтан дар гуноҳон, дар қалби ӯ зиштӣ ва палидӣ ба вуҷуд омада бошад, Худованд онро дар ҳузури гувоҳон фош сохта ва ӯро шарманда мекунад.

Аз ин ҷост, ки Паёмбари Акрам (с) мефармояд: “Огоҳ бошед, ки (бо фош шудани гуноҳони шумо) дар дунё, шарманда шуданатон ночизтар аз он аст, ки дар охират шарманда гардед. Зеро рӯзи охират, рӯзест, ки розҳо ҳама фош мешаванд”.(4) Он чунон ки либос аз тан барканда шуда ва ҷасад лухту урён зоҳир мешавад, ҳамчунин асрору аён ҳар ду фош шуда ва дар пешгоҳи халоиқ дар рӯзи қиёмат ошкор мегарданд.

Бар ин асос, бар инсон лозим аст хештанро чунин парвариш диҳад, ки дар ҳамаи кирдорҳояш, чи пинҳон ва чи ошкор, ӯ зери муроқибат ва назорат қарор дорад ва ҳаргиз аз ин назар худро дар амон эҳсос карда ва дар барномаи қатли ин ва ё обрӯрезии ҳурмати он ва ё дигар гуноҳон хештанро раҳо наҳисобад: “(Корҳои норавои худро) аз мардум пинҳон медоранд, вале (наметавонанд) аз Худо пинҳон доранд ва чун шабонгоҳ ба чораандешӣ мепардозанд ва суханоне мегӯянд, ки (Худо) ба он розӣ нест, Худо бо онон аст. Ва Худо ба он чи анҷом медиҳанд, ҳамвора иҳота дорад”.(5) Дар хонаи дарбастае менишинанд то барои тӯҳмат задан ба ину он ва ё қатли шахсияти бегуноҳе ва ё пароканда сохтани дурӯғҳое дар бораи шахсиятҳои дигар тарҳрезӣ ва барномарезӣ намоянд ва чунин мепиндоранд, ки муроқибаткунанда ва ҳисобрасе бар онҳо нест ва фаромӯш мекунанд, ки чашмони Худованд муроқиби барномарезиҳо ва фаъолиятҳои онҳост: “Оё надонистаӣ, ки Худо он чиро ки дар осмонҳо ва он чиро ки дар замин аст медонад? Ҳеҷ гуфтугӯи махфиёнае миёни се тан нест магар ин ки ӯ (Худо) чаҳорумини онҳост ва на миёни панҷ тан магар ин ки ӯ шашумини онҳост ва на камтар аз ин (адад) ва на бештар, магар ин ки ҳар куҷо бошанд, Худо бо онҳост. Он гоҳ рӯзи қиёмат ононро ба он чи кардаанд огоҳ хоҳад гардонид, зеро Худо ба ҳар чизе огоҳ аст”.(6)

Аз ин рӯ, набояд эҳсоси амну амонӣ намуд. Шоир мегӯяд (тарҷума аз шеъре арабӣ):

Агар рӯзе дар замона танҳо мондӣ магӯ танҳоям,

Балки бигӯ муроқибе болои сари хеш дорам.

Худованди Мутаол муроқиб аст. Дар дуо мехонем: “Ва ту (эй Худо!) муроқиби ман ҳастӣ аз варои фариштагон ва ба он чи аз онҳо махфӣ мемонад худ гувоҳӣ!” Пас, агар ин муроқибати илоҳиро дар худ бипарваронем, он гоҳ ин эҳсос моро аз ғанимат донистани халвати макон барои анҷоми гуноҳ ва иқдом бар маъсият бозмедорад.

Имом Зайнулобидин (а) аз марде бароямон сухан мегӯяд, ки эҳсоси муроқибати илоҳӣ мекард ва он гоҳ ки хост ба гуноҳе иқдом намояд, ин эҳсос ӯро аз воқеъ шудан дар кори ҳаром боздошт: “Марде ҳамроҳи хонаводааш дар баҳр савори киштӣ шуд ва дар роҳ киштӣ шикаст ва аз онҳое, ки дар киштӣ буданд касе ба ҷуз ҳамсари он мард, ки дар тахтапорае чанг зада буд наҷот пайдо накард. Он гоҳ расид ба ҷазирае аз ҷазираҳо ва ба он паноҳ бурд. Дар ин ҷазира марди роҳзане буд, ки парвои чизе надошт ва ҳеҷ ҳурматеро намегузошт магар онро поймол менамуд. Як лаҳза буд, ки рӯбарӯ шуд бо ин зан. Аз он ҷо ки ин зан, зани зебое буд, аз ӯ савол кард, ки оё фариштаӣ ё инсон? Зан гуфт: инсонам. Он гоҳ роҳзан ҳеҷ сухани дигаре ба миён наоварда, зуд назди зан нишаст ва хост ба ӯ таҷовуз намояд. Вақте хост ба ӯ наздик шавад, занро ҳолати хавф ва тарси илоҳӣ фаро гирифт ва бо ишора ба осмон гуфт: ман аз ӯ (Худо) аз ин коре, ки мехоҳӣ бо ман анҷом бидиҳӣ, метарсам. Роҳзан пурсид: оё то кунун ин корро, яъне зиноро анҷом надодаӣ? Зан посух дод: ба Худо савганд, ки ҳаргиз даст ба он назадаам. Ин посух ва ин ҳолати зан, як дафъа роҳзанро такон дод. Он гоҳ роҳзан ба худ омада гуфт: Ту, ки ҳамакнун бо ихтиёри хеш ба ин кор даст намезанӣ ва дастбаста ба ин кор маҷбур карда мешавӣ ва агар ҳам ин кор сурат бигирад, дар пешгоҳи Худо узр дорӣ, вале бо вуҷуди ин, ин чунин аз Худо метарсӣ, пас ҳоли мани бадбахт чист? Ба Худо савганд, ман аз ту дида сазовортарам барои тарсу хавф аз Худо. Он гоҳ аз ин кор даст бардошт ва аз ҷои худ бархоста ба сӯи аҳли хеш раҳсипор гардид. Дигар кораш ҷуз тавбаву пушаймонӣ чизе набуд. Дар роҳ, ки мерафт ногаҳон бо як роҳибе рӯбарӯ шуд, ки ӯ низ ба ҳамон роҳ равона буд ва ҳар ду ҳамсафар шуданд. Гармо хеле шадид буд ва хуршед бар сарашон оташ мегирифт. Роҳиб ба ин ҷавон гуфт: гармо бар сарамон шадид шуд, Худоро дуо кун то абре бар сарамон соя афканад. Ҷавон гуфт: ман пеши Худо ҳеҷ некие надорам, ки ин ҷуръатро бинамоям, ки ба даргоҳаш даст ба дуо баланд намоям. Роҳиб гуфт: пас агар ман дуо кунам, ақаллан Омин бигӯ. Ҷавон гуфт: оре, ин чунин хоҳам кард. Роҳиб шурӯъ кард ба зориву тазарро намудан ба даргоҳи илоҳӣ ва ҷавон Омин мегуфт. Чизе нагузашт, ки абре бар сарашон соя афканд. Он гоҳ зери он раҳсипор гаштанд то расиданд бар сари дуроҳие, ки дигар роҳи ҳар яке аз ҳам ҷудо мешуд. Ҷавон ба роҳе рафт ва роҳиб ба роҳе дигар, вале абр ҳамроҳи ҷавон буд. Роҳиб гуфт: ту аз ман беҳтару некӯтарӣ, дуои ту мавриди иҷобат қарор гирифт, на дуои ман. Сабабаш чист, ки ин чунин шуд? Он гоҳ ҷавон ҳамон воқеаеро, ки бо зан иттифоқ афтода буд нақл кард. Роҳиб гуфт: он ҷо, ки хавфи илоҳӣ туро фаро гирифта буд, ҳамаи гуноҳонат мавриди бахшиши илоҳӣ қарор гирифт, акнун муроқиб бош дар оянда чӣ гуна хоҳӣ буд”.(7)

Эҳсоси муроқибати илоҳии ин ҷавон аст, ки ба сабаби бедорие, ки он зан дар вуҷуди ҷавон эҷод намуд, боис гардид ҷавон даст аз таҷовуз ва амали ҳаром бардорад.

Кист ҳомиямон ғайри Худо?

Ояти 284 сураи Бақара ин матлабро мехоҳад дар эҳсоси мо побарҷо намояд, ки “Он чи дар осмонҳо ва он чи дар замин аст, аз они Худост”. Яъне ҳар он чи дар осмонҳо ва замин вуҷуд дорад, милки Худост. Тамоми махлуқоту мавҷудот ва куллан тамоми вуҷуд, аз они ӯст.

Ҳар гоҳ инсон ин матлабро дар худ побарҷо намояд, он гоҳ оё метавонад чунин биандешад, ки касе ӯро аз Худо зери ҳимояти худ мегирад? “Ва агар он чи дар дилҳои худ доред, ошкор ё пинҳон кунед, Худованд шуморо ба он пурсуҷӯ мекунад.” Инсон вақте дар дохили хеш андешаи баде пинҳон медорад ва Худо ҳам аз нияти бади ӯ бохабар аст, ҳатман дар баробари ин кор ӯро мавриди пурсуҷӯ қарор медиҳад, зеро “...мардум дар рӯзи қиёмат бар ҳасаби ниятҳояшон гирд оварда мешаванд” ва вақте навбати ҳисобу пурсуҷӯ фаро мерасад, “...он гоҳ ҳар киро бихоҳад, мебахшад ва ҳар киро бихоҳад, азоб мекунад”.

Бар ин асос, имкон надорад, ки инсон эҳсоси итминон намуда ва чунин биандешад, ки кор дар дасти худаш аст. Ҳамчунон ки Худо бахшанда ва меҳрубон аст, ҳамчунин азобкунандаи сахт ҳам ҳаст. Дар дуои Ифтитоҳ мехонем: “Ва ман яқин ҳосил кардам, ки ту меҳрубонтарини меҳрубонҳо дар ҷойгоҳи бахшишу меҳрубонӣ ҳастӣ ва сахттарини азобкунандагон дар ҷойгоҳи интиқомгирӣ ҳастӣ”. Ин ҷо як навъ ҳамоҳангӣ барқарор аст. “...Ва Худованд бар ҳар чизе тавоност”. Ӯ тавонои мутлақ аст, касе наметавонад ба ғайри Худо моро кӯмак кунад. Ин аст ҳақиқат ва ба ғайри ин, ҳама ваҳму хаёле беш нест.

Ин ҳамон матлабест, ки бояд онро дар хештан бипарваронем то руҳамон ҳамвора дар ҳолати ёдоварии доимии Худо боқӣ бимонад, ва ҳам инро, ки Худо бар мо ва бар асрори мо огоҳ аст. Он гоҳ аст, ки ин эҳсос моро аз ворид шудан дар гуноҳон дар халватгоҳҳо бозмедорад, чунон ки Алӣ (а) мефармояд: “Аз маъсияту гуноҳони Худо дар халватгоҳҳо бипарҳезед, зеро гувоҳ (яъне он ки шоҳиду гувоҳ аст), худ довар ва ҳукмкунанда ҳам ҳаст”.(8) Худованди Мутаол зотест, ки бар мо дар корҳое, ки мекунем, дар андешаҳое, ки дар зеҳн мебандем ва дар тарҳҳое, ки мерезем гувоҳ аст, пас, бояд барҳазар буд.

Фарогир будани имон

Ин ҷо нуктаи дигаре ҳаст, ки бояд мусалмон дар ақл ва виҷдони хеш бо он зиндагӣ кунад. Ва он, эътиқод ба имони фарогир аст: “Паёмбар ба он чи аз ҷониби парвардигораш бар ӯ нозил шудааст, имон овардааст ва мӯъминон ҳамагӣ ба Худо, фариштагон, китобҳо ва фиристодагонаш имон овардаанд (ва гуфтанд): “Миёни ҳеҷ як аз фиристодагонаш фарқ намегузорем” ва гуфтанд: “Шунидем ва гардан ниҳодем. Парвардигоро, омурзиши туро (хосторем) ва фарҷом ба сӯи туст!”(9)

Мусалмон ба ҳамаи паёмбарон бидуни истисно имон дорад ва фарқе миёни онҳо намегузорад ва ба фариштагон ва китобҳои илоҳӣ: Суҳуфи Иброҳим, Тавроти Мӯсо, Инҷили Исо, Забури Довуд ва ғайра низ имон дорад. Ҳамонанди пайравони бархе динҳои дигар нест, ки ба баъзе китоб имон оварда ва ба баъзе куфр варзад. Аз ин ҷост, ки вақте аз мо мусалмонон мепурсанд, ки чаро ба издивоҷи марди мусалмон бо зани масеҳӣ ва ё яҳудӣ иҷоза медиҳед, вале ба издивоҷи зани мусалмон бо марди масеҳӣ ва ё яҳудӣ иҷоза намедиҳед? Мегӯем, ки марди мусалмон вақте бо зани масеҳӣ ва ё яҳудӣ издивоҷ мекунад, он зан метавонад бар муқаддасот ва боварҳои худ дар амон бошад, зеро шавҳараш ҳаргиз ба ӯ бадӣ раво намедорад, чун ба Исову Мӯсо имон дорад ва бовар дорад, ки онҳо аз паёмбарони илоҳӣ ҳастанд ва китобҳояшон, китобҳои осмонист, ки Худованд бар онҳо нозил кардааст. Аммо зани мусалмон ҳар вақт бо аҳли китоб: масеҳӣ ё яҳудӣ издивоҷ менамояд, ҳаргиз наметавонад бар дин, бовар ва муқаддасоташ дар амон бошад, зеро аҳли китоб на ба паёмбарии ҳазрати Муҳаммад (с) имон доранд ва на ба Қуръон, ва ҳаргиз ин ду мавриди эҳтиром ва тақаддуси онҳо нестанд. Гирем, ки ин мард иттифоқан ҳеҷ беҳурматие ба муқаддасоти зан намекунад, вале ин рафтор танҳо ба сабаби ахлоқи боадабонаи он шахс аст, на ба хотири ин ки аз имон доштанаш ба ақидае, ки дорад сарчашма гирифта бошад, ки аслан паёмбарии ҳазрати Муҳаммад (с) ва китоби осмонӣ будани Қуръон мавриди эътирофи он ақида нест.

Пас, мусалмон ба ҳамаи паёмбарон бидуни истисно имон дорад. Дар идомаи оят омадааст: “Худованд бар ҳеҷ кас ҷуз ба қадри тавоноияш таклиф бор намекунад. Он чи (аз хубӣ) ба даст оварда, ба суди ӯ ва он чи (аз бадӣ) ба даст оварда, ба зиёни ӯст. Парвардигоро, агар фаромӯш кардем ё ба хато рафтем, бар мо магир! Парвардигоро, ҳеҷ бори гароне бар дӯши мо магузор ҳамчунон ки бар дӯши касоне, ки пеш аз мо буданд, ниҳодаӣ! Парвардигоро ва он чи тоби он надорем, бар мо таҳмил макун, аз мо даргузар ва моро бибахшой ва бар мо раҳмат овар, сарвари мо туӣ, пас моро бар гурӯҳи кофирон пирӯз кун!”(10) Ва чун гоҳе мешавад дунболи шаҳавот ва ғароизи ҳайвонӣ мераванд ва ҳавасҳои пасти дунё бар онҳо ғолиб меояд ва шайтони васвасагар ҳам онҳоро васваса мекунад, вале саранҷом ба сӯи Худованд бозмегарданд, “...Парвардигоро, агар фаромӯш кардем ё ба хато рафтем, бар мо магир! Парвардигоро, ҳеҷ бори гароне бар дӯши мо магузор ҳамчунон ки бар дӯши касоне, ки пеш аз мо буданд, ниҳодаӣ!

Бори гарон киноя аст аз масъулиятҳои вазнину тоқатфарсо. Ва чун ба Худо эътимод мекунанд ва ба ӯ имон доранд, ҳарчанд дар баъзе аз марҳалаҳои зиндагияшон гоҳе ҳавасҳои паст бар онҳо сайтара пайдо мекунад, вале аз Худо мехоҳанд, ки бар онҳо сабукӣ намояд ва онҳоро дар машаққат наяндозад. “...Парвардигоро ва он чи тоби он надорем, бар мо таҳмил макун!” Он чиро бар дӯши мо бигзор, ки тавоноии бардоштанашро дошта бошем. “...Аз мо даргузар ва моро бибахшой ва бар мо раҳмат овар, сарвари мо туӣ”. Сарваре ба ҷуз ту надорем ва танҳо ту моро кӯмак мекунӣ. “...Пас моро бар гурӯҳи кофирон пирӯз кун!” Ҳар гоҳ бо онҳо рӯбарӯ шавем, кӯмак кун то калимаи Аллоҳ баланд боқӣ бимонад.

Ин ёдоварии ҳамешагии Худованди Мутаол аст, ки андеша ва ақлҳоямонро бар пазириши ҳақ ва қалбҳоямонро бар иқдом бар амали хайр парвариш медиҳад ва ӯст, ки зиндагиямонро бар пеша намудани тақво ва тоати илоҳӣ тарбият менамояд то барои шайтон ин фурсатро надиҳем, ки дар майдонҳои шаҳватҳо, ҳавасҳо ва ихтилофоту ҷанҷолҳо ба роҳатӣ бар мо тасарруф намояд. Шайтон наметавонад ба онҳое, ки пайваста бо ёди Худо зиндагӣ мекунанд наздик шавад, онҳо дар баробари шаҳватҳо ва хоҳишҳои нафсонӣ таслим намешаванд, дар гурӯҳгароиву таассуботашон фурӯ намераванд.

Поёни матлаб

Баргирифта аз китоби “Омӯзаҳое аз Қуръон”-и Оятуллоҳи узмо Сайид Муҳаммад Ҳусайни Фазлуллоҳ

Пайнавиштҳо:

1-Сураи Бақара, ояти 284.

2-Сураи Аъло, ояти 7.

3-Сураи Ториқ, ояти 9.

4-Сураи Ториқ, ояти 9.

5-Сураи Нисо, ояти 108.

6-Сураи Муҷодала, ояти 7.

7-Усули кофӣ, ҷ. 2, с. 69, ривояти 8.

8-Биҳорул-анвор, ҷ. 73, с. 364, ривояти 96, боби 137.

9-Сураи Бақара, ояти 285.

10-Сураи Бақара, ояти 286.