Муҳаммад (с) осмонитарин ҳадяи Худо

Худост, ки дар миёни мардум дарснахонда паёмбаре аз худашон барангехт, ки оятҳои ӯро бар онон мехонадва (аз олудагии куфр ва ахлоқи зишт) покашон месозад ва китобу ҳикмат ба онон меомӯзад ва ҳар ойина пеш аз ин дар гумроҳии ошкор буданд. (Ҷумъа, 2)

Ҳудуди 600 сол аз зуҳури Масеҳ мегузашт ва таолими ӯ оғушта ба хурофаҳо, бидъатҳо, ҳақфаромӯшӣ ва ҳавасмеҳварӣ шуда буд;

Ҷаҳон дар оташи ҷаҳлу зӯру зару тазвир месӯхт;

Дар нимҷазираи Арабистон, духтарони маъсум пас аз таваллуд, ба ҷои оғӯши гарми модарон, дар гӯрҳои сард зинда ба гӯр мешуданд;

Зан чун колое хариду фурӯш мешуд, ба ғорат бурда мешуд, ба ирс мерасид ва ҳаққи ҳеҷ гуна интихобе надошт;

Қатлу ғорату шабехуну ҷанг, шуғли аксари мардуми Ҳиҷоз буд ва кинаву нафрат тоифаҳоро дар коми марг мекашид;

Хусравон дар Эрон, бар гардани мазлумон ончунон фишор меоварданд, ки камари аксарияти мардум дар зери бори зулми шоҳон хамида буд;

Ҳеҷ инсони хориҷ аз табақаи ашроф, ҳаққи таҳсилу хондану навиштан надошт;

Шоҳон худро сояи Худо меномиданд, аммо бештар аз дӯзахи Иблис бандагони Худоро дар оташи ситами хеш доғ мекарданд;

Каъба, маркази тавҳид, табдил ба бутхонае шуда буд, ки 360 шайтон дар он истода буданд ва аз маркази тавҳид мардумро ба бутпарастӣ мехонданд;

Дар Рум, бандагони Худоро ба ҷурми худопарастӣ ва ҳақгӯӣ, ба чанги ҳайвоноти ваҳшӣ месупурданд то аз тамошои тика-тика шудани онҳо, лаззати ҳайвонӣ бибаранд;

Ҳама дар банди ҳам буданд ва дар ҳоли гирифтор кардани якдигар ва гирифтор шудан ба ҳам.

Гӯӣ дар рӯи замин, касе ба фикри осмон набуд.

Муҳаммад (с) марде амин, пок, ростгӯ, дурусткор, меҳрубон ва ҷавонмард, инсоне буд баръакси дигарон, ки ба замин дӯхта шуда буданд, ғарқ дар афкори осмонӣ буд.

Оҳиста ва ботааммул, бо кӯлбори андешаи пок ва фарозаминӣ, аз ҷамъият ҷудо мешуд ва яккаву танҳо ба сӯи кӯҳе мешитофт; гӯӣ нерӯе азим ва шигирф ӯро аз дили Макка бармегирифт ва бар он кӯҳ ва бар пешонии ин шаҳр қарор мебахшид.

Ӯ дар сояи ин кашиши ширин, фосилаи хона то доманаи он кӯҳ; кӯҳи Ҷабалуннур ва аз доманаи ин кӯҳ то ғори Ҳиро, ки дар қуллаи он қарор дошт чобуку устувор мепаймуд ва дар пешонии Макка, бар болотарин нуқтаи замин ва наздиктарин фосила бо осмон оромиш меёфт. Ҳеҷ кас натавонист бифаҳмад, ки ӯ дар ин ҳиҷратҳои мукаррар ва рӯзона ва аз ин сууд ба осмон ва қарор гирифтан бар қуллаи Ҷабалуннур чӣ хатти азиме меёфт? Чӣ мукошифаи нобе ба ӯ даст медод ва чӣ гуна аз замин осмонро дарменавардид? Ӯ чӣ гуна аз варои заминиён гум шуда, бо ин сафари ҷисмонӣ ва руҳонӣ, уруҷе осмонӣ меёфт ва наздик ба Ҳақ мешуд, то:

“...ӯ дар уфуқи барин (ё ба канораи баланди осмон) буд. Сипас, наздик шуд ва наздиктар шуд, то ба андозаи ду камон ё наздиктар. Пас, (Худованд) ба бандааш ваҳй кард ончиро ваҳй кард... назди Сидратулмунтаҳо, ки наздики он биҳишти ҷои оромиш аст... Ҳар ойина аз нишонаҳои бузургтари парвардигори хеш дид...” (Наҷм, 7-18)

Ин ҳол вақте ҳамроҳ бо сукут ва андеша дар ғори Ҳиро Муҳаммад (с)-ро фаро мегирифт, ӯро аз қолаби як инсон хориҷ месохт ва бар офариниш ғолиб месохт.

Дар рӯзи 27 раҷаб пас аз ин ки он ҳазрат (с) дар ғори Ҳиро оромиш ёфт, боз ба сӯи осмон нигарист, аммо ин бор Ҷабраилро дид, ки ба ӯ фармуд: “Бихон ба номи парвардигорат, ки биёфарид”. Муҳаммад (с) арз кард: Ман хондан наметавонам. Фариштаи ваҳй ба ӯ фармуд: Бихон!

Ӯ эҳсос кард, ки ба роҳатӣ метавонад ончиро Ҷабраил (а) ба ӯ ваҳй мекунад, бихонад ва ҳамроҳи фаришта хонд:

“Бихон ба номи парвардигорат, ки биёфарид. Одамиро аз хуне баста офарид. Бихон ва парвардигори ту бузурвортарин (-и бахшандагон) аст; он ки (навиштан) бо қалам биёмӯхт. Одамиро ончи намедонист биёмӯхт...” (Алақ, 1-5)

Аз ин пас, амини Макка расул ва фиристодаи Худо буд. Ӯ бо малакут ошно шуда ва иблоғи рисолати илоҳӣ ва вазифаи раҳоии инсон аз банди хокро дар вуҷуди хеш эҳсос мекард ва осмонитарин ҳадяи Худованд ба бандагон, маъмурияти илоҳии хешро оғоз кард.

Инчунин буд, ки атри райҳонҳои биҳиштӣ дар офоқ печид ва он ҷаноб (с) азми хешро ҷазми ҳидоят, тазкия ва таълими мардум намуд:

“Худост, ки дар миёни мардум дарснахонда паёмбаре аз худашон барангехт, ки оятҳои ӯро бар онон мехонад ва покашон месозад (аз олудагии куфр ва ахлоқи зишт) ва китобу ҳикмат ба онон меомӯзад ва ҳар ойина пеш аз ин дар гумроҳии ошкор буданд”. (Ҷумъа, 2)

Паёмбар (с) оятҳои Нур ва соҳиби “Ҳамоно ту бар хулқе азимӣ”, ором ва андешмандона аз доманаи Ҷабалуннур ба сӯи Макка ҳаракат кард.

Он рӯз Хадиҷа дар манзил бесаброна дар интизори Муҳаммад (с) буд. Ӯ пештар аз ғуломаш Майсара шунида буд, ки як роҳиби насронӣ дар Шом дар бораи Муҳаммад (с) гуфта буд: “Ӯ паёмбари уммат хоҳад буд...” (Эъломул варо, саҳ. 47)

Муҳаммад (с) ба хона расид ва дили Хадиҷа бо дидани ӯ зинда шуд. Ғунчаи лабҳои амини Макка шукуфта шуд, ки: “Хадиҷа! Фариштаи ваҳй бар ман нозил шуд”. Хадиҷа саршор аз шӯру шааф, ҷараёнро ба Варақа ибни Навфал, ки аз донишмандони масеҳӣ буд, хабар дод. Варақа гуфт: “Ба Худо савганд, ӯ ҳамон Номуси Акбар (Ҷабраил) аст, ки бар Мӯсо низ нозил мешуд. Муҳаммад (с) бидуни ҳеҷ шакке паёмбари ин уммат хоҳад буд...” (Сираи Ибни Ҳишом, ҷ.1, саҳ. 238)

Ашки шавқ дар чашмони Хадиҷа ҳалқа зад ва ба симои малакутии Расули Худо (с) нигарист. Эҳсос кард, чӣ қадр Муҳаммад (с) малакутӣ шудааст! Чӣ мовароӣ сухан мегӯяд ва чӣ дилнишин лабханд мезанад! Ҳолае аз нури рисолат симои тобноки Муҳаммад (с)-ро фаро гирифта буд ва Хадиҷа маҳви тамошои ҷамоли Муҳаммад (с) шуда буд. Ногаҳон Хадиҷа ба худ омад ва гуфт: Ё Расулуллоҳ! Ман ба рисолати шумо имон дорам, барои вуруд ба ин дин маро роҳнамоӣ фармоед. Мехоҳам аввалин имоноваранда ба рисолати шумо ва воридшаванда ба дини ислом бошам. Ғунчаи лабҳои Паёмбари раҳмат (с) ором аз ҳам шукуфт ва фармуд: Ба яктоии Худованд ва паёмбарии ман гувоҳӣ бидеҳ.

Хадиҷа фармуд: Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳ ва ашҳаду анна Муҳаммадан расулуллоҳ (Гувоҳӣ медиҳам, ки ҷуз Худои ягона худое нест ва Муҳаммад фиристодаи Худост) ва ба ин сурат бонуи Макка ва Ҳиҷоз Уммулмуъминин ва нахустин мусулмон пас аз Расулулллоҳ (с) шуд.