Саодати зан

Ислом, занро гиромӣ дошта ва инсофро дар ҳаққи ӯ риоят намуда ва истеҳкому бақои ҷомеаро вобаста ба вуҷуди ӯ намуда ва сарчашмаи ҳаёту зиндагӣ дар ҷомеаро вобаста ба ӯ кардааст.

Паёмбари бузургвори мо, ҳазрати Муҳаммад (с) низ мардро ба эҳтирому икроми зан супориш намуда ва ба фарзандон тавсия кардаанд, ки нисбат ба модарони хеш эҳтиром намоянд, ҳамон гуна ки занро ба риояти ҳуқуқи шавҳар ва фарзандонаш тавсия намудаанд.

Ба иборати дигар, зан бояд нисбат ба адои ҳуқуқи шавҳар ва фарзандон кӯтоҳӣ накунад ва онҳо низ бояд риояти ҳоли зан ва модарро бинамоянд.

Ибни Асокир аз Амири мӯъминон Алӣ (к) нақл мекунад, ки он ҳазрат аз Расули Акрам (с) ҳадисе нақл карда, ки фармуданд: «Касе ҷуз инсонҳои бузургвор занҳоро икром намекунад ва ҷуз инсони паст ва фурӯмоя касе ба зан беэҳтиромӣ намекунад».

Ва низ Паёмбар (с) дар Ҳаҷҷат-ул-видоъ фармуданд: «Занҳо кӯмаккунандаи шумо ҳастанд ва молики чизе намебошанд (ва чизеро барои худ намехоҳанд) ва шумо онҳоро ба амонат аз Худованд гирифтаед ва издивоҷи шумо бо онҳо бо номи Худо (ва ақди шаръӣ) сурат пазируфтааст. Пас дар мавриди рафтор бо онҳо аз Худо битарсед ва рафторе муносиб ва хуб бо онҳо дошта бошед ва дар мавриди онҳо ба некӣ супориш намоед».

Пайғамбари Акрам (с) дини мустаҳкам ва оини пурмеҳру муҳаббат овард ва зулми мардҳо нисбат ба занҳоро аз миён бардошт ва решакан намуд.

Бузургии занро ҳифз намуд, чун ҳаққи ӯро дар интихоб намудани ҳамсаре, ки муносиби ӯ бошад ва зан дар канори ӯ оромиши дарунӣ дошта бошад, озод гузошт. Пас дар издивоҷ ҳаргиз маҷбур нахоҳад буд ва бе ризоят ва майлу рағбати воқеӣ (на зоҳирӣ) ҳеҷ издивоҷе эътибор надорад ва ботил аст. Ва чӣ зебо Паёмбари Акрам (с) фармуд: «Занон ихтиёрдори худ ҳастанд ва духтарон (агарчӣ издивоҷашон бо иҷозати сарпарасти онҳо мебошад, аммо) бояд дар мавриди издивоҷ аз худи онҳо низ ризоят гирифта шавад (ва онҳо дар издивоҷ маҷбур карда нашаванд) ва албатта иҷозат ва ризояти ӯ бо сукут низ маълум мешавад».

Ислом, ҳамон гуна ки супориши занонро намудааст, занҳоро низ ба риояти умури некӯ ва хайр тавсия кардааст, зеро саодату растгории ҷомеа вобаста ба занҳо мебошад.

Мо дар ин навиштор супоришоти Расули Худо (с) ва насиҳатҳои он ҳазрат ба зани мусулмон, ки пояи саодати дунёву охират аст, ҷамъ кардаем, ки Расули Акрам (с) беҳтарин бандагони Худо ва охирин Паёмбар ва муштоқтарини мардум нисбат ба саодати уммат ва пойбандтарини мардум дар амал намудан ба дастуроти илоҳӣ ва ҳаристар аз дигарон нисбат ба наҷоти уммат аз оташи ҷаҳаннам мебошанд.

Ба духтарони мусулмон тавсия мекунем, ки супоришоти Расули Акрам (с)-ро комилан ба кор банданд, ки онҳо ҷавонони имрӯз, модарони фардо ва модарбузургҳои оянда ҳастанд.

Балки бар ҳар зане лозим аст, ки ин супоришотро дар зеҳни худ нигоҳ дорад ва худро дар амал ба онҳо пойбанд намояд, зеро ин дастурот аз маҳбубтарин бандагони Худо, ки дилсӯз ба ҳоли мо мебошад, содир шудааст.

Занон дар биҳишт

Расули Худо (с) фармуданд: «Зане дар биҳишт дохил мешавад, ки меҳрубон бошад ва чун хашмгин шавад ва ё шавҳараш бар ӯ хашм гирад, бигӯяд: ин дасти ман аст, ки инак дар дасти ту қарор медиҳам (ва дар ихтиёри ту ҳастам) ва онро аз дастат намекашам то он ки аз ман розӣ шавӣ».
Ва низ фармуданд: Зане, ки имон ба Худо дорад, чанд чизро бояд риоят кунад:

1. Шахсеро, ки шавҳараш аз омадани ӯ нороҳат мешавад ба хона роҳ надиҳад;

2. Бе ризояти шавҳар аз хона берун наравад;

3. Касеро ба ҷуз шавҳараш итоат нанамояд;

4. Аз шавҳар дурӣ накунад;

5. Шавҳарро назанад;

6. Агар шавҳар зулм кунад, боз ҳам зан бояд ба сӯи ӯ рафта ӯро аз худ розӣ намояд.

Пас агар шавҳар аз ӯ розӣ шуд, Худо ҳам аз ӯ розӣ шуда ва узри ӯро мепазирад ва гуноҳе барояш наменависад ва агар шавҳар (боз ҳам) аз ӯ розӣ нашуд, он зан дар назди Худо маъзур хоҳад буд.

Расули Акрам(с) фармуданд: «Агар зане намозҳои панҷгонаро ба ҷо оварад ва рӯзаи моҳи рамазонро бигирад ва иффати худро ҳифз кунад ва шавҳарашро итоат намояд, аз ҳар даре, ки бихоҳад вориди биҳишт мешавад».

Дар хабар аст, ки агар зане аз аҳолии биҳишт бар аҳли замин рух бинамояд, тамоми дунёро равшан ва муаттар мекунад. Ҳазрати Алӣ (к) аз Расули Акрам (с) нақл карда, ки фармуданд: «Дар биҳишт маҳалле барои ҷамъ шудани ҳурулъайн (занони биҳиштӣ ғайр аз ҷинси инсон) мебошад, ки бо садои бисёр зебое, ки монанди он шунида нашуда, овозхонӣ мекунанд ва мегӯянд: Мо ҷовидонаем ва аз байн намеравем. Хушбархурду розӣ ҳастем ва ҳаргиз хашму ғазаб надорем. Хушо ба ҳоли он, ки мо барои ӯ ва ӯ барои мо бошад».

Подоши рафтори некӯ бо духтар

Расули Худо (с) фармуданд: «Ҳар мусулмоне, ки ду духтар дошта бошад ва ба онҳо некӣ кунад, аҳли биҳишт хоҳад буд”.

Ва низ фармуданд: «Касе, ки ятимеро (аз хешони худ ё аз ғайри хешон) сарпарастӣ ва нигаҳдорӣ кунад, ҳамон гуна ки ду ангушт ба ҳам наздик аст, бо ман дар биҳишт наздик хоҳад буд.

Ва касе, ки се духтарро нигаҳдорӣ ва сарпарастӣ кунад дар биҳишт аст ва монанди аҷри муҷоҳиде, ки рӯзҳою шабҳо ба шабзиндадорӣ машғул бошад, ба ӯ медиҳанд».

Ва фармуданд: «Касе, ки ду духтарро тарбият кунад то онҳо бузург шаванд, дар рӯзи қиёмат ба монанди ин ду ангушт бо ман наздик хоҳад буд (ва ангуштони худро ба ҳам часпонд)».

Ва низ фармуданд: «Касе, ки ду ё се духтараш ва ё ду ё се хоҳари худро нигаҳдорӣ кунад то он ки шавҳар кунанд ва ё то замоне ки он мард аз дунё меравад, ману ӯ дар биҳишт ин гуна дар канори ҳам хоҳем буд (ва сипас ангушти ишоратро ба ангушти канории он часпонд)».

Ва низ фармуданд: «Касе, ки ба се духтар ё хоҳари худ некӣ кунад дохили биҳишт мешавад».
Ва фармуданд: «Касе, ки писарашро бар духтараш муқаддам (беҳтар) надонад ва ба духтараш беэҳтиромӣ накунад, дохили биҳишт мешавад».

Занони бараҳна

Паёмбар (с) фармуданд: «Ду гурӯҳ аз аҳли оташ ҳастанд. Яке гурӯҳе, ки дар ин дунё тозиёна дар даст гирифта ва мардумро мезананд ва ба онҳо зулм мекунанд. Гурӯҳи дуввум заноне, ки либосҳои нозук мепӯшанд ва бо сару бадани намоён дар байни мардум ҳозир мешаванд, бар сарҳояшон баромадагӣ (барои ҷалби назари дигарон) эҷод мекунанд ва фитнаангез ҳастанд. Инҳо дохили биҳишт намешаванд ва ҳатто бӯи биҳиштро, ки аз фосилаҳои дур ба машом мерасад, ҳис намекунанд».

Танҳо сафар кардани зан

Паёмбар (с) фармуданд: «Бар ҳеҷ зани мӯъминае шоиста нест, ки ба танҳоӣ ба сафарҳои се рӯза ва бештар аз он биравад ва падар ё бародар ё писар ва ё яке аз маҳоримаш ӯро ҳамроҳӣ накунанд».
Ва дар ҳадисе дигар фармуданд: «Бар зан ҷоиз нест, ки мусофирати як шабонарӯзиро бе ҳамроҳӣ бо маҳраме биравад».

Шакли пушиши исломӣ

1. Худованд мефармояд: «Эй Паёмбар! Ба занон бигӯ: Чашмҳои худро фурӯ банданд ва иффати худро ҳифз кунанд ва зебоиҳои худро (ҷуз дар мавориди ошкор) зоҳир накунанд ва гарданҳои худро бипӯшонанд ва зинату зебоии худро ҷуз барои шавҳаронашон ошкор нанамоянд…»

Ва низ фармудааст: «Занҳо пои худро бар замин накӯбанд то он чӣ аз зару зевар бар худ доранд ошкор шавад ва дар ҳар сурат мӯъминин тавба кунанд то растгор шаванд».

Он чи аз ин каломи Худованд дар бораи пушиш маълум мешавад, лузуми пӯшондани рӯсарӣ бар гулӯ ва ибтидои сина мебошад. Пас ҳадди пушиш аз боло ба он миқдор аст ва аз поин пинҳон сохтани халхол ва зинате аст, ки ба по мебанданд. Пас бояд ду соқ то маҳалли насби халхол, ки буҷулаки ду тарафи пой мебошад, пӯшида гардад;

2. Вақте Асмо духтари ҳазрати Абӯбакр (рз) бо либосҳои нозук назди Расули Худо (с) омад, ҳазрат ба ӯ фармуданд: «Эй Асмо! Вақте зан ба синни булуғ расид набояд ҷуз рӯй ва ду дасташро касе бибинад».

Уммулмӯъминин Оиша (рз) гуфт, ки занони мӯъмина ба сурати бисёр маҳфузу пинҳон дар чодар ба намози ҷамоати субҳи Паёмбар(с) ҳозир мешуданд ва зуд пас аз намоз ба хонаҳояшон бармегаштанд то касе онҳоро нашиносад.

Дар инҷо шартҳои дигаре барои пушиш вуҷуд дорад:

1. Либоси зан ба худии худ зинат набошад, ҳамон гуна ки Худованд фармуд: «Дар хона бимонанд ва ба монанди замони ҷоҳилият нанамоянд (ва дар байни мардум зоҳир нашаванд»;

2. Либоси зоҳир ё чодари занон бисёр нозук ва баданнамо набошад, зеро Паёмбар фармуданд: «Дар охир-уз-замон заноне аз уммати ман бараҳна ва урён дар ҷомеа (дар миёни ҷамоат) зоҳир мешаванд, ки бар сари худ баландие эҷод мекунанд ва шавҳаронашон аҳли намозу масҷид ҳастанд, онҳоро лаънат кунед, ки онҳо лаънатшудагон ҳастанд»;

3. Либоси рӯ ва ё чодар дорои аксу нақш (нақшу гулкорӣ) ва низ хушбӯй ва муаттар бо атр ва ё чизи дигар набошад, чун Расули Худо (с) фармуданд: «Зане, ки атр бизанад ва аз канори гурӯҳе бигзарад ва онҳо бӯи атри ӯро ҳис кунанд, он зан ҳукми зинокорро дорад ва гуноҳи зинокор ба ӯ дода мешавад»;

4. Либоси зан монанди либоси мардҳо набошад, зеро Расули Худо (с) фармуданд: «Зане, ки худро монанди мардон кунад ва марде, ки худро шабеҳи занон намояд аз мо нест»;

5. Либосаш шабеҳи кофирон набошад, зеро Қуръони Маҷид муслиминро аз пайравии куффор манъ кардааст;

6. Либоси зан либоси шаҳватангез набошад, зеро Расули Худо (с) фармуданд: «Касе, ки дар дунё либоси шаҳватангез бипӯшад Худованд дар рӯзи қиёмат либоси зиллату хорӣ бар танаш мекунад ва сипас ӯро ба оташ меандозад»;

7. Дар баъзе ривоёт аз пӯшидани либоси ҳарир наҳй шудааст (ва албатта либоси ҳарире, ки рӯпӯш надошта бошад).

Хидмати зан дар хона

Ҳазрати Алӣ (к) фармуд: «Рӯзе ба Фотима тавсия кардам, ба ҷиҳати он ки дар асари осиёб намудани гандум дасташ варам карда ва дар асари бардоштани машки об кифтҳояш захмӣ шуда ва дар асари тоза кардани манзил либосҳояш ғуборолуд шуда буд, назди Паёмбар биравад то аз ӯ бихоҳад барояш хидматгузоре муҳайё кунад. Вақте назди Паёмбар рафт иддаеро назди он ҳазрат дид ва бе он ки суханашро ба миён гузорад бозгашт. Рӯзи дигар Паёмбар ба хонаи мо омад ва гуфт: «Духтарам дирӯз чӣ коре бо ман доштӣ?» Фотима сокит шуд ва ман мушкили ӯ ва сахтиҳое, ки ӯ дар хона дорад баён кардам ва гуфтам: Назди шумо омада буд то кӯмаккоре талаб кунад. Расули Худо (с) фармуд: «Духтарам! Худотарс бош ва воҷиботи илоҳиро анҷом деҳ ва худат дар хонаат кор кун ва зиндагии шавҳару фарзандонатро идора намо ва ҳар гоҳ барои хоб ба бистар рафтӣ сию се бор «Субҳоналлоҳ» ва сию се бор «Алҳамду лиллоҳ» ва сию чаҳор бор «Аллоҳу Акбар» бигӯ, ки ин кор барои ту аз доштани хидматгор беҳтар аст (ва туро қудрату қувват иноят мекунад). Ҳазрати Фотима гуфт: «Аз Худо ва Расули Худо розӣ шудам ва дигар ниёзе ба ходим ва кӯмаккор надорам».

Зани солеҳа

Расули Худо (с) фармуданд: «Мӯъмин баъд аз тақво ва тарс аз Худованд, аз чизи дигаре ба андозаи ҳамсари солеҳ суд намебарад. Ҳамсаре, ки вақте ба ӯ фармон диҳад итоат кунад ва чун ба ӯ назар мекунад, хушҳол шавад ва вақте аз ӯ ғоиб мешавад он зан худ ва моли шавҳарро муҳофизат намояд».

Ва низ фармуданд: «Чаҳор чиз аст, ки ба ҳар кас дода шавад хайри дунё ва охират ба ӯ дода шудааст: қалби шукргузор, забони зикргӯй, бадани собир дар балоҳо ва ҳамсари солеҳе, ки дар нафси худ ва дар моли шавҳар хиёнат нанамояд».

Ва дар ҳадиси дигар чунин мефармоянд: «Саодати мард дар доштани ҳамсари солеҳа, хонаи хуб ва маркаби муносиб аст ва шақовату бадбахтии ӯ дар доштани зани бад, манзили номуносиб ва маркаби бад мебошад».

Ва низ фармуданд: «Аз бадбахтии мард он аст, ки зане дошта бошад, ки аз диданаш нороҳат шавад, аз забонаш озор бинад ва дар набудани шавҳар, бар номуси ӯ амин набошад».

Бархӯрди шавҳарон бо ҳамсарон

Ислом, ҳамон гуна ки супоришоти бисёре ба бонувон кардааст, тавсияҳое низ ба мардон дар мавриди занон намудааст. Расули Акрам (с) фармуданд: «Беҳтарини шумо касе аст, ки беш аз дигарон бо ҳамсар ва фарзандонаш ба некӣ ва хубӣ рафтор намояд ва ман беҳтарини шумо нисбат ба аҳлу аёлам ҳастам». Ва фармуданд: «Касе, ки ахлоқаш беҳтар аст имонаш комилтар аст ва некӯкортарини шумо касе аст, ки нисбат ба ҳамсар ва аҳлаш некӯкортар ва меҳрубонтар бошад».

Супоришҳои як модар ба духтараш

Он чи дар зер меояд насиҳат ва супориши як зан ба зани дигар аст, ӯ пояҳои асосии зиндагии муштараки зану шавҳариро ба духтараш меомӯзад. Умми Аёс зане буд, ки ба равиши дуруст зиндагӣ кард ва таҷрибаҳои зиндагии муваффақи худро ба духтараш нақл намуд то ӯ ҳам зиндагии саҳеҳ ва муваффақе дошта бошад ва дар ҳақиқат мехост ӯро барои зиндагии ояндааш омода намояд.

Духтари ин зан бисёр зебо буд. Ҳорис ибни Амр, ки раиси қабилаи Кинда буд, ҷамоли ӯро дид ва ошиқу шефтааш шуд ва тасмим гирифт бо ӯ издивоҷ кунад: Шахсеро ба хостгорӣ фиристод ва ӯ мадҳу таърифи бисёр аз духтар намуд. Ақди издивоҷ ҷорӣ шуд ва вақти бурдани духтар ба хонаи шавҳар фаро расид. Дар ин ҳангом модар ба духтараш гуфт: «Азизам ту духтари баодоб ва тарбиятшудае ҳастӣ ва ниёзе ба насиҳат надорӣ, вале бидон, ки агар зане ба ҷиҳати сарвати хонаводагиаш аз шавҳар кардан бениёз буд, ба дурустӣ, ки ман бениёзтарини онҳо будам, аммо бидон, ки занон барои мардон офарида шудаанд, ҳамон тавре ки мардон низ барои занон офарида шудаанд.

Аввал ва дуввум: Бо шавҳарат ба таври хуб зиндагӣ кун, яъне аз ӯ розӣ бош, қаноатро пешаи худ соз, ҳарфашро бишнав ва фармонашро итоат кун.

Сеюм ва чаҳорум: Дар назди ӯ худро ороста кун ва мабодо, ки ӯ лаҳзае сару сурат ва вазъи туро зишту нораво бинад ва ҷуз бӯи хубу муаттар аз ту ба машомаш нарасад.

Панҷӯм ва шашум: Дар вақти хоб ва хӯроки ӯ дерт накун. Хӯрокро сари вақт омода соз ва ҷои хоби ӯро дар вақти муайян омода кун, зеро гуруснагӣ инсонро нороҳат мекунад ва нахобидан боиси хашму ғазаби ӯ мешавад.

Ҳафтум ва ҳаштум: Моли ӯро ҳифз кун ва риояти ҳоли наздикон, хонавода ва атрофиёнашро бинамо.

Нӯҳум ва даҳум: Дар ҳеҷ чиз ӯро нофармонӣ макун ва ҳаргиз асрори ӯро фош нанамо, ки агар фармонашро итоат накунӣ синаашро ба танг овардаӣ ва хашми ӯро бар худ харидаӣ ва агар рози ӯро фош кунӣ аз макри ӯ дар амон нахоҳӣ буд.

Ва дар охир, дар мавқеи шодии ӯ ҳаргиз ғамгин набош ва дар ғаму ғуссааш ҳаргиз изҳори шодӣ макун».