Қуръон роҳнамои парҳезгорон

Дар ояти дуюми сураи Бақара, дар робита бо Қуръони Карим, ин китоби осмонии мо мусалмонон омадааст:

Ин китоб, ки ҳеҷ шакке дар он нест, роҳнамои тақводорон аст.

Аммо тақво чист? Тақво, ки як лафзи арабист, дар форсӣ ба маънои парҳез кардан ва дурӣ ҷустан аст. Яъне худро дур кардан аз афкор ва аъмоле, ки хилофи дастуроти шариат аст-ро тақво мегўянд.Тақво сифати махсуси танҳо як табақа аз табақаҳои мӯъминон нест. Яъне чунин нест, ки ин сифат, сифати фақат як мартабае аз мартабаҳои имон бошад, то гуфта шавад, ки тақво мақомест аз мақомоти имон.(1) Тақво мисли сифати эҳсон (некӯкорӣ) нест. Сифати эҳсон, сифатест махсуси танҳо як табақа аз табақаҳои мӯъминон, ки мӯъминони мӯҳсин ва некӯкор ҳастанд. Мӯъмине, ки фаразан сифати эҳсон надошта бошад, намегӯянд, ки аз имон хориҷ шудааст. Аммо тақво чунин нест.

Тақво ва парҳезгорӣ, сифатест, ки бояд дар тамоми маротиб ва дараҷаҳои имон вуҷуд дошта бошад. Ба сухани дигар, бояд ҳамаи мӯъминон, агар мӯъмин ҳастанд, ботақво бошанд, вале чунин нест, ки ҳамаи мӯъминон, бояд дорандаи сифати эҳсон бошанд.

Далели он ҳам ин аст, ки Худои Мутаол дар ояте, ки дар садри мақола овардем, ба дунболи ин калима (яъне калимаи тақводорон), вақте сифатҳои ононро баён мекунад, аз миёни табақаҳои мӯъминон, бо он ҳама ихтилоф, ки дар табақаҳои онон аст, табақаи муайянеро мавриди назар қарор намедиҳад, балки манзураш ҳамаи мӯъминон аст.

Тақводорон миёни ду ҳидоят қарор доранд

Дар оятҳои нуздаҳгонаи аввали сураи Бақара, ки ҳол ва сифатҳои мӯъминон, кофирон ва мунофиқон пушти сари ҳам баён мешавад, аз сифатҳои баёнкунандаи тақво, танҳо панҷ сифат ёдовар мешавад. Ин сифатҳо иборатанд аз:

1 - имон ба ғайб;

2 - барпоии намоз;

3 - инфоқ аз он чи Худои Субҳон рӯзӣ карда;

4 - имон ба он чи бар паёмбарон нозил шудааст яъне китобҳои Худо;

5 - ба дастоварии яқин ба охират.

Сипас, дорандагони ин панҷ сифат, ба ин хусусият васф мешаванд, ки чунин касоне бар ҳидояти илоҳӣ қарор доранд:

Онон бар тариқи ҳидояти парвардигорашон ҳастанд ... (Сураи Бақара, ояти 5)

Ин худ ба хубӣ мефаҳмонад, ки номбурдагон ба хотири ин ки аз ноҳияи Худои Мутаол ҳидоят шудаанд, дорои ин панҷ сифат гаштаанд.

Аз сӯйе ҳам, дар ибтидои сура, китоби худро чунин шиносонидааст, ки мояи ҳидоят ва роҳнамои ҳамин тақводорон аст (он ҷо ки мефармояд: Он (Қуръон) китобест, ки шакк дар он роҳ надорад, ва мояи ҳидоят ва роҳнамои тақводорон аст), пас мефаҳмем, ки ҳидояти китоб, ғайр аз он ҳидоятест, ки сифатҳои номбурдаро дар пай дошт, ва низ мефаҳмем, ки тақводорон дар миёни ду ҳидоят ва роҳнамоии Худои Мутаол қарор доранд.

Яке, ҳидояти аввалӣ, ки ба хотири он, тақводор шудаанд, ва дигаре, ҳидояти дуюмӣ, ки Худои Субҳон ба поси тақвояшон, ба онон каромат фармудааст.

Он гоҳ қарор додани тақводорон, ки гуфтем дорои ду ҳидоятанд, дар баробари кофирон ва мунофиқон дуруст мешавад. Зеро кофирон ҳам, дар миёни ду гумроҳӣ, ва мунофиқон ҳам дар миёни ду кӯрӣ қарор доранд.

Яке, гумроҳӣ ва кӯрии аввал, ки боиси сифатҳои палиди онон – аз куфру нифоқ ва ғайра – шудааст, ва дуюм гумроҳӣ ва кӯрие, ки гумроҳӣ ва кӯрии аввалашонро бештар кардааст. Худованди субҳон аввалиро ба худи онон, ва дуюмиро ба худаш – ба унвони ҷазои гумроҳӣ ва кӯрии аввалашон – нисбат додааст.

Дар хусуси кофирон мефармояд: Худо бар дилҳояшон мӯҳр зада ва бар гӯш ва чашмҳояшон пардаест ва онон азоби азиме доранд. (Сураи Бақара, ояти 7). Дар чашм парда доштан-ро ба худи онон, ва мӯҳр задан бар дилҳояшон-ро ба худаш нисбат додааст.Ҳамчунин, дар оятҳои баъд, дар бораи мунофиқон мефармояд: Дар дилҳояшон бемориест, пас Худо ба кайфари нифоқашон, он бемориро зиёд карда. (Сураи Бақара, ояти 10). Бемории аввалиро ба худи мунофиқон, ва бемории дуюми ононро ба худаш нисбат медиҳад.Ҳамчунин, дар ояти дигаре мефармояд: Вақте худашон аз роҳи рост бероҳа шуданд, Худо ҳам дилҳояшонро бероҳа кардааст. (Сураи Сафф, ояти 5).

Кӯтоҳи сухан он ки тақводорон миёни ду ҳидоят воқеанд, ҳамчуноне ки кофирон ва мунофиқон низ миёни ду гумроҳӣ қарор гирифтаанд, ва ҳар се табақа, аз ин ду хислати худ, якеро – яъне аввалиро – худашон доштаанд, ва дуюмиро Худои Субҳон ба унвони ҷазо бар хислати аввалияшон изофа кардааст.

Саломати фитрат, сабабгари ҳидояти аввалист

Аз он ҷо ки ҳидояти дуюми тақводорон, ба василаи Қуръон сурат мегирад, маълум мешавад, ки ҳидояти аввалӣ, қабл аз Қуръон (ва пеш аз роҳнамоии паёмбарон) будааст. Сабабгари он ҳам саломати фитрат мебошад. Яъне панҷ сифате, ки баёнкунандаи сифати тақво ҳастанд, ба ҳидоят ва роҳнамоии фитрати солими шахс, дар ӯ таҷассум ёфтаанд.

Тавзеҳи матлаб он ки шахсе ки фитрати солим ва беолоиш дошта бошад, хоҳ нохоҳ ва бидуни он ки касе ба ӯ талқин намояд, имон ба мавҷуди ғоибе дорад; мавҷуде, ки ҳастии ин шахс ва ҳастии тамоми мавҷудоти олам, такя ба он доранд. Бо каме тааммул, ҳар касе метавонад ба ин ҳақиқат пай бубарад.

Шахси бархурдор аз фитрати солим, баъд аз он ки ба чунин мавҷуди ғайбӣ имон овард, он гоҳ пай мебарад, ки ин мавҷуди ғайбӣ, ки оғозгоҳи тамоми мавҷудот аст ва ҳатто як дақиқае ҳам аз эҳтиёҷи мавҷудот ғофил намемонад,(2) чӣ гуна мумкин аст аз ҳидояти бандагонаш ғофил бимонад ва роҳи наҷот аз амалҳо ва ахлоқи ҳалокатоварро ба онон нишон надиҳад?

Ҳамин пурсиш ва пурсишҳои дигаре, ки аз пеши худаш барои ӯ матраҳ мешавад, сар аз масъалаи тавҳид (Худоро ягона донистан), нубувват (роҳнамоӣ) ва маод (зиндагии пас аз марг) мебароварад ва дар натиҷа худро чунин пойбанд месозад, ки дар баробари он оғозгоҳи ҳастӣ ва ягона, сар хам намояд, чун офаринанда ва парвардигори ӯ ва ҳамаи олам аст. Ҳамчунин худро пойбанд мекунад, ки дар ҷустуҷӯи ҳидояти ӯ барояд(3) ва вақте ба ҳидояти ӯ расид, он чи дар тавони ӯст – аз молу мақому донишу фазилат – ҳамаро дар роҳи эҳёи он ҳидоят ва нашри он дин ба кор бандад.(4) Ин ҳамон намозу инфоқ аст, аммо на намозу закоти Қуръон, зеро гуфтори мо дар бораи шахсест, ки ҳанӯз бо Қуръон ошно нест, балки ӯ инҳоро дар фитрати худ меёбад, фитраташ инҳоро ба гарданаш меандозад ва ӯ ҳам аз фитраташ мепазирад.

Аз ин ҷо маълум мешавад, ки он панҷ сифате, ки Худои Мутаол онҳоро заминаи ҳидояти қуръонӣ қарор додааст, сифатҳоест, ки фитрати солим дар одамӣ эҷод мекунад ва Худои Субҳон ба дорандагони чунин фитрате ваъда медиҳад, ки ба зудӣ ба василаи Қуръонаш ононро ҳидоят мекунад.

Пас амалҳои панҷгонаи номбурда, дар миёни ду ҳидоят восита қарор гирифтаанд; ҳидояте собиқ бар он амалҳо (фитрат) ва ҳидояте пас аз он (ҳидояти Қуръон). Ба гуфтори дигар, эътиқоди рост ва амалҳои некӯ, миёни ду ҳидоят воситаанд, ба тавре ки агар баъд аз ҳидояти фитрат, он эътиқод ва он амалҳо набошад, ҳидояти дуюмӣ дастрас намешавад.Масъалаи гумроҳии кофирон ва мунофиқон айнан монанди ҳидояти тақводорон аст. Яъне дорои ду марҳала аст; яке аз ноҳияи худашон, ва дигаре, ба унвони ҷазо аз ноҳияи Худо.(5)

(Пойгоҳи Кимиёи саодат) 


Пайнавиштҳо: 

1−Дар ҷои худаш ин баҳс ҳаст, ки имон дараҷаҳое дорад, ва ҳамаи мӯъминон дар як мақом ва як дараҷа қарор надоранд.

2−Ба рўшанӣ мебинем, ки ҳар мавҷуде, ки дар ин олами паҳновар ба сар мебарад, эҳтиёҷоте дорад ва офаринандаи ҳастӣ, лаҳзае аз баровардани эҳтиёҷоти ӯ ғофил нест. Агар инсон ва дигар мавҷудоти зинда эҳтиёҷ ба ҳаво доранд, барояшон ҳаво фароҳам сохтааст, то аз он танаффус намоянд, ва агар барои идомаи ҳаёт, эҳтиёҷ ба ғизо доранд, барояшон васоили хӯрдан ва ошомидан муҳаё кардааст ва ғайра.

3−Касоне ҳастанд, ки ба он чи бар ту нозил шуда, ва он чи пеш аз ту нозил гардида, имон меоваранд. (Қуръони карим)

4−Ва намозро барпо медоранд ва аз тамоми неъматҳое, ки ба онон рўзӣ додаем, инфоқ мекунанд. (Қуръони карим)

5−Баргирифта аз китоби тафсири Мизон - Алломаи муфассир Сайид Муҳаммад Ҳусайни Таботабоӣ.