Ҳеҷ қавме ба саодат намерасад магар худаш бихоҳад!

Як ҳазору чаҳор саду анде сол пеш вақте башарият неъмати бузурге ҳамчун Муҳаммад Расули Аъзам (дуруди худо бар ӯ бод)-ро дар миёни худ доштанд, аз ӯ омухтанд то дар зиндагии  фардӣ ва иҷтимоии худашон ҳаққи дигаронро муҳтарам бишуморанд ва он касе, ки ҳаққи дигаронро поймол  кунад  золим ва шоистаи таъдиб ва муҷозот бидонанд.

Расули  Раҳмат (с) ҳамчун мунодии ҳақ ва адл, сулҳу раҳмат дар тамоми солҳои зиндагиаш улгу ва намунае аҳсан буд.

Дар он замонҳо, ки қисми зиёде аз башарият дар зулму фасоди ҳокимон ғутавар буданд ва солҳо ҷангу кушторро дида буданд, паёмҳои осмонии он марди худоиро ба дилу ҷон пазируфтанд. Аммо чанде нагузашт, ки сарони фосид ва золим мақоми худро дар хатар диданд ва пайравони роҳи саодатро зери гурзи золимонаи худ бурданд то шояд онҳо ва ё дигар мардумонро аз пайравиӣ  Паёмбар Раҳмат (с) боз доранд.

Аҳад Аҳаду, Арраҳмон Арраҳмони асҳобе ҳамчун Билол, Абозар, Аммор ва... гушҳои  золимонро  кар  ва  дилҳои  ҳақталабонро  пур  аз ишқу  имон  карда  буд. Ҳоло мунтазири  рузе буданд то битавонанд  ҳаққи  худро аз он  ҳокимони  золим  бигиранд  ва онҳоро ба ҷазои  дунёияшон бирасонанд.
Чанде интизорашон дароз нагашт, ки амри ҳиҷрат  содир  ва заминаи он ҳадаф  муҳаё  гашт.
Ба зудӣ асҳобу ёрони Расули Аъзам(с) бо худ паёми сулҳу Раҳматро ба ҷо ҷои ҷаҳон бурданд ва қудрате  азим  ҷамъ шуд то...

Он замоне, ки сарзамини ваҳй, Макка ба дасти муминони Худо расид, боз ҳам Раҳмати бе поёни Паёмбари Ислом сабаб шуд ҳаммаи он зулму беадолатии онҳоро бибахшад ба он шарт, ки дигар ба мусалмонон тааддӣ ва зулму бе ҳураматие нашавад.

Бо ин фармони Илоҳӣ пайравони Расули Худо(с) ҳам аз гуноҳи онҳо гузаштанд ва онҳоро ба дини мубини  Ислом ҳидоят  карданд. Аммо то ҷаҳон пойдор аст, зулму нифоқ чи ошкору чи ноҳон дар камин аст!

Дар омузаҳои ин дин ва низом, чи пеш аз ҳоким шудан чи дар ҳоли  ҳокимият, вафои ба аҳду паймон бо ҳар касе, ки бошад лозим ва  фарз дониста шуда аст. То онҷо, ки амал накардан ба он  ҳамчун гуноҳ қайд шуда аст.

Баъд аз чаҳордаҳ аср, бо инки ба зоҳир башарият мутамаддинтар ва бо иддаои риояти ҳуқуқи башар борҳо кишварҳо ва Уммати Исломро ба поймолии ҳуқуқи башарият муҳкум мекунанд, аммо боз ҳам бояд бовар кунем, ки беҳтарин омуза ва дарсҳоро аз Ислом дорем ва агар ба он амал шавад, ҳато муреро дар озор  нахоҳем ёфт ва сулҳу раҳмат дар байни башарият эҳё хоҳад шуд. Албатта ногуфта намонад, ки рафтору гуфтори баъзе аз ҳокимони ба ном исломӣ набояд ба номи дину диёнат навишта шавад чунон, ки гуфтаанд:

Ислом ба зоти худ надорад айбе     ҳар айбе ҳаст дар мусалмоноии мост.

  Агар ба сухени орифонаи шайх Саъдӣ, ки бо илҳом аз Қуръони Карим  гуфтааст:

Бани Одам аъзои якдигаранд,   

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд

Чу узве ба дард оварад рузгор   

Дигар узвҳоро намонад қарор

амал шавад бо итминон метавон гуфт, дигар поймолии ҳақ, гуруснагӣ ва ҷангу фасод ва ... дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ҳар дину оин  нахоҳад буд, ва башариятро ба суи саодат  ҳидоят хоҳад кард.
Гузашта аз зулму ҷанг ва терору кушторҳои ноҳаққе, ки дар ҷаҳон вуҷуд дорад, ҷомеаи сулҳталабу пайрави ҳаққу ҳақиқати кишвари азизамон Тоҷикистон  навъе аз он бе адолатӣ  ва кушторро таҷриба карда аст ва дар таърихи куҳану ифтихоромузи худаш ҳамеша бо бе раҳмию зулм мухоллиф  буда хубӣ ва бадиро бо адолат ва раҳмат посухи муносиб додааст.
Аммо дар солҳое аз таърихи ҳастиаш ин марзи пур ифтхор фарзандонеро дар худ ҷой дод, ки суханашон таҳқиру зур, кирдорашон зулму поймол кардадни ҳуқуқи дигарон ва... буд. Вуҷуди ин алафҳои ҳарз чеҳраи раҳмонӣ ва меҳрубононаи  халқи ин сарзаминро олуда намуд, аммо миллати оқилу доно сиёҳиро дар сафедӣ ҷой нахоҳад дод ва сад албатта миллати мо оқилу доно буда ва ҳастанд ва дар таърихи ҳазоронсолаи худ онро собит кардаанд.
Чунон, ки Худои Ҳаким фармудаст:

  «Зд Зббе бЗнЫнС гЗ ИЮжг НКн нЫнС гЗ ИЗдЭУег . СЪП/11»

Ба дурустӣ Худованд барои қавме тағйире иҷод намекунад магар инки худашон тағйире иҷод кунанд /сураи Раъд/11

Бале, агар толиби тағйир дар зиндагии дунявӣ ва ухравии худ ҳастем бояд худ ин масулиятро ба уҳда бигирем ва бидонем, ки сирфи таваккулу беаҳамиятӣ мушкилро даво нест!.
Бар ҳамин асос тарбияти фарзандон, ки метавонад беҳтарин роҳ ва шуруи тағйиру таҳаввул дар ҷомеа бошад, бояд бар асоси  бовару  эътиқодоте, ки садҳо сол  мояи ифтихори ин сарзамин будааст бошанд то бори дигар миллату давлат ва  сарзаминамонро дар қулаҳои илму адаб ва  фарҳангу тамаддуни матаолӣ бибинем.

Бовару эътиқоди содиқ сабаби гуфтору рафтори нек ва рушди ҷомеи  хоҳад шуд.