Ихтилоф ва паёмадҳои ногувори он дар Қуръон

Қуръони карим гурӯҳгароӣ ва парокандагиро аз барномаҳои мушрикон дониста ва мусалмононро ба шиддат аз он наҳй карда ва ба инсиҷом таҳти пӯшиши тавҳид даъват фармуда

ва бо сароҳат мефармояд: аз мушрикон набошед; аз касоне ки дини худро пароканда сохта ва ба дастаҳо ва гурӯҳҳо тақсим шуданд.

Пешгуфтор

Таърихи ҳаёти башарӣ ҳамвора шоҳиди мунозиот ва кашмакашҳое байни ақвом ва миллатҳои ҷаҳон ва паёмадҳои ногувору ғамангези он будааст. Такассур ва гуногунӣ дар ҷавомеи башарӣ амре таквинӣ буда ва воқеияте аст, ки бар асоси он бояд рафтор кард, вале самараи ноҳанҷори ин такассур, ихтилофоте дар пай дорад, ки гоҳ ба ҷангҳову мусибатҳои таҳаммулнашуданӣ ва нобудии инсонҳо ва нобасомониҳои зиёдеро дар зиндагии башар меанҷомад, ки албатта дар ин бурҳа аз замон фаҳми ин ҳақиқат барои ҳамагон басе осон аст, зеро ҷаҳон ва ҷаҳониён ҷиноятҳои дудманишонаи истикбори ҷаҳонӣ яъне Амрико ва фарзанди номашрӯи ӯ Исроили ғосибро шоҳиданд ва иллати давоми ин ҷиноятҳо ва қулдуриҳо чизе ҷуз тафриқа ва ҷудоии мусалмонон нест.

Дар ин навиштори мухтасар бар онем, ки ихтилоф ва омилҳо ва паёмадҳои онро бо мутолеа дар оятҳои Қуръони карим ва ривоятҳои исломӣ мавриди баррасӣ қарор диҳем.

Мафҳуми ихтилоф ва ваҳдат

Калимаи ихтилоф ва ваҳдат аз калимаҳои маъдуде аст, ки ҳамвора такяи каломи зимомдорон ва ҳокимон буда аст. Аз ин рӯ, мафҳуми куллии ин ду калима бисёр рӯшан аст. Аммо нуктае, ки набояд мавриди ғафлат қарор гирад, ин аст ки оё калимаи ваҳдат ва ихтилоф мисли ду калимаи адл ва зулм ҳастанд, ки аввалӣ ба таври мутлақ мамдуҳ ва писандида ва дуюмӣ мазмум ва нописанд аст?

Дар ҷавоб бояд гуфт: ба рағми зеҳнияти афкори умумӣ, ихтилоф ва ваҳдат, ҳеҷ як арзиши зотӣ надорад, балки арзиш ё зидди арзиш будани ҳар кадом, бо тағйири мавзӯъ аст.

Ба таъбири дигар, мавзӯи ваҳдат метавонад риоят ва илтизом ба қонунҳои илоҳӣ бошад, чунон ки Қуръони карим мефармояд: “Ваътасиму биҳаблиллоҳи ҷамиъан ва ло тафаррақу, вазкуру ниъматаллоҳи алайкум из кунтум аъдоан фа аллафа байна қулубикум фа асбаҳтум биниъматиҳи ихвоно”.(1)

Ва ҳамагӣ ба ресмони Худо (Қуръон ва Ислом ва ҳар гуна василаи раҳмат) чанг занед ва пароканда нашавед ва неъмати Худоро бар худ ба ёд оваред, ки чигуна душмани якдигар будед. Ва Ӯ миёни шумо улфат эҷод кард ва ба баракати неъмати ӯ бародар шудед.

Ва ё риояти қонунҳое бошад, ки бо назархоҳӣ ва ҷамъбандии орои андешмандон, коршиносон ва нухбагони миллате ё миллатҳои ҷаҳон, бо ҳадафи ҳусули назму амнияти ҳамагонӣ бо раъйи аксарият тасвиб шавад ва бештарин манофеъро барои умум доро бошад ва дар сояи он, рушду шукуфоӣ ва тавсиаи ҳамаҷонибаи миллат ва тараққию таолии башарӣ ба даст ояд. Чунин ваҳдате, ки реша дар тафоҳум ва вифоқ дорад, бешак матлуб аст ва эҷоди ихтилоф дар он норавост.

Вале, агар мавзӯи ваҳдат, итоати фармонҳои ситамгар ва диктаторӣ бошад, ки ба манофеъ ва бартариталабиҳои худ ва атрофиён ё қавму нажоди худ менигарад ва афкори умумӣ дар он нодида гирифта мешавад, чунин ваҳдате арзиш маҳсуб намешавад ва дифоъпазир нест.

Ҳамчунин, агар мавзӯи ваҳдат, стратегияи абарқудратӣ бошад, ки бо ҳадафи якқутбӣ намудани ҷаҳон ва султа бар ҳамаи миллатҳо аз тариқи боҷхоҳӣ ва боҷ додан ва таҳдиду тамаъ шакл гирад ва манофеи миллатҳои мустазъаф нодида гирифта шавад, ҳеҷ мунсифе ҳифзи чунин ваҳдатеро, ки бо зулму ситам ба ақшори заиф ҳамроҳ аст, раво намедонад, балки дар ин маворид ихтилофу шикастани ин гуна ваҳдат барои ҷойгузин намудани вифоқе дигар сазовор аст.

Қуръони карим мефармояд: “Ва таъовану алал бирри ват тақво ва ло таъовану алал исми вал удвон ...”(2)

Ва (ҳамвора) дар роҳи некию парҳезгорӣ бо ҳам ҳамкорӣ кунед ва (ҳаргиз) дар роҳи гуноҳу таҷовуз ҳамкорӣ нанамоед.

Ин ояти шарифа, баёнгари як асли куллии исломии ҳамкорӣ бар некию тақво аст, ки саросари масоили иҷтимоию ҳуқуқию ахлоқию сиёсиро дарбар мегирад. Тибқи ин асл, мусалмонон вазифадор ҳастанд дар корҳои нек ҳамкорӣ кунанд, вале ҳамкорӣ дар ҳадафҳои ботил ва аъмоли нодурусту зулм, ҳамкорӣ бар исму удвон, ба таври мутлақ мамнӯъ аст, гар чӣ муртакиби он дӯсти наздик ё бародари инсон бошад.

Ин қонуни исломӣ, дуруст бар зидди қонуне аст, ки асри ҷоҳилият ва ҳатто ҷоҳилияти имрӯз низ ҳоким аст, ки “Унсур ахока зулман ав мазлуман”.(3). (Яъне бародар (ё дӯст ва ҳампаймонат)-ро ҳимоят кун, хоҳ золим бошад ё мазлум).

Давом дорад...


1−Сураи Оли Имрон: 103.

2−Сураи Моида: 2.

3−Тафсири Намуна, ҷ. 4, с. 253.