back

index

next

38   Оре, шумо ҳамон гурўҳе ҳастед, ки барои бахшиш дар роҳи Худо даъват мешавед, баъзе аз шумо бухл меварзанд ва ҳар кас бухл варзад, нисбат ба худ бухл кардааст ва Худованд бениёз аст ва шумо ҳама ниёзмандед. Ва ҳар гоҳ сарпечӣ кунед, Худованд гурўҳи дигареро ба ҷои шумо меоварад, пас онҳо монанди шумо нахоҳанд буд (ва саховатмандона дар роҳи Худо бахшиш мекунанд).

Сураи Фатҳ

Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 29 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1   Мо барои ту пирўзии ошкоре фароҳам сохтаем,

2   То Худованд гуноҳони газашта ва ояндаеро, ки ба ту нисбат медоданд, бубахшад (ва ҳаққонияти туро собит намуда) ва неъматашро бар ту тамом кунад ва ба роҳи рост ҳидоятат намояд,

3   Ва пирўзии шикастнопазире насиби ту кунад.

4   Ў касе аст, ки оромишро дар дилҳои мўъминон нозил кард, то имоне бар имонашон бияфзояд. Лашкариёни осмонҳо ва замин аз они Худост ва Худованд Доно ва Ҳаким аст.

5   Мақсад (-и дигар аз он фатҳи мубин) ин буд, ки мардону занони бо имонро дар боғҳое (аз биҳишт) дохил кунад, ки наҳрҳо аз зер (-и дарахтонаш) ҷорӣ аст, дар ҳоле, ки ҷовидона дар он мемонанд ва гуноҳонашонро мебахшад ва ин назди Худо растагории бузурге аст.

6   Ва (низ) мардону занони мунофиқ ва мардону занони мушрикро, ки ба Худо гумони бад мебаранд, муҷозот кунад. (Оре), ҳодисаҳои ногуворе, (ки барои мўъминон интизор мекашанд), танҳо бар худашон нозил мешавад. Худованд бар онон ғазаб карда ва аз раҳмати худ дурашон сохта ва ҷаҳаннамро барои онон омода кардааст. Ва чӣ саранҷоми баде аст.

7   Лашкариёни осмонҳо ва замин танҳо аз они Худост ва Худованд Шикастнопазир ва Ҳаким аст.

8   Ба яқин мо туро гувоҳ (бар аъмоли онҳо) ва башоратдиҳанда ва бимдиҳанда фиристодем,

9   То (шумо мардум) ба Худо ва Расулаш имон оваред ва аз ў дифоъ кунед ва ўро бузург доред ва Худоро субҳу шом тасбеҳ гўед.

10   Касоне, ки бо ту байъат мекунанд, (дар ҳақиқат) танҳо бо Худо байъат менамоянд. Ва дасти Худо болои дасти онҳост, пас ҳар кас паймоншиканӣ кунад, танҳо ба зиёни худ паймон шикастааст ва он кас, ки нисбат ба аҳде, ки бо Худо бастааст, вафо кунад, ба зудӣ подоши бузурге ба ў хоҳад дод.

11   Ба зудӣ мухолифон аз аъроби бодиянишин (узртарошӣ карда), мегўянд: «(Ҳифзи) молҳо ва хонаводаҳои мо, моро ба худ машғул дошт (ва натавонистем дар сафари Ҳудайбия туро ҳамроҳӣ кунем), барои мо талаби омурзиш кун». Онҳо ба забони худ чизе мегўянд, ки дар дил надоранд. Бигў: «Чӣ касе метавонад дар баробари Худованд аз шумо дифоъ кунад, ҳаргоҳ зиёне барои шумо бихоҳад ва ё агар нафъе ирода кунад, (монеъ гардад?!). Ва Худованд ба ҳамаи корҳое, ки анҷом медиҳед, Огоҳ аст».

12   Вале шумо гумон кардед, ки Паёмбар ва мўъминон ҳаргиз ба хонаводаҳои худ бознахоҳанд гашт. Ва ин (пиндори ғалат) дар дилҳои шумо зинат ёфта буд ва гумони бад кардед. Ва саранҷом (дар доми шайтон афтодед ва) ҳалок шудед.

13   Он кас, ки ба Худо ва Паёмбараш имон наёварда (сарнавишташ дўзах аст), зеро мо барои кофирон оташи фурўзон омода кардаем.

14   Моликият ва ҳокимияти осмонҳо ва замин аз они Худост. Ҳар касро бихоҳад (ва шоиста бидонад), мебахшад ва ҳар касро бихоҳад, муҷозот мекунад. Ва Худованд Омурзанда ва Меҳрубон аст.

15   Ҳангоме, ки шумо барои ба даст овардани ғаниматҳое ҳаракат кунед, ақибмондагони (Ҳудайбия) мегўянд: «Бигузоред, мо ҳам ба дунболи шумо биёем, онҳо мехоҳанд каломи Худоро тағйир диҳанд». Бигў: «Ҳаргиз набояд ба дунболи мо биёед, ин гуна Худованд аз қабл гуфтааст». Онҳо ба зудӣ мегўянд: «Шумо нисбат ба мо ҳасад меварзед», вале онҳо ҷуз андаке намефаҳманд.

16   Ба бозмондагони аз аъроб бигў: «Ба зудӣ аз шумо даъват мешавад, ки ба сўи қавми нерўманд ва ҷангҷўе биравед ва бо онон пайкор кунед, то Ислом биёваранд, агар итоат кунед, Худованд подоши неке ба шумо медиҳад ва агар сарпечӣ намоед-ҳамон гуна, ки дар гузашта низ сарпечӣ кардед-шуморо бо азоби дардноке кайфар медиҳад».

17   Бар нобино ва лангу бемор гуноҳе нест, (агар дар майдони ҷиҳод ширкат накунанд). Ва ҳар кас Худо ва Расулашро итоат намояд, ўро дар боғҳое (аз биҳишт) ворид мекунад, ки наҳрҳо аз зери (дарахтонаш) ҷорӣ аст. Ва он кас, ки сарпечӣ кунад, ўро ба азоби дардноке гирифтор месозад.

18   Худованд аз мўъминон-ҳангоме, ки дар зери он дарахт бо ту байъат карданд-розӣ ва хушнуд шуд. Худо он чиро дар даруни дилҳояшон (аз имону садоқат) нуҳуфта буд, медонист. Бинобар ин оромишро бар дилҳояшон нозил кард ва пирўзии наздике ба унвони подош насиби онҳо фармуд.

19   Ва (ҳамчунин) ғаниматҳои бисёре, ки онро ба даст меоваред. Ва Худованд Шикастнопазир ва Ҳаким аст.

20   Худованд ғаниматҳои фаровоне ба шумо ваъда дода буд, ки онҳоро ба даст меоваред, вале ин якеро зудтар барои шумо фароҳам сохт. Ва дасти таҷовузи мардум (душманон)-ро аз шумо боздошт, то нишонае барои мўъминон бошад ва шуморо ба роҳи рост ҳидоят кунад.

21   Ва низ ғаниматҳо ва футуҳоти дигаре (насибатон мекунад), ки шумо тавоноии онро надоред, вале қудрати Худо ба он иҳота дорад ва Худованд бар ҳама чиз Тавоност.

22   Ва агар кофирон (дар сарзамини Ҳудайбия) бо шумо пайкор мекарданд, ба зудӣ мегурехтанд, сипас валию ёваре намеёфтанд.

23   Ин суннати илоҳӣ аст, ки дар гузашта низ будааст. Ва ҳаргиз барои суннати илоҳӣ тағйиру табдиле нахоҳӣ ёфт.

24   Ў касе аст, ки дасти онҳоро аз шумо ва дасти шуморо аз онон дар дили Макка кўтоҳ кард, баъд аз он ки шуморо бар онҳо пирўз сохт. Ва Худованд ба он чӣ анҷом медиҳад, Биност.

25   Онҳо касоне ҳастанд, ки кофир шуданд ва шуморо аз (зиёрати) Масҷид-ул-Ҳаром ва расидани қурбониҳоятон ба маҳалли қурбонгоҳ боздоштанд. Ва ҳаргоҳ мардону занони боимоне дар ин миён бидуни огоҳии шумо, зери дасту по, аз байн намерафтанд, ки аз ин роҳ айбу ори ноогоҳонае ба шумо мерасид, (Худованд ҳаргиз монеи ин ҷанг намешуд). Ҳадаф ин буд, ки Худо ҳар касро мехоҳад, дар раҳмати худ ворид кунад. Ва агар мўъминон ва кофирон (дар Макка) аз ҳам ҷудо мешуданд, кофиронро азоби дардноке мекардем.

26   (Ба хотир биёваред) ҳангомеро, ки кофирон дар дилҳои худ хашму нихвати ҷоҳилият доштанд. Ва (дар муқобил), Худованд оромиш ва сакинаи худро бар Паёмбараш ва мўъминон нозил фармуд ва онҳор ба ҳақиқати тақво мулзам сохт. Ва онон аз ҳар кас шоистатар ва аҳли он буданд. Ва Худованд ба ҳама чиз Доност.

27   Худованд он чиро ба Паёмбараш дар олами хоб нишон дод, рост гуфт. Ба таври қатъ ҳамаи шумо ба хости Худо вориди Масҷид-ул-Ҳаром мешавед, дар ниҳояти амният ва дар ҳоле, ки сарҳои худро тарошида ё кўтоҳ кардаед ва аз ҳеҷ кас тарсу ваҳшате надоред. Вале Худованд чизҳоеро медонист, ки шумо намедонистед (ва дар ин таъхир ҳикмате буд). Ва қабл аз он фатҳи наздике (барои шумо) қарор додааст.

28   Ў касе аст, ки расулашро бо ҳидоят ва дини ҳақ фиристода, то онро бар ҳамаи динҳо пирўз кунад. Ва кофӣ аст, ки Худо гувоҳи ин мавзўъ бошад.

back page

index page

next page