Дарси Ҳаштум

Мўъ ҷ изаҳои Қуръон аз назари ҳамоҳангӣ дар равиш ва баён

Ҳамагӣ медонем, ки ҳолатҳои дарунии инсон аз назари нишоту шодӣ, ғаму ранҷ ва комёбиву нокомӣ, дар равиши сухан гуфтан комилан таъсир дорад. Ҳангоме ки эҳсосоти ширин ва ё тунд, ба инсон даст медиҳад қувваҳои фикрӣ ва дарккунандаи инсон ба ҳаракат медарояд ва инсон эҳсосоти дарунии худро дар беҳтарин қолиб аз назари лафз ва маъно мерезад ва дигаронро аз ғавғое, ки дар даруни ў ҳукмфармост огоҳ месозад. Дар ҳоле ки ҳамин шахс дар шароитҳои оддӣ наметавонад ба чунин равише сухан бигўяд ва ё бинависад.

Амну оромиш ва ё ҷангу ситез дар равиши сухан гуфтани инсон комилан муассир аст. Фикрҳову лафзҳо, ки дар лаҳзаҳои фароғат аз дилу дамоғ таровиш мекунад ва аз нўги забон мерезад, бо он чи ки дар мавқеи гирифторӣ дар рўи дил нақш мебандад комилан бо ҳам фарқ мекунад.

На танҳо ҳолатҳои дарунӣ дар равиши баёни инсон муассир аст, балки фаслҳои мухталифи зиндагӣ аз даврони ҷавонӣ то вақти пирӣ, ки ақл ва фикри инсон дар ин муддат комил ва пухта мешавад, дар тарзи тафаккур ва наҳваи сухан гуфтан комилан муассир мебошад.

Рўи ин асос аст, ки нависандагон ва сарояндагони забардаст мавқеи нашри осори илмӣ ва фикрӣ ва адабӣ кўшиш мекунанд, ки онҳоро гулчин намоянд ва аз қисмате аз осори худ чашм пўшида ва онҳоро ба дур меандозанд чун мавқеи нашри осори худ, аз назари такомули фикрӣ ба дараҷае мерасанд, ки осори деринаи худро бо мақом ва шууни феълии худ муносиб намебинанд.

Агар дар осори илмӣ ва адабии шахсиятҳои ҷаҳон як навъ ихтилоф ва ноҳамрангӣ мушоҳида мекунем, ба ин сабаб аст, ки гуфта шуд. Ин гуна осори мухталиф ба хотири ин аст, ки он осор дар бахшҳои гуногуни зиндигии онҳо навишта шудааст, аз ин сабаб наметавонанд якхел бошанд. Такомул дар ҷаҳони офариниш як қонуни истиснонопазир аст ва гузашти замону рўз ва моҳ ва ҳодисаҳои гуногун дар рўҳияҳову фикрҳои инсон таъсири босазое доранд, то он ҷо, ки фикрҳои деринаи инсон пояи ҷаҳишҳо ва дигаргунии фикрии наве мебошанд, ки дар даруни инсон ҷавона мезанад.

Нависандаи бузурги исломӣ, Имодуддин Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Ҳомиди Исфаҳонӣ, ки дар соли 597 вафот кардааст мегўяд: инсонеро надидам, ки имрўз чизеро бинависад, магар ин ки фардои он рўз ақидаашро иваз карда ва мегўяд: Агар ин қисматро иваз кунам беҳтар мешавад ва ё инро изофа намоем зеботар мешавад. Агар ин фаслро аз аввали китоб бардорему дар ҷои дигар гузорем ва ё ҳазфаш кунем беҳтар мешавад. Ин гуна орзуҳо гувоҳ бар ин аст, ки нақсу бечорагӣ бар инсон истило дорад ва ў пайваста қадам ба сўи камол мегузорад. Суханони як шахси оддӣ, ҳарчанд дар ширинии гуфтор ва зебоии калом ва иншо саромади рўзгор бошад, наметавонад ҳама вақт якхел бошад, балки дар гуфтор ва суханони ў навасони комиле вуҷуд хоҳад дошт. Сарояндагони сухансоз ва гўяндагони фасеҳ ва балиғ, ҳар андоза дар фанни шеъру суханронӣ қавӣ ва неруманд бошанд, вале ҳамаи сурудаҳо ва суханони онон зебо ва ширин, фасеҳ ва балиғ нахоҳад буд. Агар қисмате аз шеърҳо ва суханони онон мумтозу олӣ бошад, қисмати дигараш бисёр паст ва дар дараҷаи бисёр поин қарор мегирад.

Равиши Қуръон бар хилофи онҳо аст. Қуръон дар айни ин ки баъзе аз оёташ бар баъзеи дигар бартарӣ дорад, вале ҳамагӣ дорои як равиш аст, ки онҳоро ба дараҷаи мўъҷиза ва ба мақоме расондааст, ки касе наметавонад монанди онро биоварад ва бо он муқобила кунад. Ва ҳаргиз ихтилофҳо ва навасон дар равише, ки баъзе ба дараҷаи мўъҷиза бирасад ва баъзеи дигар дар радифи душманони оддӣ қарор гирад, дар Қуръон вуҷуд надорад.

Қуръон бо ин ки дар муддати 23-сол дар ҳолатҳои мухталиф ва шароити гуногуне бар Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам нозил гардид ва ҳар кадом аз он ҳолатҳо дар эҷоди ихтилоф дар равиш ва балоғати калом нақши муассире доранд бо ин васф, ҳамаи сураҳои Қуръон дорои як равиш аст ва миёни аввалин сурае, ки бар Паёмбар нозил шуд (сураи Иқраъ) бо охирин сурае, ки ба он ҳазрат нозил шуд (сураи Наср) ҳеҷ ихтилофе вуҷуд надорад. Ва равиши 83 сура ё 85 сурае, ки дар Макка нозил шуда ва бо заъфи Ислому мусалмонон ва ранҷу мусибатҳо ҳамроҳ буд, бо равиши сураҳои дигар, ки дар Мадина нозил шудааст аз ҷиҳати маҳкам будани баён ва комил будани балоғат ва мўъҷиза будан яке аст. В а агар Қуръон сухани башар буд, бояд авзоъ ва шароит дар равиши балоғати он асар мегузошт.

Ва ҳамчунин ҳар мавзўе аз мавзўҳо қалами хос ва иншои вижае дорад. Қалами номанигорӣ бо қалами панду андарз фарқ дорад. Равиши воқеанигорӣ ва баёни шароити миллатҳои дерина бо равиши навиштани китоб фарқ мекунад. Равиши навиштани қонун ва аҳком ба гунаест, ки бо равиши суханварӣ ва муаммонависӣ комилан фарқ дорад. Қаламе, ки дар мадҳу ситоиш ва таҳният ва ё табрики афрод ба кор меравад бо қалами мазаммат ва ё иншо баробар нест. Баъзеҳо дар ғазалсароӣ устод ҳастанд, вале вақте вориди марҳалаи дигаре шаванд комилан пиёда ва нотавон ҳастанд. Баъзеҳо дар нақл кардани манзараҳои табиӣ ва ба расм даровардани вазъи ҷанг моҳир ва забардаст ҳастанд, ки ҳатто баёну гуфторашон, ҷонишини сурат ва филм мегардад. Аммо дар ғайри он мавзўъ оҷизу нотавонанд ва сабаби он ин аст, ки ҳар мавзўе барои худ салиқаи хоссе ва завқу тахассус ва тамрини вижае лозим дорад ва ҳаргиз то кунун дида нашудааст, ки як нафар дар тамоми мавзўҳо дорои қалами равон ва иншои саҳеҳ ва равиши махсус ба он дошта бошад. Аз ин назар нависандагон ва шоирони ҳар миллате ҳар кадом дар мавзўе маҳорат дошта ва дар қисматҳои дигар комилан нотавон будаанд. Барои ҳамин аст ҳангоме ки Амири мўъминон Алӣ алайҳис-салом аз беҳтарин шоирон суол шуд он ҳазрат дар ҷавоб фармуд:

"الناس لم يجروا في حلبة واحدة حتى تعرف الغاية عند قصبتها".

“Шоирони замони ҷоҳилият дар як майдон ба мусобиқа напардохтанд то қаҳрамони онон маълум гардад.(1) Дар миёни шоирони форсӣ ғазали Ҳофиз ва ҳамосаи Фирдавсӣ ва насри Саъдӣ маъруф аст ва ҳар кадом дар бахше аз сухансароӣ бартарӣ доранд ва агар аз он хориҷ шаванд, латофату зебоии сухани худро аз даст хоҳанд дод. Вале Қуръони маҷид бо вазъи ҳайратоваре дар мавзўъҳои гуногуне монанди таърихи миллатҳои гузашта, усул ва ақоид ва маорифи ақлии илоҳӣ, иршоду ҳидояти мардум аз роҳи панду насиҳат ва ё аз роҳи қонунгузории маданӣ ва ҷазоӣ ва мавзўъҳои дигар сухан гуфта ва дар тамоми онҳо шевоии таъбир ва гироии баён ва мўъҷизаи балоғат риоят шудааст ва ҳеҷ гуна фарқе дар ин заминаҳо дар иншову таъбирҳои Қуръон дида нашудааст. Ин гувоҳ бар он аст, ки оварандаи он аз ҷаҳони ғайб илҳом гирифтааст ва шояд ояти 82-и сураи Нисо нозир ба ин ҷиҳат аз ҷиҳатҳои мўъҷиза будани Қуръон аст. Оят ин аст:

"ولو كان من عند غير الله لوجدوا فيه اختلافا كثيراً".

“А гар Қуръон аз назди ғайри Худо буд, ҳ атман дар он ихтилофи фаровоне пайдо мекарданд ”.

*****

Дарси нуҳум
Мўъ ҷ иза будани Қуръон аз назари ҳамоҳанг ӣ дар мазмун

Ҳамоҳагии оятҳои Қуръон аз назари равиш ва шеваи сухан, ҳарчанд тааҷҷуби аҳли назар ва суханро бармеангезад, вале болотар аз он якранг ва якхел будани равишу ҳамоҳангии ҳамаи оятҳои Қуръон дар мазмун ва мўҳтаво, дар маъно ва ҳадафҳо мебошад. Қуръон дар мавзўъҳои гуногуне сухан гуфтааст, ки то кунун касе муваффақ ба шумориши мавзўъҳое, ки Қуръон дар бораи онҳо баҳсу гуфтугў намуда нашудааст ва дар ҳар мавзўе ба таври мукаррар (ба гунаи такрорӣ) он ҳам дар фосилаҳои мухталиф ва шароити мутазодде баҳс намуда, дар ҳоле ки дар мазмунҳои оятҳои ҳар мавзўъ кўчактарин ихтилофе вуҷуд надорад.

Ҳар гоҳ китобе дар бораи як мавзўъ ба ду мавзўъ сухан гўяд ва матолиби он дар муддати кўтоҳе навишта шавад ва бо ин васф дар мазмунҳои он таноқуз ва ихтилофе вуҷуд надошта бошад барои аҳли назар чандон тааҷҷубовар нест. Вале ҳар гоҳ китобе дар муддати 23 сол танзим шавад ва дар бораи мавзўҳои бисёр ва гуногуне баҳсу гуфтугў кунаду назар диҳад ва аввалин назараш дар бораи мавзўе бо охирин назараш дар бораи ҳамон мавзўъ якнавохт ва якхел бошад, қатъан бояд чунин китоберо зоида ва ба вуҷудовардаи фикру зеҳни башар надонист, чун имкон надорад шахсе, он ҳам дарс нахонда, дар заминаҳои зиёд ва гуногуне дар ҳолатҳои мутазод такроран сухан бигўяд, вале ҳеҷ гоҳ дучори ихтилоф ва тазодде нашавад.

Ба камол расидани инсон ва мавҷудоти дигар аз қонунҳои қатъии ҷаҳони офариниш мебошад. Афроди башар дар тули зиндагии худ дучори фикрҳои мухталиф ва мутазод мешавад ва ҳар фикре баъд аз муддате ҷои худро ба дигари медиҳад то даврони пирӣ ва фартутӣ мерасад ва мағз аз пешравӣ ва такомул бозмеистад. Ҳар гоҳ инсоне ҳамаи фикрҳои  масалан бист солаи худро дар бораи ҳар мавзўе ёддошт кунад, хоҳад дид, ки дар тули зиндагӣ дар бораи як мавзўъ чанд хел фикр карда ва назар додааст. И н кор тааҷҷубовар нест ва нишонаи ҳаракати инсонҳои оддӣ ба сўи камол аст. Агар ҳамин шахс на танҳо дар мавзўҳое назар диҳад ва фикрашро бозгў кунад, балки дар бораи ҳодисаҳои такондиҳанда ва риққатбори умматҳои гузашта бидуни муроҷиа ба касе ва ё китобе сухан бигўяд ва бисёре аз ҳодисаҳоро ба муносибатҳое дар фосилаҳои мухталифе такрор кунад, аммо ҳеҷ гоҳ дучори ихтилоф ва тазодде нашавад, қатъан бояд гуфт, ки он чи мегўяд аз ҷаҳони ваҳй гуфтааст.

Агар инсон ҳодисаеро аз китобе батаври мукаррар нақл кунад ва дар нақли худ дучори ихтилоф нагардад, наметавон онро як кори ғайри оддӣ донист, вале агар як шахси дарснахонда дар шароити дур аз илму дониш, бидуни муроҷиа ба касе ва китобе саргузашти умматҳоро дар фосилаҳои мухталифе батаври мукаррар бозгў кунад ва кўчактарин ихтилофе миёни суханони ў дида нашавад, бояд ўро як шахси ростгў донист ва дар бораи ин ки мегўяд ин чизҳо ба вуҷудовардаи фикри ман нест, балки аз ҷаҳони боло гирифтаам тасдиқаш намуд, чун агар вай дар ин иддаояш дурўғгў буд ва гуфтаҳои вай сохтаи фикри ў бошад бо ҳукми ин ки шахси дурўғгў наметавонад ҳофиза дошта бошад бояд дар миёни нақлҳо ва баёноти ў ихтилоф ва тазод вуҷуд дошта бошад.

То ин ҷо тавонистем мўъҷиза будани Қуръонро аз се ҷиҳати зер мавриди баррасӣ қарор диҳем:

1-Мўъҷиза будани Қуръон аз назари ибтикори равиш, зебоии лафзҳо ва амиқии маъноҳо.

2-Мўъҷиза будани Қуръон аз назари набудани ихтилоф дар рави ши сухан гуфтан.

3-Мўъҷиза будани Қуръон аз назари набудани ихтилоф дар мазмун ва м ў ҳтаво.

Акнун бар баёни дигар ҷиҳоти мўъҷизаҳои ин китоби осмонӣ мепардозем.

***********

Дарси даҳум
Мўъ ҷ иза будани Қуръон аз дидгоҳи аҳком ва қавонин

Дини Ислом аз аввалин рўз, аз вижагиҳои хоссе бархурдор буд, ки ҳеҷ як аз онҳо дар дигар динҳои осмонӣ дида намешавад. Ислом аз рўзи нахуст ба сурати як дини ҷаҳонӣ, на минтақаӣ барои башар арза шуд ва барои нуфузи худ ҳеҷ марзи ҷуғрофиёӣ ва нажодӣ нашнохт. Ислом дар миёни тамоми динҳои осмонӣ, худро хатмкунандаи динҳо ва оварандаи онро хатмкунандаи паёмбарон медонад, ки пас аз он дин ва паёмбари дигаре нахоҳад омад. Ислом танҳо дини розу ниёз, дини дуову истиғоса нест, ки тамоми паёми онро як мушт дуоҳои хушк ва берўҳ ташкил диҳад, балки паёми худро дар матни ҷамоат қарор дода ва ба тамоми нуқот ва ҷавониби зиндагии башар чашм андохта ва дар бораи тамоми равиши зиндагии ў назар додааст ва ҳеҷ мавзўе аз диди қонунгузории он берун нарафтааст.

Азамати қонунҳои Ислом дар сурате ба хуби ҷилва мекунад, ки бидонем дар рўзи дурахшиши ситораи Ислом, инҳитоти фарҳангӣ ва ахлоқӣ, сояи шуми худро бар сари миллатҳои ҷаҳон, махсусан миллати шибҳи ҷазираи Арабистон афканда буд ва бар ин миллат, ҷуз ваҳшигарӣ ва қонунҳои ҷангал чизи дигаре ҳукумат намекард. Қалбҳо ва фикрҳои онон ба ҷои таваҷҷўҳ ба касбу кор, ба яғмогарӣ мутаваҷҷеҳ буда ва ба баҳонае оташи ҷанг миёни онон шўълавар мегардид ва аз ҳеҷ амали зиште худдорӣ намекарданд ва бо камоли бе раҳми духтарони худро зинда ба гўр мекарданд.

Қуръон дар муҳите нозил гардид, ки дар он ҷо на қозиву доваре буд ва на маҳкама ва додгоҳе вуҷуд дошт ва гиреҳи душманиҳо танҳо ба василаи зури сарнайза кушода мешуд. Дар саросари минтақаи Ҳиҷоз, ҷуз чанд коҳин, ки дур аз иҷтимоъ мезистанд ва гоҳе низову ҷанҷолро бо фикрҳои коҳинонаи худ мекушоданд, каси дигаре набуд ва агар ситамгари зурманде ҳаққи кори рўзонаи шахси нотавонеро мегирифт, ҳеҷ шахси салоҳиятдоре набуд, ки ҳаққи ўро боз ситонанд. Инак ба як гувоҳӣ равшан таваҷҷўҳ фармоед:

Шонздаҳ сол пеш аз беъсати Паёмбари гиромӣ(салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салам) марде бо бори тиҷоратии каме вориди Макка шуд ва онро ба Ос ибни Воил фурухт. Вале харидор аз додани пули он худдорӣ кард. Ин марди ғариб дар муҳити Макка ҳеҷ шахси салоҳиятдореро пайдо накард, ки бо такя бар он ҳаққи худро талаб кунад. Чорае ҷуз ин надид, ки дар вақти тулўи хуршед, ки қурайш даври Каъба нишастҳое ташкил медоданд болои кўҳи Абуқубайс биравад ва аз фикрҳои умумӣ бар фоидаи худ кўмак бигирад. Аз ин ҷиҳат болои кўҳ рафт ва бо овози баланд бо хондани се байт шеър (ки тарҷумаи онро менависем) кўмак талабид:

Эй фарзандони Фаҳр ба доди ситамдидае бирасед, ки сармояи худро дохили Макка дур аз ватан ва қавми худ аз даст дод, ба доди мазлуми маҳруме бирасед, ки чеҳраи ў ғуборолуд аст ва ҳанўз аз эҳроми умра берун нарафтааст. Эй мардони хонае, ки дар он Ҳиҷри Исмоил ва Ҳаҷарул-асвад қарор дорад ба фарёд бирасед. Он кас ҳалолу ҳаромро мефаҳмад, ки дорои иззати нафс бошад ва барои фоҷири ҳилагар, ҳаром маъное надорад.

Шеърҳои ҷонгудози ин мард, шўру ҳаяҷоне дар қалбҳои гурўҳе аз ҷавонони Макка ба вуҷуд овард. Дар ин мавқеъ гурўҳе дар хонаи Абдураҳмон ибни Ҷадаон даври ҳам ҷамъ шуданд ва паймон бастанд, ки агар ситамдидаеро дар Макка диданд ба кўмаки ў шитобанд ва ҳаққи ўро аз золим биситонанд. Таърих менависад, Паёмбари олиқадри Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар ҳоле, ки дар он рўз 24-баҳор аз умри гиромии ў мегузашт аз касоне буд, ки дар он паймон ширкат намуд ва пас аз Ислом низ пайваста аз он ёд мекард ва мефармуд: Ман дар хонаи Абдураҳмон ибни Ҷадаон дар паймоне ширкат кардам, ки ҳаргиз ҳозир ба шикастани он нестам ҳар чанд дар баробари он ба ман шутурони сурхмў бидиҳанд ва ҳам акнун агар барои он даъват шавам, барои қабули он ба по мехезам.

Мушаххасоти қавонини исломӣ

Барои огоҳӣ аз аҳамияти қавонини Ислом лозим аст аз мушаххасоти он ба хубӣ огоҳ гардем ва мушаххасоти қавонини Исломро метавон дар шаш ҷиҳат хулоса кард:

1-Қонунҳои Ислом бо тамоми чеҳраҳои тамаддуни инсонӣ созгор мебошад ва ин худ яке аз нуктаҳои барҷастаи Ислом ба шумор меравад.

2-Тамоми дастурҳои он муттакӣ ба хостаҳои фитрат ва ниҳоди инсонӣ аст. Ва Қуръон дар тамоми қонунҳои худ хостаҳои ниҳоди инсониро аз назар дур надоштааст ва кўчактарин тазодде бо равиши хилқати инсон надорад ва рамзи муҳимми бақои қавонини Ислом ҳамин аст.

3-Инсон мавҷуде аст сохташуда аз ҷисму ҷон ва равони моддӣ ва маънавӣ. Ҳамон гуна ки инсон ба модда ва лаззатҳои ҷисмонӣ ниёз дорад ҳамчунин ба умури рўҳӣ ва маънавӣ низ монанди таом ниёзманд аст. Аз ин ҷиҳат дар тамоми қонунҳои Қуръон ҳар ду ҷониб риоят шудааст ва дар партави риояти қавонини он адолат ва баробарие миёни модда ва маъно падид омадааст. Ва зинда кардани арзишҳои ахлоқӣ ва саҷоёи инсонӣ ва поксозии ҷомеа аз корҳои зишт, ўро аз таваҷҷўҳ ба беҳзистии ҷисмӣ ва баҳрагирӣ аз лаззатҳо (ба ғайр аз корҳои номашрўъ, ки вайронкунандаи бунёдҳои ахлоқӣ ва арзишҳои маънавӣ ва рўҳӣ аст) боз надоштааст.

4-Қавонини Ислом бо жарфнигар ии хоссе вазъ шудааст. Ва чизе, ки бо саодати инсон носозгор бошад ҳаром карда шуда ва он чи ки ба ҳоли ў фоида дошта бошад ҳалол муаррифӣ шудааст. Ва ҳаргиз дар ҳарому ҳалол кардани чизе аз фикрҳои миллатҳо пайравӣ накардааст, балки милоки қонунгузориро маслиҳатҳо ва фасодҳои воқеӣ қарор додааст.

5-Қавонини Қуръон аз замонати иҷроии кофие бархўрдор аст. Илова бар қувваҳои интизомӣ ва низомҳои моддӣ замонати иҷроии хоссе ба монанди эътиқод ба кайфарҳо ва подошҳо дорад. Ва як чунин замонати иҷроӣ дар дигар қонунҳои ҷаҳонӣ ба равшанӣ ба чашм намехўрад.

6-Қонунҳои Ислом аз ҷом е ият ва густариши хоссе бархўрдор аст. Қавонини Ислом он қадар куллӣ ва васеъ аст, ки ҳеҷ мавзўе дар гузашта ва имрўза аз қаламрави он берун намебошад ва аз тамоми қавонини куллии он, метавон ҳукми ҳар мавзўеро берун кашид. В а ҳаргиз ниёз надорад, ки ба қонунҳои дигарон даст дароз кунад. То он ҷо, ки бузургтарин фақеҳи асри 8-уми исломӣ марҳуми алломаи Ҳиллӣ дар китоби “Таҳрир” 40-ҳазор ҳукм аз оёти Қуръон ва аҳодиси Паёмбари гиромии Ислом ва ҷонишинони бар ҳақ ва ростини  он ҳазрат берун кашида ва ҷамъоварӣ кардааст. Баҳсу гуфтугў дар ин мушаххасот ба баҳсҳои тулонӣ ва густардае ниёз дорад. Ва бо муроҷиа ба китобҳои бузургони Ислом воқеияти ин мушаххасот равшан мегардад. Ва мо дар ин баҳс ба гунае дар бораи ин мушаххасот баҳсу гуфтугў мекунем.

***********

Дарси ёздаҳум
Имтиёзи аввал ва дуввуми қонунҳои Қуръон

1- Б о ҳар тамаддуни саҳеҳи инсонӣ созгор аст

Қонунҳои Қуръон аз тамоми он чи аз Паёмбари гиромии Ислом ва пешвоёни ростини он ҳазрат ба унвони аҳкоми илоҳӣ расидааст, ҳамагӣ бо тамоми чеҳраҳои тамаддуни инсонӣ мувофиқ ва созгор мебошад ва тазодде миёни он ду вуҷуд надорад. Гувоҳ бар чунин ҳамоҳангӣ ин аст, ки вақте ки дарҳои кишварҳои Эрон ва Рум, ки худ дорои тамаддунҳои асил буданд, ба рўи Ислом кушода шуд ва тамаддуни исломӣ, ки бозгўкунандаи қавонини Ислому Қуръон буд ҳамроҳи мусалмонон ба ин ду минтақа роҳ ёфт. На танҳо қавонини Исломро, ки манбаи муҳимми он қавонин, Қуръон буд бо дини худ мухолиф надиданд, балки баъзе аз онҳо ба истиқболи он шитофтанд ва он чунон ибрози алоқа мекарданд, ки худ мубаллиғ ва густаришдиҳандаи Ислом шуданд. Сабаби созгории қавонини Ислом бо тамоми чеҳраҳои тамаддуни инсонӣ ин аст, ки Ислом ҳаргиз ба шаклу зоҳири қазияҳо напардохта ва таваҷҷўҳи бештари худро ба рўҳ ва маънавият дўхтааст. Қуръон ба матраҳ кардани ҳадафҳои аслии Исломӣ мепардозад ва пайварони худро дар чигунагии таҳсили он озод мегузорад. Ва ҳаргиз барои расидан ба ҳадаф, роҳе хоссеро таъин накарда ва муқаддас намешуморад, ҷуз ин ки гоҳе аз як даста аз чизҳои зидди инсонӣ ва номашрўъ пешгирӣ мекунад.

Ислом бо доштани чунин диди васеъ қонунҳои худро аз ҳар гуна тасодум бо чеҳраҳои тамаддун боз медорад. Масалан Қуръон дар оятҳои бешуморе мардумро ба таҳсили илму дониш даъват мекунад, он ҷо ки мефармояд:

"هل يستوي الذين يعلمون والذين لا يعلمون انما يتذكر اولوالألباب".

“ О ё доно ва нодо н як аст, фақат соҳибони хирад мутазаккир м ешаванд ” . (Сураи Зумар-9)

Вале дар наҳваи омузиши илм, василаи хоссеро муқаддас намешуморад, зеро ончи ҳадафи Ислом аст таҳсили илм ва дониш аст ва барои он василае матраҳ нест. Ҳоло василаи омўзиш ҳар чи бошад дасти пайравони худро дар бораи он боз гузоридааст ва бинобар ин ҳар гуна василае, ки моро ба ҳадаф бирасонад аз қаламу қоғаз ва бўру тахтаи сиёҳ ва ҳар василаи иртиботии ҷамъӣ ва.... ҳама мавриди пазириши Ислом аст.

2-Аз назари Қуръон иффату пўшиш барои зан дар беруни хона ва ҷои кор як масъалаи ҳаётӣ аст ва оёти Қуръон ба таври мукаррар занро ба иффату покӣ ва ба пўшиш даъват кардааст. Вале ҳаргиз Ислом занро дар масъалаи пўшиш ба шакли хоссе муқайяд накардааст ва дасти ўро дар интихоби чигунагии пўшиш, ки таъминкунандаи ҳадафи Ислом бошад, боз гузоштааст. Ва агар дар ин бора занро ба либоси махсусе муқайяд месохт бо тақайюди ҳар миллате ба равиши хоссе аз либос ва бо мазоҳири тамаддуни кунунӣ, ки пайваста пўшиш ва моддаи пўшиш дар ҳоли дигаргунӣ аст, садама ворид мекард.

3-Қуръон аз мусалмонон мехоҳад, ки сафҳои худро дар баробари душманон пайваста қавӣ ва неруманд созанд ва ин асли исломиро чунин баён мекунад:

"و أعِدّوا لهم ما استطعتم من قوة".

“ Т о он ҷо ки мумкин ва мақдур аст дар муқобили душман неру таҳия кунед ва неруманд бошед. (Сураи Анфол-60). Он чи Ислом мехоҳад баёни қудрат ва неруманд будани сафҳои мусалмонон дар баробари душман аст ва ҳаргиз ононро ба силоҳ ва неруи махсусе муқайяд накардааст ва агар доштани тиру камон ва найзаву шамшер дар асри пешин мазҳари нерумандӣ буд, имрўз ин ҳадаф бо тупу тонк, зиреҳпушӣ, ҳавопаймо ва мушак ва ғайра таъмин мегардад ва ҳар ду шакл мавриди ризояти Ислом аст ва мисдоқи равшани ояти пеш мебошад.

Дар замонҳои  гузашта шакли иҷрои аслӣ (неруманд шудан дар баробари душманон) ин буд, ки мусалмонон дар фанҳои аспсаворӣ ва тирандозӣ комил гарданд ва дар ҳақиқат ин кор, ҷузъи фанҳои низомии он замон ва беҳтарин шакл барои пиёда кардани қонунҳои неруманд шудан дар баробари душман буд, дар сурате, ки  он чи асл дорад, масъалаи таҳсили қудрату неру аст ва маҳорат дар аспдавонӣ ва тирандозӣ либосе аст бар тани қонунҳо ва бо тавсиаи фарҳангӣ ва дигаргун гардидани васоили низомӣ ва такомули фанҳои ҷангӣ бояд ин ҷомаро аз тани ин қонун даровард ва ҷомаи рўз ба он пушонид. Рўи ин асос аст, ки қонунҳои Қуръон бо тавсиаи фарҳангҳо ва донишҳо осеб намебинад.

Дар масъалаи таҳсили дониш он чи ҳадафи аслии Ислом аст, ҳамон касби огоҳиҳои лозим ва муфид ба ҳоли афрод ва ҷомеаи исломӣ аст ва ҳаргиз Ислом ангушт рўи илмҳои гуногуни башарӣ нагузоштаст, ки кадомро таҳсил кунад, балки навъи иҷрои ин аслро ба худи мусалмонон вогузор кардааст, чун он чи ҳадафи аслӣ аст, ҳамон касби донишҳои лозим ва муфиде аст, ки сабаби иззат ва истиқлол ва сарбаландии мусалмонон бошад ва чигунагии иҷрои ин асл дар ҳар замон ба гунаи хоссе аст.

Мумкин аст илме дар аср ва замоне пояи тараққӣ ва сабаби иззату истиқлол набошад, вале дар асри дигар таҳсили ин ҳадаф ҷуз бо таҳсили ҳамон илм мумкин набошад. Дар гузашта ба сабаби дурии ҷомеаҳои ҷаҳон аз якдигар таҳсили баъзе аз илмҳо барои мусалмонон лозим набуд ва як шахси бозаргон ва ё сиёсатмадор бо ҳамон тиҷорати маҳаллии худ метавонист иқтисоди кишварро идора кунад. Дар сурате, ки  имрўз касби иззату истиқлол ва пешрафт дар масъалаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ ва ҳифзи ҳудуди Ислом ҷуз бо ошноии комил бо ин илмҳо имконпазир нест. Он чи муқаддас ва лозим аст, таҳсили дониши муфид ва касби истиқлолу иззат аст, вале роҳҳое ки моро ба он ҳадаф мерасонад барои Ислом муҳим нест ва бояд дар ин шароит ба муқтазиёти замон рафтор кард.

Имтиёзи дуввум
Қонунҳои Қуръон бо муқтазиёти фитрат ҳамоҳанг аст

Тавзеҳ ин ки ҳадафи аслӣ барои пайдоиши қавонин ва муқаррарот, ҳамон ниёзҳои иҷтимоъ ва инсонҳост. Инсон мехоҳад бо пўшиши қонун ниёзҳои шахсӣ ва иҷтимоии худро бартараф карда ва худро саодатманду хушбахт созад. В але ниёзмандиҳои башар баробар ва якнавохт нест ва дар ҳоли дигаргунӣ аст. Дигаргуниҳои санъатӣ ва пешрафтҳои чашмгири техникӣ, зарбаи шиканандае ба бисёре аз равишҳои моддии деринаи башар фуруд овард ва ўро ба сурати як мавҷуди навхоҳ ва навҷў даровардааст ва пайваста мехоҳад пайванди худро аз одатҳо ва низомҳои қадим ва дерина ҷудо кунад ва бо маъноҳову равишҳои навбунёд бипайвандад. Аз тарафи дигар, мазҳаб инсонро ба як даста усул ва суннатҳои собит ва пойдор ва арзишҳое, ки тағйирнопазир ҳастанд даъват мекунад ва инсонро аз ҳар гуна иваз кардани назар дар он муқаррарот ва низомҳои деринаи мазҳабӣ боз медорад. Инсони мазҳабӣ миёни ин ду кашмакаш мутаҳаййиру саргардон аст, намедонад чӣ бикунад? Натиҷаи пайравӣ аз мазҳаб, ҳамон сукун ва хушкӣ ва нигаҳдории низомҳои қадим ва дерина аст, дар ҳоле ки асари пайравӣ аз навхоҳӣ ҳамон ба ҳаракат даромадан ва ҷустуҷўи мафоҳиму низомҳои нав мебошад ва барои як инсони мазҳабӣ, ҷамъи миёни ин ду асл бисёр мушкил аст.

Гурўҳе барои роҳат ва осуда сохтани худ аз ин кашмакаш ба қалъае (муқтазиёти замон) паноҳ бурдаанд ва дар пўшиши ин вожа, пайванди худро бо равишҳои мазҳабӣ ва арзишҳои деринаи ахлоқӣ буридаанд, дар ҳоле ки агар муқтазиёти замон ба гунаи саҳеҳ тафсир шавад, ҳаргиз чунин натиҷае нахоҳад дод. Агар маънои муқтазиёти замон ин аст, ки бо тамоми аслҳои дерина ва низомҳои қадим видоъ кунем ва дар тамоми заминаҳои зиндагӣ ба усул ва низомҳои нав бипайвандем, бояд гуфт, ки муқтазиёти замон хатарноктарин силоҳ ва кубандатарин сабабест, ки тамоми захираҳо ва ҷамъкардаҳои маънавӣ ва инсониро таҳдид мекунад ва ҷавононро бо суннатҳои мазҳабӣ ва арзишҳои ахлоқӣ бегона мекунад. Масъалаи муқтазиёти замон бо ин маъно, беш аз ҳама дини Исломро таҳдид мекунад, чун дини Ислом дини абадӣ ва ҷовидонӣ аст ва барномаҳои он фақат як мушт дуоҳову ибодатҳо ва ё чанд барномаи ахлоқӣ нест, ки бо гузашти замон дигаргунӣ дар он эҷод накунад, балки як системаи ҷомеи иҷтимоӣ аст, ки тамоми ниёзмандиҳои башарро дар заминаҳои маданӣ ва байналмилалӣ дарбар гирифтааст ва суботу бақои чунин дини густарда дар баробари дигаргуниҳои санъатӣ ва иҷтимоӣ бисёр мушкил мебошад.

Ҳалли ин мушкил

Дар ҳалли ин мушкил бояд ду матлабро дар назар гирифт

1-Ҳар гоҳ Ислом ва ё аслан мазҳабро як падидаи иҷтимоӣ бидонем яъне тамоми қавонину одоб ва равишҳои динӣ сохта ва пардохтаи инсонҳои мутафаккири ҷомеа бошанд, дар ин сурат бояд ба монанди пайдоиш ва шаклгирии худ мавриди таҳаввул ва дигаргунӣ қарор гиранд. Ва ба иборати дигар аз он ҷо ки ҷомеаи исломӣ рў ба такомул аст ва ҳар рўз қадаме ба пеш мегузорад, далеле надорад, ки қавонин ва одоби он як хел боқӣ бимонад. Агар дигаргунӣ ва такомул тамоми падидаҳои моддиро дарбар мегирад, чаро бояд падидаи динро, ки ба вуҷудовардаи мағзу фикрҳои инсонҳои нобиға аст, дарбар нагирад. Вале агар динро як дастури осмонӣ ва фармони илоҳӣ бидонем, Худое ки аз тамоми хусусиёти зиндагии инсонҳо ва ниёзмандиҳои онон ба гунаи равшан огоҳ аст ва аз тамоми асрору рамзҳо ва резакориҳои ҷисму ҷон ва отифаву ғаризаҳои дарунии ў комилан хабардор аст ва аз он чи сабаби хушбахтӣ ва бадбахтии ў аст огоҳ мебошад, дар ин сурат дастурҳои ў аз нуктаи назари имкони иштибоҳ ва эҳтимоли хато наметавонад мавриди дигаргунӣ ва тағйир қарор гирад, чун фарз ин аст, ки чунин қонунгузор аз ҳар гуна иштибоҳ ва хато маҳфуз ва дур буда ва ба хусусиятҳои сохтаи худ (башар) огоҳтар аст. Ва аммо аз нуқтаи назари дигар ва он ин ки дигаргунии зиндагӣ талаб мекунад, ки қонунҳо ва муқаррарот низ тағйир кунанд, ҷавоби ин саволро дар матлаби дуввум баҳс хоҳем намуд.

2-Агар дар қонунгузорӣ, инсони табиӣ мавриди назар қарор гирифта ва милоки қонунгузори гардад ва қадри муштараки миёни инсонҳо дар назар гирифта шавад, дигаргунии замон ва муқтазиёти аср наметавонад кўчактарин дигаргунӣ дар ин қонунҳо ба вуҷуд биоварад, чун дар ин ҷиҳат миёни инсони асри ҳиҷр ва асри фазо фарқе намекунад. Чун тамоми тағйирҳо ва дигаргуниҳо ва ба истилоҳ “муқтазиёти замон” марбут ба одоту расмҳое аст, ки бар андоми инсоният пўшонида шудааст ва ҳаргиз дар зот ва худи инсон тағйир ва табдиле рўй намедиҳад ва ин чизе аст, ки донишмандон низ онро қабул доранд ва мегўянд: муқаррарот ва одатҳо ба монанди либосҳое аст, ки унсури ҳақиқати “тағйир накунандаи” баданро пўшонидааст. Ва дар ҳар қавму миллат ва ҷамъияте ин либос ба шаклу ранге вуҷуд дорад, вале ҳақиқати табиати инсон як аст ва пайрави асли собите мебошад.

Инсон дорои асли собите мебошад

Усулан ҳар илме, ки марбут ба зоти инсон бошад дар бораи усуле баҳсу гуфтугў мекунад, ки тағйирнопазир бошад. Равоншиносӣ дар бораи рўҳиёти собит ва наф с иёти тағйирнопазири инсон баҳс мекунад. Таб ва ё физиоложӣ дар бораи асле баҳс мекунад, ки офариниши ҳамаи инсонҳо рўи он устувор аст ва ин асл бар тамоми инсонҳои ҷаҳон як хел ҳукумат мекунад ва гузашти замон дар онҳо асари чашмгире намегузорад. Бинобар ин агар фитрату ниҳоди инсонӣ ва сохтмони вуҷуди башар, ки дар ҳама шахс ва ҳама замонҳо як хел аст, меҳвари қонунгузорӣ бошад, ҳаргиз муқтазиёти замон ва дигаргуниҳои санъатӣ сабаби табдили чунин қонуне намегардад.

Ислом қонунҳои худро бар асоси фитрат бино карда ва қадри муштараки инсонро дар тамоми асру замонҳо дар назар гирифта ва қонунгузорӣ намудааст. Ва рамзи собит мондан ва пойдории қонунҳои Ислом ва ҷовидонагии он ҳамин аст. Қуръон ин ҳақиқатро дар ояти зер баён кардааст:

"فاقم وجهك للدين حنيفاً فطرت الله التي فطر الناس عليها لا تبديل لخلق الله ذلك الدين القيم ولكن اكثر الناس لا يعلمون". (روم-30)

“Ба сўи дини Худо рў кун (ва аз ботил ба сўи ҳақ боз гард). Дин фитрати Худо аст, ки мардумро барои он офаридааст ва хилқати х удоӣ тағйирнопазир аст , вале аксари мардум намедонанд ”. (Сураи Рум-30).

Агар қонунгузории табиӣ тағйирнопазири инсон дар назар гирифта шавад (табиие, ки қадри муштараки ҳамаи инсонҳо аст ва дар ҳама замон ва дар тамоми шароит вуҷуд дорад), башар бояд аз як даста усули собит пайравӣ кунад. Дуруст аст, ки дигаргуниҳои техникӣ равиши зиндагиро дигаргун кардааст ва охирин василаҳои нав ва пешрафтаи осоиширо дар ихтиёри башар қарор додааст, вале ҳаргиз дасти таҳаввул ва дигаргунӣ ба зоту худи инсон ва хостаҳои дарунии вай ва ғаризаҳои пурҳаракати вай роҳ наёфтааст. Ва он чи ки инсони кунунӣ мехоҳад ва ба он ниёз дорад ҳамон аст, ки инсони асри ҳаҷар низ онро мехост ва ба иборати равшантар дуруст аст, ки василаҳои пешрафти зиндагӣ ва дигаргунии авзоъ ва аҳвол, ҷомеаҳоро бо ниёзҳои наву тозае рў ба рў мекунад ва барои бартараф кардани ниёз ночор аст даст ба қонунгузорие бизананд, вале бо ин эътироф асли инсониятро, ки қадри муштараке миёни инсонҳои дерина ва инсонҳои имрўза аст, набояд ин аслро ба дасти фаромушӣ супурд. Чун агар чи авзоъ ва аҳволи ҷомеаҳо ва шароити зиндагӣ дигаргун мешавад, вале инсоният дар тамоми аҳволу шароит маҳфуз буда ва дасти тағйир ба ниҳоди он роҳ пайдо намекунад ва ҳаргиз инсоният аз миён нарафта ва қадри муштаракҳое миёни инсони қутбӣ ва инсонҳои экваторӣ доим боқӣ аст ва аз ин сабаб ҳеҷ ҷомеа ва инсонеро наметавон аз истеъмоли таом бениёз донист ва ё тамоюлоти ҷинсиро дар ў кушт ва дар баробари чунин дархосте бетафовут монд ва ҳамчунин аст дигар дархостҳои фитрӣ ва ниҳодии инсон.

Бинобар ин беҳтарин роҳ барои вазъи қонун, мутолиаи офариниши инсон аст, ки ҳамроҳ бо шиносоии ниёзҳои вуҷудӣ ва шиносоии маслиҳатҳо ва фасодҳои табиати вай бояд қонуне вазъ намуд, ки бо инсонияту дархости фитрии ў носозгор набошад ва бо дигаргунии тамаддун ва ихтилофи авзоъ ва шароити зиндагӣ, халале бар он ворид насозад.

***********

Дарси дувоздаҳум
Имтиёзи севвум
Воқеъбиниву дурнигарӣ дар қонунгузорӣ

Ҳифзи саломати ҷисму ҷони башар, болотарин ҳадафе аст, ки Ислом дар қонунгузории худ онро пайгирӣ мекунад ва ҳар чизеро ки бо саломатии ҷисмӣ ва саодати рўҳӣ носозгор бошад, ба шиддат манъ кардааст ва дар ин ҷо ба ҳавасҳои аксарият, доду фарёди гурўҳе, ки аз роҳи ҳаромҳои зиёнбор касб ва зиндагӣ мекунанд ва ба суханони касоне, ки мегўянд аз роҳи бастани молиёт бар шароб ва қимор ва фаҳшо фоидаҳои зиёде ба сандуқи давлат сарозер мегардад, гўш фаро надода ва эҳтироме нагузоштааст. Ва ба иборати дигар аҳкоми илоҳӣ пайрави масолиҳ ва мафосид аст, ки ба хотири ҳамонҳо чизҳоеро ҳалол ва мубоҳ шумурда ва чизҳоеро ҳаром ва мамнўъ муаррифӣ кардааст.

Тавзеҳ ин ки вуҷуд ва ҳастӣ дар ҳар марҳалае бо як даста осор ва хусусиятҳоҳамроҳ аст ва ҳар мавҷуде бо осори вижаи худ, ҷузъе аз низоми офариниш аст, ки бо маҷмуи аҷзои ҷаҳон ҳамоҳангии хоссе дорад ва ҳар мавҷуде ба ҷои худ, хубу зебо ва ё лозим ва зарурӣ аст ва ҷаҳон бо тамоми мавҷудоти мухталиф ва гуногуни худ, намунаи беҳтарин низом аст. Эътироф ба ин ки ҳар мавҷуде ба ҷои худ некў ва зебост ва маҷмуи ҷаҳон чеҳраи равшане аз низоми комил аст, на ба ин маъно, аст ки ҳеҷ зиддияте миёни ду ҷузъ аз аҷзои ҷаҳон вуҷуд надорад, балки зиддияту носозгорӣ дар миёни баъзе бо баъзеи дигар аз усули мусаллами ҷаҳони хилқат аст.

Қуръон дар қонунгузорӣ бо дурнигарии худ, сабабҳои зарарнок ва носозгор бо саодати башарро бо диққат баррасӣ карда ва онҳоро як-як шинохта ва аз наздик шудан ба онҳо бо шиддат пешгирӣ кардааст. Масалан хук ҷузъе аз ҷаҳони офариниш ва ҷондоре аст, ба монанди ҷондорони дигар. Офаридани ин мавҷуд бе сабаб нест, гарчи асрори хилқати бисёре аз мавҷудот барои мо равшан нест.

Аммо як навъ носозгорӣ миёни ин ҷондор ва инсон аст, ки Ислом хўрдани он ҷондорро ба шиддат ҳаром кардааст. Қисмате аз ин носозгорӣ марбут б а ҷисми инсон аст ва қисмати дигараш м арбут ба рўҳу равонаш. Чун хўрдани гўшти хук сабаби ба вуҷуд омадани кирмҳое дар рўда ва меъда мешавад ва дар айни ҳол аз назари зарарҳои рўҳӣ бавуҷудоварандаи як навъ бетафовутӣ дар инсон нисбат ба мавзўи номус аст. Ва гўшти ин ҷондор дорои ду хусусият мебошад ва ин ду хусусият, саломати ҷисмӣ ва рўҳии инсонро таҳдид мекунад. Хун дар миёни рагҳои инсон сабаби ҳаёт ва василаи боқӣ мондани инсон аст, вале хўрдани хуни ҳайвон ҳарчанд тамиз ва тоза ва холӣ аз микроб шуда бошад қасоват ва сангдилии махсусе дар рўҳи инсон ба вуҷуд меоварад, ки аз рехтани хуни инсонҳои бегуноҳ на танҳо ранҷ намебарад, балки гоҳе лаззат ҳам мебарад.

Спирт ва шароб саломатии ҷисмӣ ва рўҳии инсонро таҳдид мекунад ва зарбаи маҳкаме ба неруи фикркунандаи инсон ворид мекунад.

Қимор тухми душманиро миёни инсонҳо мекорад ва ҷомеаро аз ҳар гуна пешрафт дар роҳи илму дониш, тақво ва парҳезгорӣ ва дигар фазоили инсонӣ, бозмедорад ва дурўғу туҳмат, суханчинӣ, ғайбату бадгўӣ пушти сари мардум ва дигар ҳаромҳои ахлоқӣ, фасодҳои равшан ва ғайри қобили инкоре доранд ва ин осор пайваста бо ин чизҳо ҳамроҳ аст. Спирт, куҳна ва нав намешиносад ў дар ҳар ҳол “модари хабосатҳо” ва сарчашмаи бисёре аз гуноҳон аст ва қонуне, ки бар шиносоии осор ва хусусияти ин гуна мавзўҳо сурат бигирад, қатъан ҷовид ва пайваста хоҳад буд.

Бо муроҷиа ба оёти Қуръон равшан мегардад, ки чӣ гуна Ислом бо дурнигарии хоссе чизҳои зараровар ва зиёнборро ҳаром карда ва дар ҳаром кардани худ ба осори шуми он ишора кардааст. Ч унон ки дар бораи шароб ва қ и мор мефармояд:

"انما يريد الشيطان ان يوقع بينكم العداوة والبغضاء في الخمر والميسر فهل انتم منتهون".

“Шайтон аз роҳи шароб ва қимор мехоҳад миёни шумо душмани роҳ андозад оё аз онҳо (аз шароб ва қимор) дурӣ намекунед?” (Сураи Моида-91).

Муддатҳо буд башар ба сабабу иллати бисёре аз ҳаромҳо пай набурда буд ва гоҳе дар бораи баъзе аз ҳаромҳо ангушти тааҷҷуб ба дандон мегирифт, вале таҳаввулоти илмии шигифтангези имрўзи башар аз рўи бисёре аз ҳаромҳо ва макруҳот парда бардошта ва ҳақиқатро равшан кардааст. Оё мушоҳидаи ин гуна қонунгузорӣ он ҳам аз як шахси дарснахонда, худ гувоҳ бар мўъҷиза будани Қуръон нест? Боли андешаи инсонҳои мутафаккир, ки умри худро дар шиносоии ҳуқуқи байналмилалӣ ва маданӣ сарф мекунанд, ба қуллаи чунин қонунгузорӣ намерасад, то чӣ расад, ки мурғи фикри як шахси дарснахонда он ҳам дар муҳити дур аз тамаддун.


[1] - Наҳҷ ул балоға калимоти қисор шумора 455).