Бисмиллаҳир роҳманир раҳим

Қуръон мўъҷ изаи ҷ овидонии Паёмбар

Бар хилофи андешаи баъзе аз масеҳиён ва гурўҳе аз ғарбзадаҳои ҷомеаи исломӣ, ки истиқлоли фикрии худро дар баробари мактабҳои навзуҳури ғарбӣ аз даст додаанд, Паёмбари гиромии Ислом илова бар Қуръон, мўъҷизаҳои дигаре дошт  ва монанди паёмбарони гузашта ба корҳои шигифтангезе, ки наметавон онҳоро бо мавозин ва қонунҳои табиӣ тавҷеҳ кард, даст мезад.

Ин мавзўъро илова бар ин ки бархе аз оёти Қуръон таъид мекунад аз ду роҳи дигар низ метавон собит намуд.

1-Аҳодиси исломӣ, ки муҳаддисони бузург дар тамоми замону асрҳо онҳоро нақл намуда ва дар китобҳои ҳадис забт кардаанд ва теъдоду шумораи ин ҳадисҳо он чунон нест, ки битавон онҳоро ба баҳонаи ин ки қатъӣ нест рад кард, чун шумораи ровиёни ҳадис ба андозае аст, ки наметавон гуфт ин гурўҳ дар замони Паёмбари гиромӣ ва пас аз он барои сохтани ин ҳадисҳо ҳамоҳангӣ кардаанд ва ба соҳати Паёмбари гиромии Ислом дурўғ бастаанд.

2-Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ барои паёмбарони гузашта, мўъҷизотеро исбот намуда ва дар Қуръон аз онҳо ёд намудааст. Оё мумкин аст паёмбаре, ки худ ба чунин фазилати бузург барои онон эътироф мекунад ва худро хатмкунандаи паёмбарон ва бартарини онон медонад, дар мақоми дархост мўъҷизае монанди мўъҷизаҳои онон, изҳори аҷзу нотавонӣ кунад ва бигўяд, ки ман ҷуз Қуръон чизе надорам.

Оё мумкин аст табибе, ки худро саромади табибони замон дар риштае ва ё риштаҳо муаррифӣ кунад, вале дар муолиҷаи бемороне, ки марбут ба риштаи тахассусии худаш ҳастанд, изҳори нотавонӣ кунад.  Дар сурате, ки   дигар табибоне, ки дар дониш ва биниш ба пояи ў намерасанд қодир ба муолиҷаи он бошанд. Аз ин ҷиҳат бояд гуфт, ки Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ илова бар Қуръон дорои мўъҷизоти дигаре буда, ки ҳадис ва таърих аксари онҳоро забт намудааст.

Афсона ба ҷои мўъҷиза

Ҷои гуфтугў нест, ки имрўз баъзе аз ҷавонон аз шунидани лафзи “мўъҷиза” ваҳшат мекунанд ва мўъҷиза дар назари онон дар қатори афсонаҳо ва пиндорҳо қарор гирифтааст. Албатта ин матлаб сабабе дорад, ки яке аз онҳоро ки бо баҳсҳои мо робитаи мустақим дорад, ёдовар мешавем.

Иттилооти динии гурўҳе аз мардум махсус ба чизе аст, ки аз падарон ва модарон ва ё дарвешҳои маъракагир ва ё достонсароёни ноогоҳ ва бехабар шунидаанд. Ногуфта пайдост, ки ҳар гуна иттилооти динӣ дар бораи пешвоён, аз чунин инсонҳои ноогоҳ ва бехабар сарчашма мегирад, ҷуз як мушт афсонаҳои кўҳна ва афсонаҳои рўъёӣ чизи дигаре нахоҳад буд. Пахш кардани чунин афсонаҳои дурўғине, ки ҳаргиз бо баррасии ақлӣ ва шаръӣ созгорӣ намекунад, ҷуз ин натиҷае нахоҳад дошт, ки мўъҷизоти саҳеҳ ва ҳақиқии авлиёи дин, фидо ва қурбонии ин гуна хаёлбофиҳо гардад. Дар ин ҷо бад нест, ки як намуна аз ин хиёлбофиҳоро ёдовар шавем.

Шаққ-ул-қамар (ду ним кардани моҳ) аз мўъҷизаҳои ростини Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ аст ва Қуръони маҷид бо сароҳати хоссе онро нақл мекунад ва аз назари илмҳои имрўз кўчактарин мушкиле надорад. Вале гурўҳе барои ин мўъҷиза, туҳматеро изофа кардаанд, ки чеҳраи воқеии онро бо ин туҳмати ботил, пушондаанд. Он ҷо, ки мегўянд: Моҳ ду ним шуд ва рўи замин фуруд омад ва ҳар ду ними он аз остинҳои Паёмбар берун омада бори дигар ба сўи осмон рафтанд ва дар он ҷо ба ҳам пайвастанд.

Ҳангоме ки чунин андешаи ботил ба як ҳақиқати ростин изофа шавад, дар зеҳни як ҷавони соддалавҳ, ки асли пазируфтани мўъҷизаҳои ростин барои ў холӣ аз мушкил нест, чӣ асари баде хоҳад гузошт.

Ин намунаро барои ин ёдовар шудем, ки аз ин ба баъд дар нақли мўъҷизаҳои Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ва пешвоёни бузурги Ислом роҳи эҳтиётро дар пеш бигирем ва то мавзўеро дар китоби саҳеҳе набинем ва ё саҳеҳ будани онро донишмандони бузург тасдиқ накунанд аз нақли онҳо худдорӣ намоем ва тасаввур накунем, ки бозгўии ин гуна матлабҳо мақому шахсияти ононро дар ҷомеа боло мебарад. Балки зиёни ин гуна афсонаҳо ва латмае, ки бар мақому шихсияти онон дар назари ҷавонон ворид мекунад беш аз фоидаҳои зудгузари онҳо аст.

Чаро Паёмбари Ислом бо Қуръон муборизталабӣ намуданд

Бо ин ки Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ мўъҷизаҳое ғайр аз Қуръон низ дошт, аммо бештар рўи Қуръон такя мекард ва дар исботи набуввати худ ба он истинод меҷуст ва пайваста мухолифонро ба мубориза ва овардани китобе мисли Қуръон даъват мекард. Ва акнун мўъҷизаи ҷовидонии Ислом ҳамон Қуръон аст, ки марзҳои замону маконро дарҳам шикаста ва монанди машъали фурўзон бар торикии асрҳову замонҳо медурахшад ва дар ҳар асру замоне санадест зинда ва оятест дурахшон ва далелест гўё бар осмонӣ будани дини Ислом.

Посухи як савол: Мумкин аст савол шавад, ки чаро Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ дар миёни мўъҷизаҳои худ рўи Қуръон такя мекард ва чаро ин мўъҷиза дар миёни мўъҷизаҳои ў дурахшандагии хоссе дорад. Ва ба иборати дигар чӣ хусусияте дар замони Паёмбар Акрам ва дар дар дини он ҳазрат вуҷуд дошт, ки аввалин рўзе, ки баргузида шуд, Худои Мутаол ўро бо ин мўъҷиза муҷаҳҳаз сохт? Ин саволе аст, ки бояд ба он ҷавоби қотеъ ва равшан дод.

Мўъҷиза бояд ҳамоҳанг бо фанни роиҷи замон бошад

Ҷавоби саволи худро бояд дар авзоъ ва шароити паёмбарон ва оварандагони мўъҷизаҳо ҷустуҷў кард. Чун шароити муҳити ҳар паёмбаре металабад, ки бо мўъҷизаи махсусе муҷаҳҳаз ва неруманд гардад ва дар саҳнаи мубориза бо равиши махсусе вориди кор шавад. Тавзеҳ ин ки шиносоии мўъҷиза аз он касоне аст, ки мўъҷизаи муддаии набувват бо фан ва раштаи тахассусии онон дар зоҳир робита дошта бошад, чун донишмандони ҳар фан ба хусусиёту рамзҳо ва резакориҳои он, иҳотаи комил ва ошноии саҳеҳ доранд ва бар асари ин ташхис, аз дигарон зудтар имон оварда ва бар тасдиқи муддаии набувват бармехезанд.

Вале дарҳои шак ва тардид доим ба рўи инсонҳои ғайри ворид боз аст. Онҳо то вақте ки ба усули фанне, ки мўъҷиза бо он монандӣ дорад мусаллат набошанд, ҳаргиз наметавонанд мустақиман ҳақро аз ботил, мўъҷизаро аз сеҳру ҷоду ва санъатро аз мўъҷиза ҷудо созанду фарқ гузоранд.

Дар замони ҳазрати Мўсо алайҳис-салом ҷодугарӣ ба авҷи қудрат расида буд. Ва ҷодугар дар миёни мисриён фаровон буд, аз ин сабаб Худованди Мутаол набуввати ҳазрати Мўсоро бо Асо ва Яди Байзо ҳамроҳ сохт то ҷодугарон, ки ба ҳудуд ва хусусиёти ҷоду ва фарқи он бо мўъҷиза беш аз дигарон огоҳӣ доштанд, дар ин бора биандешанд ва доварӣ кунанд, ки мўъҷизаҳои нўҳгонаи Мўсо аз ҳадду маҳдудаи ҷоду берун буда ва дар дараҷае аст, ки аз марзи қудрату неруи башарӣ хориҷ мебошад. Ва агар тамоми мутахассисони фанни ҷоду донишу биниши худро рўи ҳам гирд оваранд, наметавонанд ба муборизаи он бархезанд. Бинобар ин бурҳони набуввати Мўсо аз навъи ҷоду намебошад ва ҳақиқате ғайр аз ҷоду дорад. Аз ин ҷиҳат ҷодугарон бидуни ин ки аз хашму ғазаби Фиръавн битарсанд, имони худро ба паёмбарии ҳазрати Мўсо алайҳис-салом эълон карданд.

Дар замони ҳазрати Исо тибби Юнонӣ ривоҷ дошт ва табибони замони вай дар кишвари Юнон ва мустаъмароти он монанди Сурия ва Фаластин табобатҳои шигифтангезе анҷом медоданд. Аз ин ҷиҳат ирода ва хости ҳакимонаи Худованди Мутаол бар ин тааллуқ гирифт, ки далели паёмбарии ҳазрати Исоро чизе қарор диҳад, ки аз назари зоҳир монанди фанни ривоҷёфтаи он замон бошад. Ба ҳамин сабаб рисолату даъвати ўро бо корҳои шигифтангезе монанди шифо додани бемороне, ки илоҷи онҳо сахт ва мушкил аст ҳамроҳ сохт, ки донишмандон ва мутахассисони фанни тибби он замон ҳукм ва қазоват кунанд, ки корҳои ў аз ҳудуди тавоноии башар берун аст ва робитае бо фанни тиб надорад, балки ў дар ин кор аз неруи мофавқи табиат кўмак мегирад.

Фанни роиҷ дар нимҷазираи Арабистон

Араби ҷоҳилият дар фанни фасоҳат ва балоғат дар иншои хутбаҳои фасеҳ ва балиғ ва сурудани шеърҳои равон ва ширин, бар миллатҳои дигар бартарӣ дошт. Дар фанҳои адаб ба олитарин дараҷа расида буд ва барои мусобиқа дар фанни шеър ва хитоба муҳофиле тартиб медоданд ва ҳар сол гўяндагон ва шоирони онон дар бозорҳои муайян барои эроди сухан ва шеъри фасеҳ ва балиғ гирди ҳам ҷамъ   мешуданд ва барандагони мусобиқа аз тарафи ҷомеаи араб мавриди тақдир ва ташвиқ қарор мегирифтанд.

Инояти онон, ба мавзўи шеъри фасеҳ ва балиғ ба ҳадде расида буд, ки аз миёни шеърҳои даврони ҷоҳилият ҳафт қасидаро аз беҳтарин шеърҳои араб интихоб намуда ва онҳоро бо оби тилло рўи порчаи катони навишта ва ба девори Каъба овехта буданд.

Яке аз ин мусобиқот дар маросими ҳаҷ дар бозори Укоз анҷом мегирифт ва ягона довари мусобиқа нобиға Зебёнӣ буд, ки барои ў хаймаи сурхранге аз чарм мезаданд ва шоирони араб аз минтақаҳои мухталифи Арабистон дар он ҷо ҷамъ мешуданд ва шеърҳоеро, ки дар тўли сол суруда буданд   дар ҳузури ў ва гурўҳе аз мардум мехонданд.

Аз ин ҷиҳат хости ҳакимонаи илоҳӣ бар ин тааллуқ гирифт, ки паёмбари худро бо силоҳе муҷаҳҳаз созад, ки онон худро дар он мавзўъ саромади рўзгор медонистанд то дар партави фикр дар балоғати Қуръон, ширинии баён ва ҷозибаву кашиши оёти Худо, иқрор намоянд, ки ин гуна сухан гуфтан аз ҳудуди тавоноии башар берун буда ва имкони чунин сухан гуфтан ҷуз бо кўмаки неруи ғайбӣ, барои касе муяссар нест.

Посухе, ки дар ин ҷо оварда шуд машруҳи гуфтори Имом Ҳодӣ алайҳис-салом аст дар ҷавоби саволи донишманди барҷастае ба номи Ибни Сиккит, ки пешвои луғат ва адаби араб дар замони худ буд.

Инак матни саволву ҷавоб

Чаро Худованд Мусо ибни Имронро бо Асо ва Яди Байзо ва корҳое, ки монанди амалҳои хориқулоддаи соҳирон буд барангехт ва ҳазрати Исоро бо табобат ва шифои беморон ва ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳро бо калом ва сухани хориқулодда ба сўи мардум фиристод?

Имом дар ҷавоби ў чунин фармуданд: Ҳангоме ки Худованд ҳазрати Мусоро ба рисолат барангехт фанни ровоҷёфта дар замони ў сеҳр буд. Ў аз тарафи Худои Мутаол мўъҷизаҳое монанди фанни роиҷи он замон овард, ки муқобила бо он дар он замон барои касе мумкин набуд. Ва бо мўъҷизаҳои худ сеҳрҳои соҳиронро ботил сохт ва ҳуҷҷатро бар онон тамом кард.

Вақте ҳазрати Исо барои ҳидояти мардум аз ҷониби Худои Мутаол мабъус гардид, табобат ва илми тиб равнақи ба сазое дошт. Ў аз ноҳияи Худованд бо мўъҷизаҳое монанди фанни роиҷи замони худ барангехта шуд, ки касеро муқобила бо он мумкин набуд. Ў бо зинда кардани мурдагон ва бахшидани шифо ба нобиноёну беморони мубтало ба песӣ, ҳуҷҷатро бар миллати он замон тамом намуд.

Вақте ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ аз тарафи Худо мабъус гардид суханронӣ ва иншои каломи фасеҳ ва балиғ, фанни ривоҷёфтаи замони ў буд. Ў аз ҷониби Худои Мутаол барои онон насиҳатҳо ва ҳукм ва мавъиза овард, ки муқобила бо он дар имкони мардуми он замон набуд. Мавъизаҳову насиҳатҳои худро дар қолиби каломи фасеҳ ва балиғ рехт ва ҳуҷҷатро ба василаи бартарӣ ва имконнадоштани овардани каломе мисли он, бар онон тамом намуд ва қавли ононро ботил сохт. ( Усули кофӣ ҷ.1.с.24-25. Ибни Сиккит аз устувонаи адаб дар замони Мутаваккили Аббосӣ ва муаллифи китоби “Ислоҳ-ул мантиқ” мебошад. Вай бар асари барҷастагие, ки дар адаби арабӣ дошт аз тарафи халифа барои тадрис ва таълиму тарбияти “Мўътаз ва Муайяд” писарони Мутаваккил интихоб шуда буд. Рўзе Мутаваккил вақти дарс ворид шуд ва аз устод пурсид, ки фарзандони маро бештар дўст дорӣ ё Ҳасану Ҳусайнро? Вай дар посух гуфт: Ман Қанбар ғуломи Алиро бо худи ту ва писаронат иваз намекунам! Ва боз пурсид: Ману писаронам назди ту беҳтар ҳастем ё Алӣ ва Ҳасану Ҳусайн? Вай дар ҷавоб гуфт: Қанбар хидматгузори Алӣ аз ту ва писаронат беҳтар аст. Мутаваккил дастур дод, ки забони ўро аз қафо берун оваранд, сипас бо дастури Мутаваккил

ғуломонаш ўро зери по андохтанд ва лагадмолаш карданд ва фардои он рўз панҷуми Раҷаби соли 243 ў аз дунё даргузашт ва вафот кард).

Имтиёз ва бартариҳои дигари Қуръон

1-Қуръон василаи ҳидоят ва тарбият аст

Яке дигар аз имтиёзҳои Қуръон ин аст, ки ин китоби осмонӣ илова бар ин ки далел бар ростгўии оварандаи он аст, мутакаффили ҳидояту тарбият ва роҳнамоии пайравони худ ба охирин дараҷаи камоли инсонӣ аст. Ва ин бартарӣ ва имтиёз дар мўъҷизоти паёмбарони гузашта вуҷуд надорад. Масалан Асои Мўсо ва шифо бахшидани ҳазрати Исо, фақат бурҳони маҳкам барои ростгўии онон буд, вале дигар умматро ба сўи фазоили ахлоқӣ ва маорифи баланди ақл, ба сўи воҷибот ва фароизи илоҳӣ роҳнамоӣ намекард. Вале мўъҷизаи ҷовидонаи Паёмбари Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ илова бар ин ки гувоҳе бар ростгўии ўст, бузургтарин роҳнамои уммат ба сўи маорифу ахлоқ ва аҳком аст.

Ба иборати дигар мўъҷизаи паёмбарони пешин, ҷанбаи ҷисмонӣ дошт. Масалан мўъҷизаи онон мурдаро зинда мекард, беморонро шифо мебахшид таоме аз осмон фурў меовард, аммо дигар ин мўъҷизаҳо, бо дилу ҷони пайравони худ сару коре надошт. Рўҳу равони ононро бо калимоти ҳакимона ва маънавияти бузург пок намекард ва фикрҳову ақлҳои онҳоро барои андеша ва фикр, барои ибодат ва парастиш барои хузўъ ва кўчакӣ дар баробари Худои Мутаол барнамеангехт, магар ин ки ба суханони оварандаи онҳо гўш фаро диҳанд ва бо ҳамроҳ кардани ҳар ду ба ҳам, ба ҷаҳони ғайб тавҷҷўҳе пайдо кунанд. Дар ҳоле ки Қуръон бо мағзҳо ва андешаҳои мутафаккири инсонӣ ва арвоҳи пок, робитаи мустақим дорад ва бо маънавияти баланд ва маорифи шигифтангез ва фармонҳои ахлоқии худ ҷомеаро ба сўи камоле, ки ба даст оварданаш мумкин аст, равона мекунад.

Қуръон, ҳамон мураббӣ ва тарбияткунандаи бузурге аст, ки араби ситамгару саркаш ва олуда ба сифатҳои зиштро ба сўи тақвову адолат ва покӣ раҳбарӣ намуд. Қуръон дар муддати кўтоҳе аз ин миллати бутпарасту ҷоҳил, ки пайваста ба ҷои таҳсили илму дониш ва поксохтани рўҳ, ба ҷангҳои дохилӣ ва фахрфурўшиҳои ҷоҳилӣ мепардохтанд, миллат ва мардуме сохт, ки аз назари маориф ва фарҳангу таърих ва ахлоқи иҷтимоиву шахсӣ дорои азамати хоссе шуданд.

Мутолиаи таърихи Ислом ва аз худ гузаштагиву фидокории тарбиятёфтагони мактаби Қуръон, дар роҳи пешбурди ҳадафҳои олии ин дин, моро аз овардани ҳар гуна далелу бурҳони фаннӣ бениёз месозад.

Имтиёз ва бартарии дуввум

Имтиёзи дигари Қуръони маҷид ин аст, ки дар ҳар замон муаррификунандаи худ аст ва ҳаргиз лозим нест, ки оварандаи он ҳамроҳаш бошад. Ин китоб дар ҳар асру замон мардумро ба паёмбарии Расули гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ даъват намуда ва бар ҳаққонияти он ҳазрат истидлол мекунад ва ҳамаи ҷаҳониёнро ба муқобила ва овардани монанди худ даъват мекунад ва сипас фармони маҳкумият ва нотавонии ҳамаро содир карда ва аз майдони мубориза бо пирўзӣ берун меравад. Дар сурате, ки   мўъҷизаҳои паёмбарони пешин дорои чунин имтиёзе набуданд. Бузургтарин имтиёзи онон ин буд, ки комилкунандаи гуфтори паёмбарон ва оварандагони худ буданд.

Имтиёз ва бартарии севвум

Имтиёзи севвуми Қуръон ин аст, ки аз соддатарин мавзўъ истифода кард ва ба василаи он муборизталабӣ кард ва бо силоҳе вориди майдон шуд ва бар ҳама пирўз гашт, ки дар ихтиёри ҳамаи мардуми ҷаҳон қарор дошт. Магар на ин аст, ки тамоми оёти Қуръон аз алфозе ташкил шудаанд, ки хамирмояи он ҳамон ҳарфҳои алифбо аст, ки дар ихтиёри ҳама қарор дорад. Магар на ин аст, ки осонтарин ва соддатарин чиз барои мардуми ҷаҳон, ҳамон сухангуфтан аст? Ва шояд барои башар чизе осонтар аз сухангуфтан набошад. Бо ин ҳама, Қуръон аз ҳамин ҳарфҳо ва алифбо, аз ҳамин калимаҳо ва лафзҳо муваффақ ба гуфтани каломе шуд, ки ақлҳои балиғони араб ва фикрҳои сухансозони ҷаҳонро баҳайрат даровардааст ва то кунун, ки 14-аср аз даъват ба муқобила ва овардани сурае монанди он мегузарад, маҳофили илмии башар, хатибон ва сухансозони ҷаҳон натавонистаанд сурае монанди яке аз сураҳои кўтоҳи онро биоваранд.

Ба иборати дигар ин гуна мўъҷизаҳо ба монанди мўъҷизаҳои Мўсо ва Исо нест, ки ниёз ба иттилоот ва маълумоти хоссе дошта бошад то оварандаи онро ба доштани маълумоти хоссе муттаҳам созанд, чун сухан гуфтан ва сохтани калом ва ин ҳарфҳо аз корҳои фитрии ҳамаи мардум аст. Агар сухан гуфтан ва шеваи гуфтори Қуръон дар ҳудуди тавоноии башар буд бояд лоақал бештари мардум битавонанд бо он мубориза кунанд. Чун суханони Қуръон на дорои ҳарфҳои махсусе буд, ки дар ихтиёри ҳамагон набошад ва на сохтани калом аз ин ҳарфҳо кори мушкиле буд, ки аз уҳдаи инсонҳо хориҷ бошад. Барои чунин имтиёзҳо буд, ки шеваи мўъҷизаҳои Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ бо дигар паёмбарон тафовут ва фарқ пайдо кард.

Мўъ ҷ иза чист ва шароити мўъҷ иза
1-Мўҷиза чист?
2-Шароити мўъҷиза кадом аст?
3-Оё ин шартҳо дар Қуръон вуҷуд дорад?

Ҳақиқати мўъҷиза ҷуз ин нест, ки муддаии набувват кори хориқулоддае анҷом диҳад ва дигаронро барои мубориза ва муқобила бо он даъват кунад ва онон аз мубориза бо он нотавон ва оҷиз бошанд. Дар ин таърифи кўтоҳ барои мўъҷиза, ҳад ва шартҳое гуфта шуда, ки ҳамагӣ дар бораи Қуръон муҳаққақ мебошад.

1-Иддаои паёмбарӣ

Зарурат ва оёти зиёде аз Қуръон гувоҳӣ медиҳад, ки Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ худро паёмбари осмонӣ хонда то он ҷо, ки худро охирин ва хатмкунандаи паёмбарон муаррифӣ намудааст.

Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ бо фармони Худои Мутаол, ҷаҳониёнро бо ҷумлаи зер, мавриди хитоб қарор дода фармуд:

قل يا أيها الناس إنی رسول الله اليکم جميعاً.

“Бигў эй мардум ман фиристодаи Худо ба сўи ҳамаи шумо ҳастам. (Сураи Аъроф ояти-58)

Бинобар ин аввалин шарти мўъҷиза, ки ҳамон иддаои паёмбарӣ аз ҷониби Худованд аст, дар бораи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ муҳаққақ буда ва ҳеҷ ҷои шакке дар он нест.

2-Даъват ба муқобила

Паёмбари гиромии Ислом аз аввалин рўзе, ки набувват ва паёмбарии худро эълон намуда ва далели набуввати худро китоби осмонӣ муаррифӣ кард, ҳамаи ҷаҳониёнро барои муқобила ва овардани китобе ва ё сурае монанди сураҳои Қуръон даъват намуд. На танҳо ононро даъват ба муқобила кард, балки ононро барои мубориза ташвиқ намуд ва дар даъват ба муқобила ва овардани сурае монанди сураҳои Қуръон рамзҳоеро ба кор бурд, ки рўҳи ҳамосӣ ва муборизаҷўии ононро ба ҳаракат даровард то ба фикри мубориза ва овардани китобе ва ё сурае монанди он биафтанд ва баъд аз аҷзу нотавонӣ мутмаин шаванд, ки ин каломи махлуқ ва ба вуҷудовардаи андешаи башар ва офаридаи қувваҳои маҳдуди башар нест. Қуръони маҷид аз роҳҳои гуногуне ононро барои овардани китобе мисли худ таҳрик ва ташвиқ кард.

Барои нахустин бор дар муҳити Ҳиҷоз, ки маркази сухан ва хондани шеъру адаб буд ва аз устодони сухан ва балоғат мавҷ мезад, эълон кард, ки агар ҷаҳониён ҷамъ шаванд, ки китобе монанди Қуръон биоваранд, наметавонанд ҳар чанд ҳама ба кўмаки якдигар биштобанд. (Исроъ ояти-88)

قل لئن اجتمعت الإنس والجن على أن يأتوا بمثل هذا القرآن لا يأتون بمثله ولو كان بعضهم لبعض ظهيراً. (اسراء-88)

Нуктаи ба ҳаракатдароваранда дар оят ин аст, ки на танҳо араби замони Паёмбарро даъват ба мубориза намуд ва аз нотавонии онҳо хабар дод, балки ҳамаи ҷаҳониёнро то рўзи қиёмат ба майдони мубориза талабид ва аз аҷзу нотавонии ҳамаи ҷаҳониён то рўзи қиёмат хабар дод.

Ба таври мусаллам як таъбири ҳамосӣ, шўре дар миёни араб ва миллатҳои араб бармеангезад ва барои ҳифзи мақом ва ҷойгоҳи худ ночор мешавад, ки ба по бархезад ва китобе монанди китоби ў биоварад.

Ў дар мартабаи дуввум, барои ба ҳаракат даровардани устодони сухан ва пайафканони фасоҳат ва балоғат, барои муқобила ва мубориза, шеваи талаб ба муборизаро иваз кард ва гуфт: “На танҳо шумо наметавонед китобе монанди Қуръон биоваред балки ҳамаи шумо нотавонтар аз он ҳастед, ки даҳ сура монанди сураҳои Қуръон биоваред”. (Сураи Ҳуд ояти-13).

ام يقولون افتراه قل فأتوا بعشر سور مثله مفتريات وادعوا من استطعتم من دون الله ان كنتم صادقين

Чӣ таҳрик ва ташвиқе болотар аз ин мешавад, ки дар мартабаи севвум шароити муборизаро то ҳадде кам кард, ки ҳозир шуд ҳамаи мардум танҳо як сура аз сураҳои саду чаҳордаҳгонаи Қуръонро биоваранд. Ва аз тамоми ҷаҳониён барои сохтани чунин сурае кўмак бигиранд. Сипас ҳушдор дод, ки ҳамагӣ бидонанд агар ҳамаи дониш ва биниши худро рўи ҳам гирдоваранд нахоҳанд тавонист ҳатто бо сурае аз сураҳои Қуръон муқобила кунанд. (Сураи Бақара-23)

وإن كنتم في ريب مما نزلنا على عبدنا فأتوا بسورة من مثله وادعوا شهداءكم من دون الله ان كنتم صاديقين. (بقرة-23).

Нотавонии мардум аз муқобила

Севвумин шарти мўъҷиза ин аст, ки мардуми ҷаҳон аз муқобила бо он нотавон шаванд ва ин шарт низ ба гунаи равшан дар бораи Қуръон муҳаққақ мебошад, чун 14-аср аст, ки ин нидоҳои маҳкам ва устувор, он ҳам ҳамроҳ бо эълони нотавонии мардум ба овардани мисли он ва таҳқири онҳо, дар гўши ҷаҳониён танинандоз мебошад ва то кунун касе натавонистааст қадаме дар майдони мубориза бигузорад ва агар ҳам касе аз рўи ғаразе ба фикри муқобила бо Қуръон афтода бошад, ғайр аз расвоӣ натиҷаи дигаре надоштааст. Агар мубориза бо Қуръон дар тавони миллати араб буд, лозим буд бо кўмакҳои бедареғонаи нобиғаҳои фасоҳат, ки вуҷуди онҳо дар он замон кам набуд, ба нидои Қуръон ҷавоб мододанд ва ҳуҷҷату далели ўро мешикастанд.

Оре, шоиста буд бо овардани як сураи балиғ ба монанди сураҳои Қуръон бо ў ба мубориза бархезанд ва далели муддаиро, ки дар мавзўе бо онҳо ба мусобиқа ва мубориза бархестааст, ки боризтарин фанни онҳо ба шумор меравад, бо овардани монанди он, далелу бурҳони ўро аз кор биандозанд ва бо ин васила дар саҳифаҳои таърих барои худ пирўзии равшан ва номи ҷовид ва шарофату мартабаи баланд сабт намоянд. Ва бо ин силоҳи содда вале дар айни ҳол бурранда, худро аз ҷангҳои кубанда ва сарфи мол ва тарки ватан ва қабули сахтиҳо ва ҳодисаҳои ногувор наҷот диҳанд. Вале медонед чаро араб аз ин роҳи содда ва бедарди сар вориди мубориза нашуд, чун араб дар балоғати Қуръон фикр кард ва мўъҷиза будани онро дарк намуд ва фаҳмид, ки агар бихоҳад бо он ба мубориза бархезад ғайр аз шикаст чизе ба дасташ намеояд. Аз ин ҷиҳат гурўҳе аз онҳо даъвати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳро қабул карданд ва дар муқобили даъвати Қуръон сари таъзим фуруд оварданд ва ба дини Ислом мушарраф шуданд.

Вале гурўҳе роҳи душманиро пеш гирифтанд ва муқобила бо шамшерро бар муқобила бо ҳарфҳо бартар диданд ва мубориза бо найзаҳоро бар мубориза бо баён ихтиёр намуданд, вале ин аҷзу нотавонӣ ва муқовимати сарсахтона дар баробари даъвати Қуръон, бузургтарин гувоҳ ва далел аст, ки Қуръон ваҳйи илоҳӣ аст ва муқобила бо он аз қудрату тавоноии башар хориҷ мебошад. Ва мо дар оянда дар бораи ин матлаб муфассал сухан хоҳем гуфт ва аҷзу нотавонии ҷаҳониёнро ба равшанӣ собит хоҳем намуд.