Имтиёзи чаҳорум

Миёнаравӣ дар қонунгузорӣ

Дар қавонини Ислом ба ниёзмандиҳои моддӣ ва маънавии инсонҳо таваҷҷўҳи комил шудааст. Вуҷуди инсон сохташудааст аз ҷисму бадан ва рўҳу равон ва ниёзи ў ба корҳои моддӣ ва лаззатҳои ҷисмонӣ камтар аз ниёзи ў ба умури маънавӣ нест. Инсон як мошини санъатӣ нест, ки танҳо таъмин кардани бензини бадани ў (таом) ниёзҳои ўро бартараф созад ва баҳрагирӣ аз лаззатҳои ҷисмонӣ барои ў як зиндагонии саодатмандонаеро пайрезӣ кунад. Ҳамчунон ки ў фаришта нест, ки танҳо барои ибодату парастиш сохта шуда бошад ва ғарқ шудан дар маънивият ва рўйгардонӣ аз зоҳири табиат ўро барои камоле, ки барои он офарида шудааст раҳнамо гардад. Аз ин ҷиҳат Ислом дар қонунгузории худ, ҷанбаҳои моддӣ ва маънавии ўро дар назар гирифта ва ба ҷиҳати хоссе аз моддият ва ё маънавият таваҷҷўҳ нанамудааст.

Дини кунунии Масеҳ, дар даъват ба корҳои маънавӣ роҳи ифротро дар пеш гирифта ва раҳбоният ва зиндагӣ дар дайрҳо ва шикофи кўҳҳо ва нуқоти дур аз ҷамоатро асли дини худ қарор додааст. Инсонҳоро аз дахолат дар корҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ боз доштааст ва бар мардум дастур медиҳад, ки дар баробари зулму ситам мўҳри хомўшӣ бар лаб зананд ва агар чеҳраи касеро бо задан сурх карданд тарафи дигари суратро дар ихтиёри золим қарор диҳанд то бар он низ бизанад.[1]

Ва аз ин сабаб дар тамоми инҷилҳои чаҳоргона як қонуни сиёсӣ ва иҷтимоӣ ба чашм намехўрад. Ва дар саросари ин китобҳо ҷуз шарҳи ҳоли ҳазрати Исо ва як мушт барномаҳои ахлоқӣ чизи дигаре пайдо намешавад.

Дини кунунии яҳуд дуруст дар нуқтаи муқобили дини насоро қарор гирифтааст. Ва дар саросари Таврот ҳатто як ишорае ҳам ба рўзи қиёмат нашудааст ва дар таваҷҷўҳ ба умури моддӣ он чунон роҳи ифротро пеш гирифтаанд, ки асари вазъии итоат ва фармонбардориро сарватмандӣ ва тасаллут бар мардум ва асари вазъии гуноҳро марг ва аз даст додани пулу мол ва қудрат медонад.[2]

Ислом бо воқеъбинии хоссе инсонро он чунон, ки аст мавриди баррасӣ қарор дода ва дар қонунгузории худ танҳо ба як тараф нигоҳ накардааст, чун ба хуби ташхис додааст, ки инсон мавҷуди якбўъдӣ нест ва инсони якбўъдӣ бисёр бадбахт аст. Ва дар миёни инсонҳо он касе саодатманд аст, ки миёнарав буда ва ба ҷанбаҳои моддӣ ва маънавӣ таваҷҷўҳ дошта бошад, аз ин ҷиҳат уммати исломиро уммати васат муаррифӣ карда ва мегўяд:

"وكذلك جعلناكم امة وسطاً".

“Мо ҳамчунон шуморо уммати миёнарав қарор додем”. Сураи Бақара-143) [3]

Дастуроти Ислом дар баҳрабарӣ аз тамоюлоти моддӣ ва баҳрабардорӣ аз мазоҳири зиндагӣ беш аз он аст, ки ҳатто битавонем ба гўшае аз он ишора кунем.

Шумо метавонед бо мулоҳизаи оёт ва ривоёте, ки дар бораи мавзўъҳое монанди қазоват ва доварӣ, кору кўшиш, кишоварзӣ ва чорво, риояти пайванди хешовандӣ, зиёфату меҳмоннавозӣ, ҳамнишинӣ, хушхулқӣ ва хушрўӣ, риояти аҳду паймон, эҳтиром ба амонат ва ҳуқуқи мардум, аёдат ва дидори беморон, ҳамдардӣ бо мусибатзадагон, мушовира ва назархоҳӣ дар корҳо, мусофирату ҷаҳонгардӣ, ҷиҳод ва набард бо душман, эҳтиром ба гузаштагон ва ҳимоят аз ҳайвонот ва... ворид шудаанд то аз бисёре аз қонунҳои иҷтимоӣ огоҳ гардида ва дар натиҷа маълум гардад, ки Ислом дар айни даъват ба маънавият ва рўҳоният аз қонунгузорӣ дар бораи идораи корҳои зиндагонии бандагон ғафлат накардааст. Қонуни Ислом фақат дар бораи чанд одоби ахлоқӣ ва маросими берўҳи ниёиш, ки бар маобид ва калисоҳо ҳукмфармост,  намебошад. Балки дини Ислом дар қалби иҷтимоъ қарор гирифта ва аз тадбири умури зиндагии бандагон, аз сиёсат ва кишвардорӣ ва дигар умур чашм напўшидааст.

Ислом дар мубориза бо ҷаҳлу нодонӣ, дар густариши назорати умумӣ, дар таълими фарзандон, дар хидмат ба халқ ва бандагони Худо, дар ёрии мазлумон ва ситамдидагон, дар наҳваи рабитаҳои мусалмонон бо миллатҳои дигар, дар чигунагии рафтор бо хидматгузорон, дар пардохти ҳуқуқи молӣ ва молиётҳои исломӣ, бахшиш дар роҳи Худо, дар гузашту бахшиш, дурӣ аз нифоқ ва дурўӣ,  дар хушгумонӣ ва эътимод ба дигарон ва... баёноти шевое дорад, ки нишондиҳандаи рўҳи эътидол ва миёнаравии Ислом дар равиши зиндагӣ ва баҳра бардорӣ аз лаззатҳои дунё аст. Ташреҳи ин ҳама қонунҳо аз уҳдаи якгурўҳи бузурги ҳуқуқӣ хориҷ аст, то чи расад ба як шахси дарснахонда.

***********
Дарси сенздаҳуд
Имтиёзи панҷум ва шашуми он
Қавонини Ислом аз замонати иҷроии комил бархўрдор аст

Ҳадаф аз қарор додани қонунҳо, бартараф кардани ниёзҳои ҷомеа аст. Ҳаргиз ин ҳадаф аз вуҷуди зеҳнии қонунҳо ва бо вуҷуди катбӣ ва лафзии он таъмин намешавад. Қонун дар сурате метавонад ниёзҳои ҷомеаро бар тараф кунад, ки дар ҷойгоҳи худ иҷро шавад. Ва ба истилоҳ “вуҷуди айнӣ” пайдо кунад ва дар ғайри ин сурат мавҷе дар ҳаво ва тасвире дар зеҳн ва рўи сафҳае беш нахоҳад буд. Қонунгузорон барои таъмини ин ҳадаф ба фикри замонати иҷрои қонунҳо афтоданд, то аз роҳи замонати иҷроӣ, қонунҳо дар бораи тамоми гурўҳҳо иҷро шавад. Замонати иҷроӣ дар низомҳои кунунии башар аз ду чиз таркиб шудааст.

1-Неруи боздоранда аз гуноҳ ё қувваҳои интизомӣ

2-Муҷозоти мутахаллифон аз роҳи қувваи муҷрия

Неруҳои боздорандаи гуноҳ, хилофро дар нутфа хафа мекунад (яъне қабл аз ин ки хилофкор муртакаби хилофе шувад пеши онро мегирад ва намезузорад, ки фасодкорӣ бикунанд) ва намегузорад хилоф дар ҷомеа падид ояд ва аз ин ҷиҳат шоистааст номи чунин қудратеро неруи интизомӣ биномем. Муҷозоту кайфар додани саркашон, марбут ба касоне аст, ки гуноҳро анҷом додаанд ва акнун бояд қонун дар ҳаққи онон ба василаи қувваи муҷрия иҷро гардад. Ин ду сабаб, ҳар чанд таъсири муштараке доранд, чун иҷрои қонун дар бораи гунаҳгорон, худ низ як хел сабаби боздоранда нисбат ба дигарон аст, вале дар айни ҳол, ду навъ таъсири мухталифе низ дорад, инак баҳси фишурда дар бораи сабаби нахуст.

1-Сабаби нахуст
Неруи боздоранда аз гуноҳ ё неруи интизомӣ

Вуҷуди неруи интизомӣ ( минисаҳо) дар ҷомеа, худ неруи боздорандаи ҷомеа аз иртикоби гуноҳ аст. Чун баъзе аз мардум дар дур аз чашмони милиса, омодаи қонуншиканӣ ҳастанд ва бо худ чунин меандешанд, ки дар ин фурсат метавонанд ба мақсад бирасанд ва дар чанголи қонун гирифтор нашаванд ва бо вуҷуди милиса ҳозир ба иртикоби хилоф нестанд. Барои чунин гурўҳ неруҳои интизомӣ, беҳтарин сабаби боздоранда аз гуноҳ ва хилоф аст. Ҳеҷ ҳукумате ҳатто ҳукумати исломӣ аз чунин қувваҳо бениёз нест ва усулан ҳеҷ ҳукумате дар ҷаҳон наметавонад бидуни чунин неруе пойдор бошад. Қувваи интизомӣ дар ҳукумати исломӣ ҷузъе аз гурўҳи амр ба маъруф аст, ки бояд онро назорати хусуси ном ниҳод ва Қуръон онро бо ҷумлаи зер баён кардааст онҷо ки мефармояд:

"ولتكن منكم اُمّة يدعون الى الخير ويأمرون بالمعروف وينهون عن المنكر".

“Бояд аз шумо гурўҳе бошанд, ки некиҳоро дар миёни мардум паҳн мекунанд ва аз бадиҳо боз медоранд”.(Оли Имрон-104). Ба таври мусаллам амр ба маъруф дорои маротиби мухталифе аст ва ҳар мартабае барои худ, маъмур ва масъули мушаххасе дорад. Ва муҷриёни тамоми қонунҳо дар тамоми марҳалаҳо ҳатто муроқибони маводди хўрокӣ, ҷузви амр ба маъруфанд, ки сутуне аз ҳукумати исломиро ташкил медиҳанд.

Ислом барои таъмини ин ҳадаф ва боздории мардум аз гуноҳ аз ду роҳи дигар низ ворид шудааст ва бо ташкили назорати умумӣ ва парвариши имон ва эътиқод ба Худо ва рўзи қиёмат тавонистааст қонунҳои худро дар сатҳҳои мухталиф иҷро кунад.

Инак баёни ин ду қисмат

1-Назорати умумӣ

Назорати умумӣ ин аст, ки тамоми афрод метавонанд бар иҷрои қонун назорат кунанд. Албатта ин гуна назорат аз ҳудуди насиҳат ва андарз ва огоҳ сохтани  мароҷеи салоҳиятдор аз ҷурмҳо ва муҷримҳо хориҷ нест ва чунин назорат ба унвони як вазифаи муҳимми мазҳабӣ аст, ки рўй гардондан аз он, гуноҳ  ва сабаби дурӣ аз раҳмати ҳақ аст.

Чунин назорати умумӣ, ки ҳамаи ҷомеаро нисбат ба якдигар саропо гўшу чашм қарор медиҳад, нақши муҳимме дар иҷрои қавонин дорад. Чӣ бисёр дар сояи назорати умумӣ, гуноҳ ва ҷурм дар ҳамин марҳала аз байн биравад ва навбат ба марҳалаҳои дигар нарасад. Ҳадафи ояте, ки ҳамаи афроди ҷомеаро вазифадор месозад, ки амр ба маъруф кунанд, назорати умумӣ аст ва вазифаи ин гурўҳ аз вазифаи қувваи муҷрия, ки мо онро назорати хусусӣ менамем комилан ҷудо аст.

2-Сабаби дуввум, муҷозоти тахаллуфкунандагон

Муҷозот ва кайфарҳои дунявӣ дуввумин рукни таъминкунандаи адолати иҷтимоӣ ва иҷроии қонунҳо аст. Ва дар ҳақиқат наметавон мавзўи муҷозоти тахаллуфкунандагонро рукни ҷудогонае шумурд, балки муҷозот ба изофаи сабаби пешин як сабаб аст, ки метавонад  иҷрои қонунҳоро дар сатҳе таъмин кунад. Вале Ислом дар масъалаи муҷозот ва кайфарҳо роҳи хоссе дорад, ки метавонад масъалаи иҷрои қонунҳоро ба сурати комилтаре дарорад.

Аввалан: Ислом мухолифонро танҳо ба кайфарҳои дунявӣ монанди қатл ва зиндон ва табъид ва танбеҳҳои баданӣ таҳдид накардааст, балки барои муҷрим ду хел кайфар қоил шудааст.

1-Кайфарҳои дунявӣ, ки бояд ба василаи қувваи муҷрия иҷро гардад ба монанди буридани дасти дузд, қасоси қотил ва шаллоқ задан.

2-Кайфарҳои ухравӣ. Шоҳкории қонуни илоҳӣ дар ҳамин нуқта аст, ки ба кайфарҳои дунявӣ басанда накарда ва барои гуноҳ кайфари ухравӣ, ки чора ва гурезе аз он нест қоил шудааст. Мумкин аст муҷрим ба баҳонаҳое битавонад аз чанголи кайфарҳои дунявӣ хурдро наҷот диҳад аммо кайфарҳои ухравӣ он чунон дар камини гунаҳгор нишаста аст, ки чорае аз он нест, баъзе аз ин кайфарҳо, сурати воқеии гуноҳ аст ва ба ин маъно, ки гуноҳ дар рўзи қиёмат ба оташе табдил мегардад.

Ростӣ агар фарде ба маънои ояи зер имон дошта бошад, мумкин нест даври гуноҳ бигардад.

"هذا كتابنا ينطق عليكم بالحق إنا كنا نستنسخ ما كنتم تعملون".

“Ин навиштаҳои мо аст, ба ҳақ сухан мегўяд. Мо ҳар чӣ амал мекардед менавиштем (ва нусхагирӣ мекардем). (Ҷосия-29).

"ما يلفظ من قول الا لديه رقيبٌ عتيد".

“Сухан намегўед магар ин ки муроқибаткунандае барои навиштани он омодааст”.(Сураи Қоф-18).

Подошҳо

Дуввуман: Ислом илова бар зиёдии кайфар ва иқоб, ба гунае ки баён шуд ба мавзўи подош таваҷҷўҳ карда ва дар сояи он ба мавзўи иҷрои қонун, кўмаки шоистаи тақдире намудааст. Дар қонунҳои имрўз барои касоне ки ба он қонун амал мекунад подош дар назар гирифта нашудааст. Чун қонунгузор тасаввур мекунад, ки амал ба қонун вазифаи инсонӣ ва иҷтимоӣ аст, ки барои таъмини адолат дар ҷомеа аст, ки фоидаи он бар худи амалкунанда мерасад. Ин матлаб мантиқӣ аст, вале оё тамоми инсонҳо ин мантиқро дарк мекунанд, оё ҳамаи мардум, ки аксари қонунҳо барои онҳо аст хилофи он қонунро интизор надоранд? Онҳо бо худ мегўянд: Ҳамон гуна ки саркашӣ кайфар ва иқоб дорад бояд амалкунанда ба қонун низ подоше дошта бошад.

Ислом бо таъмини подошҳо тавонистааст ин таваққуеро, ки мардум доранд таъмин созад, то онон ба гунае худкор аз гуноҳон дурӣ ҷўянд ва ба итоат ва пайравӣ аз қонун бигароянд. Дар мазмуни ояти зер таваҷҷўҳ фармоед, ки чӣ гуна дар инсонҳо рўҳи озодагӣ ва гузашт аз ҷону молро дар баробари густариши дини Худо парвариш медиҳад:

"إن الله اشترى من المؤمنين انفسهم و اموالهم بأنَ لهم الجنة يقاتلون في سبيل الله فيَقتُلون ويُقتَلون". (التوبة 111).

“Худованд ҷону моли инсонҳои боимонро дар баробари биҳишт харидорӣ намудааст, онон дар роҳи Худо ҷиҳод мекунанд ва мекушанд ва кушта мешаванд”. (Тавба-111).

Ангезаи бисёре аз мардуми боимон, барои риояти қонун,  чи воҷибот ва чи мустаҳаббот, ҳамин подошҳо аст, ки ононро ба сўи ҳадаф равона мекунад ва ҳаргиз набояд аз чунин сабаби муассир ғафлат намуд. Ислом барои нуфузи қонун дар дили ҷомеа, ҳаргиз кайфари хилофкорро бо подоши итоаткунанда баробар қарор надодааст. Балки ба хотири риояти адолат кайфар ва иқобро ба миқдори гуноҳ қарор додааст. Дар ҳоле ки подоши амали некро даҳ баробар муаррифӣ кардааст, чунон ки мефармояд:

"من جاء بالحسنة فله عشر امثالها ومن جاء بالسيئة فلا يجزى الا مثلها". (انعام-160).

“Ҳар кас як кори нек анҷом диҳад даҳ баробар подош дорад ва ҳар кас гуноҳе анҷом диҳад ба миқдори гуноҳаш азоб мешавад”. (Сураи Анъом-160).

Имтиёз шашшум

Густариши қавонини Ислом

Ҳар чанд баҳси мо дар бораи мўъҷиза будани Қуръон аст, вале чун қавонину аҳкоме, ки аз аҳодиси Паёмбари гиромӣ ва ё ҷонишинони маъсуми пас аз вай истифода мешавад, аз Қуръон ҷудо нест ва ба ҳукми Қуръон мо амр шудаем, ки тамоми дастуроти Паёмбарро иҷро кунем  ва ба дастури худи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, Қуръон ва Аҳли Байти ў[4] ду ҳуҷҷат ва ҳамроҳи якдигаранд (аз ин сабаб) баҳсро ба ҷои қавонини Қуръон рўи қавонини Ислом меоварем. Нахустин манбаъ барои қавонини Ислом, Қуръони маҷид аст. Як бахши Қуръони маҷидро аҳком ва қавонин ташкил медиҳад ва муҳаққиқону муфассирони исломӣ, ба хотири азамати чашмгире, ки ин бахш аз оёти Қуръон дорад, оёти марбут ба аҳком ва қавонинро батаври ҷудогона мавриди баҳс қарор додаанд ва китобҳои зиёде ба унвони “Оёт-ул-аҳком» навиштаанд.

Манбаи дуввум барои аҳкоми исломӣ аҳодиси исломӣ аст, ки ҷомеаи исломиро аз ҳар гуна қонунгузорӣ бе ниёз кардааст. Дар китоби “Васоил-уш-шиа”, ки яке аз ҷавомеи ҳадисии шиа аст, беш аз сӣ ҳазор ҳадис ворид шудааст, ки метавонанд илҳомбахши ҳазорон қонун ва аҳком бошанд.

Марҳуми алломаи Ҳиллӣ мутаваффои соли 727 ба кўмаки оёт ва аҳодиси исломӣ дар яке аз китобҳои фиқҳӣ ба номи “Таҳрир-ул-аҳком” тавониста аст чиҳил ҳазор қонун бикашад.

Дар ҳуҷуми ахири Ғарб бар Шарқ, машриқзамин худро дар бисьёре аз илмҳо ва саноеъ ба ғарб ниёзманд дид ва дасти ниёз низ ба ў дароз кард. Вале ҳеҷ гоҳ дар қонунгузорӣ дар худ эҳсоси ниёз накард, чун дар китобҳои фиқҳӣ ба андозае қонун вуҷуд дошт, ки худро аз ҳар гуна қонунгирӣ аз дигарон бениёз дид.

***********

Дарси чаҳордаҳум
Мўъҷиза будани Қуръон аз назари хабарҳои ғайбӣ

Даричаи дигар барои шинохтани мўъҷиза будани Қуръон, ҳамон хабарҳои ғайбии он аст. Ва хабарҳои ғайбии Қуръон аз гузашта ва оянда ба сурати қатъӣ дар айни сиҳат ва устуворӣ, нишонаи робитаи оварандаи он бо Худои огоҳ аз саросари ҷаҳони офариниш мебошад. Ғайб дар луғати араб ба маънои пўшида ва пинҳон дар муқобили чизе, ки ҳис ва дида мешавад ба кор меравад ва ба ҳар чизе, ки аз доираи ҳавоси мо берун бошад, ғайб мегўянд. Бинобар ин ғайб дар Қуръон фақат махсус ба гузоришҳои саҳеҳ аз гузашта ва оянда нест балки дорои қисмҳое аст, ки дар зер ба онҳо ишора мешавад.

1-Ҷаҳони моваро-ут-табиат

Ҷаҳони модда ва ҳодисаҳое, ки дар дили олами табиат рўх медиҳад ба таври иҷмол аз доираи ҳавос берун нест. Башар дар шароити хоссе метавонад онҳоро дарк кунад, аммо ҷаҳони мовароут-табиат монанди Худо ва сифатҳои ҷалол ва ҷамоли ў ҳамчунин рўҳ ва равон ва фаришта ва ҳодисаҳои пас аз марг аз вазъияти қабр ва қиёмат, нисбат ба башари моддӣ комилан ғайб аст ва аз доираи ҳавоси ў махфӣ ва пинҳон мебошад. Аммо ҳаргиз набояд онҳоро ба баҳонаи ин ки аз доираи ҳавос берун мебошад рад кард, балки бояд онҳоро пазируфт, то он ҷо ки яке аз нишонаҳои имон ин аст, ки бояд ба онҳо (бо ин ки аз доираи ҳавос берун аст) имон овард.[5]

Бинобар ин тамоми баҳсҳои Қуръон дар бораи ин гуна мавзўъҳо, ки ҳеҷ гоҳ дар доираи ҳис қарор намегирад  баҳс аз умури ғайбӣ аст ва таъид кунандаи сиҳати гузоришҳои Қуръон дар бораи ин гуна аз масъалаҳо, ҳамон бурҳонҳо ва усули ақлӣ ва фалсафӣ аст, ки дар ҳама ҷо  ҳамроҳи Қуръон пеш мераванд.

2-Асрори офариниш

Баҳсҳои Қуръон дар бораи ҷаҳони офариниш, ки дар фасли баъдӣ ба таври фишурда дар бораи онҳо гуфтугў хоҳем кард, гузориш аз як даста ҳақоиқи ғайбӣ ва пўшида аз ҳис аст, ки аз доираи ҳис берун мебошад, чун ҳаргиз барои башар мумкин нест, ки ин ҳақоиқро бидуни ба даст овардани огоҳиҳои лозим ва абзори илмӣ, ламс кунад ва ҳавоси ғайри мусаллаҳи башар наметавонад бар онҳо бирасад.

Ва агар ин масъалаҳо барои башари имрўз дар қатори масъалаҳои ламс шуда қарор гирифта дар сояи абзори илмӣ монанди микроскоп ва телескоп ва озмоишгоҳҳо ва огоҳиҳои хоссе аст, ки ҷомеаҳои илмиро бар дарки ин умур қодир ва тавоно кардааст, дар ҳоле, ки барои башари ғайри мусалаҳ ба силоҳи илмии рўз ин гуна аз ҳақиқатҳои илмӣ дар қатори умури ғайбӣ ва махфӣ аз ҳис мебошад.

3-Ташреҳи вазъияти миллатҳои гузашта

Гузоришҳои саҳеҳ ва матин аз зиндагии миллатҳои гузашта бидуни муроҷиа ба китобҳои таърихӣ ва миқёсҳои илмӣ, нишонаи робитаи гузоришкунанда ба ҷаҳони ғайб аст, чун зиндагии қавмҳои деринаро бидуни дар даст доштани кўчактарин мадраке дар ихтиёри башар мегузорад ва мо дар китоби бурҳони рисолат баҳси муқоисаи Қуръон бо дигар китобҳои ба истилоҳ осмони дар бораи ин наҳва гузоришҳои ғайбӣ сухан гуфтаем ба он китоб муроҷиа шавад.

4-Хабар додан аз ҳодисаҳои оянда

Ҳадафи мо аз кушодани ин бахш, баҳс, дар бораи он риштае аз хабарҳои оянда аст, ки ин китоби осмонӣ аз онҳо ба таври саҳеҳ ва қатъӣ хабар додааст. Шарҳи хабарҳои ғайбии Қуръон, худ ниёз ба таълифи мустақилле дорад, ки тамоми гузоришҳои Қуръон аз ҳодисаҳои оянда дар он китоби махсус гирд оянд ва нигоранда қисмати аъзами ин гузоришҳоро дар китоби “Мафоҳимул-Қуръон” ҷ.1.саҳ.288-320 овардааст, вале дар ин бахш намунаҳое аз ин гуна хабарҳоро манъакис мекунем.

1-Нотавонии башар аз мубориза бо Қуръон

Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам бо барномаи махсусе барои ҳидояти мардум фиристода шуд ва барои исботи набуввати худ Қуръоне овард ва муддаӣ шуд, ки ин китоб аз тарафи Худо аст. Ва ҳеҷ башаре наметавонад монанди онро биоварад. Аз ин ҷиҳат ҳамаи ҷаҳониёнро ба мубориза ва овардани монанди он даъват намуд ва бо камоли сароҳат ва қотеият хабар дод, ки агар инсу ҷин гирди ҳам ҷамъ шаванд, то китобе монанди Қуръон биоваранд, нахоҳанд тавонист он ҷо ки фармуд:[6]

“Бигў, агар инсу ҷин даври ҳам гирд оянд, то монанди Қуръонро биоваранд, ҳаргиз қодир ба анҷоми он намешаванд, ҳарчанд бархе бархеи дигарро кўмак намоянд. (Сураи Исроъ, ояти 88).

Акнун 14-аср аз ин хабари ғайбӣ мегузарад ва ҳанўз башар натавонистааст монанди сураҳои Қуръонро биоварад ва ин мўъҷизаи ҷовидонӣ монанди машъали фурўзон бар торикиҳои асру замонҳо медурахшад.

2-Руми мағлубшуда пас аз андаке пирўз мегардад

Ошўбгарон ва фитнаҷуён, Анушервонро нисбат ба имперотурии Рум бадбин сохтанд ва саранҷом маҷбур шуд, ки паймони сулҳи ҷовидонаро нодида бигирад ва ба Румиён ҳамла кунад. Ва билохира оташи ҷанг миёни ду тараф шўълавар шуд ва сарбозони Эрон дар муддати кўтоҳе Сурияро фатҳ карданд ва Анатокияро оташ заданд ва Осиёи Сағирро тороҷ намуданд ва пас аз бист сол ҷанг, ҳар ду тараф қудрат ва имконоти худро аз даст доданд. Ва бори дигар паймони сулҳ баста шуд ва сарбозони ҳар ду тараф ба марзҳои пешини худ баргаштанд. Анушервон аз дунё рафт ва пас аз вай тахту тоҷи Эрон даст ба даст гашт. Саранҷом Хусрави Парвиз раҳбарии ҳукуматро бар даст гирифт. Вай дар соли 614-и милодӣ баҳонаҳое ба даст овард ва бори дигар ба румиён ҳамла намуд. Дар ҳамлаи аввал Шому Фаластин ва Африқоро фатҳ кард ва Урушалимро ғорат кард ва калисои Қиёмат ва мазори ҳазрати Исоро оташ зад ва шаҳрҳоро вайрон сохт ва ҷанг ба фоидаи Эрониён тамом шуд. Дар чунин мавқеъ, ки ҷаҳони мутамаддини он рўз дар оташи ҷанг месўхт, Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар соли 610-милодӣ ба рисолат баргузида шуданд. Пахш шудани шикасти румиёни Худопараст ба дасти миллати оташпараст, сабаби хушҳолии бутпарастони Макка шуд ва онро ба фоли нек гирифтанд, ки мо низ бар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ва пайварони ў пирўз хоҳем шуд. Ва дар баробари он мусалмонони Худопараст аз шунидани ин хабар мутаассир гардиданд. Дар ин миён фаришта нозил шуд ва аз пирўзии дубора румиёни Худопараст бар миллати оташпарасти Эрон хабар дод ва фармуд: (Румиён дар сарзамини наздики Ҳиҷоз шикаст хўрданд вале онон дар муддати каме пирўз хоҳанд шуд. Сураи Рум 1-3).

Пешгўии Қуръон дар бораи румиён дар соли 625-и мелодӣ баробари соли дуввуми ҳиҷрӣ таҳаққуқ пазируфт ва Ҳерақл бо як ҳамла Найнаворо фатҳ кард ва салиби масеҳро, ки Эрониён ба ғорат бурда буданд боз гирифт ва ин пирўзӣ вақте рўй дод, ки мусалмонон низ дар Ҷанги Бадр пирўз гашта ва баъзе аз сарони ширкро аз миён бардошта буданд. Инак баррасии дақиқи оёте, ки аз чунин пирўзӣ гузориш додааст.

"الم غلبت الروم في ادنى الأرض وهم من بعد غلبهم سيغلبون".

“Рум дар сарзамини наздики Ҳиҷоз мағлуб гардид, онон пас аз шикаст боз пирўз мегарданд”. (Сураи Рум, 1-3)

"في بضع سنين لله الأمر من قبل ومن بعد ويومئذ يفرح المؤمنون".

“Дар муддати чанд сол, аз се то нўҳ (дар луғат ин муддатро “бизъ” меноманд) ва зимоми умур дар гузаштаву оянда дар дасти Худо аст. Дар чунин рўзе (рўзи пирўзии румиён) афроди боимон хушҳол мешаванд”.

"بنصر الله ينصر من يشاء وهو العزيز الرحيم".

“Худованд ҳар касро бихоҳад ёрӣ мекунад ва ўст азизу раҳим”.

"وعد الله لا يخلف الله وعده".

“Ин ваъдаи қатъии Худо аст ва Худованд аз ваъдаҳои худ тахаллуф намекунад”.

Азамати ин пешгўӣ вақте дуруст арзёбӣ мешавад, ки калимот ва ҷумлаҳои марбут ба ин пешгўиро диқиқан мавриди баррасӣ қарор диҳем.

Аввалан: Чизе гувоҳӣ намедод, ки бори дигар варақ баргардад ва миллати мағлуб шуда, думартаба пирўз шавад. Бо ин васф Қуръон бо таъбири қатъӣ аз пирўзии миллати мағлубшуда хабар дод ва фармуд:

"وهم من بعد غلبهم سيغلبون".

“Онон баъд аз шикаст бори дигар пирўз мешаванд”.

Дуввуман: муддати пирўзиро мушаххас кард ва фармуд:

"في بضع سنين".

“Нўҳ сол намегузарад магар ин ки ин пирўзи муҳаққақ мешавад”.

Севвуман: Дар ҳамон рўзҳо, ки румиён бар оташпарастон пирўз мешаванд мусалмонон низ бар душманонашон пирўз мегарданд, чунон ки мефармояд:

"يومئذ يفرح المؤمنين".

“Дар чунин рўзе инсонҳои боимон бо ёрӣ ва кўмаки Худованд хушҳол мешаванд”. Зоҳири ин ҷумла ин аст, ки ҳамон рўзе, ки румиён пирўз мешаванд мусалмонон низ бо кўмакҳои Худованд хушҳол мешаванд ва мақсуд аз ин хушҳолӣ кўмак ба мусалмонон аст. Бисёре аз муфассирон хушҳолии инсонҳои боимонро марбут ба ин медонанд, ки онон низ бар душманони мушрики худ дар сарзамини Ҳиҷоз пирўз мешаванд ва иттифоқан ҷараён ҳамон гуна, ки пешбинӣ шуда буд таҳаққуқ пазируфт ва соли пирўзии Рум, ҳамон рўзҳое буд, ки мусалмонон бар сарони қурайш пирўз шуданд.

Чаҳорум: Қуръони маҷид ин пешгўиро бо қотеияти аҷибе баён мекунад ва онро ваъдаи тахаллуфнопазири Худованд медонад, он ҷо ки мефармояд:

"والله لا يخلف الله وعده".

“Ин ваъдаи қатъии Худо аст ва Худованд аз ваъдаҳои худ тахаллуф намекунад”. Бояд дид, ки Паёмбари гироми Ислом чунин хабарро он ҳам хабари пирўзии наздик (пирўзии румиён бар эрониён ва пирўзии мусалмонон бар сарони қурайш) бо қотеияти тазалзулнопазир аз куҷо ба даст овардааст?

Оё инсоф иҷоза медиҳад, ки онро дар қатори пешбинии коҳинону соҳирон ва сиёсатмадорону муфассирони сиёсӣ қарор диҳем ва ё ин ки бояд чунин гузоришҳои дақиқро он ҳам дар заминаҳое, ки қаринаҳо, шавоҳид бар чунин пешгўӣ гувоҳӣ намедод, марбут ба робитаи вай бо ҷаҳони ғайб ва илми васеи Худо бидонем ва як чунин шахси муртабит бо ҷаҳони ғайб, мусалламан дар иддаои набуввати худ содиқ ва ростгў хоҳад буд.

3-Худо ҳофиз ва нигаҳбони ту аст

Таърихи зиндагии Паёмбари гиромӣ (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ҳикоят аз ин мекунад, ки аз рўзе ки вай даъвати худро дар миёни мардум ошкор кард, душманони мушрики вай пайваста дар камин буданд ва нақшаи озору азият ва қатли ўро мекашиданд. Охирин нақшаи онон дар Макка ин буд, ки тасмим гирифтанд, ки нимаи шаб чиҳил тан шамшерзан аз қабилаҳои мухталиф бар хонаи ў ҳуҷум кунанд ва ўро қитъа-қитъа кунанд, то хуни ў дар миёни қабилаҳои гуногун пахш гардад. Вале Худои бузург ўро аз ин нақшаи душманон огоҳ сохт ва он ҳазрат бо қарор додани Амирал-мўъминин алайҳис-салом дар ҷои хоби худ Маккаро ба нияти Мадина тарк намуд ва аз дастраси Маккиён хориҷ шуд. Паёмбари гиромӣ дар муддати иқомаи даҳ солаи худ дар Мадина дар 27 ҷанг ширкат кард ва дар лаҳзаҳои ҳассос наздиктарин шахс бар душман он ҳазрат буд. На танҳо аз ҷони худ ҳимоят мекард, балки аз ҷони ёрони худ низ ҳимоят мекард. Амирал-мўъминин алайҳис-салом шуҷоату пешқадам будани Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро дар майдонҳои ҷанг ин гуна васф мекунад:

"كنا اذا احمرّ البأس اتّقينا برسول الله (صلى الله عليه وآله وسلم) فلم يكن احد منا اقرب الى العدو منه".

“Ҳар гоҳ оташи ҷанг шўълавар мешуд мо ба Паёмбари гиромӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам паноҳ мебурдем ва дар он лаҳзаҳо касе аз мо ба монанди он ҳазрат ба душман наздиктар набуд”.

Дар таърихи ҷангҳои исломӣ мехонем, ки дар ҷанги “Уҳуд” Паёмбар беш аз дигарон ба душман наздик буд, то он ҷо ки душман қасди ҷони ўро кард ва ҳуҷум овард то ўро бикўшад ва ба зиндагии вай хотима диҳад бо ин ки ҳуҷуми душман сарсахтона буд ва афроде, ки аз ҷони Паёмбар дифоъ мекарданд шуморашон кам буд, бо ин васф душман натавонист бар ў даст пайдо кунад ва ў ҷон ба саломат бурд. Дар ҷангӣ “Зил-амр” Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) миқдоре аз лашкаргоҳ дур шуда ва либоси худро кашида рўи дарахте андохт, то зери сояи он истироҳате бикунад дар ин вақт яке аз душманон, ки аз болои кўҳ ҳаракати Паёмбарро зери назар гирифта буд фаҳмид, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар ҷое дур аз чашми ёрони худ ба истироҳат пардохтааст. Зуд фурсатро ғанимат шумурда аз кўҳ поён омад ва болои сари Паёмбар истоду бо овози хашине гуфт: Ҳофизу нигаҳдори ту аз шамшери бараҳнаи ман кист? Паёмбари гиромӣ бо садои баланд фармуд: “Аллоҳ Аллоҳ. Худо Худо”, дар ин ҳангом тарсу ларза ўро фаро гирифт ва шамшер аз дасти ў афтод дар ин лаҳза Паёмбари гиромӣ аз ҷой бархест ва шамшерро бардошт ва ҳамон суханеро, ки вай ба Паёмбар гуфта буд Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба ў гуфт. Вай дар ҷавоби Паёмбар ба бечорагӣ ва нотавонии худ иқрор карда гуфт: Ман касеро надорам, ки маро ёрӣ кунад вале ман эътироф мекунам, ки худое ҷуз Худои ягона нест ва Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фиристодаи Худо аст. Дигар ҳеҷ касеро бар зидди ту намешуронам. Паёмбар ҷавонмардӣ карду шамшери ўро ба худаш баргардонд, вале ў шамшери худро ба Паёмбар бахшиду гуфт: Ту ба ин шамшер шоистатар ва сазовортар ҳастӣ. [7]

Дар ҷанги Ҳунайн мусалмонон дар торикии ҳаво аз гузаргоҳи Ҳунайн мегузаштанд. Ногаҳон мавриди ҳамлаи мардҳои ҷангҷў, ки дар пушти сангҳо пинҳон шуда буданд қарор гирифтанд ва тир монанди жола ба сари сурати онҳо фурў рехт ва тарси аҷибе бар мусалмонон ҳукмфармо гардид ва низоми лашкар аз ҳам пошид ва аксарияти қариб ба итифоқ по ба гурез ниҳоданд дар ин миён баъзе аз мунофиқон тасмим гирифтанд, ки шўълаи ҳаёти Паёмбарро хомўш созанд. Ин бор низ Худои меҳрубон вуҷуди он ҳазратро бар асари пойдории гурўҳе аз ёрони фидокораш ҳифз намуд.[8]

Дар вақти бозгашт аз ҷанги Табук гурўҳе аз мунофиқон нақшаи куштани он ҳазратро кашида буданд ва ҳадафи онҳо ин буд, ки ҳангоми гузаштан аз гардана, шутури Расули Худоро рам диҳанд Паёмбар дар ҳоле ки Ҳузайфа шутури он ҳазратро меронд аз гардана боло рафт ҳанўз Паёмбар аз гардана боло нарафта буд, ки ба пушти сари худ нигоҳ кард ва савораҳоеро дид, ки аз пушти сари ў ҳаракат мекунанд ва барои ин ки шинохта нашаванд чеҳраҳои худро пушонида ва оҳиста-оҳиста сухан мегўянд. Паёмбар фарёди сахте ба онҳо зад ва ба Ҳузайфа дастур дод, ки бо Асои худ шутурони онҳоро баргардонад. Онҳо фаҳмиданд, ки Расули Худо аз нақшаи онҳо хабардор шудааст аз ин ҷиҳат зуд аз роҳе, ки омада буданд баргаштанд ва ба дигар лашкариён пайвастанд. [9]

Бо ин ҳодисаҳо ва рўйдодҳои рўзафзун, Худованди Мутаол аз рўзи аввал аз роҳи ваҳйи Қуръон ба он ҳазрат итминон дода буд, ки вуҷуди ўро аз душманони мушрик ва нақшаҳояшон нигаҳ хоҳад дошт. Соли севвуми беъсат ҳангоме ки ба Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам амр шуд, ки паёмбарии худро бо даъвати хешовандони худ ба дини Ислом ошкор созад, Худованди ҷаҳон ўро бо оятҳои зер, ки ҳикоят аз муҳофизати ў аз он ҳазрат дар тўли паёмбарӣ мекунад хитоб намуду фармуд:

"فاصدع بما تؤمر واعرض عن المشركين إنا كفيناك المستهزئين".

“Он чиро, ки ба он амр шудаӣ ошкор соз ва аз гурўҳи бутпараст рўй бигардон, мо туро аз озори истиҳзо кунандагон ҳифз менамоем”.

Ин оёт дар соли севвуми беъсат нозил шуд ва аз маҳфузияти қатъии Паёмбар аз шарри душманон хабар дод ва гузашти замон ростиву дурустии онро ба равшанӣ собит намуд.

Рўзи Ғадир, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аз тарафи Худованд маъмури насби Алӣ алайҳис-салом бар хилофат ва имомат гардид ва қароини равшане гувоҳӣ медод, ки ин кор ғазаб ва хашми гурўҳеро бар хоҳад ангехт. Худованд барои маҳкам кардани иродаи Паёмбари гиромӣ ба ў ваъда дод, ки туро аз шарри душманон муҳофизат хоҳам кард. Чунон ки мефармояд:

"يا ايها الرسول بلغ ما انزل اليك من ربك و ان لم تفعل فما بلغت رسالته و الله يعصمك من الناس ان الله لايهدي القوم الكافرين".

“Эй Паёмбари гиромӣ он чи ки аз тарафи Худоят  бар ту нозил гардидааст ба мардум бирасон вагарна паёмбарии худро ба гунаи аҳсан анҷом надодаӣ, Худованд туро аз озори мардум нигаҳ медорад, Худованд гурўҳи кофирро ҳидоят наменамояд”. (Сураи Моида-68).

Оё чунин хабарҳои ғайбӣ, ки гузашти замон сиҳҳату истувории онро собит намуд ва дар рўзе, ки ин хабар дода шуд, ҳеҷ гуна қаринае вуҷуд надошт, ки он ҳазрат дар тўли паёмбарӣ аз зарари душманон дар амон хоҳад монд, гувоҳ бар ин нест, ки он ҳазрат ин хабарҳоро аз офаринандаи донову тавоно гирифтааст?

***********
Дарси понздаҳум
Бозҳам хабарҳои ғайбии Қуръон
4-Ту ба зодгоҳат бармегардӣ

Қурайш барои хомўш кардани машъали фурўзони ҳидоят, нақша кашида ва саранҷом тасмим гирифтанд ба василаи 40-терорист, хуни Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро дар хонаи худ бирезанд. Паёмбари гиромии Ислом бо фармони Худои Мутаол Маккаро ба нияти Мадина тарк кард. Ҳангоме ки терористҳои қурайш ба хонаи он ҳазрат ҳуҷум карданд ғайр аз Алӣ алайҳис-салом, ки дар ҷои он ҳазрат хобида буд, касеро надиданд. Ва Маккаву атрофи онро зери по карданд, то Паёмбарро пайдо кунанд, вале он ҳазратро наёфтанд. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар сояи инояти Худои Мутаол роҳи Мадинаро пеш гирифт ва дар ҳангоми сафари худ ба Мадина дар бораи зодгоҳи худ Макка фикр мекард, ки оё бори дигар бар ватани худ боз хоҳад гашт ё на, дар ин вақт ин оят нозил шуд:

"إنّ الذي فرض عليك القرآن لرادك الى معاد".

“Худое ки тиловат ва таблиғи Қуръонро бар ту воҷиб намуд туро ба зодгоҳи худ боз хоҳад гардонд”. (Сураи Қасас-85).

Маод дар луғати араби ба маънои боз гаштгоҳ, аз ин назар ба ватанМаод мегўянд, ки фарди мусофир ҳар куҷо биравад боз ба ҳамон ҷо боз мегардад.

Пешбинии бозгаштани Паёмбар ба ватани худ, дар лаҳзае, ки ҳеҷ гуна қаринае бар он гувоҳӣ намедод, ҷуз як ваҳйи илоҳие, ки аз гузашта ва оянда огоҳ аст чизи дигаре наметавонад бошад.

5-Мусалмонон вориди Масҷидул-ҳаром мешаванд

Паёмбари гиромӣ дар Мадина дар олами рўъё дид, ки вай бо мусалмонон вориди Масҷидул-ҳаром шудааст ва сарҳои худро барои хуруҷ аз эҳром тарошидаанд. Паёмбар хоби худро ба ёрони худ гуфт ва афзуд ба ҳамин зудӣ қадам ба Масҷидул-ҳаром мегузорем, чизе нагузашт Паёмбар тасмим гирифт, ки бо гурўҳе аз ёрони худ равонаи Макка шавад, вале қурайш аз дохилшудани мусалмонон ба сарзамини ҳарам “дар нуқтаи Ҳудайбия” пешгири карданд ва пас аз як давра гуфтугў, ҳамин намояндагии қурайш бо Паёмбар ки дар раъси онон “Суҳайл ибни Амр” буд ба тавофуқ расиданд ва қарордоде  бар  тарки ҷанг ба муддати даҳ сол имзо карданд бо ин шарт, ки мусалмонон аз ҳамон нуқта ба Мадина боз гарданд ва зиёрати хонаи Худоро ба соли дигар вогузор карданд ва дар солҳои баъд монанди дигар гурўҳҳои араб  метавонанд хонаи Худоро зиёрат кунанд ба шарти ин ки беш аз се рўз дар Макка намонанд ва силоҳе ҷуз силоҳи мусофир надошта бошанд.

Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам сулҳномаро имзо кард ва аз ҳамон роҳ ба Мадина бозгашт гурўҳе аз мунофиқон лаб ба эътироз кушода ва гуфтанд, мо ба Масҷидул-ҳаром ворид нашудем ва сарҳоро натарошидем ва дар ин ҳангом ояти зер, ки ваъда ва замонати дохил шудани  қатъии мусалмонон ба масҷидул-ҳаром буд нозил гардид ва инак оя:

"و لقد صدق الله رسوله الرؤيا بالحق لتدخلن المسجد الحرام ان شاء الله آمنين محلقين رؤسكم و مقصرين لا تخافون فعلم مالم تعلموا فجعل من دون ذلك فتحا قريبا".

“Худованд хоби Паёмбари худро ҳақ ва рост қарор дод ва бо хости Худо бо амну эминӣ ба Масҷидул-ҳаром дар ҳоле ки сарҳоро тарошидаед дохил мешавед ва наметарсед, Худо медонад он чиро, ки шумо намедонед. Аз ин ба баъд фатҳу пирўзиро наздик гардонид”.

Ин оят ду ҳодисаи бузургро пешбинӣ мекунад.

1-Дохил шудани мусалмонон ба Масҷидул-ҳаром он ҳам бо камоли амният ва оромиш хабар дода шудааст, чунон ки мефармояд:

"لتدخلن المسجد الحرام ان شاء الله آمنين....".

Чизе нагузашт, ки мусалмонон соли дигар (соли ҳафтуми ҳиҷрат) бар зиёрати хонаи Худо муваффақ шуданд ва номи онро “Умраи қазо” номиданд. Аз он ҷо ки соли гузашта муваффақ ба анҷоми умра нашуда буданд гўё аъмоли худро дар он вақт ба унвони қазои соли гузашта анҷом доданд.

2-Мусалмонон ба ҳамин зудӣ Маккаро фатҳ хоҳанд кард. Ду сол аз имзои сулҳи Ҳудайбия нагузашта буд, ки мусалмонон, ба сабаби паймоншикании мушрикон Маккаро бидуни хунрезӣ фатҳ карданд ва ба бутпарастӣ дар муҳити Макка хотима доданд. Худованди Мутаол ин башоратро бо ин ҷумла баён мекунад:

"فجعل من دون ذلك فتحا قريبا".

“Илова бар ин пирўзии наздик, пирўзии дигаре барои шумо муқаддар кардааст”.

6-Мардум ба дини Ислом рўй меоваранд

Қуръони маҷид на танҳо аз фатҳи Макка ва пирўзии мусалмонон бар аҳли ширк хабар додааст, балки аз гароиши зиёди мардум ба дини Ислом ва ин ки мардум баъд аз фатҳи Макка гурўҳ-гурўҳ ба дини Ислом рў меоваранд низ хабар додааст, он ҷо ки мефармояд:

"اذا جاء نصر الله والفتح ورأيت الناس يدخلون في دين الله افواجاً فسبّح بحمد ربك...". (سوره نصر)

“Замоне, ки кўмак ва фатҳу пирўзӣ фаро расад мебинӣ, ки чӣ гуна мардум ба дини Ислом гурўҳ-гурўҳ дохил мешаванд, Худоро бо ҳамду ситоиш аз ҳар айбе пок бидон...”. (Сураи Наср). Ин даста аз гузоришҳои ғайбӣ он ҳам бидуни ин ки қаринае бар онҳо бошад, гувоҳ бар ин аст, ки оварандаи Қуръон бо Худои бузурги ҷаҳон, ки аз оянда ва гузаштаи ҷаҳон огоҳии дақиқ дорад комилан марбут будааст ва ин хабарҳоро аз он ҷо мегирифтааст.

***********


[1] Инҷили Мато фасли панҷум ҷумлаи-39.

[2] Аз боби намуна ба Сифри тасния, боби шашум ҷумлаҳои 17-18-24 муроҷиа кунед).

[3] Баъзе аз муфассирон оятро ин гуна тафсир кардаанд. Ба тафсири “Ал-Манор ҷ.2.с.4. муроҷиа шавад).

[4]-Ҳадиси Сақалайн аз ҳадисҳои мутавотире аст, ки аксари муҳаддисони исломӣ онро нақл кардаанд.

[5] "الذين يؤمنون بالغيب".

“Онон ба умури пинҳон аз ҳис имон меоваранд”.

[6] -"قل لئن اجتمعت الإنس والجن على أن يأتوا مثل هذا القرآن لا يأتون بمثله ولو كان بعضهم لبعض ظهيراً".

[7] Мағозии Воқидӣ ҷ.1.с.166-194).

[8] Маноқиби Ибни Шаҳрошуб ҷ.1.с.166).

[9] Мағозии Воқидӣ ҷ.3.с.142).