index page next page

Муҳаммадҳусейн Таботабоӣ

Тафсири Мизон
Сураи “Ҳамд”
А з ҳафт оят иборат мебошад

(аз ояти 1 то 5)

بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمنِ الرَّحِيمِ

الْحَمْدُ لِلَّهِ رَبِّ الْعالَمِينَ . الرَّحْمنِ الرَّحِيمِ. مالِكِ يَوْمِ الدِّينِ. إِيَّاكَ نَعْبُدُ وَ إِيَّاكَ نَسْتَعِينُ.

Ба номи Худои Бахшояндаи Меҳрубон (1)

Ҳамд ва сипос Худоро, парвардигори ҷаҳониён(2), бахшояндаи меҳрубон(3), ки фармонравои рўзи растохез аст(4). Худоё, танҳо туро парастиш мекунем ва аз ту ёрӣ ме хоҳем(5).

Тафсир

О ғози ҳар коре бо номи Худо

“Ба номи Худои Бахшояндаи Меҳрубон” . Шурўъ кардани ҳар кору амале ба номи шахсияти бузурге, одати роиҷест миёни мардуми ҳар миллате, то ин кор у амал, ба номи он шахсият бобаракат гардад. Ҳатто дар мавриди номгузории навзодон ва ё номгузории муассиса, ё корхонае ҳам, ки ба роҳ меандозанд, ин амал ривоҷ дорад. Масалан, шахсе исми фарзанди навзодашро ба номи падараш ва ё ба номи касе аз бузургон номгузорӣ мекунад, то ин ном, бо бақои ин навзод боқӣ бимонад.

Каломи Худои Мутаол ҳам мутобиқи ҳамин одат, ҷараён пайдо кардааст. Бинобар ин Худои Мутаол каломи худро (яъне Қуръони Каримро) бо номи худ шурўъ кардааст, то ин калом бо номи Худои Мутаол нишонӣ гардида ва ба зоти покаш иртибот дошта бошад ва ҳамчунин одобе бошад, ки бандагон дар анҷоми ҳар кору амал ва сухане ба ин одоб худро биёроянд.

Пас ҳар кору амалеро бо номи Ў оғоз намоянд ва ин кору амалашон, ба номи поки Ў нишонӣ гардида ва танҳо барои Ў анҷом ёбад, ки онгоҳ амалашон нобуд нахоҳад гардид, ботил нахоҳад шуд, абтар (думбурида) нахоҳад буд. Зеро ончи бо номи поки Худо нишонӣ гардида бошад, нобудӣ ва бутлон роҳе ба сўяш надорад.

Тавзеҳ онки Худои Субҳон дар чанд ҷое аз Қуръон мефармояд, ки ончи барои Худо ва ризои Ў набошад, нобуд ва ботил аст ва Худо ҳар амалеро, ки барои Ў ва ризояш анҷом напазируфта бошад, ҳамчун гарди дар ҳаво пошхўрда қарор хоҳад дод ва нобуд хоҳад сохт. Ҳамчунин мефармояд, ки ба ҷуз зоти гиромии Ў, ҳеҷ чизе дар ин олам бақо нахоҳад дошт. Пас, ончи барои Худо анҷом ёфта ва ба номи Ў сурат пазируфта бошад, танҳо он аст, ки бақо дорад ва нобуд нахоҳад шуд, яъне насиб ва баҳраи ҳар коре аз бақо, ба он миқдор хоҳад буд, ки Худо дар он кор чӣ насибе дошта бошад. И н ҳамон матлабест, ки дар ҳадисе аз П аёмбари г иромӣ (с) ба он ишора шудааст. Паёмбар (с) мефармоянд: “Ҳар кори муҳимме, агар бо номи Худо оғоз нашавад, абтар аст”. Абтар - яъне думбурида. Хулоса ин шуд, ки Худои Мутаол каломи хешро (Қуръони Каримро) бо номи худ оғоз намудааст.

Ҳадаф аз каломи илоҳӣ, ҳидоят ва раҳнамоии бандагон

Ҳар инсони ҳакиме ҳар коре, ки мекунад, барои ҳадаф ва мақсади муайяне анҷом медиҳад. Худои Мутаол, ки ҳакими мутлақ аст ва маҳол аст, ки аз Ў кори беҳуда ва бидуни ҳадафе сар бизанад, аз каломи хеш, ки Қуръони Карим аст, ҳадафи муайянеро дунбол дорад. Ҳол о , бояд дид, ки ҳадафи асосии Худо аз Қуръон чист? Яъне ҳадаф ва мақсади асосии ка л оми Худо, ки барои бандагон аз тариқи П аёмбар (с) фуруд омадааст, чист?

Худои Субҳон ҳадафи асосӣ аз кулли каломи хешро, ки бо сураи “Ҳамд” шурўъ шуда ва бо сураи “Ан-нос” поён ёфтааст, чунин баён мекунад: “Ҳамоно аз ҷониби Худо нур ва рўшноии бузурге ва китобе ба ҳаққонияти ошкор барои ҳидоят ва раҳнамоии шумо омад...” (Сураи Моида, ояти 15 ва 16). Ва низ дар чанд оятҳои дигаре ҳам ҳамин мазмун омадааст. Ҳамагии онҳо ин маъноро мерасонанд, ки ҳадаф аз китоб ва каломи илоҳӣ, ҳидоят ва раҳнамоии мардум мебошад. Пас метавон гуфт, ки ҳидоят ва раҳнамоии башар аст, ки ба таври куллӣ бо номи Худо шурўъ гардидааст. Ин матлаб роҷеъ ба кулли Қуръон мебошад.

Ҳоло бояд бубинем, ки чаро ҳар сурае аз Қуръон ҳам, ба таври ҷудогона бо номи Худо (Бисмиллоҳ) оғоз гардидааст? Ковиш ва баррасӣ дар сураҳои қуръонӣ инро мерасонад, ки ҳар қисмате аз қисматҳои каломи илоҳӣ, (ки унвони сура ба он ниҳода шудааст), дорои як навъ ҳамоҳангӣ ва мазмуни ягона миёни худ мебошад, ки ин инсиҷом ва ягонагии мазмунро байни он сура ва сураи дигаре мушоҳида намекунем. Аз ҳамин ҷо метавон ба ин хулоса омад, ки ҳар сурае ҳам, ба таври ҷудогона дорои ҳадаф ва мақсади муайянест ва он ҳадаф аст, ки бо номи Худо оғоз гардидааст. Албатта дар ниҳоят, ҳама бо ҳам танҳо як ҳадафро, ки ҳамон ҳидоят ва раҳнамоии башар буда ва ҳадафи кулли Қуръон мебошад, таъмин мекунанд.

Ҳадаф аз сураи Ҳамд

Ҳол бояд дид, ҳадаф аз сураи Ҳамд чист ва кадом ғараз ва мақсаде дар ин сура бо номи Худо (бисмиллоҳ) оғоз гардидааст? Мақсад ва маъное, ки раванди сухан дар ин сура ба он далолат мекунад, ҳамд ва сипоси Худост бо иброз намудани бандагӣ ба зоти поки Ў. Ибрози бандагӣ ба пешгоҳи Худои Субҳон ҳам, бо изҳори анҷоми ибодат ва парастиш танҳо ба даргоҳи илоҳӣ ва ёрӣ хостан фақат аз Ў ва пурсиши ҳидоят ва раҳнамоӣ танҳо аз Ў сурат гирифтааст. Дар воқеъ суханонест, ки Худои Субҳон онро аз забони бандааш баён намудааст, то одоби ибрози бандагиро барои бандагон биёмўзад ва бандагон ҳам дар мақоми ибрози бандагӣ, худро ба ин одоб биёроянд.

Пас маънои сура ин шуд, ки “Ба номи Ту (эй Худо! ) и броз медорам бароят бандагиро ”.

Маънои “раҳмон” ва “раҳим”

Дар “Бисмиллоҳ”, ки сураи Ҳамд (ва ҳамчунин Қуръони Карим ва тамоми сураҳои Қуръон) бо он оғоз гардидааст, аз миёни сифатҳои зиёди Худои Мутаол, фақат ду сифати “раҳмон” ва “раҳим” барои исми зоти поки илоҳӣ зикр шудааст. Ҳол, бояд бубинем маънои ин ду калима чист?

Решаи ҳар ду “раҳмон” ва “раҳим”, калимаи “раҳмат” мебошад. Пас ибтидо бояд бубинем маънои “раҳмат” чист, сипас раҳмон ва раҳимро маъно хоҳем намуд. "Раҳмат" сифат ва ҳолатест, ки барои инсон ҳангоме ки манзараи шафқатангезеро мушоҳида мекунад, ҳосил мешавад. Масалан, агар касеро мушоҳида кунем, ки ҳоҷат ва ниёзе барояш пеш омада ва ба сўямон барои баровардани ҳоҷаташ даст дароз мекунад, ҳолате моро фаро мегирад (ки номашро раҳму шафқат ҳам мегўем) ва онгоҳ ин ҳолат моро водор мекунад, ки дар баровардани ҳоҷаташ иқдом намоем. Пас дар воқеъ, мо ду марҳаларо пушти сар мекунем. Марҳалаи аввал, ҳамон ҳолат ва таассурест, ки дар вуҷудамон ҳангоми мушоҳидаи манзараи шафқатангез ҳосил мешавад ва марҳалаи дуввум, марҳалаи бахшоиш ва ато намудан аст, яъне он ҳангом, ки бар асари он ҳолат ва таассуре, ки дар вуҷудамон пайдо шудааст, ба баровардани ниёзи ҳоҷатманд иқдом намоем. Ин аст маънои раҳмат дар мавриди мо инсонҳо.

Лекин дар мавриди Худои Субҳон, вақте зоти покаш ба сифати раҳмат васф мешавад, аз маъное, ки барои раҳмат баён шуд, фақат марҳалаи дуввуми он, яъне марҳалаи бахшоиш ва ато намудан фаҳмида мешавад. Дар ҷои худаш баён хоҳем намуд, ки чаро Худо бо ҳолати таассур, (ки ҳамон марҳалаи аввал аст) васф намешавад. Пас раҳмати Худо, яъне бахшояндагӣ ва атои Ўст.

Аммо “раҳмон” ва “раҳим”, ки аз раҳмат реша гирифтаанд, ҳар ду як маъноро мерасонанд ва ба маънои “касе, ки дорои сифати раҳмат аст” омадаанд, бо ин фарқ, ки “раҳмон” ба касе гуфта мешавад, ки раҳматаш умумӣ ва фарогир бошад, вале “раҳим” ба касе, ки раҳматаш пойдор ва ҷовидон бошад. Зеро ки дар забони арабӣ ҳар сифате, ки ба шакли “фаълон” (мисли раҳмон) ояд, ин маъноро мерасонад, ки ин сифат ба гунаи зиёд ва фаровон вуҷуд дорад ва ҳар сифате, ки ба шакли “фаъил” (мисли раҳим) ояд, маънои пойдорӣ ва ҷовидонагиро мерасонад. Бинобар ин дар мавриди Худои Субҳон, ки бо ҳар як аз ин ду сифат васф гардидааст, муносиб он аст, ки гўем: Худо раҳмон аст, яъне раҳматаш фарогир ва умумист, яъне шомили ҳоли мўъмину кофир аст ва аз ҳеҷ касе раҳмати бепоёнашро дареғ наварзидааст: “Ва раҳмати ман ҳама чизро фаро гирифта...” (Сураи Аъроф, ояти 156). Ва Худо раҳим аст, яъне раҳматаш пойдор ва ҷовидон аст.

Тавзеҳ онки Худои Мутаол илова бар ин ки раҳматаш фарогир буда, шомили ҳоли мўъмину кофир аст ва аз ин ҷиҳат раҳмон хонда мешавад, як раҳмати пойдор ва ҷовидоне ҳам дорад, ки танҳо шомили ҳоли мўъминон аст ва аз ин назар раҳим хонда мешавад: “Ва Ў (Худо) бар мўъминон раҳим (меҳрубон) аст” . (Сураи Аҳзоб, ояти 43). “Ў (Худо) ба эшон (паёмбар ва мўъминон) мушфиқ ва раҳим аст”. (Сураи Тавба, ояти 117).

Ҳамду сипос Худоро...

“Алҳамду лиллоҳ” . Ҳамдро чунин таъриф мекунанд: “Ҳамд сипосест, (ки дар муколимоти роиҷ миёни мардум ба он таъриф ҳам мегўянд) дар баробари як амали некўе, ки соҳибихтиёрона анҷом дода шудааст”. Масалан, агар касеро бубинем, ки кор ва ё амали некеро бо ихтиёри худ анҷом додааст, ўро сипос мегўем. Дар забони арабӣ калимаи дигаре ҳам дорем, ки ҳамин маъноро мерасонад ва он калимаи “мадҳ” аст. Фарқи “ҳамд” бо “мадҳ” дар ин аст, ки мадҳ, ҳам дар баробари амали некўе, ки соҳибихтиёрона анҷом дода шудааст, гуфта мешавад ва ҳам дар баробари як чизи зебо ва некўе, ки некўӣ ва зебоияш бо ихтиёри худаш анҷом наёфтааст. Бинобар ин дар мавриди касе, ки бо ихтиёри худ кори некў ва зебое анҷом дода бошад, ҳам метавонем бигўем: “Туро ба хотири ин корат ҳамд мегўем” ва ҳам метавонем гўем: “Туро ба хотири ин корат мадҳ мегўем”. Вале ҳамд фақат дар баробари амали соҳибихтиёрона гуфта мешавад. Ба ҳамин хотир, агар дар баробари як гули зебое қарор гирем, намегўем, ки ин гулро ҳамд мегўям, вале метавонем бигўем ин гулро мадҳ мегўям, зеро зебоӣ ва некўияш бо ихтиёри худаш ба вуҷуд наомадааст.

Нуктаи дигаре, ки бояд дар инҷо ба он ишора шавад, ин аст, ки ҳамд дар ин оят бо “ал” оварда шудааст, яъне “ал-ҳамду лиллоҳ”. Дар граматикаи забони арабӣ чунин аст, ки агар лафзе бо “ал” оварда шавад, маънои истиғроқ (фарогирӣ) ва ё ҷинсро мерасонад. Пас агар дар инҷо ҳамд бо “ал” оварда шудааст, мурод аз ҳамд, ҳамаи ҳамдҳо ва ё ҷинси ҳамд аст, ки дар ниҳоят ҳар ду як маъноро ифода мекунанд.

Пас маънои дақиқи оят ин шуд, ки “Тамоми ҳамдҳо ва сипосҳо махсуси Худост, яъне фақат азони Худост” ва ё ин ки “Ҷинси ҳамд азони Худост”, яъне ҳар ҳамде, ки содир гардад, дар ҳақиқат ба Худо тааллуқ мегирад.

Тавзеҳ онки Худои Субҳон мефармояд: “Ҳамон Худо парвардигори шумо офаринандаи ҳамаи чизҳост”. (Сураи Ғофир, ояти 62). Яъне ҳар чизе, ки либоси ҳастӣ бар тан кардааст, офарида ва махлуқи Худост. Дар ҷои дигаре мефармояд: “Он Худое, ки ҳар чизро ба некўтарин шакл офарид”. (Сураи Саҷда, ояти 7). Яъне Худо ҳар чизеро, ки офарида, некў ва зебо офаридааст. Пас натиҷа ин аст, ки тамоми махлуқот ва мавҷудоти олами ҳастӣ аз он ҷиҳат, ки офаридаи Худоянд, зебо ва некў ҳастанд. Аз ҷиҳати дигар, барои ҳар оқиле рўшан аст (ва далелҳои ақлӣ ва шаръӣ низ онро таъйид мекунанд), ки Худои Субҳон ҳеҷ офаридаеро ба иҷбори иҷборкунандае наофарид, балки бо ихтиёр ва хости худ халқ кардааст.

Пас натиҷа ин шуд, ки аввалан ҳамаи мавҷудот, махлуқот ва падидаҳои олами ҳастӣ, офаридаи Худо ҳастанд ва ҷуз Худо офаринанда ва падидоварандае надорем. Дуввум ин ки ҳамаи ин офаридаҳо, аз он ҷиҳат, ки офаридаи Худо ҳастанд, зебо ва некў мебошанд. Севвум онки Худо бо ихтиёр ва хости хеш онҳоро халқ карда ва мекунад ва зери иҷбори касе қарор надорад. Аз назари сифатҳо ва исмҳо ҳам Худо дорандаи некўтарин исмҳост: “Ба ҷуз Худои якто, ки ҳамаи исмҳо ва сифатҳои некў махсуси ўст, худое нест”. (Сураи Тоҳо, ояти 8) “Худоро номҳои некўст, ба онҳо Худоро бихонед ва ононе, ки дар номҳои Ў куфр ва инод меварзанд, ба худ вогузоред...” (Сураи Аъроф,ояти 180).

Пас Худои Мутаол зебо ва некўст дар номҳои худ ва ҳамчунин зебо ва некўст дар корҳои хеш ва ҳар зебоӣ аз Ўст.

Хулоса ин гардид, ки Худои Мутаол мавриди ҳамду сипос аст бар номҳои некўяш (ва ҳамаи номҳо ва сифатҳояш некўст) ва низ мавриди ҳамду сипос аст бар корҳои зебо ва некўяш (ва ҳар падидае дар олами ҳастӣ, кори Худост ва аз он ҷиҳат, ки кори Худост, зебо ва некўст). Пас барои Худо ҳамду сипос мебояд. Ҳамчунин дар олами ҳастӣ ҳеҷ сипосе аз сипосгузоре дар баробари ҳар кори некў ва зебое тааллуқ намегирад, ҷуз ин ки дар ҳақиқат ин сипос ва ҳамд ба Худо тааллуқ гирифтааст (ва маҷозан ба дигарон тааллуқ мегирад). Зеро зебоӣ ва некўие, ки ҳамд ба он тааллуқ гирифтааст, аз Худост (на аз худи ў, зеро гуфтем, ки ҳар зебоие ба Худо бармегардад). Пас ҳар ҳамду сипосе махсуси Худост ва ҳамаи сипосҳо барои Ўст.

Оё банда метавон ад Худоро

ончунон ки ҳаст, тавсиф кунад ?

Аз раванди калом дар сураи Ҳамд ошкор аст, ки ин суханон, суханони банда аст аз забони Худо ва зоти поки илоҳӣ барои банда кайфияти ҳамду сипоси хеш ва одоберо, ки банда ҳангоми қарор гирифтан дар мақоми бандагӣ бояд ба он худро биёрояд, меомўзад. В агарна худи банда, ба худии худ ва бидуни таълими П арвардигор, тавоноии ҳамди Ўро надорад.

Тавзеҳ ин ки ҳамд худ як навъ тавсиф ва сифат кардан аст ва Худои Субҳон дар Қуръони Карим хештанро аз васфи сифаткунандагоне аз бандагонаш поку муназзаҳ донистааст. Мефармояд: “Худо зоти покаш аз ин сифатҳо, ки ба Ў нисбат медиҳанд, муназзаҳ аст”. (Сураи Соффот, ояти 160). Дар ҳеҷ ҷое аз каломи илоҳӣ мавриде, ки дар он, ҳамд (бидуни қайду шарт) аз забони ғайри Худо ҳикоят шуда бошад надорем, ҷуз ончи аз забони шуморе аз паёмбарони мухлас (барои Худо холис шудагон) ҳикоят шудааст. Худои Мутаол хитоб ба ҳазарти Нўҳ (а) мефармояд: “Бигў сипос Худоро, ки моро аз зулми ситамгарон наҷот дод”. (Сураи Мўъминон, ояти 28). Ҳамчунин аз забони ҳазрати Иброҳим (а) фармудааст: “Сипос Худоро, ки ба ман дар замони пирӣ, ду фарзандам Исмоил ва Исҳоқро ато фармуд”. (Сураи Иброҳим, ояти 28). Ба Паёмбари гиромии Ислом ҳазрати Муҳаммад (с) дар чанд ҷое аз Қуръон мефармояд: “Бигў сипос Худоро”. (Сураи Намл, ояти 93). Аз забони ҳазрати Довуд ва Сулаймон (а) мефармояд: “Гуфтанд: Сипос Худоро”. (Сураи Намл, ояти 15). Аз забони аҳли биҳишт (касоне, ки дорои қалбҳои беолоиш буда ва аз суханони беҳуда ва гуноҳ пок ҳастанд) ҳам мефармояд: “Охирин суханашон ин аст, ки (гўянд) сипос Худоро павардигори ҷаҳониён!” (Сураи Юнус, ояти 10).

Аммо дар ғайри ин маворид, Худои Субҳон ҳарчанд ҳамду сипосро аз забони бисёре аз махлуқоташ ҳикоят кардааст, ба монанди онҷо ки мефармояд: “Фариштагон ба тасбеҳ ва ситоиши Худои худ машғуланд”. (Сураи Шўро, ояти 5) ва ё “Раъд (ва барқ) ба тасбеҳ ва ситоиши Ў машғул аст”. (Сураи Раъд, ояти 13) Ва ҳатто аз забони кулли мавҷудоти олами ҳастӣ мефармояд: “Мавҷуде нест дар олам, ҷуз онки ба тасбеҳ ва ситоиши Ў машғул аст”. (Сураи Исро, ояти 44), вале Худои Субҳон ситоишро дар ҳамаи ин маворид, бо тасбеҳ ҳамроҳ овардааст, балки тасбеҳро асл қарор дода ва ҳамдро ба он ҳамроҳ сохтааст. Тасбеҳ, яъне пок ва муназзаҳ донистани Худо.

Сабаби ин ки Худои Таоло ҳамдро (яъне ин васфро) аз забони ғайри худаш ба тасбеҳ ҳамроҳ меоварад, ин аст, ки ғайри Худои Мутаол қодир нест ба ҷамол ва камоли феълҳои Ў (ҳамон тавр ки лоиқи зоти Ў бошад) иҳота намояд ва фаро бигирад, ҳамон тавр ки қодир нест ба ҷамол ва камоли сифатҳо ва исмҳояш, (ки дар воқеъ ҷамоли феълҳо аз онҳо сарчашма мегирад) иҳота намояд. Худо мефармояд: “Халқро ҳаргиз ба Ў иҳота ва огоҳӣ нест”. (Сураи Тоҳо, ояти 110). Чаро ки тамоми мавҷудот ва махлуқоти олами ҳастӣ, ғайр аз Худои Мутаол, ҳамагӣ маҳдуд (яъне вуҷудашон вуҷуди ноқис) мебошад ва Худои Субҳон зоти бепоён аст ва вуҷудаш комил аст ва аз куҷо барои вуҷуди маҳдуд ин ки битавонад ба вуҷуди номаҳдуд иҳота ёбад? Пас мавҷуди маҳдуд, ҳар гоҳ чизеро васф намуд, маънояш ин аст, ки ба он иҳота ёфтааст ва он чиз ба андозаи дарки ин мавҷуд, ба ҳадду марзе маҳдуд гардидааст.

Аз ҳамин ҷост, ки сипос ва ситоише, ки барои зоти поки илоҳӣ мекунанд, танҳо дар сурате дуруст хоҳад буд, ки аввал, зоти поки Ўро аз ончи ба миқдори дарки худашон васф кардаанд, пок ва муназзаҳ созанд, яъне тасбеҳаш гўянд.

Аммо ин ки чаро ҳамду сано аз забони бархе аз мухласини бандагон бидуни қайди тасбеҳ ҳикоят шудааст, ба ин хотир аст, ки Худои Субҳон ҳамду санои эшон ва васфи ононро, ҳамду сано ва васфи худ қарор додааст, чун эшонро барои худаш мухлас (яъне холис) гардондааст. Яъне агар банда барои Худо холис шуд, (ки ба он мухлис гўянд) ва Худо ҳам ўро барои худаш холис қарор дод, (ки ба ў мухлас мегўем), ҳар феълу ҳаракату суханаш дар воқеъ аз Худо хоҳад буд.

Хулоса ин шуд, ки муқтазои одоби бандагӣ ин аст, ки банда парвардигорашро ба ҳамон саное, ки Худо худро ба он хондааст, бихонад ва аз он ҳадд таҷовуз нанамояд, ҳамчунон ки дар ҳадис аз забони Паёмбари гиромӣ (с) омадааст: “(Худоё!) Натавонам саноят он чунон хонд, ки Ту худ бар хеш сано хондаӣ” .

Пас каломи илоҳӣ дар аввали сураи Ҳамд, яъне “Алҳамду лиллоҳ” таълими одоби бандагист барои банда аз ҷониби Худои Мутаол, ки агар Худо онро таълим намедод, банда ҳаргиз наметавонист Худоро худ (ва ба андозаи худ) сано гўяд.

Парвардигори ҷаҳониён

“Раббил оламин”. Лафзи “Рабб”, ки дар форсӣ ба он павардигор мегўянд, ба маънои моликест, ки тадбири амри чизеро, ки дар зери дасташ ҳаст дар ихтиёр дорад. Пас дар “рабб” маънои моликият нуҳуфтааст. Дар ҷомеаҳои инсонӣ, моликият (яъне молики чизе будан) ба навъи хоссе аз дороӣ ва тааллуқ доштан гуфта мешавад, ки ба мўҷиби он, ба шахси доранда ҳақ медиҳем, ки дар дороии худ тасарруф намояд. Масалан ин ки мегўянд “Ин манзил мулки Аҳмад аст”, ба ин маъност, ки ин манзил, як навъ ихтисос ба Аҳмад дорад, ки ба мўҷиби ҳамин тааллуқ, Аҳмад метавонад дар он манзил тасарруф намояд. Ин тааллуқ ва ихтисос ҳам, ё ба ин аст, ки Аҳмад ин манзилро бо пули худ харидааст ва ё аз падараш ба мерос бурдааст ва ё ғайр аз инҳо аз асбоби ихтисос ва моликият, ки агар ҳамин тааллуқ ва ин навъ аз ихтисос намебуд, барои Аҳмад ҳаққи тасарруф дар ин манзилро намедодем. Ин навъ аз ихтисос, ки дар ҷомеаҳои инсонӣ роиҷ аст, эътиборист, на ҳақиқӣ[1] ва аз онҷо ки ҳамаи маонии эътиборӣ, аз маонии ҳақиқӣ гирифта мешаванд, дар инҷо ҳам маънои моликияти эътиборӣ дар воқеъ баргирифта шудааст аз маънои ҳақиқии он. Моликияти ҳақиқӣ монанди ихтисос доштани аъзои баданамон аз гўшу чашму бинӣ ва дасту по ва ғайра ба мо ва маънои моликияти мо ба онҳо ин аст, ки ин аъзо дар вуҷудашон вобаста ба мо ҳастанд ва вуҷуди мустақил аз мо надоранд, балки истиқлолияташон ба истиқлолияти мост ва мо ҳам ба ҳар сурат, ки хостем дар онҳо тасарруф мекунем. Ин аст маънои моликияти ҳақиқӣ.

Ҳоло, бояд бубинем парвардигории Худои Мутаол, ки гуфтем ба маънои моликияти Ўст, ба кадом маъно аз моликият аст? Ҳақиқист, ё эътиборӣ? Тибқи далелҳое, ки дар ҷои худаш ба исбот расидааст, моликияте, ки ба Худо нисбат дода мешавад, моликияти ҳақиқист, на моликияти эътиборӣ. Ва рўшан аст, ки дар моликияти ҳақиқӣ, мулк на танҳо дар вуҷуди хеш ба молик ниёзманд аст ва истиқлоле аз худ надорад, балки дар осори вуҷудияш ҳам инчунин аст, яъне дар тадбир ва чархондани умураш низ истиқлоле аз худ надорад. Аз ин ҷост, ки Худои Мутаол парвардигор ва молики ҳақиқии ҳамаи мавҷудот аст ва Ўст молики ҳақиқие, ки тадбири умури тамоми мавҷудотро дар даст ва ихтиёр дорад. Ин аст маънои “...Парвардигори ҷаҳониён”.

Аммо лафзи “оламин” (ҷаҳониён), ҳарчанд ки ин лафз ба тамоми мавҷудот, ғайр аз Худо гуфта мешавад, вале мурод аз он дар инҷо фақат олами инсонҳо ва ҷинҳост. Зеро дар ҳар ҷое аз Қуръон, ки ин лафз омадааст, мурод аз он, олами инсонҳо ва ҷинҳо будааст, монанди ин ки мефармояд: “Ва баргузидем туро (эй Марям!) бар занони ҷаҳониён” (Сураи Оли Имрон, ояти 42) ва “...то бар ҷаҳониён бимдиҳандае бошад” (Сураи Фурқон, ояти 1) ва низ хитоб ба қавми ҳазрати Лут(а) омадааст: “Оё амали зиште, ки пеш аз шумо ҳеҷ кас аз ҷаҳониён ба он иқдом накардааст, баҷо меоваред” (Сураи Аъроф, ояти 80).

Танҳо туро парастиш мекунем ,

ва танҳо аз ту ёрӣ ме хоҳем

Ҳамд ва сипос Худоро, парвардигори ҷаҳониён, бахшояндаи меҳрубон, ки фармонравои рўзи растохез аст. Худоё, танҳо туро парастиш мекунем ва аз ту ёрӣ ме хоҳем.

“Ийёка наъбуду ва ийёка настаин” , яъне танҳо туро парастиш мекунем ва танҳо аз ту ёрӣ мехоҳем. Масдари калимаи “наъбуду” (парастиш мекунем) ибодат аст ва калимаи ибодат баргирифташуда аз лафзи “абд”, ки ба маънои барда ва банда аст. Бо таваҷҷўҳ ба ин, маънои ибодат ин мешавад: “Қарор додани банда хештанро дар мақом ва ҷойгоҳи бандагӣ барои парвардигораш” ва “парастиш кардан” ҳам ҷуз ин нест.[2]

Ҳол о бояд бубинем бандагии банда дар баробари парвардигораш ба чӣ сурат аст? Оё мисли бандагии бандаҳоест дар баробари соҳибонашон, ки дар ҷомеаҳои гузаштаи инсонӣ ривоҷ дошт (ва ба баракати дини мубини Ислом, инсоният аз қайду банди он раҳоӣ ёфт), ё ба сурати дигарест?

Бандагӣ миёни бардагон ва соҳибонашон (дар замонҳои гузашта) фақат дар ончи барқарор буд, ки соҳибон нисбат ба он, ҳаққи моликият доштанд, аммо ончи моликияти эшон ба он тааллуқ надошт, бандагӣ низ ба он тааллуқ намегирифт. Масалан, соҳиб ва хоҷа дар хусусиёти вуҷудии банда, аз қабили ин ки фарзанди фалон шахс аст, ё фалон метр қад дорад ва ғайра, ҳаққи моликият надорад, яъне ин шуунот таҳти мулки ў қарор надоранд. Бинобар ин, ин маворид аз қаламрави бандагӣ хориҷ ҳастанд. Аммо моликияти Худои Субҳон нисбат ба бандагонаш чунин нест. Яъне чунин нест, ки дар моликияти Худои Субҳон, моликияти каси дигаре шарик бошад ва Худо молики қисмате аз банда буда ва қисмати дигараш аз қаламрави моликияташ хориҷ бошад. Ҳамчунин нисбати банда ба Худо ҳам бар хилофи нисбати бандагон ба соҳибонашон аст. Чунин н ест, ки бахше аз банда таҳти моликият и Худо буда ва бахш и дигараш берун аз он қарор гирифта бошад ва ё тасарруфе аз Худо дар банда ҷ оиз буда ва тасарруфи дигаре аз Ў ҷоиз набошад ( чуноне ки бандагон дар урфи инсонӣ , дар замонҳои гузашта, чунин буданд, яъне бахше аз онҳо мисли корҳояшон таҳти моликияти соҳиб он буда ва бахши дигаре аз онҳо, мисли хусусиятҳои вуҷ удиашон хориҷ аз он қарор дошт . Ва баъзе аз тасарруфот дар онҳо ҷоиз буд, мисли истифода аз кори онҳо ва баъзе аз тасарруфот дар онон ҷоиз набуд, мисли ба қатл расондани онҳо).

Худои Субҳон молик аст мутлақо, бидуни қайду шарт ва ғайри Ў мамлуканд мутлақо, бидуни қайду шарт. Пас Худо танҳо ва ягона аст дар моликият ва банда ҳам фақат маҳдуд аст дар шаъни бандагӣ. Ин ҳамон маъное аст, ки ҷумлаи “ийёка наъбуду” (танҳо туро мепарастем) ба он далолат мекунад, зеро мафъул (туро) муқаддам бар феъл (парастиш мекунем) оварда шуда ва низ феъли ибодат бе қайду шарт зикр гардидааст.[3]

Банда аз Худо яш п ў шида нест ва Худо ҳам аз бандааш

Дар баҳсҳои гузашта гуфта будем, ки моликияти Худои Субҳон нисбат ба бандагонаш, моликияти ҳақиқист, на эътиборӣ ва барои моликияти ҳақиқӣ, ихтисос ва тааллуқи аъзои бадани худ ва осори он ба худамонро мисол зада будем ва гуфтем, ки вуҷуди ин аъзо ва осораш, вобаста ба вуҷуди мост ва аз худ ҳеҷ истиқлоле надорад.

  index page next page