back

index

next

Бисёре аз гуноҳон аз шӯхӣ шурӯъ мешавад ва ба ҷиддӣ ба поён мерасад. Ва бисёре аз дуздиҳо аз дуздидани чизҳои кам арзиш шурӯъ мешавад ва ба ба дуздиҳои калон мерасад.

Ҳазрати Алӣ(а) дар хутбаи ҳафтуми Наҳҷулбалоға мефармояд: “шайтон аввал тухмгузорӣ мекунад, пас аз он чӯҷа мебарорад, сипас роҳ меравад ва аз ақиби он дар домани мардум бузург мешвад ва ба он ҷо мерасад, ки нигоҳҳо ва гуфторҳо ҳама шайтонӣ мешавад”.

Дар Қуръон ва аҳодис барои шайтон тӯрҳое баён шудааст, монанди: луқмаи ҳаром, шаробу қимор, дурӯғгӯӣ, тафриқаҳо, ҳамнишинӣ бо ноаҳлон, чӣ дӯст бошад чӣ ҳамсоя, чӣ муаллим, чӣ шогирд, ғурур, орзуҳои нобаҷо, таблиғоти бад, симу зари ҳокимони золим, шояд битавон гуфт: бузургтарин роҳи дохил шудани шайтон чашму гушу забону шаҳват аст. Бо дидани як саҳна ё шунидани сухани ботил ва ё ба гуфтани як калима ё комёбии ҷинсӣ роҳро барои марҳалаҳои баъдӣ ва умқ бахшидан ба васвасаҳо боз мекунад. Албатта шайтон мисли саг аст, ки ба аҳли хона ҳамла намекунад. Худованд ба Иблис фармуд: “Ту бар бандагони мухлиси ман, ки ба манзалаи аҳли ман ҳастанд, ҳокимият надорӣ.[83] Ҳокимияти ту бар бегонагон аст ҳамчуноне, ки саг ба бегонагон ҳамла мекунад.

õ      Савол: Бо ин ҳама васвасаҳои шайтонӣ гуноҳи башар чист?

Ҷавоб: Дар Қуръон мехонем, ки дар қиёмат гунаҳкорон хилофкориҳои худро ба гардани Иблис андохта ва ӯро маломат мекунанд, вале ӯ мегӯяд: маро маломат накунед, балки худатонро маломат кунед, ман қудрате надоштам шуморо ба анҷоми коре маҷбур кунам, ман фақат шуморо даъват кардам ва ин шумо будед, ки даъвати маро қабул кардед. Шумо чаро суроғи ваъдаҳои Худо ва даъвати пайғамбарон нарафтед. Ваъдаҳои ҳаққи Илоҳиро як тараф гузоштед ва аз ақиби ваъдаҳои пучи ман омадед. (Ва шайтон вақте, ки кор тамом мешавад мегӯяд: Худованд ба шумо ваъдаи ҳақ дод ва ман ба шумо ваъдаи (пуч) додам ва хилоф кардам. Ман бар шумо қудрате надоштам магар ин ки даъвататон кардам ва шумо даъвати маро қабул кардед! Бинобар ин маро сарзаниш накунед худро сарзаниш кунед! На ман фарёдраси шумо ҳастам ва на шумо фарёдраси ман).[84]

õ      Савол: Шайтон  аз чӣ роҳе ба дили инсон медарояд?

Ҷавоб: Ҳамин ки инсон ба фикри кӯмак кардани дигарон мешавад, шайтон ӯро таҳдид мекунад, ки агар ба дигарон кӯмак кунӣ, фақир мешавӣ. (Шайтон шуморо ҳангоми садақа додан ваъдаи фақирӣ ва камбағалӣ медиҳад ва ба фаҳшо зиштиҳо амр мекунад, вале Худованд ваъдаи омурзиш ва фароваонӣ ба шумо медиҳад ва Худованд қудраташ васеъ ва ба ҳар чиз доност, (ба ҳамин далел ба ваъдаҳои худ вафо мекунад)).[85]

2.      Вақте мебинад, ки миёни ду нафар дӯстӣ вуҷуд дорад онҳоро дар қиморбозӣ мешинонад ва дӯстии миёни баранда ва бозандаро ба кина ва буғз табдил мекунад, (шайтон мехоҳад ба воситаи шароб ва қимор дар миёни шумо адоват ва кина эҷод кунад ва шуморо аз ёди Худо ва намоз дур кунад. Оё (бо ин ҳама зиён ва фасод ва бо ин наҳй шадид) худдорӣ хоҳед кард?!)[86]

3.      Ҳамин ки касе ба фикри издивоҷ меафтад, шайтон талқин мекунад, ки ҳоло зуд аст.

4.      Ҳамин ки касе ба фикри намози аввали вақт меафтад шайтон мегӯяд ҳанӯз вақт дорем.

5.      Ҳамин, ки гунаҳкоре ба фикри тавба меафтад, шайтон мегӯяд дар пирӣ тавба хоҳем кард.

6.      Гоҳе шайтон ба тағйири исм инсонро ба гуноҳ мекашонад, харҷи беҳуда дар корҳои диниро ба исми шаоири мазҳабӣ, харҷи беҳуда дар хонаро ба исми обрӯдорӣ, харҷи беҳуда дар миёни дӯстонро ба исми саховат, ғафлат аз Худо ва рӯзи қиёмат ва масъулиятро ба исми осоиш, ҳирс дар сарват ва ҷамъоврии молро ба исми таъмини зиндагии худ ва фарзандон, ҳиларо ба исми зиндагӣ, шайтанатро ба исми тадбир, нифоқро ба исми сиёсат, айёширо ба исми истироҳат, бепарвогӣ ба муқаддасотро ба исми равшанфикрӣ, аз байн бурдани суннатҳои хубро ба исми тамаддун, бепарвогӣ ба падару модарро ба исми ҳамсардорӣ, худбохтагӣ ва аз даст додани ҳувияти миллӣ ва фикрӣ ва эътиқодиро ба исми ҳамранги ҷамоат шудан қарор медиҳад ва ин аст маънои он чиро дар Қуръон мехонем, ки шайтон корҳои бадро (бо ҳамин номҳо) зебо нишон медиҳад, ( ва шайтон ҳар кореро, ки мекарданд дар назарашон зинат дод).[87]

Дар поён бояд бигӯем: Инсон метавонад бо таваккул бар Худованд ва паноҳ бурдан ба ӯ ва ёди ӯ ба хусус азон ва намоз ва робитаи дӯстони бо тақво ва дурӣ аз маҷлис ва саҳнаҳои фасод ва таваҷҷӯҳ ба таърихи фиребхӯрдагон ва ибрат гирифтан аз онҳо, худро аз домҳои шайтон раҳоӣ бахшад ва ҳар гоҳ ба тавре гирифтор шуд, бо тавба ва узурхоҳӣ аз Худованд ва анҷоми намоз худро пок кунад. Қуръон мефармояд: Бо анҷоми корҳои нек бадиҳо аз байн мераванд.[88]

Ояти 63

Ин ҳамон ҷаҳаннаме аст, ки ба шумо ваъда дода мешуд.

Ояти 64

Имрӯз дохили он шавед ва ба хотири куфре, ки доштед ба оташи он бисӯзед.

Нуктаҳо:>

¥      “Иславҳо” аз “сало” ба маънои оташ афрӯхтан ва дар оташ дохил шудан ва ҳамроҳи он будан аст.

Паёмҳо:

1.      Яке аз азобҳои Худованд сарзаниши табаҳкорон (гунаҳкорон) аст.

2.      Оқибати андеша накардан ҷаҳаннам ва бадбахтӣ аст.

3.      Худованд борҳо ваъдаи ҷаҳаннам дод, вале кофирон бовар накарданд.

4.      Худованд бар дӯзахиён ҳуҷҷаташро тамом кард ва ҳамеша хатари дузахро ба онҳо гушзад кардааст.

5.      Азоби имрӯз ба хотири куфри дирӯз аст.

6.      Кофирон ва дузахиён ҳаргиз аз оташ ҷудо нахоҳанд шуд.

Ояти65

Имрӯз бар даҳонашон муҳр мезанем ва дастҳояшон бо мо сӯхан мегӯянд ва пойҳояшон ба он чи анҷом додаанд, гувоҳӣ медиҳанд.

Нуктаҳо:

¥      Гувоҳон дар қиёмат зиёданд ва иборатанд аз: Худо, Пайғамбар, имом, замон, макон, фариштагон, амалҳо ва аъзои бадани инсон.[89]

¥      Зикри номи дасту по аз боби намуна аст, чун дар оятҳои дигар мехонем, ки гӯш, чашм ва дил низ пурсида мешаванд. (Аз он чӣ ба он огоҳӣ надорӣ пайравӣ накун, зеро ки гӯш, чашм ва дил ҳама савол карда мешаванд).[90] Ҳатто пӯст гувоҳӣ медиҳад.[91] Ба ҳар ҳол ҳар узве бо он чӣ амал кардааст гувоҳӣ медиҳад.

¥      Имом Боқир(а) фармуд: Гувоҳии аъзо бар зидди инсон дар бораи кофирон аст, аммо мӯъминон номаи аъмолашонро ба дасти рост гирифта ва бо ифтихор мехонанд.[92]

Паёмҳо:

1.      Худованд сабаб сӯзу ва сабабсоз аст. Даҳонеро, ки сабаби сухан гуфтан аст мебандад ва дасту поро василаи сухан гуфтан қарор медиҳад.

2.      Рӯзи қиёмат ҷисмонӣ аст.

3.      Дар қиёмат аъзои бадан дар ихтиёри инсон нест.

4.      Қавитарин гувоҳ ва шоҳид дар додгоҳ иқрор ва эътирофи омили гуноҳ, (яъне аъзои бадан) аст.

5.      Аъзои бадан дорои навъе дарк ва шууранд, ки метавонанд дар қиёмат шаҳодат диҳанд.

Ояти 66

Ва агар бихоҳем биноии чашмашонро аз байн  мебарем, пас онгоҳ, ки дар роҳ аз якдигар пешӣ мегиранд чӣ гуна хоҳанд дид?

Ояти 67

Ва агар бихоҳем онҳоро дар ҷои худ масх мекунем (ва ба муҷассамаҳои берӯҳе табдил месозем ба тавре, ки на битавонанд ба роҳи худ идома диҳанд ва на баргарданд.

back

index

next