back

index

next

дат ва русуме бархурд кардем онро аз роҳи донишмандони ботақво ва беҳавас, бо Қуръону ҳадис ва ақлу илм ва таҷриба бисанҷем.

Дар ҳадис мехонем: “Аз онҷо, ки ривоятҳои ғалатеро ба мо (маъсумин) нисбат медиҳанд, он чиро ба номи ҳадис аз мо шунидед агар мувофиқи Қуръон буд, қабул кунед ва агар мухолифи он буд, онро қабул накунед”.[57]

Борҳо Қуръон дастур додааст, ки аз беҳудагӣ дурӣ кунед[58] ва агар дар маҷлисе сухани беҳуда шунидед ба унвони норозигӣ маҷлисро тарк кунед.[59]

Агар таърифи нобаҷо шунидед аксулъамал нишон диҳед. Ҳамон гуна ки Пайғамбар(с) дар марги фарзанди дусолааш (Иброҳим) ба минбар рафта фармуд: “Шунидаам мегӯед офтобгирифтагии имрӯз ба хотири марги фарзанди ман буд! Бидонед офтоб ва моҳ аз нишонаҳои қудрати илоҳӣ аст, дар мадоре, ки Худованд барои онҳо қарор додааст дар ҳаракатанд ва ба хотири марг ва зиндагии касе роҳашонро тағйир намедиҳанд”.[60]

Имрӯза низ баъзеҳо адади 13-ро хуб намедонанд ва аз кор дар ин рӯз парҳез мекунанд, дар ҳоле, ки ҳазрати Алӣ(а) дар сездаҳуми раҷаб ба дунё омад ва ин адад бо дигар ададҳо фарқе надорад. (Ё ин ки дар ҷомеаи Тоҷикистон ин хурофот ҷорӣ аст, ки мегӯянд агар писари 7 сола намозхон шавад гуруснагӣ ба вуҷуд меояд дар ҳоле, ки ин ақида мухолифи Қуръон аст, зеро Қурон инсонҳоро ҳамеша ба намоз хондан даъват мекунад).

Агар як нигоҳи коршиносона ба хурофоте, ки дар ҷомеаи башарӣ вуҷуд дорад дошта бошем, хоҳем фаҳмид, ки чӣ будҷаҳо ва умрҳое беҳуда сарф мешавад ва чӣ хонаводаҳое дар асари чӣ кинаҳое аз байн рафтаанд. Ҳарсола гурӯҳе аз ҷавонони мо ба хотири маросими мушакпаронӣ ва  дигар аъзои худ ва гоҳе ҷони худро аз даст медиҳанд.

Ояти 20

Ва аз дуртарин минтақаи шаҳр марде бошитоб омад (ва) гуфт: Эй қавми ман! Аз ин пайғабарон пайравӣ кунед.

Ояти 21

Аз касоне пайравӣ кунед, ки подоше аз шумо талаб намекунанд ва худ ҳидоят ёфтаанд.  

Нуктаҳо:

₯      Ояти 13 ҷои ҳузури пайғамбаронро “қаря” муаррифӣ кардааст ва ин оят онро “мадина” мегӯяд. Шояд битавон гуфт: Маданият ва рушди ҷомеаҳо аз дидгоҳи Қуръон вобаста ба имони мардум мебошад; шаҳре, ки шаҳрвандонаш кофир бошанд, деҳа аст ва деҳае, ки ҳатто як муъмин дар он ҳузур ёбад рушд ёфта шаҳр мешавад.

Паёмҳо:

1.      Дур будан аз маркази шаҳр ба маънои дур будан аз фарҳанг нест.

2.      Тарафдорӣ аз ҳақ сарҳад ва минтақа надорад.

3.      Гоҳе яктана бояд ҳаракат кард ва фарёд кашид. Ҳазрати Алӣ(а) мефармояд: Дар роҳи ҳақ аз кам будани пайравон натарсед.[61]

4.      Барои ҳимоят аз ҳақ дур будани роҳ набояд монеъ бошад. Тарфадорӣ аз ҳақ ангезаву сӯз лозим дорад на ному нишон.

5.      Тарафдорӣ аз ҳақ ангеза ва сӯз лозид дорад на нишон ва аломат. ((ΡΜα

6.      Агар ҷони мардони Худоро дар хатар дидем бояд бо шитоб барои кӯмак иқдом кунем.

7.      Пайғамбарон ҳомиёну тарафдорони ҷасур ва шуҷоъ низ доштанд.

8.      Мӯъмин ошиқи ҳидояти мардум аст ва аз гумроҳии онҳо нороҳат аст.

9.      Шикастани сукут ва фарёд задан дар муҳитҳои носолим барои тарафдорӣ аз раҳбарии ҳақ мавриди қабул ва ситоиши Худованд аст.

10.  Тарафдорӣ аз ҳақ бояд ҳамроҳ бо шиддат, суръат, мантиқ ва отифа бошад.

11.  Ихлос дар таблиғ шарти ҷазби мардум аст, даъваткунандагони ба ҳақ набояд аз мардум музд бихоҳанд.

12.  Ҳидояткунанда бояд худ ҳидоятшуда бошад. (Зот ноёфта аз ҳастӣ бахш,

           Кай тавонад, ки шавад ҳастибахш.)

13.  Аз олими беҳавас бояд пайравӣ ва табаият кард.

 

">Симои амри маъруф

õ      Амри маъруф нишонаи ишқи инсон ба дин аст.

õ      Амри маъруф нишонаи ишқи инсон ба мардум аст.

õ      Амри маъруф нишонаи тааҳуд ва сӯзу алоқаи инсон ба саломтаии ҷомеа аст.

õ      Амри маъруф нишонаи тавалло ва табарро аст.

õ      Амри маъруф нишонаи озодӣ дар ҷомеа аст.

õ      Амри маъруф нишонаи робитаи яко - яки мардум аст.

õ      Амри маъруф нишонаи фитрати бедор аст.

õ      Амри маъруф ҳасту нести воҷибот аст; чаро нахондӣ? Чаро рӯза нагирифтӣ.

õ      Амри маъруф зомини иҷрои тамоми воҷибот аст ва наҳй аз мункар, зомини тарки ҳамаи муҳаррамот аст?...

õ      Амри маъруф ташвиқи некӯкорон дар ҷомеа аст.

õ      Амри ба маъруф огоҳ кардани инсонҳои ҷоҳил аст.

õ      Наҳй аз мункар талх кардани коми хилофкорон аст.

õ      Амри ба маъруф ва наҳй аз мункар газ ва тормозе аст, ки мошини ҷомеаро роҳнамоӣ мекунад.

õ      Амри ба маъруф ва наҳй аз мункар падару модар аст, ки асоси тарбияти кӯдакро ташкил медиҳад.

õ      Амри маъруф сабаби дилгармӣ ва тақвияти афроди камирода мебошад.

õ      Амри маъруф нишонаи дар саҳнаи зиндагӣ будан аст.

õ      Амри маъруф мақом ва ҳаққе аст, ки Худованд ба аҳли имон дадааст, то ба амалҳои якдигар назорат дошта бошанд.

õ      Амри маъруф ва наҳй аз мункар ҷубронкунандаи камбудии тақвои баъзе аз инсонҳои ҷомеа аст.

õ      Амри маъруф ҷомеаро шукуфо мекунад ва наҳй аз мункар ҷомеаро аз суқут наҷот медиҳад.

õ      Амри маъруф нигаҳдорандаи марзҳо ва ҳуқуқи афрод аст.

õ      Амри маъруф нишонаи пӯёӣ аст ва ҷомеаи бефарёд ҷомеаи мурда аст ва инсонҳои хомӯш ҷумодоти нафаскаше беш нестанд.

õ      Амри маъруф ва наҳй аз мункар нишонаи ғайрати динӣ, эҳсоси масъулият ва мушкилоти мардумро мушкилоти худ донистан аст.

õ      Амри ба маъуруф ва наҳй аз мункар як навъ зиндони рӯҳӣ ва  карантин дар баробари айбҳо ва гуноҳони сирояткунанда аст.

õ      Амри маъруф ва наҳй аз мункар як навъ тартиби ҷомеа аст, яъне маҳудуд кардани майлҳои шахсҳо дар баробари маслиҳати ҷомеа, дар ҳақиқат як тарзи назорати инсонҳои бебанду бор аст.

õ      Амри маъруф ва наҳй аз мункар нишонаи рушду пешрафт аст. Ҳазрати Лут(а) дар баробари гурӯҳи гунаҳгор пурсид: Оё дар миёни шумо як нафар рашид аст, то монеи ин кори зишти шумо шавад?[62]

õ      Бо амри маъруф ва наҳй аз мункар масъалҳои дохилии ҷомеъа ҳал мешавад ва метавон бо душманони дохилӣ мубориза кард.

 Дар аҳамияти амри ба маъруф ҳамин бас, ки уламо ба далели робитаи қалбии инсон бо он, (яъне нафрати қалбӣ аз мункар) онро дар усули дин ва ба далели бархурдҳои амалӣ ва ин ки яке аз воҷибот аст, онро дар гурӯҳи фурӯи дин матраҳ ва баён кардаанд.

Шаҳиди Сонӣ мефармояд: Оятҳо ва ҳадисҳои амри ба маъруф ва наҳй аз мункар он қадар зиёд аст, ки камарро мешиканад.[63]

Ҳамин имрӯз як абарқудрат ё ҳокими золим, ки минтақаеро бонбаборон мекунад ва бузургтарин гуноҳро анҷом медиҳад, агар худро дар баробари фарёди ҳамаи кишварҳо бинад, ҳаргиз даст ба ин ҷиноятҳо намезанад. Сукути ҷомеаҳои байналмилалӣ ва тарси раҳбарон ва бе тафовутии ва бехабарии тӯдаи мардум сабаб шудааст, ки мустакбирони ҷаҳонӣ дар баробари бузургтарин мункароту гуноҳон ҳеҷ эҳсоси хатаре накунанд.

Агар корхонае эҳтиёҷ ба бозрасӣ ва назорати муҳандисони мутахасис дорад, ҷомеаи башарӣ ҳам эҳтиёҷ ба назорат ва ва бозрасии донишмандони Исломшинос дорад.

Дар ҳадис мехонем: “Беҳтарин дӯст он аст, ки ҳангоми анҷоми кори бад монеъи ту шавад ва бадтраин дӯст он аст, ки ба ту тазккур надиҳад. Имом Содиқ(а) мефармояд: “Беҳтарин дӯсти ман касе аст, ки айбҳои маро ба ман бигӯяд”.[64]

Дар ҳадис мехонем: “Мӯъмин ҳамеша муро

back

index

next