back

index

next

Ақл мегӯяд бояд эҳтиёт кард ва чизҳои лозимро бо худ гирифт, ба тазаккуроти маъмурин ва пулис ва масъулини роҳ диққат кард.

Баъди ин мисол ба суроғи мавзӯи худ биравем: Инсон роҳеро тай мекунад ва Офаридгор аз тариқи анбиё(а) ба мусофирон ҳушдор медиҳад, ки баъд аз мурдан зинда шудан ва ҳисобу бозҷӯӣ ва кайфару подоше ҳам аст. Роҳ хатарнок аст, шумо бояд зоду тӯша бардоред, ҷинсҳои мамнӯъро бо худ нагиред, суръати худро муносиб намоед ва ба насиҳати уламои бо тақво гӯш диҳед.

Мардум бо шунидани ин паёмҳо ду даста мешаванд: Гурӯҳе аз роҳи намоз бо Худо иртибот доранд ва аз роҳи хумсу закоту нафақа ва садақа иртиботи худро бо фуқаро ҳифз мекунанд ва аз гуноҳон ва касбу кор ва луқмаи ҳаром парҳез карда ва бо тақвои худ зоду тӯша ва кӯмакҳои аввалияро бо худ мегиранд.

Гурӯҳе бо такаббур ва масхара, ғарқ дар ҳавасҳо зиндагӣ мекунанд ва аз имон ба Худо ва охират ва анҷоми вазифаҳо ва масъулиятҳо ва додани ҳуқуқи маҳрумон худдорӣ намуда ва дар баробари ҳилагарии душманон ғофилона зиндагӣ мекунанд.

Акнун бинем, ки дар поёни зиндагӣ чӣ рух медиҳад? Дар ин ҷо мо ба касони каҷрав ва лоуболӣ ва бепарво мегӯем: Ҳатто агар маод, қиёмат, ҳисобу китобе ҳам набошад, гурӯҳи ботақво чанд дақиқае намоз хонда ва кӯмаке ба фуқаро кардаанд ва дар сол чанд рӯзе бо рӯза гирифтан ғизои нисфирӯзиро бегоҳ хӯрдаанд ва агар тавоноӣ доштанд ба сафари ҳаҷ рафтаанд, чӣ зараре кардаанд? Мисоли ин гурӯҳ монанди ронандагоне аст, ки кӯмакҳои аввалияро бо худ гирифтанд, вале дар тӯли роҳ ба он эҳтиёҷ надошатанд.

Вале агар маод ва барпоии қиёмат ҳақиқӣ буд, (ки ба ҳазору як далел ҳам ҳақиқӣ ҳаст), каҷровоне, ки на имон оварданд ва на аҳли намозу закоту тақво ва аъмоли солеҳ буданд бо дасти холӣ дар баробари додгоҳи адли илоҳӣ дар он рӯз чӣ хоҳанд гуфт? Ва чӣ узре хоҳанд дошт?!

Бинобар ин ақл ва биниши дуруст чунин фармон медиҳад: Ҳамон гуна ки тамоми уқалои дунё барои муқобила бо душмани фарзӣ артиш ва қувваҳои мусаллаҳ ташкил дода ва ҳазинаҳое (пулҳое) дар назар мегиранд, ки агар ҷанге рӯй надод омодагии размӣ зараре ба ҷое намезанад, вале агар ба дифоъ эҳтиёҷ шуд ва ҳеҷ омодагие набуд, бо дасти холӣ ҷуз бадбахтӣ натиҷае нахоҳад дошт.

Ба ҳамин далел яке аз муҳимтарин вазифаи анбиё ҳушдор, ғафлатзудоӣ  ёдоварии масъулиятҳо, мавъиза ва роҳнамоӣ аст ва Худованд ҳеҷ қавмеро ҳаргиз бе ҳушдордиҳанда раҳо накардааст. Пас бояд дар баробари хатарҳо ва ҳушдорҳое, ки анбиё нисбат ба ояндаи наздик ва дур ба мо гӯшзад мекунанд, ҷиддӣ бошем.

Ояти7

Дар ҳақиқат фармон (азоб ба хотири корҳои бади онҳо) ба бештари онҳо сазовор гаштааст, пас эшон имон намеоваранд.

Ояти 8

Ба рости, ки мо дар гардани онҳо ғулҳо (занҷирҳое) қарор додем, ки то манаашонро мепӯшонад дар натиҷа сарҳои онҳо боло мондааст (ва наметавонанд атроф ва пеши пои худро бинанд).

Нуктаҳо:

¥     “Азқон” ҷамъи “ذقن” ба маънои манаҳ ва “مقمحون” аз “قمح البعير” сар боло кардани шутур аст. Яъне ҳамон гуна, ки ба шутур об дода мешавад, вале ӯ сари худро боло мебарад, ба ин мардуми ноаҳл дар дунё ҳақиқат пешкаш мешавад, аммо онҳо сари худро боло гирифта ва дар баробари он сари таъзим фуруд намеоваранд.

¥     Мурод аз задани ғулу занҷир бар гардани онҳо ҷазои охирати онҳост монанди ояти  ﴿اذ الاغلال فی اعناقهم﴾[33] ва шояд он ғулҳо таҷассуми ҳамон ақоиди хурофотӣ аст, ки ҳамчун занҷирҳои сангин дар дунё бар гарданашон аст.[34] Вазифаи паёмбарон аз байн бурдани хурофоте аст, ки ҳамчун ғулҳои сангин онҳоро ба банд кашидааст. Оре, Пайғамбарон мехоҳанд ғулҳоро бардоранд, вале баъзе мардум намехоҳанд.

¥     Мурод аз “القول” ба қаринаи ояти 13 сураи Саҷда ҳамон фармони Худованд дар мавриди азоби пайравони шайтон аст.

Паёмҳо:

1.      Аксари мардуми ғофил ба ҳақ майл надоранд ва дар муқобили паёмбарон мавзеи манфӣ мегиранд.﴾  ﴿فَهُمْ غَافِلُونَ لَقَدْ حَقَّ الْقَوْلُ عَلَى أَكْثَرِهِمْ

2.      Мухолифати аксарият набояд раҳбар ва мубаллиғро дилсард кунад.

 ﴿أَكْثَرِهِمْ ... لَا يُؤْمِنُونَ﴾ Ғафлат заминаи куфр аст.

3.      Ғафлат заминаи куфр аст. ﴿فهُمْ غاَفِلُونَ – فَهُمْ لاَيُؤْمِنُونَ﴾

4.      Гарчи Худованд бар гардани кофирон ғулҳо мениҳад, вале заминаи онро худашон фароҳам кардаанд. ﴿لا يؤمنون إنّا جعلنا فی أعناقهم أغلالاً﴾

5.      Касе, ки дар муқобили даъвати паёмбарон гаданкашӣ мекунад маҳкум ба зиллат ва бардагӣ аст. ﴿فی أعناقهم أغلالاً﴾

6.      Инсони бе Худо як тарафро нигоҳ мекунад, (аз ҷиҳатҳо ва тарафҳои зиндагӣ ғофил мемонад). ﴿فهی الی اذقان فهم مقمون﴾

Ояти9

Пеши рӯи онҳо садде ва пушти сарашон низ садде қарор додем ва ҳаматарафа онҳоро пӯшонидем пас ҳеҷ чизро намебинанд.

Нуктаҳо:

      Бо ин ки Қуръон устувор ва ҳикматомӯз аст ва рисолат ва вазифаи пайғамбар қатъӣ ва роҳи дин рост ва Худованд қавӣ ва меҳрубон аст, лекин чун аксари мардум ғофил, беимон ва гирифтори хурофотанд аз ҳар тараф бираванд ба бунбаст бархурд мекунанд.

      Симои афроди якрав дар ин оятҳо бисёр дақиқ ва ҷолиб тасвир шудааст: аввалан: ғофил ҳастанд ﴿فَهم غافلون﴾ ва дар натиҷа имон намеоваранд. ﴿فَهم لا يؤمنون﴾, дуввуман: хурофот онҳоро гирифтор кардааст ﴿فَی اعناقَهم اغلالاً﴾ ва ҳамчун шутури чамуш аз қабул кардани ҳақ саркашӣ мекунанд. ﴿فَهم مقمحون﴾, Аз пешу пас дар муҳосира ҳастанд ﴿سدّا﴾ ва бар чашмони онҳо парда овехта шуда ва намебинанд.

¥      Шояд мурод аз ﴾ ﴿مِن بَيْنِ أَيْدِيهِمْ سَدًّا орзуҳои дуру дарози инсон барои оянд ва мурод аз ﴾ ﴿وَمِنْ خَلْفِهِمْ سَدًّا ғафлат аз хилофкориҳои гузашта бошад, ки он орзуҳо ва ғафлатҳо ду монеи бузург барои дидани ҳақиқат аст.

¥      Дар ин оятҳо ду ҷазо дар баробари ду каҷравии бузург қарор гирифта аст:

فَهُمْ لَا يُؤْمِنُونَ﴾ - ﴿فَهُمْ غَافِلُونَ جَعَلْنَا مِن بَيْنِ أَيْدِيهِمْ سَدًّا﴾ - ﴿جَعَلْنَا فِي أَعْنَاقِهِمْ أَغْلاَلاً  (ғофил будан ва беиимонӣ = гирифтории ғулу занҷир шудану надидани ҳақиқат).

¥      Худованд барои ҳидояти инсон ба ӯ дастур додааст, ки дар бораи вуҷуди худ ва ҳастӣ тафаккур кунад, аммо инсони кофир бо рафтори худ ғулҳоеро эҷод мекунанд, ки монеи нигариш ба худ намуда ва пардаҳоеро эҷод кардааст, ки ӯро аз нигоҳ ба ҳастӣ маҳрум кардааст.

Паёмҳо:

1.      Ғофилони беимон на аз гузашта ибрат мегиранд, ﴿خَلْفِهِمْ﴾ ва на аз муъҷиза ва истидлоле, ки пеши руи онҳо аст. ﴾ ﴿مِن بَيْنِ أَيْدِيهِمْ  (Садҳо чароғ дорад ва бероҳа меравад бигузор, тобиафтад ва сазои хешро бинад).

2.      Кофир дар бунбаст аст. سَدًّا﴾... ﴿سَدًّا (Чун худо дар пешу паси ӯ сад гузоштааст).

3.      Инсони мункири Худо барои фаъолият майдони маҳдуд дорад.

﴾ ﴿بَيْنِ أَيْدِيهِمْ سَدًّا وَمِنْ خَلْفِهِمْ سَدًّا

4.      Дар таблиғ он чизҳоеро, ки ақлӣ ҳастанд бо он чизҳое, ки ҳиссӣ ҳастанд ташбеҳ кунем. ﴿ سَدًّا﴾

5.      Инсони кофир тангназар буда ва таҳлили сатҳӣ дорад. ﴿ فَهُمْ لاَ يُبْصِرُونَ﴾  

6.      Агар оинаи ақл ва фитратро ғубор бигирад, ё ҳақиқатро нишон намедиҳад ё бад нишон медиҳад. ﴿ فَهُمْ لاَ يُبْصِرُونَ﴾  

Ояти 10

Баррои онҳо фарқ намекунад, ки онҳоро (аз азоби илоҳӣ ) битарсонӣ ё натарсонӣ, имон намеоваранд.

Ояти11

Танҳо касеро (метавонӣ) ҳушдор диҳӣ, ки аз зикр (Қуъон) пайравӣ кунад ва дар дарун ва ниҳон аз Худои Раҳмон битарсад, пас ӯро ба омурзиш ва подоше пурарзиш башорат деҳ.

Нуктаҳо:

¥      Мурод аз “зикр” бо дар назар гирифтани оятҳои дигар, Қуръон аст. Чунонки дар ояти 9 сураи Ҳиҷр мехонем:﴿إِنّا نَحنُ نزّلناَ الذِّكر و إِنّاَ لَهُ لَحَافِظُنَ﴾ Мо Қуръонро нозил кардем ва мо худамон онро ҳифз мекунем.

¥      Гурӯҳе аз куффор ва мушрикон ҳаргиз қобили ҳидоят нестанд ва ҳуm 

back

index

next