Сураи Исро

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 111 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон

1     Поку муназзаҳ аст Худое, ки бандаашро дар як шаб, аз Масҷидул-ҳаром ба Масҷидул-ақсо – ки гирдогирдашро пурбаракат сохтаем – бурд, то баъзе аз оятҳои худро ба ў нишон диҳем, зеро Ў Шунаво ва Биност.

2     Мо ба Мўсо китоби осмонӣ додем ва онро василаи ҳидояти Банӣ Исроил сохтем (ва гуфтем:) ғайри моро такягоҳи худ қарор надиҳед:

3     Эй фарзандони касоне, ки бо Нўҳ (бар киштӣ) савор кардем! Ў бандаи шукргузоре буд. (Шумо ҳам монанди ў бошед, то наҷот ёбед).

4     Мо ба Банӣ Исроил дар китоб (-и Таврот) эълом кардем, ки ду бор дар замин фасод хоҳед кард ва бартариҷўии бузурге хоҳед намуд.

5     Ҳангоме, ки нахустин ваъда фаро расад, гурўҳе аз бандагони пайкорҷўи худро бар зидди шумо меангезем, (то шуморо сахт дар ҳам кўбанд, ҳатто барои ба даст овардани муҷримон), хонаҳоро ҷустуҷў мекунанд ва ин ваъдае аст ҳатмӣ.

6     Сипас шуморо бар онҳо ғолиб мекунем ва шуморо ба василаи дороиҳо ва фарзандоне ёрӣ хоҳем кард. Ва нафароти шуморо бештар (аз душман) қарор медиҳем.

7     Агар некӣ кунед, ба худатон некӣ мекунед ва агар бадӣ кунед, боз ҳам ба худ мекунед. Ва ҳангоме, ки ваъдаи дуввум фаро расад, (он чунон душман бар шумо сахт хоҳад гирифт, ки) осори ғаму андўҳ дар чеҳраҳоятон зоҳир мешавад. Ва дохили Масҷид (-ул-ақсо) мешаванд, ҳамон гуна, ки бори аввал дохил шуданд ва он чиро зери султаи худ мегиранд, дарҳам мекўбанд.

8     Умед аст Парвардигоратон ба шумо раҳм кунад. Ҳар гоҳ баргардед, мо ҳам бозмегардем. Ва ҷаҳаннамро барои кофирон, зиндони сахте қарор додем.

9     Ин Қуръон, ба роҳе, ки устувортарини роҳҳост, ҳидоят мекунад ва ба мўъминоне, ки аъмоли солеҳ анҷом медиҳанд, башорат медиҳад, ки барои онҳо подоши бузурге аст.

10 Ва ин ки онҳо, ки ба қиёмат имон намеоваранд, озоби дардноке барои онон омода сохтаем.

11 Инсон (бар асари шитобзадагӣ), бадиҳоро талаб мекунад, он гуна, ки некиҳоро металабад. Ва инсон, ҳамеша шитобзада будааст.

12 Мо шабу рўзро ду нишона (-и тавҳид ва азамати худ) қарор додем, сипас нишонаи шабро маҳв карда ва нишонаи рўзро равшанибахш сохтем, то (дар партави он), фазли Парвардигоратонро биталабед (ва ба талоши зиндагӣ бархезед) ва адади солҳо ва ҳисобро бидонед. Ва ҳар чизеро ба таври мушаххас (ва ошкор) баён кардем.

13 Ва ҳар инсоне, аъмолашро бар гарданаш овехтаем. Ва рўзи қиёмат, китобе барои ў берун меоварем, ки онро дар баробари худ, кушода мебинад. (Ин ҳамон намаи аъмоли ўст).

14 (Ва ба ў мегўем:) Китобатро бихон, кифоят мекунад, ки имрўз худ ҳисобгари худ бошӣ!

15 Ҳар кас ҳидоят шавад, барои худ ҳидоят ёфтааст ва он кас, ки гумроҳ гардад, ба зиёни худ гумроҳ шудааст. Ва ҳеҷ кас бори гуноҳи дигариро ба дўш намекашад. Ва мо ҳаргиз (қавмеро) муҷозот нахоҳем кард, магар он ки пайғамбаре барангехта бошем, (то вазоифашонро баён кунад).

16 Ва ҳангоме, ки бихоҳем шаҳру диёреро ҳалок кунем, нахуст авомири худро барои «мутрифини» (ва сарватмандони масти шаҳвати) он ҷо, баён медорем, сипас ҳангоме, ки ба мухолифат бархостанд ва истеҳқоқи муҷозот ёфтанд, онҳоро ба шиддат дарҳам мекўбем.

17 Чӣ бисёр мардуме, ки дар қарнҳои баъд аз Нўҳ, зиндагӣ мекарданд (ва тибқи ҳамин суннат), онҳоро ҳалок кардем. Ва кифоят мекунад, ки Парвардигорат аз гуноҳони бандагонаш огоҳ ва нисбат ба он биност.

18 Он кас, ки (танҳо) зиндагии зудгузар (-и дунё)-ро металабад, он миқдор аз онро, ки бихоҳем – ва ба ҳар кас ирода кунем – медиҳем. Сипас дўзахро барои ў қарор хоҳем дод, ки дар оташи сўзонаш месўзад, дар ҳоле, ки накўҳида ва ронда (-и даргоҳи Худо) аст.

19 Ва он кас, ки сарои охиратро биталабад ва барои он саъю кўшиш кунад – дар ҳоле, ки имон дошта бошад – саъю талоши ў (аз сўи Худо) подош дода хоҳад шуд.

20 Ҳар як аз ин ду гурўҳро аз атои Парвардигорат баҳраву кўмак медиҳем ва атои Парвардигорат ҳаргиз (аз касе) манъ нашудааст.

21 Бубин чӣ гуна баъзеро (дар дунё ба хотири талошашон) бар баъзеи дигар бартарӣ бахшидаем. Дараҷоти охират ва бартариҳояш, аз ин ҳам бештар аст.

22 Ҳаргиз маъбуди дигареро бо Худо қарор мадеҳ, ки накўҳида ва бе ёру ёвар хоҳӣ нишаст.

23 Ва Парвардигорат фармон дода: ҷуз Ўро напарастед ва ба падару модар некӣ кунед. Ҳар гоҳ яке аз он ду, ё ҳар дуи онҳо, назди ту ба синни пирӣ расанд, камтарин бе ҳурматӣ ба онҳо раво мадор ва бар онҳо фарёд мазан ва гуфтори латифу санҷида ва бузургворона ба онҳо бигў.

24 Ва болҳои тавозўи худро аз муҳаббату лутф, дар баробари онон фуруд ор. Ва бигў: «Парвардигоро! Ҳамон гуна, ки онҳо маро дар хурдӣ тарбият карданд, машмули раҳматашон қарор деҳ».

25 Парвардигори шумо аз даруни дилҳятон огоҳтар аст, (агар лағзише дар ин замина доштед), ҳар гоҳ солеҳ бошед (ва ҷуброн кунед), Ў бозгашткунандагонро мебахшад.

26 Ва ҳаққи наздиконро бипардоз ва (ҳамчунин ҳаққи) мустамандон ва дармондагони дар роҳро. Ва ҳаргиз исрофу табзир макун,

27 Чаро, ки табзиркунандагон, бародарони шайтонанд ва шайтон дар баробари Парвардигораш, бисёр носипос буд.

28 Ва ҳар гоҳ аз онон (мустамандон) рўй бартобӣ ва интизори раҳмати Парвардигоратро дошта бошӣ, (то кушоише дар корат падид ояд ва ба онҳо кўмак кунӣ), бо гуфтори нарму омехта бо лутф, бо онҳо сухан бигў.

29 Ҳаргиз дастатро бар гарданат занҷир макун (ва тарки инфоқу бахшиш манамо) ва беш аз ҳад (низ) дасти худро макушо, ки мавриди сарзаниш қарор гирӣ ва аз кор фурў монӣ.

30 Ба яқин, Парвардигорат рўзиро барои ҳар кас бихоҳад, кушода ё танг медорад, Ў нисбат ба бандагонаш огоҳ ва биност.

31 Ва фарзандонатонро аз тарси фақр накушед. Мо онҳо ва шуморо рўзӣ медиҳем, ҳатман куштани онҳо гуноҳи бузурге аст!

32 Ва наздики зино нашавед, ки кори бисёр зишт ва роҳи баде аст!

33 Ва касеро, ки Худованд хунашро ҳаром шумурдааст, накушед, ҷуз ба ҳақ. Ва он кас, ки мазлум кушта шудааст, барои сарпарасташ султа (ва ҳаққи қисос) қарор додем, аммо дар қатл исроф накунед, зеро ў мавриди ҳимоят аст.

34 Ва ба моли ятим, ҷуз ба беҳтарин роҳ наздик нашавед, то ба сарҳадди булуғ расад. Ва ба аҳд (-и худ) вафо кунед, ки аз аҳд савол мешавад.

35 Ва ҳангоме, ки паймона мекунед, ҳаққи паймонаро адо намоед ва бо тарозуи дуруст вазн кунед. Ин барои шумо беҳтар ва оқибаташ некўтар аст.

36 Аз он чӣ ба он огоҳӣ надорӣ, пайравӣ макун, зеро гўшу чашму дил, ҳама масъуланд.

37 Ва рўи замин, бо такаббур роҳ марав. Ту наметавонӣ заминро бишикофӣ ва дарозии қоматат ҳаргиз ба кўҳҳо намерасад.

38 Ҳамаи инҳо гуноҳаш назди Парвардигори ту нописанд аст.

39 Ин (аҳком) аз ҳикматҳое аст, ки Парвардигорат ба ту ваҳй фиристодааст. Ва ҳаргиз маъбуде бо Худо қарор мадеҳ, ки дар ҷаҳаннам афканда мешавӣ, дар ҳоле, ки сарзаниш шуда ва ронда (-и даргоҳи Худо) хоҳӣ буд.

40 Оё Парвардигоратон фарзандони писарро махсуси шумо карда ва худаш духтароне аз фариштагон баргузидааст?! Шумо сухани бузург (ва бисёр зиште) мегўед!

41 Мо дар ин Қуръон, анвои баёнҳои муассирро овардем, то мутазаккир шаванд, вале (гурўҳе аз кўрдилон), ҷуз бар нафраташон намеафзояд.

42 Бигў: «Агар он чунон, ки онҳо мегўянд бо Ў худоёне буд, дар ин сурат (худоён) саъй мекарданд роҳе ба сўи (Худованди) соҳиби арш пайдо кунанд».

43 Ў поку бартар аст аз он чӣ онҳо мегўянд, бисёр бартар ва муназзаҳтар!

44 Осмонҳои ҳафтгона ва замин ва касоне, ки дар онҳо ҳастанд, ҳама тасбеҳи Ў мегўянд ва ҳар мавҷуде, тасбеҳ ва ҳамди Ў мегўяд, вале шумо тасбеҳи онҳоро намефаҳмед, Ў Бурдбор ва Омурзанда аст.

45 Ва ҳангоме, ки Қуръон мехонӣ, миёни ту ва онҳо, ки ба охират имон намеоваранд, ҳиҷоби нопайдое қарор медиҳем.

46 Ва бар дилҳояшон пўшишҳое (қарор медиҳем), то онро нафаҳманд. Ва дар гўшҳояшон сангинӣ. Ва ҳангоме, ки Парвардигораторо дар Қуръон ба ягонагӣ ёд мекунӣ, онҳо пушт мекунанд ва аз ту рўй бармегардонанд.

47 Ҳангоме, ки ба суханони ту гўш фаро медиҳанд, мо беҳтар медонем барои чӣ гўш фаро медиҳанд. (Ва ҳамчунин) дар он ҳангом, ки бо ҳам наҷво мекунанд, он гоҳ, ки ситамгарон мегўянд: «Шумо ҷуз аз инсоне, ки афсун шудааст, пайравӣ намекунед».

48 Бубин чӣ гуна барои ту масалҳо заданд, дар натиҷа гумроҳ шуданд ва наметавонанд роҳи ҳақро пайдо кунанд.

49 Ва гуфтанд: «Оё ҳангоме, ки мо, устухонҳои пўсида ва парокандае шудем, бори дигар офариниши наве хоҳем ёфт?!».

50 Бигў: «Шумо санг бошед ё оҳан,

51 Ё ҳар махлуқе, ки дар назари шумо, аз он ҳам сахттар аст (ва аз ҳаёту зиндагӣ дуртар мебошад, боз Худо қодир аст шуморо ба зиндагии нав баргардонад). Онҳо ба зудӣ мегўянд: «Чӣ касе моро бозмегардонад?!». Бигў: «Ҳамон касе, ки нахустин бор шуморо офарид». Онон сари худро (аз рўи ҳайрату инкор) ба сўи ту хам мекунанд ва мегўянд: «Дар чӣ замон хоҳад буд?!». Бигў: «Шояд наздик бошад!

52 Ҳамон рўз, ки шуморо (аз қабрҳоятон) фаро мехонад, шумо ҳам иҷобат мекунед, дар ҳоле, ки ҳамди Ўро мегўед, хиёл мекунед танҳо муддати кўтоҳе (дар ҷаҳони барзах) даранг кардаед».

53 Ба бандагонам бигў: «Сухане бигўянд, ки беҳтарин бошад». Зеро шайтон (ба василаи суханони номавзун), миёни онҳо фитнаву фасод мекунад. Ҳамеша шайтон душмани ошкоре барои инсон будааст.

54 Парвардигори шумо, аз (ниятҳо ва аъмоли) шумо огоҳтар аст, агар бихоҳад (ва шоиста бидонад), шуморо машмули раҳмати худ месозад ва агар бихоҳад, муҷозот мекунад. Ва мо туро ба унвони маъмур бар онон нафиристодаем, (ки ононро маҷбур ба имон кунӣ)».

55 Парвардигори ту, аз ҳоли ҳамаи касоне, ки дар осмонҳо ва замин ҳастанд, огоҳтар аст. Ва (агар туро бар дигарон бартарӣ додем, ба хотири шоистагии туст). Мо баъзе аз пайғамбаронро бар баъзеи дигар бартарӣ додем. Ва ба Довуд Забур бахшидем.

56 Бигў: «Касонеро, ки ғайр аз Худо (маъбуди худ) мепиндоред, бихонед! Онҳо на метавонанд мушкилеро аз шумо бартараф созанд ва на тағйире дар он эҷод кунанд».

57 Касонеро, ки онон мехонанд, худашон василае (барои тақарруб) ба Парвардигорашон меҷўянд, василае ҳар чӣ наздиктар ва ба раҳмати Ў умедворанд ва аз азоби Ў метарсанд, зеро азоби Парвардигорат, ҳамвора дар хўри парҳезу ваҳшат аст!

58 Ҳеҷ шаҳру ободие нест, магар ин ки онро пеш аз рўзи қиёмат ҳалок мекунем ё (агар гунаҳкоранд), ба азоби шадиде гирифторашон хоҳем сохт. Ин, дар китоби илоҳӣ (лавҳи маҳфуз) сабт аст.

59 Ҳеҷ чизе монеи мо набуд, ки ин мўъҷизот (дархостии баҳонаҷўён)-ро бифристем, ҷуз ин ки пешиниён, (ки ҳамин дархостҳоро доштанд ва бо онҳо ҳамоҳанг буданд), онро инкор карданд. (Аз ҷумла), мо ба (қавми) Самуд ноқа додем (мўъҷизае), ки равшангар буд, аммо бар он ситам карданд (ва ноқаро куштанд). Мо мўъҷизаҳоро фақат барои хавф додан (ва итмоми ҳуҷҷат) мефиристем.

60 (Ба ёд овар) замонеро, ки ба ту гуфтем: «Парвардигорат иҳотаи комил ба мардум дорад (ва аз вазъияташон комилан огоҳ аст). Ва мо он рўъёеро, ки ба ту нишон додем, фақат барои имтиҳни мардум буд, ҳамчунин шаҷараи малъуна (дарахти нафриншуда)-ро, ки дар Қуръон зикр кардаем. Мо онҳоро ховф дода (ва инзор) мекунем, аммо ҷуз туғёни бузург, чизе бар онҳо намеафзояд».

61 (Ба ёд оваред) замонеро, ки ба фариштагон гуфтем: «Барои Одам саҷда кунед». Онҳо ҳамагӣ саҷда карданд, ҷуз Иблис, ки гуфт: «Оё барои касе саҷда кунам, ки ўро аз хок офаридаӣ?!».

62 (Сипас) гуфт: «Ба ман бигў, ин касеро, ки бар ман бартарӣ додаӣ, (ба чӣ далел будааст?). Агар маро то рўзи қиёмат зинда бугузорӣ, ҳамаи фарзандонашро, ҷуз шумори каме, гумроҳу решакан хоҳам кард».

63 Фармуд: «Бирав! Ҳар кас аз онон аз ту пайравӣ кунад, ҷаҳаннам кайфари шумост, кайфаре аст фаровон!

64 Ҳар кадом аз онҳоро метавонӣ бо садоят таҳрик кун ва лашкари савора ва пиёдаатро бар онҳо гусел дор ва дар сарвату фарзандонашон ширкат ҷўй ва ононро бо ваъдаҳо саргарм кун! – Вале шайтон, ҷуз фиребу дурўғ, ваъдае ба онҳо намедиҳад –

65 (Аммо бидон), ту ҳаргиз султае бар бандагони ман нахоҳӣ ёфт (ва онҳо ҳеҷ гоҳ ба доми ту гирифтор намешаванд). Ҳамин қадар кифоят мекунад, ки Парвардигорат ҳофизи онҳо бошад».

66 Парвардигоратон касе аст, ки киштиро дар дарё барои шумо ба ҳаракат дармеоварад, то аз неъмати Ў баҳраманд шавед, Ў нисбат ба шумо меҳрубон аст.

67 Ва ҳангоме, ки дар дарё нороҳатӣ ба шумо бирасад, ҷуз Ў, тамоми касонеро, ки (барои ҳалли мушкилоти худ) мехонед, фаромўш мекунед, аммо ҳангоме, ки шуморо ба хушкӣ наҷот диҳад, рўй мегардонед. Ва инсон бисёр носипос аст.

68 Оё аз ин эмин ҳастед, ки дар хушкӣ (бо як зилзилаи шадид), шуморо дар замин фурў барад ё тўфоне аз сагнреза бар шумо бифиристад (ва дар он мадфунатон кунад), сипас ҳофиз (ва ёваре) барои худ наёбед?!

69 Ё ин ки эмин ҳастед, ки бори дигар шуморо ба дарё бозгардонад ва боди тунду кўбандае бар шумо бифиристад ва шуморо ба хотири куфратон ғарқ кунад, сипас додхоҳу хунхоҳе дар баробари мо пайдо накунед?!

70 Мо одамизодагонро гиромӣ доштем ва онҳоро дар хушкӣ ва дарё, (бар маркабҳои роҳвор) ҳамл кардем ва аз анвои рўзиҳои покиза ба онон рўзӣ додем ва онҳоро бар бисёре аз мавҷудоте, ки халқ кардаем, бартарӣ бахшидем.

71 (Ба ёд оваред) рўзеро, ки ҳар гурўҳеро бо пешвоёнашон мехонем. Касоне, ки номаи амалашон ба дасти росташон дода шавад, онро (бо шодиву сурур) мехонанд ва ба қадри риштаи шикофи донаи хурмо ба онон ситам намешавад.

72 Аммо касе, ки дар ин ҷаҳон, (аз дидани чеҳраи ҳақ) нобино будааст, дар охират низ нобино ва гумроҳтар аст.

73 Наздик буд онҳо туро (бо васвасаҳои худ), аз он чӣ бар ту ваҳй кардаем фиреб диҳанд, то ғайри онро ба мо нисбат диҳӣ ва дар он сурат, туро ба дўстии худ бармегузинанд.

74 Ва агар мо туро собитқадам намесохтем (ва дар партави мақоми исмат, аз инҳироф маҳфуз набудӣ), наздик буд андаке ба онон тамоюл кунӣ.

75 Агар чунин мекардӣ, мо ду баробари муҷозоти (мушрикон), дар зиндагии дунё ва ду баробари (муҷозоти) онҳоро баъд аз марг, ба ту мечашонидем, сипас дар баробари мо ёваре барои худ намеёфтӣ.

76 Ва наздик буд (бо найрангу тавтиа) туро аз ин сарзамин билағзонанд, то аз он берунат кунанд. Ва ҳар гоҳ чунин мекарданд, (гирифтори муҷозоти сахти илоҳӣ шуда) ва пас аз ту, ҷуз муддати каме боқӣ намемонданд.

77 Ин суннати (мо дар мавриди) пайғамбароне аст, ки пеш аз ту фиристодем. Ва ҳаргиз барои суннати мо тағйир ва дигаргуние нахоҳӣ ёфт.

78 Намозро аз заволи хуршед (ҳангоми зуҳр), то ниҳояти торикии шаб (нимаи шаб) барпо дор ва ҳамчунин қуръони фаҷр (намози субҳ)-ро, зеро қуръони фаҷр машҳуд (-и фариштагони шабу рўз) аст.

79 Ва қисмате аз шабро (аз хоб бархез ва) Қуръон (ва намоз) бихон. Ин як вазифаи изофӣ барои туст, умед аст Парвардигорат туро ба мақоми муносиби ситоише барангезад.

80 Ва бигў: «Парвардигоро! Маро (дар ҳар кор) бо садоқат дохил кун ва бо садоқат берун намо ва аз сўи худ ҳуҷҷати ёрикунандае барям қарор деҳ».

81 Ва бигў: «Ҳақ омад ва ботил нобуд шуд, яқинан ботил нобудшуданӣ аст».

82 Ва аз Қуръон, он чӣ шифо ва раҳмат аст барои мўъминон, нозил мекунем. Ва ситамгаронро ҷуз хусрон (ва зиён) намеафзояд.

83 Ҳангоме, ки ба инсон неъмат мебахшем, (аз ҳақ) рўй мегардонад ва мутакаббирона дур мешавад. Ва ҳангоме, ки (камтарин) бадӣ ба ў мерасад, (аз ҳама чиз) маъюс мегардад.

84 Бигў: «Ҳар кас тибқи равиш (ва хулқу хўи) худ амал мекунад. Ва Парвардигоратон касонеро, ки роҳашон некўтар аст, беҳтар мешиносад».

85 Ва аз ту дар бораи «рўҳ» савол мекунанд, бигў: «Рўҳ аз фармони Парвардигори ман аст ва ҷуз андаке аз дониш, ба шумо дода нашудааст».

86 Ва агар бихоҳем, он чиро бар ту ваҳй фиристодаем, аз ту мегирем, сипас касеро намеёбӣ, ки дар баробари мо аз ту дифоъ кунад.

87 Магар раҳмати Парвардигорат (шомили ҳолат гардад), ки фазли Парвардигорат бар ту бузург будааст.

88 Бигў: «Агар инсонҳо ва париён (ҷинну инс), иттифоқ кунанд, ки монанди ин Қуръонро биёваранд, монанди онро нахоҳанд овард, ҳар чанд якдигарро (дар ин кор) ёрӣ кунанд.

89 Мо дар ин Қуръон, барои мардум аз ҳар чиз намунае овардем (ва ҳамаи маориф дар он ҷамъ аст), аммо бештари мардум (дар баробари он, аз ҳар коре) ҷуз инкор ибо доштанд.

90 Ва гуфтанд: «Мо ҳаргиз ба ту имон намеоварем, то ин ки чашмаи ҷўшоне аз ин сарзамин (-и хушку сўзон) барои мо хориҷ созӣ,

91 Ё боғе аз нахлу ангур аз они ту бошад ва наҳрҳо дар хилоли он ҷорӣ кунӣ,

92 Ё қитъаҳои (сангҳои) осмонро – он чунон, ки мепиндорӣ - бар сари мо фуруд оварӣ ё Худованд ва фариштагонро дар баробари мо оварӣ,

93 Ё барои ту хонаи пурнақшу нигоре аз тилло бошад ё ба осмон боло равӣ, ҳатто агар ба осмон равӣ, имон намеоварем, магар он ки номае бар мо фурур оварӣ, ки онро бихонем». Бигў: «Муназзаҳ аст Парвардигорам (аз ин суханони бе маъно!). Магар ман ҷуз инсоне фиристодаи Худо ҳастам?!».

94 Танҳо чизе, ки баъд аз омадани ҳидоят монеъ шуд мардум имон оваранд, ин буд, (ки аз рўи нодонӣ ва бехабарӣ) гуфтанд: «Оё Худованд башареро ба унвони расул фиристодааст?!».

95 Бигў: «(Ҳатто) агар дар рўи замин фариштагоне (зиндагӣ мекарданд ва) бо оромиш гом бармедоштанд, мо фариштаеро ба унвони расул, бар онҳо мефиристодем». (Зеро роҳнамои ҳар гурўҳе бояд аз ҷинси худашон бошад).

96 Бигў: «Ҳамин кифоят мекунад, ки Худованд миёни ман ва шумо гувоҳ бошад, зеро Ў нисбат ба бандагонаш огоҳ ва биност.

97 Ҳар касро Худо ҳидоят кунад, ҳидоят ёфтаи ҳақиқӣ ўст ва ҳар касро (ба хотири аъмолаш) гумроҳ созад, ҳидояткунандагон ва сарпарастоне ғайри Худо барои ў нахоҳӣ ёфт. Ва рўзи қиёмат, онҳоро бар чеҳраҳояшон маҳшур мекунем, дар ҳоле, ки нобино ва гунгу каранд, ҷойгоҳашон дўзах аст, ҳар замон оташи он фурў нишинад, шўълаи наве бар он меафзоем!

98 Ин кайфари онҳост, ба хотири ин ки нисбат ба оятҳои мо кофир шудан ва гуфтанд: «Оё ҳангоме, ки мо устухонҳои пўсида ва хокҳои парокандае шудем, бори дигар офариниши наве хоҳем ёфт?!».

99 Оё намедонанд, Худое, ки осмонҳо ва заминро офаридааст, қодир аст мисли ононро биёфаринад (ва ба зиндагии наве бозгардонад?!). Ва барои онон саромади ҳатмие - ки шакке дар он нест – қарор дода, аммо золимон, ҷуз куфру инкорро пазиро нестанд.

100       Бигў: «Агар шумо молики хазинаҳои раҳмати Парвардигори ман будед, дар сурат (ба хотири тангназарӣ) худдорӣ мекардед, мабодо бахшиш сабаби тангдастии шумо шавад». Ва инсон тангназар аст.

101       Мо ба Мўсо нўҳ мўъҷизари равшан додем, пас аз Банӣ Исроил савол кун, он замон, ки (Мўсо) ба суроғи онҳо омад, (чӣ гуна буданд?). Фиръавн ба ў гуфт: «Эй Мўсо! Гумон мекунам ту девона (ё сеҳргар ҳастӣ)».

102       (Мўсо) гуфт: «Ту медонӣ ин оятҳоро ҷуз Парвардигори осмонҳ ва замин – барои равшании дилҳо – нафиристодааст. Ва ман гумон мекунам, эй Фиръавн, ту (ба зудӣ) ҳалок хоҳӣ шуд».

103       Пас (Фиръавн) қасд кард, ононро аз он сарзамин решакан созад, вале мо, ў ва тамоми касонеро, ки бо ў буданд, ғарқ кардем.

104       Ва баъд аз он ба Банӣ Исроил гуфтем: «Дар ин сарзамин (Миср ва Шом) сокин шавед, аммо ҳаногоме, ки ваъдаи охират фаро расад, ҳамаи шуморо дастаҷамъӣ (ба он додгоҳи адл) меоварем».

105       Ва мо Қуръонро ба ҳақ нозил кардем ва ба ҳақ нозил шуд. Ва туро, ҷуз ба унвони башоратдиҳанда ва хавфдиҳанда нафиристодем.

106       Ва Қуръоне, ки оятҳояшро аз ҳам ҷудо кардем, то онро бо даранг бар мардум бихонӣ ва онро ба тадриҷ нозил кардем.

107       Бигў: «Хоҳ ба он имон оваред ва хоҳ имон наоваред, касоне, ки пеш аз он ба онҳо дониш дода шудааст, ҳангоме, ки (ин оятҳо) бар онон хонда мешавад, саҷдакунон ба хок меафтанд.

108       Ва мегўянд: «Муназзаҳ аст Парвардигори мо, ки ваъдаҳояш ба яқин анҷумшуданӣ аст».

109       Онҳо (бе ихтиёр) ба замин меафтанд ва гиря мекунанд. Ва (тиловати ин оятҳо, ҳамвора) ба хушўашон меафзояд.

110       Бигў : «Аллоҳ»-ро бихонед ё «Раҳмон»-ро. Ҳар кадомро бихонед, (зоти покаш яке аст ва) барои Ў беҳтарин номҳост». Ва намозатро бисёр баланд ё хеле оҳиста нахон ва дар миёни он ду, роҳи (мўътадиле) интихоб кун.

111       Ва бигў: «Ситоиш барои Худованде аст, ки на фарзанде барои худ интихоб карда ва на шарике дар ҳукмат дорад ва на ба хотири заъфу зиллат, (ҳимояткунанд ва) сарпарасте барои Ўст». Ва Ўро бисёр бузург бишумор.

Сураи Каҳф

Ин сура 110 оят дорад ва тамоми он ба ҷуз ояти 28 дар Макка нозил шудааст.

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон

1     Ҳамд махсуси Худое аст, ки ин китоб (-и осмонӣ)-ро бар банда (-и баргузида)-аш нозил кард ва ҳеҷ гуна каҷӣ дар он қарор надорад,

2     Дар ҳоле, ки собит ва мустақим ва нигаҳбони китобҳои (осмонии) дигар аст, то (бадкоронро) аз азоби шадиди Ў битарсонад ва мўъминонеро, ки корҳои шоиста анҷом медиҳанд, башорат диҳад, ки подоши некў барои онҳост:

3     (Ҳамон Биҳишти Барин), ки ҷовидона дар он хоҳанд монд.

4     Ва (низ) онҳоро, ки гуфтанд: «Худованд фарзанде (барои худ) интихоб кардааст», инзор кунад.

5     На онҳо (ҳаргиз) ба ин сухан яқин доранд ва на падаронашон. Сухани бузурге аз даҳонашон хориҷ мешавад! Онҳо фақат дурўғ мегўянд.

6     Гўё мехоҳӣ ба хотири аъмоли онон, худро аз ғаму андўҳ ҳалок кунӣ, агар ба ин гуфтор имон наёваранд!

7     Мо он чиро рўи замин аст, зинати он қарор додем, то онҳоро имтиҳон кунем, ки кадомашон беҳтар амал мекунанд.

8     (Вале ин зарқу барқҳо пойдор нест) ва мо (саранҷом) қишри рўи заминро хоки бе гиёҳ қарор медиҳем.

9     Оё гумон кардӣ Асҳоби Каҳф ва Рақим аз оятҳои ҳайратовари мо буданд?!

10 «Замонеро (ба хотир овар), ки он ҷавонон ба ғор паноҳ бурданд ва гуфтанд: «Парвардигоро! Моро аз сўи худат раҳмате ато кун ва роҳи наҷоте барои мо фароҳам соз».

11 Мо (пардаи хобро) дар ғор бар гўшашон задем ва солҳо дар хоб фурў рафтанд.

12 Сипас ононро барангехтем, то бидонем (ва ин амр ошкор гардад, ки) кадом як аз он ду гурўҳ муддати хоби худро беҳтар ҳисоб кардаанд.

13 Мо достони ононро ба ҳақ барои ту бозгў мекунем, онҳо ҷавононе буданд, ки ба Парвардигорашон имон оварданд ва мо бар ҳидояташон афзудем.

14 Ва дилҳояшонро маҳкам сохтем, дар он ҳангом, ки қиём карданд ва гуфтанд: «Парвардигори мо Парвардигори осмонҳо ва замин аст, ҳаргиз ғайри Ў маъбудеро намехонем, ки агар чунин кунем, сухани беҳуда гуфтаем.

15 Ин қавми мо ҳастанд, ки маъбудҳое ғайр аз Худо интихоб кардаанд, чаро далели ошкор (бар ин кор) намеоваранд?! Ва чӣ касе золимтар аст, аз он кас, ки бар Худо дурўғ бибандад?!».

16 Ва (ба онҳо гуфтем:) Ҳангоме, ки аз онон ва он чӣ ҷуз Худо мепарастанд, канорагирӣ кардед, ба ғор паноҳ баред, ки Парвардигоратон (сояи) раҳматашро бар шумо мегустаронад ва дар ин кор оромише ба шумо фароҳам месозад.

17 Ва (агар дар он ҷо будӣ), хуршедро медидӣ, ки дар ҳангоми тулўъ ба тарафи рости ғорашон мутамоил мегардад ва дар ҳангоми ғуруб ба тарафи чап. Ва онҳо дар маҳалли васеи аз он (ғор) қарор доштанд, ин аз оятҳои Худост. Ҳар касро Худо ҳидоят кунад, ҳидоят ёфтаи ҳақиқӣ ўст ва ҳар касро гумроҳ намояд, ҳаргиз валӣ ва роҳнамое барои ў нахоҳӣ ёфт.

18 Ва (агар ба онҳо нигоҳ мекардӣ), хиёл мекардӣ онҳо бедоранд, дар ҳоле, ки дар хоб фурў рафта буданд. Ва мо онҳоро ба тарафи рост ва чап мегардондем, (то баданашон солим бимонад). Ва саги онҳо дастҳои худро бар даҳонаи ғор кушода буд (ва нигаҳбонӣ мекард). Агар нигоҳашон мекардӣ, аз онон мегурехтӣ ва сар то пои ту аз тарсу ваҳшат пур мешуд!

19 Ин гуна онҳоро (аз хоб) барангехтем, то аз якдигар савол кунанд, яке аз онҳо гуфт: «Чӣ муддат хобидед?». Гуфтанд: «Як рўз ё бахше аз як рўз». (Ва чун натавонистанд муддати хобашонро дақиқан бидонанд), гуфтанд: «Парвардигоратон аз муддати хобатон огоҳтар аст. Акнун як нафар аз худатонро бо ин тангае, ки доред ба шаҳр фиристед, то бингарад кадом як аз онҳо хўроки покизатаре доранд ва миқдоре аз он барои рўзии шумо оварад. Аммо бояд диққат кунад ва ҳеҷ касро аз вазъияти шумо огоҳ насозад,

20 Зеро агар онон аз вазъияти шумо огоҳ шаванд, сангсоратон мекунанд ё шуморо ба оини худ боз мегардонанд. Ва дар он сурат ҳаргиз рўи растагориро нахоҳед дид».

21 Ва ин чунин мардумро мутаваҷҷеҳи ҳоли онҳо кардем, то бидонанд, ки ваъдаи Худованд (дар мавриди растохез), ҳақ аст ва дар поёни ҷаҳон ва қиёми қиёмат шакке нест, дар он ҳангом, ки миёни худ дар бораи кори худ низоъ доштанд, гурўҳе мегуфтанд: «Биное бар онон бисозед, (то барои ҳамеша аз назар пинҳон шаванд ва аз онҳо сухан нагўед, ки) Парвардигорашон аз вазъияти онҳо огоҳтар аст». Вале онҳо, ки аз розашон огоҳӣ ёфтанд (ва онро далел бар растохез диданд), гуфтанд: «Мо масҷиде дар канори (мадфани) онҳо месозем, (то хотираи онон фаромўш нашавад)».

22 Гурўҳе хоҳанд гуфт: «Онҳо се нафар буданд, ки чаҳорумини онҳо сагашон буд». Ва гурўҳе мегўянд: «Панҷ нафар буданд, ки шашумини онҳо сагашон буд». – Ҳамаи инҳо суханони бедалеле аст – ва гурўҳе мегўянд: «Онҳо ҳафт нафар буданд, ки ҳаштумини онҳо сагашон буд». Бигў: «Парвардигори ман аз шуморашон огҳтар аст». Ҷуз гурўҳи каме шумори онҳоро намедонанд. Пас дар бораи онон ҷуз бо далел сухан магў ва аз ҳеҷ кас дар бораи онҳо савол макун.

23 Ва ҳаргиз дар мавриди коре нагў: «Ман фардо онро анҷом медиҳам».

24 Магар ин ки Худо бихоҳад. Ва ҳар гоҳ фаромўш кардӣ (ҷуброн кун) ва Парвардигоратро ба хотир биёвар ва бигў: «Умедворам, ки Парвардигорам маро ба роҳе равшантар аз ин ҳидоят кунад».

25 Онҳо дар ғорашон се сад сол даранг карданд ва нўҳ сол (низ) бар он афзуданд.

26 Бигў: «Худованд аз муддати таваққуфашон огоҳтар аст, ғайби осмонҳо ва замин аз они Ўст. Ростӣ чӣ Бино ва Шунавост! Онҳо ҳеҷ валӣ ва сарпарасте ҷуз Ў надоранд. Ва Ў ҳеҷ касро дар ҳукми худ ширкат намедиҳад».

27 Он чиро аз китоби Парвардигорат ба ту ваҳй шудааст, тиловат кун. Ҳеҷ чиз суханони Ўро дигаргун намесозад ва ҳаргиз паоҳгоҳе ҷуз Ў намеёбӣ.

28 Бо касоне бош, ки Парвардигори худро субҳу аср мехонанд ва танҳо ризояти Ўро металабанд ва ҳаргиз ба хотири зеварҳои дунё чашмони худро аз онҳо бар магир ва аз касоне, ки қалбашонро аз ёди худ ғофил сохтем, итоат макун. Ҳамонҳо, ки аз ҳавои нафс пайравӣ карданд ва корҳояшон ифротӣ аст.

29 Бигў: «Ин ҳақ аст аз сўи Парвардигоратон! Ҳар кас мехоҳад имон биёварад (ва ин ҳақиқатро пазиро шавад) ва ҳар кас мехоҳад кофир гардад». Мо барои ситамгарон оташе омода кардеам, ки саропардааш ононро аз ҳар сў иҳота кардааст. Ва агар дархости об кунанд, обе барои онон меоваранд, ки ҳамчун оҳани гудохта чеҳраҳоро бирён мекунад. Чӣ нўшидании баде ва чӣ маҳалли иҷтимоии баде аст!

30 Ҳатман касоне, ки имон оваранд ва корҳои шоиста анҷом доданд, мо подоши некўкоронро зойеъ нахоҳем кард.

31 Онҳо касоне ҳастанд, ки биҳишти ҷовидон барои онон аст, боғҳое аз биҳишт, ки наҳрҳо аз зери дарахтон ва қасрҳояш ҷорӣ аст, дар он ҷо бо дастбандҳое аз тилло ороста мешавад ва либосҳои (фохире) ба ранги сабз, аз ҳарири нозуку захим дарбар мекунанд, дар ҳоле, ки бар тахтҳо такя кардаанд. Чӣ подоши хубе ва чӣ ҷамъи некўе!

32 (Эй Пайғамбар!). Барои онон мисоле бизан: он ду мард, ки барои яке аз онҳо ду боғ аз анвои ангурҳо қарор додем ва гидогирди он ду (боғ)-ро бо дарахтони нахл пўшондем ва дар миёнашон зироати пурбаракате қарор додем.

33 Ҳар ду боғ мева оварда буд, (меваҳои фаровон) ва чизе фурўгузор накарда буд ва миёни он ду наҳри бузурге ҷорӣ сохта будем.

34 Соҳиби ин боғ даромади фаровоне дошт, ба ҳамин ҷиҳат, ба дўсташ – дар ҳоле, ки бо ў гуфтугў мекард – чунин гуфт: «Ман аз назари сарват аз ту бартар ва аз назари нафарот нерўмандтарам».

35 Ва дар ҳоле, ки нисбат ба худ ситамкор буд, дар боғи худ гом ниҳод ва гуфт: «Ман гумон намекунам ҳаргиз ин боғ нобуд шавад.

36 Ва бовар намекунам қиёмат барпо гардад ва агар ба сўи Парвардигорам бозгардонда шавам (ва қиёмате бошад), ҷойгоҳи беҳтаре аз ин ҷо хоҳам ёфт».

37 Дўсти (боимони) вай – дар ҳоле, ки бо ў гуфтугў мекард – гуфт: «Оё ба Худое, ки туро аз хок ва сипас аз нутфа офарид ва пас аз он туро марди комиле қарор дод, кофир шудӣ?!

38 Вале ман касе ҳастам, ки «Аллоҳ» Парвардигори ман аст ва ҳеҷ касро шарики Парвардигорам қарор намедиҳам.

39 Чаро ҳангоме, ки дохили боғат шудӣ, нагуфтӣ ин неъмате аст, ки Худо хостааст?! Қувват (ва нерўе) ҷуз аз ноҳияти Худо нест. Ва агар мебинӣ ман аз назари молу фарзанд аз ту камтарам, (матлаби буҳим нест).

40 Шояд Парвардигорам беҳтар аз боғи ту ба ман бидиҳад ва муҷозоти ҳисобшудае аз осмон бар боғи ту фурў резад, ба гунае, ки онро ба замини бегиёҳи лағзандае мубаддал кунад.

41 Ва ё оби он дар аъмоқи замин фурў равад, он гуна, ки ҳаргиз натавонӣ онро ба даст оварӣ».

42 (Ба ҳар ҳол озоби илоҳӣ фаро расид) ва тамоми меваҳои он нобуд шуд ва ў ба хотири ҳазинаҳое, ки дар он сарф карда буд, пайваста дастҳои худро ба ҳам мемолид – дар ҳоле, ки тамоми боғ бар ховозаҳояш фурў рехта буд – ва мегуфт: «Эй кош касеро ҳамтои Парвардигорам қарор надода будам!».

43 Ва гурўҳе надошт, ки ўро дар баробари (азоби) Худованд ёрӣ диҳанд ва аз худаш (низ) наметавонист ёрӣ гирад.

44 Дар он ҷо собт шуд, ки вилоят (ва қудрат) аз они Худованди барҳақ аст. Ўст, ки бартарин савоб ва беҳтарин оқибатро (барои итоаткорон) дорад.

45 (Эй Пайғамбар!). Зиндагии дунёро барои онон ба обе ташбеҳ кун, ки аз осмон фурў мефиристем ва ба василаи он гиёҳони замин (сарсабз мешавад ва) дарҳам фурў меравад. Аммо баъд аз муддате хушк мешавад ва бодҳо онро ба ҳар сў пароканда мекунад. Ва Худованд бар ҳамаи чиз Тавоност.

46 Молу фарзанд, зинати зиндагии дунёст ва боқиёти солеҳот, (арзишҳои пойдору шоиста), савобаш назди Парвардигорат беҳтар ва умедбахштар аст.

47 Ва рўзеро (ба хотир биёвар), ки кўҳҳоро ба ҳаракат дароварем ва заминро ошкор (ва мусаттаҳ) мебинӣ. Ва ҳамаи онон (инсонҳо)-ро бармеангезем ва аҳаде аз онҳоро фурўгузор нахоҳем кард.

48 Онҳо ҳама дар як саф ба (пешгоҳи) Парвардигорат арза мешаванд (ва ба онон гуфта мешавад:) Ҳамагӣ назди мо омадед, ҳамон гуна, ки нахустин бор шуморо офаридем, аммо шумо гумон мекардед, мо ҳаргиз қароргоҳе бароятон қарор нахоҳем дод.

49 Ва китоб (китобе, ки номаи аъмоли ҳамаи инсонҳост), дар он ҷо гузошта мешавад, пас гунаҳкоронро мебинӣ, ки аз он чӣ дар он аст, тарсону ҳаросонанд ва мегўянд: «Эй вой бар мо! Ин чӣ китобе аст, ки ҳеҷ амали хурду бузургеро фурўгузор накардааст, магар ин ки онро ба шумор овардааст?! Ва (ин дар ҳоле аст, ки) ҳамаи аъмоли худро ҳозир мебинанд. Ва Парвардигорат ба ҳеҷ кас ситам намекунад.

50 Ба ёд оваред замонеро, ки ба фариштагон гуфтем: «Барои Одам саҷда кунед!». Онҳо ҳамагӣ саҷда карданд, ҷуз Иблис – ки аз ҷин буд – ва аз фармони Парвардигораш берун шуд. Оё (бо ин ҳол), ў ва фарзандонашро ба ҷои ман авлиёи худ интихоб мекунед, дар ҳоле, ки онҳо душмани шумо ҳастанд?! (Фармонбардорӣ аз шайтон ва фарзандонаш ба ҷои итоати Худо), чӣ ҷойгузини баде аст, барои ситамкорон!

51 Ман ҳаргиз онҳо (Иблис ва фарзандонаш)-ро дар ҳангоми офариниши осмонҳо ва замин ва на дар ҳангоми офариниши худашон, ҳозир насохтам ва ман ҳеҷ гоҳ гумроҳкунандгонро дастёри худ қарор намедиҳам.

52 (Ба хотир оваред) рўзеро, ки (Худованд) мегўяд: «Ҳамтоёнеро, ки барои ман мепиндоштед, бихонед, (то ба кўмаки шумо бишитобанд!)», вале ҳар чӣ онҳоро мехонанд, ҷавобашон намедиҳанд. Ва дар миёни ин ду ругўҳ конуни ҳалокате қарор додаем.

53 Ва гунаҳкорон, оташ (-и дўзах)-ро мебинанд ва яқин мекунанд, ки бо он дармеомезанд ва ҳеҷ гуна роҳи гурезе аз он нахоҳанд ёфт.

54 Ва дар ин Қуръон, аз ҳар гуна масале барои мардум баён кардаем, вале инсон беш аз ҳар чиз ба муҷодила мепардозад.

55 Ва чизе мардумро боз надошт, аз ин ки – вақте ҳидоят ба суроғашон омад – имон биёваранд ва аз Парвардигорашон талаби омурзиш кунанд, ҷуз ин ки (хирасарӣ карданд, гўё мехостанд) сарнавишти пешиниён барои онон биёяд ё азоб (-и илоҳӣ) дар баробарашон қарор гирад.

56 Мо пайғамбаронро ҷуз ба унвони башоратдиҳанда ва инзоркунанда намефиристем, аммо кофирон ҳамвора муҷодила ба ботил мекунанд, то (ба гумони худ), ҳақро ба василаи он аз миён бардоранд. Ва оятҳои мо ва муҷозотҳеро, ки ба онон ваъда дода шудааст, ба боди масхара гирифтанд.

57 Чӣ касе ситамкортар аст, аз он кас, ки оятҳои Павардигораш ба ў тазаккур дода шуд ва аз он рўй гардонд ва он чиро бо дастҳои худ пеш фиристод, фаромўш кард?! Мо бар дилҳои инҳо пардаҳое афкандаем, то нафаҳманд ва дар гўшҳояшон сангинӣ қарор додаем, (то садои ҳақро нашунаванд) ва аз ин рў агар онҳоро ба сўи ҳидоят бихонӣ, ҳаргиз ҳидоят намешаванд.

58 Ва Парвардигорат, Омурзанда ва соҳиби раҳмат аст. Агар мехост ононро ба хотири аъмолашон муҷозот кунад, азобро ҳар чӣ зудтар барои онҳо мефиристод, вале барои онон ваъдагоҳе аст, ки ҳаргиз аз он роҳи гурез нахоҳанд дошт.

59 Ин шаҳрҳо ва ободиҳое аст, ки мо онҳоро ҳангоме, ки ситам карданд, ҳалок намудем ва барои ҳалокаташон мавъиде қарор додем. (Онҳо вайронаҳояшро бо чашм мебинанд ва ибрат намегиранд).

60 (Ба хотир биёвар) ҳангомеро, ки Мўсо ба дўсти худ гуфт: «Даст аз ҷустуҷў барнамедорам, то ба маҳалли талоқии ду дарё бирасам, ҳар чанд муддати тўлонӣ ба роҳи худ идома диҳам».

61 (Вале) ҳангоме, ки ба маҳалли талоқии он ду дарё расиданд, моҳии худро, (ки барои хўрок ҳамроҳи худ доштанд), фаромўш карданд ва моҳӣ роҳи худро дар дарё пеш гирифт (ва равон шуд).

62 Ҳангоме, ки аз он ҷо гузаштанд, (Мўсо) ба ёри ҳамсафараш гуфт: «Хўроки моро биёвар, ки сахт аз ин сафар хаста шудаем!».

63 Гуфт: «Ба хотир дорӣ ҳангоме, ки мо (барои истироҳат) ба канори он сахра паноҳ бурдем, ман (дар он ҷо) фаромўш кардам қиссаи моҳиро бозгў кунам – ва фақат шайтон буд, ки онро аз хотири ман бурд – ва моҳӣ ба тарзи ҳайратоваре роҳи худро дар дарё пеш гирифт!».

64 (Мўсо) гуфт: «Он ҳамон буд, ки мо мехостем!». Сипас аз ҳамон роҳ боз гаштанд, дар ҳоле, ки пайҷўӣ мекарданд.

65 (Дар он ҷо) бандае аз бандагони моро ёфтанд, ки раҳмат (ва мавҳибати бузурге) аз сўи худ ба ў дода ва илми фаровоне аз назди худ ба ў омўхта будем.

66 Мўсо ба ў гуфт: «Оё аз ту пайравӣ кунам, то аз он чӣ ба ту таълим дода шудааст ва сабаби рушду салоҳ аст ба ман омўзӣ?».

67 Гуфт: «Ту ҳаргиз наметавонӣ бо ман шакебоӣ кунӣ!

68 Ва чӣ гуна метавонӣ дар баробари чизе, ки аз рамзҳояш огоҳ нестӣ, шакебо бошӣ?!».

69 (Мўсо) гуфт: «Ба хости Худо маро шакебо хоҳӣ ёфт ва дар ҳеҷ коре мухолифати фармони ту нахоҳам кард».

70 (Хизр) гуфт: «Пас агар мехоҳӣ аз пайи ман биёӣ, аз ҳеҷ чиз мапурс, то худам (дар вақташ) онро барои ту бозгў кунам».

71 Он ду ба роҳ афтоданд, то он ки савори киштӣ шуданд, (Хизр) киштиро сўрох кард. (Мўсо) гуфт: Оё онро сўрох кардӣ, ки аҳлашро ғарқ кунӣ?! Ростӣ, ки чӣ кори баде анҷом додӣ!».

72 Гуфт: «Оё нагуфтам ту ҳаргиз наметавонӣ бо ман шакебоӣ кунӣ?!».

73 (Мўсо) гуфт: «Маро ба хотири ин фаромўшкориям муохиза макун ва аз ин корам бар ман сахт магир».

74 Боз ба роҳи худ идома доданд, то ин ки навҷавонеро диданд ва ў он навҷавонро кушт. (Мўсо) гуфт: «Оё инсони покеро бе он ки қатле карда бошад, куштӣ?! Ба ростӣ кори зиште анҷом додӣ!».

75 (Боз он марди олим) гуфт: «Оё ба ту нагуфтам, ки ту ҳаргиз наметавонӣ бо ман сабр кунӣ?!».

76 (Мўсо) гуфт: «Баъд аз ин агар дар бораи чизе аз ту савол кардам, дигар бо ман ҳамроҳӣ накун, (зеро) аз сўи ман маъзур хоҳӣ буд».

77 Боз ба роҳи худ идома доданд, то ба мардуми қаряе расиданд, аз онон хостанд, ки ба эшон хўрок диҳанд, вале онон аз меҳмон карданашон худдорӣ намуданд, (бо ин ҳол) дар он ҷо деворе ёфтанд, ки мехост фурў резад. Ва (он марди олим) онро барпо дошт. (Мўсо) гуфт: «(Ло ақал) мехостӣ дар муқобили ин кор музде бигирӣ».

78 Ў гуфт: «Инак замони ҷудоии ман ва ту фаро расидааст, аммо ба зудӣ рози он чиро, ки натавонистӣ дар баробари он сабр кунӣ, ба ту хабар медиҳам.

79 Аммо он киштӣ моли гурўҳе аз мустамандон буд, ки бо он дар дарё кор мекарданд ва ман хостам онро маъюб кунам, (чаро, ки) пушти сарашон подшоҳи (ситамгаре) буд, ки ҳар киштӣ (-и солим)-ро ба зўр мегирифт.

80 Ва аммо он навҷавон, падару модараш боимон буданд ва хавф доштем, ки ононро ба туғёну куфр маҷбур кунад.

81 Аз ин рў хостем, ки Парвардигорашон ба ҷои ў, фарзанди поктар ва бо муҳаббаттаре ба он ду бидиҳад.

82 Ва аммо он девор, аз они ду навҷавони ятим дар он шаҳр буд ва зери он ганҷе мутааллиқ ба он ду вуҷуд дошт ва падарашон марди силеҳе буд. Ва Парвардигори ту мехост онҳо ба ҳадди балоғат расанд ва ганҷашонро берун оваранд. Ин раҳмате аз Парвардигорат буд ва ман он (корҳо)-ро худсарона анҷом надодам. Ин буд рози корҳое, ки натавонистӣ дар баробари онҳо сабр ба харҷ диҳӣ».

83 Ва аз ту дар бораи «Зулқарнайн» мепурсанд, бигў: «Ба зудӣ бахше аз саргузашти ўро барои шумо бозгў хоҳам кард».

84 Мо ба ў дар рўи замин қудрату ҳукумат додем ва асбоби ҳар чизро дар ихтиёраш гузоштем.

85 Ў аз ин асбоб (пайравӣ ва истифода) кард,

86 То ба ғурубгоҳи офтоб расид, (дар он ҷо) эҳсос кард (ва дар назараш муҷассам шуд), ки хуршед дар чашмаи тира ва гилолуде фурў меравад. Ва дар он ҷо қавмеро ёфт, гуфтем: «Эй Зулқарнайн! Ё (ононро) муҷозот мекунӣ ва ё равиши некўе дар мавриди онҳо интихоб менамоӣ».

87 Гуфт: «Аммо касеро, ки ситам кардааст, муҷозот хоҳем кард, сипас ба сўи Парвардигораш бозмегардад ва Худо ўро муҷозоти шадиде хоҳад кард!

88 Ва аммо касе, ки имон оварад ва амали солеҳ анҷом диҳад, подоши некўтаре хоҳад дошт ва мо дастури осон ба ў хоҳем дод».

89 Сипас (бори дигар) аз асбобе, (ки дар ихтиёр дошт) баҳра гирифт,

90 То ба хостгоҳи хуршед расид, (дар он ҷо) дид хуршед ба ҷамъияте тулўъ мекунад, ки дар баробари (тобиши) офтоб пўшише барои онҳо қарор надода будем (ва ҳеҷ гуна саябоне надоштанд).

91 (Оре), ин чунин буд (кори Зулқарнайн!). Ва мо ба хубӣ аз имконоте, ки назди ў буд, огоҳ будем.

92 (Боз) аз асбоби муҳим, (ки дар ихтиёр дошт) истифода кард,

93 (Ва ҳамчунон ба роҳи худ идома дод), то ба миёни ду кўҳ расид ва дар канори он ду (кўҳ) қавмеро ёфт, ки ҳеҷ суханеро намефаҳмиданд (ва забонашон махсуси худашон буд).

94 (Он гурўҳ ба ў) гуфтанд: «Эй Зулқарнайн! Яъҷуҷ ва Маъҷуҷ дар ин сарзамин фасод мекунанд, оё мумкин аст мо ҳазинае барои ту қарор диҳем, ки миёни мо ва онҳо садде эҷод кунӣ?!».

95 (Зулқарнайн) гуфт: «Он чӣ Парвардигорам дар ихтиёри ман гузоштааст, беҳтар аст (аз он чӣ шумо пешниҳод мекунед). Маро бо нерўе ёрӣ диҳед, то миёни шумо ва онҳо садди маҳкаме қарор диҳам.

96 Қитъаҳои бузурги оҳан бароям оваред (ва онҳоро рўи ҳам бичинед)», то вақте, ки комилан миёни ду кўҳро пўшонед, гуфт: «(Дар атрофи он оташ бияфрўзед ва) дар он бидамед». (Онҳо дамиданд), то қитъаҳои оҳанро сурху гудохта кард, гуфт: «(Акнун) миси обшуда бароям оваред, то бар рўи он бирезам».

97 (Саранҷом чунон садди нерўманд сохт), ки онҳо (тоифаи Яъҷуҷ ва Маъҷуҷ) қодир набуданд аз он боло раванд ва наметавонистанд нақибе дар он эҷод кунанд.

98 (Он гоҳ) гуфт: «Ин аз раҳмати Парвардигори ман аст, аммо ҳангоме, ки ваъдаи Парвардигорам фаро расад, онро дар ҳам мекўбад. Ва ваъдаи Парвардигорам ҳақ аст».

99 Ва дар он рўз, (ки ҷаҳон поён мегирад), мо ононро чунон раҳо мекунем, ки дарҳам мавҷ мезананд ва дар сур (шайпур) дамида мешавад. Ва мо ҳамаро ҷамъ мекунем.

100       Дар он рўз ҷаҳаннамро бар кофирон арза медорем.

101       Ҳамонҳо, ки пардае чашмонашонро аз ёди ман пўшонда буд ва қудрати шунавоӣ надоштанд.

102       Оё кофирон пиндоштанд, ки метавонанд бандагонамро ба ҷои ман авлиёи худ интихоб кунанд?! Мо ҷаҳаннамро барои пазироии кофирон омода кардаем.

103       Бигў: «Оё ба шумо хабар диҳем, ки зиёнкортарин (-и мардум) дар корҳо чӣ касоне ҳастанд?

104       Онҳо, ки талошҳояшон дар зиндагии дунё гум (ва нобуд) шудааст, бо ин ҳол мепиндоранд, ки кори нек анҷом медиҳанд».

105       Онҳо касоне ҳастанд, ки ба оятҳои Парвардигорашон ва лиқои ў кофир шуданд, ба ҳамин ҷиҳат, аъмолашон ҳабту нобуд шуд. Аз ин рў рўзи қиёмат, мизоне барои онҳо барпо нахоҳем кард.

106       (Оре), ин гуна аст! Кайфарошон дўзах аст, ба хотири он ки кофир шуданд ва оятҳои ман ва пайғамбаронамро ба масхара гирифтанд.

107       Аммо касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста анҷом доданд, боғҳои биҳишти барин маҳалли пазироии онон хоҳад буд.

108       Онҳо ҷовидона дар он хоҳанд монд ва ҳаргиз дархости нақли макон аз он ҷо намекунанд.

109       Бигў: «Агар дарёҳо барои (навиштани) калимаҳои Парвардигорам мураккаб шавад, дарёҳо поён мегирад, пеш аз он ки калимаҳои парвардигорам поён ёбад, ҳар чанд монанди он (дорёҳо)-ро кўмаки он қарор диҳем».

110       Бигў: «Ман фақат башаре ҳастам мисли шумо, (имтиёзам ин аст, ки) ба ман ваҳй мешавад, ки танҳо маъбудатон Маъбуди Ягона аст, пас ҳар кӣ ба лиқои Парвардигораш умед дорад, бояд кори шоистае анҷом диҳад ва ҳеҷ касро дар ибодати Парвардигораш шарик накунад.

Сураи Марям

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 98 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон

1     Коф, Ҳо, Ё, Айн, Сод.

2     (Ин) ёде аст аз раҳмати Парвардигори ту нисбат ба бандааш Закариё,

3     Дар он ҳангом, ки Парвардигорашро дар хилватгоҳ (-и ибодат) пинҳон хонд.

4     Гуфт: «Парвардигоро! Устухонам суст шуда ва шўълаи пирӣ тамоми сарамро фаро гирифта ва ман ҳаргиз дар дуои ту, аз иҷобат маҳрум набудаам.

5     Ва ман аз бастагонам баъд аз худам бимнокам, (ки ҳаққи посдории аз оини туро нигоҳ надоранд) ва (аз тарафе) ҳамсарам нозо ва ақим аст, ту аз назди худ ҷонишине ба ман бубахш,

6     Ки вориси ман ва насли Яъқуб бошад ва ўро мавриди ризоятат қарор деҳ».

7     Эй Закарё! Мо туро ба фарзанде башорат медиҳем, ки номаш «Яҳё» аст ва пеш аз ин ҳамноме барои ў қарор надодаем.

8     Гуфт: «Парвардигоро! Чӣ гуна барои ман фарзанде хоҳад буд?! Дар ҳоле, ки ҳамсарам нозо ва ақим аст ва ман низ аз шиддати пирӣ афтода шудаам!».

9     Фармуд: «Ин гуна аст, Парвардигорат гуфта ин бар ман осон аст ва пеш аз он туро офаридам, дар ҳоле, ки чизе набудӣ».

10 Гуфт: «Парвардигоро! Нишонае барои ман қарор деҳ». Фармуд: «Нишонаи ту ин аст, ки се шабона рўз қудрати такаллум (бо мардум) нахоҳӣ дошт, дар ҳоле, ки забонат солим аст».

11 Ў аз меҳроби ибодаташ ба сўи мардум берун омад ва бо ишора ба онҳо гуфт: «(Ба шукронаи ин неъмат), субҳу шом Худоро тасбеҳ гўед».

12 Эй Яҳё! Китоб (-и Худо)-ро бо қувват бигир! Ва мо фармони нубувват (ва ақли бо кифоят) дар кўдакӣ ба ў додем.

13 Ва раҳмату муҳаббате аз ноҳияи худ ба ў бахшидем ва покӣ (-и дилу ҷон) ва ў парҳезгор буд.

14 Ў нисбат ба падару модараш некўкор буд ва ҷаббор (ва мутакаббир) ва исёнгар набуд.

15 Салом бар ў, он рўз, ки таваллуд ёфт ва он рўз, ки мемирад ва он рўз, ки зинда барангехта мешавад!

16 Ва дар ин китоб (-и осмонӣ) Марямро ёд кун, он ҳангом, ки аз хонаводааш ҷудо шуд ва дар ноҳияи шарқӣ (-и Байт-ул-муқаддас) қарор гирифт.

17 Ва миёни худ ва онон ҳиҷобе афканд, (то хилватгоҳаш аз ҳар назар барои ибодат омода бошад). Дар ин ҳангом мо Рўҳи худро ба сўи ў фиристодем ва ў дар шакли инсони беайбу нуқсон ба Марям зоҳир шуд.

18 Ў (сахт тарсид ва) гуфт: «Ман аз шарри ту ба Худои Раҳмон паноҳ мебарам, агар парҳезгорӣ!».

19 Гуфт: «Ман фиристодаи Парвардигори ту ҳастам, (омадаам), то писари покизае ба ту бибахшам».

20 Гуфт: «Чӣ гуна мумкин аст фарзанде барои ман бошад?! Дар ҳоле, ки инсоне то кунун бо ман тамос надошта ва зани олудае ҳам набудаам!».

21 Гуфт: «Матлаб ҳамин аст. Парвардигорат фармудааст: Ин кор бар ман осон аст. (Мо ўро меофаринем, то қудрати худро ошкор созем) ва ўро барои мардум нишонае қарор диҳем ва раҳмате бошад аз сўи мо. Ва ин амре аст поёнёфта (ва ҷои гуфтугў надорад)».

22 Саранҷом (Марям) ба ў бордор шуд ва ўро ба нуқтаи дурдасте бурд (ва хилват гузид).

23 Дарди зоймон ўро ба канори танаи дарахти хурмое кашонд, (он қадар нороҳат шуд, ки) гуфт: «Эй кош пеш аз ин мурда будам ва аслан фаромўш мешудам!».

24 Ногаҳон аз тарафи поини пояш ўро садо зад, ки: «Ғамгин мабош! Парвардигорат зери пои ту чашмаи об (-и гуворое) қарор додааст.

25 Ва ин танаи (дарахти) нахлро ба тарафи худ ларзон, рутаби (хурмои) наврасида бар ту фурў мерезад.

26 (Аз ин ғизои лазиз) бихўр ва (аз он оби гуворо) бинўш ва чашматро (ба ин мавлуди нав) равшан дор! Ва ҳар гоҳ касе аз инсонҳоро дидӣ, (бо ишора) бигў: Ман барои Худованди Раҳмон рўзае назр кардаам, бинобар ин имрўз бо ҳеҷ инсоне ҳеҷ сухан намегўям. (Ва бидон, ки ин навзод, худаш аз ту дифоъ хоҳад кард)».

27 (Марям) дар ҳоле, ки ўро дар оғўш гирифта буд, назди қавмаш овард, гуфтанд: «Эй Марям! Кори бисёр ҳайратовару баде анҷом додӣ!

28 Эй хоҳари Ҳорун! На падарат марди баде буд ва на модарат зани бадкорае!».

29 (Марям) ба ў ишора кард, гуфтанд: «Чӣ гуна бо кўдаке, ки дар гаҳвора аст, сухан бигўем?!».

30 (Ногаҳон Исо забон ба сухан кушод ва) гуфт: «Ман бандаи Худоям, Ў китоб (-и осмонӣ) ба ман дода ва маро Пайғамбар қарор додааст.

31 Ва маро – ҳар ҷо ки бошам – вуҷуди пурбаракате қарор дода ва то замоне, ки зиндаам, маро ба намозу закот тавсия кардааст.

32 Ва маро нисбат ба модарам некўкор қарор дода ва ҷаббору шақӣ қарор надодааст.

33 Ва салом (-и Худо) бар ман дар он рўз, ки таваллуд шудам ва дар он рўз, ки мемирам ва он рўз, ки зинда барангехта хоҳам шуд!».

34 Ин аст Исо писари Марям, гуфтори ҳаққе, ки дар он тардид мекунанд.

35 Ҳаргиз барои Худо шоиста набуд, ки фарзанде ихтиёр кунад, муназзаҳ аст Ў! Ҳар гоҳ чизеро фармон диҳад, мегўяд: «Мавҷуд бош!», ҳамон дам мавҷуд мешавад.

36 «Ва Худованд Парвардигори ман ва шумо аст, Ўро парастиш кунед, ин аст роҳи рост».

37 Вале (баъд аз ў), гурўҳҳое аз миёни пайравонаш ихтилоф карданд, вой ба ҳоли кофирон аз мушоҳидаи рўзи бузург (-и растохез!).

38 Дар он рўз, ки назди мо меоянд, чӣ гўшҳои шунаво ва чӣ чашмҳои биное пайдо мекунанд! Вале ин ситамгарон дар гумроҳии ошкоранд.

39 Ононро аз рўзи ҳасрат (рўзи растохез, ки барои ҳама сабаби таассуф аст), битарсон, дар он ҳангом ки ҳама чиз поён меёбад ва онҳо дар ғафлатанд ва имон намеоваранд.

40 Мо замин ва тамоми касонеро, ки бар он ҳастанд, ба ирс мебарем ва ҳамагӣ ба сўи мо бозгардонда мешаванд.

41 Дар ин китоб, Иброҳимро ёд кун, ки ў бисёр ростгў ва Пайғамбар (-и Худо) буд.

42 Ҳангоме, ки ба падараш гуфт: «Эй падар! Чаро чизеро мепарастӣ, ки на мешунавад ва на мебинад ва на ҳеҷ мушкилеро аз ту ҳал мекунад?!

43 Эй падар! Донише барои ман омада, ки барои ту наомадааст, бинобар ин аз ман пайравӣ кун, то туро ба роҳи рост ҳидоят кунам.

44 Эй падар! Шайтонро парастиш макун, ки шайтон нисбат ба Худованди Раҳмон, исёнгар буд.

45 Эй падар! Ман аз ин метарсам, ки аз сўи Худованди Раҳмон азобе ба ту расад, дар натиҷа аз дўстони шайтон бошӣ!».

46 Гуфт: «Эй Иброҳим! Оё ту аз маъбудҳои ман рўй гардондӣ?! Агар (аз ин кор) даст барнадорӣ туро сангсор мекунам ва барои муддати дароз аз ман дур шав!».

47 (Иброҳим) гуфт: «Салом бар ту! Ман ба зудӣ аз Парвардигорам бароят дархости афв мекунам, зеро Ў ҳамвора нисбат ба ман меҳрубон будааст.

48 Ва аз шумо ва он чӣ ғайри Худо мехонед, канорагирӣ мекунам ва Парвардигорамро мехонам ва умедворам дар хондани Парвардигорам беҷавоб намонам».

49 Ҳангоме, ки аз онон ва он чӣ ғайри Худо мепарастиданд, канорагирӣ кард, мо Исҳоқ ва Яъқубро ба ў бахшидем ва ҳар якро пайғамбари (бузурге) қарор додем.

50 Ва аз раҳмати худ ба онон ато кардем ва барои онҳо номи нек ва мақоми барҷастае (дар миёни ҳамаи уматҳо), қарор додем.

51 Ва дар ин китоб (-и осмонӣ) аз Мўсо ёд кун, ки ў мухлас буд ва расул ва пайғамбари воломақом.

52 Мо ўро аз тарафи рост (-и кўҳи) Тур фаро хондем ва наҷвокунон ўро (ба худ) наздик сохтем.

53 Ва мо аз раҳмати худ бародараш Ҳорунро - ки пайғамбар буд - ба ў бахшидем.

54 Ва дар ин китоб (-и осмонӣ) аз Исмоил (низ) ёд кун, ки ў дар ваъдаҳояш содиқ ва расул ва пайғамбари (бузурге) буд.

55 Ў ҳамвора хонаводаашро ба намозу закот фармон медод ва ҳамвора мавриди ризояти Парвардигораш буд.

56 Ва дар ин китоб, аз Идрис (низ) ёд кун, ў бисёр ростгў ва пайғамбар (-и бузурге) буд.

57 Ва мо ўро ба мақоми волое расондем.

58 Онҳо пайғамбароне буданд, ки Худованд машмули неъматашон қарор дода буд, аз фарзандони Одам ва аз касоне, ки бо Нўҳ (бар киштӣ) савор кардем ва аз насли Иброҳим ва Яъқуб ва аз касоне ки ҳидоят кардем ва баргузидем. Онҳо касоне буданд, ки вақте оёти Худованди Раҳмон бар онон хонда мешуд, ба хок меафтиданд, дар ҳоле, ки саҷда мекарданд ва гирён буданд.

59 Аммо пас аз онон, фарзандони ношоистае рўи кор омаданд, ки намозро табоҳ карданд ва аз шаҳватҳо пайравӣ намуданд ва ба зудӣ (муҷозоти) гумроҳии худро хоҳанд дид!

60 Магар онон, ки тавба кунанд ва имон биёваранд ва кори шоиста анҷом диҳанд, чунин касоне дохили биҳишт мешаванд ва камтарин ситаме ба онон нахоҳад шуд.

61 Вориди боғҳои ҷовидоне мешаванд, ки Худованди Раҳмон бандагонашро ба он ваъда додааст, ҳар чанд онро надидаанд. Ҳатман ваъдаи Худо таҳаққуқёфтанӣ аст.

62 Дар он ҷо ҳаргиз гуфтори лағву беҳудае намешунаванд ва ҷуз салом он ҷо сухане нест ва ҳар субҳу шом, рўзии онон дар биҳишт муқаррар аст.

63 Ин ҳамон биҳиште аст, ки ба бандагони парҳезгори худ, ба ирс медиҳем.

64 (Пас аз таъхири ваҳй, Ҷабраил ба Пайғамбар гуфт:) Мо ҷуз ба фармони Парвардигори ту, нозил намешавем, он чӣ пеши рўи мо ва пушти сари мо ва он чӣ миёни ин ду мебошад, ҳама аз они Ўст. Ва Парвардигорат ҳаргиз фаромўшкор набуда (ва нест).

65 Ҳамон Парвардигори осмонҳо ва замин ва он чӣ миёни он ду қарор дорад. Ўро парастиш кун ва дар роҳи ибодаташ шакебо бош. Оё мислу монанде барои ў меёбӣ?!

66 Инсон мегўяд: «Оё пас аз мурдан, зинда (аз қабр) берун оварда мешавам?!».

67 Оё инсон ба хотир намеовард, ки мо пеш аз ин ўро офаридем, дар ҳоле, ки чизе набуд?!

68 Савганд ба Парвардигорат, ки ҳамаи онҳоро ҳамроҳ бо шаётин, дар қиёмат ҷамъ мекунем, сипас ҳамаро - дар ҳоле, ки ба зону даромаданд - гирдогирди ҷаҳаннам ҳозир месозем.

69 Сипас аз ҳар гурўҳу ҷамъияте, касонеро, ки дар баробари Худованди Раҳмон, аз ҳама саркаштар будаанд, ҷудо мекунем.

70 Баъд аз он, мо ба хубӣ аз касоне, ки барои сўхтан дар оташ сазовортаранд, огоҳтарем.

71 Ва ҳамаи шумо (беистисно) дохили ҷаҳаннам мешавед, ин амре аст ҳатмӣ ва қатъӣ бар Парвардигорат.

72 Сипас онҳоро, ки тақво пеша карданд, аз он раҳоӣ мебахшем ва золимонро - дар ҳоле, ки (аз заъфу зиллат) ба зону даромадаанд - дар он раҳо месозем.

73 Ва ҳангоме, ки оёти равшани мо бар онон хонда мешавад, кофирон ба мўъминон мегўянд: «Кадом як аз ду гурўҳ (-и мо ва шумо) ҷойгоҳаш беҳтар ва ҷаласаҳои унсу машвараташ зеботар ва бахшиши ў бештар аст?!».

74 Чӣ бисёр ақвомеро пеш аз онон нобуд кардем, ки ҳам молу сарваташон аз онҳо беҳтар буд ва ҳам зоҳирашон оростатар.

75 Бигў: «Касе, ки дар гумроҳӣ аст, бояд Худованд ба ў мўҳлат диҳад, то замоне, ки ваъдаи илоҳиро бо чашми худ бибинад: Ё азоб (-и ин дунё) ё (азоби) қиёмат! (Он рўз) хоҳанд донист, чӣ касе ҷояш бадтар ва лашкараш нотавонтар аст!».

76 (Аммо) касоне, ки дар роҳи ҳидоят гом ниҳоданд, Худованд бар ҳидояташон меафзояд ва осори шоистае, ки (аз инсон) боқӣ мемонад, савобаш дар пешгоҳи Парвардигорат беҳтар ва оқибаташ хубтар аст.

77 Оё дидӣ касеро, ки ба оёти мо кофир шуд ва гуфт: «Амвол ва фарзандони фаровоне ба ман дода хоҳад шуд?!».

78 Оё ў аз ғайб огоҳ гаштааст ё назди Худо аҳду паймоне гирифтааст?!

79 Ҳаргиз чунин нест! Мо ба зудӣ он чиро мегўяд менависем ва азобро бар ў мустамир хоҳем дошт!

80 Он чиро ў мегўяд, (аз амволу фарзандон), аз ў ба ирс мебарем ва ба сурати танҳо назди мо хоҳад омад.

81 Ва онон ғайр аз Худо, маъбудонеро барои худ баргузиданд, то сабаби иззаташон бошад. (Чӣ пиндори хоме!).

82 Ҳаргиз (чунин нест!). Ба зудӣ (маъбудҳо) мункири ибодати онон хоҳанд шуд, (балки) бар зиддашон қиём мекунанд.

83 Оё надидӣ, ки мо шаётинро ба сўи кофирон фиристодем, то ононро шадидан таҳрик кунанд?!

84 Пас дар бораи онон шитоб макун, мо онҳо (ва аъмолашон)-ро ба диққат шумориш мекунем.

85 Дар он рўз, ки парҳезгоронро дастаҷамъӣ ба сўи Худованди Раҳмон (ва подошҳои Ў) маҳшур мекунем.

86 Ва муҷримонро (ҳамчун шутурони ташнакоме, ки ба сўи об мераванд), ба ҷаҳаннам меронем.

87 Онон ҳаргиз молики шафоат нестанд, магар касе, ки назди Худованди Раҳмон, аҳду паймоне дорад.

88 Ва гуфтанд: «Худованди Раҳмон фарзанде барои худ баргузидааст».

89 Ростӣ матлаби зишт ва занандае гуфтед!

90 Наздик аст ба хотири ин сухан осмонҳо аз ҳам муталошӣ гардад ва замин шикофта шавад ва кўҳҳо ба шиддат фурў резад.

91 Бинобар он ки барои Худованди Раҳмон фарзанде қоил шуданд!

92 Дар ҳоле, ки ҳаргиз барои Худованди Раҳмон сазовор нест, ки фарзанде баргузинад!

93 Тамоми касоне, ки дар осмонҳо ва замин ҳастанд, бандаи Ўяд.

94 Худованд ҳамаи онҳоро ҳисоб карда ва ба диққат шуморидааст.

95 Ва ҳамагӣ рўзи растохез, яккаву танҳо назди Ў ҳозир мешаванд.

96 Ҳатман касоне, ки имон оварда ва корҳои шоиста анҷом додаанд, Худованди Раҳмон муҳаббате барои онон дар дилҳо қарор медиҳад.

97 Ва мо фаққат он ( Қуръон)-ро бар забони ту осон сохтем, то парҳезгоронро ба василаи он башорат диҳӣ ва душманони сарсахтро бо он инзор кунӣ.

98 Чӣ бисёр ақвом (-и беимон ва гунаҳгоре)-ро, ки пеш аз онон ҳалок кардем, оё аҳаде аз онҳоро эҳсос мекунӣ?! Ё камтарин садое аз онон мешунавӣ?!