next page

Сураи Моида

Ин сура дар Мадина нозил шуда ва дорои 120 оят аст.

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон.

1  Эй касоне, ки имон овардаед! Ба паймонҳо (ва қарордодҳо) вафо кунед. Чаҳорпоён (ва ҷанини онҳо) барои шумо ҳалол шудааст, магар он чӣ бар шумо хонда мешавад (ва истисно хоҳад шуд). Ва дар ҳангоми эҳром, шикорро ҳалол нашуморед. Худованд ҳар чӣ бихоҳад (ва маслиҳат бошад), ҳукм мекунад.

2  Эй касоне, ки имон овардаед! Шаоир ва ҳудуди илоҳӣ (ва маросими ҳаҷро мўҳтарам бишуморед ва мухолифати бо онҳо)-ро ҳалол надонед ва на моҳи ҳаромро ва на қурбониҳои бенишон ва нишондорро. Ва на онҳоро, ки ба қасди хонаи Худо барои ба даст овардани фазли Парвардигор ва хушнудии Ў меоянд. Аммо ҳангоме, ки аз эҳром берун омадед, шикор кардан барои шумо монее надорад . Ва хусумат бо ҷамъияте, ки шуморо аз омадан ба Масҷид-ул-ҳаром (дар соли Ҳудайбия) боз доштанд, набояд шуморо водор ба таадӣ ва таҷовуз кунад. Ва (ҳамвора) дар роҳи некӣ ва парҳезгорӣ бо ҳам таовун кунед. Ва (ҳаргиз) дар роҳи гуноҳу таҷовуз ҳамкорӣ нанамоед. Ва аз (мухолифати фармони) Худо бипарҳезед, ки муҷозоти Худо шадид аст!

3  Гўшти мурдор ва хун ва гўшти хук ва ҳайвоноте, ки ба ғайри номи Худо зибҳ шаванд ва ҳайвоноти хафашуда ва ба заҷр кушташуда ва онҳо, ки бар асари партобшудан аз баландӣ бимиранд ва онҳо, ки ба зарби шохи ҳайвони дигаре мурда бошанд ва боқимондаи шикори ҳайвони дарранда – магар он ки (дар вақти худ ба он ҳайвон бирасед ва) онро сар бибуред – ва ҳайвоноте, ки рўи бутҳо (ё дар баробари онҳо) зибҳ мешаванд, (ҳама) бар шумо ҳаром шудааст. Ва (ҳамчунин) қисмат кардани гўшти ҳайвон ба василаи чўбаҳои тири махсуси бахтозмоӣ, тамоми ин аъмол, фисқу гуноҳ аст. – Имрўз, кофирон аз (зоил шудани) оини шумо маъюс шуданд, бинобар ин аз онҳо натарсед ва аз (мухолифати) ман битарсед! Имрўз дини шуморо комил кардам ва неъмати худро бар шумо тамом намудам ва Исломро ба унвони оини (ҷовидони) шумо пазируфтам, - аммо онҳо, ки дар ҳоли гуруснагӣ, дасташон ба хўроки дигаре нарасад ва моил ба гуноҳ набошанд, (монее надорад, ки аз гўштҳои манъшуда бихўранд). Худованд Омурзанда ва Меҳрубон аст.

4  Аз ту савол мекунанд, чӣ чизҳое барои онҳо ҳалол шудааст? Бигў: «Он чӣ покиза аст, барои шумо ҳалол гардида ва (низ) сайди ҳайвоноти шикорӣ ва сагҳои омўхташуда (ва тарбиятёфта), ки аз он чӣ Худованд ба шумо таълим додааст, ба онҳо ёд додаед, (барои шумо ҳалол аст). Пас, аз он чӣ ин ҳайвонот барои шумо (шикор мекунанд ва) нигоҳ медоранд, бихўред ва номи Худоро (дар ҳангоми фиристодани ҳайвон барои шикор), бар он бубаред ва аз (маъсияти) Худо бипарҳезед, ки Худованд саре-ул-ҳисоб аст».

5  Имрўз чизҳои покиза барои шумо ҳалол шуда ва (ҳамчунин) таоми аҳли китоб бар шумо ҳалол шудааст ва таоми шумо бар онҳо ҳалол аст. Ва (низ) занони покдоман аз мусалмонон ва занон покдоман аз аҳли китоб, ҳалоланд, ҳангоме, ки маҳри онҳоро бипардозед ва покдоман бошед, на зинокор ва на дўсти пинҳонӣ ва номашрўъ гиред. Ва касе, ки инкор кунад он чиро бояд ба он имон биёварад, аъмоли ў табоҳ мегардад ва дар сарои дигар аз зиёнкорон хоҳад буд.

6  Эй касоне, ки имон овардаед! Ҳангоме, ки ба намоз меистед, чеҳра ва дастҳоро то оринҷ бишўед. Ва сар ва поҳоро то мафсал (баромадагии пушти по) масҳ кунед. Ва агар ҷунуб бошед, худро бишўед (ва ғусл кунед). Ва агар бемор ё мусофир бошед ё яке аз шумо аз маҳалли пасте омада (қазои ҳоҷат карда) ё бо занон тамос гирифта (ва омезиши ҷинсӣ кардаед) ва об (барои ғусл ё вузў) наёбед, бо хоки поке таямум кунед. Ва аз он бар чеҳра (пешонӣ) ва дастҳо бикашед. Худованд намехоҳад мушкиле барои шумо эҷод кунад, балки мехоҳад шуморо пок созад ва неъматашро бар шумо тамом намояд, шояд шукри Ўро ба ҷо оваред.

7  Ва ба ёд оваред неъмати Худоро бар шумо ва паймонеро, ки бо таъкид аз шумо гирифт, он замон, ки гуфтед: «Шунидем ва итоат кардем». Ва аз (мухолифати фармони) Худо бипарҳезед, ки Худо аз он чӣ даруни синаҳост, огоҳ аст.

8  Эй касоне, ки имон овардаед! Ҳамвора барои Худо қиём кунед ва аз рўи адолат гувоҳӣ диҳед. Душманӣ бо ҷамъияте, шуморо ба гуноҳу тарки адолат накашонад. Адолат кунед, ки ба парҳезгорӣ наздиктар аст. Ва аз (маъсияти) Худо бипарҳезед, ки Худованд аз он чӣ анҷом медиҳед бохабар аст.

9  Худованд ба онҳо, ки имон оварда ва аъмоли солеҳ анҷом додаанд, ваъдаи омурзиш ва подоши бузурге додааст.

10 Ва касоне, ки кофир шуданд ва оятҳои моро инкор карданд, аҳли дўзаханд.

11 Эй касоне, ки имон овардаед! Неъматеро, ки Худо ба шумо бахшид, ба ёд оваред, он замон, ки ҷамъе (аз душманон) қасд доштанд, даст ба сўи шумо дароз кунанд (ва шуморо аз миён бардоранд), аммо Худо дасти онҳоро аз шумо боз дошт. Аз Худо бипарҳезед. Ва мўъминон бояд танҳо бар Худо таваккул кунанд.

12 Худо аз Банӣ Исроил паймон гирифт. Ва аз онҳо давоздаҳ нақиб (сарпараст) барангехтем. Ва Худованд (ба онҳо) гуфт: «Ман бо шумо ҳастам, агар намозро барпо доред ва закотро бипардозед ва ба расулони ман имон биёваред ва онҳоро ёрӣ кунед ва ба Худо қарзулҳасана бидиҳед, (дар роҳи Ў ба ниёзмандон кўмак кунед), гуноҳони шуморо мепўшонам (мебахшам) ва шуморо дар боғҳое аз биҳишт, ки наҳрҳо аз зери дарахтонаш ҷорӣ аст, дохил мекунам. Аммо ҳар кас аз шумо баъд аз ин кофир шавад, аз роҳи рост мунҳариф гардидааст.

13 Вале ба хотири паймоншиканӣ, онҳоро аз раҳмати худ дур сохтем ва дилҳои ононро сахт ва сангин намудем. Суханон (-и Худо)-ро аз мавридаш таҳриф мекунанд ва бахше аз он чиро ба онҳо гўшзад шуда буд, фаромўш карданд. Ва ҳар замон аз хиёнати (наве) аз онҳо огоҳ мешавӣ, магар шумори каме аз онон, вале аз онҳо даргузар ва сарфиназар кун, ки Худованд некўкоронро дўст медорад.

14 Ва аз касоне, ки даъвои насроният (ва ёрии масеҳ) доштанд (низ), паймон гирифтем, вале онҳо қисмати муҳиммеро аз он чӣ ба онон тазаккур дода шуда буд, фаромўш карданд, аз ин рў, дар миёни онҳо то доманаи қиёмат, адовату душманӣ афкандем. Ва Худованд (дар қиёмат) онҳоро аз он чӣ анҷом медоданд (ва натоиҷи он), огоҳ хоҳад сохт.

15 Эй аҳли китоб! Пайғамбари мо, ки бисьёре аз ҳақоиқи китоби осмониро, ки шумо пинҳон мекардед, равшан месозад, ба сўи шумо омад ва аз бисьёре аз он, (ки ҳамакнун ифшои он маслиҳат нест), сарфиназар менамояд. (Оре), аз тарафи Худо Нур ва Китоби ошкоре ба сўи шумо омад.

16 Худованд ба баракати он, касонеро, ки аз хушнудии ў пайравӣ кунанд, ба роҳҳои саломат ҳидоят мекунад ва ба фармони худ аз торикиҳо ба сўи равшаноӣ мебарад ва онҳоро ба сўи роҳи рост, раҳбарӣ менамояд.

17 Онҳо, ки гуфтанд: «Худо, ҳамон Масеҳ ибни Марям аст», ба таври ҳатмӣ кофир шуданд, бигў: «Агар Худо бихоҳад Масеҳ ибни Марям ва модараш ва ҳамаи касоне, ки рўи замин ҳастанд, ҳалок кунад, чӣ касе метавонад пешгирӣ кунад? (Оре), ҳукумати осмонҳо ва замин ва он чӣ миёни он ду қарор дорад, аз они Худост, ҳар чӣ бихоҳад меофаринад, (ҳатто инсони бепадар, монанди Масеҳ). Ва Ў бар ҳар чизе тавоност».

18 Яҳуд ва насоро гуфтанд: «Мо фарзандони Худо ва дўстони (хосси) Ў ҳастем». Бигў: «Пас чаро шуморо дар баробари гуноҳонатон муҷозот мекунад?! Балки шумо ҳам башаре ҳастед, аз махлуқоте, ки офаридааст. Ҳар касро бихоҳад (ва шоиста бидонад) мебахшад ва ҳар касро бихоҳад (ва мустаҳақ бидонад), муҷозот мекунад. Ва ҳукумати осмонҳо ва замин ва он чӣ дар миёни онҳост, аз они Ўст ва бозгашти ҳамаи мавҷудот ба сўи Ўст».

19 Эй аҳли китоб! Расули мо пас аз фосила ва фатрате миёни пайғамбарон, ба сўи шумо омад, дар ҳоле, ки ҳақоиқро барои шумо баён мекунад, то мабодо (рўзи қиёмат) бигўед: «На башоратдиҳандае ба суроғи мо омад ва на бимдиҳандае». (Ҳамакнун пайғамбари) башоратдиҳанда ва бимдиҳанда ба сўи шумо омад. Ва Худованд бар ҳама чиз тавоност.

20 (Ба ёд оваред) ҳангомеро, ки Мўсо ба қавми худ гуфт: «Эй қавми ман! Неъмати Худоро бар худ ёдовар шавед, ҳангоме, ки дар миёни шумо пайғамбароне қарор дод (ва занҷири бандагӣ ва асорати фиръавниёнро шикаст) ва шуморо ҳоким ва соҳибихтиёри худ қарор дод ва ба шумо чизҳое бахшид, ки ба ҳеҷ як аз ҷаҳониён надода буд.

21 Эй қавм! Ба сарзамини муқддасе, ки Худованд барои шумо муқаррар доштааст, дохил шавед ва ба пушти сари худ боз нагардед (ва ақибгардӣ накунед), ки зиёнкор хоҳед буд».

22 Гуфтанд: «Эй Мўсо! Дар он (сарзамин) ҷамъияти (нерўманде ва) ситамгар ҳастанд. Ва мо ҳаргиз дохили он намешавем, то онҳо аз он хориҷ шаванд. Агар онҳо аз он хориҷ шаванд, мо дохил хоҳем шуд».

23 (Вале) ду нафар аз мардоне, ки аз Худо метарсиданд ва Худованд ба онҳо неъмат (-и ақлу имону шаҳомат) дода буд, гуфтанд: «Шумо дохили дарвозаи шаҳри онон шавед, ҳангоме, ки дохил шудед, пирўз хоҳед шуд. Ва бар Худо таваккул кунед, агар имон доред».

24 (Банӣ Исроил) гуфтанд: «Эй Мўсо! То онҳо дар он ҷо ҳастанд, мо ҳаргиз дохил нахоҳем шуд. Ту ва Парвардигорат биравед ва (бо онон) биҷангед, мо ҳамин ҷо нишастаем».

25 (Мўсо) гуфт: «Парвардигоро! Ман танҳо ихтиёри худам ва бародарамро дорам, миёни мо ва ин ҷамъияти гунаҳкор ҷудоӣ бияфкан».

26 Худованд (ба Мўсо) гуфт: «Ин сарзамин (-и муқаддас) то чиҳил сол бар онҳо манъ аст (ва ба он нахоҳанд расид), пайваста дар замин (дар ин биёбон) саргардон хоҳанд буд. Ва дар бораи (сарнавишти) ин ҷамъияти гунаҳкор ғамгин мабош».

27 Ва достони ду фарзанди Одамро ба ҳақ бар онҳо бихон: ҳангоме, ки ҳар кадом коре барои тақарруб (ба парвардигор) анҷом доданд, аммо аз яке пазируфта шуд ва аз дигарӣ пазируфта нашуд. (Бародаре, ки амалаш рад шуда буд, ба бародари дигар) гуфт: «Ба Худо савганд, туро хоҳам кушт!». (Бародари дигар) гуфт: («Ман чӣ гуноҳе дорам? Зеро) Худо танҳо аз парҳезгорон мепазирад.

28 Агар ту барои куштани ман даст дароз кунӣ, ман ҳаргиз ба қатли ту даст намекушоям, чун аз парвардигори ҷаҳониён метарсам.

29 Ман мехоҳам, ту бо гуноҳи ман ва худат (аз ин амал) боз гардӣ (ва бори ҳар ду гуноҳро бар дўш кашӣ) ва аз дўзахиён гардӣ. Ва ҳамин аст сазои ситамкорон!».

30 Нафси саркаш, кам-кам ўро ба куштани бародараш тарғиб кард, (саранҷом) ўро кушт ва аз зиёнкорон шуд.

  next page