back

index

next

10  Ва ҳеҷ дўсти самимӣ суроғи дўсташро намегирад.

11  Онҳоро нишонашон медиҳанд, (вале ҳар кас гирифтори кори худ аст), чунон аст, ки гунаҳкор дўст медорад фарзандони худро дар баробари азоби он рўз фидо кунад,

12  Ва ҳамсару бародарашро,

13  Ва қабилаашро, ки ҳамеша аз ў ҳимоят мекард,

14  Ва ҳамаи мардуми рўи заминро, то сабаби наҷоташ гарданд.

15  Аммо ҳаргиз чунин нест, (ки бо инҳо битавон наҷот ёфт, оре) шўълаҳои сўзони оташ аст,

16  Дасту по ва пўсти сарро меканад ва мебарад.

17  Ва касонеро, ки ба фармони Худо пушт карданд, садо мезанад,

18  Ва (ҳамчунин онҳо, ки) амволро ҷамъу захира карданд.

19  Ба яқин инсон ҳарису камтоқат офарида шудааст,

20  Ҳангоме, ки бадие ба ў расад, бетобӣ мекунад,

21  Ва ҳангоме, ки хубие ба ў расад, монеи дигарон мешавад (ва бухл меварзад),

22  Магар намозгузорон,

23  Онҳо, ки намозҳоро пайваста ба ҷо меоваранд,

24  Ва онҳо, ки дар амволашон ҳаққи маълуме аст,

25  Барои дархосткунанда ва маҳрум,

26  Ва онҳо, ки ба рўзи ҷазо имон доранд,

27  Ва онҳо, ки аз азоби Парвардигорашон хавфноканд,

28  Зеро ҳеҷ кас аз азоби Парвардигораш дар амон нест,

29  Ва онҳо, ки доманҳои худро (аз беиффатӣ) ҳифз мекунанд,

30  Ҷуз бо ҳамсарону канизон, (ки дар ҳукми ҳамсаранд, омезиш надоранд). Зеро дар баҳрагирӣ аз онҳо, сарзаниш нахоҳанд шуд.

31  Ва ҳар кас ҷуз инҳоро талаб кунад, мутаҷовиз аст.

32  Ва онҳо, ки амонатҳо ва аҳди худро риоят мекунанд,

33  Ва онҳо, ки ба адои шаҳодаташон қиём менамоянд,

34  Ва онҳо, ки бар намоз эҳтиёт доранд,

35  Онон бар боғҳои биҳиштӣ (пазироӣ ва) гиромӣ дошта мешаванд.

36  Ин кофиронро чӣ мешавад, ки бо шитоб назди ту меоянд,

37  Аз росту чап, гурўҳ-гурўҳ (ва орзуи биҳишт доранд?!).

38  Оё ҳар як аз онҳо (бо ин аъмоли нописандаш) тамаъ дорад, ки ўро дар биҳишти пурнеъмати илоҳӣ дохил кунанд?!

39  Ҳаргиз чунин нест. Мо онҳоро аз он чӣ худашон медонанд офаридаем.

40  Савганд ба Парвардигори машриқҳо ва мағрибҳо, ки мо қодирем,

41  Ки ҷои ононро ба касоне бидиҳем, ки аз онҳо беҳтаранд. Ва мо ҳаргиз мағлуб нахоҳем шуд.

42  Ононро ба ҳоли худ гузор, то дар ботили худ фурў раванд ва бозӣ кунанд, то замоне, ки рўзи ваъдашудаи худро мулоқот намоянд.

43  Ҳамон рўзе, ки аз қабрҳо бо шитоб берун мешаванд, гўё ба сўи бутҳо медаванд.

44  Дар ҳоле, ки чашмҳояшон аз шарму ваҳшат ба зер афтода ва пардае аз зиллату хорӣ онҳоро пўшонидааст. Ин ҳамон рўзе аст, ки ба онҳо ваъда дода мешуд.

Сураи Нўҳ

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 28 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи меҳрубон

1  Мо Нўҳро ба сўи қавмаш фиристодем ва гуфтем: «Қавми худро инзор кун пеш аз он ки азоби дардноке ба суроғашон ояд».

2  Гуфт: «Эй қавм! Ман барои шумо хавфдиҳандаи ошкоре ҳастам,

3  Ки Худоро парастиш кунед ва аз мухолифати Ў парҳез кунед ва маро итоат намоед.

4  Агар чунин кунед, Худо гуноҳонатонро мебахшад ва то замони муайяне шуморо умр медиҳад, зеро ҳангоме, ки аҷали илоҳӣ фаро расад, таъхире нахоҳад дошт, агар медонистед».

5  (Нўҳ) гуфт: Парвардигоро! Ман қавми худро шабу рўз (ба сўи ту) даъват кардам,

6  Аммо даъвати ман чизе ҷуз гурез аз ҳақ бар онон наафзуд.

7  Ва ман ҳар замон онҳоро даъват кардам, ки (имон оваранд ва) ту онҳоро омурзӣ, ангуштони худро дар гўшҳояшон қарор дода ва либосҳояшонро бар худ печиданд ва дар мухолифат исрор варзиданд ва ба шиддат такаббур варзиданд.

8  Сипас ман онҳоро бо садои баланд (ба итоати фармони ту) даъват кардам,

9  Сипас ошкору пинҳонӣ (ҳақиқати тавҳиду имонро) барои онон баён кардам.

10  Ба онҳо гуфтам: «Аз Парвардигори худ омурзиш талабед, ки Ў бисёр омурзанда аст,

11  То боронҳои пурбаракати осмонро пай дар пай бар шумо фиристад,

12  Ва шуморо бо амволу фарзандони фаровон кўмак кунад ва боғҳои сарсабзу наҳрҳои ҷорӣ дар ихтиёратон қарор диҳад.

13  Чаро шумо барои Худо азамат қоил нестед?!

14  Дар ҳоле, ки шуморо дар мароҳили мухталиф офарид, (то аз нутфа ба инсони комил расидед).

15  Оё намедонед чӣ гуна Худованд ҳафт осмонро яке болои дигарӣ офаридааст,

16  Ва моҳро дар миёни осмонҳо сабаби равшаноӣ ва хуршедро чароғи фурўзоне қарор додааст?!

17  Ва Худованд шуморо ҳамчун гиёҳе аз замин рўёнид,

18  Сипас шуморо ба ҳамон замин бозмегардонад ва бори дигар шуморо хориҷ месозад.

19  Ва Худованд заминро барои шумо фарши густардае қарор дод,

20  То аз роҳҳои васеъ ва дарраҳои он бигузаред (ва ба ҳар ҷо мехоҳед биравед)».

21  Нўҳ (баъд аз ноумедӣ аз ҳидояти онон) гуфт: «Парвардигоро! Онҳо маро нофармонӣ карданд ва аз касоне пайравӣ намуданд, ки амволу фарзандонашон чизе ҷуз зиёнкорӣ бар онҳо наафзудааст.

22  Ва (ин роҳбарони гумроҳ) макри азиме ба кор бурданд,

23  Ва гуфтанд: Даст аз худоён ва бутҳои худ барнадоред (ба хусус) бутҳои «Вад», «Сувоъ», «Яғус», «Яуқ» ва «Наср»-ро раҳо накунед.

24  Ва онҳо гурўҳи бисёреро гумроҳ карданд. Худовандо, золимонро ҷуз залолат маяфзо!».

25  (Оре, саранҷом) Ҳамагӣ ба хотири гуноҳонашон ғарқ шуданд ва дар оташи дўзах дохил гаштанд ва ҷуз Худо, ёвароне барои худ наёфтанд.

26  Нўҳ гуфт: Парвардигоро! Ҳеҷ як аз кофиронро бар рўи замин боқӣ магузор!

27  Зеро агар онҳоро боқӣ гузорӣ, бандагонатро гумроҳ мекунанд ва ҷуз насли фоҷиру кофире ба вуҷуд намеоваранд.

28  Парвардигоро! Маро ва падару модарам ва тамоми касонеро, ки бо имон дохили хонаи ман шуданд ва ҷамии мардону занони боимонро биёмурз ва золимонро ҷуз ҳалокат маяфзо!».

Сураи Ҷин

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 28 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи меҳрубон

1  Бигў: Ба ман ваҳй шудааст, ки ҷамъе аз ҷин ба суханонам гўш фаро додаанд, сипас гуфтаанд: «Мо Қуръони аҷиб шунидаем,

2  Ки ба роҳи рост ҳидоят мекунад, пас мо ба он имон овардаем ва ҳаргиз касеро шарики Парвардигорамон қарор намедиҳем,

3  Ва ин ки баланд аст мақоми боазамати Парвардигори мо. Ва Ў ҳаргиз барои худ ҳамсару фарзанде интихоб накардааст,

4  Ва ин ки сафеҳи мо (Иблис) дар бораи Худованд суханони нораво мегуфт,

5  Ва ин ки мо гумон мекардем, ки инсу ҷин ҳаргиз бар Худо дурўғ намебанданд,

6  Ва ин ки мардоне аз башар ба мардоне аз ҷин паноҳ мебурданд ва онҳо сабаби афзоиши гумроҳӣ ва туғёнашон мешуданд,

7  Ва ин ки онҳо гумон карданд -ҳамон гуна, ки шумо гумон мекардед- ки Худованд ҳаргиз касеро (ба нубувват) мабъус намекунад,

8  Ва ин ки мо осмонро ҷустуҷў кардем ва ҳамаро пур аз муҳофизони нерўманд ва тирҳои шаҳоб ёфтем,

9  Ва ин ки мо пеш аз ин ба шунидану дарёфти хабарҳо дар осмонҳо менишастем, аммо акнун ҳар кас бихоҳад истироқи самъ кунад, шаҳоберо дар камини худ меёбад,

10  Ва ин ки (бо ин вазъиятҳо) мо намедонем оё иродаи шарре дар бораи аҳли замин шудааст ё Парвардигорашон хостааст ононро ҳидоят кунад?!

11  Ва ин ки дар миёни мо ашхоси солеҳ ва ашхоси носолеҳ ҳастанд ва мо гурўҳҳои мухталифе ҳастем,

12  Ва ин ки мо яқин дорем ҳаргиз наметавонем бар иродаи Худованд дар замин ғолиб шавем ва наметавонем аз (панҷаи қудрати) Ў бигурезем,

13  Ва ин ки мо ҳангоме, ки ҳидояти Қуръонро шунидем ба он имон овардем. Ва ҳар кас ба Парвардигораш имон биёварад, на аз нуқсон метарсад ва на аз зулм,

14  Ва ин ки гурўҳе аз мо мусулмон ва гурўҳе золиманд. Ҳар кас Исломро ихтиёр кунад, роҳи ростро баргузидааст.

15  Ва аммо золимон оташгира ва ҳезуми дўзаханд».

16  Ва ин ки агар онҳо (ҷинну инс) дар роҳ (-и имон) истиқомат варзанд, бо оби фаровон серобашон мекунем.

17  Мақсад ин аст, ки мо онҳоро бо ин неъмати фаровон имтиҳон кунем ва ҳар кас аз ёди Парвардигораш рўй гардонад, ўро ба азоби шадид ва фазоянда гирифтор месозад.

18  Ва ин ки масҷидҳо аз они Худост, пас ҳеҷ касро ҳамроҳи Худо нахонед.

19  Ва ин ки ҳангоме, ки бандаи Худо (Паёмбар) ба ибодат бармехост ва Ўро мехонд, гурўҳе дар атрофи ў ба шиддат издиҳом мекарданд».

20  Бигў: «Ман танҳо Парвардигорамро мехонам ва ҳеҷ касро шарики Ў қарор намедиҳам».

21  Бигў: «Ман молики зиён ва ҳидояте барои шумо нестам».

22  Бигў: «(Агар ман низ бар хилофи фармонаш рафтор кунам), ҳеҷ кас маро дар баробари Ў ҳимоят намекунад ва паноҳгоҳе ҷуз Ў намеёбам.

23  Танҳо вазифаи ман иблоғ аз сўи Худо ва расондани рисолати Ўст. Ва ҳар кас нофармонии Худо ва Расулаш кунад, оташи дўзах аз они ўст ва ҷовидона дар он мемонад».

24  (Ин коршикании куффор ҳам чунон идома меёбад), то он чиро ба онҳо ваъда дода шудааст, бубинанд, он гоҳ медонанд ёвари чӣ касе заифтар ва ҷамъияташ камтар аст.

25  Бигў: «Ман намедонам он чӣ ба шумо ваъда дода шудааст, наздик аст ё Парвардигорам замоне барои он қарор медиҳад?!

26  Донои ғайб Ўст ва ҳеҷ касро бар асрори ғайбаш огоҳ намесозад,

27  Магар расулоне, ки ононро баргузида ва муроқибине аз пеши рў ва пушти сар барои онҳо қарор медиҳад,

28  То бидонад пайғамбаронашон рисолатҳои Парвардигорашонро иблоғ кардаанд. Ва Ў ба он чӣ назди онҳо аст иҳота дорад ва ҳама чизро ҳисоб кардааст».

Сураи Муззаммил

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 20 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи меҳрубон

1  Эй ҷома ба худ печида!

2  Шабро ҷуз каме ба по хез!

3  Ниме аз шабро ё каме аз он кам кун,

4  Ё бар нисфи он бияфзо ва Қуръонро бо диққат ва тааммул бихон.

5  Зеро мо ба зудӣ сухани вазнин ба ту илқо хоҳем кард.

back

index

next