back index  

номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон

1  Оё достони Ғошия (рӯзи қиёмат, ки ҳодисаи ваҳшатнокаш ҳамаро мепӯшонад), ба ту расидааст?!

2  Чеҳраҳое дар он рӯз хошеу зиллтаборанд,

3  Онҳо ки ҳамеша амал карда ва хаста шудаанд (ва натиҷае оидашон нашудааст),

4  Ва дар оташи сӯзон дохил мегарданд.

5  Аз чашмаи бисёр доғе ба онҳо менўшонанд.

6  Таъоме ҷуз аз зареъ (хори хушки талху бадбӯ) надоранд.

7  Таоме, ки на онҳоро фарбеҳ мекунад ва на за гуруснагӣ мераҳонад.

8  Чеҳраҳое дар он рӯз шодобу бо тароватанд,

9  Ва за саъю талоши худ хушнуданд,

10  Дар биҳишти олие ҷой доранд,

11  Ки дар он ҳеҷ сухани лағву беҳудае намешунаванд.

12  Дар он чашмае ҷорӣ аст,

13  Дар он тахтҳои зебои баланде аст,

14  Ва қадаҳҳое, (ки дар канори ин чашма) ниҳода,

15  Ва болишҳо ва пуштиҳои саф дода шуда,

16  Ва фаршҳои фохир густарда.

17  Оё онҳо ба шутур наменигаранд, ки чӣ гуна офарида шудааст?!

18  Ва ба осмон нигоҳ намекунанд, ки чӣ гуна барафрошта шуда?!

19  Ва ба кӯҳҳо ки чӣ гуна дар ҷои худ насб гардида?!

20  Ва ба замин, ки чӣ гуна густардаву ҳамвор гаштааст?!

21  Пас тазаккур деҳ, ки ту фақат тазаккурдиҳандаӣ.

22  Ту бар онҳо султагар нестӣ, ки (бар имон) маҷбурашон кунӣ,

23  Магар касе, ки пушт кунад ва кафир шавад,

24  Ки Худованд ӯро ба азоби бузург муҷозот мекунад.

25  Ба яқин бозгашти (ҳамаи) онҳо ба сӯи мост,

26  Ва ҳатман ҳисобашон (низ) бо мост.

Сураи Фаҷр

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 30 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон

1  Қасам ба сапедадам,

2  Ва ба шабҳои даҳгона,

3  Ва ба дугона ва ягона,

4  Ва ба шаб, ҳангоме, ки (ба сӯи равшании рӯз), ҳаракат мекунад, қасам, (ки Парвардигорат дар камини золимон аст).

5  Оё дар он чӣ гуфта шуд, қасами муҳимме барои соҳиби хирад нест?!

6  Оё надидӣ Парвардигорат бо қавми «Од» чӣ кард?!

7  Ва бо он шаҳри «Ирам»-и бо азамат,

8  Ҳамон шаҳре, ки монандаш дар шаҳрҳо офарида нашуда буд.

9  Ва қавми «Самуд» , ки сахраҳои азимро аз (канори) дарра мебуриданд (ва аз он хона ва кох месохтанд).

10  Ва Фиръавне, ки қудратманд ва шиканҷагар буд,

11  Ҳамон қавмҳое, ки дар шаҳрҳо саркашӣ карданд,

12  Ва фасоди фаровон дар онҳо ба бор оварданд.

13  Ба ҳамин сабаб Худованд тозиёнаи азобро ба онҳо фурў рехт.

14  Ба яқин Парвардигори ту дар камингоҳи (ситамгарон) аст.

15  Аммо инсон ҳангоме, ки Парвардигораш ӯро барои озмоиш икром мекунад ва неъмат мебахшад, (мағрур мешавад ва) мегӯяд: «Парвардигорам маро гироми доштааст».

16  Ва аммо ҳангоме ки барои имтиҳон, рӯзияшро бар ӯ танг мегирад, (ноумед мешавад ва) мегӯяд: «Парвардигорам маро хор кардааст».

17  Чунон нест, (ки шумо мепиндоред), шумо ятомонро гиромӣ намедоред,

18  Ва якдигарро ба таъом додани мустамандон ташвиқ намекунед,

19  Ва меросро (аз роҳи шаръӣ ва ғайри шаръӣ) ҷамъ карда мехўред,

20  Ва молу сарватро бисёр дӯст доред (ва ба хотири он гуноҳони зиёде анҷом медиҳед).

21  Чунон нест, (ки онҳо мепиндоранд). Дар он ҳангом, ки замин сахт дарҳам кўбида шавад,

22  Ва фармони Парвардигорат фаро расад ва фариштагон саф дар саф ҳозир шаванд,

23  Ва дар он рӯз ҷаҳаннамро ҳозир мекунанд. (Оре) дар он рӯз инсон мутазаккир мешавад, аммо ин тазаккур чӣ суде барои ӯ дорад?!

24  Мегӯяд: «Эй кош барои (ин) зиндагиам, чизе аз пеш фиристода будам!».

25  Дар он рӯз ҳеҷ кас монанди ӯ (Худо) азоб намекунад,

26  Ва ҳеҷ кас ҳам чун ӯ касеро ба банд намекашад.

27  Ту эй рўҳи ором ёфта!

28  Ба сӯи Парвардигорат бозгард, дар ҳоле, ки ҳам ту аз Ў хушнудӣ ва ҳам Ў аз ту хушнуд аст,

29  Пас дар роҳи бандагонам дарой,

30  Ва дар биҳиштам дохил шав!

Сураи Балад

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 20 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон

1  Қасам ба ин шаҳри муқаддас (Макка),

2  Шаҳре, ки ту дар он сокинӣ,

3  Ва қасам ба падару фарзандаш (Иброҳими Халил ва фарзандаш Исмоили Забеҳ),

4  Ки мо инсонро дар ранҷ офаридем (ва зиндагии ӯ пур аз ранҷҳост).

5  Оё ӯ гумон мекунад, ки ҳеҷ кас наметавонад бар ӯ даст ёбад?!

6  Мегӯяд: «Моли зиёдеро (дар корҳои хайр) нобуд кардаам».

7  Оё (инсон) гумон мекунад ҳеҷ кас ӯро надида, (ки амали хайре анҷом надода) аст?!

8  Оё барои ӯ ду чашм қарор надодем,

9  Ва як забон ва ду лаб?!

10  Ва ӯро ба роҳи неку бад ҳидоят кардем.

11  Вале ӯ аз он гарданаи муҳим нагузашт.

12  Ва ту чӣ медонӣ он гардана чист?!

13  Озод кардани ғуломе,

14  Ё таом додан дар рӯзи гуруснагӣ,

15  Ятиме аз хешовандон,

16  Ё мустаманди хокнишинро,

17  Сипас аз касоне бошад, ки имон оварда ва якдигарро ба сабру раҳмат тавсия мекунанд.

18  Онҳо «Асҳаби ямин»-анд, (ки номаи аъмолашонро ба дасти росташон медиҳанд).

19  Ва касоне, ки оятҳои моро инкор кардаанд, ашхоси шуме ҳастанд, (ки номаи аъмолашон ба дасти чапашон дода мешавад).

20  Бар онҳо оташе аст фурўбаста, (ки роҳи гурезе аз он нест).

Сураи Шамс

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 15 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон

1  Ба хуршед ва густариши нури он савганд,

2  Ва ба Моҳ, ҳангоме, ки баъд аз он барояд,

3  Ва ба рӯз, ҳангоме, ки сафҳаи заминро равшан созад,

4  Ва ба шаб, он ҳангом, ки заминро бипўшонад,

5  Ва қасам бо он осмон ва касе, ки осмонро бино кардааст,

6  Ва ба замин ва касе, ки онро густаронидааст,

7  Ва қасам ба ҷони одамӣ ва он касе, ки онро (офарида ва) муназам сохтааст,

8  Сипас фуҷур ва тақво (хайру шар)-ро ба ў илҳом кардааст,

9  Ки ҳар кас нафаси худро поку тазкия кардааст, растагор шудааст.

10  Ва он кас, ки нафси худро бо гуноҳ олуда сохтааст, ноумед ва маҳрум гашатааст.

11  Қавми «Самуд» бар асари туғён (пайғамбарашонро) инкор карданд,

12  Он гоҳ, ки бадбахттарини онҳо ба по хост,

13  Ва фиристодаи илоҳӣ (Солеҳ) ба онҳо гуфт: «Шутури Худо (ҳамон шутуре, ки мўъҷизаи илоҳӣ буд)-ро ба обишхўраш вогузоред (ва музоҳими он нашавед)».

14  Вале онҳо ӯро инкор ва шутурро пай карданд (ва ба ҳалокат расониданд), бинобар ин, Парвардигорашон онҳо (ва саразаминашон)-ро ба хотири гуноҳонашон дарҳам кўбид ва бо хок софу яксон кард.

15  Ва ӯ ҳаргиз аз оқибати ин кор (муҷозоти ситамгарон) тарс надорад.

Сураи Лайл

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 21 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон

1  Қасам ба шаб дар он ҳангом, ки (ҷаҳонро) бипўшонад,

2  Ва қасам ба рӯз ҳангоме, ки таҷаллӣ кунад,

3  Ва қасам ба он кас, ки ҷинси нар ва ҷинси модаро офарид,

4  Ки саъю талоши шумо гуногун аст:

5  Аммо он кас, ки (дар роҳи Худо) инфоқ кунад ва парҳезгорӣ пеш гирад,

6  Ва ҷазои неки (илоҳӣ)-ро тасдиқ кунад,

7  Мо ӯро дар роҳи осоне қарор медиҳем.

8  Аммо касе, ки бухл варзад ва (аз ин роҳ) бениёзӣ талабад,

9  Ва подоши неки (илоҳӣ)-ро инкор кунад,

10  Ба зудӣ ӯро дар роҳи душворе қарор медиҳем.

11  Ва дар он ҳангом, ки (дар ҷаҳаннам) меафтад, молҳояш ба ҳоли ӯ суде нахоҳад дошт.

12  Ба яқин ҳидоят кардан бар мост,

13  Ва охирату дунё аз они мост,

14  Ва Мон шуморо аз оташе, ки забона мекашад, бим медиҳам,

15  Касе ҷуз бадбахттарини мардум дохили он намешавад.

16  Ҳамон касе, ки (оятҳои Худоро) инкор кард ва ба он пушт намуд.

17  Ва ба зудӣ бо тақвотарини мардум аз он дур дошта мешавад,

18  Ҳамон касе, ки моли худро (дар роҳи Худо) мебахшад, то пок шавад.

19  Ва ҳеҷ касро назди ӯ ҳаққи неъмате нест, то бихоҳад (ба ин васила) ӯро ҷазо диҳад,

20  Балки танҳо мақсадаш ҷалби ризои Парвардигори Бузурги ӯст.

21  Ва ба зудӣ розиву хушнуд мешавад.

back index