index next

Сураи Набаъ

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 40 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон

1  Онҳо аз чӣ чиз аз якдигар савол мекунанд?!

2  Аз хабари бузург ва пураҳамият (-и рӯзи қиёмат).

3  Ҳамон хабаре, ки ҳамеша дар он ихтилоф доранд.

4  Чунин нест, (ки онҳо фикр мекунанд), ба заудӣ мефаҳманд.

5  Боз ҳам чунин нест, (ки онҳо мепиндоранд), ба зудӣ мефаҳманд, (ки қиёмат ҳақ аст).

6  Оё заминро ҷои оромиш (-и шумо) қарор надодем?!

7  Ва кўҳҳоро мехҳои замин?!

8  Ва шуморо ба сурати завҷҳо офаридем.

9  Ва хоби шуморо сабаби оромишатон қарор додем,

10  Ва шабро пушише (барои шумо),

11  Ва рӯзро василае барои зиндагӣ ва маош.

12  Ва бар фарози шумо ҳафт (осмони) маҳкам бино кардем.

13  Ва чароғи равшану ҳароратбахше офаридем.

14  Ва аз абрҳои боронзо оби фаровоне нозил кардем,

15  То ба воситаи он дона ва гиёҳи бисёре бирўёнем,

16  Ва боғҳои пурдарахт.

17  (Оре), рӯзи ҷудоӣ, маоди ҳамагон аст.

18  Рӯзе, ки дар «Сур» дамида мешавад ва шумо гурӯҳ-гурӯҳ (ба маҳшар) меоед.

19  Ва осмон кушода мешавад ва ба сурати дарҳои зиёде медарояд.

20  Ва кўҳҳо ба ҳаракат медорояд ва ба сурати саробе мешавад.

21  Ҳатман (дар он рӯз) ҷаҳаннам камингоҳи бузурге аст,

22  Ва маҳалли бозгашт барои саркашон.

23  Мудатҳои дарозе дар он мемонанд.

24  Дар он ҷо на чизи хунуке мечашанд ва на нушидании гуворое,

25  Магар оби сӯзон ва моее аз чирку хун.

26  Ин муҷозоте аст мувафиқ ва муносиб (-и аъмолашон).

27  Зеро онҳо ҳеҷ умеде ба ҳисоб надоштанд,

28  Ва оятҳои моро ба куллӣ инкор карданд.

29  Ва мо ҳама чизро шумориш ва сабт кардаем.

30  Пас бичашед, ки чизе ғайр аз азоб бар шумо намеафзоем.

31  Ҳатман барои парҳезгорон наҷот ва пирӯзии бузурге аст:

32  Боғҳои сарсабзу анвои ангурҳо,

33  Ва ҳуриёни бисёр ҷавону ҳамсинну соле,

34  Ва ҷомҳои лабрезу паё пай (аз шароби таҳуре).

35  Дан он ҷо на сухани беҳудае мешунаванд ва на дурӯғе.

36  Ин подоше аст аз сўи Парвардигорат ва бахшише аст басанда.

37  Ҳамон Парвардигори осмонҳо ва замн ва он чӣ дар миёни он ду аст, Парвардигори Раҳмон. Ва (дар он рӯз) ҳеҷ кас ҳақ надорад беиҷозати Ў сухане бигӯяд (ё шафоате кунад).

38  Рӯзе, ки «Рўҳ» ва «Малоика» дар як саф меистанд ва ҳеҷ як, ҷуз ба изни Худованди Раҳмон, сухан намегӯянд ва (онгоҳ, ки мегӯянд) дуруст мегӯянд.

39  Он рӯзи ҳақ аст, ҳар кас бихоҳад роҳе ба сўи Парвардигораш интихоб мекунад.

40  Ва мо шуморо аз азоби наздик бим додем. Ин азоб дар рӯзе хоҳад буд, ки инсон он чиро аз пеш бо дастҳои худ фиристодааст, мебинад ва кофир мегӯяд: «Эй кош хок будам (ва гирифтори азоб намешудам!)».

Сураи Нозиот

Ин сурад дар Макка нозил шуда ва 46 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон

1  Қасам бар фариштагоне, ки (ҷони гунаҳкоронро ба сахтӣ аз баданҳояшон) мекашанд,

2  Ва фариштагоне, ки (рўҳи мӯъминонро) бо мудоро ва нишот ҷудо месозанд,

3  Ва қасам ба фариштагоне, ки (дар иҷрои фармони илоҳӣ) бо шитоб ҳаракат мекунанд,

4  Ва сипас бар якдигар пешӣ мегиранд,

5  Ва онҳо, ки корҳоро тадбир мекунанд.

6  Он рӯз, ки зилзилаҳои ваҳшатнок ҳама чизро ба ларза меоварад,

7  Ва ба дунболи он, ҳодисаи дуввумин (сайҳаи бузурги маҳшар) рух медиҳад,

8  Дилҳое дар он рӯз сахт музтариб аст,

9  Ва чашмҳои онҳо аз шиддати тарс фурў афтодааст.

10  (Вале имрӯз) мегӯянд: «Оё мо ба зиндагӣ нав бозмегардем?!

11  Оё ҳангоме, ки устухонҳои пӯсидае шудем, (мумкин аст зинда шавем?!)».

12  Мегӯянд: «Агар қиёмате даркор бошад, бозгаште аст зиёнбор».

13  Вале (бидонед) ин бозгашт танҳо бо як сайҳаи бузург аст.

14  Ногаҳон ҳамагӣ бар рўи замин зоҳир мегарданд.

15  Оё достони Мўсо ба ту расидааст?!

16  Дар он ҳангом, ки Парвардигораш ӯро дар сарзамини муқаддаси «Туво» нидо дод (ва гуфт:)

17  Ба сўи Фиръавн бирав, ки саркашӣ кардааст.

18  Ва ба ӯ бигӯ: «Оё мехоҳӣ покиза шавӣ?!

19  Ва ман туро ба сӯи Парвардигорат ҳидоят кунам, то аз Ў битарсӣ (ва гуноҳ накунӣ?!)».

20  Сипас Мўсо бузургтарин мўъҷизаро ба ӯ нишон дод.

21  Аммо ӯ инкор ва исён кард.

22  Сипас пушт кард ва пайваста (барои нобуд сохтани дини ҳақ) талош намуд.

23  Ва ҷодугаронро ҷамъ кард ва мардумро даъват намуд,

24  Ва гуфт: «Ман Парвардигори бартари шумо ҳастам».

25  Аз ин рӯ Худованд ӯро ба азоби охират ва дунё гирифтор сохт.

26  Дар ин ибрате аст барои касе, ки (аз Худо) битарсад.

27  Оё офариниши шумо (баъд аз марг) мушкилтар аст ё офариниши осмон, ки Худованд онро бино ниҳод?!

28  Сақфи онро барафрошт ва онро муназам сохт,

29  Ва шабашро торик ва рӯзашро ошкор намуд.

30  Ва заминро баъд аз он густариш дод,

31  Ва аз он обу чарогоҳашро берун овард,

32  Ва кӯҳҳоро сабиту маҳкам намуд.

33  Ҳамаи инҳо барои баҳрагирии шумо ва чаҳорпоёнатон аст.

34  Ҳангме, ки он ҳодисаи бузург рух диҳад,

35  Дар он рӯз инсон ба ёди кӯшишҳояш меафтад,

36  Ва ҷаҳанам барои ҳар бинандае ошкор мегардад.

37  Аммо он касе, ки саркашӣ кардааст,

38  Ва зиндагии дунёро (бар охират) муқаддам доштааст,

39  Ҳатман дўзах ҷойгоҳи ӯст.

40  Ва он кас, ки аз мақоми Парвардигораш тарсон бошад ва нафси худро аз ҳаво боз дорад,

41  Ҳатман биҳишт ҷойгоҳи ӯст.

42  Ва аз ту дар бораи қиёмат мепурсанд, ки дар чӣ змоне воқеъ мешавад?

43  Туро бо ёдоварии ин сухан чӣ кор?!

44  Ниҳояти он ба сӯи Првардигорои ту аст (ва ҳеҷ кас ғайр аз Худо аз замонаш огоҳ нест).

45  Кори ту фақат бим додани касоне аст, ки аз он метарсанд.

46  Онҳо дар он рӯз, ки қиёми қиёматро мебинанд, чунин эҳсос мекунанд, ки гуё таваққуфашон (дар дунё ва барзах) ғайр аз шомгоҳе ё субҳи он бештар набудааст.

Сураи Абаса

Ин сурад дар Макка нозил шуда ва 42 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон

1  Чеҳра дар ҳам кашид ва руй гардонд,

2 \ Аз ин ки нобиное ба суроғи ӯ омада буд.

3  Ту чӣ медонӣ, шояд ӯ покиву тақво пеша кунад,

4  Ё ёдовар шавад ва ин ёдоварӣ бо ҳоли ӯ муфид бошад.

5  Аммо он кас, ки тавонгар аст,

6  Ту ба ӯ рўй меоварӣ,

7  Дар ҳоле, ки агар ӯ худро пок насозад, чизе бар ту нест.

8  Аммо касе, ки ба суроғи ту меояд ва кӯшиш мекунад,

9  Ва за Худо тарсон аст,

10  Ту аз ӯ ғофил мешавӣ.

11  Ҳар гиз чунин нест, (ки онҳо мепиндоранд) ин Қуръон тазакуру ёдоварӣ аст,

12  Ҳар кас бихоҳад аз он панд мегирад.

13  Дар лавҳҳои пурарзише навишта шудааст,

14  Лавҳҳои волоқадру покиза.

15  Ба дасти сафироне аст,

16  Воломақому фармонбардор ва некӯкор.

17  Марг бар ин инсон, чӣ қадар кофиру носипос аст!

18  (Худованд) ӯро аз чӣ чиз офаридааст?!

19  Ўро аз нутфаи ночизе офарид, сипас андозагирӣ кард ва мавзун сохт,

20  Сипас роҳоро барои ӯ осон кард,

21  Баъд ӯро миронд ва дар қабр пинҳон намуд,

22  Сипас ҳар гоҳ бихоҳад ӯро зинда мекунад.

23  Чунин нест, (ки ӯ мепиндорад), ӯ ҳанўз он чиро (Худо) фармон додааст, итоат накардаст.

24  Инсон бояд ба таоми худ (ва офариниши он) бинигарад.

25  Мо оби фароровон аз осмон фурў рехтем,

26  Сипас заминро аз ҳам шикофтем,

27  Ва дар он донаҳои фаровоне рўёнидем,

28  Ва ангур ва сабзии бисёр,

29  Ва зайтун ва нахли фароваон,

30  Ва боғҳои пурдарахт,

31  Ва мева ва чарогоҳ,

32  То василае барои баҳрагирии шумо ва чаҳорпоёнатон бошад.

33  Ҳангоме, ки он садои ваҳшатнок (сайҳаи растохез) биёяд, (кофирон дар андўҳи амиқе фурў мераванд).

34  Дар он рӯз, ки инсон аз бародари худ мегурезад,

35  Ва аз модару Падараш,

36  Ва аз зану фарзандонаш.

37  Дар он рӯз ҳар кадоми аз онҳо вазъияте дорад, ки ӯро комилан ба худ машғул месозад.

38  Чеҳраҳое дар он рӯз кушода ва нурнӣ аст,

39  Хандону масрур аст.

40  Ва чеҳраҳое дар он рӯз ғуборолуд аст,

41  Ва дуди торике онҳоро пўшонидааст,

42  Онҳо ҳамон кофирони фоҷиранд.

Сураи Таквир

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 29 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон

1  Дар он ҳангом, ки хуршед дарҳам печида шавад,

2  Ва дар он ҳангом, ки ситорагон бефурўғ шаванд,

3  Ва дар он ҳангом, ки кӯҳҳо ба ҳаракат дароянд,

4  Ва дар он ҳангом, ки бо арзиштарин молҳо ба дасти фаромӯшӣ супурда шавад,

5  Ва дар он ҳангом, ки ваҳшиҳо ҷамъ шаванд,

6  Ва дар он ҳангом, ки дарёҳо барафрўхта шаванд,

7  Ва дар он ҳангом, ки ҳар кас бо ҳамсони худ қарин гардад,

8  Ва дар он ҳангом, ки аз духатрони зинда ба гӯр шуда, савол шавад:

9  Ба кодомин гуноҳ кушта шуданд?!

10  Ва дар он ҳангом, ки номаҳои аъмол кушода шавад,

11  Ва дар он ҳангом, ки парда аз рўи осмон гирифта шавад,

12  Ва дар он ҳангом, ки дўзах шўълавар гардад,

13  Ва дар он ҳангом, ки биҳишт наздик шавад,

14  (Оре дар он ҳангом) ҳар кас медонад чӣ чизеро омода кардааст.

15  Савганд ба ситорагоне, ки бозмегарданд,

16  Ҳаракат мекунанд ва аз дидаҳо пинҳон мешаванд,

17  Ва қасам ба шаб, ҳангоме, ки пушт кунад ва ба охир расад,

18  Ва ба субҳ, ҳангоме, ки танаффус кунад,

19  Ки ин (Қуръон) каломи фиристодаи бузургворе аст (Ҷабраили Амин),

20  Ки соҳиби қудрат аст ва назди (Худованди) соҳиби Арш, мақоми волое дорад.

21  Дар осмонҳо мавриди итоати (фариштагон) ва амин аст.

22  Ва соҳиби шумо (Паёмбар) девона нест.

23  Ӯ (Ҷабраил)-ро дар уфуқи равшан дида аст.

24  Ва ӯ нисбат ба он чӣ аз тариқи ваҳй дарёфт дошта, бухл надорад.

25  Ин (Қуръон) гуфтаи шайтони раҷим нест.

26  Пас ба куҷо меравед?!

27  Ин Қуръон чизе ғайр аз ёдоварие барои ҷаҳониён нест,

28  Барои касе аз шумо, ки бихоҳад роҳи рост дар пеш гирад.

29  Ва шумо намехоед, магар ин ки Худованд – Парвардигор ҷаҳониён – ирода кунад ва бихоҳад.

  index next