back

index

next

60  Онҳо (ба раисони худ) мегўянд: «Балки хушомад бар шумо мабод, ки ин азобро шумо барои мо фароҳам сохтед. Чӣ қароргоҳи баде аст ин ҷо!».

61  (Сипас) мегўянд: «Парвардигоро! Ҳар кас ин азобро барои мо фароҳам сохтааст, азоби музоафе дар оташ бар ў бияфзо!».

62  Онҳо мегўянд: «Чаро мардонеро, ки мо аз ашрор мешумурдем (дар ин ҷо, дар оташи дўзах) намебинем?!

63  Оё мо ононро ба масхара гирифтем ё (ба андозае ҳақиранд, ки) чашмҳо онҳоро намебинад?!».

64  Ин як ҳақиқат аст, гуфтугўҳои хасмонаи дўзахиён.

65  Бигў: «Ман танҳо як бимдиҳандаам ва ҳеҷ маъбуде ҷуз Худованди Яягонаи Қаҳҳор нест.

66  Парвардигори осмонҳо ва замин ва он чӣ миёни он ду аст, Парвардигори Азиз ва Ғаффор».

67  Бигў: «Ин хабари бузурге аст,

68  Ки шумо аз он рўйгардонед!

69  Ман аз малаи аъло (ва фариштагони олами боло) дар ҳангоме, ки (дар бораи офариниши Одам) мухосима мекарданд, хабар надорам.

70  Танҳо чизе, ки ба ман ваҳй мешавад ин аст, ки ман инзоркунандаи ошкоре ҳастам».

71  (Ва ба хотир биёвар) ҳангомеро, ки Парвардигорат ба фариштагон гуфт: «Ман башареро аз гил меофарам.

72  Ҳангоме, ки онро низом бахшидам ва аз рўҳи худ дар он дамидам, барои ў ба саҷда афтед».

73  Дар он ҳангом ҳамаи фариштагон саҷда карданд,

74  Ҷуз Иблис, ки такаббур варзид ва аз кофирон буд.

75  Гуфт: «Эй Иблис! Чӣ чиз монеи ту шуд, ки бар махлуқе, ки бо қудрати худ ўро офаридам, саҷда кунӣ?! Оё такаббур кардӣ ё аз бартаринҳо будӣ?! (Бартар аз ин ки фармони саҷда ба ту дода шавад!)».

76  Гуфт: «Ман аз ў беҳтарам, маро аз оташ офаридӣ ва ўро аз гил».

77  Фармуд: «Аз осмонҳо (ва сафҳои малоика) берун шав, ки ту рондаи даргоҳи Ман ҳастӣ.

78  Ва ҳатман лаънати Ман бар ту то қиёмат хоҳад буд».

79  Гуфт: «Парвардигоро! Маро то рўзе, ки инсонҳо барангехта мешаванд, мўҳлат деҳ».

80  Фармуд: «Ту аз мўҳлатдодашудагонӣ,

81  Вале то рўз ва замони муайян».

82  Гуфт: «Ба иззатат қасам, ҳамаи ононро гумроҳ хоҳам кард,

83  Магар бандагони холиси ту, аз миёни онҳо».

84  Фармуд: «Ба ҳақ савганд ва ҳақ мегўям,

85  Ки ҷаҳаннамро аз ту ва ҳар кадом аз онон, ки аз ту пайравӣ кунад, пур хоҳам кард!».

86  (Эй Пайғамбар!) Бигў: «Ман барои даъвати нубувват ҳеҷ подоше аз шумо наметалабам ва ман аз мутакаллифон нестам. (Суханонам равшан ва ҳамроҳ бо далел аст)».

87  Ин (Қуръон) тазаккуре барои ҳамаи ҷаҳониён аст.

88  Ва хабари онро баъд аз муддате мешунавед.

Сураи Зумар

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 75 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон

1 Ин китобе аст, ки аз сўи Худованди Азиз ва Ҳаким нозил шудааст.

2  Мо ин китобро ба ҳақ бар ту нозил кардем, пас Худоро парастиш кун ва дини худро барои Ў холис гардон.

3  Огоҳ бошед, ки дини холис аз они Худост ва онҳо, ки ғайри Худоро авлиёи худ қарор доданд, (далелашон ин буд, ки:) Инҳоро намепарастем, магар ба хотири ин ки моро ба Худованд наздик кунанд. Худованд рўзи қиёмат миёни онон дар он чӣ ихтилоф доштанд, доварӣ мекунад. Худованд он касро, ки дурўғгў ва куфронкунанда аст, ҳаргиз ҳидоят намекунад.

4  Агар (ба фарзи маҳол) Худо мехост фарзанде интихоб кунад, аз миёни махлуқоташ он чиро мехост бармегузид. Муназзаҳ аст (аз ин ки фарзанде дошта бошад!). Ў Худованди Яктои Пирўз аст.

5  Осмонҳо ва заминро ба ҳақ офарид, шабро бар рўз мепечад ва рўзро бар шаб. Ва хуршеду моҳро мусаххари фармони худ қарор дод, ҳар кадом то саромади муайяне ба ҳаракати худ идома медиҳанд. Огоҳ бошед, ки Ў Қодир ва Омурзанда аст.

6  Ў шуморо аз як нафс офарид ва ҳамсарашро аз (боқимондаи гили) ў халқ кард. Ва барои шумо ҳашт завҷ аз чаҳорпоён эҷод кард. Ў шуморо дар шиками модаронатон офаринише баъд аз офариниши дигар, дар миёни торикиҳои се гона, мебахшад. Ин аст Худованд, Парвардигори шумо, ки ҳукумат (-и олами ҳастӣ) аз они Ўст. Ҳеҷ маъбуде ҷуз Ў нест, пас чӣ гуна аз роҳи ҳақ мунҳариф мешавед?!

7  Агар куфрон кунед, Худованд аз шумо бениёз аст ва ҳаргиз куфронро барои бандагонаш намеписандад ва агар шукри Ўро ба ҷо оваред, онро барои шумо меписандад. Ва ҳеҷ гунаҳкоре гуноҳи дигариро бар дўш намекашад. Сипас бозгашти ҳамаи шумо ба сўи Парвардигоратон аст ва шуморо аз он чӣ анҷом медодед, огоҳ месозад, зеро Ў ба он чӣ дар синаҳост огоҳ аст.

8  Ҳангоме, ки инсонро зиёне расад, Парвардигори худро мехонад ва ба сўи Ў бозмегардад, аммо ҳангоме, ки неъмате аз худ ба ў ато кунад, он чиро ба хотири он пеш аз он Худоро мехонд, аз ёд мебарад ва барои Худованд ҳамтоёне қарор медиҳад, то мардумро аз роҳи Ў мунҳариф созад. Бигў: «Чанд рўзе аз куфрат баҳра гир, ки аз дўзахиёнӣ!».

9  (Оё чунин касе бо аразиш аст) ё касе, ки дар соатҳои шаб ба ибодат машғул аст ва дар ҳоли саҷдаву қиём, аз азоби охират метарсад ва ба раҳмати Парвардигораш умедвор аст?! Бигў: «Оё касоне, ки медонанд, бо касоне, ки намедонанд, яксонанд?! Танҳо хирадмандон мутазаккир мешаванд».

10  Бигў: «Эй бандагони ман, ки имон овардаед! Аз (мухолифати) Ппарвардигоратон бипарҳезед. Барои касоне, ки дар ин дунё некӣ кардаанд, подоши некўе аст. Ва замини Худо васеъ аст, (агар таҳти фишори сарони куфр будед, муҳоҷират кунед), ки собирон аҷру подоши худро беҳисоб дарёфт медоранд».

11  Бигў: «Ман маъмурам, ки Худоро парастиш кунам, дар ҳоле, ки динамро барои Ў холис карда бошам,

12  Ва маъмурам, ки нахустин мусулмон бошам».

13  Бигў: «Ман агар нофармонии Парвардигорам кунам, аз азоби рўзи бузург (-и қиёмат) метарсам».

14  Бигў: «Ман танҳо Худоро мепарастам, дар ҳоле, ки динамро барои Ў холис мекунам.

15  Шумо ҳар чиро ҷуз Ў мехоҳед, бипарастед». Бигў: «Зиёнкорони ҳақиқӣ ононанд, ки сармояи вуҷуди худ ва бастагонашонро дар рўзи қиёмат аз даст додаанд. Огоҳ бошед, зиёни ошкор ҳамин аст».

16  Барои онон аз болои сарашон соябонҳое аз оташ ва дар зери пояшон низ соябонҳое (аз оташ) аст. Ин чизе аст, ки Худованд бо он бандагонашро метарсонад. Эй бандагони ман! Аз (нофармонии) Ман бипарҳезед.

17  Ва касоне, ки аз ибодати тоғут парҳез карданд ва ба сўи Худованд бозгаштанд, башорат аз они онҳост, пас бандагони Маро башорат деҳ.

18  Ҳамон касоне, ки суханонро мешунаванд ва аз некўтарини онҳо пайравӣ мекунанд, онон касоне ҳастанд, ки Худо ҳидояташон карда ва онҳо хирадмандонанд.

19  Оё ту метавонӣ касеро, ки фармони азоб дар бораи ў ҳатмӣ шудааст, раҳоӣ бахшӣ?! Оё ту метавонӣ касеро, ки дар даруни оташ аст, баргирӣ ва наҷот диҳӣ?!

20  Вале онҳо, ки тақвои илоҳӣ пеша карданд, ҳуҷраҳое дар биҳишт доранд, ки бар фарози онҳо ҳуҷраҳои дигаре бино шуда ва аз зери онҳо наҳрҳо ҷорӣ аст, ин ваъдаи илоҳӣ аст ва Худованд дар ваъдаи худ тахаллуф намекунад.

21  Оё надидӣ, ки Худованд аз осмон обе фиристод ва онро ба сурати чашмаҳое дар замин дохил намуд, сипас бо он зироатеро берун месозад, ки рангҳои мухталиф дорад. Баъди он гиёҳ хушк мешавад, ба гунае, ки онро зарду берўҳ мебинӣ, сипас онро дарҳам мешиканад ва хурд мекунад?! Дар ин мисол тазаккуре аст барои хирадмандон (аз нопойдории дунё).

back

index

next