back

index

next

35 Ҳамон касе, ки бо фазли худ моро дар ин сарои иқомат (-и ҷовидон) ҷой дод, ки на дар он ранҷе ба мо мерасад ва на сустӣ ва дармондагӣ.

36 Ва касоне, ки кофир шуданд, оташи дўзах барои онҳост, ҳаргиз фармони маргашон содир намешавад, то бимиранд ва на чизе аз азобаш аз онон сабук карда мешавад. Ин гуна ҳар куфронкунандаеро кайфар медиҳем.

37 Онҳо дар дўзах фарёд мезананд: «Парвардигоро! Моро берун кун, то амали солеҳе анҷом диҳем, ғайр аз он чӣ анҷом медодем». (Дар ҷавоб ба онон гуфта мешавад:) Оё шуморо ба андозае, ки ҳар кас аҳли тазаккур аст, дар он мутазаккир мешавад умр надодем. Ва инзоркунанда (-и илоҳӣ) ба суроғи шумо наомад?! Акнун бичашед, ки барои золимон ҳеҷ ёваре нест!

38 Худованд аз ғайби осмонҳо ва замин огоҳ аст ва он чиро дар даруни дилҳост, медонад.

39 Ўст, ки шуморо ҷонишиноне дар замин қарор дод. Ҳар кас кофир шавад, куфри ў ба зиёни худаш хоҳад буд ва кофиронро куфрашон ҷуз хашму ғазаб дар назди Парвардигор чизе намеафзояд. Ва (низ) куфрашон ҷуз зиёну хусрон чизе бар онҳо изофа намекунад.

40 Бигў: «Ба ман хабар диҳед, ин маъбудонеро, ки ҷуз Худо мехонед, чӣ чизе аз заминро офаридаанд, ё ин ки ширкате дар (офариниш ва моликияти) осмонҳо доранд?! Ё ба онон китоб (-и осмоние) додаем ва далеле аз он барои (ширки) худ доранд?!». На, ҳеҷ як аз инҳо нест, золимон фақат ваъдаҳои дурўғин ба якдигар медиҳанд.

41 Худованд осмонҳо ва заминро нигоҳ медорад, то аз низоми худ мунҳариф нашаванд ва ҳар гоҳ мунҳариф гарданд, касе ҷуз Ў наметавонад онҳоро нигоҳ дорад. Ў Бурдбор ва Омурзанда аст.

42 Онон бо ниҳояти таъкид ба Худо савганд хўрданд, ки агар пайғамбари инзоркунандае ба суроғашон ояд, ҳидоят ёфтатарини умматҳо хоҳанд буд, аммо чун пайғамбаре барои онон омад, ҷуз гурез ва фосила гирифтан (аз ҳақ) чизе бар онҳо наафзуд.

43 Инҳо ҳама ба хотири истикбор дар замин ва найрангҳои бадашон буд, аммо ин найрангҳо танҳо доманҳои соҳибонашро мегирад. Оё онҳо чизе ҷуз суннати пешиниён ва (азобҳои дардноки онон)-ро интизор доранд?! Ҳаргиз барои суннати Худо табдиле нахоҳӣ ёфт ва ҳаргиз барои суннати илоҳӣ тағйире намеёбӣ.

44 Оё онон дар замин нагаштанд, то бибинанд, оқибати касоне, ки пеш аз онҳо буданд, чӣ гуна буд?! Ҳамонҳо, ки аз инҳо қавитар (ва нерўмандтар) буданд, на чизе дар осмонҳо ва на чизе да замин аз доираи қудрати Ў берун нахоҳад рафт. Ў Доно ва Тавоност.

45 Агар Худованд мардумро ба сабаби корҳое, ки анҷом додаанд муҷозот кунад, ҷундбандаеро бар пушти замин боқӣ нахоҳад гузошт, вале (ба лутфаш) онҳоро то саромади муайяне таъхир меандозад (ва мўҳлати ислоҳ медиҳад), аммо ҳангоме, ки аҷали онон фаро расад, (Худованд ҳар касро ба муқтазои амалаш ҷазо медиҳад). Ў нисбат ба бандагонаш биност (ва аз аъмолу ниятҳои ҳама огоҳ аст).

Сураи Ёсин

сура дар Макка нозил шуда ва 83 оят Ин дорад.

номи Худованди Ба Бахшандаи Меҳрубон

1 Ёсин.

2 Савганд ба Қуръони Ҳаким.

3 Ки ту қатъан аз расулон (-и Худованд) ҳастӣ,

4 Бар роҳи росте (қарор дорӣ).

5 Ин Қуръоне аст, ки аз сўи Худованди Азиз ва Раҳим нозил шудааст.

6 То қавмеро бим диҳӣ, ки падаронашон инзор нашуданд, бинобар ин онҳо ғофиланд.

7 Фармон (-и илоҳӣ) дар бораи бештари онҳо таҳаққуқ ёфтааст, ба ҳамин ҷиҳат имон намеоваранд.

8 Мо дар гарданҳои онон ғулҳое қарор додем, ки то чонаҳо идома дорад ва сарҳои ононро ба боло нигоҳ доштааст.

9 Ва дар пеши рўи онон садде қарор додем ва дар пушти сарашон садде. Ва чашмонашонро пўшондаем, бинобар ин намебинанд.

10 Барои онон яксон аст: Чӣ инзорашон кунӣ ё накунӣ, имон намеоваранд.

11 Ту фақат касеро инзор мекунӣ, ки аз ин ёдоварӣ (-и илоҳӣ) пайравӣ кунад ва аз Худованди Раҳмон дар пинҳон битарсад, чунин касеро ба омурзиш ва подоши пурарзише башорат деҳ.

12 Ба яқин, мо мурдагонро зинда мекунем ва он чиро аз пеш фиристодаанд ва тамоми осори онҳоро менависем ва ҳамаи чизро дар китоби ошкоркунандае баршумурдаем.

13 Ва барои онҳо, асҳоби қаря (-и Антоқия)-ро мисол бизан, ҳангоме, ки фиристодагони Худо ба сўи онон омаданд.

14 Ҳангоме, ки ду нафар аз расулонро ба сўи онҳо фиристодем, аммо онон расулон (-и мо)-ро инкор карданд, пас барои тақвияти он ду, шахси севвуме фиристодем, онҳо ҳамагӣ гуфтанд: «Мо фиристодагон (-и Худо) ба сўи шумо ҳастем».

15 Аммо онон (дар ҷавоб) гуфтанд: «Шумо ҷуз башаре монанди мо нестед ва Худованди Раҳмон чизе нозил накардааст, шумо фақат дурўғ мегўед».

16 (Расулони мо) гуфтанд: «Парвардигори мо огоҳ аст, ки мо ҳатман фиристодагон (-и Ў) ба сўи шумо ҳастем,

17 Ва бар ўҳдаи мо чизе ҷуз иблоғи ошкор нест».

18 Онон гуфтанд: «Мо шуморо ба фоли бад гирифтаем (ва вуҷуди шуморо шум медонем) ва агар (аз ин суханон) даст накашед, шуморо сангсор хоҳем кард ва шиканҷаи дардноке аз мо ба шумо хоҳад расид!

19 (Расулон) гуфтанд: «Шумии шумо аз худатон аст, агар дуруст бияндешед, балки шумо гурўҳи исрофкоред».

20 Ва марди (боимоне) аз дуртарин нуқтаи шаҳр бо шитоб фаро расид, гуфт: «Эй қавми ман! Аз фиристодагон (-и Худо) пайравӣ кунед.

21 Аз касоне пайравӣ кунед, ки аз шумо музде намехоҳанд ва худ ҳидоятёфтаанд.

22 Ман чаро касеро парастиш накунам, ки маро офарида ва ҳамагӣ ба сўи Ў бозгашт дода мешавед?!

23 Оё ғайр аз Ў маъбудонеро интихоб кунам, ки агар Худованди Раҳмон бихоҳад зиёне ба ман бирасонад, шафоати онҳо камтарин фоидае барои ман надорад ва маро (аз муҷозоти Ў) наҷот нахоҳанд дод?!

24 Агар чунин кунам, ман дар гумроҳии ошкоре хоҳам буд.

25 (Ба ҳамин далел), ман ба Парвардигоратон имон овардам, пас ба суханони ман гўш фаро диҳед».

26 (Саранҷом ўро шаҳид карданд ва) ба ў гуфта шуд: «Дохили биҳишт шав». Гуфт: «Эй кош қавми ман медонистанд,

27 Ки Парвардигорам маро омурзида ва аз гиромидоштагон қарор додааст!».

28 Ва мо баъд аз ў бар қавмаш ҳеҷ лашкаре аз осмон нафиристодем ва ҳаргиз суннати мо бар ин набуд,

29 (Балки) фақат як сайҳаи осмонӣ буд, ногаҳон ҳамагӣ хомўш шуданд.

30 Афсўс бар ин бандагон, ки ҳеҷ пайғамбаре барои ҳидояти онон наомад, магар ин ки ўро масхара мекарданд!

31 Оё надиданд, чӣ қадар аз ақвоми пеш аз ононро (ба хотири гуноҳонашон) ҳалок кардем, ки онҳо ҳаргиз ба сўи эшон бознамегарданд (ва зинда намешаванд?!).

32 Ва ҳамаи онон (рўзи қиёмат) назди мо ҳозир карда мешаванд.

33 Замини мурда барои онҳо нишонае аст, мо онро зинда кардем ва донаҳои (хўрокӣ) аз он берун сохтем, ки аз он мехўранд.

34 Ва дар он боғҳое аз нахлҳо ва ангурҳо қарор додем ва чашмаҳое аз он ҷорӣ сохтем,

35 То аз меваи он бихўранд, дар ҳоле, ки дасти онон ҳеҷ дахолате дар сохтани он надоштааст. Оё шукри Худоро ба ҷо намеоваранд?!

36 Муназзаҳ аст касе, ки тамоми завҷҳоро офарид, аз он чӣ замин мерўёнад ва аз худашон ва аз он чӣ намедонанд.

37 Шаб (низ) барои онҳо нишонае аст (аз азамати Худо), мо рўзро аз он бармегирем ногаҳон торикӣ ононро фаро мегирад.

38 Ва хурш

back

index

next