Сураи Муҷодила

Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 22 оят дорад.
Ба номи Худованди Бахшандаи Сураи Муҷодила

Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 22 оят дорад.
Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1 Худованд сухани занеро, ки дар бораи шавҳараш ба ту муроҷиат карда буд ва ба Худованд шикоят мекард, шунид (ва дархости ўро иҷобат кард). Худованд гуфтугўи шуморо бо ҳам (ва исрори он занро дар бораи ҳалли мушкилаш) мешунид. Ва Худованд Шунаво ва Биност.

2 Касоне, ки аз шумо нисбат ба ҳамсаронашон «зиҳор» мекунанд (ва мегўянд: Ту нисбат ба ман ба манзилаи модарам ҳастӣ), онон ҳаргиз модаронашон нестанд. Модаронашон танҳо касонеанд, ки онҳоро ба дунё овардаанд. Онҳо сухани зишту ботиле мегўянд. Ва Худованд Бахшанда ва Омурзанда аст.

3 Касоне, ки ҳамсарони худро «зиҳор» мекунанд, сипас аз гуфтаи худ бозмегарданд, бояд пеш аз омезиши ҷинсӣ бо ҳам, бардаеро озод кунанд. Индастуре аст, ки ба он андарз дода мешавед. Ва Худованд ба он чӣ анҷом медиҳед огоҳ аст.

4 Ва касе, ки тавоноии (озодкандани бардае) надошта бошад, ду моҳ паёпай қабл аз омезиш рўза бигирад ва касе, ки инро ҳам натавонад, шаст мискинро таом диҳад, инкор барои он аст, ки ба Худо ва расулаш имон биёваред. Инмарзҳои илоҳӣ аст ва касоне, ки бо он мухолифат кунанд, азоби дардноке доранд.

5 Касоне, ки бо Худо ва Расулаш душманӣ мекунанд, хору залил шуданд, он гуна, ки пешиниён хору залил шуданд. Мооёти равшане нозил кардем ва барои кофирон азоби хоркунандае аст,

6 Дар он рўз, ки Худованд ҳамаи онҳоро бармеангезад ва аз аъмоле, ки анҷом доданд бо хабар месозад, аъмоле, ки Худованд ҳисоби онро нигаҳ дошта ва онҳо фаромўшаш карданд. Ва Худованд ба ҳар чиз Шоҳиду Нозир аст.

7 Оё намедонӣ, ки Худованд он чиро дар осмонҳо ва он чиро дар замин аст, медонад. Ҳеҷгоҳ се нафар бо ҳам наҷво намекунанд, магар ин ки Худованд чаҳорўмини онҳост ва ҳеҷгоҳ панҷ нафар бо ҳам наҷво намекунанд, магар ин ки Худованд шашўмини онҳост ва на теъдоди камтаре ва на бештар аз он, магар ин ки Ў ҳамроҳи онҳост, ҳар ҷо ки бошанд, сипас рўзи қиёмат онҳоро аз аъмолашон огоҳ месозад, зеро ки Худованд ба ҳар чизе Доност.

8 Оё надидӣ касонеро, ки аз наҷво (сухан гуфтан дар гўш) наҳй шуданд, сипас ба коре, ки аз он наҳй шуда буданд бозмедоранд ва барои анҷоми гуноҳ ва таҷовузу нофармонии Расули Худо ба наҷво мепардозанд ва ҳангоме, ки назди ту меоянд, туро таҳият (ва хушомаде) мегўянд, ки Худо ба ту нагуфтааст ва дар дил мегўянд: «Чаро Худованд моро ба хотири гуфтаҳоямон азоб намекунад?!». Ҷаҳаннамбарои онҳо кофӣ аст, вориди он мешаванд ва оқибати баде аст!

9 Эй касоне, ки имон овардаед! Ҳангоме, ки наҷво мекунед, ба гуноҳу таҷовуз ва нофармонии Расули (Худо) наҷво накунед ва ба кори нек ва тақво наҷво кунед ва аз Худое, ки ҳамагӣ назди Ў ҷамъ мешавед, бипарҳезед.

10 Наҷво танҳо аз сўи шайтон аст, мехоҳад бо он мўъминон ғамгин шаванд, вале наметавонад ҳеҷ гуна зараре ба онҳо бирасонад, ҷуз ба фармони Худо. Пасмўъминон танҳо бар Худо таваккул кунанд.

11 Эй касоне, ки имон овардаед! Ҳангоме, ки ба шумо гуфта шавад: «Маҷлисро вусъат бахшед (ва ба навомадаҳо ҷой диҳед)», вусъат бахшед, Худованд (биҳиштро) барои шумо вусъат мебахшад. Ва ҳангоме, ки гуфта шавад: «Бархезед», бархезед. Агар чунин кунед, Худованд касонеро, ки имон овардаанд ва касонеро, ки илм ба онон дода шудааст, дараҷоти азиме мебахшад. Ва Худованд ба он чӣ анҷом медиҳед, огоҳ аст.

12 Эй касоне, ки имон овардаед! Ҳангоме, ки мехоҳед бо Расули Худо наҷво кунед (ва суханони пинҳонӣ бигўед), қабл аз он садақае (дар роҳи Худо) бидиҳед. Ин барои шумо беҳтар ва покизатар аст. Ва агар тавоноӣ надошта бошед, Худованд Омурзанда ва Меҳрубон аст.

13 Оё тарсидед фақир шавед, ки аз додани садақот қабл аз наҷво худдорӣ кардед?! Акнун, ки ин корро накардед ва Худованд тавбаи шуморо пазируфт, намозро барпо доред ва закотро адо кунед ва Худо ва Паёмбарашро итоат намоед ва (бидонед) Худованд аз он чӣ анҷом медиҳед, бохабар аст.

14 Оё надидӣ касонеро, ки тарҳи дўстӣ бо гурўҳе, ки мавриди ғазаби Худо буданд рехтанд?! Онҳо на аз шумо ҳастанд ва на аз онон. Савганди дурўғ ёд мекунанд, (ки аз шумо ҳастанд), дар ҳоле, ки худашон медонанд (дурўғ мегўянд).

15 Худованд азоби шадиде барои онон фароҳам сохтааст, зеро аъмоли баде анҷом медоданд.

16 Онҳо савгандҳои худро сипаре қарор доданд ва мардумро аз роҳи Худо боздоштанд. Бинобар ин барои онон азоби хоркунандае аст.

17 Ҳаргиз амвол ва авлодашон онҳоро аз азоби илоҳӣ ҳифз намекунад. Онҳо аҳли оташанд ва ҷовидона дар он мемонанд.

18 (Ба хотир биёваред) рўзеро, ки Худованд ҳамаи онҳоро бармеангезад, онҳо барои Худо низ савганди (дурўғ) ёд мекунанд, ҳамон гуна, ки (имрўз) барои шумо ёд мекунанд ва гумон мекунанд коре метавонанд анҷом диҳанд. Бидонед онҳо дурўғгўёнанд.

19 Шайтон бар онҳо мусаллат шуда ва ёди Худоро аз хотири онҳо бурдааст. Онон ҳизби шайтонанд. Бидонед ҳизби шайтон зиёнкоронанд.

20 Касоне, ки бо Худо ва Расулаш душманӣ мекунанд, онҳо дар зумраи залилтарин ашхосанд.

21 Худованд чунин муқаррар дошта, ки Ман ва расулонам пирўз мешавем, зеро Худованд Қудратманд ва Шикастнопазир аст.

22 Ҳеҷ қавмеро, ки имон ба Худо ва рўзи қиёмат доранд, намеёбӣ, ки бо душманони Худо ва Расулаш дўстӣ кунанд, ҳарчанд падарон ё фарзандон ё бародарон ё хешовандонашон бошанд. Онон касоне ҳастанд, ки Худо имонро бар саҳифаи дилҳояшон навишта ва бо рўҳе аз ноҳияи худаш онҳоро қувват бахшида ва онҳоро дар боғҳое аз биҳишт ворид мекунад, ки наҳрҳо аз зери (дарахтонаш) ҷорӣ аст, ҷовидонадар он мемонанд. Худо аз онон хушнуд аст ва онон низ аз Худо хушнуданд. Онҳо Ҳизбуллоҳанд, бидонед «Ҳизбуллоҳ » пирўзон ва растагоронанд.

Сураи Ҳашр

Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 24 оят дорад.
Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1 Он чӣ дар осмонҳо ва он чӣ дар замин аст, барои Худо тасбеҳ мегўянд. Ва Ў Азиз ва Ҳаким аст.

2 Ў касе аст, ки кофирони Аҳли Китобро дар нахустин бархўрд (бо мусулмонон) аз хонаҳояшон берун ронд. Гумон намекардед онон хориҷ шаванд ва худашон низ гумон мекарданд, ки қалъаҳои мустаҳкамашон онҳоро аз азоби илоҳӣ монеъ мешавад. Аммо Худованд аз он ҷо ки гумон намекарданд ба суроғашон омад ва дар дилҳояшон тарсу ваҳшат афканд, ба гунае, ки хонаҳои худро бо дасти хеш ва бо дасти мўъминон вайрон мекарданд. Пас ибрат бигиред эй соҳибон чашм!

3 Ва агар на ин буд, ки Худованд тарки ватанро бар онон муқаррар дошта буд, онҳоро дар ҳамин дунё муҷозот мекард ва барои онон дар охират низ азоби оташ аст.

4 Ин ба хотири он аст, ки онҳо бо Худо ва Расулаш душманӣ карданд ва ҳар кас бо Худо душманӣ кунад, (бояд бидонад, ки) Худо муҷозоти шадиде дорад.

5 Ҳар дарахти боарзиши нахлро қатъ кардед ё онро ба ҳоли худ вогузоштед, ҳама ба фармони Худо буд ва барои ин буд, ки фосиқонро хору расво кунад.

6 Ва он чиро Худо аз онон (яҳуд) ба Расулаш бозгардонида (ва бахшида) чизе аст, ки шумо барои ба даст овардани он (заҳмате накашидед), на аспе тохтед ва на шутуре, вале Худованд расулони худро бар ҳар кас бихоҳад мусаллат месозад. Ва Худо ба ҳар чиз Тавоност.

7 Он чиро Худованд аз аҳли ин ободиҳо ба Расулаш бозгардонид, аз они Худо ва Расулаш ва хешовандони ў ва ятимону мустамандон ва дар роҳ мондагон аст, то (ин амволи азим) дар миёни сарватмандони шумо даст ба даст нагардад. Он чиро Расули Худо барои шумо овардааст, бигиред (ва иҷро кунед) ва аз он чӣ наҳй кардааст, худдорӣ намоед ва аз (мухолифати) Худо бипарҳезед, ки Худованд кайфараш шадид аст.

8 Ин амвол барои фақирони муҳоҷироне аст, ки аз хонаву кошона ва амволи худ берун ронда шуданд, дар ҳоле, ки фазли илоҳӣ ва ризои Ўро металабанд ва Худову Расулашро ёрӣ мекунанд, ва онҳо ростгўёнанд.

9 Ва барои касоне аст, ки дар ин саро (сарзамини Мадина) ва дар сарои имон пеш аз муҳоҷирон маскан гузиданд ва касонеро, ки ба сўяшон ҳиҷрат кунанд, дўст медоранд ва дар дили худ ниёзе ба он чӣ ба муҳоҷирон дода шудааст, эҳсос намекунанд ва онҳоро бар худ муқаддам медоранд, ҳарчанд худашон бисёр ниёзманд бошанд. Касоне, ки аз бухлу ҳирси нафси хеш боздошта шудаанд, растагоронанд.

10 (Ҳамчунин) касоне, ки баъд аз онҳо (баъд аз муҳоҷирону ансор) омаданд ва мегўянд: «Парвардигоро! Мо ва бародаронамонро, ки дар имон бар мо пешӣ гирифтанд, биёмурз ва дар дилҳоямон ҳасаду кинае нисбат ба мўъминон қарор мадеҳ! Парвардигоро! Ту Меҳрубон ва Раҳимӣ».

11 Оё мунофиқонро надидӣ, ки пайваста ба бародарони куффорашон аз Аҳли Китоб мегуфтанд: «Ҳаргоҳ шуморо (аз ватан) берун кунанд, мо ҳам бо шумо берун хоҳем рафт ва ҳаргиз сухани ҳеҷ касро дар бораи шумо итоат нахоҳем кард ва агар бо шумо пайкор шавад, ёриятон хоҳем намуд?!». Худованд шаҳодат медиҳад, ки онҳо дурўғгўёнанд.

12 Агар онҳоро берун кунанд, бо онон берун намераванд ва агар бо онҳо пайкор шавад, ёрияшон нахоҳанд кард ва агар ёрияшон кунанд, пушт ба майдон карда мегурезанд, сипас касе ононро ёрӣ намекунад.

13 Ваҳшат аз шумо дар дилҳои онон беш аз тарси Худост. Инба хотири он аст, ки онҳо гурўҳи нодонеанд.

14 Онҳо ҳаргиз бо шумо ба сурати гурўҳӣ намеҷанганд, ҷуз дар қалъаҳои маҳкам ё аз пушти деворҳо. Пайкорашон дар миёни худашон шадид аст, (аммо дар баробари шумо заиф). Онҳоро муттаҳид мепиндорӣ, дар ҳоле, ки дилҳояшон пароканда аст. Ин ба хотири он аст, ки онҳо қавме ҳастанд, ки андеша намекунанд.

15 (Кори ин гурўҳ аз яҳуд) монанди касоне аст, ки каме қабл аз онон буданд, таъми талхи кори худро чашиданд ва барои онҳо азоби дардноке аст.

16 Кори онҳо ҳамчун шайтон аст, ки ба инсон гуфт: «Кофир шав, (то мушкилоти туро ҳал кунам)», аммо ҳангоме, ки кофир шуд, гуфт: «Ман аз ту безорам, ман аз Худованде, ки Парвардигори оламиён аст, бим дорам».

17 Саранҷоми корашон ин шуд, ки ҳар ду дар оташи дўзах хоҳанд буд, ҷовидона дар он мемонанд. Ва ин аст кайфари ситамкорон.

18 Эй касоне, ки имон овардаед! Аз (мухолифати) Худо бипарҳезед ва ҳар кас бояд бинигарад, то барои фардояш чӣ чиз аз пеш фиристодааст. Вааз Худо бипарҳезед, ки Худованд аз он чӣ анҷом медиҳед, огоҳ аст.

19 Ва ҳамчун касоне набошед, ки Худоро фаромўш карданд ва Худо низ онҳоро ба «худфаромушӣ» гирифтор кард, онҳо фосиқонанд.

20 Ҳаргиз дўзахиёну биҳиштиён яксон нестанд. Асҳоби биҳишт растагору пирўзанд.

21 Агар ин Қуръонро бар кўҳе нозил мекардем, медидӣ, ки дар баробари он хошеъ мешавад ва аз хавфи Худо мешикофад. Инҳомисолҳое аст, ки барои мардум мезанем, шояд дар он бияндешанд.

22 Ў Худое аст, ки маъбуде ҷуз Ў нест, Донои ошкору ниҳон аст. ВаЎ Раҳмону Раҳим аст.

23 Ў Худое аст, ки маъбуде ҷузЎ нест, Ҳокиму Молики аслӣ Ўст, азҳар айб муназзаҳ аст, ситам намекунад, Амниятбахш аст, Муроқиби ҳама чиз аст, Қудратманди Шикастнопазире, ки бо иродаи нофизи худ ҳар амреро ислоҳ мекунад ва шоистаи азамат аст. Худованд муназзаҳ аст аз он чӣ шарик барои Ў қарор медиҳанд.

24 Ў Худованде аст Холиқ, Офаринандаи бесобиқа ва Суратгари (беназире). Барои Ў номҳои нек аст. Он чӣ дар осмонҳо ва замин аст, тасбеҳи Ў мегўянд. ВаЎ Азиз ва Ҳаким аст.

Сураи Мумтаҳана

Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 13 оят дорад.
Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1 Эй касоне, ки имон овардаед! ДушманиМан ва душмани худатонро дўст нагиред. Шумо нисбат ба онон изҳори муҳаббат мекунед, дар ҳоле, ки онҳо ба он чӣ аз ҳақ барои шумо омадааст, кофир шудаанд ва Расулуллоҳ ва шуморо ба хотири имон ба Худованде, ки Парвардигори ҳамаи шумост, аз шаҳру диёратон берун меронанд. Агар шумо барои ҷиҳод дар роҳи Ман ва ҷалби хушнудиям ҳиҷрат кардаед, (пайванди дўстӣ бо онон барқарор насозед). Шумо махфиёна бо онҳо робитаи дўстӣ барқарор мекунед, дар ҳоле, ки Ман ба он чӣ пинҳон ё ошкор месозед, аз ҳама донотарам. Ваҳар кас аз шумо чунин коре кунад, аз роҳи рост гумроҳ шудааст.

2 Агар онҳо бар шумо мусаллат шаванд, душманонатон хоҳанд буд ва дасту забони худро ба бадӣ кардан нисбат ба шумо мекушоянд ва дўст доранд шумо ба куфр бозгардед.

3 Ҳаргиз наздикону фарзандонатон рўзи қиёмат суде ба ҳолатон нахоҳанд дошт. Миёнишумо ҷудоӣ меафканад. Ва Худованд ба он чӣ анҷом медиҳед, Биност.

4 Барои шумо сармашқи хубе дар зиндагии Иброҳим ва касоне, ки бо ў буданд, вуҷуд дошт. Дарон ҳангоме, ки ба қавми (мушрики) худ гуфтанд: «Мо аз шумо ва он чӣ ғайр аз Худо мепарастед, безорем. Монисбат ба шумо кофирем ва миёни мо ва шумо адовату душмании ҳамешагӣ ошкор шудааст, то он замон, ки ба Худои Ягона имон биёваред. - Ҷуз он сухани Иброҳим, ки ба падараш (амакаш Озар) гуфт (ва ваъда дод), ки барои ту омурзиш талаб мекунам ва дар айни ҳол дар баробари Худованд барои ту молики чизе нестам (ва ихтиёре надорам). - Парвардигоро! Мо бар Ту таваккул кардем ва ба сўи Ту бозгаштем ва ҳамаи фарҷомҳо ба сўи Туст.

5 Парвардигоро! Моро сабаби гумроҳии кофирон қарор мадеҳ ва моро бибахш, эй Парвардигори мо, ки Ту Азиз ва Ҳакимӣ».

6 (Оре) барои шумо дар зиндагии онҳо усваи ҳасана (ва сармашқи некўе) буд, барои касоне, ки умед ба Худо ва рўзи қиёмат доранд. Ва ҳар кас сарпечӣ кунад (ба хештан зарар задааст, зеро) Худованд Бениёз ва шоистаи ситоиш аст.

7 Умед аст Худо миёни шумо ва касоне аз мушрикин, ки бо шумо душманӣ карданд, (аз роҳи Ислом) пайванди муҳаббат барқарор кунад. Худованд Тавоност ва Худованд Омурзанда ва Меҳрубон аст.

8 Худо шуморо аз некӣ кардан ва риояти адолат нисбат ба касоне, ки дар роҳи дин бо шумо пайкор накарданд ва аз хонаву диёратон берун наронданд, наҳй намекунад, зеро Худованд адолатпешагонро дўст дорад.

9 Танҳо шуморо аз дўстӣ ва робита бо касоне наҳй мекунад, ки дар амри дин бо шумо пайкор карданд ва шуморо аз хонаҳоятон берун ронданд ё ба берун рондани шумо кўмак карданд ва ҳар кас бо онон робитаи дўстӣ дошта бошад, золиму ситамгар аст.

10 Эй касоне, ки имон овардаед! Ҳангоме, ки занони боимон ба унвони ҳиҷрат назди шумо оянд, онҳоро озмоиш кунед. - Худованд ба имонашон огоҳтар аст. - Ҳаргоҳ ононро мўъмин ёфтед, онҳоро ба сўи куффор бознагардонед. Наонҳо барои куффор ҳалоланд ва на куффор барои онҳо ҳалол. Ваон чиро ҳамсарони онҳо (барои издивоҷ бо ин занон) пардохтаанд, ба онон бипардозед. Ва гуноҳе бар шумо нест, ки бо онҳо издивоҷ кунед, ҳар гоҳ маҳрашонро ба онон бидиҳед. Ва ҳаргиз занони кофирро дар ҳамсарии худ нигаҳ надоред (ва агар касе аз занони шумо кофир шуд ва ба билоди куфр гурехт), ҳақ доред маҳреро, ки пардохтаед, мутолиба кунед, ҳамон гуна, ки онҳо ҳақ доранд маҳри (занонашонро, ки аз онон ҷудо шудаанд), аз шумо мутолиба кунанд. Инҳукми Худованд аст, ки дар миёни шумо ҳукм мекунад ва Худованд Доно ва Ҳаким аст.

11 Ва агар баъзе аз ҳамсарони шумо аз дастатон бираванд (ва ба сўи куффор бозгарданд) ва шумо дар ҷанге бар онон пирўз шудед ва ғаноиме гирифтед, ба касоне, ки ҳамсаронашон рафтаанд, монанди маҳреро, ки пардохтаанд, бидиҳед. Ва аз (мухолифати) Худованде, ки ҳама ба Ў имон доред, бипарҳезед.

12 Эй Паёмбар! Ҳангоме, ки занони мўъмин назди ту оянд, то бо ту байъат кунанд, ки чизеро шарики Худо қарор надиҳанд, дуздиву зино накунанд, фарзандони худро накушанд, тўҳмату ифтирое пеши дасту пои худ наёваранд ва дар ҳеҷ кори шоистае мухолифати фармони ту накунанд, бо онҳо байъат кун ва барои онон аз даргоҳи Худованд омурзиш биталаб, ки Худованд Омурзанда ва Меҳрубон аст.

13 Эй касоне, ки имон овардаед! Бо қавме, ки Худованд ононро мавриди ғазаб қарор додааст, дўстӣ накунед. Онон аз охират ноумеданд, ҳамон гуна, ки куффори мадфун дар қабрҳо ноумед мебошанд.

Сураи Саф

Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 14 оят дорад.
Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1 Он чӣ дар осмонҳо ва он чӣ дар замин аст, ҳама тасбеҳи Худо мегўянд. Ва ЎШикастнопазир ва Ҳаким аст.

2 Эй касоне, ки имон овардаед! Чаросухане мегўед, ки амал намекунед?!

3 Назди Худо бисёр сабаби хашм аст, ки сухане бигўед, ки амал намекунед.

4 Худованд касонеро дўст медорад, ки дар роҳи Ў пайкор мекунанд, гўё бинои оҳанинеанд.

5 (Ба ёд оваред) ҳангомеро, ки Мўсо ба қавмаш гуфт: «Эй қавми ман! Чаромаро озор медиҳед, бо он ки медонед ман фиристодаи Худо ба сўи шумо ҳастам?!». Ҳангоме, ки онҳо аз ҳақ гумроҳ шуданд, Худованд қалбҳояшонро гумроҳ сохт. Ва Худо фосиқонро ҳидоят намекунад.

6 Ва (ба ёд оваред) ҳангомеро, ки Исо ибни Марям гуфт: «Эй Банӣ Исроил! Ман фиристодаи Худо ба сўи шумо ҳастам, дар ҳоле, ки тасдиқкунандаи китобе, ки қабл аз ман фиристода шуда (Таврот) мебошам ва башоратдиҳанда ба расуле, ки баъд аз ман меояд ва номи ў Аҳмад аст». Ҳангоме, ки ў (Аҳмад) бо мўъҷизот ва далелҳои равшан ба суроғи онон омад, гуфтанд: «Ин сеҳри ошкоре аст».

7 Чӣ касе золимтар аст аз он кас, ки бар Худо дурўғ бастааст, дар ҳоле, ки ба Ислом даъват мешавад?! Худованд гурўҳи ситамкоронро ҳидоят намекунад.

8 Онон мехоҳанд нури Худоро бо даҳони худ хомўш созанд, вале Худо нури худро комил мекунад, ҳарчанд кофирон хуш надошта бошанд.

9 Ў касе аст, ки расули худро бо ҳидоят ва дини ҳақ фиристод, то ўро бар ҳамаи динҳо ғолиб созад, ҳарчанд мушрикон кароҳат дошта бошанд.

10 Эй касоне, ки имон овардаед! Оё шуморо ба тиҷорате роҳнамоӣ кунам, ки шуморо аз азоби дарднок раҳоӣ мебахшад?!

11 Ба Худо ва Расулаш имон биёваред ва бо амволу ҷонҳоятон дар роҳи Худо ҷиҳод кунед. Ин барои шумо (аз ҳар чиз) беҳтар аст, агар бидонед.

12 (Агар чунин кунед), гуноҳонатонро мебахшад ва шуморо дар боғҳое аз биҳишт дохил мекунад, ки наҳрҳо аз зери дарахтонаш ҷорӣ аст ва дар масканҳои покиза дар биҳишти ҷовидон ҷой медиҳад. Ва ин пирўзии азим аст.

13 Ва (неъмати) дигаре, ки онро дўст доред (ба шумо мебахшад). Ва он ёрии Худованд ва пирўзии наздик аст. Ва мўъминонро башорат деҳ (ба ин пирўзии бузург).

14 Эй касоне, ки имон овардаед! Ёварони Худо бошед, ҳамон гуна, ки Исо ибни Марям ба ҳаввориюн гуфт: «Чӣ касоне дар роҳи Худо ёварони ман ҳастанд?!». Ҳаввориюн гуфтанд: «Мо ёварони Худоем». Дар ин ҳангом гурўҳе аз Банӣ Исроил имон оварданд ва гурўҳе кофир шуданд. Мо касонеро, ки имон оварда буданд, дар баробари душманонашон таъйид кардем ва саранҷом бар онон пирўз шуданд.

СураиҶумуъа

Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 11 оят дорад.
Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1 Он чӣ дар осмонҳо ва он чӣ дар замин аст, ҳамвора тасбеҳи Худо мегўянд, Худованде, ки Молик ва Ҳоким аст ва аз ҳар айбу нақсе мубарро ва Азизу Ҳаким аст.

2 Ў касе аст, ки дар миёни ҷамъияти дарснохонда расуле аз худашон барангехт, ки оёташро бар онҳо мехонад ва онҳоро тазкия мекунад ва ба онон Китоб (-и Қуръон) ва ҳикмат меомўзад, ҳарчанд пеш аз он дар гумроҳии ошкоре буданд.

3 Ва (ҳамчунин) расул аст бар гурўҳи дигаре, ки ҳанўз ба онҳо мулҳақ нашудаанд.Ва Ў Азиз ва Ҳаким аст.

4 Ин фазли Худост, ки ба ҳар кас бихоҳад (ва шоиста бидонад) мебохшад. Ва Худованд соҳиби фазли азим аст.

5 Касоне, ки мукаллаф ба Таврот шуданд, вале ҳаққи онро адо накарданд, монанди харе ҳастанд, ки китобҳоеро ҳамл мекунад, (онро бар дўш мекашад, аммо чизе аз он намефаҳмад). Гурўҳе,ки оёти Худоро инкор карданд,мисоли баде доранд.Ва Худованд қавми ситамгарро ҳидоят намекунад.

6 Бигў: «Эй яҳудиён! Агар гумон мекунед, ки (фақат) шумо дўстони Худоед, на мардуми дигар, пас орзуи марг кунед, агар рост мегўед, (то ба дидори маҳбубатон бирасед!)».

7 Вале онон ҳаргиз таманнои марг намекунанд ба хотири аъмоле,ки аз пеш фиристодаанд.Ва Худованд золимонро ба хубӣ мешиносад.

8 Бигў: «Ин марге,ки аз он мегурезед,саранҷом бо шумо дидор хоҳад кард, сипас ба сўи касе,ки донои пинҳону ошкор аст,бозгардонида мешавед, онгоҳ шуморо аз он чӣ анҷом медодед, хабар медиҳад».

9 Эй касоне, ки имон овардаед! Ҳангоме, ки барои намози рўзи ҷумъа азон гуфта шавад, ба сўи зикри Худо бишитобед ва хариду фурўшро раҳо кунед, ки ин барои шумо беҳтар аст, агар медонистед.

10 Ва ҳангоме, ки намоз поён гирифт, (шумо озодед), дар замин пароканда шавед ва аз фазли Худо биталабед ва Худоро бисёр ёд кунед, шояд растагор шавед.

11 Ҳангоме, ки онҳо тиҷорат ё саргармӣ ва лаҳверо бибинанд, пароканда мешаванд ва ба сўи он мераванд ва туро истода ба ҳоли худ раҳо мекунанд. Бигў: «Он чӣ назди Худост беҳтар аз лаҳву тиҷорат аст ва Худованд беҳтарини рўзидиҳандагон аст».

Сураи Мунофиқон

Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 11 оят дорад.
Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1 Ҳангоме, ки мунофиқон назди ту оянд мегўянд: «Мо шаҳодат медиҳем, ки яқинан ту расули Худоӣ». Худованд медонад, ки ту расули Ў ҳастӣ, вале Худованд шаҳодат медиҳад, ки мунофиқон дурўғгў ҳастанд (ва ба гуфтаи худ имон надоранд).

2 Онҳо савгандҳояшонро сипар сохтаанд, то мардумро аз роҳи Худо боздоранд ва корҳои бисёр баде анҷом медиҳанд.

3 Ин ба хотири он аст, ки нахуст имон оварданд, сипас кофир шуданд. Бинобар ин бар дилҳои онон мўҳр ниҳода шудааст ва ҳақиқатро дарк намекунанд.

4 Ҳангоме, ки онҳоро мебинӣ, ҷисму қиёфаи онон туро дар ҳайрат фурў мебарад ва агар сухан бигўянд, ба суханонашон гўш фаро медиҳӣ, аммо гўё чўбҳои хушке ҳастанд, ки ба девор такя дода шудаанд. Ҳар фарёде аз ҳар ҷо баланд шавад, бар зидди худ мепиндоранд. Онҳо душманони ҳақиқии ту ҳастанд, пас аз онон барҳазар бош! Худованд онҳоро бикушад, чӣ гуна аз ҳақ мунҳариф мешаванд?!

5 Ҳангоме, ки ба онон гуфта шавад: «Биёед, то Расули Худо барои шумо истиғфор кунад», сарҳои худро (аз рўи масхараву кибру ғурур) меҷунбонанд. Ва онҳоро мебинӣ, ки аз суханони ту рўйгардонда ва такаббур меварзанд.

6 Барои онҳо фарқ намекунад, хоҳ барояшон истиғфор кунӣ ё накунӣ, ҳаргиз Худованд ононро намебахшад, зеро Худованд қавми фосиқро ҳидоят намекунад.

7 Онҳо касоне ҳастанд, ки мегўянд: «Ба ашхосе, ки назди Расули Худо ҳастанд, бахшиш накунед, то пароканда шаванд». (Ғофил аз ин ки) хазинаҳои осмонҳо ва замин аз они Худост, вале мунофиқон намефаҳманд.

8 Онҳо мегўянд: «Агар ба Мадина бозгардем, азизон залелонро берун мекунанд», дар ҳоле, ки иззат махсуси Худо ва Расули Ў ва мўъминон аст, вале мунофиқон намедонанд.

9 Эй касоне, ки имон овардаед! Амволва фарзандонатон шуморо аз ёди Худо ғофил накунад. Вакасоне, ки чунин кунанд, зиёнкоронанд.

10 Аз он чӣ ба шумо рўзӣ додаем бахшиш кунед, пеш аз он ки марги яке аз шумо фаро расад ва бигўяд: «Парвардигоро! Чаро (марги) маро муддати каме ба таъхир наандохтӣ, то (дар роҳи Худо) садақа диҳам ва аз солеҳон бошам?!».

11 Худованд ҳаргиз марги касеро ҳангоме, ки аҷалаш фаро расад, ба таъхир намеандозад. Ва Худованд ба он чӣ анҷом медиҳед огоҳ аст.

Сураи Тағобун

Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 18 оят дорад.
Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1 Он чӣ дар осмонҳо ва он чӣ дар замин аст, барои Худо тасбеҳ мегўянд. Моликияту ҳукумат аз они Ўст ва ситоиш аз они Ў ва Ў бар ҳамаи чиз Тавоност.

2 Ў касе аст, ки шуморо офарид (ва ба шумо озодиву ихтиёр дод). Гурўҳе аз шумо кофир ва гурўҳе мўъмин ҳастед. Ва Худованд ба он чӣ анҷом медиҳед, Биност.

3 Осмонҳо ва заминро ба ҳақ офарид ва шуморо (дар олами ҷанин) тасвир кард, тасвири зебо ва дилпазире ва саранҷом (-и ҳама) ба сўи Ўст.

4 Он чиро дар осмонҳо ва замин аст, медонад ва аз он чӣ пинҳон ё ошкор мекунед бохабар аст ва Худован даз он чӣ дар даруни синаҳост огоҳ аст.

5 Оё хабари касоне, ки пеш аз ин кофир шуданд ба шумо нарасидааст?! (Оре) онҳо таъми кайфари гуноҳони бузурги худро чашиданд ва азоби дарднок барои онҳост.

6 Ин ба хотири он аст, ки расулони онҳо (пайваста) бо далелҳои равшан ба суроғашон меомаданд, вале онҳо (аз рўи кибру ғурур) гуфтанд: «Оё башарҳое (мисли мо) мехоҳанд моро ҳидоят кунанд?!». Бинобар ин кофир шуданд ва рўйгардонданд. Ва Худованд (аз имону тоаташон) бениёз буд ва Худо Ғанӣ ва шоистаи ситоиш аст.

7 Кофирон пиндоштанд, ки ҳаргиз барангехта нахоҳанд шуд, бигў: «Оре ба Парвардигорам савганд, ки ҳамаи шумо (дар қиёмат) барангехта хоҳед шуд, сипас он чиро амал мекардед ба шумо хабар дода мешавад ва ин барои Худованд осон аст».

8 Ҳол, ки чунин аст, ба Худо ва Расули Ў ва нуре, ки нозил кардаем имон оваред ва бидонед Худо ба он чӣ анҷом медиҳед, огоҳ аст.

9 Ин дар замоне хоҳад буд, ки ҳамаи шуморо дар рўзи иҷтимоъ (рўзи растохез) гирдоварӣ мекунад. Он рўз рўзи тағобун аст (рўзи эҳсоси хасорату пушаймонӣ). Ва ҳар кас ба Худо имон оварад ва амали солеҳ анҷом диҳад, гуноҳони ўро мебахшад ва ўро дар боғҳое аз биҳишт, ки наҳрҳо аз зери дарахтонаш ҷорӣ аст дохил мекунад, ҷовидона дар он мемонанд. Ваинпирўзии бузург аст.

10 Аммо касоне, ки кофир шуданд ва оятҳои моро инкор карданд, асҳоби дўзаханд,ҷовидона дар он мемонанд ва (саранҷоми онҳо) саранҷоми баде аст.

11 Ҳеҷ мусибате рух намедиҳад, магар ба изни Худо. Ва ҳар кас ба Худо имон оварад, Худованд қалбашро ҳидоят мекунад. Ва Худованд ба ҳар чиз Доност.

12 Итоат кунед Худоро ва итоат кунед Пайғамбарро. Ва агар рўйгардон шавед, расули мо ҷуз иблоғи ошкор вазифае надорад.

13 Худованд касе аст, ки ҳеҷ маъбуде ҷуз Ў нест ва мўъминон бояд фақат бар Ў таваккул кунанд.

14 Эй касоне, ки имон овардаед! Баъзе аз ҳамсарон ва фарзандонатон душманони шумо ҳастанд, аз онҳо барҳазар бошед. Ва агар афв кунед ва чашм бипўшед ва бибахшед, (Худо шуморо мебахшад), зеро Худованд Бахшанда ва Меҳрубон аст.

15 Амвол ва фарзандонатон фақат василаи имтиҳони шумо ҳастанд. Ва Худост, ки подоши бузург назди Ўст.

16 Пас то метавонед тақвои илҳӣ пеша кунед ва гўш диҳед ва итоат намоед ва бахшиш кунед, ки барои шумо беҳтар аст. Вакасоне, ки аз бухлу ҳирси худ маҳфуз бимонанд, растагоронанд.

17 Агар ба Худо қарзул-ҳасана диҳед, онро барои шумо дучанд месозад ва шуморо мебахшад. Ва Худованд Шукркунанда ва Бурдбор аст.

18 Ў Донои пинҳону ошкор аст ва Ў Азиз ва Ҳаким аст.

Сураи Талоқ

Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 12 оят дорад.
Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1 Эй Пайғамбар! Ҳар замон хостед занонро талоқ диҳед, дар замони идда онҳоро талоқ гўед, (замоне, ки аз одати моҳона пок шуда ва бо ҳамсарашон наздикӣ накарда бошанд). Ва ҳисоби иддаро нигаҳ доред ва аз Худое, ки Парвардигори шумост бипарҳезед. Нашумо онҳоро аз хонаҳояшон берун кунед ва на онҳо (дар даврони идда) берун раванд, магар он ки кори зишти ошкоре анҷом диҳанд. Ин ҳудуди Худост ва ҳар кас аз ҳудуди илоҳӣ таҷовуз кунад, ба худ ситам кардааст. Тунамедонӣ, шояд Худованд баъд аз ин вазъияти нав (ва василаи ислоҳе) фароҳам кунад.

2 Ва чун иддаи онҳо тамом шуд, онҳоро ба тарзи шоистае нигаҳ доред ё ба тарзи шоистае аз онон ҷудо шавед ва ду марди одил аз худатонро гувоҳ гиред ва шаҳодатро барои Худо барпо доред. Инчизе аст, ки мўъминони ба Худо ва рўзи қиёмат ба он андарз дода мешаванд. Ва ҳар кас тақвои илоҳӣ пеша кунад, Худованд роҳи наҷот барои ў фароҳам мекунад,

3 Ва ўро аз ҷое, ки гумон надорад рўзӣ медиҳад. Ваҳар кас бар Худо таваккул кунад, кифояти амрашро мекунад. Худованд фармони худро ба анҷом мерасонад ва Худо барои ҳар чизе андозае қарор додааст.

4 Ва аз занонатон онон, ки аз одати моҳона маъюсанд, агар дар вазъяити онҳо (аз назари бордорӣ) шак кунед, иддаи онон се моҳ аст ва ҳамчунин онҳо, ки одати моҳона надидаанд. Ваиддаи занони бордор ин аст, ки бори худро бар замин бугузоранд.Ваҳар кас тақвои илоҳӣ пеша кунад, Худованд корро бар ў осон месозад.

5 Ин фармони Худост, ки бар шумо нозил кардааст ва ҳар кас тақвои илоҳӣ пеша кунад, Худованд гуноҳонашро мебахшад ва подоши ўро бузург медорад.

6 Онҳо (занони муталлақа)-ро ҳар ҷо худатон сукунат доред ва дар тавоноии шумост сукунат диҳед. Ваба онҳо зиён нарасонед, то корро бар онон танг кунед (ва маҷбур ба тарки манзил шаванд). Ва агар бордор бошанд, нафақаи онҳоро бипардозед, то вазъи ҳамл кунанд. Ва агар барои шумо (фарзандро) шир медиҳанд, подоши онҳоро бипардозед ва (дар бораи фарзандон, корро) бо машварати шоиста анҷом диҳед. Ва агар ба тавофуқ нарасидед, зани дигаре ширдодани он баччаро бар ўҳда мегирад.

7 Онон, ки имкононти васеъ доранд, бояд аз имконоти васеи худ бахшиш кунанд ва онҳо, ки тангдастанд, аз он чӣ ки Худо ба онҳо додааст, бахшиш намоянд. Худованд ҳеҷ касро ҷуз ба миқдори тавоноие, ки ба ў додааст, таклиф намекунад. Худованд ба зудӣ баъд аз сахтиҳо осонӣ қарор медиҳад.

8 Чӣ бисёр шаҳрҳо ва ободиҳо, ки аҳли он аз фармони Худо ва расулонаш сарпечӣ карданд ва мо ба шиддат ба ҳисобашон расидем ва ба муҷозоти камназире гирифтор сохтем.

9 Онҳо осори бади кори худро чашиданд ва оқибати корашон зиён буд.

10 Худованд азоби сахте барои онҳо фароҳам сохтааст, пас аз (мухолифати фармони) Худо парҳез кунед эй хирадмандоне, ки имон овардаед! (Зеро) Худованд чизе, ки сабаби тазаккур аст бар шумо нозил кардааст.

11 Расуле ба сўи шумо фиристодааст, ки оятҳои равшани Худоро бар шумо тиловат мекунад, то касонеро, ки имон оварда ва корҳои шоиста анҷом додаанд, аз торикиҳо ба сўи нур хориҷ созад. Ва ҳар кас ба Худо имон оварда ва аъмоли солеҳ анҷом диҳад, ўро дар боғҳое аз биҳишт дохил мекунад, ки аз зери (дарахтонаш) наҳрҳо ҷорӣ аст, ҷовидона дар он мемонанд ва Худованд рўзии некўе барои ў қарор додааст.

12 Худованд ҳамон касе аст, ки ҳафт осмонро офарид ва аз замин низ монанди онҳоро. Фармони Ў дар миёни онҳо пайваста фуруд меояд, то бидонед Худованд бар ҳар чиз Тавоност ва ин ки илми Ў ба ҳама чиз иҳота дорад.

СураиТаҳрим

Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 12 оят дорад.
Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1 Эй Пайғамбар! Чаро чизеро, ки Худо бар ту ҳалол кардааст, ба хотири ҷалби ризояти ҳамсаронат бар худ ҳаром мекунӣ?! Ва Худованд Омурзанда ва Раҳим аст.

2 Худованд роҳи кушодани савгандҳоятонро (дар ин гуна мавридҳо) равшан сохтааст ва Худованд Мавлои шумост ва Ў Доно ва Ҳаким аст.

3 (Ба хотир биёваред) ҳангомеро, ки Пайғамбар яке аз розҳои худро ба баъзе аз ҳамсаронаш гуфт, вале ҳангоме, ки вай онро ифшо кард ва Худованд Райғмабарашро аз он огоҳ сохт, қисмате аз онро барои ў бозгў кард ва аз қисмати дигар худдроӣ намуд. Ҳангоме, ки Пайғамбар ҳамсарашро аз он хабар дод, гуфт: «Чӣ касе туро аз ин роз огоҳ сохт?!». Фармуд: «ХудовандиОлимва Огоҳ маро бохабар сохт».

4 Агар шумо (ҳамсарони Пайғамбар) аз кори худ тавба кунед, (ба нафъи шумост, зеро) дилҳоятон аз ҳақ мунҳариф гаштааст. Ва агар бар зидди ў даст ба дасти ҳам диҳед, (коре аз пеш нахоҳед бурд), зеро Худованд ёвари ўст ва ҳамчунин Ҷабраил ва мўъминони солеҳ ва фариштагон баъд аз онон пуштибони ўянд.

5 Умед аст, ки агар ў шуморо талоқ диҳад, Парвардигораш ба ҷои шумо ҳамсарони беҳтаре барои ў қарор диҳад, ҳамсароне мусулмон, мўъмин, мутавозеъ, тавбакор, обид, ҳиҷраткунанда, занони ғайри бокира ва бокирае.

6 Эй касоне, ки имон овардаед! Худ ва хонаводаи худро аз оташе, ки ҳезуми он инсонҳо ва сангҳост, нигаҳ доред. Оташе, ки фариштагоне бар он гумошта шуда, ки хашин ва сахтгиранд ва ҳаргиз фармони Худоро мухолифат намекунанд ва он чиро фармон дода шудаанд (ба таври комил) иҷро менамоянд.

7 Эй касоне, ки кофир шудаед! Имрўз узрхоҳӣ накунед, зеро танҳо ба аъмолатон ҷазо дода мешавед.

8 Эй касоне, ки имон овардаед! Ба сўи Худо тавба кунед, тавбаи холисе. Умед аст (бо ин кор) Парвардигоратон гуноҳонатонро бибахшад ва шуморо дар боғҳое аз биҳишт, ки наҳрҳо аз зери дарахтонаш ҷорӣ аст дохил кунад, дар он рўзе, ки Худованд Пайғамбар ва касонеро, ки бо ў имон оварданд, хор намекунад. Ин дар ҳоле аст, ки нурашон пешопеши онон ва аз сўи росташон дар ҳаракат аст ва мегўянд: «Парвардигоро! Нуриморо коимл кун ва моро бибахш, ки Ту бар ҳар чиз Тавоноӣ».

9 Эй Пайғамбар! Бо куффору мунофиқон пайкор кун ва бар онон сахт бигир! Ҷойгоҳашонҷаҳаннам аст ва фарҷоми баде аст.

10 Худованд барои касоне, ки кофир шудаанд, ба ҳамсари Нўҳ ва ҳамсари Лут масал задааст, онду таҳти сарпарастии ду банда аз бандагони солеҳи мо буданд, вале ба он ду хиёнат карданд ва иртибот бо ин ду (пайғамбар) суде ба ҳолашон (дар баробари азоби илоҳӣ) надошт ва ба онҳо гуфта шуд: «Дохили оташ шавед ҳамроҳи касоне, ки дохил мешаванд».

11 Ва Худованд барои мўъминон, ба ҳамсари Фиръавн масал задааст, дар он ҳангом, ки гуфт: «Парвардигоро! Хонае барои ман назди худат дар биҳишт бисоз ва маро аз Фиръавн ва кори ў наҷот деҳ ва маро аз гурўҳи ситамгарон раҳоӣ бахш».

Ва ҳамчунин ба Марям духтари Имрон, ки доманҳои худро пок нигаҳ дошт ва мо аз рўҳи худ дар он дамидем, ў калимоти Парвардигор ва китобҳояшро тасдиқ кард ва аз пайравони фармони Худо буд.