Сураи Юнус

Ин сура дар Макка нозил шуда ва дорои 109 оят аст.
Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон

1  Алиф, Лом, Ро. Ин оятҳои китоби устувор ва ҳикматомез аст.

2  Оё барои мардум, сабаби ҳайрат буд, ки ба марде аз онҳо ваҳй фирисодем, ки: «мардаумро (аз оқибати куфру гуноҳ) битарсон. Ва ба касоне, ки имон овардаанд, башорат деҳ, ки барои онҳо собиқаи нек (ва подошҳои ҳатмӣ) назди Парвардигорашон аст?!». (Аммо) кофирон гуфтанд: «Ин мард соҳири ошкоре аст!».

3  Парвардигори шумо, Худованде аст, ки осмонҳо ва заминро дар шаш рўз (шаш даврон) офарид, сипас бар тахт (қудрат) қарор гирифт ва ба тадбири кор (-и ҷаҳон) пардохт. Ҳеҷ шафоаткунандае ҷуз бо изни Ў нест, ин аст Худованд, Парвардигори шумо! Пас ўро парастиш кунед. Оё мутазаккир намешавед?!

4  Бозгашти ҳамаи шумо ба сўи Ўст. Худованд ваъдаи ҳаққе фармудааст, Ў офаринишро оғоз мекунад, сипас онро бозмегардонад, то касонеро, ки имон оварда ва корҳои шоиста анҷом додаанд, ба адолат ҷазо диҳад ва барои касоне, ки кофир шуданд, нўшиданӣ аз мойеи сўзон аст ва азобе дарднок, ба хотири он ки куфр меварзиданд!

5  Ў касе аст, ки хуршедро равшаноӣ ва моҳро нур қарор дод ва барои он манзилгоҳҳое муқаддар кард, то адади солҳо ва ҳисоб (-и корҳо)-ро бидонед. Худованд инро ҷуз ба ҳақ наофаридааст. Ў оёти (худро) барои гурўҳе, ки аҳли донишанд, шарҳ медиҳад.

6  Ҳатман дар рафту омади (ихтилофи) шабу рўз ва он чӣ Худованд дар осмонҳо ва замин офаридааст, оёт (ва нишонаҳе) аст барои гурўҳе, ки парҳезгоранд (ва ҳақоиқро мебинанд).

7  Онҳо, ки имон ба мулоқоти мо (ва рўзи растохез) надоранд ва ба зиндагии дунё хушнуд шуданд ва бар он такя карданд ва онҳо, ки аз оёти мо ғофиланд,

8  (Ҳамаи) онҳо ҷойгоҳашон оташ аст, ба хотири корҳое, ки анҷом медоданд.

9  (Вале) касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста анҷом доданд, Парвардигорашон онҳоро дар партави имонашон ҳидоят мекунад. Аз зери (қасрҳои) онҳо дар боғҳои биҳишт, наҳрҳо ҷорӣ аст.

10           Гуфтор (ва дуои) онҳо дар биҳишт ин аст, ки: «Худовандо, муназзаҳӣ ту!». Ва таҳияти онҳо дар он ҷо: «салом» ва охирин суханонашон ин аст, ки: «ҳамд, махсуси Худо, Парвардигори оламиён аст».

11           Агар ҳамон гуна, ки мардум барои ба даст овардани хубиҳо шитоб доранд, Худованд дар муҷозоташон шитоб мекард, (ба зудӣ) умрашон ба поён мерасид (ва ҳамагӣ нобуд мешуданд), вале касонеро, ки имон ба лиқои мо надоранд, ба ҳоли худ раҳо мекунем, то дар туғёнашон саргардон шаванд.

12           Ҳангоме, ки ба инсон зиён (ва нороҳатӣ) расад, моро (дар ҳар ҳол:) дар ҳоле, ки ба паҳлў хобида ё нишаста ё истодааст, мехонад. Аммо ҳангоме, ки нороҳатиро аз ў бартараф сохтем, чунон меравад, ки гўё ҳаргиз моро барои ҳалли мушкиле, ки ба ў расида буд, нахонда аст. Ин гуна барои исрофкорон, аъмолашон зинат дода шудааст, (ки зиштии ин амалро дарк намекунанд).

13           Мо умматҳои пеш аз шуморо, ҳангоме, ки зулм карданд, ҳалок намудем, дар ҳоле, ки пайғамбаронашон далелҳои равшан барои онҳо оварданд, вале онҳо имон наоварданд, ин гуна гурўҳи муҷримонро кайфар медиҳем!

14           Сипас шуморо ҷонишинони онҳо дар рўи замон – пас аз онҳо – қарор додем, то бибинем шумо чӣ гуна амал мекунед.

15           Ва ҳангоме, ки оёти равшани мо бар онҳо хонда мешавад, касоне, ки имон ба лиқои мо (ва рўзи растохез) надоранд, мегўянд: «Қуръоне ғайр аз ин биёвар ё онро табдил кун. (Ва оятҳои накўҳиши бутҳоро бардор)». Бигў: «Ман ҳақ надорам, ки аз пеши худ онро тағйир диҳам, фақат аз чизе, ки бар ман ваҳй мешавад, пайравӣ мекунам. Ман агар Парвардигорамро нофармонӣ кунам, аз муҷозоти рўзи бузург (қиёмат) метарсам!».

16           Бигў: «Агар Худо мехост, ман ин оятҳоро бар шумо намехондам. Ва Худованд аз он огоҳатон намекард, чӣ ин ки муддатҳо пеш аз ин, дар миёни шумо зиндагӣ намудам (ва ҳаргиз ояте наовардам). Оё намефаҳмед?!».

17           Чӣ касе ситамкортар аст аз он кас, ки бар Худо дурўғ мебандад ё оятҳои Ўро инкор мекунад?! Ҳатман муҷримон растагор нахоҳанд шуд.

18           Онҳо ғайр аз Худо, чизҳоеро мепарастанд, ки на ба онон зиён мерасонад ва на суде мебахшад. Ва мегўянд: «Инҳо шафеони мо назди Худо ҳастанд». Бигў: «Оё Худоро ба чизе хабар медиҳед, ки дар осмонҳо ва замин суроғ надорад?!». Муназзаҳ аст Ў ва бартар аст аз он ҳамтоёне, ки қарор медиҳанд!

19           (Дар оғоз) ҳамаи мардум уммати воҳиде буданд, сипас ихтилоф карданд. Ва агар фармоне аз тарафи Парвардигорат (дар бораи шитоб накардан дар муҷозоти онҳо) аз пеш содир нашуда буд, дар миёни онҳо дар он чӣ ихтилоф доштанд, доварӣ мешуд (ва сипас ҳамагӣ ба муҷозот мерасиданд).

20           Мегўянд: «Чаро мўъҷизае аз Парвардигораш бар ў нозил намешавад?!». Бигў: «Ғайб (ва мўъҷизаҳо) танҳо барои Худо (ва ба фармони Ў) аст. Шумо дар интизор бошед, ман ҳам бо шумо дар интизорам! (Шумо дар интизори мўъҷизаҳои баҳонаҷўёна бошед ва ман ҳам дар интизори муҷозоти шумо!)».

21           Ҳангоме, ки ба мардум, пас аз нороҳатӣ, ки ба онҳо расидааст, раҳмате бичашонем, дар оятҳои мо найранг мекунанд (ва барои он неъмат ва раҳмат, тавҷеҳоти нораво мекунанд). Бигў: «Худованд зудтар аз шумо макр (чораҷўӣ) мекунад ва расулони (фариштагони) мо он чӣ найранг мекунед (ва нақша мекашед), менависанд».

22           Ў касе аст, ки шуморо дар хушкӣ ва дарё сайр медиҳад, замоне, ки дар киштиҳо қарор мегиред ва онҳо бо бодҳои мувофиқ онро (ба сўи мақсад) ҳаракат медиҳад ва хушҳол мешаванд, ногаҳон тўфони шадиде мевазад ва мавҷҳо аз ҳар сў ба суроғи онҳо меояд ва гумон мекунанд, ки ҳалок хоҳанд шуд, дар он ҳангом Худоро аз рўи ихлос мехонанд, ки: «Агар моро аз ин гирифторӣ наҷот диҳӣ, ҳатман аз сипосгузорон хоҳем буд».

23           Аммо ҳангоме, ки Худо онҳоро раҳоӣ бахшид, (боз) ба но ҳақ, дар замин ситам мекунанд. Эй мардум! Ситамҳои шумо, ба зиёни худи шумост. Аз зиндагии дунё баҳра (мебаред), сипас бозгашти шумо ба сўи мост ва мо шуморо ба он чӣ амал мекардед, хабар медиҳем.

24           Масали зиндагии дунё монанди обе аст, ки аз осмон нозил кардаем, ки дар пайи он гиёҳони (гуногуни) замин, - ки мардум ва чаҳорпоён аз он мехўранд – мерўяд, то замоне, ки замин зебоии худро ёфта ва ороста мегардад ва аҳли он мутмаин мешаванд, ки метавонанд аз он баҳраманд гарданд, (ногаҳон) фармони мо шабҳангом ё дар рўз, (барои нобудии он) фаро мерасад, (хунукӣ ё соиқаеро бар он мусаллат месозем) ва он чунон онро дирав мекунем, ки гўё дирўз ҳаргиз (чунин киштзоре) набудааст! Ин гуна оятҳои худро барои гурўҳе, ки меандешанд, шарҳ медиҳем.

25           Ва Худованд ба сарои сулҳу саломат даъват мекунад ва ҳар касро бихоҳад (ва шоиставу лоиқ бибинад), ба роҳи рост ҳидоят менамояд.

26           Касоне, ки некӣ карданд, подоши нек ва афзун бар он доранд. Ва торикиву зиллат чеҳраҳояшонро намепўшонад. Онҳо аҳли биҳиштанд ва ҷовидона дар он хоҳанд монд.

27           Аммо касоне, ки муртакиби гуноҳон шуданд, ҷазои баде ба миқдори он доранд. Ва зиллату хорӣ, чеҳраи ононро мепўшонад ва ҳеҷ чиз наметавонад онҳоро аз (муҷозоти) Худо нигаҳ дорад. (Чеҳраҳояшон он чунон торик аст, ки) гўё бо пораҳое аз шаби торик, чеҳраи онҳо пўшида шудааст! Онҳо аҳли дўзаханд ва ҷовидона дар он хоҳанд монд.

28           (Ба хотир биёваред) рўзеро, ки ҳамаи онҳоро ҷамъ мекунем, сипас ба мушрикон мегўем: «Шумо ва маъбудҳоятон дар ҷои худатон бошед, (то ба ҳисобатон расидагӣ шавад)». Сипас онҳоро аз ҳам ҷудо месозем (ва аз ҳар як ҷудогона савол мекунем). Ва маъбудҳояшон (ба онҳо) мегўянд: «Шумо (ҳаргиз) моро ибодат намекардед!

29           (Онҳо дар ҷавоб мегўянд:) Ҳамин бас, ки Худо миёни мо ва шумо гувоҳ бошад, ба яқин мо аз ибодати шумо ғофил будем».

30           Дар он ҷо, ҳар кас амалеро, ки пеш аз он анҷом додааст, меозмояд. Ва ҳамагӣ ба сўи «Аллоҳ» - мавло ва сарпарасти ҳақиқии худ – бозгардонида мешаванд. Ва чизҳоеро, ки ба дурўғ ҳамтои Худо қарор дода буданд, гум ва нобуд мешаванд.

31           Бигў: «Чӣ касе шуморо аз осмону замин рўзӣ медиҳад? Ё чӣ касе молик (ва холиқи) гўшу чашмҳост? Ва чӣ касе зиндаро аз мурда ва мурдаро аз зинда берун меоварад? Ва чӣ касе корҳо (-и ҷаҳон)-ро тадбир мекунад?». Ба зудӣ (дар ҷавоб) мегўянд: «Худо». Бигў: «Пас чаро тақво пеша намекунед (ва аз Худо наметарсед?!).

32           Он аст Худованд, Парвардигори ҳаққи шумо (ҳамаи ин сифатҳоро дорад)! Бо ин ҳол баъд аз ҳақ, чӣ чизе ҷуз гумроҳӣ вуҷуд дорад?! Пас чаро (аз парастиши Ў) рўйгардон мешавед?!».

33           Ин чунин фармони Парвардигорат бар фосиқон ҳатмӣ шудааст, ки онҳо (пас аз ин ҳама саркашӣ ва гуноҳ), имон нахоҳанд овард.

34           Бигў: «Оё ҳеҷ як аз маъбудҳои шумо, офаринишро эҷод мекунад ва сипас боз мегардонад?!». Бигў: «Танҳо Худо офаринишро эҷод карда, сипас бозмегардонад, бо ин ҳол чаро аз ҳақ рўйгардон мешавед?!».

35           Бигў: «Оё ҳеҷ як аз маъбудҳои шумо ба сўи ҳақ ҳидоят мекунад?!». Бигў: «Танҳо Худо ба ҳақ ҳидоят мекунад. Оё касе, ки ба сўи ҳақ ҳидоят мекунад, барои пайравӣ шоистатар аст ё он кас, ки худ ҳидоят намешавад, магар ҳидояташ кунанд?! Шуморо чӣ мешавад, чӣ гуна доварӣ мекунед?!».

36           Ва бештари онҳо, ҷуз аз гумон (ва пиндорҳои беасос) пайравӣ намекунанд, (дар ҳоле, ки) гумон, ҳаргиз (инсонро) аз ҳақ бениёз намесозад (ва ба ҳақ намерасонад). Ба яқин, Худованд аз он чӣ анҷом медиҳанд, огоҳ аст.

37           Шоиста набуд (ва имкон надошт), ки ин Қуръон бидуни ваҳйи илоҳӣ ба Худо нисбат дода шавад, вале тасдиқе аст барои он чӣ пеш аз он аст, (аз китобҳои осмонӣ) ва шарҳу тафсиле бар онҳост, шакке дар он нест ва аз тарафи Парвардигори ҷаҳониён аст.

38           Оё онҳо мегўянд: «Ў Қуръонро ба дурўғ ба Худо нисбат додааст?!». Бигў: «Агар рост мегўед, як сура монанди он биёваред ва ғайр аз Худо, ҳар касро метавонед, (ба ёрӣ) талабед!».

39           (Вале онҳо аз рўи илму дониш Қуръонро инкор накарданд), балки чизеро инкор карданд, ки огоҳӣ аз он надоштанд ва ҳанўз ҳақиқаташ бар онон равшан нашудааст. Пешиниёни онҳо низ ҳамин гуна инкор карданд, пас бинигар оқибати кори золимон чӣ гуна буд!

40           Баъзе аз онҳо ба он имон меоваранд ва баъзе имон намеоваранд. Ва Парвардигорат ба муфсидон огоҳтар аст (ва онҳоро беҳтар мешиносад).

41           Ва агар туро инкор карданд, бигў: «Амали ман барои ман ва амали шумо барои шумост. Шумо аз он чӣ ман анҷом медиҳам безоред ва ман (низ) аз он чӣ шумо анҷом медиҳед безорам».

42           Гурўҳе аз онон ба сўи ту гўш фаро медиҳанд, (аммо гўё ҳеҷ намешунаванд ва кар ҳастанд). Оё ту метавонӣ сухани худро ба гўши карон бирасонӣ, ҳар чанд нафаҳманд?!

43           Ва гурўҳе аз онон ба сўи ту менигаранд, (аммо гўё ҳеҷ намебинанд!). Оё ту метавонӣ нобиноёнро ҳидоят кунӣ, ҳар чанд набинанд?!

44           Худованд ба мардум ҳеҷ ситаме намекунад, вале ин мардуманд, ки ба худ ситам мекунад.

45           (Ба ёд овар) рўзеро, ки (Худованд) онҳоро ҷамъ (ва маҳшур) месозад, он чунон, ки (эҳсос мекунанд), гўё ҷуз соате аз рўз, (дар дунё) таваққуф накарданд, ба он миқдор, ки якдигарро (бибинанд ва) бишносанд. Ҳатман онҳо, ки лиқои Худованд (ва рўзи растохез)-ро инкор карданд, зиён бурданд ва ҳидоят наёфтанд.

46           Агар мо порае аз муҷозотҳоеро, ки ба онҳо ваъда дадаем, (дар ҳоли ҳаёти ту) ба ту нишон диҳем ва ё (пеш аз он ки гирифтори азоб шаванд), туро аз дунё бибарем, дар ҳар ҳол, бозгашташон ба сўи мост. Сипас Худованд бар он чӣ онҳо анҷом медоданд, гувоҳ аст.

47           Барои ҳар уммате, расуле аст, ҳангоме, ки расулашон ба сўи онон биёянд, ба адолат дар миёни онҳо доварӣ мешаванд ва ситаме ба онҳо нахоҳад шуд.

48           Ва мегўянд: «Агар рост мегўӣ, ин ваъда (-и муҷозот) кай хоҳад буд?».

49           Бигў: «Ман (ҳатто) барои худам зиён ва судеро молик нестам, (то чӣ расад барои шумо), магар он чӣ Худо бихоҳад. (Ин миқдор медонам, ки) барои ҳар қавму миллате, саромаде аст, ҳангоме, ки аҷали онҳо фаро расад (ва фармони муҷозот ё маргашон содир шавад), на соате таъхир мекунанд ва на пешӣ мегиранд.

50           Бигў: «Ба ман хабар бидиҳед, агар муҷозоти Ў, шабҳангом ё дар рўз ба суроғи шумо ояд, (оё метавонед онро аз худ дафъ кунед?!)», пас муҷримон барои чӣ шитоб мекунанд?!

51           Сипас оё он гоҳ, ки воқеъ шуд, ба он имон меоваред?! (Ба шумо гуфта мешавад:) Ҳоло?! Дар ҳоле, ки қаблан барои он шитоб мекардед! (Вале акнун чӣ суд?!).

52           Сипас ба касоне, ки ситам карданд, гуфта мешавад: Азоби абадиро бичашед! Оё ҷуз ба он чӣ анҷом медодед, кайфар дода мешавед?!».

53           Аз ту мепурсанд: «Оё он (ваъдаи муҷозоти илоҳӣ) ҳақ аст?». Бигў: «Оре, ба Парвардигорам савганд, ҳатман ҳақ аст ва шумо наметавонед аз он пешгирӣ кунед».

54           Ва ҳар кас, ки ситам кардааст, агар тамомии он чӣ рўи замин аст, дар ихтиёр дошта бошад, (ҳамаро аз ваҳшати азоб), барои наҷоти худ медиҳад. Ва ҳангоме, ки азобро бибинанд, (пушаймон мешаванд, аммо) пушаймонии худро мепўшонанд, (мабодо расвотар шаванд). Ва дар миёни онҳо, ба адолат доварӣ мешавад ва ситаме бар онҳо нахоҳад шуд.

55           Огоҳ бошед, он чӣ дар осмонҳову замин аст, аз они Худост. Огоҳ бошед, ваъдаи Худо ҳақ аст, вале бештари онҳо намедонанд.

56           Ўст, ки зинда мекунад ва мемиронад. Ва ба сўи Ў бозгардонида мешавед.

57           Эй мардум! Андарзе аз сўи Парвардигоратон барои шумо омадааст ва дармоне барои он чӣ дар синаҳост, (дармоне барои дилҳои шумо) ва ҳидояту раҳмате аст, барои мўъминон.

58           Бигў: «Ба фазлу раҳмати Худо бояд хушҳол шаванд, ки ин аз тамоми он чӣ гирдоварӣ кардаанд, беҳтар аст».

59           Бигў: «Ба ман хабар бидиҳед, оё рўзиҳоеро, ки Худованд бар шумо нозил кардааст, дидаед, ки баъзе аз онро ҳалол ва баъзеро ҳаром намудаед?!». Бигў: «Оё Худованд ба шумо иҷозат додааст ё бар Худо тўҳмат мебандед (ва аз пеши худ ҳалол ва ҳаром мекунед?!)».

60           Онҳо, ки бар Худо тўҳмат мебанданд, дар бораи (муҷозоти) рўзи растохез, чӣ меандешанд?! Худованд нисбат ба ҳамаи мардум фазл (ва бахшиш) дорад, аммо бештари онҳо сипосгузорӣ намекунанд.

61           Дар ҳеҷ ҳол (ва андешае) нестӣ ва ҳеҷ қисмате аз Қуръонро тиловат намекунӣ ва ҳеҷ амалеро анҷом намедиҳед, магар ин ки мо гувоҳ бар шумо ҳастем, дар он ҳангом, ки дохили он мешавед. Ва ҳеҷ чиз дар замину осмон аз Парвардигори ту пўшида намемонад, ҳатто ба андозаи сангинии заррае. Ва на кўчактар аз он ва на бузургтар аз он нест, магар ин ки (ҳамаи онҳо) дар китоби ошкор (ва лавҳи маҳфузи илми Худованд) сабт аст.

62           Огоҳ бошед! (Дўстон ва) авлиёи Худо, на тарсе доранд ва на ғамгин мешаванд.

63           Ҳамонҳо, ки имон оварданд ва (аз мухолифати фармони Худо) парҳез мекарданд.

64           Дар зиндагии дунё ва дар охират, шод (ва масрур)-анд, ваъдаҳои илоҳӣ тахаллуфнопазир аст. Ин аст, он растагории бузург!

65           Сухани онҳо туро ғамгин насозад! Тамоми иззат (ва қудрат) аз они Худост ва Ў Шунаво ва Доност.

66           Огоҳ бошед, тамоми касоне, ки дар осмонҳову замин ҳастанд, аз они Худо мебошанд. Ва онҳо, ки ғайри Худоро ҳамтои Ў мехонанд, (аз мантиқу далеле) пайравӣ намекунанд. Онҳо фақат аз пиндоре беасос пайравӣ мекунанд ва онҳо фақат дурўғ мегўянд.

67           Ў касе аст, ки шабро барои шумо офарид, то дар он оромиш биёбед ва рўзро равшанибахш, (то ба талоши зиндагӣ бипардозед). Дар инҳо нишонаҳое аст, барои касоне, ки гўши шунаво доранд.

68           Гуфтанд: «Худованд фарзанде барои худ интихоб кардааст». (Аз ҳар айбу нақсу ниёзе) муназзаҳ аст! Ў бениёз аст. Аз они Ўст, он чӣ дар осмонҳо ва он чӣ дар замин аст. Шумо ҳеҷ гуна далеле бар ин иддио надоред. Оё ба Худо нисбате медиҳед, ки намедонед?!

69           Бигў: «Онҳо, ки ба Худо дурўғ мебанданд, (ҳаргиз) растагор намешаванд.

70           Баҳраи (ночизе) аз дунё доранд, сипас бозгашташон ба сўи мост. Ва баъд, ба онҳо муҷозоти шадид ба сазои куфрашон мечашонем!».

71           Саргузашти Нўҳро бар онҳо бихон, дар он ҳангом, ки ба қавми худ гуфт: «Эй қавми ман! Агар тазаккуроти ман нисбат ба оятҳои илоҳӣ, бар шумо вазнин (ва ғайри қобили таҳаммул) аст, (ҳар коре аз дастатон сохтааст, бикунед). Ман бар Худо таваккул кардаам. Фикри худ ва қудрати маъбудҳоятонро ҷамъ кунед, сипас ҳеҷ чиз бар шумо пўшида намонад, (тамоми ҷавониби коратонро бинигаред), сипас ба ҳаёти ман поён диҳед ва (лаҳзае) мўҳлатам надиҳед! (Аммо тавоноӣ надоред!).

72           Ва агар аз қабули даъватам рўй бигардонед, (кори нодурусте кардаед, зеро ки) ман аз шумо музде намехоҳам, музди ман, танҳо бар Худост. Ва ман маъмурам, ки аз муслимин (таслимшудагон дар баробари фармони Худо), бошам».

73           Аммо онҳо ўро инкор карданд ва мо ў ва касонеро, ки бо ў дар киштӣ буданд, наҷот додем ва ононро ҷонишин (ва вориси кофирон) қарор додем. Ва касонеро, ки оятҳои моро инкор карданд, ғарқ намудем. Пас бибин, оқибати кори касоне, ки инзор шуданд (ва ба инзори илоҳӣ аҳамият надоданд), чӣ гуна буд!

74           Сипас баъд аз Нўҳ, расулоне ба сўи қавмашон фиристодем, онон далелҳои равшан барояшон оварданд, аммо онҳо ба чизе, ки пеш аз он инкор карда буданд, имон наёварданд. Ин чунин бар дилҳои таҷовузкорон мўҳр мениҳем, (то чизеро дарк накунанд).

75           Баъд аз онҳо, Мўсо ва Ҳорунро бо оятҳои худ ба сўи Фиръавн ва атрофиёнаш фиристодем, аммо онҳо такаббур карданд (ва зери бори ҳақ нарафтанд, чаро, ки) онҳо гурўҳи муҷриме буданд.

76           Ва ҳангоме, ки ҳақ аз назди мо ба суроғи онҳо омад, гуфтанд: «Ин сеҳри ошкоре аст!».

77           Мўсо гуфт: «Оё дар бораи ҳақ, ҳангоме, ки ба сўи шумо омад, (чунин) мегўед?! Оё ин сеҳр аст?! Дар ҳоле, ки соҳирон (ҳаргиз) растагор (ва пирўз) намешаванд».

78           Гуфтанд: «Оё омадаӣ, ки моро аз он чӣ падаронамонро бар он ёфтем, мунсариф созӣ. Ва бузургӣ (ва раёсат) дар рўи замин аз они шумо ду тан бошад?! Мо (ҳаргиз) ба шумо имон намеоварем!».

79           Фиръавн гуфт: «(Биравед ва) ҳар ҷодугар (ва сеҳргари) доноеро назди ман оваред».

80           Ҳангоме, ки сеҳргарон (ба майдони мубориза) омаданд, Мўсо ба онҳо гуфт: «Он чӣ (аз василаҳои сеҳр)-ро метавонед бияфканед, бияфканед!».

81           Ҳангоме, ки афканданд, Мўсо гуфт: «Он чӣ шумо овардед, сеҳр аст, ки Худованд ба зудӣ онро ботил мекунад, чаро, ки Худованд (ҳаргиз) амали муфсидонро ислоҳ намекунад.

82           Ў ҳақро ба ваъдаи худ таҳаққуқ мебахшад, ҳар чанд муҷримон кароҳат дошта бошанд».

83           (Дар оғоз), ҳеҷ кас ба Мўсо имон наовард, магар гурўҳе аз фарзандони қавми ў, (он ҳам) бо тарс аз Фиръавн ва атрофиёнаш, мабодо онҳоро шиканҷа кунанд, зеро Фиръавн бартариҷўӣ дар замин дошт ва аз исрофкорон буд.

84           Мўсо гуфт: «Эй қавми ман! Агар шумо ба Худо имон овардаед, бар Ў таваккул кунед, агар таслими фармони Ў ҳастед».

85           Гуфтанд: «Танҳо бар Худо таваккул дорем, Парвардигоро! Моро мавриди шиканҷаи гурўҳи ситамгар қарор мадеҳ.

86           Ва моро бо раҳматат аз (дасти) қавми кофир раҳоӣ бахш».

87           Ва ба Мўсо ва бародараш ваҳй кардем, ки: «Барои қавми худ, хонаҳое дар сарзамини Миср интихоб кунед. Ва хонаҳоятонро муқобили якдигар (ва мутамаркиз) қарор диҳед. Ва намозро барпо доред ва ба мўъминон башорат деҳ, (ки саранҷом пирўз мешаванд)».

88           Мўсо гуфт: «Парвардигоро! Ту Фиръавн ва атрофиёнашро зинат ва амволи (саршоре) дар зиндагии дунё додаӣ, Парвардигоро! Дар натиҷа (бандагонатро) аз роҳи Ту гумроҳ месозанд. Парвардигоро! Амволашонро нобуд кун. Ва (ба ҷурми гуноҳонашон), дилҳояшонро сахту сангин соз, ба гунае, ки имон наоваранд, то азоби дарднокро бибинанд».

89           Фармуд: «Дуои шумо пазируфта шуд. Истиқомат ба харҷ диҳед ва аз роҳ (ва расми) касоне, ки намедонанд, пайравӣ накунед».

90           (Саранҷом), Банӣ Исроилро аз дарё (руди бузурги Нил) гузар додем ва Фиръавн ва лашкариёнаш аз сари зулму таҷовуз дар пайи онҳо рафтанд. Ҳангоме, ки ғарқоб домани ўро гирифт, гуфт: «Имон овардам, ки ҳеҷ маъбуде, ҷуз касе, ки Банӣ Исроил ба ў имон овардаанд, вуҷуд надорад ва ман аз муслимин ҳастам».

91           (Аммо ба ў хитоб шуд:) Акнун?! Дар ҳоле, ки қаблан исён кардӣ ва аз муфсидон будӣ!

92           Вале имрўз, баданатро (аз об) наҷот медиҳем, то барои ояндагон ибрат бошӣ. Ва бисёре аз мардум аз оятҳои мо ғофиланд.

93           (Сипас), Банӣ Исроилро дар ҷойгоҳи сидқ (ва ростӣ) манзил додем ва аз рўзиҳои покиза ба онҳо ато кардем, (аммо онҳо ба низоу ихтилоф бархостанд). Ва ихтилоф накарданд, магар баъд аз он ки илму огоҳӣ ба суроғашон омад. Парвардигори ту рўзи қиёмат, дар он чӣ ихтилоф мекарданд, миёни онҳо доварӣ мекунад.

94           Ва агар дар он чӣ бар ту нозил кардаем, шакке дорӣ, аз касоне, ки пеш аз ту китоби осмониро мехонданд, бипурс. Ба яқин, ҳақ аз тарафи Парвардигорат ба ту расидааст. Бинбар ин ҳаргиз аз шаккунандагон мабош! (Ҳатман ў шак надошт, ин дарсе барои мардум буд).

95           Ва аз онҳо мабош, ки оятҳои Худоро инкор карданд, ки аз зиёнкорон хоҳӣ буд.

96           (Ва бидон) онҳо, ки фармони Парвардигори ту бар онон таҳаққуқ ёфтааст (ва ба ҷурми аъмолашон, тавфиқи ҳидоятро аз онҳо гирифтааст, ҳаргиз) имон намеоваранд,

97           Ҳар чанд тамоми оятҳо (ва нишонаҳои илоҳӣ) ба онон бирасад, то замоне ки азоби дарднокро бибинанд! (Зеро торикии гуноҳ, қалбҳояшонро фаро гирифта ва роҳе ба равшаноӣ надоранд).

98           Чаро ҳеҷ як аз шаҳрҳо ва ободиҳо имон наоварданд, ки (имонашон ба ҷо бошад ва) ба ҳолашон фоидаовар бошад?! Магар қавми Юнус, ҳангоме, ки онҳо имон оварданд, азоби расвокунандаро дар зиндагии дунё аз онон бартараф сохтем ва то муддати муайяне (поёни зиндагӣ ва аҷалашон), онҳоро баҳраманд сохтем.

99           Ва агар Паравардигори ту мехост, тамоми касоне, ки рўи замин ҳастанд, ҳамагӣ ба (маҷбурӣ) имон меоварданд. Оё ту мехоҳӣ мардумро маҷбур созӣ, ки имон биёваранд?! (Имони маҷбурӣ чӣ суде дорад?!).

100       (Аммо) ҳеҷ кас наметавонад имон биёварад, ҷуз ба фармони Худо (ва тавфиқу ёрӣ ва ҳидояти Ў). Ва палидии (куфру гуноҳ)-ро бар касоне қарор медиҳад, ки намеандешанд.

101       Бигў: «Нигоҳ кунед, чӣ чиз (аз оятҳои Худо ва нишонаҳои тавҳидаш), дар осмонҳо ва замин аст?», аммо ин оятҳо ва инзорҳо ба ҳоли касоне, ки (ба хотири саркашӣ) имон намеоваранд, фоидаовар нахоҳад буд.

102       Оё онҳо (чизе) ҷуз монанди рўзҳои пешиниён (ва балоҳову муҷозотҳояшон)-ро интизор мекашанд?! Бигў: «Шумо интизор бикашед, ман низ бо шумо интизор мекашам!».

103       Сипас (ҳангоми нозил шудани балову муҷозот), фиристодагони худ ва касонеро, ки (ба онон) имон меоваранд, наҷот медодем ва ҳамин гуна бар мо ҳақ аст, ки мўъминон (-и ба ту)-ро (низ) раҳоӣ бахшем.

104       Бигў: «Эй мардум! Агар дар ақидаи ман шак доред, ман онҳоеро, ки ҷуз Худо мепарастед, намепарастам. Танҳо Худовандеро парастиш мекунам, ки шуморо мемиронад. Ва ман маъмурам, ки аз мўъминон бошам.

105       Ва (ба ман дастур дода шуда, ки:) рўи худро ба оине мутаваҷҷеҳ соз, ки аз ҳар гуна ширк, холӣ аст. Ва аз мушрикон мабош!

106       Ва ҷуз Худо чизеро, ки на суде ба ту меравсонад ва на зиёне, махон, ки агар чунин кунӣ, аз ситамкорон хоҳӣ буд.

107       Ва агар Худованд, (барои имтиҳон ё кайфари гуноҳ), зиёне ба ту расонад, ҳеҷ кас ҷуз Ў онро бартараф намесозад. Ва агар иродаи хайре ба ту кунад, ҳеҷ кас монеи фазли Ў нахоҳад шуд. Онро ба ҳар кас аз бандагонаш бихоҳад, мерасонад. Ва Ў Ғафур ва Раҳим аст».

108       Бигў: «Эй мардум! Ҳақ аз тарафи Парвардигоратон ба суроғи шумо омадааст, ҳар кас (дар партави он) ҳидоят ёбад, барои худ ҳидоят шудааст ва ҳар кас гумроҳ гардад, ба зиёни худ гумроҳ мегардад. Ва ман маъмур (ба маҷбур кардани) шумо нестам».

109       Ва аз он чӣ бар ту ваҳй мешавад пайравӣ кун ва шакебо бош (ва истиқомат намо), то Худованд фармони (пирўзи)-ро содир кунад. Ва Ў беҳтарини ҳокимон аст.

Сураи Ҳуд

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 123 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон

1  Алиф, Лом, Ро. Ин китобе аст, ки оятҳояш мустаҳкам шудааст. Сипас шарҳ дода шуда ва аз назди Худованди Ҳакимe Огоҳ (нозил гардида) аст.

2  (Даъвати ман ин аст), ки: ҷуз «Аллоҳ»-ро напарастед. Ман аз сўи Ў барои шумо бимдиҳанда ва башоратдиҳандаам.

1  Ва ин ки: аз Парвардигори худ омурзиш биталабед, сипас ба сўи Ў бозгардед, то шуморо то муддати муайяне (аз мавоҳиби зиндагии ин ҷаҳон), ба хубӣ баҳраманд созад ва ба ҳар соҳиби фазилате ба миқдори фазилаташ бубахшад. Ва агар (аз ин фармон) рўйгардон шавед, ман бар шумо аз азоби рўзи бузурге хавфнокам!

4  (Бидонед), бозгашти шумо ба сўи «Аллоҳ» аст ва Ў бар ҳар чиз тавоност.

5  Огоҳ бошед, онҳо (сарҳоро ба ҳам наздик сохта ва) синаҳояшонро дар канори ҳам қарор медиҳанд, то худ (ва суханони худ)-ро аз ў (Пайғамбар) пинҳон доранд. Огоҳ бошед, онгоҳ, ки онҳо либосҳояшонро ба худ мепечанд ва худро дар он пинҳон мекунанд, (Худованд) медонад он чиро пинҳон мекунанд ва он чиро ошкор месозанд, зеро Ў аз асрори даруни синаҳо огоҳ аст.

6  Ҳеҷ ҷунбандае дар замин нест, магар ин ки рўзии ў бар Худост. Ў қароргоҳ ва маҳалли нақлу интиқолашро медонад, ҳамаи инҳо дар китоби ошкоре сабт аст. (Дар лавҳи маҳфуз, дар китоби илми Худо).

7  Ў касе аст, ки осмонҳову заминро дар шаш рўз (шаш даврон) офарид. Ва арши (ҳукумати) Ў, бар об қарор дошт, (ба хотири ин офарид), то шуморо имтиҳон намояд, ки кадом як амалатон беҳтар аст. Ва агар (ба онҳо) бигўӣ: «Шумо баъд аз марг барангехта мешавед», ҳатман кофирон мегўянд: «ин сеҳри ошкоре аст!».

8  Ва агар муҷозотро то замони муайяне аз онҳо ба таъхир андозем, (аз рўи истеҳзо мегўянд: «Чӣ чиз монеи он шудааст?!». Огоҳ бошед, он рўз, ки (азоб) ба суроғашон ояд, аз онҳо бозгардонида нахоҳад шуд (ва ҳеҷ қудрате монеи он нахоҳад буд). Ва он чиро масхара мекарданд, доманашонро мегирад.

9  Ва агар аз ҷониби худ неъмате ба инсон бичашонем, сипас онро аз ў бигирем, бисёр ноумед ва носипос хоҳад буд.

10           Ва агар баъд аз шиддату ранҷе, ки ба ў расидааст, неъматҳое ба ў бичашонем, мегўяд: «Мушкилот аз ман бартараф шуд ва дигар боз нахоҳад гашт!». Ва ғарқи шодиву ғафлат ва фахрфурўшӣ мешавад.

11           Магар онҳо, ки (дар сояи имони ростин), сабру истиқомат варзиданд ва корҳои шоиста анҷом доданд, ки барои онҳо омурзиш ва аҷри бузурге аст.

12           Шояд (иблоғи) баъзе оятҳоеро, ки ба ту ваҳй мешавад, (ба хотири напазируфтани онҳо) тарк кунӣ (ва ба таъхир андозӣ) ва синаат аз ин ҷиҳат танг (ва нороҳат) шавад, ки мегўянд: «Чаро ганҷе бар ў нозил нашудааст ва ё чаро фариштае ҳамроҳи ў наомадааст?!». (Иблоғ кун ва нигарон ва нороҳат мабош! Чаро, ки) ту фақат бимдиҳандаӣ ва Худованд нигаҳбон ва нозир бар ҳамаи чиз аст (ва ба ҳисоби онон мерасад).

13           Оё мегўянд: «Ў ба дурўғ ин (Қуръон)-ро (ба Худо) нисбат дода (ва сохтагӣ аст?!)». Бигў: «Агар рост мегўед, шумо ҳам даҳ сураи сохтагӣ монанди ин Қуръон биёваред. Ва тамоми касонеро, ки метавонед – ғайр аз Худо – (барои ин кор) даъват кунед!».

14           Ва агар онҳо даъвати шуморо напазируфтанд, бидонед (Қуръон) танҳо бо илми илоҳӣ нозил шуда ва ҳеҷ маъбуде ҷуз Ў нест. Оё бо ин ҳол таслим мешавед?!

15           Касоне, ки зиндагии дунё ва зинати онро бихоҳанд, (натиҷаи) аъмолашонро дар ҳамин дунё ба таври комил ба онҳо медиҳем ва чизе каму кост аз онҳо нахоҳад шуд.

16           (Вале) онҳо дар охират, ҷуз оташ, (саҳме) нахоҳанд дошт. Ва он чиро дар дунё (барои ғайри Худо) анҷом доданд, барбод меравад ва он чиро амал мекарданд, ботил ва беасар мешавад.

17           Оё он кас, ки далели ошкоре аз Парвардигори худ дорад ва дар пайи он шоҳиде аз сўи Ў мебошад ва пеш аз он, китоби Мўсо, ки пешво ва раҳмат буд, (гувоҳӣ бар он медиҳад, ҳамчун касе аст, ки чунин набошад?!). Онҳо (ҳақталабон ва ҳақтқатҷўён) ба ў, (ки ин хусусиятҳоро дорад), имон меоваранд. Ва ҳар кас аз гурўҳҳои мухталиф ба ў кофир шавад, оташ ваъдагоҳи ўст. Пас, шакке дар он надошта бош, ки он ҳақ аст аз Парвардигорат, вале бештари мардум имон намеоваранд.

18           Чӣ касе ситамкортар аст аз касоне, ки бар Худо тўҳмат мебанданд?! Онон (рўзи растохез) бар Парвардигорашон арза мешаванд, дар ҳоле, ки шоҳидон (пайғамбарон ва фариштагон) мегўянд: «Инҳо ҳамонҳо ҳастанд, ки ба парвардигорашон дурўғ бастанд. Эй лаънати Худо бар золимон бод!».

19           Ҳамонҳо, ки (мардумро) аз роҳи Худо бозмедоранд ва роҳи ҳақро каҷу килеб нишон медиҳанд ва ба сарои охират кофиранд.

20           Онҳо ҳеҷ гоҳ тавоноии гурез дар заминро надоранд ва ҷуз Худо, пуштибонҳое намеёбанд. Азоби Худо барои онҳо дучанд хоҳад буд, (чаро, ки ҳам худашон гумроҳ буданд ва ҳам дигаронро гумроҳ сохтанд). Онҳо ҳаргиз тавоноии шунидан (-и ҳақро) надоштанд ва (ҳақиқатро) намедиданд.

21           Онон касоне ҳастанд, ки сармояи вуҷуди худро аз даст додаанд ва тамоми маъбудҳои дурўғин аз назарошон гум шуданд.

22           (Ба ночор) онҳо дар сарои охират, қатъан аз ҳама зиёнкортар ҳастанд!

23           Касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста анҷом доданд ва дар баробари Парвардигорашон хузўу хушўъ карданд, онҳо аҳли биҳиштанд ва ҷовидона дар он хоҳанд монд.

24           Ҳоли ин ду гурўҳ (мўъмион ва мункирон), ҳоли нобино ва кар ва бино ва шунавост. Оё ин ду, монанди якдигаранд?! Оё панд намегиред?!

25           Мо Нўҳро ба сўи қавмаш фиристодем. (нахустин бор ба онҳо гуфт): «Ман барои шумо бимдиҳандаи ошкорам.

26           Ҷуз «Аллоҳ» (Худои Ягонаи Якто)-ро напарастед, зеро бар шумо аз азоби рўзи дардноке метарсам».

27           Ашрофи кофири қавмаш (дар ҷавоби ў) гуфтанд: «Мо туро ҷуз башаре ҳамчун худамон намебинем ва касонеро, ки аз ту пайравӣ кардаанд, ҷуз гурўҳи палиди соддалавҳ мушоҳида намекунем. Ва барои шумо фазилате нисбат ба худ намебинем, балки шуморо дурўғгў тасаввур мекунем».

28           (Нўҳ) гуфт: «Эй қавми ман! Ба ман хабар диҳед, агар ман далели равшане аз Парвардигорам дошта бошам ва аз назди худаш раҳмате ба ман дода бошад – ва бар шумо пўшида монда бошад – (оё боз ҳам рисолати маро инкор мекунед?!). Оё мо метавонем шуморо ба пазириши ин далели равшан маҷбур созем, бо ин ки шумо кароҳат доред?!

29           Эй қавми ман! Ба хотири ин даъват, аҷру подоше аз шумо наметалабам, аҷри ман, танҳо бар Худост. Ва ман, онҳоро, ки имон овардаанд, (ба хотири шумо) аз худ дур намекунам, чаро, ки онҳо Парвардигорашонро мулоқот хоҳанд кард. (Агар онҳоро аз худ биронам, дар додгоҳи қиёмат хасми ман хоҳанд буд), вале шуморо қавми ҷоҳиле мебинам.

30           Эй қавми ман! Чӣ касе маро дар баробари (муҷозоти) Худо ёрӣ медиҳад, агар онҳоро раҳо кунам?! Оё андеша намекунед?!

31           Ман ҳаргиз ба шумо намегўям хазинаҳои илоҳӣ назди ман аст ва ғайб ҳам намедонам ва намегўям, ман фариштаам. Ва (низ) намегўям, касоне, ки дар назари шумо хор меоянд, Худованд хайре ба онҳо нахоҳад дод. Худо аз дили онон огоҳтар аст. (Бо ин ҳол агар онҳоро биронам), дар ин сурат аз ситамкорон хоҳам буд».

32           Гуфтанд: «Эй Нўҳ! Бо мо ҷарру баҳс кардӣ ва зиёд ҳам ҷарру баҳс кардӣ! (Бас аст!). Акнун агар рост мегўӣ, он чиро (аз азоби илоҳӣ) ба мо ваъда медиҳӣ, биёвар!».

33           (Нўҳ) гуфт: «Агар Худо ирода кунад, хоҳад овард ва шумо қудрати гурез (аз онро) нахоҳед дошт!

34           (Аммо чӣ суд, ки) ҳар гоҳ Худо бихоҳад шуморо (ба хотири гуноҳонатон) гумроҳ созад ва ман бихоҳам шуморо андарз диҳам, андарзи ман суде ба ҳолатон нахоҳад дошт. Ў Парвардигори шумост ва ба сўи Ў бозгашт дода мешавед».

35           Оё (мушрикон) мегўянд: «Ў (Муҳаммад (с)) ин суханонро ба дурўғ ба Худо нисбат додааст?!». Бигў: «Агар ман инҳоро аз пеши худ сохта бошам ва ба Ў нисбат диҳам, гуноҳонаш бар ўҳдаи ман аст, вале ман аз гуноҳони шумо безорам».

36           Ба Нўҳ ваҳй шуд, ки: «ҷуз онҳо, ки (то кунун) имон овардаанд, дигар ҳеҷ кас аз қавми ту имон нахоҳад овард. Пас аз корҳое, ки мекарданд, ғамгин мабош.

37           Ва (акнун) дар ҳузури мо ва тибқи ваҳйи мо, киштӣ бисоз. Ва дар бораи онҳо, ки ситам карданд, шафоат макун, ки (ҳамаи) онҳо ғарқ шуданӣ ҳастанд!».

38           Ў машғули сохтани киштӣ буд ва ҳар замон гурўҳе аз бузургони қавмаш бар ў мегузаштанд, ўро масхара мекарданд, (вале Нўҳ) гуфт: «Агар моро масхара мекунед, мо низ шуморо ҳамин гуна масхара хоҳем кард.

39           Ба зудӣ хоҳед донист, чӣ касе азоби хоркунанда ба суроғаш хоҳад омад ва муҷозоти ҷовидона бар ў ворид хоҳад шуд!».

40           (Ин вазъ ҳамчунон идома ёфт), то он замон, ки фармони мо фаро расид ва танўр ҷўшидан гирифт. (Ба Нўҳ) гуфтем: «Аз ҳар ҷуфте аз ҳайвонот, (аз нару мода) як завҷ дар он (киштӣ) ҳамл кун. Ҳамчунин хонадонатро (бар он савор кун) – магар онҳо, ки пеш аз ин ваъдаи ҳалоки онон дода шудааст, (ҳамсар ва яке аз фарзандонат) – ва ҳамчунин мўъминонро». Аммо ҷуз шумори каме ҳамроҳи ў имон наоварданд.

41           Ў гуфт: «Ба номи Худо бар он савор шавед. Ва ҳангоми ҳаракат ва таваққуфи киштӣ, ёди Ў кунед, ки Парвардигорам Омурзанда ва Меҳрубон аст».

42           Ва он (киштӣ) онҳоро аз миёни мавҷҳое ҳамчун кўҳҳо ҳаракат медод, (дар ин ҳангом), Нўҳ фарзандошро, ки дар гўшае буд, фарёд зад: «Писарам! Ҳамроҳи мо савор шав ва бо кофирон мабош!».

43           Гуфт: «Ба зудӣ ба кўҳе паноҳ мебарам, ки маро аз об ҳифз мекунад!». (Нўҳ) гуфт: «Имрўз ҳеҷ нигаҳдоре дар баробари фармони Худо нест, магар он касро, ки Ў раҳм кунад». Дар ин ҳангом, мавҷ дар миёни он ду ҳоил шуд ва ў дар зумраи ғарқшудагон қарор гирифт.

44           Ва гуфта шуд: «Эй замин, обатро фурў бар! Ва эй осмон, худдорӣ кун! Ва об фурў нишаст ва кор поён ёфт ва (киштӣ) бар (доманаи кўҳи) Ҷудӣ паҳлў гирифт. Ва (дар ин ҳангом) гуфта шуд: «Дур бод қавми ситамгар (аз саодат ва наҷоту раҳмати Худованд!)».

45           Нўҳ ба Парвардигораш гуфт: «Парвардигоро! Писарам аз хонадони ман аст ва ваъдаи Ту (дар мавриди наҷоти хонадонам) ҳақ аст ва Ту аз ҳамаи ҳукмкунандагон бартарӣ».

46           Гуфт: «Эй Нўҳ! Ў аз аҳли ту нест, ў амали ғайри солиҳе аст, (шахси ношоистае аст). Пас, он чиро аз он огоҳ нестӣ, аз ман махоҳ, ман ба ту андарз медиҳам, ки аз ҷоҳилон мабошӣ».

47           Гуфт: «Парвардигоро! Ман ба Ту паноҳ мебарам, ки аз Ту чизе бихоҳам, ки аз он огоҳӣ надорам. Ва агар маро набахшӣ ва бар ман раҳм накунӣ, аз зиёнкорон хоҳам буд».

48           (Ба Нўҳ) гуфта шуд: «Эй Нўҳ! Бо саломат ва барокоте аз ноҳияи мо бар ту ва бар тамоми уматҳое, ки бо ту ҳастанд, фуруд ой! Ва умматҳое низ ҳастанд, ки мо онҳоро аз неъматҳо баҳраманд хоҳем сохт, сипас азоби дардноке аз сўи мо ба онҳо мерасад, (чаро, ки ин неъматҳоро куфрон мекунанд)».

49           Инҳо аз хабарҳои ғайб аст, ки ба ту (эй Пайғамбар) ваҳй мекунем. На ту ва на қавмат, инҳоро пеш аз ин намедонистед. Бинобар ин, сабру истиқомат кун, ки оқибат аз они парҳезгорон аст.

50           (Мо) ба сўи (қавми) Од, бародарашон «Ҳуд»-ро фиристодем. (Ба онҳо) гуфт: «Эй қавми ман! Худоро парастиш кунед, ки маъбуде ҷуз Ў барои шумо нест. Шумо фақат тўҳмат мезанед (ва бутҳоро шарики Ў мехонед).

51           Эй қавми ман! Ман аз шумо барои ин (рисолат), подоше наметалабам. Подоши ман танҳо бар касе аст, ки маро офаридааст. Оё намефаҳмед?!

52           Ва эй қавми ман! Аз Парвардигоратон талаби омурзиш кунед, сипас ба сўи Ў бозгардед, то (борони) осмонро пай дар пай бар шумо бифиристад ва нерўе бар нерўятон бияфзояд. Ва гунаҳкорона, рўй (аз ҳақ) барнатобед».

53           Гуфтанд: «Эй Ҳуд! Ту далели равшане барои мо наовардаӣ ва мо худоёни худро ба хотири сухани ту, раҳо нахоҳем кард. Ва мо (аслан) ба ту имон намеоварем.

54           Мо (дар бораи ту) фақат мегўем: «баъзе аз худоёни мо, ба ту зиён расонида (ва ақлатро рабуда)-анд». (Ҳуд) гуфт: «Ман Худоро ба шаҳодат металабам, шумо низ гувоҳ бошед, ки ман безорам аз он чӣ шарик (-и Худо) қарор медиҳед,

55           Аз он чӣ ғайри Ў (мепарастед!). Ҳол, ки чунин аст, ҳамагӣ барои ман нақша бикашед ва маро мўҳлат надиҳед! (Аммо бидонед, коре аз дасти шумо сохта нест).

56           Ман ба «Аллоҳ», ки Парвардигори ман ва шумост, таваккул кардаам. Ҳеҷ ҷунбандае нест, магар ин ки Ў бар он тасаллут дорад, (аммо султае бо адолат, чаро, ки) Парвардигори ман бар роҳи рост аст.

57           Пас агар рўй баргардонед, ман рисолатеро, ки маъмур будам, ба шумо расонидам. Ва Парвардигорам гурўҳи дигареро ҷонишини шумо мекунад ва шумо камтарин зараре ба Ў намерасонед. Парвардигори ман ҳофизу нигаҳбони ҳар чиз аст».

58           Ва ҳангоме, ки фармони мо фаро расид, «Ҳуд» ва касонеро, ки бо ў имон оварда буданд, ба раҳмати худ наҷот додем ва онҳоро аз азоби шадид раҳоӣ бахшидем.

59           Ва ин қавми «Од» буд, ки оятҳои Парвардигорашонро инкор карданд ва пайғамбарони ўро маъсият намуданд ва аз фармони ҳар ситамгари душмани ҳақ, пайравӣ карданд.

60           Онон, дар ин дунё ва рўзи қиёмат, лаънат (ва номи нангине) дар пай доранд. Бидонед, «Од» нисбат ба Парвардигорашон куфр варзиданд. Дур бод «Од» - қавми Ҳуд – (аз раҳмати Худо ва хайру саодат!).

61           Ва ба сўи қавми «Самуд», бародарашон «Солеҳ»-ро (фиристодем). Гуфт: «Эй қавми ман! Худоро парастиш кунед, ки маъбуде ҷуз Ў барои шумо нест. Ўст, ки шуморо аз замин офарид ва ободии онро ба шумо вогузошт. Аз Ў омурзиш баталабед, сипас ба сўи Ў бозгардед, ки Парвардигорам (ба бандагони худ) наздик ва иҷобаткунанда (-и хостаҳои онҳо) аст».

62           Гуфтанд: «Эй Солеҳ! Ту пеш аз ин, сабаби умеди мо будӣ, оё моро аз парастиши он чӣ падаронамон мепастиданд, наҳй мекунӣ?! Дар ҳоле, ки мо дар мавриди он чӣ ба сўи он даъватамон мекунӣ, дар шакку тардид ҳастем».

63           Гуфт: «Эй қавм! Ба ман хабар диҳед, агар ман далели ошкоре аз Парвардигорам дошта бошам ва раҳмате аз ҷониби худ ба ман дода бошад, (метавонам аз иблоғи рисолати Ў сарпечӣ кунам?!). Агар ман нофармонии Ў кунам, чӣ касе метавонад маро дар баробари вай ёрӣ диҳад?! Пас, (суханони) шумо ҷуз итминон ба зиёнкор буданатон, чизе бар ман намеафзояд.

64           Эй қавми ман! Ин «ноқаи» (шутури модаи) Худованд аст, ки барои шумо нишонае аст, бугузоред дар замини Худо бар чаридан машғул шавад, ҳеҷ гуна озоре ба он нарасонед, ки ба зудӣ азоби Худо шуморо хоҳад гирифт!».

65           (Аммо) онҳо, он (ноқа)-ро аз пой дароварданд ва (Солеҳ ба онҳо) гуфт: «(Мўҳлати шумо тамом шуд!). Се рўз дар хонаҳоятон баҳраманд гардед (ва баъд аз он азоби илоҳӣ фаро хоҳад расид). Ин ваъдае аст, ки дурўғ нахоҳад буд».

66           Ва ҳангоме, ки фармони (муҷозоти) мо фаро расид, Солеҳ ва касонеро, ки бо ў имон оварда буданд, ба раҳмати худ (аз он азоб) ва аз расвоии он рўз, раҳоӣ бахшидем, чаро, ки Парваррдигорат қавӣ ва шикастнопазир аст.

67           Ва касонеро, ки ситам карда буданд, сайҳа (-и осмонӣ) фурў гирифт ва дар хонаҳояшон ба рўй афтоданд ва мурданд.

68           Он чунон, ки гўё ҳаргиз сокини он диёр набуданд! Бидонед, қавми Самуд Парвардигорашонро инкор карданд. Дур бод қавми Самуд (аз раҳмати Парвардигор!).

69           Фиристодагони мо (фариштагон) барои Иброҳим башорат оварданд, гуфтанд: «Салом!». (Ў низ) гуфт: «Салом!». Ва тўле накашид, ки гўсолаи бирёне (барои онҳо) овард.

70           (Аммо) ҳангоме, ки дид, дасти онҳо ба он намерасад (ва аз он намехўранд, кори) онҳоро нописанд шумурд ва дар дил эҳсоси тарс намуд. Ба ў гуфтанд: «Натарс! Мо ба сўи қавми Лут фиристода шудаем».

71           Ва ҳамсараш истода буд, (аз хушҳолӣ) хандид. Пас ўро ба Исҳоқ ва баъд аз ў ба Яъқуб башорат додем.

72           Гуфт: «Эй вой бар ман! Оё ман фарзанд меоварам, дар ҳоле, ки пиразанам ва ин шавҳарам пирамарде аст?! Ин ростӣ чизи аҷибе аст!».

73           Гуфтанд: «Оё аз фармони Худо ҳайрат мекунӣ?! Ин раҳмати Худо ва баракоташ бар шумо хонавода аст, чаро, ки Ў сутуда ва волост».

74           Ҳангоме, ки тарси Иброҳим фурў нишаст ва башорат ба ў расид, дар бораи қавми Лут бо мо муҷодила мекард.

75           Чаро, ки Иброҳим, бурдбору дилсўз ва бозгашткунанда (ба сўи Худо) буд.

76           Эй Иброҳим! Аз ин (дархост) сарфиназар кун, ки фармони Парвардигорат фаро расида ва ба таври ҳатмӣ, азоби (илоҳӣ) ба суроғи онҳо меояд ва баргашт надорад.

77           Ва ҳангоме, ки расулони мо (фариштагони азоб), ба суроғи Лут омаданд, аз омаданашон нороҳат шуд ва қалбаш парешон гашт ва гуфт: «Имрўз рўзи сахте аст!». (Зеро онҳоро нашинохт ва тарсид, ки қавми табаҳкор музоҳими онҳо шаванд).

78           Қавми ў (ба қасди музоҳимати меҳмонон), бо шитоб ба суроғи ў омаданд – ва пеш аз он корҳои бад мекарданд. – Гуфт: «Эй қавми ман! Инҳо духтарони ман ҳастанд, барои шумо покизатаранд, (бо онҳо издивоҷ кунед ва аз кори нописанд чашм бипўшед). Аз Худо битарсед ва маро дар мавриди меҳмононам расво насозед. Оё дар миёни шумо як марди бофаҳму огоҳе нест?!».

79           Гуфтанд: «Ту, ки медонӣ, мо тамоюле ба духтарони ту надорем ва хуб медонӣ мо чӣ мехоҳем».

80           Гуфт: «(Афсўс)! Эй кош дар баробари шумо қудрате доштам ё такягоҳу пуштибони маҳкаме дар ихтиёри ман буд! (Онгоҳ медонистам бо шумо палидсиратони дудманиш чӣ кунам)».

81           (Фариштагони азоб) гуфтанд: «Эй Лут! Мо фиристодагони Парвардигори ту ҳастем, онҳо ҳаргиз дастрасӣ ба ту пайдо нахоҳанд кард, дар дили шаб, хонаводаатро (аз ин шаҳр) ҳаракат деҳ ва ҳеҷ як аз шумо пушти сарашро нигоҳ накунад, магар ҳамсарат, ки ў ҳам ба ҳамон балое, ки онҳо гирифтор мешаванд, гирифтор хоҳад шуд. Ваъдагоҳи онҳо субҳ аст, оё субҳ наздик нест?!».

82           Ва ҳангоме, ки фармони мо фаро расид, он (шаҳру диёр)-ро зеру рў кардем ва бороне аз санги (гилҳои мутаҳаҷҷири) мутароким бар рўи ҳам, бар онҳо нозил намудем.

83           (Сангҳое, ки) назди Парвардигорат нишонадор буд ва он, (аз дигар) ситамгарон дур нест.

84           Ва ба сўи «Мадян», бародарашон Шуайбро (фиристодем), гуфт: «Эй қавми ман! Худоро парастиш кунед, ки ҷуз Ў маъбуди дигаре барои шумо нест. Паймона ва вазнро кам накунед (ва даст ба камфурўшӣ назанед). Ман (ҳамакнун) шуморо дар неъмат мебинам, (вале) аз азоби рўзи фарогир, бар шумо бимнокам.

85           Ва эй қавми ман! Паймона ва вазнро бо адолат тамом диҳед. Ва бар чизҳо (ва аҷноси) мардум айб нагузоред ва аз ҳаққи онон накоҳед ва дар замин ба фасод накўшед.

86           Он чӣ Худованд барои шумо боқӣ гузоридааст, (аз сармояҳои ҳалол) бароятон беҳтар аст, агар имон дошта бошед. Ва ман, посдори шумо (ва маъмур ба маҷбур кардан бар имон) нестам».

87           Гуфтанд: «Эй Шуайб! Оё намозат ба дастур медиҳад, ки он чиро падаронамон мепарастиданд, тарк кунем ё он чиро мехоҳем дар амволамон анҷом надиҳем?! Ту, ки марди бурдбору бофаҳме ҳастӣ!».

88           Гуфт: «Эй қавм! Ба ман бигўед, ҳар гоҳ ман далели ошкоре аз Парвардигорам дошта бошам ва ризқи (ва мавҳибати) хубе ба ман дода бошад, (оё метавонам бар хилофи фармони Ў рафтор кунам?!). Ман ҳаргиз намехоҳам чизе, ки шуморо аз он боз медорам, худам даст занам. Ман ҷуз ислоҳ – то он ҷо ки тавоноӣ дорам – намехоҳам. Ва тавфиқи ман, ҷуз ба Худо нест. Бар Ў таваккул кардам ва ба сўи Ў бозмегардам.

89           Ва эй қавми ман! Душманӣ ва мухолифат бо ман, сабаб нашавад, ки шумо ба ҳамон сарнавиште, ки қавми Нўҳ ё қавми Ҳуд ё қавми Солеҳ гирифтор шуданд, гирифтор шавед. Ва қавми Лут аз шумо чандон дур нест.

90           Аз Парвардигори худ омурзиш биталабем ва ба сўи Ў бозгардед, ки Парвардигорам Меҳрубон ва дўстдор (-и бандагони тавбакор) аст».

91           Гуфтанд: «Эй Шуайб! Бисёре аз он чиро, ки мегўӣ, мо намефаҳмем ва мо туро дар миёни худ заиф меёбем. Ва агар (ба хотири) қабилаи кўчакат набуд, туро сангсор мекардем ва ту дар баробари мо қудрате надорӣ».

92           Гуфт: «Эй қавм! Оё қабилаи кўчаки ман, назди шумо азизтар аз Худованд аст?! Дар ҳоле, ки (фармони) Ўро пушти сар андохтаед! Парвардигорам ба он чӣ анҷом медиҳед, иҳота дорад (ва огоҳ аст).

93           Эй қавм! Ҳар коре аз дастатон сохтааст, анҷом диҳед, ман ҳам кори худро хоҳам кард. Ва ба зудӣ хоҳед донист, чӣ касе азоби хоркунанда ба суроғаш меояд ва чӣ касе дурўғгў аст! Шумо интизор кашед, ман ҳам бо шумо дар интизорам!».

94           Ва ҳангоме, ки фармони мо фаро расид, Шуайб ва касонеро, ки бо ў имон оварда буданд, ба раҳмати худ наҷот додем ва онҳоро, ки ситам карданд, сайҳа (-и осмонӣ) фурў гирифт ва дар диёри худ ба рў афтоданд (ва мурданд).

95           Он чунон, ки гўё ҳаргиз аз сокинони он (диёр) набуданд! Дур бод Мадян (ва аҳли он аз раҳмати Худо), ҳамон гуна, ки қавми Самуд дур шуданд!

96           Мо, Мўсоро бо оятҳои худ ва далели ошкоре фиристодем.

97           Ба сўи Фиръавн ва атрофиёнаш, аммо онҳо аз фармони Фиръавн пайравӣ карданд, дар ҳоле, ки фармони Фиръавн, сабаби рушду наҷот набуд.

98           Рўзи қиёмат, ў дар пешопеши қавмаш хоҳад буд ва (ба ҷои чашмаҳои зулоли биҳишт), онҳоро дохили оташ мекунад. Ва чӣ обишхўри баде аст (оташ), ки бар он дихил мешаванд!

99           Онон дар ин ҷаҳон ва рўзи қиёмат, лаънате дар пай доранд. Ва чӣ атои баде аст (лаъну дурӣ аз раҳмати Худо), ки насиби онон мешавад!

100       Ин аз ахбори шаҳрҳо ва ободиҳост, ки мо барои ту бозгў мекунем, ки баъзе (ҳанўз) барпо ҳастанд ва баъзе дирав шудаанд (ва аз байн рафтаанд).

101       Мо ба онҳо ситам накардем, балки онҳо худашон бар худ ситам раво доштанд. Ва ҳангоме, ки фармони муҷозоти илоҳӣ фаро расид, маъбудонеро, ки ғайр аз Худо мехонданд, онҳоро ёрӣ накарданд ва ҷуз бар ҳалокати онон наяфзуданд.

102       Ва ин чунин аст муҷозоти Парвардигори ту, ҳангоме, ки шаҳрҳо ва ободиҳои золимро муҷозот мекунад! (Оре), муҷозоти Ў дардноку шадид аст!

103       Дар ин, нишонае аст барои касе, ки аз азоби охират метарсад, ҳамон рўзе аст, ки мардум дар он ҷамъ мешаванд ва рўзе, ки ҳама онро мушоҳида мекунанд.

104       Ва мо он (муҷозот)-ро ҷуз то замони муайяне таъхир намеандозем.

105       Он рўз, ки (қиёмат ва замони муҷозот) фаро расад, ҳеҷ кас ҷуз ба иҷозати Ў сухан намегўяд, гурўҳе бадбахтанд ва гурўҳе хушбахт.

106       Аммо онҳо, ки бадбахт шуданд, дар оташанд. Ва барои онон дар он ҷо «зафир» ва «шаҳиқ» (нолаҳои дуру дароз ва дам ба дам) аст.

107       Ҷовидона дар он хоҳанд монд, то осмонҳо ва замин барпост, магар он чӣ Парвардигорат бихоҳад. Парвардигорат ҳари чиро бихоҳад, анҷом медиҳад.

108       Аммо онҳо, ки хушбахту саодатманд шуданд, ҷовидона дар биҳишт хоҳанд монд, то осмонҳо ва замин барпост, магар он чӣ Парвардигорат бихоҳад. Бахшише аст қатънашуданӣ.

109       Пас шакку тардиде (дар ботил будани) маъбудҳое, ки онҳо мепарастанд, ба худ роҳ мадеҳ. Онҳо ҳамон гуна ин маъбудҳоро парастиш мекунанд, ки падаронашон пеш аз он мепарастиданд. Ва мо насиби ононро бекаму кост хоҳем дод.

110       Мо ба Мўсо китоби осмонӣ додем, сипас дар он ихтилоф шуд. Ва агар фармони пешинаи Худо (дар заминаи имтиҳон ва итмоми ҳуҷҷат бар онҳо) набуд, дар миёни онон доварӣ мешуд. Ва онҳо (ҳанўз) дар шак ҳастанд, шакке омехта ба бадгумонӣ.

111       Ва Парвардигорат аъмоли ҳар якро бе каму кост ба онҳо хоҳад дод, Ў ба он чӣ амал мекунанд, огоҳ аст.

112       Пас ҳамон гуна, ки фармон ёфтаӣ, истиқомат кун ва ҳамчунин касоне, ки бо ту ба сўи Худо омадаанд, (бояд истиқомат кунанд) ва туғён накунед, ки Худованд он чиро анҷом медиҳед, мебинад.

113       Ва бар золимон такя нанамоед, ки сабаб мешавад оташ шуморо фаро гирад ва дар он ҳол, ҳеҷ валӣ ва сарпарасте ҷуз Худо нахоҳед дошт ва ёрӣ намешавед.

114       Дар ду тарафи рўз ва аввалҳои шаб, намозро барпо дор, чаро, ки ҳасанот, сайиот (ва асарҳои онҳо)-ро аз байн мебаранд. Ин тазаккуре аст барои касоне, ки аҳли тазаккуранд.

115       Ва шакебоӣ кун, ки Худованд подоши некўкоронро зойеъ нахоҳад кард.

116       Чаро дар қарнҳо (ва қавмҳои) пеш аз шумо донишмандони соҳибқудрате набуданд, ки аз фасод дар замин пешгирӣ кунанд?! Магар андаке аз онҳо, ки наҷоташон додем. Ва онон, ки ситам мекарданд, аз танаъум ва комҷўӣ пайравӣ карданд ва гунаҳкор буданд (ва нобуд шуданд).

117       Ва чунин набуд, ки Парвардигорат ободиҳоро ба зулму ситам нобуд кунад, дар ҳоле, ки аҳлаш дар садади ислоҳ бошанд.

118       Ва агар Парвардигорат мехост, ҳамаи мардумро як уммат (бе ҳеҷ гуна ихтилоф) қарор медод, вале онҳо ҳамвора мухталифанд.

119       Магар касеро, ки Парвардигорат раҳм кунад. Ва барои ҳамин (пазириши раҳмат), онҳоро офарид. Ва фармони Парвардигорат ҳатмӣ шудааст, ки: ҷаҳаннамро аз ҳамаи (саркаршону тоғиёни) ҷинну инс пур хоҳам кард!

120       Мо аз ҳар як аз саргузаштҳои пайғамбарон барои ту бозгў кардем, то ба василаи он, қалбатро оромиш бахшем (ва иродаат мустаҳкам гардад). Ва дар ин (ахбор ва саргузаштҳо) барои ту ҳақ ва барои мўъминон мавъиза ва тазаккур омадааст.

121       Ва ба онҳо, ки имон намеоваранд, бигў: «Ҳар чӣ дар қудрат доред, анҷом диҳед. Мо ҳам анҷом медиҳем!

122       Ва интизор бикашед. Мо ҳам мунтазирем!».

123       Ва (огоҳӣ аз) ғайб (ва асрори пинҳони) осмонҳо ва замин, танҳо аз они Худост ва ҳамаи корҳо ба сўи Ў бозгардонида мешавад. Пас Ўро парастиш кун ва бар Ў таваккул намо ва Парвардигорат аз корҳое, ки мекунед, ҳаргиз ғофил нест.