Нубувват бо Муҳаммад (с) поён ёфт

Пурсишҳо

Зуҳури дини Ислом ҳамроҳ аст бо эъломи ҷовидонагии он ва поён ёфтани дафтари нубувват. Мусулмонон ҳамвора хатми нубувватро як амри воқеъшуда донистаанд. Ҳеҷ гоҳ барои онҳо ин масъала матраҳ набуда, ки пас аз ҳазрати Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) пайғамбари дигаре хоҳад омад ё на? Қуръони Карим бо сароҳат поён ёфтани нубувватро эълом кардааст. Дар ояти 40 сураи Аҳзоб чунин мехонем:

“Муҳаммад падари ҳеҷ як аз мардони шумо нест. Ҳамоно ў фиристодаи Худо ва хотами паёмбарон (яъне поёндиҳандаи паёмбарон) аст”.[1]

Пайғамбари Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) хитоб ба Алӣ мефармояд:

“Эй Алӣ! Оё намеписандӣ, ки нисбати ту бо ман, ҳамонанди нисбати Ҳорун бошад ба Мўсо, ҷуз ин ки паёмбаре баъди ман вуҷуд надорад?”[2]

Дар миёни мусулмонон андешаи зуҳури пайғамбари дигар баъд аз Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи), монанди инкори ягонагии Худо ё инкори қиёмат мебошад.

Талош ва кўшише, ки дар миёни донишмандони исломӣ дар ин замина ба амал омадааст, танҳо дар ин ҷиҳат буда, ки мехостаанд ба умқи ин андеша пай бубаранд ва рози хатми нубувватро кашф кунанд.

Ваҳй дарёфти роҳнамоиест аз роҳи иттисоли замир ба ғайб ва малакут. Набӣ василаи иртиботиест миёни соири инсонҳо ва ҷаҳони дигар ва дар ҳақиқат пулест миёни ҷаҳони инсонҳо ва ҷаҳони ғайб.

Нубувват аз ҷанбаи шахсӣ ва фардӣ мазҳари густариш ва тараққии шахсияти руҳонии як фарди инсон аст ва аз ҷанбаи умумӣ паёми илоҳист барои инсонҳо ба манзури раҳбарии онҳо, ки ба василаи як фард ба дигарон иблоғ мегардад.

Ҳамин ҷост, ки андешаи хатми нубувват моро бо пурсишҳои зерин рўбарў мосозад:

Оё хатми нубувват ва зуҳур нагардидани паёмбари дигар баъд аз Хотами паёмбарон, ба маънои коҳиши истеъдодҳои маънавӣ ва таназзули башарият дар ҷанбаҳои руҳонист? Оё модари рўзгор аз зодани фарзандоне малакутисифот, ки битавонанд бо ғайб ва малакут пайванд дошта бошанд нотавон шудааст?

Ба илова, нубувват, ки дар натиҷаи ниёзмандии башар ба паёми илоҳӣ буда ва дар гузашта тибқи талаботи давра ва замон, ин паём таҷдид мешуда ва зуҳури паё пайи паёмбарон ва таҷдиди доимии шариатҳо ва пушти сари ҳам омадани китобҳои осмонӣ, ҳама ба ин сабаб буда, ки ниёзмандиҳои башар давра ба давра тағйир мекарда ва башар дар ҳар даврае ниёзманди паёми навин ва паёмовари навине буда, бо ин ҳол чигуна метавон фарз кард, ки бо эъломи хатми нубувват ин робита якбора бурида шавад ва пуле, ки ҷаҳони инсонро бо ҷаҳони ғайб пайваст мекунад, яксара хароб гардад ва дигар паёме ба башар нарасад ва башарият бидуни таклиф гузошта шавад?

Аз инҳо ҳам гузашта, чунон ки медонем дар фосилаи миёни паёмбарони соҳиби шариат (улул−азм) монанди Нўҳ, Иброҳим, Мўсо ва Исо (Алайҳимус салом) як силсила паёмбарони дигар зуҳур кардаанд, ки таблиғкунанда ва тарвиҷкунандаи шариати пешин будаанд. Ҳазорон паёмбар баъд аз Нўҳ омадаанд, ки таблиғкунанда ва тарвиҷкунандаи шариати Нўҳ будаанд (ҳамчунин баъд аз Иброҳим ва ғайра). Фаразан қатъ гардидани нубуввати дорои шариат бударо бипазирем ва бигўем бо шариати Ислом, шариатҳо хатм шуд, чаро нубувватҳои таблиғӣ баъд аз Ислом қатъ шуд? Чаро ин ҳама паёмбар баъд аз ҳар шариате зуҳур карданд ва онҳоро таблиғу тарвиҷ ва нигаҳбонӣ карданд, аммо баъд аз Ислом ҳатто як паёмбари ин чунин низ зуҳур накард?

Инҳо пурсишҳоест, ки аз андешаи хатми нубувват сарчашма мегирад.

Ислом, ки арзакунандаи ин андеша аст, посухи ин пурсишҳоро додааст. Ислом андешаи хатми нубувватро он чунон тарҳ ва тарсим кардааст, ки на танҳо ибҳом ва тардиде боқӣ намегузорад, балки онро ба сурати як фалсафаи бузург дармеоварад. Аз назари Ислом андешаи хатми нубувват, на нишонаи таназзули башарият ва коҳиши истеъдоди башарӣ ва нозо шудани модари рўзгор аст ва на далели бениёзии башар аз паёми илоҳист ва на бо посухгўӣ ба ниёзмандиҳои тағйирёбандаи башар дар давраҳо ва замонҳои мухталиф носозгор аст, балки иллат ва фалсафаи дигаре дорад.

Маҳфуз мондани Қуръон аз таҳрифу тағйир

Дар сураи Ҳиҷр, ояти 9 чунин омадааст:

ÅöäøóÇ äóÍúäõ äóÒøóáúäóÇ ÇáÐøößúÑó æóÅöäøóÇ áóåõ áóÍóÇÝöÙõæäó.

“Мо худ ин китобро фуруд овардем ва ҳам албатта худ нигаҳбони он ҳастем”.

Дар ин оят бо қотеияти камназире аз маҳфуз мондани Қуръон аз таҳриф, дигаргунӣ, тағйир ва нобудӣ сухан рафтааст.

Яке аз сабабҳои рисолат ва зуҳури паёмбарони нав қабл аз ҳазрати Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи), таҳрифу табдилҳоест, ки дар таълимот ва китобҳои муқаддаси паёмбарон рўй медодааст ва ба ҳамин ҷиҳат он китобҳо ва таълимот салоҳияти худро барои ҳидояти мардум аз даст медодаанд. Бисёр вақтҳо паёмбарон эҳёкунандаи суннатҳои фаромўшшуда ва ислоҳкунандаи таълимоти таҳрифёфтаи пешиниёни худ будаанд.

Гузашта аз паёмбароне, ки соҳиби китоб, шариат ва қонун набуда ва тобеи як пайғамбари соҳиби китобу шариат будаанд (монанди ҳамаи паёмбарони баъд аз Иброҳим то Мўсо ва ҳамаи паёмбарони баъд аз Мўсо то Исо), паёмбарони соҳиби қонуну шариат низ бештар муқаррароти паёмбари пешинро таъйид мекардаанд. Зуҳури паё пайи паёмбарон танҳо дар натиҷаи тағйиру такомули шароити зиндагӣ ва ниёзмандии башар ба паёми навин ва раҳнамои навин нест, бештар дар натиҷаи нобудиҳо ва таҳрифу табдилҳои китоб ва таълимоти осмонӣ будааст.

Башари чанд ҳазор сол пеш, нисбат ба ҳифзи меросҳои илмӣ ва динӣ нотавон будааст ва аз ў ҷуз ин интизоре наметавон дошт. он гоҳ ки башар мерасад ба марҳалае аз такомул, ки метавонад меросҳои динии худро дастнахўрда нигаҳдорӣ кунад, сабаби асосии таҷдиди паём ва зуҳури паёмбари нав аз байн меравад.

Ояти боло ба аз байн рафтани муҳимтарин сабаби таҷдиди нубувват ва рисолат аз таърихи нузули Қуръон ба баъд ишора мекунад ва дар ҳақиқат таҳаққуқи яке аз аркони хатми нубувватро эълом медорад.

Чунон ки ҳама медонем, дар миёни китобҳои осмонии ҷаҳон танҳо китобе, ки дуруст ва ба тамому камол дастнахўрда монда Қуръон аст. Ба илова, миқдори зиёде аз суннати Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ба сурати қатъӣ ва ғайри қобили тардид дар даст аст, ки аз газанди рўзгор масун мондааст. Албатта баъд тавзеҳ хоҳем дод, ки василаи илоҳии маҳфуз мондани китоби осмонии мусулмонон, рушду қобилияти башари ин давра аст, ки далел бар навъе булуғи иҷтимоии инсони ин аҳд аст.

Дар ҳақиқат яке аз аркони хотамият, булуғи иҷтимоии башар аст ба ҳадде ки метавонад нигаҳбони меросҳои илмӣ ва динии худ бошад ва худ ба нашр ва таблиғ ва таълиму тафсири он бипардозад. Дар бораи ин матлаб баҳс хоҳем кард.

Ислом дини ҳамаи паёмбарон

Дар саросари Қуръон исрори аҷибе ҳаст, ки дин, аз аввал то охири ҷаҳон, яке беш нест ва ҳамаи паёмбарон башарро ба як дин даъват кардаанд. Дар сураи Шўро, ояти 13 чунин омадааст:

ÔóÑóÚó áóßõã ãøöäó ÇáÏøöíäö ãóÇ æóÕøóì Èöåö äõæÍðÇ æóÇáøóÐöí ÃóæúÍóíúäóÇ Åöáóíúßó æóãóÇ æóÕøóíúäóÇ Èöåö ÅöÈúÑóÇåöíãó æóãõæÓóì æóÚöíÓóì...

“Худованд барои шумо дине қарор дод, ки қаблан ба Нўҳ тавсия шуда буд ва акнун бар ту ваҳй кардем ва ба Иброҳим ва Мўсо ва Исо низ тавсия кардем”.

Қуръон дар ҳама ҷо номи ин динро, ки паёмбарон аз Одам то Хотам мардумро ба он даъват мекардаанд, “Ислом” мениҳад. Мақсуд ин нест, ки дар ҳамаи замонҳо ба ин унвон хонда мешудааст, мақсуд ин аст, ки дин дорои моҳият ва ҳақиқатест, ки беҳтарин муаррифи он, лафзи “Ислом” аст (Ба иборати дигар, мурод аз ислом дар ин ҷо маънои истилоҳии он, ки унвонест барои дини ҳазрати Хотам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) нест, балки мурод аз он, маънои луғавии он аст, ки ба маънои “таслим будан” аст. Ва таслим будани маҳз дар баробари ҳақ, дар воқеъ моҳият ва ҳақиқати дини Худост аз Одам то Хотам). Дар сураи Оли Имрон, ояти 67 дар бораи Иброҳим мегўяд:

ãóÇ ßóÇäó ÅöÈúÑóÇåöíãõ íóåõæÏöíøðÇ æóáÇó äóÕúÑóÇäöíøðÇ æóáóßöä ßóÇäó ÍóäöíÝðÇ ãøõÓúáöãðÇ...

“Иброҳим на яҳудӣ буд ва на насронӣ, ҳақҷў ва муслим буд”.

Дар сураи Бақара, ояти 132 дар бораи Яъқуб ва фарзандонаш мегўяд:

æóæóÕøóì ÈöåóÇ ÅöÈúÑóÇåöíãõ Èóäöíåö æóíóÚúÞõæÈõ íóÇ Èóäöíøó Åöäøó Çááøåó ÇÕúØóÝóì áóßõãõ ÇáÏøöíäó ÝóáÇó ÊóãõæÊõäøó ÅóáÇøó æóÃóäÊõã ãøõÓúáöãõæäó.

“Иброҳим ва Яъқуб ба фарзандони худ чунин васият карданд: Худованд барои шумо дин интихоб кардааст, пас бо ислом бимиред”.

Оятҳои Қуръон дар ин замина зиёд аст ва ниёзе ба зикри ҳамаи онҳо нест.

Албатта паёмбарон дар порае аз қонунҳо ва шариатҳо бо якдигар ихтилоф доштаанд. Қуръон дар айни ин ки динро воҳид медонад, ихтилофи шариатҳо ва қонунҳоро дар порае масоил мепазирад. Дар сураи Моида, ояти 48 мегўяд:

áößõáøò ÌóÚóáúäóÇ ãöäßõãú ÔöÑúÚóÉð æóãöäúåóÇÌðÇ...

“Барои ҳар кадом (ҳар қавму уммат) аз шумо роҳ ва тариқае хосс қарор додем”.

Вале аз он ҷо ки усули фикрӣ ва усули амалӣ, ки паёмбарон ба он даъват мекардаанд, яке буда ва ҳамаи онон мардумро ба як шоҳроҳ ва ба сўи як ҳадаф даъват мекардаанд, ихтилофи шариатҳо ва қонунҳои ҷузъӣ, дар ҷавҳар ва моҳияти ин роҳ, ки номаш дар мантиқи Қуръон “Ислом” аст, таъсире надоштааст. Тафовут ва ихтилофи таълимоти паёмбарон бо якдигар, аз навъи ихтилофи барномаҳоест, ки дар як кишвар ҳар чанде як бор ба мавриди иҷро гузошта мешавад ва ҳамаи онҳо аз як қонуни асосӣ илҳом мегирад. Таълимоти паёмбарон дар айни порае аз ихтилофот такмилкунандаи якдигар будааст.

Ихтилоф ва тафовути таълимоти осмонии паёмбарон аз навъи ихтилофи мактабҳои фалсафӣ ё сиёсӣ ё иҷтимоӣ ё иқтисодӣ, ки дарбардорандаи афкори ба ҳам зид аст набудааст. Паёмбарон тамоман тобеи як мактаб ва дорои як қонуни асосӣ будаанд.

Тафовути таълимоти осмонии паёмбарон

Тафовути таълимоти паёмбарон бо якдигар, ё аз навъи тафовути таълимоти синфҳои олитар бо синфҳои поёнтар (дар мадраса), ё аз навъи тафовути иҷрои як асл дар шароит ва авзои гуногун будааст.

Медонем, ки донишомўз дар синфҳои болотар, на танҳо ба масъалаҳое бармехўрад, ки қаблан ба онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ барнахўрдааст, балки тасаввураш дар бораи масъалаҳое, ки қаблан ёд гирифта ва дар зеҳни кўдаконаи худ ба наҳве онҳоро таҷассум додааст, аҳёнан зерурў мешавад. Таълимоти паёмбарон низ чунин аст.

Тавҳид асл ва санги аввали сохтмонест, ки паёмбарон дар бинои он гузоштаанд. Аммо ҳамин тавҳид дараҷот ва маротибе дорад. Он чи як бесавод ва ё камсавод ба номи Худои ягона дар зеҳни худ таҷассум медиҳад, бо он чи дар қалби як ориф таҷаллӣ мекунад, яке нест. Орифон низ дар як дараҷа нестанд.

Бадеҳист, ки оятҳои аввали сураи Ҳадид ва охири сураи Ҳашр ва сураи Тавҳид (Қул ҳуваллоҳу аҳад...) барои башари чанд ҳазор сол пеш – балки башари ҳазор сол пеш – қобили ҳазм набудааст. Танҳо афроди ангуштшуморе аз аҳли тавҳид худро ба умқи ин оятҳо наздик менамоянд. Дар осори исломӣ ворид шуда, ки: “Худованд чун медонист баъдҳо афроди боумқе хоҳанд омад, оятҳои “Қул ҳуваллоҳу аҳад...” ва панҷ ояти аввали сураи Ҳадидро нозил кард.”[3]

Шакли иҷроии як асли куллӣ низ дар шароити гуногун мутафовит мешавад. Бисёре аз ихтилофот дар равиши паёмбарон аз навъи тафовут дар шакли иҷро будааст, на дар руҳи қонун.

Қуръони Карим ҳаргиз калимаи “дин”−ро ба сурати ҷамъ (яъне адён) наёвардааст. Дин дар Қуръон ҳамвора муфрад аст, зеро он чизе, ки вуҷуд дошта ва дорад, дин аст, на динҳо.

Ба илова, Қуръон тасреҳ мекунад, ки дин муқтазои фитрат ва нидои табиати руҳонии башар аст:

ÝóÃóÞöãú æóÌúåóßó áöáÏøöíäö ÍóäöíÝðÇ ÝöØúÑóÉó Çááøóåö ÇáøóÊöí ÝóØóÑó ÇáäøóÇÓó ÚóáóíúåóÇ...

“Ҳақҷўёна чеҳраи хешро ба сўи дин, ҳамон фитрати Худо, ки мардумро ба он офарида, собит нигаҳ дор”.[4]

Магар башар чанд гуна фитрат ва сиришт ва табиат метавонад дошта бошад? Ин ки дин аз аввал то охири ҷаҳон якест ва вобастагӣ бо фитрат ва сиришти башар дорад – ки он низ беш аз яке наметавонад бошад – розе бузург ва фалсафае шукўҳманд дар дили худ дорад ва тасаввури хоссе дар бораи фалсафаи такомул ба мо медиҳад.

Сайри такомулии ҷаҳон, инсон ва иҷтимоъ аз назари Қуръон

Аз назари Қуръон, сайри такомулии ҷаҳон, инсон ва иҷтимоъ як сайри ҳидоятшуда ва ҳадафдор аст ва бар рўи хаттест, ки “сироти мустақим” номида мешавад. Инсон ва иҷтимоъ таҳаввулёбанда ва комилшаванда аст, вале роҳ ва хатти сайр мушаххас ва воҳид ва мустақим аст:

æóÃóäøó åóÐóÇ ÕöÑóÇØöí ãõÓúÊóÞöíãðÇ ÝóÇÊøóÈöÚõæåõ...

“Ва ҳамоно ин, роҳи ман аст мустақим, пас бар он роҳ равед...”[5]

Яке хат аст аз аввал то ба охир

бар−ў халқи Худо ҷумла мусофир

Такомули инсон ба ин наҳв нест, ки дар ҳар замоне таҳти таъсири як силсила асбоб − санъатӣ ё иҷтимоӣ ё иқтисодӣ − дар як роҳ ҳаракат кунад ва доиман тағйири масир ва тағйири ҷиҳат бидиҳад.

Ин ки Қуръон бо исрори зиёд динро яке медонад ва фақат ба як шоҳроҳ қоил аст ва ихтилофи шариатҳо ва қонунҳои паёмбаронро (дар давраҳои гуногун) марбут ба хутути фаръӣ медонад, бар асоси ҳамин асли фалсафӣ устувор аст.

Башар дар масири такомулии худ монанди қофилаест, ки дар роҳе ва ба сўи мақсади муайяне ҳаракат мекунад, вале роҳро намедонад. Ҳар чанде як бор ба касе бархўрд мекунад, ки роҳро медонад ва бо нишониҳое, ки аз ў мегирад, даҳҳо километр роҳро тай мекунад то мерасад ба ҷое ки боз ниёзманди роҳнамои ҷадид аст. Бо нишонӣ гирифтан аз ў уфуқи дигаре барояш равшан мешавад ва даҳҳо километри дигарро бо аломатҳое, ки гирифта тай мекунад то тадриҷан худ қобилияти бештаре барои фарогирӣ пайдо мекунад ва мерасад ба шахсе, ки “нақшаи куллӣ”−и роҳро аз ў мегирад ва барои ҳамеша бо дар даст доштани он нақша, аз роҳнамои ҷадид бениёз мегардад.

Қуръон бо тавзеҳи ин нукта, ки роҳи башар як роҳи мушаххас ва мустақим аст ва ҳамаи паёмбарон бо ҳамаи ихтилофҳое, ки дар роҳнамоӣ ва додани нишонӣ (ба ҳасаби вазъ ва мавқеи замонӣ ва маконӣ) доранд, ба сўи як мақсад ва як шоҳроҳ ҳидоят мекунанд, ҷодаи хатми нубувватро соф ва рукни дигар аз аркони онро тавзеҳ медиҳад. Зеро хатми нубувват он гоҳ маъқул ва қобили тасаввур аст, ки хатти сайри ин башари таҳаввулёбанда ва такомулёбанда, мустақим ва қобили мушаххас кардан бошад. Аммо агар ҳамон тавр ки худи башар дар такопўст ва ҳар лаҳза дар як нуқтаи муайянест (ғайри он хатте, ки дар лаҳзае дигар дар он буда), хатти сайри ў низ доиман дастхуши тағйиру табдил бошад ва ниҳоят, мақсад ва масир, мушаххас набошад ва дар ҳар бурҳае аз замон бихоҳад дар як ҷодаи муайяне ҳаракат кунад, бадеҳист, ки хатми нубувват – яъне дарёфти як нақша ва барномаи куллӣ ва ҳамешагӣ − маъқул ва қобили тасаввур нест.

Имтиёзи уммати Паёмбари хотам ва таълимҳои он

Дар сураи Бақара, ояти 143 чунин омадааст:

æóßóÐóáößó ÌóÚóáúäóÇßõãú ÃõãøóÉð æóÓóØðÇ áøöÊóßõæäõæÇú ÔõåóÏóÇÁ Úóáóì ÇáäøóÇÓö æóíóßõæäó ÇáÑøóÓõæáõ Úóáóíúßõãú ÔóåöíÏðÇ...

“Ва ин чунин шуморо – тарбиятёфтагони воқеии Исломро – ҷамоати васат (миёнаҳол), мўътадил ва мутаодил қарор додем то ҳуҷҷат ва шоҳид бар мардуми дигар бошед ва пайғамбар ҳуҷҷат ва шоҳид бар шумо бошад”.

Уммати воқеии Ислом аз назари Қуръон як уммати васат ва мўътадил аст. Бадеҳист, ки уммати васат, мўътадил ва мутаодил дастпарвардаи таълимоти васат ва мўътадил аст. Ин оят имтиёз ва хусусияти уммати Паёмбари хотам ва таълимоти онро дар як калима зикр мекунад: васатӣ будан ва таодул.

Дар ин ҷо пурсише пеш меояд ва он ин ки магар соири паёмбарон таълимоти мутаодиле надоштаанд? Дар посухи ин пурсиш зикри матлабе лозим аст.

Инсон танҳо ҷондори рўи замин нест ва ҳам ҷондоре нест, ки иҷтимоӣ зиндагӣ мекунад. Ҷондорҳои дигаре ҳастанд, ки зиндагии иҷтимоӣ доранд бо як силсила муқаррарот, низомот ва ташкилоти дақиқ. Зиндагии онҳо бар хилофи башар, ба давраҳое аз қабили аҳди ҷангал, аҳди ҳаҷар, аҳди оҳан, аҳди атом ва ғайра тақсим нашудааст. Аз аввале, ки навъи онҳо ба вуҷуд омада дорои ҳамин ташкилот ва низомот будаанд, ки доранд. Ин инсон аст, ки ба ҳукми “Инсон (дар оғози офариниш) нотавон офарида шудааст”[6], зиндагияш аз сифр шурўъ мешавад ва ба сўи бениҳоят пеш меравад. Инсон фарзанди рашид ва болиғи табиат аст ва аз ҳамин рў озод ва соҳибихтиёр аст, ниёзе ба сарпарастии мустақим ва ҳидояти маҷбурона ба василаи нерўи мармузе ба номи ғариза надорад. Он чи соири ҷондорон бо нерўи ғайри қобили сарпечии ғариза анҷом медиҳанд, ў дар муҳити озоди ақл ва қонунҳои қарордодӣ анҷом медиҳад:

ÅöäøóÇ åóÏóíúäóÇåõ ÇáÓøóÈöíáó ÅöãøóÇ ÔóÇßöÑðÇ æóÅöãøóÇ ßóÝõæÑðÇ.

“Роҳро ба ў нишон додем, ў худ (озодона ва бо интихоби худ), ё қадршинос аст ва ё носипос”.[7]

Рози ин ки дар инсон инҳироф, суқут, таваққуф ва инҳитот ҳаст ва дар соири ҷондорҳо нест низ дар ҳамин нукта аст. Инсон бар хилофи соири ҷондорон – ки сари ҷои худ мутаваққифанд ва худ қодир нестанд, ки худро пеш бубаранд ё ба ақаб баргарданд, ба рост мунҳариф шаванд ё ба чап, тунд бираванд ё кунд – ҳам метавонад худро ба пеш бубарад ва ҳам метавонад ба ақаб баргардад, ҳам қодир аст ба сўи чап мунҳариф шавад ва ҳам ба сўи рост, ҳам метавонад тунд биравад ва ҳам кунд ва хулоса, ҳам метавонад бандаи “шукргузор” бошад ва ҳам саркаше “кофир”.

Иҷтимои башарӣ гоҳ он чунон ҷомид, сокин ва асири одатҳои даступогир мешавад, ки ниёзманд ба нерўест, ки занҷирҳоро аз бар гирад ва ўро ба ҳаракат оварад ва гоҳ он чунон ҳаваси навхоҳӣ пайдо мекунад, ки суннатҳо ва қонунҳои табиатро фаромўш мекунад. Гоҳ ғарқ дар ғуруру такаббур ва худхоҳӣ мешавад (ҳамонанди қавми Бани Исроил ҳангоми беъсати ҳазрати Масеҳ (Алайҳис салом)) ва нерўе зарурат пайдо мекунад, ки ўро дар ҷиҳати зуҳду риёзат ва тарки худбинӣ ва риояти ҳудуди худ ва ҳуқуқи дигарон биронад ва гоҳ он чунон ба сустӣ ва лоқайдӣ хў мекунад, ки ҷуз бо бедор кардани “маниш”, шахсият ва эҳсоси ба даст овардани ҳуқуқ, чорае наметавон кард. Бадеҳист, ки тундравӣ ё кундравӣ ё инҳироф ба рост ё чап, ҳар кадом барномаи махсус ба худ дорад. Барои ҷомеаи мунҳариф ба рост, нерўи ислоҳкунанда бояд мутамойил ба чап бошад ва баръакс.

Ин аст, ки давои як замон ва як давра ва як қавм, барои замони дигар ва қавми дигар, метавонад дарду балое бошад (на даво) ва ин аст рози ин ки рисолатҳо мухталиф ва аҳёнан ба сурати зоҳир, ба ҳам зид ҷилва мекунад. Яке паёмбари ҷанг мешавад ва дигаре паёмбари сулҳ, яке паёмбари муҳаббат мешавад ва дигаре паёмбари хушунат ва салобат, яке паёмбари инқилобӣ ва дигаре паёмбари муҳофизакор, яке паёмбари гирён ва дигаре паёмбарони хандон. Рози муваққат будани таълимоти ин гуна паёмбарон ҳамин аст. Бадеҳист, ки бо ҳамаи тазодде, ки миёни ин гуна рисолатҳо аз назари равиш ҳаст, аз назари ҳадаф тазод ва ихтилофе нест, ҳадаф якест, бозгашт ба таодул ва афтодан дар ҷодаи аслӣ.

Қуръони Карим зимни қиссаҳои паёмбарон комилан нишон медиҳад, ки ҳар кадом аз онҳо зимни таълимоти муштараки марбут ба ақоид, бар рўи як нуктаи махсусе такя ва исрор дошта ва маъмури иҷрои барномаи хоссе будаанд. Ин матлаб аз мутолеаи қиссаҳои қуръонӣ комилан равшан аст.

Хатаре, ки бисёр вақтҳо ислоҳгарони иҷтимоӣ ба вуҷуд меоваранд, аз ҳамин ноҳия аст, ки дар як иҷтимои тундрав ва ё кундрав ё мутамойил ба рост ё ба чап зуҳур мекунанд ва ба пайкори муқаддасе даст мезананд, аммо фаромўш мекунанд, ки барномаи муайян фақат барои муддати маҳдуде қобили иҷрост ва бо ҷомеаи кундрав ё тундрав ё чаправ ё рострав он қадр бояд пайкор кард, ки таодули худро бозёбад ва беш аз он, худ сабаби суқут ва инҳирофи ҷомеа аз сўи дигар аст.

Акнун, ки ин тавзеҳ дода шуд, метавонем ба мафҳуми ояти мавриди назар наздик шавем:

æóßóÐóáößó ÌóÚóáúäóÇßõãú ÃõãøóÉð æóÓóØðÇ áøöÊóßõæäõæÇú ÔõåóÏóÇÁ Úóáóì ÇáäøóÇÓö æóíóßõæäó ÇáÑøóÓõæáõ Úóáóíúßõãú ÔóåöíÏðÇ...

“Ва ин чунин шуморо – тарбиятёфтагони воқеии Исломро – ҷамоати васат (миёнаҳол), мўътадил ва мутаодил қарор додем то ҳуҷҷат ва шоҳид бар мардуми дигар бошед ва пайғамбар ҳуҷҷат ва шоҳид бар шумо бошад”.

Рисолати Паёмбари Ислом, қонуни асосии башарият

Рисолати Паёмбари Ислом (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) бо ҳамаи рисолатҳои дигар ин тафовутро дорад, ки аз навъи қонун аст, на барнома. Қонуни асосии башарият аст, махсуси як иҷтимои тундрав ё кундрав ё рострав ё чаправ нест.

Ислом тарҳест куллӣ, ҷомеъ ва ҳамаҷониба, мўътадил ва мутаодил, дарбардорандаи ҳамаи тарҳҳои ҷузъӣ ва коромад дар ҳамаи маворид. Он чиро ки дар гузашта паёмбарон анҷом медоданд, ки барномаи махсус барои як ҷомеаи хос аз ҷониби Худо ба шумор мерафт, дар давраи Ислом олимон ва раҳбарони уммат бояд анҷом диҳанд, бо ин тафовут, ки олимон ва ислоҳгароён бо истифода аз манобеи поённопазири ваҳйи исломӣ барномаҳои хоссе танзим мекунанд ва онро ба марҳалаи иҷро мегузоранд.

Қуръони Карим китобест, ки руҳи ҳамаи таълимоти муваққат ва маҳдуди китобҳои дигари осмониро, ки мубориза бо анвои инҳирофҳо ва бозгашт ба таодул аст, дар бар дорад. Ин аст, ки Қуръон худро “муҳаймин” (нигаҳдоранда) ва нигаҳбони соири китобҳои осмонӣ мехонад:

æóÃóäÒóáúäóÇ Åöáóíúßó ÇáúßöÊóÇÈó ÈöÇáúÍóÞøö ãõÕóÏøöÞðÇ áøöãóÇ Èóíúäó íóÏóíúåö ãöäó ÇáúßöÊóÇÈö æóãõåóíúãöäðÇ Úóáóíúåö...

“Мо ин китобро ба ҳақ фуруд овардем дар ҳоле ки таъйид ва тасдиқ мекунад китобҳои осмонии пешинро ва ҳофиз ва нигаҳбони онҳост”.[8]

Аз ишораҳои сареҳи исломӣ бармеояд, ки ҳамаи паёмбарон ба ҳукми ин ки муқаддимаи зуҳури нубуввати куллӣ ва хатмӣ ва қонуни асосии ягонаи илоҳӣ будаанд, вазифадор будаанд, ки навиди камол ёфтан ва итмом ёфтани динро дар давраи Хотами паёмбарон ба умматҳои худ бидиҳанд. Худованд аз ҳамаи паёмбарон чунин паймоне гирифтааст. Дар “Наҳҷул−балоға” хутбаи аввал баёни ҷолибе дар ин замина аст:

æóáóãú íõÎúáö ÓõÈúÍÇäóåõ ÎóáúÞóåõ ãöäú äóÈöí ãõÑúÓóáò¡ Ãæú ßöÊÇÈò ãõäúÒóáò¡ Ãæú ÍõÌøóåò áÇÒöãóåò¡ Ãæú ãóÍóÌøóåò ÞÇÆöãóåò¡ ÑõÓõáõ áÇ ÊõÞóÕøöÑõ Èöåöãú Þöáøóåõ ÚóÏóÏöåöãú¡ æóáÇ ßóËúÑóåõ ÇáúãõßóÐøóÈöíäó áóåõãú¡ ãöäú ÓÇÈöÞò Óõãøöìó áóåõ ãóäú ÈóÚúÏóåõ¡ Ãóæú ÛÇÈöÑò ÚóÑøóÝóåõ ãóäú ÞóÈúáóåõ. Úóáì Ðáßó äóÓóáóÊö ÇáúÞõÑæäõ¡ æóãóÖóÊö ÇáÏøõåõæÑõ¡ æóÓóáóÝóÊö ÇáÇóÈÇÁõ¡ æóÎóáóÝóÊö ÇáÇóÈúäÇÁõ¡ Çáì Çóäú ÈóÚËó Çááøåõ ÓõÈúÍÇäóåõ ãõÍóãøóÏóÇ ÑóÓõæáó Çááøåö Õóáøóì Çááøåõ Úóáóíúåö æóÂáöåö áÇöäúÌÇÒö ÚöÏóÊöåö¡ æóÊóãÇãö äõÈõæóÊöåö¡ ãóÃÎõæÐÇ Úóáì ÇáäøóÈíøöíäó ãöíúËÇÞõåõ¡ ãóÔúåõæÑóåð ÓöãÇÊõåõ¡ ßóÑöíãÇ ãöíáÇÏõåõ...

“Худованд ҳаргиз халқро аз вуҷуди як паёмбар ё китоби осмонӣ ё ҳуҷҷати кофӣ ё тариқаи равшан холӣ нагузоштааст; фиристодагоне, ки андак будани адади онҳо ва бисёрии адади мухолифонашон онҳоро аз анҷоми вазифа бознадоштааст. Ҳар паёмбаре ба паёмбари пешини худ қаблан муаррифӣ шудааст ва он паёмбари пешин ўро ба мардум муаррифӣ карда ва башорат додааст. Ба ин тартиб наслҳо пушти сари якдигар омад ва рўзгорон гузашт то Худованд Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)−ро ба мўҷиби ваъдае, ки карда буд, барои такмили дастгоҳи нубувват фиристод дар ҳоле ки аз ҳамаи паёмбарон барои ў паймон гирифта буд. Аломатҳои ў маъруф ва машҳур ва вилодати ў бузургворона буд”.

Аз Паёмбари Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ду ҷумлаи латиф дар ин замина ворид шуда. Яке ин ки фармудааст:

“Мо дар дунё пас аз ҳамаи паёмбарон ва умматҳо омадаем, аммо дар охират дар саффи муқаддам ҳастем ва дигарон пушти сари мо ҳастанд”.[9]

Дигар ин ки фармуд:

“Тамоми паёмбарон дар қиёмат зери парчами ман ҳастанд”.[10]

Иллати ин пешдастӣ дар қиёмат ва иллати ин ки ҳамаи паёмбарон дар он ҷаҳон дар зери парчами ин паёмбар ҳастанд, ин аст, ки ҳама муқаддимаанд ва ин натиҷа. Ваҳйи онҳо дар ҳудуди як барномаи муваққат буда ва ваҳйи ин пайғамбар дар сатҳи қонуни асосии куллии ҳамешагист.

Қуръони Карим асли навид ва имон ва таслими паёмбарони пешинро ба паёмбароне, ки пас аз онҳо меоянд (ва ба тариқи авло хотами паёмбарон) ва вазифадории ин ки уммати худро низ ба ин ҷиҳат таблиғ кунанд ва онҳоро омодаи таълимоти паёмбарони баъдӣ бинамоянд ва ҳамчунин таъйид ва тасдиқи паёмбарони баъдӣ паёмбарони пешинро ва ин ки Худованд аз паёмбарон бар ин навид ва таслимҳо ва таъйиду тасдиқҳо паймони шадид гирифтааст, ин чунин зикр кардааст:

æóÅöÐú ÃóÎóÐó Çááøåõ ãöíËóÇÞó ÇáäøóÈöíøöíúäó áóãóÇ ÂÊóíúÊõßõã ãøöä ßöÊóÇÈò æóÍößúãóÉò Ëõãøó ÌóÇÁßõãú ÑóÓõæáñ ãøõÕóÏøöÞñ áøöãóÇ ãóÚóßõãú áóÊõÄúãöäõäøó Èöåö æóáóÊóäÕõÑõäøóåõ ÞóÇáó ÃóÃóÞúÑóÑúÊõãú æóÃóÎóÐúÊõãú Úóáóì Ðóáößõãú ÅöÕúÑöí ÞóÇáõæÇú ÃóÞúÑóÑúäóÇ ÞóÇáó ÝóÇÔúåóÏõæÇú æóÃóäóÇú ãóÚóßõã ãøöäó ÇáÔøóÇåöÏöíäó.

“Ба ёд ор ҳангомеро, ки Худованд аз паёмбарон паймон гирифт, ки замоне, ки ба шумо китоб ва ҳикмат додам сипас фиристодае омад, ки он чи бо шумост тасдиқ кунад, ба ў имон оваред ва ўро ёрӣ намоед. Худованд гуфт: Оё иқрор ва эътироф кардед ва ин борро ба дўш гирифтед? Гуфтанд: Иқрор кардем. Гуфт: Пас ҳама гувоҳ бошед, ман низ аз гувоҳонам”.[11]

Пайванд ва робитаи иттисолии нубувватҳо

Пайванд ва робитаи иттисолии онҳо мерасонад, ки нубувват як сайри тадриҷӣ ба сўи такомул дошта ва охирин ҳалқаи нубувват, баландтарин қуллаи он аст. Орифони исломӣ мегўянд: “Паёмбари хотам он аст, ки ҳамаи марҳалаҳоро тай карда ва роҳи нарафта ва нуқтаи кашфнашуда аз назари ваҳй боқӣ нагузоштааст.” Агар фарз кунем дар яке аз илмҳо ҳамаи масъалаҳои марбут ба он илм кашф шавад, ҷое барои таҳқиқи ҷадид ва кашфи ҷадид боқӣ намемонад. Ҳамчунин аст масоиле, ки дар ўҳдаи ваҳй аст; бо кашфи охирин дастурҳои илоҳӣ ҷое барои кашфи ҷадид ва паёмбари ҷадид боқӣ намемонад. Мукошифаи томмаи муҳаммадия комилтарин мукошифаест, ки дар имкони як инсон аст ва охирин марҳалаҳои он аст. Бадеҳист, ки ҳар мукошифаи дигар баъд аз он мукошифа, ҷадид нахоҳад буд, аз қабили паймудани сарзамини паймудашуда аст, сухан ва матлаби ҷадидеро ҳамроҳ нахоҳад дошт, сухани охир ҳамон аст, ки дар он мукошифа омадааст:

æóÊóãøóÊú ßóáöãóÊõ ÑóÈøößó ÕöÏúÞðÇ æóÚóÏúáÇð áÇøó ãõÈóÏøöáö áößóáöãóÇÊöåö æóåõæó ÇáÓøóãöíÚõ ÇáúÚóáöíãõ.

“Сухани ростин ва мутаодили парвардигорат комил шуд, касеро тавоноии тағйир додани онҳо нест. Ў шунаво ва доност”.[12]

Хулоса:

Баёнҳои гузашта метавонад дурнамое аз симои андешаи хатми нубувват дар миёни андешаҳои исломӣ расм кунад ва пояҳо ва аркони онро нишон бидиҳад.

Маълум шуд андешаи хатми нубувват бар ин поя аст, ки аввалан мояи дин дар сиришти башар ниҳода шудааст, сиришти ҳамаи инсонҳо якест, сайри такомулии башар як сайри ҳадафдор ва бар рўи як хатти мушаххас ва мустақим аст. Аз ин рў ҳақиқати дин, ки баёнкунандаи хостҳои фитрат ва роҳнамои башар ба роҳи рост аст, яке беш нест.

Сониян як тарҳ ба шарти фитрӣ будан, ҷомеъ будан, куллӣ будан ва ба шарти масуният аз таҳрифу табдил ва ба шарти ташхис ва татбиқ намудани некў дар марҳалаи иҷро, метавонад барои ҳамеша раҳнамун ва муфид ва модари тарҳҳо ва барномаҳо ва қонунҳои ҷузъии бениҳоят воқеъ гардад. Акнун ба баррасӣ ва посухи пурсишҳое, ки дар оғози гуфтор ишора шуд мепардозем.

Дарвозаҳои осмон

Аввалин пурсише, ки андешаи хатми нубувват ба вуҷуд меовард, дар бораи робитаи инсон бо ҷаҳони ғайб аст. Чӣ тавр мешавад, ки инсони аввалия бо ҳамаи соддагияш, аз тариқи ваҳй ва илҳом бо ҷаҳони ғайб иртибот пайдо карда ва дарвозаҳои осмон ба рўи ў боз будааст, аммо башари пешрафтаи камолёфтаи баъдӣ аз ин бахшиш маҳрум ва дарҳои осмон ба рўяш баста шудааст? Оё воқеан истеъдодҳои маънавӣ ва руҳии башар коҳиш ёфта ва башарият аз ин назар таназзул кардааст?

Ин шубҳа аз ин пиндор падид омада, ки иртибот ва иттисоли маънавӣ бо ғайб махсуси паёмбарон аст ва лозимаи қатъ гардидани нубувват, бурида шудани ҳар гуна робитаи маънавӣ ва руҳонӣ миёни ҷаҳони ғайб ва ҷаҳони инсон аст.

Аммо ин пиндор сахт беасос аст. Қуръони Карим низ мулозимае миёни иттисол бо ғайб ва малакут ва миёни мақоми нубувват қоил нест, ҳамчунон ки корҳои хориқулодаро ба танҳоӣ далел бар паёмбарӣ намешиносад. Қуръони Карим афродеро ёд мекунад, ки аз зиндагии маънавии нерўманде бархўрдор будаанд, бо фариштагон ҳамсухан буда ва корҳои хориқулода аз онҳо сар мезада бидуни он ки “набӣ” буда бошанд. Беҳтарин мисол ҳазрати Марям духтари Имрон модари ҳазрати Исои Масеҳ (Алайҳис салом) аст, ки Қуръон достонҳои ҳайратангезе аз ў нақл кардааст. Қуръон дар бораи модари ҳазрати Мўсо (Алайҳис салом) низ мегўяд:

æóÃóæúÍóíúäóÇ Åöáóì Ãõãøö ãõæÓóì Ãóäú ÃóÑúÖöÚöíåö ÝóÅöÐóÇ ÎöÝúÊö Úóáóíúåö ÝóÃóáúÞöíåö Ýöí Çáúíóãøö æóáóÇ ÊóÎóÇÝöí æóáóÇ ÊóÍúÒóäöí ÅöäøóÇ ÑóÇÏøõæåõ Åöáóíúßö...

“Мо ба ў ваҳй кардем, ки Мўсоро шир бидеҳ ва он гоҳ ки бар ҷони ў бим кардӣ, ўро ба дарё биспор, мо ўро ҳифз карда, ба ту бозхоҳем гардонд.”[13]

Чунон ки медонем, на модари Исо паёмбар аст ва на модари Мўсо.

Ҳақиқат ин аст, ки иттисол ба ғайб ва шуҳуди ҳақиқатҳои малакутӣ, шунидани суруши ғайбӣ ва “хабар шудан” аз ғайб, нубувват нест. Нубувват “хабар бозовардан” аст ва на “ҳар ки ўро хабар шуд, хабар бозоварад”. Қуръони Карим боби ишроқ ва илҳомро бар рўи ҳамаи касоне, ки ботини хешро пок кунанд боз медонад:

Åóä ÊóÊøóÞõæÇú Çááøåó íóÌúÚóá áøóßõãú ÝõÑúÞóÇäÇð...

“Агар тақвои илоҳӣ дошта бошед, Худо дар ҷони шумо нуре қарор медиҳад, ки мояи ташхис ва тамйизи (ҳақ аз ботил) барои шумо бошад”.[14]

æóÇáøóÐöíäó ÌóÇåóÏõæÇ ÝöíäóÇ áóäóåúÏöíóäøóåõãú ÓõÈõáóäóÇ...

“Онон ки дар роҳи мо кўшиш кунанд, Мо роҳҳои худро ба онҳо менамоёнем”.[15]

Барои ин ки намунае аз зиндагии маънавӣ ва ирфонӣ аз назари мантиқи Ислом ба даст дода бошем, кофист гўшае аз яке аз хутбаҳои “Наҳҷул−балоға”−ро зикр кунем:

“Худованд ёди худро сайқали дилҳо қарор додааст. Дилҳо ба ин васила баъд аз карӣ, шунаво ва баъд аз кўрӣ, бино ва баъд аз саркашӣ, итоаткор ва ром мегарданд. Ҳамвора чунин буда ва ҳаст, ки Худованд дар ҳар бурҳае аз замон ва дар замонҳое, ки паёмбарӣ набудааст, бандагоне дошта ва дорад, ки дар сирри замири онҳо бо онҳо роз мегўяд ва аз роҳи ақлҳои онҳо бо онҳо такаллум мекунад”.

Аз Пайғамбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ривоят аст:

“Худованд бандагоне дорад, ки паёмбар нестанд, аммо паёмбарӣ бар онҳо рашк мебарад”.

Нубуввати таблиғӣ

Пурсиши дигар ин аст: Фаразан ин матлабро пазируфтем, ки Ислом ба воситаи камол, куллият ва ҷомеияташ ба нубуввати ташреӣ (ё худ нубуввати ҳамроҳ бо китоб ва қонун) поён додааст, аммо поён ёфтани нубуввати таблиғиро бо чӣ ҳисоб ва фалсафае метавон тавҷеҳ кард?

Ҳақиқат ин аст, ки вазифаи аслии нубувват ва ҳидояти ваҳй ҳамон вазифаи аввал аст, аммо таблиғу таълим ва даъват як вазифаи нимабашарӣ ва нимаилоҳист.

Башар то замоне ба ваҳйи таблиғӣ ниёзманд аст, ки дараҷаи ақл, илм ва тамаддун ба пояе нарасидааст, ки худ битавонад ўҳдадори даъват, таълим, таблиғ ва тафсиру иҷтиҳод дар амри дини худ бишавад. Зуҳури илм ва ақл ва ба иборати дигар, рушд ва булуғи инсоният, худ ба худ ба ваҳйи таблиғӣ хотима медиҳад ва уламо ҷонишинони паёмбарон мегарданд. Мебинем Қуръон дар аввалин ояте, ки нозил мешавад, сухан аз қироату навиштан ва қаламу илм ба миён меоварад:

ÇÞúÑóÃú ÈöÇÓúãö ÑóÈøößó ÇáøóÐöí ÎóáóÞó. ÎóáóÞó ÇáúÅöäÓóÇäó ãöäú ÚóáóÞò. ÇÞúÑóÃú æóÑóÈøõßó ÇáúÃóßúÑóãõ. ÇáøóÐöí Úóáøóãó ÈöÇáúÞóáóãö. Úóáøóãó ÇáúÅöäÓóÇäó ãóÇ áóãú íóÚúáóãú.

“Бихон ба номи парвардигорат; парвардигоре, ки офарид, офарид инсонро аз хуни баста, бихон ва парвардигори ту гиромитарин аст; парвардигоре, ки таълим дод бо қалам, таълим дод ба инсон он чиро ки намедонист”.[16]

Ин оят эълом мекунад, ки аҳди Қуръон, аҳди хондану навиштан ва ёд додан, аҳди илму ақл аст. Ин оят гўё мефаҳмонад, ки дар аҳди Қуръон вазифаи таълим, таблиғ ва ҳифзи оятҳои осмонӣ ба уламо мунтақил шуда ва уламо аз ин назар ҷонишини паёмбарон мешаванд. Ин оят эъломи булуғ ва истиқлоли башарият дар ин ноҳия аст. Қуръон дар саросари оятҳояш башарро ба тааққул, истидлол ва мушоҳидаи айнӣ ва таҷрибии табиат ва мутолеаи таърих ва ба тафаққуҳ ва фаҳми амиқ даъват мекунад. Инҳо ҳама нишонаҳои хатми нубувват ва ҷонишинии ақл ва илм ба ҷои ваҳйи таблиғист.

Барои кадом як аз китобҳои осмонӣ ба андозаи Қуръон кор шудааст? Ба маҳзи нузули Қуръон ҳазорҳо ҳофизи Қуръон пайдо мешавад. Ҳанўз ним қарн нагузашта ба хотири Қуръон, илми наҳву сарф ва дастури забон тадвин ва луғатҳои забони арабӣ ҷамъоварӣ мегардад, илми маонӣ ва баён ва бадеъ ибтикор мешавад, ҳазорҳо тафсиру муфассирон ва мадрасаҳо ва донишгоҳҳои тафсир ба вуҷуд меояд, рўи калима ба калимаи Қуръон кор мешавад. Аксари ин фаолиятҳо аз тарафи мардуме сурат мегирад, ки нисбат ба забони арабӣ бегонаанд. Фақат алоқа ба Қуръон аст, ки чунин шўру ҳаяҷоне ба вуҷуд меоварад. Чаро барои Тавроту Инҷилу Авесто чунин фаолиятҳое нашуд? Оё ин худ далел бар рушд ва булуғи башарият ва қобилияти ў барои ҳифз, таълим ва таблиғи китоби осмонияш нест? Оё ин худ далели ҷонишин шудани дониш ба ҷои нубуввати таблиғӣ нест?

Башар дар давраҳои пешин монанди кўдаки мактабе будааст, ки китобе, ки ба дасташ барои хондан медиҳанд, пас аз чанд рўз пора пора мекунад ва башари давраи исломӣ монанди як олими бузургсол аст, ки бо ҳамаи муроҷеоти мукарраре, ки ба китобҳои худ мекунад, онҳоро дар ниҳояти диққат ҳифз менамояд.

Тулўъ ва зуҳури илм ва расидани башар ба ҳадде, ки худ ҳофиз, даъваткунанда ва мубаллиғи дини осмонии худ бошад, хоҳ нохоҳ ба нубуввати таблиғӣ хотима дод. Аз ин рўст, ки Пайғамбари Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) уламои ин умматро ҳамдўши паёмбарони Бани Исроил ё бартар аз онҳо мешуморад.

Дини ҷовид

Ислом зимни эъломи хатми нубувват, ҷовидон мондани хешро эълом кард:

“Ҳалоли Муҳаммад, ҳалол аст то рўзи қиёмат ва ҳароми Муҳаммад, ҳаром аст то рўзи қиёмат”[17] (Яъне ҳар он чи дар дини Ислом ҳаром аст, он чиз то рўзи қиёмат ҳамин ҳукмро дорад ва ҳар он чи дар ин дин ҳалол дониста шуда, то рўзи қиёмат ҳалол аст).

Пурсарусадотарин пурсишҳо ва эродҳо дар атрофи ҳамин мавзўъ аст. Мегўянд: Магар мумкин аст чизе ҷовид бимонад? Ҳама чиз дар ҷаҳон бар зидди ҷовид мондан аст, асоситарин асли ин ҷаҳон, асли тағйиру таҳаввул аст, танҳо як чиз ҷовидонист ва он ин ки ҳеҷ чиз ҷовидонӣ нест.

Инкоркунандагони ҷовид мондан, гоҳе ба суханони худ ранги фалсафӣ медиҳанд ва қонуни тағйиру таҳаввулро, ки қонуни умумии табиат аст далел меоваранд.

Агар ба ин масъала танҳо аз ин ҷанба бингарем, ҷавоби эрод равшан аст: Он чизе, ки ҳамвора дар тағйиру таҳаввул аст, модда ва таркиботи моддии ҷаҳон аст, аммо қонунҳо ва низомот – хоҳ низомоти табиӣ ва ё низомоти иҷтимоии мунтабиқ бар қонунҳои табиӣ − машмули ин қонун намебошад. Ситорагон ва манзумаҳои шамсӣ падид меоянд ва пас аз чанде фарсуда ва фонӣ мегарданд, аммо қонуни ҷозиба ҳамчунон побарҷост, гиёҳон ва ҷонварон зода мешаванд ва мемиранд, вале қонунҳои зистшиносӣ ҳамчунон зиндааст.

Ҳамчунин аст ҳоли инсонҳо ва қонуни зиндагии онҳо, инсонҳо аз он ҷумла шахси паёмбар мемирад, вале қонуни осмонии ў зинда аст.

Мустафоро ваъда дод алтофи ҳақ

Гар бимирӣ ту, намирад ин сабақ

Дар табиат “падидаҳо” тағйирёбандаанд, на қонунҳо. Ислом қонун аст, на падида. Ислом он вақт маҳкум ба марг аст, ки бо қонунҳои табиат ноҳамоҳанг бошад, аммо агар чунон ки худ муддаист аз фитрат ва сиришти инсон ва иҷтимоъ сарчашма гирифта бошад ва бо табиат ва қонунҳои он ҳамоҳангӣ дошта бошад, чаро бимирад?

Вале гоҳе аз ҷанбаи иҷтимоӣ эрод мекунанд, мегўянд: Муқаррароти иҷтимоӣ як силсила муқаррароти қарордодист, ки бар асоси ниёзмандиҳои иҷтимоӣ вазъ мешавад. Ниёзмандиҳо, ки асоси муқаррарот ва қонунҳои иҷтимоӣ мебошанд, ҳамроҳ бо густариш ва такомули омилҳои тамаддун дар тағйиранд. Ниёзмандиҳои ҳар аср бо ниёзмандиҳои асри дигар мутафовит аст. Ниёзмандиҳои башар дар асри мушаку ҳавопаймо ва барқу телевизион бо ниёзмандиҳои асри аспу шутур ба куллӣ фарқ кардааст. Чигуна мумкин аст муқаррароти зиндагии ў дар ин аср, ҳамон муқаррароти асри аспу шутур бошад? Пойбанд будан ба муқаррароти собит ва якнавохт, монеи интибоқ бо талаботи замон ва ҳамоҳангӣ бо қофилаи тамаддун аст.

Бидуни шак муҳимтарин масъалае, ки динҳо ва махсусан Ислом дар ин аср бо он рўбарўст, ҳамин масъала аст. Насли ҷадид ҷуз дар бораи таҳаввул, дигаргунӣ ва навталабӣ ва дарки талаботи замон намеандешад. Дар рўбарўӣ бо ин насл, аввалин сухане, ки ба гўш мерасад, ҳамин аст. Аз назари баъзе тундравҳои ин насл, дин ва навхоҳӣ ду падидаи ба ҳам зид ҳастанд. Хоссияти навхоҳӣ таҳаррук ва пушт кардан ба гузашта аст ва хоссияти дин ҷумуд ва сукун ва таваҷҷўҳ ба гузашта ва посдории вазъи мавҷуд.

Ислом беш аз дини дигар бояд бо ин гурўҳ панҷа нарм кунад, зеро Ислом аз тарафе даъвои ҷовидонагӣ дорад – ки бар гўши ин гурўҳ сахт сангин аст – ва аз тарафи дигар, дар ҳамаи шууни зиндагӣ дахолат кардааст, аз робитаи фард бо Худо гирифта то равобити иҷтимоии афрод, равобити хонаводагӣ, равобити фард ва иҷтимоъ, равобити инсон ва ҷаҳон ва ғайра. Агар Ислом монанди бархе динҳои дигар ба як силсила маросими ибодатӣ ва дастуруламалҳои хушки ахлоқӣ қаноат карда буд, чандон мушкиле набуд. Аммо бо ин ҳама муқаррарот ва қонунҳои маданӣ, ҷазоӣ, қазоӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва хонаводагӣ, ки Ислом вазъ карда ва аз тарафе муддаист ин қонунҳо то рўзи қиёмат тавоноии ба ба иҷро гузоштанро доранд, чӣ метавон кард?

Чунон ки мебинем дар ин шубҳа, аз “тағйири ниёзмандиҳо”, “лузуми риояти талаботи замон” сухан ба миён омадааст. Аз ин рў лозим аст мо дар бораи ин ду мавзўъ, ки унсури аслии ин эродро ташкил медиҳанд, андаке баҳс кунем, сипас роҳи ҳалли мушкилро аз назари Ислом баён намоем.

Ниёзмандиҳо

Оё дуруст аст, ки ҳамаи ниёзмандиҳои башар дар тағйир аст ва бо тағйири ниёзмандиҳо қонунҳо ва муқаррароти марбут ба онҳо тағйир мекунад?

Ҷавоб ин аст, ки на тамоми ниёзмандиҳо дар тағйир аст ва на лозимаи тағйири ниёзмандиҳо ин аст, ки усул ва қоидаҳои асосии зиндагӣ тағйир кунад.

Аммо қисмати аввал: Ниёзмандиҳо бар ду гуна аст: Ниёзмандиҳои аввалӣ ва ниёзмандиҳои сонавӣ. Ниёзмандиҳои аввалӣ аз умқи сохтмони ҷисмӣ ва руҳии башар ва аз табиати зиндагии иҷтимоӣ сарчашма мегирад. То инсон инсон аст ва то зиндагии вай зиндагии иҷтимоист, он навъ ниёзмандиҳо ҳаст. Ин ниёзмандиҳо ё ҷисмист ё руҳӣ ва ё иҷтимоӣ. Ниёзмандиҳои ҷисмӣ аз қабили ниёзмандӣ ба хўрок, пўшок, маскан, ҳамсар ва ғайра. Ниёзмандиҳои руҳӣ аз қабили илм, зебоӣ, некӣ, парастиш, эҳтиром ва тарбият. Ниёзмандиҳои иҷтимоӣ аз қабили муошират, доду ситад, ҳамкорӣ, адолат, озодӣ ва баробарӣ.

Ниёзмандиҳои сонавӣ, ниёзмандиҳоест, ки аз ниёзмандиҳои аввалӣ сарчашма мегирад. Ниёзмандӣ ба анвои олот ва васоили зиндагӣ, ки дар ҳар асру замоне бо асру замони дигар  фарқ мекунад, аз ин навъ аст.

Ниёзмандиҳои аввалӣ муҳаррики башар ба сўи густариш ва камоли зиндагист, аммо ниёзмандиҳои сонавӣ сарчашма мегирад аз густариш ва камоли зиндагӣ ва дар айни ҳол муҳаррик ба сўи густариши бештар ва камоли болотар аст.

Тағйири ниёзмандиҳо ва нав шудан ва кўҳна шудани онҳо марбут ба ниёзмандиҳои сонавист. Ниёзмандиҳои аввалӣ, на кўҳна мешавад ва на аз байн меравад, ҳамеша зинда ва нав аст. Порае аз ниёзмандиҳои сонавӣ низ чунин аст. Аз он ҷумла аст ниёзмандӣ ба қонун. Ниёзмандӣ ба қонун сарчашма мегирад аз ниёзмандӣ ба зиндагии иҷтимоӣ ва дар айни ҳол доим ва ҳамешагист. Башар ҳеҷ замоне бениёз аз қонун нахоҳад шуд.

Аммо қисмати дуюм: Дуруст аст, ки густариши омилҳои тамаддун ниёзмандиҳои ҷадиде ба вуҷуд меоварад ва аҳёнан як силсила қарордодҳо ва қонунҳои фаръиро эҷоб мекунад. Масалан васоили нақлияи мошинӣ эҷоб мекунад, ки як силсила қарордодҳо ва муқаррарот ба номи муқаррароти роҳнамоӣ барои шаҳрҳо ва як силсила муқаррароти байналмилалӣ миёни кишварҳо вазъ бишавад, ки дар гузашта ниёзе ба чунин муқаррарот набуд. Аммо густариши омилҳои тамаддун эҷоб намекунад, ки қонунҳои ҳуқуқӣ, ҷазоӣ ва мадании марбут ба доду ситадҳо, ваколатҳо, ғасбҳо ва замонатҳо ва қонунҳои марбут ба мерос, издивоҷ ва амсоли инҳо – агар бар асоси адолат ва ҳуқуқи фитрии воқеӣ устувор бошанд – иваз бишавад, чӣ расад ба қонунҳои марбут ба робитаи инсон бо Худо ё робитаи инсон бо табиат.

Қонун, роҳу тариқаи одилона ва шарофатмандонаи таъмини ниёзмандиҳоро мушаххас мекунад. Тағйиру табдили васоил ва абзорҳои мавриди ниёз сабаб намешавад, ки роҳи таҳсил ва истифода ва мубодилаи одилонаи онҳо иваз бишавад магар он ки фарз кунем ҳамон тавр ки асбоб ва васоил ва абзорҳои зиндагӣ тағйир меёбад ва комил мешавад, мафҳумҳои ҳақ, адолат, ахлоқ ва амсоли инҳо низ тағйир мекунад. Ба иборати дигар, фарз кунем ҳақ, адолат ва ахлоқ як силсила мафҳумҳои нисбӣ (на мутлақ) ҳастанд, яъне як чиз, ки дар як замон ҳақ, адолат ва ахлоқ аст, дар асру замони дигар зидди ҳақ, адолат ва ахлоқ аст.

Ин фарзия дар асри мо зиёд бозгў мешавад, дарк накардани мафҳуми воқеии ҳақ, адолат ва ахлоқ сабаби чунин фарзияе шудааст ва бас. Он чи дар боби ҳақ , адолат ва ахлоқ тағйирёбанда аст, шакли иҷроӣ ва мазҳари амалии онҳост, на ҳақиқат ва моҳияташ.

Як қонуни асосӣ агар асоси ҳуқуқӣ ва фитрӣ дошта бошад, аз як динамизми зинда баҳраманд бошад, хутути аслии зиндагиро расм кунад ва ба шакл ва сурати зиндагӣ, ки вобаста ба дараҷаи тамаддун аст, напардозад, метавонад бо тағйироти зиндагӣ ҳамоҳангӣ кунад, балки раҳнамуни онҳо бошад.

Таноқуз миёни қонун ва эҳтиёҷоти нав ба нав, он гоҳ пайдо мешавад, ки қонун ба ҷои ин ки хатти сайрро мушаххас кунад, ба устувор кардани шакл ва зоҳири зиндагӣ бипардозад. Масалан васоил ва абзорҳои хоссеро, ки вобастагии комил ба дараҷаи фарҳанг ва тамаддун дорад, бихоҳад барои ҳамеша устувор намояд.

Агар қонун бигўяд ҳамеша бояд дар навиштан аз даст ва дар савор шудан аз аспу шутур ва дар рўшноӣ аз чароғи рўғанӣ истифода кард, чунин қонуне ба мубориза бо густариши илм ва тамаддун ва эҳтиёҷоти сарчашмагирифта аз он бархостааст ва бадеҳист, ки ҷабри таърих онро иваз мекунад.

Қонун ҳар андоза ҷузъӣ ва моддӣ бошад, яъне худро ба моддаҳои махсус ва рангу шаклҳои махсусе баста бошад, шанси бақо ва давоми камтаре дорад ва ҳар андоза куллӣ ва маънавӣ бошад ва таваҷҷўҳи худро на ба шаклҳои зоҳирии чизҳо, балки ба равобити миёни чизҳо ё миёни ашхос маътуф карда бошад, шанси бақо ва давоми бештаре дорад.

Талаботи замон

Талаботи замон, яъне талаботи муҳит, иҷтимоъ ва зиндагӣ. Башар ба ҳукми ин ки ба нерўи ақл ва ибтикор ва ихтиёр муҷаҳҳаз аст ва тамойул ба зиндагии беҳтар дорад, пайваста афкор ва андешаҳо ва омилҳо ва васоили беҳтаре барои бартараф кардани эҳтиёҷоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии худ ворид мекунад. Ворид шудани омилҳо ва васоили комилтар ва беҳтар худ ба худ сабаб мешавад, ки омилҳои кўҳна ва ноқистар ҷои худро ба инҳо бидиҳанд ва инсон ба омилҳои ҷадид ва ниёзмандиҳои хосси онҳо вобастагӣ пайдо кунад. Вобастагии башар ба як силсила эҳтиёҷоти моддӣ ва маънавӣ ва тағйири доимии омилҳо ва васоили бартарафкунандаи ин эҳтиёҷот ва комилтар ва беҳтар шудани доимии онҳо, ки ба навбати худ як силсила эҳтиёҷоти ҷадид низ ба вуҷуд меоваранд, сабаб мешавад, ки талаботи муҳит, иҷтимоъ ва зиндагӣ дар ҳар асре ва замоне тағйир кунад ва инсон худро бо талаботи ҷадид татбиқ диҳад. Бо чунин талаботе, на бояд набард кард ва на метавон набард кард.

Аммо мутаассифона ҳамаи падидаҳои наве, ки дар замон пайдо мешавад, аз навъи афкор ва андешаҳои беҳтар ва омилҳо ва васоили комилтар барои зиндагӣ саодатмандонатар нест. Замон, муҳит ва иҷтимоъ махлуқи башар аст ва башар ҳаргиз аз хато масун набудааст. Аз ин рў танҳо вазифаи инсон пайравӣ аз замон, афкор ва андешаҳои замон, одатҳо ва писандҳои замон нест (“хоҳӣ нашавӣ расво, ҳамранги ҷамоат шав” нест), ислоҳи замон низ ҳаст. Агар инсон бояд сад дар сад худро бо замон татбиқ диҳад, пас замонро бо чӣ татбиқ бидиҳад?

Аз назари афроди камфикр, “талаботи замон”, яъне салиқа ва писанди роиҷи рўз. Ҷумлаи “дунёи имрўз намеписандад” аз ҳар мантиқе барои кўбидани шахсияти инон ва таслими беқайду шарт карданашон муассиртар аст. Аз назари тарзи фикри инон ҳамин, ки чизе аз салиқа ва модаи рўз – хусусан дар дунёи ғарб – афтод, кофист, ки ҳукм кунем “талаботи замон” тағйир кардааст, дар сурате, ки медонем замон, муҳит ва омилҳои иҷтимоиро худи башар месозад, аз олами қудсӣ ворид намешавад ва башар – ҳарчанд ғарбӣ бошад – ҷоизулхатост.

Башар ҳамон тавре ки ақл ва илм дорад, шаҳват ва ҳавои нафс ҳам дорад ва ҳамон тавре ки дар ҷиҳати маслиҳат ва зиндагии беҳтар гом бармедорад, аҳёнан инҳироф ҳам пайдо мекунад. Пас замон низ, ҳам имкони пешравӣ дорад ва ҳам имкони инҳироф. Бо пешравиҳои замон бояд пеш рафт ва бо инҳирофоти он бояд мубориза кард.

“Талаботи замон” монанди “озодӣ” аз калимотест, ки – махсусан дар машриқзамин – сарнавишти шуме доштааст ва акнун ба шакли як абзори истеъмории комил барои дарҳам кўбидани фарҳанги асили шарқ ва таҳмили руҳи ғарбӣ даромадааст. Чӣ сафсатаҳо, ки ба ин ном сурат мегирад ва чӣ бадбахтиҳо, ки бо ин унвони “зебо” таҳмил мегардад.

Мегўянд асри илм аст. Мегўем дуруст аст, аммо оё ҳамаи сарчашмаҳо ҷуз сарчашмаи илм дар вуҷуди башар хушкида аст ва ҳар чи падид меояд, фарзанди холис ва машрўи илм аст? Дар кадом аср, илму дониш монанди асри мо қуввату қудрат ва густариш доштааст ва дар кадом аср монанди ин аср озодии худро аз каф дода ва мағлуби деви шаҳват ва аждаҳои худхоҳӣ ва ҷоҳталабӣ ва пулпарастӣ ва истихдом ва истисмор будааст?

Касоне, ки муддаӣ ҳастанд талаботи тағйирёбандаи замон эҷоб мекунад ҳеҷ қонуне ҷовид намонад, аввал бояд ду мавзўи болоро аз якдигар ҷудо кунанд то маълум гардад, ки дар Ислом ҳаргиз чизе вуҷуд надорад, ки бо пешравӣ ба сўи зиндагии беҳтар мухолиф бошад.

Мушкили асри мо ин аст, ки башари имрўз камтар тавфиқ меёбад миёни ин ду ҷудо кунад; ё ҷумуд меварзад ва бо кўҳна паймон мебандад ва бо ҳар чи нав аст мубориза мекунад ва ё ҷаҳолат ба харҷ медиҳад ва ҳар падидаи навзуҳуреро ба номи талаботи замон муваҷҷаҳ мешуморад.

Натиҷа

Тарҳи масъалаҳое аз қабили тағйири ниёзмандиҳо ва талаботи замон ҳамин андоза муфид аст, ки бидонем наметавон ин умурро баҳона қарор дод ва чашмбаста қонунеро маҳкум кард ва мункири ҷовид буданаш шуд.

Вале бадеҳист, ки тарҳи ин масоил ба танҳоӣ кофӣ нест мушкили ҷовид буданро ҳал намояд, зеро мусалламан як қонуни ҷовидона агар бихоҳад бар тамоми суратҳои тағйирёбандаи зиндагӣ иҳота намояд ва роҳи ҳалли тамоми мушкилотро нишон диҳад ва ҳар мушкилеро ба сурати хоссе ҳал намояд, бояд аз навъе динамизм ва таҳаррук баҳраманд бошад, хушк ва ҷомид набошад.

Акнун бояд бубинем Ислом бо ҳифзи асли “Ҳалоли Муҳаммад, ҳалол аст то рўзи қиёмат ва ҳароми Муҳаммад, ҳаром аст то рўзи қиёмат” чигуна роҳи ҳалҳои мухталиф дар суратҳои гуногуни зиндагӣ нишон медиҳад? Мусалламан бояд дар системаи қонунгузории Ислом розу рамзе нуҳуфта бошад то битавонад бар ин мушкили бузург пирўз ояд.

Модар ва манбаи ҳамаи розҳову рамзҳо руҳи мантиқии Ислом ва вобастагии комили он ба фитрат, табиати инсон, иҷтимоъ ва ҷаҳон аст.

Ислом дар вазъи қонунҳо ва муқаррароти худ расман эҳтироми фитрат ва вобастагии худро бо қонунҳои фитрӣ эълом намудааст. Ин ҷиҳат аст, ки ба қонунҳои Ислом имкони ҷовидонӣ будан додааст.

Такя ва вобастагии Исломро бо фитрат, бо мушаххасоти зерин метавон шинохт:

1. Пазириш ва ворид кардани ақл дар ҳарими дин: Ҳеҷ дине монанди Ислом бо ақл пайванди наздик надошта аст ва барои ў “ҳақ” қоил нашудааст. Кадом динро метавон пайдо кард, ки ақлро яке аз сарчашмаҳо ва манобеи аҳкоми худ муаррифӣ кунад? Фуқаҳои исломӣ манобеъ ва сарчашмаҳои аҳкомро чаҳор чиз шумурдаанд: китоб (Қуръон), суннат, иҷмоъ ва ақл. Фуқаҳои исломӣ миёни ақл ва шариат робитаи ногусастанӣ қоиланд ва онро “қоидаи мулозима” меноманд, мегўянд:

“Ҳар чиро ақл дарёбад, шариат бар тибқи он ҳукм мекунад ва ҳар чи шариат ҳукм кунад, мабнои ақлӣ дорад”.

Ақл дар фиқҳи исломӣ, ҳам метавонад худ кашфкунандаи як қонун бошад ва ҳам метавонад қонунеро қайд бизанад ва ё ба он умумият бубахшад ва ҳам метавонад дар истинбот[18] аз соири манобеъ ва сарчашмаҳо мададкори хубе бошад.

Ҳаққи дахолати ақл аз он ҷо пайдо шуда, ки муқаррароти исломӣ бо воқеияти зиндагӣ сару кор дорад. Ислом барои таълимоти худ рамзҳои маҷҳул ва ҳалношудании осмонӣ қоил нашудааст.

2. Ҷомеият (ва ба таъбири Қуръон “васатият”): Якҷониба будани як қонун ё як мактаб далели аз байн рафтани худро ҳамроҳ дорад. Омилҳои муассир ва ҳоким бар зиндагии инсон фаровон аст. Чашмпўшӣ аз ҳар як аз онҳо худ ба худ адами таодул эҷод мекунад. Муҳимтарин рукни ҷовид мондан, таваҷҷўҳ ба ҳамаи ҷавониби моддиву руҳӣ ва фардиву иҷтимоист. Ҷомеият ва ҳамаҷониба будани таълимоти исломӣ мавриди қабули исломшиносон аст.

3. Ислом ҳаргиз ба шакл, сурат ва зоҳири зиндагӣ напардохтааст: Таълимоти исломӣ ҳама мутаваҷҷеҳи руҳ ва маъно ва роҳест, ки башарро ба он ҳадафҳо ва маъноҳо мерасонад. Ислом ҳадафҳо ва маъноҳо ва нишон додани тариқаи расидан ба он ҳадафҳо ва маъноҳоро дар қаламрави худ гирифта ва башарро дар ғайри ин амр озод гузоштааст ва ба ин васила аз ҳар гуна бархўрд бо густариши тамаддун ва фарҳанг парҳез кардааст.

Дар Ислом як василаи моддӣ ва як шакли зоҳирӣ наметавон ёфт, ки ҷанбаи “тақаддус” дошта бошад ва мусулмон вазифаи худ бидонад, ки он шакл ва зоҳирро ҳифз намояд. Аз ин рў, парҳез аз тасодум ва бархўрд бо мазоҳири илм ва тамаддун яке аз ҷиҳатҳоест, ки кори интибоқи ин динро бо талаботи замон осон карда ва монеи бузурги ҷовид монданро аз миён бармедорад.

4. Рамзи дигари хотамият ва ҷовидонӣ будани ин дин, ки он низ аз ҳамоҳангӣ бо қонунҳои фитрӣ сарчашма мегирад, ин аст, ки барои эҳтиёҷоти собит ва доими башар қонунҳои собит ва тағйирнопазире дар назар гирифта ва барои авзоъ ва аҳволи тағйирёбандаи вай вазъи тағйирёбандаеро пешбинӣ кардааст.

Қаблан гуфтем, ки порае аз эҳтиёҷоти башар, чӣ дар заминаҳои фардӣ ва чӣ дар заминаҳои иҷтимоӣ, вазъи собите дорад ва дар ҳамаи замонҳо яксон аст. Низоме, ки инсон бояд ба ғаризаҳои худ бидиҳад, ки “ахлоқ” номида мешавад ва низоме, ки бояд ба иҷтимоъ бидиҳад, ки “адолат” хонда мешавад ва робитае, ки бояд бо офаридгор дошта бошад ва имони худро таҷдид ва такмил кунад, ки “ибодат” номида мешавад, аз ин қабил аст.

Қисмати дигар аз эҳтиёҷоти башар тағйирёбанда аст ва аз лиҳози қонун вазъи тағйирёбандаеро эҷоб мекунад. Ислом барои ин эҳтиёҷоти тағйирёбанда вазъи тағйирёбандае дар назар гирифтааст аз ин роҳ, ки ин авзои тағйирёбандаро бо усули собит ва тағйирнопазир марбут кардааст ва он усули собит дар ҳар вазъи ҷадид ва тағйирёбандае қонуни фаръии хос ва мутаносибе тавлид менамоянд. Ба зикри ду мисол қаноат мекунем:

Дар Ислом як асли иҷтимоӣ ҳаст ба ин сурат:

æóÃóÚöÏøõæÇú áóåõã ãøóÇ ÇÓúÊóØóÚúÊõã ãøöä ÞõæøóÉò...

“То охирин ҳадди имкон дар баробари душман нерў таҳийя кунед ва нерўманд бошед”.[19]

Ин аслро Қуръон ба мо таълим медиҳад. Аз тарафи дигар, дар суннат як силсила дастурҳо расидааст, ки дар фиқҳ ба номи “сабқ ва римоя” маъруф аст; дастур расида, ки худ ва фарзандонатон то ҳадди маҳорати комил, фунуни аспсаворӣ ва тирандозиро ёд бигиред. Аспдавонӣ ва тирандозӣ ҷузъи фунуни низомии он аср ва беҳтарин василаи таҳийяи нерў ва нерўманд шудан дар муқобили душман дар он аср будааст. Реша ва асли қонуни “сабқ ва римоя”, асли “То охирин ҳадди имкон дар баробари душман нерў таҳийя кунед ва нерўманд бошед” аст, яъне тиру шамшеру найзаву асп аз назари Ислом асолат надорад ва ҷузъи ҳадафҳои исломӣ нест, он чи асолат дорад, ин аст, ки мусулмонон бояд дар ҳар аср ва замоне то охирин ҳадди имкон аз лиҳози нерўҳои низомӣ ва дифоӣ дар баробари душман қавӣ бошанд.

Дар ҳақиқат лузуми маҳорат дар тирандозӣ ва аспдавонӣ ҷомаест, ки ба тани лузуми нерўмандӣ дар баробари душман пўшонда шудааст ва ба иборати дигар, маҳорат дар тирандозӣ шакли иҷроии нерўманд будан дар он аср ва замон будааст. Лузуми нерўмандӣ дар муқобили душман, қонуни собитест, ки аз як эҳтиёҷи собит ва доим сарчашма мегирад, аммо лузуми маҳорат дар тирандозӣ ва аспдавонӣ мазҳари як эҳтиёҷи муваққат аст ва бо талаботи замон ва густариши омилҳои фарҳангӣ ва фаннӣ тағйир мекунад ва чизҳои дигар аз қабили лузуми маҳорат дар ба кор бурдани силоҳҳои имрўз ҷои онро мегирад.

Мисоли дигар: Паёмбари Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фармудааст, ки талаби дониш бар ҳар мусулмон воҷиб аст.

Донишмандони исломӣ ба субут расонидаанд, ки вуҷуби таҳсили дониш аз назари Ислом дар ду маврид аст: яке дар мавриде, ки таҳсили имон, ба дониш бастагӣ дорад. Ва дигар дар маворидест, ки анҷоми як вазифа ба он бастагӣ пайдо мекунад.

Дар мавриди дуюм мегўянд вуҷуби талаби дониш “таҳайюӣ” аст, яъне барои ин аст, ки инсонро барои амал ва анҷоми вазифа омода намояд.

Ин ҷост, ки таҳсили улум аз назари вуҷуб ва адами вуҷуб, ба ҳасаби талаботи замон мутафовит мешавад. Дар бархе аз замонҳо анҷоми вазифаҳои исломӣ ҳатто вазифаҳои иҷтимоӣ аз қабили тиҷорат, санъат, сиёсат ва ғайра ниёзи чандоне ба таҳсили дониш надорад, таҷрибаҳои оддӣ кофист. Вале дар замони дигар монанди замони мо анҷоми ин вазифаҳо он чунон печида ва душвор аст, ки солҳо дарс ва тахассус лозим аст то анҷоми вазифаҳои иҷтимоии исломӣ (воҷибҳои кифоӣ) имконпазир гардад. Аз ин рў, таҳсили улуми сиёсӣ, иқтисодӣ, фаннӣ ва ғайра, ки дар асре воҷиб набуд, дар асри дигар воҷиб мешавад. Чаро? Чун иҷро ва амалӣ сохтани асли лузуми ҳифзи ҳайсият, иззат ва истиқлоли ҷомеаи исломӣ, ки як асли собит ва доим аст ва шароити ин замон ҷуз бо таҳсил ва такмили дониш ҳосил намешавад ва анҷоми ин вазифаҳо дар шароит ва замонҳои мухталиф ба як шакл нест.

Аз ин гуна мисолҳо зиёд метавон пайдо кард.

5. Яке дигар аз ҷиҳатҳое, ки нишонаи ҳамоҳангии таълимоти исломӣ бо фитрат ва табиат аст ва ба он имкони ҷовид мондан медиҳад, робитаи сабабии аҳкоми исломӣ (ва ё ба истилоҳ, робитаи иллӣ ва маълулии аҳкоми исломӣ) бо маслиҳатҳо (манфиатҳо) ва мафсадаҳои воқеӣ ва дараҷабандии аҳком аз ин назар аст.

Тавзеҳ он ки дар Ислом эълом шуда, ки аҳком тобеи як силсила маслиҳатҳо ва мафсадаҳои воқеист. (Масалан ҳукми нўшидани шароб, ки ҳаром аст, ба ин ҷиҳат ҳаром дониста шуда, ки масткунанда мебошад ва ҳар масткунандае зарару зиён ба инсон ворид меоварад. Ҳаром будани нўшидани шароб як ҳукм аст ва ин ҳукм тобеи як маслиҳат ва мафсадаи воқеист, ки он зарару зиён ба одамист).

Ва ҳамчунин эълом шуда, ки ин маслиҳатҳо ва мафсадаҳо дар як дараҷа намебошанд. Ин ҷиҳат сабаб шуда, ки боби махсусе дар фиқҳи исломӣ ба номи боби “тазоҳум” ё “аҳам ва муҳим” (муҳимтар ва муҳим) боз шавад ва кори фуқаҳо ва коршиносони исломиро дар мавориди бархўрд ва як ҷо ҷамъ шудани маслиҳатҳо ва мафсадаҳои гуногун осон намояд. Ислом худ иҷоза додааст, ки дар ин гуна маворид уламои уммат дараҷаи аҳамияти маслиҳатҳоро бо таваҷҷўҳ ба роҳнамоиҳои худи Ислом бисанҷанд ва маслиҳатҳои муҳимтарро бар маслиҳатҳои камаҳамияттар тарҷеҳ диҳанд ва худро аз бонбаст хориҷ намоянд. (Масалан: агар мусулмоне рўбарў гардад бо ин воқеият, ки бинад мусулмоне дигар дар об ғарқ мешавад ва бояд ўро наҷот бидиҳад ва аз тарафе вақти намоз аст ва агар барои наҷоти ў биштобад, намозаш қазо мешавад. Дар ин ҷо бояд ин ду маслиҳат (маслиҳати намоз ва маслиҳати наҷоти мусулмон аз ғарқ шудан) дараҷабандӣ шавад ва бубинад маслиҳати кадом як муҳимтар аст то он тарҷеҳ дода шавад.) Ибни Асир дар “Ан−ниҳоя” ин ҳадисро нақл мекунад ва мегўяд:

“Агар чизе пеш ояд, ки дар он фоидаи гурўҳ ва зиёни фард бошад, манфиати гурўҳ бар зиёни фард муқаддам дошта мешавад”.

Он чӣ Ибни Асир гуфтааст, яке аз мавориди тақаддуми маслиҳати муҳимтар бар маслиҳати кучактар аст. Маънои ҳадис фақат ба як ин маврид нест.

Ташреҳи (чок кардани) бадани маййит, ки дар асри мо барои пешрафти илм зарурӣ шинохта шудааст, яке аз мисдоқҳои боби “тазоҳум” аст. Чунон ки медонем Ислом эҳтироми бадани мусулмон ва шитоб дар маросими дафнашро лозим шумурдааст. Аз тарафе қисмате аз таҳқиқот ва таълимоти пизишкӣ дар асри мо бастагӣ бар ташреҳ аст. Ду маслиҳат дар ҷиҳати мухолифи якдигар қарор гирифтаанд. Бадеҳист маслиҳати таҳқиқот ва таълимоти пизишкӣ бар маслиҳати шитоб дар дафни маййит ва эҳтироми бадани ў тарҷеҳ дорад. Албатта мисолҳо дар ин маврид зиёд аст.

6. Чизи дигаре, ки ба муқаррароти исломӣ хоссияти таҳаррук ва интибоқ бахшида ва онро ҷовид нигаҳ медорад, вуҷуди як силсила қоидаҳои контролкунанда аст, ки дар матни муқаррароти исломӣ қарор гирифта аст. Фуқаҳо номи бисёр зебое рўи онҳо ниҳода, онҳоро “қоидаҳои ҳокима” меноманд, яъне қоидаҳое, ки бар саросари аҳком ва муқаррароти исломӣ тасаллут дорад ва бар ҳамаи онҳо ҳукумат мекунад. Ин қоидаҳо монанди як идда бозраси олӣ, аҳком ва муқарраротро таҳти назар қарор медиҳад ва онҳоро контрол мекунад. Қоидаи “ҳараҷ” ва қоидаи “ло зарар” аз ин даста аст. Дар ҳақиқат Ислом барои ин қоидаҳо ҳаққи “вето” қоил шудааст.

7. Яке дигар, он ихтиёротест, ки Ислом ба ҳукумати исломӣ ва ба иборати дигар, ба иҷтимои исломӣ додааст. Ин ихтиёрот дар дараҷаи аввал марбут ба ҳукумати шахси Пайғамбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) аст ва аз ў ба ҳукумати имом ва аз ў ба ҳар ҳукумати шаръии дигар мунтақил мешавад. Қуръони Карим дар сураи Аҳзоб, ояти 6 мефармояд:

“Пайғамбар аз худи мўъминон, бар онҳо ҳаққи тасаллут дорад”.

Ин ихтиёрот доманаи васее дорад. Ҳукумати исломӣ дар шароити ҷадид ва ниёзмандиҳои ҷадид метавонад бо таваҷҷўҳ ба усул ва мабонии асосии исломӣ, як силсила муқаррарот вазъ намояд, ки дар гузашта аслан набудааст.

Интиқоли вазифа

Гуфтаҳои гузашта равшан кард, ки булуғи ақлӣ ва илмии башар ва тулўи давраи тавоноии вай бар дарёфти ҳақиқатҳои куллии маориф ва қонунҳои илоҳӣ ва бар ҳифзи меросҳои динӣ ва мубориза бо таҳрифҳо ва бидъатҳо, даъват ва таблиғ ва густариш додани дин, заминаи аслии поён ёфтани паёмбарист. Қисмати асосии вазифаҳое, ки дар давраи кўдакии башар “ваҳй” анҷом медодааст, дар давраи рушду булуғи ақл ва илм, нерўи илмӣ ва ақлӣ анҷом медиҳад ва “уламо вориси анбиё” мегарданд.

Бо ин ки Ислом бар хилофи одати роиҷи дин, ҳеҷ гуна имтиёзе барои уламои уммат, ки мунҷар ба навъе имтиёзи табақотӣ бишавад, қоил нашудааст, анҷоми бузургтарин нақшҳои диниро бар ўҳдаи онон гузоштааст. Дар ҳеҷ дине ба андозаи Ислом уламои уммат нақши асил ва муассире надоштаанд ва ин, аз хусусиятҳои хотамияти ин дин сарчашма мегирад.

Аввалин “нақше”, ки дар давраи хотамият аз паёмбарон ба олимон интиқол меёбад, нақши даъват, таблиғ, иршод ва мубориза бо таҳрифҳо ва бидъатҳост.

Тўдаи башар дар ҳамаи давраҳо ниёзманд ба даъват ва иршод аст. Қуръон бо камоли сароҳат ин вазифаро бар ўҳдаи гурўҳе аз худи уммат мегузорад:

æóáúÊóßõä ãøöäßõãú ÃõãøóÉñ íóÏúÚõæäó Åöáóì ÇáúÎóíúÑö æóíóÃúãõÑõæäó ÈöÇáúãóÚúÑõæÝö æóíóäúåóæúäó Úóäö ÇáúãõäßóÑö...

“Бояд гурўҳе аз шумо бошанд, ки даъват ба некӣ кунанд, ба некӣ фармон диҳанд ва аз зиштӣ боздоранд”.[20]

Ҳамчунин сабабҳое, ки мунҷар ба таҳриф ва бидъат мешавад, ҳама вақт будааст ва хоҳад буд ва боз уламои уммат ҳастанд, ки вазифадори мубориза бо таҳрифҳо ва бидъатҳо мебошанд. Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фармуд:

“Онгоҳ, ки бидъатҳо падид меоянд, бар ўҳдаи донишманд аст, ки дониши хешро ошкор кунад ва он ки накунад лаънати Худо бар ў бод!”[21]

Он чизе, ки ин муборизаро мумкин ва кори онро осон мекунад, маҳфуз мондани меъёр ва миқёси аслӣ, яъне Қуръон аст. Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) махсусан таъкид кардааст, ки барои сиҳҳату суқми чизҳое, ки аз забони ў нақл мешавад, аз миқёси Қуръон истифода кунанд.

Нигаҳдории мутуни аслӣ аз датбурди ҳодисаҳо, истинботи фурўъ аз усул ва татбиқи куллиёт бар ҷузъиёт, тарҳ ва кашфи масоили ҷадид, ки ҳар асре бо худ меоварад, пешгирӣ аз гароишҳои якҷониба, мубориза бо ҷумуд бар шаклҳо ва зоҳирҳо ва одатҳо, ҷудо сохтани аҳкоми аслӣ ва собит ва модар аз муқаррароти фаръӣ ва натиҷа, ташхиси муҳимтар аз камаҳаммияттар ва тарҷеҳи он, таъйини ҳудуди ихтиёроти ҳукумат дар вазъи қонунҳои муваққат ва танзими “барнома”−ҳои мутаносиб бо эҳтиёҷоти рўз аз муҳимтарин вазифаҳои уламои уммат дар давраи хотамият аст.

Уламои уммати исломӣ бар ҳасаби вазифа ва масъулияте, ки доранд олимтарини мардум ба замони хеш хоҳанд буд, зеро ташхиси талаботи воқеии замон аз талаботи инҳирофоти ахлоқӣ ва инҳитототи руҳии инсонҳо, бидуни ошноӣ бо руҳи замон ва омилҳои дастандаркори сохтмони замон ва ҷиҳати сайри он омилҳо, имконпазир намебошад.

Поён

[1]−Яке аз одатҳои арабҳо ва баъзе аз мардуми дигар, “писархондагӣ” буд ва Ислом онро аз миён бардошт. “Писархонда” дар мерос ва равобити хонаводагӣ ҳамонанди писари воқеӣ ба шумор мерафт. Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) озодшудае дошт ба номи Зайд ибни Ҳориса, ки писархондаи он ҳазрат (с) низ ба шумор мерафт. Мардум тибқи маъмул интизор доштанд, ки Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) бо писархондаи хеш монанди писари воқеӣ рафтор кунад, ҳамчунон ки худи онҳо мекарданд. Маънои ин оят ин аст: Муҳаммадро падари ҳеҷ як аз мардони худ (Зайд ибни Ҳориса ё шахси дигар) нахонед, ўро фақат ба унвони фиристодаи Худо ва поёндиҳандаи паёмбарон бишносед ва бихонед.

[2]−”Саҳеҳ”−и Бухорӣ, 3/58, “Саҳеҳ”−и Муслим, дар фазоили Алӣ ибни Абўтолиб, “Муснад”−и Аҳмад, 1/173, 182.

[3]−Усули кофӣ, ҷ. 1, с. 91.

[4]−Сураи Рум, ояти 30.

[5]−Сураи Анъом, ояти 153.

[6]−Сураи Нисо, ояти 28.

[7]−Сураи Инсон, ояти 3.

[8]−Сураи Моида, ояти 48.

[9]−”Биҳор−ул−анвор”, 6/166, “Саҳеҳ”−и Муслим, 3/7.

[10]−“Илм−ул−яқин”, с. 5, “Ҷомеъ−ус−сағир”, 1/107.

[11]−Сураи Оли Имрон, ояти 81.

[12]−Сураи Анъом, ояти 115.

[13]−Сураи Қасас, ояти 7.

[14]−Сураи Анфол, ояти 29.

[15]−Сураи Анкабут, ояти 69.

[16]−Сураи Алақ, оятҳои 1 то 5.

[17]−Усули Кофӣ, 1/17.

[18]−Истинбот дар истилоҳи фиқҳи исломӣ ба амале гуфта мешавад, ки муҷтаҳид анҷомдиҳандаи он аст ва иборат аст аз истихроҷ ва берун овардани ҳукми фиқҳӣ аз манобеъ ва сарчашмаҳои он, ки иборат аст аз китоб, суннат, иҷмоъ ва ақл.

[19]−Сураи Анфол, ояти 60.

[20]−Сураи Оли Имрон, ояти 104.

[21]−Усули кофӣ, ҷ. 1, с. 54.