Index Next

Оҳанги Худоии Қуръон

Муфaссири олимақом ва донишманди равшангари даврони ҷадид, соҳиби тафсири гаронсанги «Фи зилоли-л-Қуръон» дар зимни тафсири ояти 37-и сураи Юсуф ҳодисаи ҷолиберо, ки барои худаш иттифоқ афтодааст ин гуна баён мекунад:

«Мо шаш нафар мусулмонон бо як киштии мисрӣ уқёнуси Атлантикаро ба сўи Нюёрк мепаймудем. Мусофирони киштӣ саду бист мард ва зан буданд, ки дар байни онон ҷуз мо, мусулмонони дигаре набуд. Як мубашшири масеҳӣ дар дохили киштӣ даст аз барномаи таблиғии худ барнамедошт ва ҳатто моил буд моро низ ба дини Масеҳият дароварад. Рўзи ҷумъа ба ин фикр афтодем, ки намози ҷумъаро дар қалби уқёнуси Атлантика ва бар рўи киштӣ ба ҷой оварем то илова бар иқомаи фаризаи динӣ, ҳамосае дар муқобили он мубаллиғи масеҳӣ биёфаринем. Киштибон, ки як нафар англис буд мувофиқат кард, ки мо намозро дар арзаи киштӣ бихонем ва ба коркунони киштӣ, ки аз мусулмонони Офриқо буданд иҷоза дод, ки бо мо намоз бихонанд ва онон низ бисёр хушҳол мешуданд зеро нахустин боре буд, ки намози ҷумъа дар рўи киштӣ иқома шуд. Ман худам ба хондани хутба ва иқомаи ҷумъа пардохтам ва дидам, ки соири мусофирони ғайри мусулмон низ дар атрофи мо ҳалқа задаанд ва бо диққат, кори моро зери назар доранд.

Пас аз намоз гурўҳи зиёде назди мо омаданд ва ин муваффақиятро табрик гуфтанд. Дар ин миён хонуме - ки баъдан фаҳмидем аҳли Югославия аст ва аз дасти коммунизм фарор карда фавқулодда зери таъсири намози мо қарор гирифта буд ба ҳадде ки ашк аз чашмонаш сарозер буд ва қодир ба идораи худ набуд. Ў ба забони англисии сода ва омехта бо шодии зиёд ва бо хоксории хоссе эҳсосот худро баён мекард ва гуфт:«...ончи таваҷҷўҳи маро хеле ҷалб кард ин буд, ки дар байни хутбаи имоми шумо ҷумлаҳое вуҷуд дошт, ки аз дигар ҷумлаҳо фарқ мекард. Онҳо дорои оҳанги фавқулодда таъсирнок ва амиқе буданд ончунон ки ларза бар андоми ман андохт. Фикр мекардам ҳангоме, ки имоми шумо ин ҷумлаҳоро ба забон меовард ҷону дилам пур аз Руҳул-қудус шуда буд».

Мо каме фикр кардем ва баъд фаҳмидем, ки мурод аз он ҷумлаҳо оятҳои Қуърон буда, ки дар байни хутбаи намоз тиловат мешудааст. Ин мавзўъ моро сахт  такон дод ва мутаваҷҷеҳи ин нукта сохт, ки оҳанги махсуси Қуръон он чунон муассир аст, ки ҳатто инсонеро ки як калима аз мафҳуми онро намефаҳмад, боз таҳти таъсири шадиди худ қарор медиҳад”

Ҷойгоҳи амр ба маъруф дар Қуръон

Масоили амр ба маъруф аз ҳамон рўзҳои аввали беъсат дар Макка мавриди инояти Ислом  будааст.

Ба унвони  мисол  дар сураи Валъаср, ки шиори мусалмонон ба  ҳангоми ҷудоӣ аз якдигар буд  ва дар аввалҳои беъсатдар Макка нозил шудааст, дар ҷумлаи «...ва ҳамдигарро ба ҳақ ва сабру шикебоӣ супориш мекунанд», -  ишора ба амр ба маъруф мекунад.

Аввалин вазифаи анбиё

Қуръон, аввалин вазифаи ҳамаи анбиёро амр ба маъруф ва наҳй аз мункар медонад ва мефармояд: «Мо дар миёни ҳар уммате,   паёмбареро  мабъус кардем, ки муҳимтарин вазифаи онҳо ду чиз буд: яке амр ба яктопарастӣ, ки бузургтарини маъруфҳост, ва дуввум наҳй аз итоати тоғутҳо, [1] ки бузургтарини мункарҳост».

Дар сураи Аъроф низ мехонем: «Паёмбари Ислом, ки ному нишонаш дар Таврот ва Инҷил омадааст, аввалин вазифааш амри ба маъруф ва наҳй аз мункар мебошад». [2]

Нишонаи беҳтарин уммат

Қуръон ба мусалмонон чунин хитоб мекунад: «Шумо беҳтарин уммат дар байни мардум хоҳед буд, ба шарти ин ки  амр ба маъруф ва наҳй аз мункар кунед».

Қуръон бо он ки борҳо аз аҳли китоб ба хотири таассуботи нобаҷо ва таҳрифҳои номашрўъ ва хостаҳои беҳудаашон эрод гирифт, аммо аз гурўҳе аз онон ба хотири имонашон ва таловати оёти илоҳӣ ва амр ба маъруф ва наҳй аз мункар  намуданашон ситоиш кардааст.

Амр ба маъруф  коре аст, ки Худованд анҷом медиҳад: «Ҳамоно Худованд ба адлу эҳсон супориш мекунад».

Аммо амр ба мункар  кори шайтон аст: «Шайтон (ҳангоми садақа додан) шуморо аз фақр метарсонад ва ба фаҳшо амр мекунад».

Амр ба маъруф вазифаи  умумӣ аст, Қуръон мефармояд: «Тамоми мардон ва занони боимон инсбат ба ҳамдигар ҳаққи вилоят ва сарпарастӣ доранд, ки якдигарро ба маъруф водор кунанд ва аз мункар боздоранд ва   намоз барпо доранд ва закот бипардозанд» [3]

Ончи дар ин оят  диққати инсонро ба худ ҷалб мекунад, чанд нукта аст:

1) Аз оғози таклиф, ҳамаи мардум аз  ҳар син ва синфу нажоде, ки бошанд бар дигар мўъминон  ҳаққи вилоят доранд; яъне амру наҳйи онон  бар асоси  ҳаққи вилоят аст, ки Худованд қарор додааст ва ҳаргиз номи дахолати беҷо, бар ин кор раво нест.

2) Мақоми имон аст, ки ба мусалмонон  ин ҳақро медиҳад ва  ин ҳақ барои инсонҳои ғайримўъмин вуҷуд надорад.

3) Ҳамеша амр ба маъруф, муқаддам бар наҳй аз мункар ба кор рафтааст то ба мо бифаҳмонад, ки корҳоро аз роҳи мусбат пайгирӣ кунед ва дар ҷомеа танҳо интиқодкунанда набошед.

4) Дар ин оят амр ба маъруф ва наҳй аз мункар қабл аз намоз ва закот матраҳ шудааст, зеро иқомаи намоз ва адои закот ба як силсила таблиғот ниёз дорад, ки ҳамон амр ба маъруф аст; барои мисол аз муқаддимаи намоз вақте бо беҳтарин ва расотарин садо мегўем: «Ҳайя алас-салот» - ин калом худ амр ба маъруф аст, ки бар намоз муқаддам шудааст.

Қуръон худ иқомаи намозро наҳй аз мункар медонад, онҷо ки мефармояд: «Ҳамоно намоз аз фаҳшо ва мункар боз медорад».[4]

5) Гарчи бояд ба авлавиятҳо таваҷҷўҳ дошт, аммо ончи мавриди писанди Ислом аст, супориш ба тамоми маъруфҳо ва пешгирӣ аз ҳамаи мункарҳо аст.

Ба иборати дигар замоне мо ба ҷомеаи дилхоҳ мерасем, ки ба нукоти зер таваҷҷўҳ намоем:

1) Мард ва зан ҳарду қиём кунанд.

2) Бар асоси вилоят ва муҳаббат амр ва наҳй кунанд.

3) Аз хубиҳо шурўъ кунанд.

4) Ба ҳамаи нукот таваҷҷўҳ кунанд.

Ин вазифаи умумии мусалмонон буд; аммо аз бархе оёт истифода мешавад, ки барои ин ду фаризаи бузург гурўҳи вижае низ лозим аст.

Гурўҳи вижа

Қуръон мефармояд: «Аз миёни шумо, гурўҳе бояд даъват ба хайр ва амр ба маъруф ва наҳй аз мункар кунанд».

Ҳисоби ин гурўҳ аз ҳисоби вазифаи умумӣ ҷудо аст. Ин даста бояд бо қудрат ва имконот вориди амал шаванд ва пеши роҳи мункаротро бигиранд; барои мисол, агар мошини хиёбон дар як тараф бар хилофи масир ҳаракат кунад, ду вазифа вуҷуд дорад аввалан вазифаи умумии ронандагон аст, ки тахаллуфи ўро ба ў мефаҳмонанд; дувум, вазифае ҳам пулис дорад, ки  ўро ҷарима мекунад.

Дар аҳамияти амр ба маъруф ва наҳй аз мункар  ҳамин бас, ки дар Қуръон номи амркунандагон ба маъруф дар канори номи анбиё омадааст ва кайфари қотилони онон ҳамчун қотили анбиёст.

Бар хилофи баъзе, ки гумон мекунанд росткорӣ дар инзиво ва гўшагирӣ аст, Қуръон росткоронро танҳо касе медонад, ки дигаронро даъват ба хайр ва амр ба маъруф мекунад.

Албатта, он замон амр ба маъруф ва наҳй аз мункар рамзи бартарӣ ва каромат аст, ки ин кор бар асоси имон ва бархоста аз ангезаи илоҳӣ бошад. [5]

Гарчи масъулияти уламо ва афроди ботақво бештар аст,  вале амр ба маъруф ва наҳй аз мункар  вазифаи дутарафа аст ва ҳама бояд якдигарро ба ҳақ ва сабр супориш кунем. Ва ҳама якдигарро аз мункар наҳй кунем. Ва дар ин роҳ омодаи пазириши мушкилот бошем.

Инсон бо онки руҳиХудо дар ў дамида шуд ва ҷонишини ў дар замин аст, ҳамчунин мавриди каромати хос аст, аммо ба хотир ғароизи саркаш ва васвасаҳои шайтон ва истикбор ва тоғутҳо башиддат ниёз ба назорат дорад ва Худованди мутаол анвои  маҳорҳоро баро ў қарор додааст:

1- Калимаи муқаддаси ақл ба маънои иқол (боздоранда) ва василаи контроли инсон аст. Агар маҳори ақл набошад, инсон хеле зуд худро нобуд мекунад.

2) Фитрат низ метавонад инсонро ба сўи хубиҳо кашонад ва аз бадиҳо боз дорад.

3) Анбиё ва фиристодагони Худованд низ ба ҳамин манзур мабъус шудаанд.

4) Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар низ беҳтарин василаи иршоди мардум аст.

Ростӣ агар инсон ин маҳорҳоро надошта бошад ва бар асоси ҳавасҳои дарунии худ ком бардорад, асари фитна ва фасодаш то ба осмонҳо кашида мешавад.

Наҳй аз мункар дар ҷоҳилият

Дар замони ҷоҳилият, гурўҳе аз ҷавонони мушрик бо ҳам паймон бастанд, ки иҷоза надиҳанд ба мусофирони Макка таҷовуз ва зулме шавад ва аз ҳар мазлуме ҳимоят кунанд. Дар он рўзҳо, ки Паёмбари Акрам  ҳануз ба паёмбарӣ мабъус нашуда буд, дар ин ҳаракати мазлумёбӣ ва зулмкўбии ҷавонони Макка ширкат кард ва баъд аз набувват фармуд: Ҳоло ҳам агар барои дифоъ аз мазлум даъватам кунанд, ширкат мекунам.

Робитаи тавҳид бо амр ба маъруф ва наҳй аз мункар

Паёмбари Акрам фармуд: «Калимаи «Ло илоҳа иллаллоҳ» азоби илоҳиро аз инсон дур мекунад, ба шарти он ки  ин калимаи муборак  мавриди таҳқир  ва истихфоф  қарор нагирад».[6]

Марде аз Паёмбари азиз пурсид: «Чӣ гуна мумкин аст калимаи тавҳид мавриди истихфоф қарор гирад?!»

Фармуд: Агар гуноҳон ошкоро анҷом гирад ва касе гунаҳкорро наҳй накунад ва ўро тағйир надиҳад, ба тавҳид иҳонат  кардааст».

Робитаи набуват ба амр ба маъруф ва наҳй аз мункар

Дар сураи Аъроф, дар шарҳи вазифаи Паёмбари Акрам   мехонем: «Мардумро амр ба маъруф ва наҳй аз мункар мекунад».

Кадом маъруфе аз яктопарастии  Худованд муҳимтар ва кадом мункаре аз итоати тоғут бадтар аст? Дар Қуръон мехонем, вазифаи тамоми паёмбарон нисбат ба мардум, даъват ба бандагии Худо ва дур намудани онҳо аз тоғут аст.[7]

Робитаи имомат бо  амри ба маъруф ва наҳй аз мункар

Имом Ҳусейн ҳадаф аз қиёми худро чунин мефармод: Оё намебинед ба ҳақ амал намешавад ва аз ботил ҷилавгирӣ ба амал намеояд. Ва дар ҷои дигар мефармояд: Ман бано дорам амр ба маъруф ва наҳй аз мункар кунам. Мехоҳам  дар дини ҷаддам ислоҳ кунам.



[1] Тоғут – саркаш; шайтон; ҳар чизи ботиле, ки онро мепарастанд.
[2]Сураи аъроф – 157.
[3]Сураи Тавба  - 71.
[4]Сураи Анкабут – 45.
[5] Оли Имрон – 110.
[6] Таҳқир  ва истихфоф – ночиз ва сабук шумурдан.
[7]Сураи Наҳл – 36.

Тафсири Қуръон

Абдуллоҳ Ибни Аббос - бунёнгузори мадрасаи тафсирии Макка

Абдуллоҳ ибни Аббос ибни Абдулмуталлиб ибни Ҳошим Абдулҳошимӣ, писарамаки Паёмбари Ислом ва ҳазрати Алӣ аст. Модари ў Лубоба бинти Ҳорис ибни Ҳузнул Ҳилолия мебошад.[1]

Ў дар шеъби Абўтолиб се сол қабл аз ҳиҷрат ба дунё омад. Паёмбар, худ коми ўро бардошт ва тарбияти ўро ба ўҳда гирифт ва барояш дуои хайр намуд. Ў дар домани Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ бузург шуд ва пас аз вафоти Расули Худо мулозим ва ҳамроҳи ҳамешагии хонадони нубувват буд. Имом Алӣ, ўро ба некӣ тарбият намуд, аз ин рў яке аз фидоиёни майдони муҳаббат ва вилояти Имом буд.

Аз ў бо санади саҳеҳ ривоят шудааст, ки гуфт: Ончӣ аз дасти мояи тафсирӣ андухтаам аз маъдани файзи Алӣ буд.[2]

Ибни Аббос ҳудуди 3 сол мулозими Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ дар айёми навҷавонии худ буда ва ин мулозиматро ў бо ҷумалоте аз қабили:

سمعت النبی، رايت النبی، بت عند النبی

ва ғайра баён кардааст. Бо ин вуҷуд ў аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ 660 ҳадис бидуни восита нақл кардааст.[3] Аз ў нақл шудааст, ки мегуфт:

« توفی رسول الله وقد قرأت المحکم من القرآن» (ای المفصل) [4]

Ў аз чеҳраҳои фурўзони ҷаҳони илму ва дониш ба шумор мерафт, ба вижа маҳорати вай дар тафсир ва таъвили Қуръон, шўҳраи офоқ буд, то ҷое, ки ўро Тарҷумон-ул-Қуръон; бозгўкунандаи ончӣ дар зоҳиру ботини Қуръон наҳуфтааст, медонистанд. Зеро ончиро ки ба тафсир ва таъвили Қуръон буд медонист. Ў тарбият ёфтаи мактаби Амиралмўъминин Алӣ шумурда мешуд ва ин ифтихорро дошт, ки аслу асоси тафсири худро аз он ҳазрат дарёфт намояд.

Ў дар рутбаи илмӣ ба ҷое расида буд, ки Алӣ дар бораи ў гуфт:

« کأنما ينظر الی الغيب من ستر رقيق»

[5] - Гуё аз паси пардаи рақиқ (нозук) ба ҳақоиқи ғайбӣ менигарад.

Абдуллоҳ ибни Масъуд гуяд:

"لو بلغ ابن عباس أسناننا ما عاشره منا رجل، نعم ترجمان القرآن ابن عباس" )ما عشره  منا أحد: ای لو کان فی السن مثلنا ما بلغ أحد منا عشره فی العلم( [6]

Яъне, Ибни Аббос бо вуҷуди ҷавониаш беҳтарин тарҷумони Қуръон аст ва агар ба синни мо бирасад, ҳеҷ як аз мо наметавонад, дар ҳадди як даҳуми ў бошад.

Ибни Таймия баъд аз нақли ин ривоят мегуяд: ин суханро Ибни Масъуд дар ҳоле гуфт, ки Абдуллоҳ ибни Аббос ҷавоне беш набуд, чунки Ибни Масъуд дар соли 33 аз дунё гузашт ва Ибни Аббос баъд аз ў 36 соли дигар дар қайди ҳаёт буд ва дар баҳри бекарони ваҳйи илоҳӣ шино менамуд ва агар ибни Масъуд то авохири ҳаёти ў мебуд чӣ таъбире дар ҳаққи ў мекард?!

Ба Товус, тобеии маъруф гуфтанд, чаро мулозимати ин хурдсол яъне Ибни Аббосро, ки камсиннтарин саҳоба аст, баргузидаӣ ва бузургсолонро раҳо сохтаӣ? Гуфт: Ман ҳафтод нафар аз саҳобаро дидаам, ки ҳар гоҳ дар бораи мавзўе миёни худ ихтилоф мекарданд, қавли Ибни Аббосро бармегузиданд.

Масруқ ибни Аҷдаъ мегуяд: «Ҳар гоҳ Ибни Аббосро медидам, мегуфтам: Зеботарин халқ аст - ва он гоҳ, ки сухан мегуфт, мегуфтам: Шевотарин сухан аст - ва он гоҳ, ки ҳадис нақл мекард, мегуфтам: «Донотарин мардум аст». [7] Албатта ҷои шигифтӣ нест, дар бораи касе, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи дар бораи ў дуо намуда фаҳму дарки ҳақоиқи Қуръонро барои ў аз Худованд хоста бошад. Онҷо ки мефармояд:

« اللهم فقهه فی الدين و علمه التاويل » [8]

Ў ба ҷиҳати фаровонии дониш ба лақаби «حبر الامة»ва ба далели фарогирии илми ў бар маонии Қуръон ва суннати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ва аҳкоми дин ба «ترجـمان القرآن» ва « ربانی امت» низ шўҳрат ёфта буд. Ў дар миёни асҳоб ва тобеин забонзади аҳли дониш буд.

Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос гуяд:

« ابن عباس اعلمنا بما مضی و افقهنا فيما نزل...»

Халифа Умар дар байни мардум эълом мекард:

« من کان سائلا عن شيئی عن القرآن فليسأل عبد الله بن عباس» [9]

Хулоса, ҳаёти пурбаракати Ибни Аббос, зиндагии қуръонӣ ва саршор аз илму маърифат ва ахлоқу ҳикмат буд. Дуктур Заҳабӣ гуяд:

« فقد کان حيات ابن عباس حياة علمية، يتعلم و يعلم ، و لم يشتغل بالامارة الا قليلا حينما استعمله علی علی البصرة، و الحق ان ابن عباس قد ظهر فيه النبوغ العربی بأکمل معانيه علما و فصاحة، وسعة اطلاع فی نواح علمية مختلفة، لا سميا فهمه الکتاب الله تعالی» [10]

Ў дар тамоми ҷангҳои Амири мўъминон, - Ҷамал, Саффайн ва Наҳравон, - дар канори ҳазрат ва мулозими ў буд ва дар ҳудуди 70 солагӣ дар соли 68 дар ҳоле ки биноии худро аз даст дода буд , дар Тоиф падруди ҳаёт гуфт. Бар ҷанозаи ў Муҳаммад ибни Ҳанафия намоз гузорид ва баъд аз ин ки ўро дар қабр ниҳод чунин гуфт:

«مات و الله اليوم حبر هذه الامة...» [11]

Баррасӣ

Дар зимни мутолиот ва таҳқиқотам дар бораи мадрасаи тафсирии Макка ва зиндагии Ибни Аббос ба чанд нукта бархўрдам, ки лозим медонам ба сурати хулоса онҳоро баён кунам:

1.      Иддае аз нависандагон монанди соҳиби китоби «Ҳибр-ул-умма Абдуллоҳ ибни Аббос», ўро ҷузъи Аҳли Байт дониста яке аз илали пешгомӣ ва заковат ва қудрати зеҳнии болои ўро дар ҳамин нукта пиндоштаанд. Аммо бояд гуфт, ки масодиқи Аҳли Байт бо аҳодиси мутавотир собит шудааст, ки танҳо панҷ тани Олӣ Або (Ҳазрати Алӣ, Ҳазрати Фотима(саломуллоҳи алайҳо), Ҳазрати Имом Ҳасан ва Имом Ҳусейн ҳастанду бас. Аз онҷо ки зикри ривоёти ворида дар ин маврид баҳси моро тўлонӣ мекунад, аз баёни онҳо сарфи назар мешавад.

2. Дар миёни манобее, ки банда аз онҳо истифода кардам (ба ҷуз китоби «Ат-Тафсир ва-ал-муфассирун» -  Оятуллоҳ Маърифат) аъам аз кутуби ошноӣ бо муфассирин ва зиндагиномаҳое, ки дар бораи Ибни Аббос нигошта шудааст, матлабе аз шогирдии Ибни Аббос ва истифодаи фаровони ў аз маҳзари Мадинат-ул-илм Алӣ ва ин ки ў яке аз ҳомиён ва мудофеони Алӣ ва Аҳли Байт буд, чизе зикр нашуда буд. Ҳатто иддае ба ин андоза ҳам басанда накардаанд ва поро фаротар гузошта ўро аз лиҳози илмӣ афзал ва болотар аз Алӣ донистаанд. [12]

Дар ин ҷо бидуни ин ки ба нақду баррасии сиҳҳати гуфтори онҳо бипардозем, ба чанд ривояти саҳеҳ ва муътабар-ус-санад, ки аз Ибни Аббос нақл шудааст, ишора намуда қазоватро бар ўҳдаи ақли солим мегузорем.

Ибни Аббос мегуяд: «Бахши аъзами андухтаҳои тафсириамро аз Алӣ ибни Абутолиб омўхтам». Ҳамчунин мегўяд: «Алиро донише аст, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ба ў омўхтааст ва Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳро Худованд омўхтааст, бинобар ин дониши Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ аз Худо ва дониши Алӣ аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ аст ва андўхтаҳои илмии ман ва асҳоби Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ, ҷумлагӣ дар муқобили дониши Алӣ басони қатрае дар баробари ҳафт дарё аст».

Дар ҳадиси дигаре мегуяд: «Бизоати илмии ман дар бораи Қуръон, дар баробари дониши Алӣ, чун гудоли камобе аст, дар баробари дарё» [13] ва дар ҳадиси дигаре мегуяд: «Агар илми асҳоби Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳро ба даҳ бахш тақсим намоем, нўҳ бахши он ба Алӣ ихтисос дода шудааст ва ў бо соири асҳоб дар бахши даҳум низ шарик аст».

Саид ибни Ҷубайр мегуяд: Ибни Аббос мегуфт: «Агар дар мавзўе сухан аз Алӣ(а) ба исбот мерасид ба он басанда мекардем ва суроғи дигарӣ намерафтем» [14], - назири ҳамин матлаб дар гуфтори Ибни Асир омадааст.

Иллати пешгомӣ ва шўҳрати Ибни Аббос дар тафсир

Ҳануз даҳаи аввал аз вафоти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ нагузашта буд, ки Ибни Аббос кори худро муунҳасир ба тафсири Қуръон ва истинботи маонии он кард, дар сурате, ки дигар саҳобаро умури дигаре, чун гирдоварии Қуръон, омўзиши қироат, одоб, аҳком, қазоват, уҳдадории умурисиёсӣ ва ғайра ба худ машғул сохта буд. Аз онҷо, ки ба иллати камии синн андаке аз ҳаёти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳро дарк карда буд, ба дари хонаи асҳоб ба вижа Амир-ал-мўъминин(а) мерафт ва ба таври ҷиддӣ дар фарогирии дониш мекушид. Ў то ҷое дар ин замина саъю талош намуд, ки номи ў дар радаи яке аз навобиғ ва пешгомони илми тафсир сабт шуд ва забонзади хоссу ом гардид.

Ба сурати мухтасар илал ва асбоби пешқадамии Ибни Аббос ва ба табъи ў мадрасаи тафсири Маккаро метавон ба шарҳи зайл баршумурд:

1) Дуои набии мукаррами Ислом дар ҳаққи ў

Аз онҷо, ки Ибни Аббос аз ҳамон навҷавонӣ дорои истеъдоди хуб ва зеҳни ҷаввол ва заковату ҳушёрии барҷастае буд, Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи Акрам дар ҳаққаш чунин дуо намуд:

«اللّهم فقّهه فی الدّين و علّمه التأويل...»

 Дуои Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ дар кутуби ривоӣ ва тафсирӣ бо таъбироти дигаре низ нақл шудааст аз қабили:

«اللهم علمه تأويل القرآن»ё «اللهم اعط ابن عبّاس الحکمة و علّمه التأويل» [15]

ва ғайра. Шояд иллати ихтилофи алфоз, тааддуди ровиҳо ва ё такрори ин ҷумалот аз ҷониби Расули Худо бошад.

Бешак дуои Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ мавриди иҷобат воқеъ шудааст ва чӣ неъмате болотар аз ин ки шахсияти аввали хилқат дар ҳаққи ў дуои хайр кунад. Асари ин дуоҳои Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ(с) буд, ки қалби ў бо маорифи исломӣ ва ҳикматҳои илоҳӣ кушода шуд ва дорои ақлу зеҳни нобиға ва раъю назари расо гардид.

  Index Next