Фаҳми Қуръон – байни маърифати заннӣ ва яқинӣ
Худованди Мутаол ҳамроҳ бо офариниши инсон, ба ӯ қудрати баён бахшид. Одамӣ
бо қарор додани лафзҳо ва корбурди онҳо, ҷараёни фаҳмидану фаҳмониданро падидор
сохт,[1]
он гоҳ Худо ба ҳамин забон ҳақоиқро ба ӯ фаҳмонид.[2]
Худованди Мутаол аз инсон хост, то дар ҳамаи оятҳои илоҳӣ; чи ончи дар табиат
аст ва чи ончи дар каломи ӯ мутабалвар аст, андеша ва тааммул кунад.
Калидвожаҳо: дараҷоти фаҳм, маърифати заннӣ, маърифати яқинӣ (тавзеҳ ва баёни
ҳар як аз ин ду навъ маърифат, дар мақола мазкур аст), амора (нишона), омму
хосс, муҳкаму муташобеҳ, муҷмал, зоҳир, насс, сиёқи калом...
Дар Қуръони Карим, бар касби маърифатҳои яқинӣ ва парҳез аз маърифатҳои заннӣ
таъкид шудааст. Имрӯза шоҳиди тарҳи бархе мабоҳис аз тарафи баъзе ҳастем, ки
ҳосили он, равона сохтани мӯриёнаи шакку тардид, ба ҷони ҳамаи чорчӯбҳои
маърифати динӣ аст.
Пурсише, ки дар ин ҷо матраҳ аст, ин аст, ки то чӣ андоза дарёфтҳое, ки мо аз
мутуни динӣ, бахусус Қуръони Карим, дорем, қобили эътимод ва итминонанд? Ба
иборати дигар, оё дарёфтҳои ҳосил аз мутуни динӣ, ба дараҷаи яқин мерасанд, ё ин
ки ҳамагӣ бо навъе шакку зан ҳамроҳанд?
Ин мақола, ибтидо ба табйини се дараҷаи фаҳм: яқин, зан ва шак, пардохта,
сипас анвои роҳҳои касби маърифат аз Қуръонро аз назари дараҷаи фаҳм арзёбӣ
кардааст.
Дараҷоти фаҳм
Дар Қуръони Карим бо алфозе ҳамчун яқин, зан ва шак рӯбарӯ мешавем, ва ин
алфоз, нишонгари дараҷоти дарёфтҳои башар аз ҳаводис ва мавзӯоти гуногун аст.
Қуръони Карим бар шинохтҳои яқинӣ пой фишурда ва башарро аз такя бар дарёфтҳои
шаколуд ва заннӣ барҳазар дошааст.
Вуҷуди дараҷоти фаҳм, аз шак то яқин, мунҳасир ба дарёфтҳои дарунӣ ё мавзӯоти
хориҷӣ нест, балки шомили фаҳм аз мутун низ мешавад. Барои тамйиз додани
маърифатҳои яқинӣ аз ғайрияқинӣ, ки аз Қуръон ба даст меоварем, лозим аст
меъёрҳои ҳар як аз онҳоро мушаххас созем.
Аз ин рӯ, пеш аз ҳар чиз, мафҳуми яқин, зан ва шак ва хусусиёти ҳар як баён
мегардад.
1. Маърифати яқинӣ:
Луғатпажӯҳон барои яқин се маъно арза кардаанд, ин маонӣ иборатанд аз:
а) илме, ки аз роҳи назар ва истидлол ба даст меояд;[3]
б) оромиши нафс, ки пас аз қатъ пайдо кардан ҳосил мешавад;[4]
в) заволи шак.[5]
Таърифи сеюм, яқинро ба маънои қатъият дар нуқтаи муқобили шак муаррифӣ
мекунад. Аз таърифи аввал ва дуюм низ фаҳмида мешавад, ки яқин дар ду ҳавза
матраҳ аст: яке ҳавзаи маърифатшиносӣ ва дигар дар ҳавзаи равоншиносӣ.
Яқин дар ҳавзаи маърифатшиносӣ, дараҷае аз дониш аст, ки дорандаи он, ба ончи
огоҳӣ пайдо кардааст, огоҳӣ ва илми қатъӣ дорад ва он, ҳам маҳсусот (мисли
огоҳии мо аз падидаҳое, ки мебинем, мешунавем ва ..)-ро шомил мешавад ва ҳам
маълуқот (мисли огоҳиҳои мо нисбат ба муодилоти риёзӣ мисли 2 зарб дар 2 баробар
бо 4)-ро.
Дар ҳавзаи равоншиносӣ, яқин ва қатъ аз сифоти нафсонӣ ҳастанд, ки бар нафси
инсон ориз мешаванд. Ин яқин, худ бар ду қисм аст: 1) яқини нафсонӣ, ки бар
яқини маърифатшиносӣ такя надорад, балки чи басо бар ваҳму хаёл низ такя зада
бошад; 2) яқине, ки дорои пуштвонаи муҳкам ва мантиқӣ (яқини маърифатшиносӣ)
аст.
Ончи дар илми Усули фиқҳ таҳти унвони “қатъи қаттоъ” (қатъи бисёр
қатъкунанда) матраҳ аст, мисдоқе аз яқини равоншинохтӣ аст. Ин қисм аз яқини
равоншинохтӣ, ки бар яқини мантиқӣ ва маърифатшинохтӣ такя надорад, қобили
истидлол нест.[6]
Он қисм аз яқини равоншинохтӣ, ки пас аз яқини маърифатшинохтӣ барои қалб ва
нафс ҳосил мешавад, арзише фаротар аз қатъияти ақлонӣ дорад.
Қуръони Карим дар бисёре аз оятҳои хеш, идрок, итминон ва яқинро ба қалб
нисбат додааст. Чи басо мавориде, ки аз назари ақл мавриди идрок қарор гирифта
ва ба қатъият расида бошад, аммо ҳанӯз дар қалб ва нафс ҳамроҳ бо тардиду ташвиш
аст. Имом Хумайнӣ (р) дар сухане, ки дар бораи тоифаҳои гуногун аз аҳли имон
дорад, менависад: “Мартабаи имони қалбӣ бо идроки ақлӣ бисёр фарқ дорад. Бисёре
аз умур аст, ки инсон ба ақл идрок карда ва бурҳон низ бар он иқома намуда, вале
ба мартабаи имони қалбӣ ва камоли он, ки итминон аст, нарасида ва дили ӯ бо
ақлаш дар он ҳамроҳ нест”.[7]
Ончи дар ҳавзаи эътиқодот матраҳ аст, ин аст, ки инсонҳо ба усули дин, яқини
маърифатшинохтӣ дошта бошанд, вагарна яқини равоншинохтӣ агар аз қисми аввал
бошад, муттакӣ бар илм нест, ва қисми дуюми он низ ба осонӣ барои афрод муяссар
намешавад, балки бо зикр ва ибодот ҳосил мегардад.
2. Маърифати заннӣ:
Дар чандин оят аз Қуръон, маърифати заннӣ накӯҳиш шудааст. Дар ин оятҳо, гоҳе
зан дар муқобили илм, ва гоҳе дар муқобили яқин қарор гирифтааст, ки намунаи ҳар
якро дар оятҳои зер мулоҳиза мекунем:
“Ва эшонро ба ин кор маърифате нест, ҷуз занну гумон (-и худ) пайравӣ
намекунанд, ва дар воқеъ, занну гумон дар (вусул ба) ҳақиқат ҳеҷ суде
намерасонад.” (Наҷм, 28).
“Ва чун гуфта шавад, ваъдаи Худо рост аст ва шакке дар растохез нест,
гуфтанд: мо намедонем растохез чист, ҷуз занну гумон намеварзем ва мо яқин
надорем.” (Ҷосия, 32).
Бисёре аз луғатшиносон заннро мутародифи шак донистаанд,[8]
аммо Роғиби Исфаҳонӣ таърифи дигаре аз он ба даст додааст, ки бо мавориди
корбурди ин вожа дар Қуръони Карим татобуқи бештаре дорад. Вай менависад: “Ончи
аз тариқи амора (нишона) ба даст меояд, занн ном дорад. Ҳарчи ин амора қавитар
бошад, ба илм наздиктар мешавад ва чунон ки заиф бошад, аз ҳадди таваҳҳум
фаротар намеравад”.[9]
Бархӯрди манфии Қуръон бо занн, аз он рӯст, ки навъан амораҳо воқеънумо
нестанд. Барои рӯшан шудани баҳс, мисоли соддае зикр мешавад: фарз кунед, ки
шумо ба касе салом додаед ва ҷавоби саломи шуморро надодааст. Дар ин сурат, агар
бигӯед, фалонӣ мутакаббир аст, илми шумо ба сифати кибри он шахс, аз навъи занн
аст, зеро такаббур як сифати нафсонӣ аст ва шумо ба таври мустақим, онро дарк
накардаед, балки сирфан аз рӯи як нишона (надодани ҷавоби салом), ба такаббури
он шахс ҳукм кардаед.
Ин дар ҳолест, ки ин нишона мусовӣ бо кибр нест, чи басо он шахс ба далели
машғулияти зеҳнӣ, саломи шуморо нашунида бошад. Бисёре аз нисбатҳое, ки афрод ба
якдигар медиҳанд, монанди бухл, кина ва ҳасодат, аз навъи сифоти нафсонӣ аст, ки
мо сирфан аз тариқи бархе рафторҳои зоҳирӣ ба онҳо ҳукм мекунем. Инҳо ҳамагӣ
занн ҳастанд. Шояд Мавлоно низ ба ҳамин матлаб ишора дорад, ки мегӯяд:
Ҳар касе аз занни худ шуд ёри ман,
Аз даруни ман наҷаст асрори ман.[10]
Дар Қуръони Карим гоҳе занн ба “ҳисобидан” низ ёд шудааст; монанди он ки дар
бораи баъзе аз фуқаро мефармояд:
“Иддае сирфан аз рӯи зоҳирашон ҳукм ба ғанӣ будани онҳо мекунанд (меҳисобанд,
ки онҳо ғанӣ ҳастанд), дар ҳоле ки онҳо дар ҳақиқат ҷузви фуқаро ҳастанд...”
Сипас Қуръон мефармояд: “Аз шиддати хештандорӣ, фарди беиттилоъ онҳоро тавонгар
мепиндорад.” (Бақара, 273).
Ҳамчунин дар достони Маликаи Сабо бо ҳазрати Сулаймон (а) омадааст, ки вай
ҳангоме ки вориди кохи Сулаймон (а) мешуд, акси худро дар сангфаршҳои кох дид,
онро об ҳисобид (пиндошт). Қуръони Карим мефармояд:
“Ба ӯ гуфта шуд: вориди соҳати кох шав. Ва чун онро дид, буркае аз об ҳисобид
(пиндошт) ва соқҳояшро намоён кард. Сулаймон гуфт: ин кохи мафруш аз обгина
аст.” (Намл, 44).
Ёдкарди ин нукта зарурӣ аст, ки илм аз тариқи амораҳо (нишонаҳо) ғайр аз илм
аз тариқи осор ва сифоти ихтисосии шайъ аст. Ончи дар Қуръон занн ё ҳисобидан
номида шуда, илм аз тариқи амораҳост, ки навъан кошиф аз воқеъ намебошад. Аммо
илм ба мавзӯот аз тариқи осор ва сифоти ихтисосӣ, навъе бурҳон аст, ки дар
истилоҳ, ба он “бурҳони иннӣ” гуфта мешавад.
Натиҷаонкинишонаҳоиғайриихтисосӣ,
илмоварнестандваингунамаърифатҳозаннӣмаҳсубмешаванд,
гарчимумкинастдармақомиамал, бароионҳоэътибордодашавад,
аммоҳеҷҷоиилмронамегиранд.
3. Маърифати омехта бо шак:
Ҳамаи луғатшиносон шакро нуқтаи муқобили яқин донистаанд;[11]
яъне ҳар гуна фаҳме, ки ба нуқтаи қатъияти мантиқӣ ва маърифатшинохтӣ нарасад,
дар зумраи маърифатҳои шаколуд аст. Барои рӯшан шудани марзҳои яқину занн бо
шак, зикри чанд нукта зарурӣ аст:
Нуктаи нахуст: шак ҳамчун яқин бар ду қисм аст: шакки маърифатшинохтӣ ва
шакки равоншинохтӣ. Ҳар гуна қазияе, ки аз рӯи далели қатъӣ ба даст наомада
бошад, мубтанӣ бар шакки маърифатшинохтӣ аст. Аммо чӣ басо матолибе, ки муттакӣ
бар матолиби қатъӣ ҳастанд, вале боз ҳам дар бовари бархе намегунҷад, ки дар ин
сурат, ин яқини мантиқӣ ҳамроҳ бо шакки равоншинохтӣ аст.
Барои мисол, “шакки касирушшак” (шакки он касе ки бисёр шаккок аст ва дар ҳар
мавзӯе шак мекунад гарчи мавзӯи яқиновар бошад), аз навъи равоншинохтӣ аст. Дар
мавриди марг низ гуфта шудааст, ки яке аз яқинитарин падидаҳост, ки бархӯрди
инсонҳо бо он ба гунае аст, ки ҳамеша дар мавриди он шак мекунанд.
Дар ин маврид, яқин бар марг аз навъи яқини маърифатшинохтӣ аст, аммо шак ба
он, аз навъи равоншинохтӣ аст.
Бинобар ин, яқини маърифатшинохтӣ ҳеҷ гоҳ бо шакки маърифатшинохтӣ ҷамъ
намешавад. Аммо мумкин аст, яқини маърифатшинохтӣ бо шакки равоншинохтӣ ҷамъ
шавад.
Нуктаи дуюм: робита байни шак ва занн, аз навъи омм ва хосси мутлақ аст; яъне
шак, ом ва занн хос аст. Ҳамон гуна ки ишора шуд, шак мусовӣ бо адами қотеият
аст. Пас ҳар маърифати ғайриқатъие бо шак омехтааст, аммо занн, танҳо ба
мавориде итлоқ мешавад, ки маърифати ғайриқатъӣ ба амора муттакӣ бошад.
Пас ҳар заннеро метавон шак номид, аммо ҳар шакке аз навъи занн нест.
Мавориди корбурди Қуръони Карим низ ин робитаро таъйид мекунад; чунон ки
мебинем, Қуръони Карим эътиқод ба кушта шудани ҳазрати Масеҳ (а)-ро эътиқоди
заннӣ ва шакколуд муаррифӣ карда, яъне дар мавриди он, ҳам аз лафзи шак ва ҳам
аз лафзи занн истифода намудааст.
Қуръони Карим дар ин бора мефармояд: “Ва гуфтаи эшон, ки мо Масеҳ Исо ибни
Марям, паёмбари Худоро куштем, ва ҳол он ки онон ӯро накуштанд ва маслубаш
накарданд, аммо амр бар онон муштабаҳ шуд, ва касоне ки дар мавриди ӯ ихтилоф
карданд, қатъан дар мавриди он дучори шак шудаанд ва ҳеҷ илме ба он надоранд,
ҷуз он ки аз занн (гумон) пайравӣ мекунанд ва яқинан ӯро накуштаанд.” (Нисо,
157).
Аз баёни Роғиби Исфаҳонӣ низ дар таърифи шак, робитаи пешгуфта байни занну
шак таъйид мешавад. Эшон менависад: “Шак эътидоли (тасовии) ду нақиз назди инсон
аст, ки гоҳе ҳар ду тарафи нақиз муттакӣ бар амора ҳастанд ва гоҳе адами вуҷуди
амора бар ҳар як аз тарафайн мӯҷиби шак мешавад.”[12]
Мумкин аст аз каломи Роғиб фарқи дигаре низ байни занну шак истифода шавад,
ва он тасовии тарафайн дар шак аст, дар ҳоле ки дар занн, чунин шарте вуҷуд
надорад. Аммо бархе аз луғатпажӯҳон чунин тафовутеро қабул надоранд. Қайюмӣ дар
Алмисбоҳул мунир менависад: “Бузургони аҳли луғат гуфтаанд, шак хилофи яқин аст
ва он тардид байни ду чиз аст, чи ҳар ду тараф мусовӣ бошанд, ё яке бар дигарӣ
руҷҳон дошта бошад.”[13]
Бинобар ин, бояд бигӯем, ки фасли муқаввими занн, амора аст, дар ҳоле ки шак
ба ҳар навъ тардиде итлоқ мешавад.
Нуктаи сеюм: агар дар мақоми амал, ба далоиле, бархе аз зунун ҳуҷҷият
меёбанд, ин амр шомили маърифатҳои шакколуде, ки муттакӣ бар ҳеҷ аморае нестанд,
намешавад. Аз ояти 28 сураи Наҷм, (Ҳамоно занн аз ҳақ чизеро бениёз намекунад)
низ фаҳмида мешавад, ки ба далолати авлавият, “шакке, ки муттакӣ бар ҳеҷ аморае
нест”, дар маърифати динӣ ҳеҷ ҷойгоҳе надорад.
Фаҳм аз тариқи матн; заннӣ ё яқинӣ?
Худованд аз роҳи омӯзиши забон, чи забони гуфторӣ ва чи навишторӣ, боби васее
бар рӯи инсон кушодааст. Инсонҳо метавонанд ончиро дар зеҳн ва равон доранд, бо
забон ба дигарон мунтақил кунанд. Аҳаммияти забон дар рушди маорифи инсон ба
ҳаддест, ки метавон гуфт, тамаддуни башар ҳосили баёну банон аст.
Худованд бо таълими баён ба инсон, истеъдод ва тавоноии халқи асмоъ ва сипас
такаллум аз тариқи гуфтор ва навишторро ба ӯ дод. Инсон метавонад ҳам барои ашёи
берун аз вуҷуди худ ва ҳам ёфтаҳои дарунии худ ва сохтаҳои хориҷӣ ва зеҳнии худ
ба вазъи алфоз пардохта ва сипас бо корбурди онҳо, дарёфтҳояшро ба дигарон
интиқол диҳад.
Ҷараёни вазъ ва корбурди алфоз барои ашёе, ки комилан моддӣ ҳастанд, ба
соддагӣ сурат мегирад ва аҳли забон дар мавриди зотҳо ва маонии ғайримоддӣ ё
печида, ки дорои ҷавониб ва абъод ва лояҳое ҳастанд, тафҳим ва тафаҳҳум ба
соддагӣ сурат намепазирад. Аз ин рӯ, доираи маонии алфоз дучори навасон шуда,
тависа ва тазйиқ дар онҳо падид меояд, ба ҳадде ки гоҳе бозёфти маънои нахуст,
кори душворе менамояд.
Аз сӯи дигар, рӯйкарди инсон ба мақулаи зебоишиносӣ сабаб шудааст, то забонро
бо халқи орояҳои адабӣ латофат ва зарофат ва ба табъи он умқу жарфо бибахшад.
Ҳосили ин ду амр пайдоиши падидаи ташобуҳ дар забон аст. Бинобар ин, метавон
натиҷа гирифт, ки ташобуҳ дар забон ба хусус забони фасеҳу балиғ, иҷтинобнопазир
аст ва ҳосили он падид омадани мадлулҳои мазнун ва муҳтамал дар мутуни адабӣ
аст.
Нуктаи дигар он ки бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки забон як амри фардӣ нест, балки як
абзори иртиботӣ аст. Бинобар ин, вазъи асмоъ барои зот ва маъно ва корбурди он
дар барқарории иртибот миёни афрод вақте мумкин аст, ки чанд нафар ба ёфтаҳои
муштараке расида бошанд. Аз ин назар, ҳар ҷамъе мумкин аст дар даруни худ, дар
масоиле бо ҳам муштарак бошанд ва бо ҷамъи дигаре муштарак набошанд, аз ин рӯ,
илова бар забони урфи ом, урфҳои хос низ дар забон падид меоянд.
Бо ин тавзеҳ, ҳоло дар назар бигиред, ки Худованд мехоҳад бо ҳамин забон бо
мардум сухан бигӯяд. Ин дар ҳолест, ки бисёре аз маонӣ ва мавзӯоте, ки Худованд
мехоҳад ба башар тафҳим кунад, айнан дар байни ёфтаҳои башар мисоли ҳамгун
надоранд.
Аз ин рӯ, ҷараёни ташобуҳ дар мутуни динӣ қувват ва шиддати бештаре пайдо
мекунад ва ҳосили ташобуҳ, роҳ ёфтани шакку занн ва эҳтимол ба зеҳни мухотаб
аст.
Дар Қуръони Карим низоме таъбеҳ шудааст, ки пеши роҳи осебҳои ҳосил аз
ташобуҳро мегирад ва он вуҷуди оятҳои муҳкам дар канори муташобеҳот аст.
Ҳамчунин гузашти замон ва пинҳон мондани бархе аз қароини мақомӣ мумкин аст
ҳолае аз тардид дар атрофи мадлулҳои қуръонӣ падид оварад, ки бояд бо истифода
аз манобеи мутқан, онҳоро ба мадлули қатъӣ табдил кард.
Албатта касе набояд интизор дошта бошад, ки метавон дар ҳамаи ҷузъиёт ба
фаҳми қатъӣ аз муроди Худованд даст ёфт. Алфози Қуръон ва низ манобее, ки дар
фаҳми Қуръон аз онҳо баҳра гирифта мешавад, ҳама дар як дараҷа аз зуҳур ва
қатъият нестанд.
Ақсоми лафз аз назари зуҳур ва хафо:
Бетардид, алфоз ва ибороти як матн аз назари кайфияти далолат бар муроди
гӯянда бо ҳам баробар нестанд. Донишмандони илми Усули фиқҳ дар баёни ақсоми
лафз аз назари зуҳур ва хафо, тақсимоти гуногуне ироа додаанд.[14]
Метавон гуфт, ки алфоз ва ибороти Қуръон дар ошкорсозии муроди Худованд ба ду
дастаи куллӣ тақсим мешаванд:
а) алфозе, ки мадлули онҳо ба рӯшанӣ гӯёи муроди Худованд аст;
б) алфозе, ки мадлули рӯшане надоранд ва ё мадлули онҳо гӯёи муроди гӯянда
нест.
Ҳар як аз ду дастаи мазкур шомили се қисм аст: дастаи нахуст шомили зоҳир,
насс ва муҳкам ва дастаи дуюм шомили хафӣ, муҷмал ва муташобеҳ аст.
Инак баёни мухтасари ҳар як аз ин ақсом:
1-Зоҳир: лафзест, ки аз худаш муроди мутакаллим фаҳмида мешавад. Вале
эҳтимоли ин ки муроди мутакаллим дақиқан мутобиқи он набошад, вуҷуд дорад.
Бинобар ин, зоҳири алфоз ба худии худ аз қатъияти лозим бархурдор нест, балки
қатъияти мадлули он дар иртибот бо нусус ва завоҳири дигар таъйин мешавад.
Ҳамеша ҳамроҳи маънои зоҳири алфоз, маъно ё маонии дигаре низ муҳтамал аст, ки
роҳро барои таъвил боз мегузорад.[15]
Агар лафз ом бошад, эҳтимоли тахсис ва агар мутлақ бошад, эҳтимоли тақйид ва
агар хос бошад эҳтимоли таъмим ва ё ҳамл бар маънои маҷозӣ ё манқул вуҷуд дорад.
2-Нас: дар луғат ба маънои боло бурдани чизе ва ошкор кардани он аст.[16]
Дар истилоҳ, иборат аст аз лафз ё каломе, ки (бидуни дахолати амри дигаре), ба
вузуҳ бар маъное далолат дошта бошад ва он маъно бо сиёқи калом ҳамроҳ буда ва
мақсуди аслӣ аз нузули оят аст.[17]
Насс аз зоҳир возеҳтар аст ва ин вузуҳ аз лиҳози қаринае аст, ки мутакаллим
бо лафз ҳамроҳ месозад. Ин қарина ҳамон сиёқи калом аст.[18]
Барои мисол, зоҳири ояти сураи Ҳашр, ояти 7, бар вуҷуди итоат аз тамоми
авомир ва навоҳии Расули Худо (с) далолат дорад, аммо сиёқи он бар вуҷуби итоат
аз он ҳазрат (с) дар хусуси тақсими файъ (ғанимат) далолат мекунад. Бинобар ин,
мақсуди аслӣ аз оят ин аст, ки бар мусалмонон воҷиб аст дар мавриди тақсими
файъ, аз Паёмбари Акрам (с) итоат кунанд ва далолати оят бар итоати мутлақ аз он
ҳазрат (с), як далолати табаӣ ва сонавӣ аст.[19]
Далолати нас бар муроди мутакаллим як далолати қатъӣ мебошад.
3-Муҳкам: муҳкам дар луғат яъне ончи ҳеҷ гуна ихтилоф ва изтироре дар он
набошад. Каломро вақте муҳкам мегӯянд, ки худаш бидуни ниёз ба ғайр, гӯё бошад.
Дар истилоҳ низ ба лафз ё ибороте аз Қуръон муҳкам гуфта мешавад, ки бар мақсуди
аслии Худованд далолат кунад ва далолати он ба қадре возеҳ бошад, ки эҳтимоли
таъвил ё насх дар он роҳ надошта бошад, монанди “Ҳамоно ӯ бар ҳамаи чиз огоҳ
аст.” (Анкабут, 63).[20]
Тафовути муҳкам бо насс дар ин нукта аст, ки дар насс, эҳтимоли он ки дар
аҳди Расули Худо (с) насх шуда бошад вуҷуд дорад ва ин эҳтимол дар бораи муҳкам
мунтафӣ аст.[21]
Ақсоми муҳкам: барои муҳкам ақсоме аз оёти Қуръон зикр шудааст, ки аҳамми
онҳо ба шарҳи зер аст:
а) оятҳое, ки бар усул ва қавоиди асосии дин далолат дошта бошад; ба наҳве,
ки дар гузари замон, дастхуши дигаргунӣ нагардад, монанди имон ба Худо,
фариштагон, кутутби осмонӣ ва рӯзи қиёмат;[22]
б) оятҳое, ки далолат бар усул ва қавоиди куллии ахлоқ ва фазоили инсонӣ
дорад ва бо фитрат мутобиқ буда ва ақл ба ҳусни онҳо ҳукм мекунад, (Исро, 34 ва
Наҳл, 90);
в) оятҳое, ки бар қубҳу зиштии разоили ахлоқӣ ҳамчун зулм ва хиёнат далолат
дорад, (Исро, 23, Анфол, 27);
г) оятҳое, ки аз гузашта ё оянда хабар медиҳад, монанди ахбори умматҳо ва
паёмбарони гузашта, ахбори аҳли биҳишту дӯзах;[23]
д) оятҳое, ки сабки таъбир дар онҳо ҳокӣ аз давом ва пойдории ҳукми онҳост,
(Аҳзоб, 53).
4-Хафо: лафзест, ки далолати он бар маънояш рӯшан ва возеҳ аст, вале дар
интибоқ ва шумули он бар баъзе аз масодиқи хориҷӣ ибҳом вуҷуд дорад.[24]
Барои мисол, мафоҳиме ҳамчун “майсир” ва “рибо”, ки дар Қуръон омадааст,
мумкин аст дар интибоқи онҳо бар бархе аз фаъолиятҳои имрӯзӣ, ки ба унвони бозӣ
ва саргармӣ ва ё ақду муомилот анҷом мешавад, тардид вуҷуд дошта бошад.
Аз он рӯ, ки масодиқи хориҷӣ ҳамвора дар маърази тағйиру таҳаввул ҳастанд ва
бисёре аз масодиқ низ дар гузари замон бавуҷуд меоянд, интибоқи ановини китоб ва
суннат бар масодиқи хориҷӣ, ба диққати хоссе ниёзманд аст, то интибоқи онҳо ба
сурати заннӣ сурат нагирад, бахусус дар мавориде, ки ин гуна интибоқҳо барои
мардум таклиф эҷод мекунад ва усули ақлӣ ва уқалоӣ ҳамчун асли бароат ва асли
сиҳҳат бар хилофи онҳост.
5-Муҷмал: лафзест, ки далолаташ бар муроди Худованд возеҳ набуда, балки дорои
навъе ибҳом ва ишкол аст[25]
ва ин ибҳом ва ишкол навъан ба ин далел аст, ки эҳтимолоти мухталифе дар бораи
он вуҷуд дорад, ки ҳеҷ кадом руҷҳони қотее бар дигарӣ надорад. Дар ин гуна
маворид, таъйини яке аз эҳтимолот ниёзманди далеле аз хориҷ аст.
Авомили гуногуне ҳамчун ғаробати истеъмол, иштироки лафзӣ, нақли лафз аз
маъное ба маънои дигар, муайян набудани марҷаи замир, вуҷуҳи эъроб, ихтилофи
қироат ва ихтилоф дар навъи истисно ва мустасно минҳу, аз ҷумлаи авомилест, ки
сабаби иҷмол ва ибҳом дар маънои мурод мешавад.
6-Муташобеҳ: муташобеҳ ба лафзе гуфта мешавад, ки ба худии худ маонии
гуногунеро барметобад ва зоҳираш муроди Худованд нест ва дар истилоҳ, ба оятҳое
муташобеҳ гуфта мешавад, ки пазириши мадлули зоҳирии онҳо навъан мусталзими яке
аз ду амри зайл аст:
а) нисбат додани сифоти салбӣ ба Худованд, монанди зулм ва ҷаҳл;
б) нисбат додани яке аз хусусиёти махлуқ ба холиқ, монанди ҳаракат ва ҷову
макон.
Робита байни муҷмал ва муташобеҳ ва тафовути он:
Бархе аз муҳаққиқон робитаи муташобеҳ бо мубҳам (муҷмал)-ро аз қабили омму
хосси мутлақ донистаанд, ба ин сурат, ки мубҳам ом ва муташобеҳ хос аст, яъне
ҳар муташобеҳе дорои ибҳом аст, вале ҳар мубҳаме муташобеҳ нест.[26]
Тафовути муҷмал ва муташобеҳ дар авомили он нуҳуфтааст. Авомили ташобуҳ аз
қабили ғаробати истеъмол ё иштироки лафзӣ нестанд, балки ба далели баландии
маънои мавриди назар ва дур аз дастрас, ҳақоиқест, ки алфоз аз онҳо сухан мегӯяд
ва Худованд барои тақриб ба азҳон, дар қолаби маҳсус баён кардааст.
Нуктаи дигар он ки вожаҳо дар оятҳои муташобеҳ навъан аз назари мафҳум ибҳоме
надоранд; ончи мӯҷиби ибҳом мешавад вижагии сохтори калом аз ҷумла, нисбат
додани умуре ба Худованд аст.
Равиши рафъи ташобуҳ
Дар мавриди тафсири муташобеҳот чанд назария вуҷуд дорад, ки аҳамми онҳоро
метавон дар се назарияи зайл хулоса кард:
1) Уқули башарӣ дар дунё аз дарки маъное, ки шореъ манзур доштаст оҷиз аст,
ва ба иборати дигар, муроди Худованд ба таври дақиқ маълум нест.[27]
Порае аз донишмандон чунин назаре доранд. Ба баёни дигар, ҳар гуна изҳори
назар дар ин бора омехта бо шакку занн аст.
2) Оятҳои муташобеҳ бо ирҷоъ ба оятҳои муҳкам тафсир мешаванд. Аллома
Таботабоӣ (р) аз ҷумла муфассироне аст, ки бар ин назар пой мефишурд. Эшон
менависад: “Қуръон ба гунае аст, ки бархе аз оятҳояш, оятҳои дигарро тафсир
мекунад.” Тибқи ин баён, муташобеҳот низ бояд муфассире дошта бошанд ва он чизе
ҷуз оятҳои муҳкам нест.
Мисоли ин тафсир, ояти шарифаи “Ило раббиҳо нозираҳ” (Ба Худовандаш нигоҳ
мекунад) (Қиёмат, 23) аст, ки ояти муташобеҳ аст, вале вақте ба ояти “Лайса
камислиҳи шайъ” (Монанди Худо чизе нест) (Шӯро, 11) ва ояти “Ло тудрикҳул абсор”
(Худоро чашмон намебинад) (Анъом, 103) ирҷоъ дода мешавад, маълум мегардад, ки
мурод аз “назар кардан ба Худо” аз синхи дидани маҳсусот ба василаи чашм нест,
зеро Худои Таоло дар сураи Наҷм, барои қалб ҳам навъе дидан исбот намудааст
(Наҷм, 11-18). Маълум мешавад, ки қалб ҳам дидани хосси худро дорад, на ин ки
манзур аз он фикр бошад, чун фикр марбут ба тасдиқ ва таркиботи зеҳнӣ аст ва
рӯъят, ба якояки ашёи хориҷӣ таалуқ мегирад. Пас рӯшан шуд, ки ин рӯъят иборат
аст аз як наҳва таваҷҷӯҳи хосси қалбӣ; таваҷҷӯҳи ғайриҳиссӣ ва моддӣ ва
ғайриақлӣ ва зеҳнӣ.
Ин як намуна аз тафсири муташобеҳ ба василаи муҳкамот аст. Дигар муташобеҳот
низ ба ҳамин шева қобили тафсиранд.[28]
3) Оятҳои муташобеҳро бояд ба муҳкамот ирҷоъ дод, аммо бо муҳкамот тафсир
намешаванд. Нависандаи тафсири Минҳоҷул-баён бар ин назар аст, ки оятҳои муҳкам
бар оёти муташобеҳ ҳокиманд ва бо ирҷои муташобеҳот ба муҳкамот, танҳо ба ин
натиҷа метавон расид, ки ба таври қатъ мадлули зоҳирии оятҳои муташобеҳ мурод
нест, вале наметавон маънои мурод аз онҳоро таъйин кард. Ба иборати дигар,
оятҳои муҳкам танҳо зуҳури ибтидоии оятҳои муташобеҳро аз байн мебаранд, аммо
ҳеҷ гуна баёне дар бораи маъно ва муроди он ба даст намедиҳанд.[29]
Бароинамуна, дармисолигузашта,
бинобадалоилвақароиниақлӣвадалолатимуҳкамотикитобвасуннат,
рӯъятиПарвардигорбочашмимконнопазираст,[30]аммонаметавонкайфиятирӯъятротаъйинкард.
Ба назари бархе, дониши муташобеҳот танҳо дар инҳисори росихони дар илм аст ва
ҳамагон бояд барои тафсири оятҳои муташобеҳ, ба баёноти росихон (мисли Паёмбар
(с)), ки дар тафсири ин қабил оятҳо ворид шудааст, муроҷиат кунанд.[31]
Манобеи хориҷ аз матн ва мизони итминон ба он
Вақте лафз ё иборате аз Қуръон, ба худии худ дорои мадлули қатъӣ набошад,
ночор бояд барои фаҳми муроди қатъии Худованд ба мутун ё манобеи дигар муроҷиат
кард. Аҳамми манобее, ки барои фаҳми матни Қуръон истифода мешаванд, дар зайл
мавриди баҳсу баррасӣ қарор мегиранд:
1) Маънои луғавӣ ва қавоиди адабӣ: яке аз меҳварҳои асосии мавриди истинод
дар бардоштҳои тафсирӣ, маънои луғавӣ ва қавоиди адабӣ, чи сарфӣ, наҳвӣ ва
балоғӣ аст. Бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки меъёри сиҳҳати маънои луғавӣ, корбурди луғат
дар маънои мавриди назари асри нузул аст. Иҷрои қавоиди адабӣ, бахусус қавоиди
балоғӣ, дар бархе маворид мумкин аст аз қатъияти лозим бархурдор набошад. Барои
мисол, дар мавриди “ҳазф ва зикри муснадун илайҳ”, “таъриф ва танкири муснадун
илайҳ” ва “тақдим ва таъхири муснадун илайҳ”, вуҷуҳе зикр шудааст, ки гоҳе
муфассире ба ваҷҳе истинод мекунад, дар ҳоле ки муфассири дигаре ваҷҳи дигареро
интихоб менамояд ва далели ин ихтилоф, адами қатъияти яке аз он вуҷуҳ аст. Дар
ин гуна маворид, мумкин аст ҳар як аз он ду ба қаринаи занние низ истинод
меҷӯянд.
2) Ахбор: бархе аз ахбор аз ҷумла ахбори мутавотир ва ахбори ҳамроҳ бо
қароини қатъӣ, муфиди қатъ ҳастанд. Аз ин рӯ, метавон аз тариқи онҳо, муроди
Худовандро ба таври қатъ дарёфт. Аммо ахбори оҳод, амораҳое ҳастанд, ки сирфан
муфиди зан ҳастанд. Ба ин сабаб, фаҳми оят ба кӯмаки онҳо, фаҳми заннӣ аст.
Бисёре аз донишмандони исломӣ аз қадим ва муосир ин гуна ривоётро дар фаҳми
оятҳои Қуръон – баҷуз аҳкоми шаръӣ – мӯътабар намедонанд. Шайх Тӯсӣ дар
муқаддимаи тафсири Тибён менависад:
“Ҳар гоҳ ояте дар муроди Парвардигор зуҳур надошта бошад, наметавон дар
тафсири он эъмоли назар кард ва низ наметавон фаҳму тафсири оят ба хабари воҳид
такя намуд; бахусус он гоҳ ки тафсир марбут ба усул (-и ақоид) бошад, наметавон
бар асоси хабарҳои воҳид ва хабарҳои шоз (нодир) амал кард ва изҳори назари
қатъӣ дошт ва чунин хабареро шоҳид бар китоби илоҳӣ қарор дод.”[32]
Аллома Таботабоӣ (р) низ дар ин бора менависад:
“Ҳуҷҷият ва эътибори шаръӣ аз навъи эътибороти уқалоӣ аст. Аз ин рӯ, ҷаъли
чунин ҳуҷҷият ва эътиборе дар сурате дуруст аст, ки як асари шаръӣ бо қобилияти
чунин ҷаъле дар миён бошад ва аз он ҷо ки умури эътиқодӣ, (ки тафсир низ аз
ҷумлаи онҳост) ва қазоёи таърихӣ фоқиди асари шаръии қобили ҷаъл ҳастанд,
эътибори шаръӣ дар онҳо бемаъност; зеро маъно ндорад, ки ончиро инсон ба он яқин
надорад, шореъ онро ба манзалаи яқин қарор диҳад ва вайро ба он мутааббид созад;
чи ин ки бо тааббуди шаръӣ, ғайрияқин ба яқин мубаддал намешавад.”[33]
3) Ақл: тардиде нест, ки асоси тафҳим ва тафаҳҳум бар бунёни ақл устувор
шудааст. Шинохти Худованд ва тасдиқи паёмбарон ҷуз ба ақлу хирад бар ҳеҷ мабнои
дигаре устувор нест. Худованд тааққул ва тафаккур ва шеваи дурусти онро дар
офариниши инсон аҷин сохтааст. Ақли инсон барои санҷиш ва ташхиси умур дорои
меъёрҳо ва маҳакҳоест, ки бар он манзур аст. Аз ин меъёрҳо ба унвони қавоиди
ақлӣ ёд мешавад. Қавоиде мисли маҳол будани иҷтимоъ ва иртифои нақизайн ва маҳол
будани иҷтимои зиддайн дар ақли назарӣ ва қоидаи таҳсину тақбеҳи ақлӣ дар ақли
амалӣ, аз ин дастаанд.
Зикри ин нукта лозим аст, ки усул ва қавоиде, ки бар пояи знн устуворанд,
назири қиёс ва истеҳсон, аз ҳавзаи далоили ақлӣ хориҷанд.
4) Шуҳуди ирфонӣ: дар лобалои тафосире, ки ба тафосири ирфонӣ ё ботинӣ шӯҳрат
ёфтаанд, бардоштҳое аз Қуръон дида мешавад, ки на бар маънои луғавӣ ва қавоиди
адабӣ муттакӣ ҳастанд ва на бар зоҳир ва насси оятҳои дигари Қуръон ва ахбору
аҳодис ва на бар қавоиди қатъии ақлӣ. Гоҳе иддао мешавад, ки ин гуна бардоштҳо
бар шуҳуди ирфонӣ муттакианд ва муфассир ба яқин ин матлабро дарёфт кардааст.
Бояд гуфт, ки ин гуна маворид агар ҳам қатъияте дошта бошанд, сирфан барои
худи муфассир қатъият доранд ва наметавон онҳоро яқини маърифатшинохтӣ ва
мантиқӣ баршумурд.
Ба назар мерасад, ки бархе аз ин муфассирон, бо таваҷҷӯҳ ба дидгоҳҳое, ки дар
мавриди Худо, олам ва инсон доштанд, бисёре аз матолибро сирфан бо иттико ба
яқини равоншинохтӣ изҳор доштаанд, аз ин рӯ, арзишашон дар ҳадди яқин ва қатъи
қаттоъ аст.
Далел бар ин матлаб, ихтилоф дар бардошт аз як оят дар миёни ин гуна
муфассирон аст, ба гунае ки ҷамъ байни онҳо мумкин нест.
Натиҷа
Аз он ҷо ки гуфта шуд, нукоти зайл ба даст меояд:
1) Ончи инсон аз маърифат касб мекунад, аз назари дараҷаи итминонбахшӣ ба се
қисм: яқин, знн ва шак тақсим мешавад. Яқин маърифати қатъӣ аст. Занн маърифате
аст, ки аз тариқи амораҳои ғайриихтисосӣ (муштарак) ҳосил мешавад ва шак ба
мутлақи адами қатъият гуфта мешавад, хоҳ тарафайни шак муттакӣ бар амора бошанд
ё сирфан эҳтимол матраҳ бошад;
2) Яқин ва шак дар ду ҳавза таҳаққуқ меёбанд: ҳавзаи равоншинохтӣ ва ҳавзаи
маърифатшинохтӣ. Набояд ин дуро бо ҳам халт кард;
3) Ташобуҳ дар алфоз ва иборот, аз вижагиҳои забон ва ба вижа забони
бархурдор аз орояҳои адабӣ аст. Ҳамчунин ба далели адами татобуқи комили ҳақоиқи
илқошуда дар ваҳй бо дарёфтҳои оддии башар, падидаи ташобуҳ дар мутуни ваҳёнӣ
ташдид шудааст. Низоми ирҷои муташобеҳот ба муҳкамот, низоми бадеъ барои табдили
фаҳмҳои омехта бо шакку занн ба маърифати яқинӣ аст;
4) Дар тафсири Қуръон, бояд байни мадлулҳои заннӣ ва мадлулҳои қатъӣ тафкик
қоил шуд ва мадлулҳои занниро бо истифода аз низоми оятҳои илоҳӣ ва низ дигар
манобеи қатъовар, ба мадлулҳои яқинӣ табдил кард.
Поёни матлаб
[1]Худованд дар ду маврид пас аз
хилқати инсон мавзӯи таълими забонро ба ӯ ёдовар шудааст; мавзӯи таълими забони
гуфториро дар сураи муборакаи Арраҳмон, оятҳои 1-4 ва мавзӯи таълими забони
навишториро дар Сураи Алақ, оятҳои 1-5.
[2]Юсуф, 2; Марям, 98.
[3]Қайюмӣ, Алмисбоҳулмунир, ҳарфиЁ.
[4]АбӯҳилолиАскарӣ, Фуруқуллуғат, “фарқиилмбояқин”.
[5]Аҳмад ибни Форис, Мӯъҷаму мақоисул луға, ҷ.6, саҳ.157.
[6]Ҷаводии Омулӣ, “Нақши ақл дар маърифати динӣ”.
[7]Имом Хумайнӣ, “Сиррус салот”, саҳ.41.
[8] Мӯъҷаму мақоисул луғат; Ал-мисбоҳул мунир; Лисонул араб.
[9] Роғиби Исфаҳонӣ, Муфрадоти алфози Қуръон, саҳ.317.
[10] Ҷалолиддин Муҳаммади Мавлавӣ, Маснавӣ, Дафтари аввал.
[11] Алмисбоҳул мунир, ҳарфи Шин
[12]Муфрадоти алфози Қуръон, саҳ.265
[13]Алмисбоҳул мунир
[14]Муҳаммадризо Музаффар, Усули
фиқҳ, ҷ.1, саҳ.945 ва 146 ва 195; Муҳаммадҳасани Ҳиту, саҳ.243; Фатҳии Даринӣ,
Алманоҳиҷ, саҳ.189; Абдулкарим Зайдон, Алваҷиз фи усулил фиқҳ, саҳ.341.
[15]Мурод аз таъвил дар ин мақола, таъвил дар истилоҳи усул аст, ки иборат аз: ҳамли лафз бар маънои ғайризоҳир.
[16] Ибни Манзур, Лисонул араб, зайли моддаи Насс.
[17] Алманоҳиҷ ал-усулия, саҳ.51.
[18] Мурод аз сиёқ, сайри
куллии як ҷумла ё маҷмӯае аз ҷумлаҳост, ки аз раҳгузари он, мафҳуми хоссе ба ҳам
мерасанд. Ба баёни дигар, ҷараёни куллии як ҷумла ба алфозе, ки дар он ба кор
рафтааст, ҷиҳати маъноии хоссе мебахшад ва ва ҷараёни куллии маҷмӯаи як матн ба
ҳар як аз ҷумлаҳое, ки дар он омадааст, ҷиҳати мафҳумии хоссе медиҳад. Ниг. Саид
Муҳаммадбоқири Садр, Алмаооимул ҷадида, саҳ.143; Муҳаммадкозим Шокир, равишҳои
таъвили Қуръон, саҳ.300.
[19] Алваҷиз фи усулил фиқҳ, саҳ.339.
[20] Муҳаммад Аҳмади Сарахсӣ, Усули Сарахсӣ, ҷ.1, саҳ.165 ва 166.
[21]Алманоҳиҷ алусулия, саҳ.61.
[22] Дар ин маврид, оёти фаровоне вуҷуд дорад. Барои намуна, метавон аз ояти 7 сураи Ҳадид ва 177 сураи Бақара ёд кард.
[23] Барои намуна метавон аз оёти 23 Оли Имрон ва 75-78 ва 87 сураи Анъом ёд кард.
[24]Алваҷиз, саҳ.148.
[25]Ҳамон, саҳ.352.
[26] Муҳаммадҳодии Маърифат, Талхиси Аттамҳид, ҷ.1, саҳ.463.
[27] Усули тафсир ва қавоидуҳ, саҳ.356.
[28] Таботабоӣ, Алмизон, ҷ.1, саҳ.43-44, зайли ояти 7, сураи Оли Имрон.
[29] Муҳаммадбоқир Маликии Миёнҷӣ, Нигоҳе ба улуми қуръонӣ, тарҷумаи Алинақии Худоёрӣ, (форсӣ), саҳ.67.
[30] Ҳамон, саҳ.66-67.
[31]Ҳамон, саҳ.68.
[32] Муҳаммад ибни Ҳасани Тӯсӣ, Албаён фи тафсирил Қуръон, ҷ.1, саҳ.6.
[33]Алмизон, ҷ.10, саҳ.351, зайли ояти 77-83, сураи Ҳуд, (баҳси ривоӣ).
|