Силаи раҳм дар гуфтори Расули Акрам (с)
Гузиниш ва фароҳамоварӣ: Акрамхони Зиёдулло
Дар ислом суннати писандидае ба номи силаи раҳм ёд мешавад, ки
ба фармудаи Паёмбари Акрам (с) афзоиши умр ва подоше баробар бо аҷри сад шаҳидро
ба ҳамроҳ дорад. Силаи раҳм илова бар ин ки дорои асарот ва натоиҷи мусбати
иҷтимоӣ, равонӣ ва ахлоқӣ аст, аз самароти маънавӣ ва подоши ухравӣ низ
бархурдор аст ва дар муқобили он, қатъи раҳм аз назари таълимоти динӣ кори
нописанд буда ва бар парҳез аз он таъкидоти фаровоне шудааст.
Дар поён, маҷмӯае аз ривоётро дар мавзӯи силаи раҳм ва аҳамияти ин суннат,
меоварем.
Паёмбари Худо (с) ба Маоз ибни Ҷабал тавсия фармуд: Тақвои илоҳӣ, ростгӯӣ,
амонатдорӣ, дурустӣ дар паймон ва хушзабониро пеша кун ва хушрафтору камозор бош
ва имони худро муҳкам кун ва дар дин таҳқиқ намо, дар Қуръон биандеш ва охиратро
мадди назар бигир ва аз ҳисоби рӯзи қиёмат битарс ва маргро бисёр ёд кун ва ба
мусулмон дашном мадеҳ... (Иршодул қулуб, ҷ.1, саҳ.193).
Абузар (р) гуфт: Паёмбари Худо (с) маро ба ҳафт чиз тавсия намуданд, дӯстӣ бо
тиҳидастон, дурӣ аз сарватмандон, силаи раҳм, бар забон наовардани сухани
ғайриҳақ, натарсидан аз маломати дигарон дар анҷоми фармони Худо, нигоҳ кардан
ба зердастонам, таваҷҷӯҳ накардан ба болотар аз худ (вазъи зиндагии тиҳидастонро
бинам на сарватмандонро), зикри “Субҳоналлоҳи ва ло илоҳа иллаллоҳу валлоҳу
акбар ва ло ҳавла ва ло қуввата илло билоҳил алийил азим” – ро бисёр бигӯям, ки
боқиёту солеҳот ҳаминҳо ҳастанд. (Иршодул қулуб, ҷ.1, саҳ.159).
Дар ривоят омадааст: Аҳли дин нишонаҳое доранд, ки ба он шинохта мешаванд:
ростгуфторӣ, амонатдорӣ, вафо ба аҳд, силаи раҳм, тараҳҳум ба нотавон, муоширати
кам бо занон, базли маъруф, хушхулқӣ, хушбархӯрдӣ, пайравӣ аз дониш ва он чи ки
одамиро ба Худо наздик кунад. (Амолӣ, Шайх Садуқ, саҳ.221).
Дар ривоёти исломӣ силаи раҳм василаи осонии ҷон додан ва зиндагии осоишта
дар дунё дониста шудааст: Ҳар кӣ дӯст дорад, Худо сахтиҳои ҷон канданро бар ӯ
осон кунад, бояд силаи раҳм кунад ва ба падару модараш некӣ кунад, дар ин сурат
Худо ҷон канданро бар ӯ осон кунад ва дар зиндагӣ дучори парешонӣ ва фақр
нагардад. (Амолӣ, Шайх Садуқ, тарҷумаи форсӣ, саҳ.389).
Расули Худо (с) фармуд: Ҳар кӣ назди хешованде равад ва бо худ ва молаш силаи
раҳм анҷом диҳад, Худои азза ва ҷал ба ӯ аҷри сад шаҳидро диҳад ва ҳар қадаме,
ки дар ин роҳ мебардорад чиҳил ҳазор ҳасана дорад ва чиҳил ҳазор гуноҳаш маҳв
мешавад ва чиҳил ҳазор дараҷа боло равад ва гӯё сад сол Худоро ибодат кардааст.
(Амолӣ, саҳ.422).
Дар ривоёти исломӣ силаи раҳм ҳамроҳ бо тақвои илоҳӣ супориш шуда ва сиҳатии
ҳар кадом машрут ба сиҳатии дигарӣ аст; аз ҷумла дар ривояте омадааст: Худои
Таоло ба се чиз ҳамроҳи се чизи дигар фармон додааст: амр кардааст ба намоз ва
закот, пас ҳар кӣ намоз гузорад ва закот надиҳад, намозаш пазируфта намешавад,
амр кардааст ба шукри неъматҳои Худо ба ҳамроҳи шукри волидайн (сураи Луқмон,
ояти 14), пас ҳар кӣ шукри волидайн ба ҷо наоварад, шукри Худоро ба ҷо
наоварааст ва амр кардааст ба тақво ва силаи раҳм, (сураи Нисо, ояти 1) ва ҳар
кӣ силаи раҳм ба ҷо наоварад, тақво надорад. (Одоби муошират).
Расули Акрам (с) ба силаи раҳм супориш кардаанд, ҳатто бо додани ҷуръаи обе
бошад: Силаи раҳм кунед гарчи ба як шарбати об бошад ва беҳтар аз он худдорӣ аз
озори дигарон аст. (Одоби муошират, саҳ.67).
Расули Худо (с) ҳамаи авлоди Абдулмутталибро гирд овард ва фармуд: Эй авлоди
Абдулмутталиб, саломро байни худ ошкоро диҳед ва силаи раҳм кунед ва шаб, ки
мардум хобиданд, ибодат кунед ва итъом кунед ва сухани хуб бигӯед, то саломат ба
биҳишт ворид шавед!
Дар ривоёт супориш шудааст, ки агар кори хайреро ирода кардед, қабл аз он ки
шайтон шуморо мунсариф гардонад ба анҷоми он бикӯшед: Ҳангоме ки касе аз шумо
тасмим ба амали хайр ё силаи раҳмро гирифт, бояд мутаваҷҷеҳ бошад, ки дар самти
росташ шайтоне ва дар самти чапаш шайтони дигаре ҳаст, бинобар ин пеш аз он ки
он ду шайтон шуморо аз ин кор мунсариф созанд, фавран онро анҷом диҳед. (Биҳорул
анвор, ҷ.67).
Дар ривояте аз Расули Акрам (с) хусусиёте барои силаи раҳм баршумурда
шудааст:
Шахсе, ки се сол аз умраш боқӣ мондааст, агар силаи раҳм анҷом диҳад,
Худованд сӣ сол умри ӯро афзоиш медиҳад, чунончи қатъи раҳм намояд, агар аз
умраш сӣ сол боқӣ монда бошад, ба се сол коҳиш меёбад. Силаи раҳм боиси ободии
мамлакат ва афзоиши умр мешавад, гарчӣ аҳли он замон, мардуми хубе набошанд.
Силаи раҳм сабаби осонии ҳисоби рӯзи қиёмат мешавад ва аз марги бад ҷилавгирӣ
мекунад.
Се хислат аст, ки соҳибони онҳо то гирифториашро дар ин дунё набинанд,
нахоҳанд мурд: 1-ситам, 2-қатъи иртиботи хешовандӣ ва 3-савганди дурӯғ, ки
набард бо Худованд дониста шудааст. (Туҳафул уқул)
Ба ростӣ он тоате, ки сареътар аз дигар тооти Худо, подошаш мерасад, силаи
раҳм аст ва гурӯҳе аз бандагони Худо, бо он ки фоҷиру маъсияткор ҳам бошанд,
вале дар партави силаи раҳм ва меҳрварзӣ ба якдигар сарваташон баракат ёфта ва
афзун мегардад; силаи раҳм сабаби раҳоӣ аз оташ, дарозии умр, аҷре баробари аҷри
шуҳадо, самароти маънавии фаровон ва подоши дунявию ухравиро ба ҳамроҳ дорад, ки
умедворем, Худованд ҳамаи моро аз пайравони ин суннати писандида қарор диҳад.
|