Симои ҳазрати Исои Масеҳ(а) дар Қуръон
Баррасии симои Ҳазрати Масеҳ(а) дар Қуръон ва муқоисаи иҷмолии он бо омузаҳои
китоби Муқаддаси масеҳиён баёнгари тафовути амиқи чеҳраи он ҳазрат бо ин ду
китоби муқаддас аст.
1-Нақли таноқузоти гуфторӣ ва кирдорӣ
2-истиноди гуноҳ ва беҳурматӣ ба он Ҳазрат
дар маҷмуъ ироаи чеҳрае, ки ҳаргиз дар шаъни волои Ҳазрати Масеҳ(а) нест, аз
ҷумла нуқоти заъфи китоби Муқаддаси масеҳиён дар ироаи чеҳраи Масеҳ(а) аст. Аммо
Қуръон дар оёти бисёре симои ҳақиқии Ҳазрати Масеҳ(а)-ро муаррифӣ карда ва ба
радди порае аз эътиқодоти нодурусти масеҳиён дар бораи шахсияти эшон мепардозад,
ки дар мақолаи ҳозир талош шуда тасвире, ки Қуръон аз он паёмбари азимушшаън
ироа дода, табйин шавад.
Масеҳи мубашшир
Аввалин ояте, ки метавон ба унвони фаслулхитоби байни масеҳиён ва муслимин
бошад ояти башорати Ҳазрат ба омадани паёмбари Ислом аст. Қуръони Карим, эшонро
мубашшири Хотамул анбиё медонад: «Ва (ба ёд оваред) ҳангомеро, ки Писари Марям
гуфт: Эй Бани Исроил ман фиристодаи Худо ба шумо ҳастам, дар ҳоле ки
тасдиқкунандаи китобе, ки қабл аз ман фиристода шуда (Таврот) мебошам ва башорат
диҳанда ба расуле, ки баъд аз ман меояд ва номи ӯ Аҳмад аст, ҳангоме ки ӯ
(Аҳмад) бо мӯъҷизот ва далоили равшан ба суроғи онон омад, гуфтанд: Ин сеҳре аст
ошкор». (Саф\6)
Бинобар ин оят, ҳазрати Масеҳ(а) чанд матлабро барои қавми худ бозгӯ мекунад:
1) Ман охирин паёмбари Худо нестам; 2) Баъд аз ман паёмбаре хоҳад омад; 3)
Исми он паёмбар Аҳмад аст.
Хилқат ва манзалати ҳазрати Масеҳ дар Қуръони Карим
Яке аз масоили муҳим дар робита бо Ҳазрати Исо(а) масъалаи хилқат ва
чигунагии ба дунё омадани эшон аст.
Қуръони Карим, масъалаи хилқати Ҳазратро бо хилқати Ҳазрати Одам(а) яксон
медонад: «Масали Исо дар назди Худо, ҳамчун Одам аст, ки ӯро аз хок офарид ва
сипас ба ӯ фармуд мавҷуд бош ӯ ҳам фавран мавҷуд шуд» (Оли Имрон\59)
Наҳваи офариниш ва хилқати ҳазрат тавассути неруи қудратманди илоҳӣ ба унвони
як муъҷизаи Худованд матраҳ аст ва ҳамин масъала, қудрат ва манзалати ҳазратро
дар пешгоҳи илоҳӣ ба хубӣ бозгӯ мекунад. Худованд мефармояд: ... «Масеҳ Исо
писари Марям фақат фиристодаи Худо ва калима (ва махлуқи) ӯст, ки ӯро ба Марям
илқо намуд ва рӯҳи (шоиста) аз тарафи ӯ буд...» (Нисо\171)
Дар ҷои дигар дар бораи шахсияти илоҳии ҳазрати Исо(а) матлаберо бозгӯ
мекунад, ки нишон медиҳад, Ҳазрат қабл аз ба дунё омадан мавриди таваҷҷуҳ ва
инояти хоссаи илоҳӣ ва мавриди таъйиди Худованд ва дорои мақоми рафеъ будааст.
Як маврид замоне аст, ки фариштаи илоҳӣ бар модари Ҳазрат нозил мешавад ва
ҳазрати Марям(а)-ро башорат дода ва мефармояд: «(Ба ёд оваред) ҳангомеро ки
фариштагон гуфтанд: эй Марям Худованд туро ба калимае (вуҷуди бо азамате) аз
тарафи худаш башорат медиҳад, ки номаш Масеҳ Исо писари Марям аст, дар ҳоле ки
дар ин ҷаҳон ва ҷаҳони дигар соҳиби шахсият хоҳад буд ва аз муқаррабони (илоҳӣ)
аст». (Оли Имрон\45)
Ин оят нишон медиҳад, ки Ҳазрат, ҳам дар дунё обӯруманд аст ва ҳам дар
охират; ва ҳамчунин ҷузъи муқаррабони даргоҳи илоҳӣ аст.
Муъҷизоти ҳазрати Масеҳ(а)
Дар Қуръони Карим муъҷизоте ба ҳазрати Исо(а) нисбат дода шудааст, аммо
масъалаи муҳим, дар арзаи ин муъҷизот, ба изни илоҳӣ будани онҳост ва зикри ин
нукта аз ин ҷиҳат муҳим аст, ки касе тасаввур накунад Ҳазрат мустақиллан ин гӯна
корҳоро анҷом медода, балки дар паси ин муъҷизот, иҷоза ва хости Худованд
будааст.
Қуръони Карим дар ин бора мефармояд: «(Ба хотир биёвар) ҳангомеро, ки
Худованд ба Исо писари Марям гуфт: Ёд кун неъматеро, ки ба ту ва модарат
бахшидам. Змоне ки туро бо Рӯҳулқуддус тақвият кардам, ки дар гаҳвора ва ба
ҳангоми бузургӣ бо мардум сухан мегуфтӣ ва ҳангоме, ки китоб ва ҳикмат ва Таврот
ва Инҷилро ба ту омӯхтам ва ҳангоме ки ба фармони ман аз гил чизе ба сурати
паранда месохтӣ ва дар он медамидӣ ва ба фармони ман парандае мешуд ва кури
модарзод ва мубтало ба бемории песиро ба фармон ман шифо медодӣ ва мурдагонро
(низ) ба фармони ман зинда мекардӣ ва ҳангоме ки Бани Исроилро аз осеб расондан
ба ту боз доштам дар он мавқеъ, ки далоили равшан барои онҳо овардӣ, вале ҷамъе
аз кофирони онҳо гуфтанд: Инҳо ҷуз сеҳри ошкор нест.» (Моида\110)
Худованди Мутаол дар ин ояти муборака неъматҳои худро, ба Ҳазрат ёдоварӣ
мекунад ва мутазаккир мешавад, ки бояд ин неъматҳои илоҳӣро ҳамеша ба ёд дошта
бошӣ.(3)
Метавон ин неҳматҳоро ингуна баён дошт:
1- Таъйид ба василаи Рӯҳулқуддус.
2- Таълими китоб, ҳикмат, Тавроту Инҷил.
3- Сохтани паранда аз хок ва дамидан дар он ва зинда шудани он ба изни
Худованд.
4- Шифои кури модарзод ва шифои марази песии афрод, ба изни Худо.
5- Зинда кардани мурдагон ба изни Худованд.
6- Боздоштани Бани Исроил аз озори Ҳазрат.
Вожаи «изн» чаҳор бор дар ин оят такрор шуда ва шояд нуктаи муҳим ин бошад,
ки Ҳазрат, тамоми ин муъҷизотро ба изн ва иҷоза ва қудрати лоязоли Худованди
Қодир, анҷом дода ва ин шубҳаро аз изҳон хориҷ мекунад, ки Ҳазрат наузу биллоҳ
мустақиллан тавони ин корҳоро дошта ва дар натиҷа мунҷар мешавад ба ин матлаб,
ки Ҳазрат худ Худо будааст, ончи, ки насоро муътақид ҳастанд.
Ҳазрати Масеҳ(а) бандаи Худо
Яке аз вижагиҳои Ҳазрати Исо(а) бандаи маҳзи Бори Таоло будан аст, ки Худи он
Ҳазрат ба ин мақом ифтихор мекунад.
Алломаи Таботабоӣ дар ин бора менависад: «Қуръони Карим хотирнишон сохта, ки
Исо(а) бандаи Худо ва фиристодаи ӯст ва ончи ба вай нисбат медоданд, худи ӯ
иддиояшро накарда ва бо мардум, ҷуз ба рисолати худ, сухан нагуфта.»(4)
Қуръони карим ба ҳамин матлаб ишора дорад: «Ман ҷуз ончи манро ба он фармон
додӣ чизе ба онҳо нагуфтам (ба онҳо гуфтам) Худовандеро бипарастед, ки
парвандигори ман ва парвандигори шумост, ва то замоне, ки дар миёни онҳо будам
муроқиб ва гувоҳ барояшон будам вале ҳангоме ки маро аз миёнашон баргирифтӣ ту
худ муроқиби онҳо буда ва ту бар ҳар чизе гувоҳӣ.»(Моида\117)
Ин оят ба хубӣ нишон медиҳад, ки Ҳазрати Масеҳ дар иблоғи рисолати Илоҳӣ,
ончи, ки амри Худо бударо ба уммати худ расонда ва он парастиши Худованди ягона
будааст. Дар ояти қабл аз ин оят, Худованд ба Ҳазрат мегӯяд: «Эй Исо писари
Марям оё ту ба мардум гуфтӣ, ки ман ва модарамро ба унвони ду маъбуди ғайр аз
Худо интихоб кунед».(Моида\116)
Ҳамин суолу ҷавоб худ далел аст ба радди эътиқоди масеҳият, ки қоил ба
парастиши Ҳазрат ҳастанд. Қуръони Карим бар ин вижагии Ҳазрат таъкиди зиёде
дорад зеро аз чандин манзар қобили тааммул ва диққат аст.
Аз як тараф дар радди эътиқодоти масеҳият ва аз тарафи дигар муаррифии чеҳраи
воқеии Ҳазрати Исо(а), ки ин симои нуронӣ ҷуз бо банда будан ҳосил намешавад.
Ҳазрати Масеҳ дар робита бо банда будани худ ҳечгуна ибое надошта, ва ба
хотири ҳамин вижагӣ ба мақоми қурби илоҳӣ расидааст.
«Ҳаргиз Масеҳ аз ин ибо надошт, ки бандаи Худо бошад ва на фариштагони
муқарраб ӯ ...» (Нисо\172)
Бинобар ин боризтарин вежагии Ҳазрат, ки Қуръони Карим муаррифӣ мекунад,
мутеи маҳзи илоҳӣ ва дар як калом, банда будан аст.
Рафъи туҳмат аз Ҳазрати Масеҳ ва модараш
Худованди Мутаол сифотеро барои Ҳазрати Масеҳ(а) баён мекунад, ки ҳар кадом
аз онҳо дорои ҳикмат аст.
Зикри ин сифот ба наҳве аз анҳо роҳро барои дуруғгуён ва ғулувкунандагон ва
туҳматзанон бастааст. Афроде аз Бани Исроил бар асари ҷаҳл, ба Марями Азро(а)
туҳмати нопокӣ заданд ва афроди дигар ҳазратро фарзанди Худо донистанд ва дар
маҷмуъ, суханони нораво ба Ҳазрат ва модари мутаҳҳараш нисбат доданд. Оёти 30 то
34 сураи муборакаи Марям ин суханони нораворо посух медиҳад: «(Ногаҳон Исо забон
ба сухан гушуд) гуфт: Ман бандаи Худоям ӯ китоби (осмонӣ) ба ман дод. Ва маро
паёмбар қарор дод –ва маро- ҳарҷо, ки бошам вуҷуди пурбаракат қарор дод ва то
замоне, ки зиндаам маро ба намоз ва закот тавсия кард ва маро нисбат ба модарам
неку қарор дод ва ҷаббору шақӣ қарор надод ва саломи (Худо) бар ман дар он рӯз,
ки мутаваллид шудам, ва дар он рӯз, ки мемирам ва он руз, ки зинда барангехта
хоҳам шуд. Ин аст Исо писари Марям гуфтори ҳақ, ки дар он тардид мекунданд.»
Асли такаллум дар гаҳвора ва ин гуфтор, ки фармуд: «Инни абдуллоҳ» боиси
рафъи ин туҳмат ва рафъи ин ғулув шуд, зеро фарзанди нопок, тавони сухангуфтан
надорад. Илова бар ин, иборати «Абдуллоҳ» худ гувоҳ бар ин муддаӣ аст, ки Ҳазрат
фарзанди Худо нест балки бандае аз бандагони Худованд аст.
Бо баракат будани Ҳазрати Масеҳ(а)
Тибқи ояти 31 сураи Марям Худованд вуҷуди Ҳазратро муборак ва бо баракат
қарор додааст ба тавре, ки ҳам баракатҳои зоҳирӣ ва ҳам баракатҳои ботинӣ дорад.
Ин баракат дар зинда кардани мурдагон ба изни илоҳӣ ва соири муъҷизоти Ҳазрати
Масеҳ ва низ дар эҳёи маънавии инсонҳо ба василаи илму ҳикмат, намуд меёбад.(5)
Ҳазрати Масеҳ(а) калима(махлуқи) Худо
Қуръони Карим дар ду оя (Оли Имрон\45, Нисо\171) ба калима(махлуқ) бадани
ҳазрати Исо(а) ишора дорад, яке дар ҳангоми башорат ба Ҳазрати Марям(а) ва
дигаре ҳангоме, ки аҳли китобро мухотаб қарор медиҳад:
(Ба ёд оваред) ҳангомеро, ки фариштагон гуфтанд: «Эй Марям! Худованд туро ба
калимае (вуҷуди бо азамате) аз тарафи худаш башорат дедиҳад, ки номаш Масеҳ, Исо
писари Марям аст; дар ҳоле, ки дар ин ҷаҳон ва ҷаҳони дигар соҳиби шахсият хоҳад
буд ва аз муқаррабони (илоҳӣ) аст.» (Оли Имрон\45), (Эй аҳли китоб дар дини худ
ғулув(зиёдаравӣ) накунед ва дар бораи Худо ғайр аз ҳақ нагӯед, Масеҳ писари
Марям фақат фиристодаи Худо ва калима (ва махлуқи) ӯст, ки уро бар Марям илқо
намуд ва руҳи (шоиста) аз тарафи ӯ буд) (Нисо\171)
Дар ояи аввал, авалин вижагие, ки барои Ҳазрат матраҳ мекунад (дар ҳангоми
башорат ба Ҳазрати Марям(а) калимаи Худо будани Ҳазрати Масеҳ(а) аст, ҳамчунин
дар ояти дуввум, ки хитоб ба Аҳли китоб аст ин масъаларо гушзад мекунад, ки
аввал дар дини худ ғулув накунанд ва сониян бо таъкид ва ҳаср мегӯяд, ки Ҳазрати
Масеҳ(а) расули Худост ва калимаи илоҳӣ мебошад.
Яке аз муфассирон дар бораи мафҳуми «калимоти илоҳӣ» мегуяд: «калимоти илоҳӣ
иборатанд аз мавҷудоти ҷаҳони хориҷ аст, ки он ғайбро нишон медиҳад ва ҳар
кадом, ки беҳтар, он ғайбро нишон диҳад, калимаи томма хоҳад буд. Бинобарин
анбиё ва авлиёи илоҳӣ калимотанд, албатта калима дар баробари калом нест балки
манзур аз он сухан аст, ва сухани худо нишонаи Худо аст, чи инки исми ӯ исме аз
асмои ҳуснои Худованд аст, Исо калимаи ҳаққе аст, ки аз Худованд нашъат гирифта,
ва аз онҷо таназзул ва зуҳур карда ва таҷаллӣ ёфтааст.»(6)
Роғиби Исфаҳонӣ низ дар «Муфрадот» дар ин бора ақволеро зикр мекунад, ки
порае аз муфассирон қавли аввалро устувортарин қавл шумурдаанд.(7)
Авсофи Ҳазрати Исо(а) дар Қуръон
1- Исо(а) аз ин ҷиҳат калима номида шуда, ки бо калимаи Илоҳӣ «кун» офарида
шудааст. (Оли Имрон\59)
2- Исо(а) банда ва расули Худо буд. (Марям\30)
3- Расуле ба суи Бани Исроил буд. (Оли Имрон\49)
4- Яке аз паёмбарони улулазм ва соҳиби шариат буд ва китобе ба номи Инҷил
дошт.(Аҳзоб\7)
5- Номгузории эшон аз тарафи Худо буд. (Оли Имрон\45)
6- Калимаи Худо ва руҳе аз Худо буд. (Нисо\171)
7- Дорои мақоми имомат буд. (Аҳзоб\7)
8- Аз гувоҳони аъмол буд. (Нисо\159)
9- Башоратдиҳанда ба омадани Паёмбари Ислом буд. (Саф\6)
10- Дар дунё ва охират обруманд ва аз муқаррабон буд. (Оли Имрон\45)
11- Аз баргузидагон буд. (Оли Имрон\33)
12- Аз солиҳон буд. (Анъом\87)
13- Муборак буд-ҳарҷо, ки бошад- закӣ ва муҳаззаб ва ояте буд барои мардум ва
раҳмате аз ҷониби Худо- иҳсонгар ба модараш ва аз зумраи касоне буд, ки Худованд
ба эшон салом кард.(Марям\33-39)
14- Аз касоне буд, ки худованд китоб ва ҳикматро ба эшон омухт.(Оли Имрон\48)
Алломаи Таботабоӣ мефармоянд: тамоми авсофе, ки Худованди Мутаол ин паёмбари
бузургворашро ба онҳо сутуда ва рафъ дода аз мақомоти вилоят буд, ва он ду
қисм аст баъзе аз онҳо иктисобӣ мебошанд монанди расидан ба мақоми бандагӣ ва
мақоми қурб ва салоҳ ва баъзе мавҳибати ва ихтисосӣ монанди калима будани Ҳазрат
ба маъное, ки гуфта шуда ва номгузории Ҳазрат тавассути Хуованд.(8)
Пайнавиштҳо:
1- Инҷили Юҳанно, боби 5, ояти 30 ва боби 8, ояти 14.
2- Инҷили Матто, боби 19, ояти 27,29, Инҷили Юҳанно боби 2, оёти 3 ва 4,
Инҷили Матто, боби 12 оёти 46 ва 50.
3- Такрор 5 бор калимаи «из» хитоб ба Ҳазрат, чи басо муайиди ин бардошт
башад.
4- Тарҷумаи тафсири Алмизон, ҷ.2, саҳ.158.
5- Тафсири мавзуии Қуръон, ҷ.7, саҳ.554.
6- Ҳамон, ҷ.7, саҳ.579.
7- Тафсири Алмизон, ҷ.6, саҳ.15,16.
8- Ҳамон, ҷ.6, саҳ.158.
|