Тамаддуни исломӣ
Тамаддуниисломӣбалиҳозипешинаи14 қарнҳаёт,
азрешадортаринтамаддунҳоиинсонӣбашумормеоядваазҷиҳатидоманаигустаришион,
боядинтамаддунро
азгустардатаринтамаддунҳоазназариҷуғрофиёӣбаҳисобовард.
Ончиимрӯзабаунвонитамаддуниисломӣмешиносем,
дарвоқеъфарояндвамаҳсуличаҳордаҳасрҳузуримустамирвафаъолиисломдарарсаизиндагиифардӣваиҷтимоиимусалмононаст.
Чаҳордаҳасраст, кимусалмононбоисломзиндагӣмекунанд,
яънесаъйнамудаандтодидгоҳашонроҷеъбаҷаҳониҳастӣвахолиқиҷаҳон, ниёишҳояшон,
одобимуоширатвамуомилоташон, издивоҷвазодуваладашон,
ҷашнҳовамотамҳояшон...-робарпояҳоеазэътиқодотвадастуротиисломӣтанзимнамоянд.
Тамаддуниисломӣ, азпоёнифутуҳотимуслиминтозуҳуримуғул,
қаламравиисломроазлиҳозиназмуинзиботиахлоқӣ, бартариисатҳизиндагӣ,
сиаисадрваиҷтинобинисбӣазтаассубватавсиъаютараққииилмуадабтайиқарнҳоидароз,
пешоҳангитамомидунёимутамаддинвамураббиифарҳангиоламиинсониятқарордод.
Бешакончифарҳангватамадуниҷаҳониимрӯзбаонмадюнаст, агараздайне,
кибаЮнондорадбештарнабошадкамтарнест, боинтафовут,
кифарҳангиисломӣҳарӯздардунёиҳозир,
таъсиримаънавӣдорадвабаҷазабавамаънавиятионнуқсонроҳнадорад.
Саргузаштипайдоишиинтамаддунвафарҳанг, суръатипешрафтватавсиъа, азаматукамол,
густардагиидоманаваширкатитабақотимухталифииҷтимоӣвамилалигуногунумуреҳастанд,
киэъҷобҳородармавридитамаддуниисломӣсахтбарангехтааст.
ҶорҷиЗайдонпажӯҳишгаримасеҳӣмегӯяд: “Арабҳо(мусалмонон)
дармуддатикамебештаразякаср, матолибваулумебазабонихуд(арабӣ) тарҷумакарданд,
кирумиёндармуддатичандинасразанҷомионоҷизбуданд. Оре,
мусалмонондарэҷодитамаддунишигифтоварихудбаҳаминсуръатпешрафтаанд”.
Ҳамчунинӯмегӯяд: “Мусалмононбахшиумдаиулумифалсафӣ, риёзӣ, ҳайъат,
тибваадабиётимилалимутамаддинробазабониарабӣтарҷумаванақлкардандваазтамомизабонҳоимашҳурионрӯз(бештаразюнонӣ,
ҳиндӣвафорсӣ)
китобҳоетарҷумакардандвадарвоқеъбеҳтаринмаълумотиҳармиллатероазонмиллатгирифтанд.
Масалан, дарқисматифалсафа, тиб, ҳандаса, мантиқваҳайъат,
азЮнонистифоданамуданд. Азэрониёнторих, мусиқӣ, ситорашиносӣ, адабиёт,
пандуандарзвашарҳиҳолибузургонроиқтибосмекардандваазҳиндиёнтиб, ҳисоб, нуҷум,
мусиқӣ, достонвагиёҳшиносӣомӯхтанд, азкалдониёнванабатиҳокишварзӣ, боғбонӣ,
сеҳр,
ситорашиносӣватилисмфарогирифтандвашимӣваташреҳазмисриёнбаононрасидвадарвоқеъарабҳо(муслимин)
улумиошуриён, бобулиён, мисриён,
эрониёнҳиндиёнваюнониёнрогирифтаваазхудчизҳоебаронафзудандваазмаҷмӯаионулум,
саноеъваодобватамаддуниисломропадидоварданд”.
ДокторАбдулҳусейнЗарринкӯбдарпажӯҳишеперомунитамаддуниисломӣазсаргузаштипайдоишиинфарҳанг,
азаматвакамолион, баунвонимӯъҷизаиисломноммебарад, китаъбиризебовадурустеаст.
Вижагиҳоитамаддуниисломӣ
Тамаддуниисломӣдарканорисоиритамаддунҳо, тамаддуниинсониропадидовардааст;
интамаддуназхусусиётвашохисҳоебархурдораст,
кионроазтамаддунҳоидигармутамоизмекунадвабагунаекиҳаргунараҳёфтебатамаддуниисломӣдаргаравитаваҷҷӯҳбаинхусусиётаст:
1 – Тамаддуниисломӣвақтекипобаарсаивуҷудгузошт,
нисбатбатамаддунҳоигузаштамавзеъихоссеропешгирифт; баинсурат,
кинадармуқобилионҳосафороӣнамудванадарбаробарионтамаддунҳомунфаъилшуд,
балкидастовардҳоимусбатионҳорогирифтвадархудҳазмнамудваҷиҳотиманфироҳамнапазируфт.
ДокторЗарринкӯбдаринборамегӯяд:
“Тамаддуниисломӣнатақлидкунандаисирфазфарҳангҳоисобиқбуд, ванаидомадиҳандаимаҳз,
балкитаркибкунандаватакмилсозандабуд”.
2 –
ТамаддуниисломӣбомеҳвариятиҚуръоназоғоздидгоҳиҷаҳонӣвафаромиллиятӣдоштваҳеҷгоҳхудромунҳасирдарякқавмунажоднанамуд,
бинобариндарҳавзаивасеъидунёиисломӣ, ақвомимухталифиараб, эронӣ, турк, чинӣ,
муғулваафриқоӣбаҳамомехтанд. Ҳамин нукта сабаб шуд, ки мусалмонон аз ҳар қавм ва
миллате, ки будаанд, худро мунодии ислом бидонанд. Яъне мояи аслии ин маъҷун, ки
тамаддун ва фарҳанги исломӣ хонда мешавад, дар воқеъ ислом буд, на шарқию ғарбӣ.
Авомили асосии рушду тавсиъаи тамаддуни исломӣ:
Тамаддун ва фарҳанги исломӣ дар тӯли ҳаёти худ фарозу нишебҳое доштааст; дар
як давраи торихӣ (аз оғоз ва лоақал аз поёни футуҳот то зуҳури муғул), тамаддуни
исломро боланда ва бошукӯҳ ва дар авҷ мебинем, ки ин давраро давраи дурахшони
тамаддуни исломӣ меноманд, аммо пас аз он тамаддуни исломӣ дучори уфул мешавад
ва кам-кам ба ҳошияи саҳнаи иҷтимоӣ меравад ва чанд даҳае аст, ки дубора хезиши
исломӣ, умедбахши раҷъат ба он азамат ва сарафрозии пешин гаштааст. Кашфи розу
рамзи ин таҳаввулот дар баррасии дақиқ ва олимона ва решаёбии онҳост.
Дар ин ҷо дар пайи шиносоии авомили асосии рушду тавсиъаи тамаддуни исломӣ
дар давраи дурахшони он ҳастем. Авомиле, ки азамат офариданд ва бидуни шак уфули
тамаддун ба хотири рахнае аст, ки дар онҳо падид омад:
1 – Ташвиқи ислом ба илм: тавсия ва ташвиқи муаккаде, ки ислом дар таваҷҷӯҳ
ба илму уламо мекард, аз асоситарин асбоби ошноии муслимин бо фарҳанг ва дониши
инсонӣ ва дар натиҷа рушду тавсиъаи тамаддуни исломӣ гардид.
Ҷурҷӣ Зайдон бо ин ки таассуби масеҳӣ дорад ва дар баъзе масоил ин таассуб
комилан намудор аст ва гоҳе мехоҳад исрор биварзад, ки муслимини аввалия бо ҳар
китобе ҷуз Қуръон мухолиф буданд, бо ин вуҷуд, эътироф мекунад, ки ташвиқи ислом
ба илм, омили муассире дар суръати пешрафти муслимин будааст. Вай мегӯяд: “Ҳамин
ки мамлакати ислом тавсиъа ёфт ва мусалмонон аз иншои улуми исломӣ фориғ шуданд,
кам-кам ба фикри улуму саноеъ афтоданд ва барои худ ҳама навъ васоили тамаддун
фароҳам сохтанд ва табъан дар садади таҳсили илму санъат баромаданд ва чун аз
кашишони масеҳӣ матолибе аз фалсафа шунида буданд, беш аз соири улум ба фалсафа
алоқаманд гаштанд, ба хусус ки аҳодиси ворида аз Русули Акрам (с) ононро ба
таҳсили илм ва ба хусус фалсафа ташвиқ менамуд, ки аз он ҷумла фармудаст: “Илм
биомузед, агарчи дар Чин бошад”, “Ҳикмат гумшудаи мӯъмин аст, аз ҳар кӣ бишнавад
фаро мегирад”, “Омӯхтани илм бар зану марди мусалмон воҷиб аст”, “Аз гаҳвора то
гӯр дониш биомӯзед” ва ғайра.
Доктор Зарринпур дар ин робита менависад: “Тавсия ва ташвиқи муаккаде, ки
ислом дар таваҷҷӯҳ ба илм ва уламо мекард, аз асбоби муҳимме буд дар ошноии
муслимин бо фарҳангу дониши инсонӣ, Қуръон мукаррар мардумро ба тафаккур ва
тадаббур дар аҳволи коинот ва ба тааммул дар асрори оёт даъват карда, мукаррар
бар бартарии аҳли илм ва дараҷоти онҳо ишора намуда ва дар якҷо шаҳодати
соҳибони илмро толии шаҳодати Худо ва малоика хонд, ки ин худ ба қавли Имом
Ғаззолӣ дар фазилат ва наболати илм кифоят дошт. Ба илова, баъзе аҳодиси Расули
Худо (с), ки ба асноди мухталиф нақл мешуд, ҳокӣ аз бузургдошти илму уламо буд
ва ин ҳама бо вуҷуди баҳсу ихтилоф, ки дар боби асли аҳодис ва моҳияти илм
мавриди тавсия дар миён меомад, аз умуре буд, ки мӯҷиби мазиди рағбати муслимин
ба илму фарҳанг мешуд ва онҳоро ба тааммул ва тадаббур дар аҳвол ва тафаҳҳус ва
тафаккур дар асрори коинот бармеангехт.
Аз инҳо гузашта, Паёмбар (с) худ низ дар амал муслиминро ба омӯхтан ташвиқи
бисёре мекард, чунон ки баъд аз ҷанги Бадр, ҳар кас аз асирон, ки наметавонист
фидя бипардозад, дар сурате ки ба даҳ тан аз атфоли Мадина хат ва савод меомӯхт,
озодӣ меёфт. Ҳамчҷунин ба ташвиқи эшон буд, ки Зайд ибни Собит забони ибрӣ ё
сирёнӣ ё ҳар ду забонро фаро гирифт ва ин ташвиқу тарғиб сабаб мешуд, ки саҳоба
ба ҷустуҷӯи илм рӯй оваранд, чунон ки Абдулло ибни Аббос бино бар машҳур, ба
кутуби Таврот ва Инҷил ошноӣ пайдо кард ва Абдулло ибни Амр ибни Ос низ ба
Таврот ва ба қавле низ ба забони сирёнӣ вуқуф пайдо карда буд. Ин таъкид ва
ташвиқи Паёмбар (с), ҳам алоқаи муслиминро ба илм афзуд ва ҳам уламо ва аҳли
илмро дар назари онҳо бузург кард”.
Ин буд, ки муслимин аз ҳамон оғоз тамоми ҳиммат ва саъяшонро бар ин
гузоштанд, ки бар улум ва маорифи ҷаҳон даст ёбанд.
2 – Тасоҳул ва тасомуҳи фикрӣ: яке аз илали суръати пешрафти муслимин дар
улум ин буд, ки дар ба даст овардани улуму фунун ва саноеъ ва ҳунарҳо таассуб
намеварзиданд ва илмро дар ҳар нуқта ва дар дасти ҳар касе меёфтанд, аз он
баҳрагирӣ мекарданд ва ба истилоҳи имрӯз равияи тасоҳул бар онҳо ҳукмфармо буд.
Чунон ки медонем, дар аҳодиси набавӣ (с) ба ин нукта таваҷҷӯҳ дода шудааст,
ки илму ҳикматро дар ҳар куҷо ва дар дасти ҳар кас пайдо кардед, онро фаро
гиред. Расули Акрам (с) фармуд: “Ҳамоно дониши ростин гумшудаи мӯъмин аст, ҳар
ҷо онро биёбад худаш ба он сазовортар аст”.
Аз Алӣ ибни Абӯтолиб (к) дар Наҳҷул-балоға нақл шудааст: “Дониш гумшудаи
мӯъмин аст, пас онро фаро гиред ва биомӯзед, ҳатто аз дасти мардуми мунофиқ”.
Ҳамчунин аз калимоти он ҳазрат аст: “Ҳикматро биомӯзед ҳатто аз мушрикон”.
Дар ривоёти исломӣ, аз ҳазрати Масеҳ нақл кардаанд, ки: “Ҳақро ҳарчанд аз
аҳли ботил, фаро гиред, аммо ботилро ҳарчанд аз аҳли ҳақ фаро нагиред, сухансанҷ
ва ҳақиқатшинос бошед”.
Ин ривоятҳо заминаи вусъати дид ва баландназарӣ ва таассуб надоштани
муслиминро дар илму маориф аз ғайри мусалмон фароҳам кард ва ба истилоҳ дар
муслимин руҳи тасоҳул ва тасомуҳ ва адами таассуб дар мақоми фарогирӣ ва
илмомӯзӣ ба вуҷуд овард. Аз ин рӯ, муслимин аҳамият намедоданд, ки улумро аз
дасти чӣ касе мегиранд ва ба василаи чӣ ашхосе тарҷума ва нақл мешавад ва ба
дасти онҳо мерасад, балки бар асоси он чи аз пешвои азимушшаъни худ омӯхта
буданд, худро ба далели ин ки аҳли имонанд, соҳиб ва вориси аслии ҳикматҳои
ҷаҳон медонистанд... Мӯътақид шуда буданд, ки илму имон набояд аз якдигар ҷудо
гарданд.
Доктор Зарринкӯб дар тавзеҳи ин омил менависад: “...Ба ин гуна, ислом, ки як
имперотурии азими ҷаҳонӣ буд, бо самоҳат ва тасоҳуле, ки аз хусусиёти асосии он
ба шумор меомад, мерос ва одоби безиёни ақвоми мухталифро таҳаммул кард, ҳамаро
ба ҳам омехт ва аз он чизи тозае сохт; фарҳанги тозае, ки ҳудуду суғур
намешинохт ва тангназариҳое, ки буржуазӣ ва сармоядориро ба миллатҳо, марзҳо ва
нажодҳо тақсим мекард, дар он маҷҳул буд. Мусалмон аз ҳар нажод, ки буд, араб
буд ё турк, синдӣ ё африқоӣ, дар ҳар ҷое аз қаламрави ислом қадам мениҳод, худро
дар ватани хеш ва диёри хеш меёфт... Ҳама ҷо як дин буду як фарҳанг.
Доктор Зарринкӯб дар ин бора менависад: “Ончи ин мояи тараққиёти амалӣ ва
пешрафтҳои оддиро барои муслимин муяссар сохт, дар ҳақиқат ҳамон ислом буд, ки
бо ташвиқи муслимин ба илм ва тарвиҷи нашоти ҳаётӣ, руҳи муозидат ва тасомуҳро
ҷонишини таассуботи дунёи бостонӣ кард. Ислом бар хилофи раҳбонияти калисо, ки
тарк ва инзиворо тавсия мекард, бо тавсияи муслимин ба роҳ ва басти тавсиъа,
такомули санъат ва илми инсониро тасҳил кард. Ислом вориди дунёе шуд, ки руҳи
тасоҳул ва эътидол дар ҳоли завол буд. Бизонс ва Эрон ду нерӯи бузурги он рӯзи
дунё буданд, ки Бизонс бар асари таассуботи масеҳӣ, ки рӯз ба рӯз дар он бештар
ғарқ мешуд, ҳар рӯз алоқаи худро беш аз пеш бо илму фалсафа қатъ мекард ва
таътили фаъолияти файласуфон ба василаи Жустиниён эъломи қатъи қарибулвуқӯъ
байни дунёи Рум бо тамаддун ва илм буд.
Дар Эрон ҳам изҳори алоқаи Хусрави Анӯшервон ба маърифат ва фикр, як давлати
мустаъҷил буд ва боз таассуботе, ки Барзуяи табиб дар муқаддимаи Калила ва Димна
ба он ишора дорад, ҳар навъ эҳёи маърифатро дар ин сарзамин ғайри мумкин кард.
Дар чунин дунёе, ки асири таассуботи динӣ ва қавмӣ буд, ислом нафхаи тозае
дамид. Чунон ки бо эҷоди Дорулислом, ки маркази воқеии он Қуръон буд, на Шому на
Ироқ, таассуботи қавмӣ ва нажодиро бо як навъ ҷаҳонватанӣ чора кард, дар
муқобили таассуботи динии насоро ва маҷус, тасомуҳ ва таоҳуд бо аҳли китоб ва
алоқа ба илму ҳаёт ва самараи ин дарахти шигирф, ки на шарқӣ буд на ғарбӣ”.
Профессор Эрнест Конели олмонӣ, устоди ҳунари исломӣ дар донишгоҳи Берлин,
лар солҳои 1935 – 1964 дар муқаддимаи китоби Ҳунари исломӣ мегӯяд: “Иштирок дар
мӯътақидоти динӣ дар ин ҷо таъсири қавитар аз ончи дар дунёи масеҳият вуҷуд
дорад, бар фаъолиятҳои фарҳангии милалаи мухталиф дошааст. Иштирок дар мазҳаб
боис шудааст то бар рӯи ихтилофоти нажодӣ ва сунани бостонии миллатҳо пул баста
ва аз фарози он на танҳо алоқаҳои маънавӣ, балки ҳатто одоб ва русуми кишварҳои
гуногунро ба тарзи ҳайратангезе дар ҷиҳати рӯшан ва мушаххасе ҳидоят намояд,
чизе ки беш аз ҳама дар ин феълу инфиол ҷиҳати эҷоди ваҳдат ва посух ба ҷамеи
масоили зиндагӣ қотеият дошт, Қуръон буд”.
Шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ дар китоби арзишманди Хадамоти мутақобили ислом ва
Эрон, баъд аз нақли ин фароз аз навиштаи профессор Энест Конел, онро таҳсин
мекунад ва мегӯяд: “Нуктаи ҷолиб дар баёни ин донишманд ин аст, ки мегӯяд:
Мусалмонон аз нажодҳои мухталиф бар рӯи ихтилофоти нажодии худ пул баста буданд.
Яъне ислом барои аввалин бор тавонист куллият ва ваҳдати сиёсӣ ва иҷтимое бар
асоси ақида ва марому маслак бавуҷуд оварад ва ҳамин амр тасҳилоти зиёде аз
лиҳози эҷоди тамаддуни азим ва васеъ бавуҷуд овард”.
Нуқтаи оғозини тамаддуни исломӣ
Агар касе барояд то нуқтаи оғози тамаддуни исломро бинамоёнад; нуқтае, ки
торихи тамаддуни исломӣ дар воқеъ аз он ҷо партавафканӣ оғоз намудааст ва
ҷилваҳои гуногуни тамаддуни исломӣ аз он маншаъ гирифтааст, бидуни тардид, ба
Мадина мерасад.
Пас аз ҳиҷрати ҳазрати Расули Акрам (с) ва ҷамъе аз ёронаш, ҳазрат ин имконро
пайдо намуд то поягузори аввалин ҷомеаи исломӣ ва аввалин ҳукумати исломӣ бошад;
ҷӯшиш ва ҷунбиши илмии муслимин бо меҳварияти Қуръон ва аҳодиси набавӣ аз Мадина
оғоз шуд ва дар он ҷо буд, ки аввалин маркази илмӣ таъсис шуд; барои аввалин бор
араби ҳиҷозӣ бо масоили устодӣ ва шогирдӣ ва нишастан дар ҳалқаи дарс ва ҳифзу
забти ончи аз устод мешунавад, ошно шуд.
Муслимин бо ҳирси фаровон оёти Қуръонро, ки ба тадриҷ нозил мегашт, фаро
мегирифтанд ва ба ҳофиза месупориданд ва ончиро ки намедонистанд аз афроде, ки
Расули Худо (с) онҳоро маъмури китобати оёти Қуръон карда буд ва ба котиби ваҳй
маъруф буданд, мепурсиданд. Ба илова, бино бар тавсияҳои мукаррари Расули Худо
(с), суханони он ҳазратро, ки ба “Суннати Расул (с)” маъруф буд, аз якдигар фаро
мегирифтанд; дар масҷиди Пайғамбар (с) расман ҳалқаҳои дарс ташкил мешуд ва дар
он ҳалқаҳо ба баҳсу гуфтугӯ дар бораи масоили исломӣ ва таълиму тарбият пардохта
мешуд.
Рӯзе Расли Худо (с) вориди масҷид шуд ва дид ду ҳалқа дар масҷид ташкил
шудааст; дар яке аз онҳо ба зикру ибодат машғуланд, ва дар яке дигар ба таълиму
тааллум. Паёмбар (с) пас аз он ки ҳар дуро аз назар гузаронд, фармуд: “Ҳар ду
ҷамъият кори нек мекунанд, аммо ман барои таълим фиристода шудаам”. Ин гуфт ва
он гоҳ рафт ва дар ҳалқае, ки он ҷо таълиму таалум буд, нишаст.
Баъд аз Мадина, Ироқ муҳити ҷунбуҷӯш гашт. Дар Ироқ ибтидо ду шаҳр: Басра ва
Кӯфа, маркази илм буданд. Аммо пас аз бинои Бағдод, он шаҳр маркази илмӣ шуд ва
дар он шаҳр буд, ки улуми миллатҳои дигар ба ҷаҳони ислом мунтақил гашт. Баъдҳо
Рай, Хуросон, Мовароуннаҳр, Миср, Шом ва Андалус ва ғайра, ҳар кадом, ба сурати
як маҳди илмӣ даромаданд.
Ҷурҷӣ Зайдон пас аз он ки ҳиммат ва ташвиқи умаро ва ҳуккоми мусалмонро ба
унвони як омили бисёр муассир ёд мекунад, мегӯяд: “Донишпарварӣ ва илмдӯстии
бузургони ислом сабаб шуд, ки рӯз ба рӯз муаллиф ва китоб дар қаламрави исломӣ
фузунӣ ёбад ва доираи таҳқиқ вусъат пайдо кунад; подшоҳ, вазир, амир, дору
нодор, арабу эронӣ, румию ҳиндӣ, турку яҳуд, мисрию масеҳӣ, дейламӣ ва суриёнӣ,
дар Шом, Миср, Ироқ, Форс, Хуросон, Мовароуннаҳр, Синд, Офриқо, Андалус ва
ғайра, дар тамоми шабонарӯз ба таълиф машғул шуданд ва хулоса он ки ҳар ҷо ислом
ҳукумат мекард, илму адаб ба суръат пешрафт менамуд, таълифоти гаронбаҳо хулосае
аз таҳқиқоти навъи инсон аз рӯзгори гузашта то он замон дида мешуд ва мабоҳиси
муҳимме аз улуми табиӣ, илоҳӣ, нақлӣ, риёзӣ, адабӣ ва ақлӣ дар кутуб ҷамъ шуда
буд ва дар натиҷаи таҳқиқоти уламо ислом, улуми мазбур дорои шуаби мутаадди
гашт”.
Нахустин мавзӯъ
Аммо ин ки нахустин мавзӯе, ки таваҷҷӯҳи муслиминро ҷалб кард ва ҳаракати
илмии муслимин аз он шурӯъ шуд чӣ буд?
Нуқтаи оғоз, Қуръон аст. Мусалмонон улуми хешро аз таҳқиқ ва ҷустуҷӯ дар
маонӣ ва мафоҳими оёти Қуръон ва сипас ҳадис оғоз карданд ва ба ҳамин далел,
нахустин шаҳре, ки ҷунбуҷӯши илмӣ дар он пайдо шуд, Мадина буд. Нахустин
марокизи илмии муслимин, масоҷид буд ва нахустин мавзӯоти илмии онон, масоили
марбут ба Қуръон ва суннат, ва нахустин муаллим, шахси Расули Акрам (с) аст.
Илми қироат, тафсир, калом, ҳадис, риҷол, луғат, наҳв, сарф, балоғат ва торих ва
сира, ки ҷузви нахустин улуми исломӣ аст, ба хотири Қуръон ва суннат ба вуҷуд
омад.
Эдуард Браун мегӯяд: “Профессор Дахвия арабидони бузург, дар мақолае, ки дар
мавзӯи Табарӣ ва муаррихини қадими араб барои ҷилди 23 Доиратулмаорифи Британия,
навишт, ба тарзи қобили ситоише нишон дод, чӣ гуна масири улуми мухталифа,
махсусан торих, дар ҷомеаи исломӣ, ба муносибати Қуръони шариф пешрафт кард ва
чӣ гуна ин улум дар атрофи ҳастаи марказии ҳукумати илоҳӣ тамаркуз ёфт. Улуми
марбут ба забоншиносӣ ва луғат, табъан дар дараҷаи аввал қарор дошт. Ҳамин ки
хориҷиён барои қабули ислом ҳуҷум оварданд, эҳтиёҷи фаврӣ ба сарфу наҳв ва
луғати араб эҳсос шуд, зеро Каломуллоҳи Маҷид ба забони арабӣ нозил шуда буд.
Боре шарҳи маонии калимоти нодир ва ғариб, ки дар Қуръон омада буд, лозим шуд
ашъори қадимии арабро ба қадри имкон гирд оваранд...
Барои дарки маонии ин ашъор, лозим буд аз асҳоб ва тобеин роҷеъ ба ақвол ва
афъоли Набӣ (с) дар авзоъ ва аҳволи мухталиф суолоте бишавад ва дар натиҷа
илмул-ҳадис падид омад. Барои ташхиси эътибори ҳадис, лозим буд ба матн ва
асноди ҳадис вуқуф ҳосил шавад... Барои таҳқиқи ҳақиқати асноди илм, нигоҳ ба
таворих ва сияр ва авсофу аҳволи ин ашхос зарурат дошт, ва ин амр, боз ба тариқи
дигаре мунҷар ба мутолиаи шарҳи зиндагонии машоҳири риҷол ва тақовим ва тартиби
вақоеъ ва илми азмина ва аъсор гардид. Торихи араб ҳам кофӣ набуд. Таворихи
ҳамсоягони араб, алалхусус, Эрон, Юнон, Ҳумайриён, Ҳабашиён ва ғайра то ҳадде
барои фаҳми маонии бисёре аз ишороти мундараҷ дар Қуръон ва ашъори қадимӣ лозим
буд; илми ҷуғрофӣ низ ба ҳамон манзур ва ба ҳимояти илми дигаре, ки бо тавсиаи
сареҳи императории ислом иртибот дошт, лозим шумурда мешуд.
Тамаддуни исломӣ, оғоз, авҷ, фуруд...
Тамаддун мақулае аст инсонӣ ва иҷтимоӣ; ба ин маъно, ки фақат инсон аст, ки
тавоноии офариниши тамаддунро дорад ва он ҳам дар матни иҷтимоъ, яъне омили
инсонӣ муҳимтарин рукн барои таҳаққуқи тамаддун аст, андеша ва руҳиёти омили
инсонӣ ва навъи робитае, ки бо авомили дигар иттихоз мекунанд, заминасози зуҳури
тамаддунҳост, бинобар ин, ҳеҷ тамаддуне дар халаъ ва фуқдони ҷомеаи инсонӣ
имкони зуҳур намеёбад.
Тамаддун вақте мақулаи инсонӣ ва башарӣ шуд, биттабъ аз ҳар ончи ки инсонро
таҳти таъсир қарор медиҳад, монанди дин, иқтисод, муҳит, торихи суннатҳо ва
ғайра мутаассир мегардад.
Тамаддун монанди ҳар сохтаи дигари инсон, дар як мавқеият ва шароити хоссе ба
бор меояд. Масалан, ҳунар ба унвони як фаровардаи башарӣ, ба хотири латоиф ва
зароифе, ки дар он нуҳуфта шудааст ва диққатҳое, ки бояд дар он ба кор равад,
дар ҳар мавқеияте аз инсон содир намешавад, бар хилофи нафас кашидан, ки судури
он аз инсон, эҳтиёҷ ба омӯзиш ва фароҳам омадани мавқеияти хос надорад.
Тамаддунсозӣ низ ҳунарест, ки фақат аз инсон ва дар як мавқеияти хос таҷаллӣ
меёбад. Тамаддун ба сурати дастурӣ ва фаврӣ муҳаққақ намешавад, балки бояд дар
бистари замон ва ба сурати комилан табиӣ ба вуҷуд биёяд, то мондагор бишавад.
Мусалмонон ба унвони касе ки тамаддуни исломӣ фароянди аксуламалҳои онҳо дар
баробари падидаҳои мутафовит ва навъи иртиботашон бо авомили гуногун, торихи
пурфарозу нишеб доштаанд ва тамаддунсозии онон низ аз мавқеияти торихии онон
будааст; яъне гоҳе дар авҷ будаанд ва авзоъ бар вифқи муродашон мечархидааст,
лизо имкони тамаддунсозиро дар ҳадди аъло доштаанд; ба тавре ки тамоми
тамаддунҳои муосирро таҳтушшуо қарор додаанд ва давраи дурахшони тамаддуни
исломӣ ҳосили ин мавқеияти хос аст; ва гоҳе чунон дучори уфул шудаанд ва аз
иззату сарбаландӣ афтодаанд, ки на танҳо таваққуфе дар тамаддунсозӣ надоштанд,
балки аз ончи ҳам доштаанд, чашмпӯшӣ кардаанд, лизо тамаддуни исломӣ дар он
давраҳо дар инзиво ба сар бурд.
Торих нишон медиҳад, ки ислом дар мавқеияте зуҳур кард, ки ҷаҳон дучори
бӯҳрони азиме шуда буд ва ҷаҳониён дар интизори нерӯе буданд, ки ин бӯҳронро
чора намояд ва онҳоро аз вазъи асафборе, ки гирифтораш буданд, наҷот диҳад.
Доктор Зарринкӯб дар ин робита менависад: “Дар поёни рӯзгори Сосониён, ки
Эрон ва Бизонс; ду давлати бузурги он рӯзи ҷаҳон, охирин рамақи худро дар
ҷангҳои хунини бефоидаи чандсадсолаи хеш аз даст дода буданд ва тааддию нифоқ ва
парешонӣ онҳоро ба вартаи суқут мекашонид, дар варои регзорҳои хушки Арабистон,
дар сарзамини Ҳиҷоз, ки тақрибан фаромӯши олам буд, нерӯи тозае падид омад, ки
ба зудӣ болиду пар кашид ва дере нагузашт, ки тумори қудратҳои бузурги ҷаҳонро
дарҳам навишт. Ин нерӯи тоза, ислом буд; дини Муҳаммад (с) буд, ки дар Макка
падид омад ва дар замони андак, сарнавишти ҷаҳонро дигаргун кард”.
Ислом ба суръат мунташир шуд ва шуои он рӯз ба рӯз густардатар мешуд
Доктор Зарринкӯб дар ин робита ва ин ки муҳаррикҳои аслии аъроб (мусалмонон)
дар иқдом ба интишори ислом чӣ буд, менивисад: “Ба ҳеҷ шакке суръат ва суботе,
ки бо футуҳоти муслимин ҳамроҳ буд, дар торихи ҷаҳон собиқа надошт. Аз ин рӯ,
баъзе онро мӯъҷизаи Худо хондаанд, ки ҳамаи умур ба тақдир ва машияти ӯст. Аз
назари муаррих, ислом бешак мӯъҷизае ҳамроҳ дошт, аммо ин мӯъҷиза он буд, ки
дуруст дар замон зоҳир шуд на дертар; дар замоне, ки дар Арабистон бутпарастӣ ва
парокандагӣ ҷуз он ки мунҷар шавад ба худопарастӣ ва ягонагӣ, ҳеҷ роҳи дигаре
дар пеш надошт ва дар беруни Арабистон ҳам дунёи Эрон ва Бизонс чунон аз бедодии
ағниё ва ихтилофоти коҳинон дар фишор буд, ки дар баробари нерӯи ислом имкони
муқовимат надошт.
Вақте, ки Паёмбар (с) ба ҳамроҳи Абӯбакр (р) ва дар пайи ёрон ва пайравони
чандинсола аз бими озори қурайшзодагони худ, шаҳри Маккаро тарк мекард ва
мутаворивор ба сӯи Ясриб, ки ӯро бо гушодарӯӣ ва меҳмоннавозӣ паноҳ дода буд,
мерафт, ҳеҷ кас гумон намебурд, ки ҳашт соли дигар, шаҳри Макка ва бутхонаи
азими он дар баробари Пайғамбар (с), ҳамчун шикастхӯрдае ба зону дархоҳад омад
ва ҳатто бист сол аз ин моҷаро нахоҳад гузашт, ки даъвати Муҳаммад (с) аз
каронаҳои биёбони Арабистон ҳам хоҳад гузашт ва Мадоин, Байтулмуқаддас, Димишқ
ва Искандарияро низ хозеъ хоҳад кард. Аммо ин чизе, ки дар хотири ҳеҷ кас
намегузашт, итифоқ афтод ва мӯъҷизаи худоӣ талаққӣ шуд.
Ин пешрафтҳои низомӣ, ки дар воқеъ думболаи ғазавоти Паёмбар (с) буд, аз
замони хулафои рошидин қуввати бештар ёфт... Футуҳоти муслимин давом ёфт; ҳам
Ироқ фатҳ шуд ва ҳам Шому Миср аз дасти Бизонс берун омад. Умавиён ва Аббосиён
ҳам, ки баъд аз хулафои рошидин бар сари кор омаданд, то ҷое ки имкон дошт, ин
футуҳотро таъқиб намуданд... Чанде баъд аъроб (мусалмонон), ҳам бар Форс даст
ёфтанд, ҳам бар Хуросон ва Моварунаҳр. Ин футуҳоти чашмгир, ки то ҳадде ба
тақдири илоҳӣ ё мӯҷизаи исломӣ таъбир шуд, дар воқеъ фақат ба он сабаб имкон
дошт, ки ҳама ҷо дар қаламрави Эрону Бизонс мақдами муҳоҷимонро оммаи мардум бо
хушҳолӣ истиқбол карданд”.
Умавиҳо, ки хилофатро ба навъе салтанати маврусии дунявӣ табдил карданд,
футуҳотро низ василае барои тавсиаи мамлакат медиданд. Дар сурате ки муслимин
(сипоҳи ислом) ҳанӯз ҳамчунон мисли аҳди Шайхайн, футуҳотро ба манзилаи нашри
ислом ва нашри ҳукми Худо талақққӣ мекарданд. Иштиғол ба фатҳ аз ҷониби умавиҳо
агар аъробро аз изҳори норизоӣ мунсариф медошт, сиёсати арабии онҳо мӯҷиби
норизоии маволӣ гашт ва саранҷом ин норизоӣ мунтаҳӣ ба суқути Бани Умайя бар
дасти хуросониҳои тарафдори Оли Аббос шуд.
Хилофати аббосиён низ як навъ салтанати маврусие беш набуд, ҷуз он ки дар
авоили ҳол, бар хилофи ҳукумати умавиён, тахти онҳо бар дӯши маволӣ буд на аъроб
ва маркази он низ дар Ироқ буд, шаҳри азиме дар наздикии Тисфун пойтахти қадими
сосониён - Бағдод.
Ин шаҳр, ки дар замони Мансури Давониқӣ бино гашта буд, азамат ва шӯҳрати
худро махсусан дар даврони хилофати Ҳорун ёфт, ки бо завҷааш Зубайда ва вазираш
Ҷаъфари Бармакӣ, ки қаҳрамонони бисёре аз қиссаҳои хиёлангези Ҳазору як шаб
шуданд. Дарбори Ҳорун миодгоҳи шоирон, мутрибон, қиссагӯён ва овозхонон,
мутарҷимон, мунаҷҷимон ва табибон шуд, чунон ки писаронаш Маъмун ва Мӯътасим,
Байтулҳикма ва маҷолиси илмӣ ва вуҷуди мутарҷимон ва уламои мӯътазиларо низ
мисли як зевари тоза ба ҷалолу шукӯҳи дарбори падар афзуданд ва ба ин гуна Ҳорун
ва фарзандонаш Бағдодро конуни дурахшони тамаддун ва фарҳанги Шарқ карданд.
Ҳорунаррашид, ки муқорини садаи дуюми ҳиҷрӣ буд, дар тамоми Ғарб фақат Шорлро
ҳамтирози хеш дошт. Бо вуҷуди ин, халифа бо ирсоли ҳадя ва изҳори муҳаббат,
Шорли Бузург Франкро пинҳонӣ бар зидди руқабои хеш – Бизонс ва Андалус, таҳрик
мекард ва махсусан бар зидди умавиҳои Андалус.
Дар воқеъ умавиҳо аз муддатҳо пеш дар Андалус дам аз истиқлол мезаданд.
Андалус дар замони Валид ибни Абдулмалик халифаи умавии Димишқ фатҳ шуда буд ва
муддатҳо ба василаи ҳуккоми умавӣ идора мешуд, аммо аз умавиҳо, ки дар рӯи кор
омадани аббосиён тақрибан қатли ом шуда буданд, як тан, номаш Абдураҳмон ба
Андалус фирор карда ва онҷоро аз қаламрави аббосиён ҷудо кард. Ҷонишинони ӯ
хилофати умавии Андалусро ба вуҷуд оварданд, ки шавқу алоқаи онҳо ба ҳикмат ва
маърифат Қуртубаро маркази тамаддун ва фарҳанги Ғарб карда буд...
Аз аҳди Мутаваккили аббосӣ ба баъд, Бағдод равнақ ва қудрати худро аз даст
дод, таҷзияи хилофат ва истиқлолҳои маҳаллӣ оғоз шуд. Дар ин ҳаводис Тоҳириён
бар Хуросон истило ёфтанд ва Оли Тулун бар Миср.
Дар андак муддат, Саффориён, Сомониён, Оли Зиёр ва Оли Буя Хуросон ва Форсу
Ироқро майдони танозуъ ва рақобати хеш ёфтанд, чунон ки Миср байни Оли Тулун ва
Оли Ахшид даст ба даст гашт то ин ки ба дасти Фотимиён афтод, ки хилофати шиаёни
исмоилиро дар он ҷо ба вуҷуд оварданд ва тӯле накашид, ки дар дунёи ислом дар як
замон се халифа ҳукумат меронд: аббосӣ дар Бағдод, фотимӣ дар Миср ва умавӣ дар
Андалус. Дар замоне, ки заъфи хулафои Андалус мулукуттавоифро дар он ҷо бавуҷуд
овард ва аз хилофати аббосиён дар Бағдод, ҷуз номе боқӣ намонда буд ва умарои
Оли Буя ва Ғазнавиён ва Илакхониён, қаламрави шарқи хилофатро тақсим карда
буданд, фотимиёни Миср қудраташон дар тазоюд буд. Бо ин ҳама, таҳрикоти онҳо дар
Фаластин буд, ки баҳонае ба дасти насорои Ғарб дод барои ҷангҳои салибӣ. Дар
воқеъ, ҳақиқати ҷангҳзои салибӣ (1096 – 1291), ки муқорин бо аҳди Алмустансиру
биллоҳ халифаи аббосии Бағдод, байни Шарқу Ғарб ва бо унвони баргардонда
гирифтани мазори муқаддас аз дасти муҳаммадиён, иттифоқ афтод, чизе набуд ҷуз
таҷовузи Ғарб ба Шарқ ва идомаи ҷангҳое, ки аз дер боз Шарқу Ғарбро дар муқобили
ҳам қарор медод... Дар давоми ин ҷангҳои тӯлонӣ, махсусан Нуриддини Зангӣ ва
Салоҳуддини Аюбӣ, салотини Шом ва Миср аз билоди мавриди таҷовуз рашидона дифоъ
карданд ва ҳашшошини исмоилия ҳам руъбу ваҳшат аз хешро, дар қулуби салибиҳо
нишонданд, дар муддати ин ҷангҳои тӯлонӣ, Салҷуқиён, ки дар Шарқ вақте аз Ҳалаб
то Кошмар фармон меронданд, давлаташон таҷзия ва мунқариз шуд, ҳуҷуми муғул,
хоразмшоҳӣ ва аксари ҳукуматҳои шарқии исломиро барандохт ва ҳатто бо суқути
Бағдод ба дасти Ҳалокуи муғул хилофати аббосиён ҳам хотима ёфт, (656 ҳиҷрӣ). Ду
аср баъд, ки Қустантания пойтахти қадими Бизонс (Византия) ба дасти туркон буд,
Испониё аз дасти муслимин хориҷ шуд ва муқовимати мулукуттавоияи исломии он
сарзамин дар муқобили ваҳдати исавиёни онҷо бенатиҷа монд.
Ғалабаи туркони усмони дар Бизонс (1453 милодӣ), ки торихи даврони ҷадидро
барои Урупо шурӯъ кард, агар чи як императории исломӣ бавуҷуд овард, аммо бо
вуҷуди номи халифа, ки замимаи номи султони усмонӣ шуд, натавонист хилофатро эҳё
кунад. Системаи иқтои арзӣ, ки дар Шарқ аз даврони Салҷуқиён навъе истисмори
беҳадафро балои ҷони иқтисоди муслимин карда буд, дар ин ҳарҷу марҷ ҳамлаҳои
муғул ва тотор шиддат ёфт ва зулму беадолатии ношӣ аз он, равобит ва имконоти
муслиминро бо илму фарҳанг маҳдуд кард. Аз ин рӯ, на императории азими усмонӣ
тавонист қаламрави исломро аз ҳолати рукуди ношӣ аз тамом шудани бунияи иқтисодӣ
наҷот диҳад, на ташкили давлати Сафавия, ки тӯҳфаи низомии тозае буд ба манзури
таҷдиди аҳд бо ончи назди шиа буд.
Дар Ҳинд низ на салотини мамлук ба фарҳанг ва тамаддун чандон алоқае нишон
доданд ва на муғули кабир бо вуҷуди он ки инҳо суннати тасомуҳи исломиро то
ҳадде эҳё намуданд ва фурсате барои басту тавсиаи фарҳанг ва дониш арза карданд.
Дар тамоми муддати асри ренесанс ва даврони ҷадид, ки Ғарб мероси тамаддуни
исломиро тасмир карда ва фузунӣ дод, олами исломӣ таҳти таъсири ноамнӣ ва
таҷовузе, ки аз иқтисоди мутазалзилаш ношӣ шуда буд, мисли паҳлавоне, ки тамоми
қувваи худро аз даст дода бошад, карахту бефаъолият монд.
Худогоҳии муҷаддади муслимин аз вақте шурӯъ шуд, ки Напoлеон Бoнoпарт дар
пайи ширкатҳои Ҳинди Шарқии Урупо ба дарвозаи дунёи ислом қадам ниҳод ва дар
пушти сари вай шабаҳи истеъмори Ғарб расид бо саъй дар нуфузи маръӣ ва номаръӣ.
Ба ин гуна агар дар ду қарни ахир, як ҷанги салибии номаръӣ ва тоза қаламрави
исломро дар маърази таҷовузи Ғарб ниҳодааст, тафаввуқи Ғарб дар ин бархурди
мустамир ҷуз тафаввуқи аслиҳааш, ки илму фарҳанги ӯст, сабабе надорад ва агар
дунёи ислом мехоҳад дар ин маъракаи махфӣ ҳам ҳадди ақал ба қадри маъракаи қадим
пирӯзӣ ёбад, чорае ҷуз он надорад, ки дар навъи аслиҳаи хеш таҷдид назар кунад
ва бар асоси илму фарҳанги гузаштаи хеш на ончи кӯр-кӯрона аз Ғарб гирифтааст,
бинои илму фарҳанги тозае бигузорад. Собиқаи тамаддун ва фарҳанги ҳазорсолааш,
ки бешак дар торихи инсоният нақши муассире доштааст, нишон медиҳад, ки ин кор
барои вай шуданӣ аст; зуд ё дер.
Акнун ҳама чиз башорат медиҳад, ки қаламрави ислом бори дигар аз он шавқу
ҳаяҷони муқаддас муштаил хоҳад шуд.
Поёни матлаб
|