Таъсири Қуръон ва ҳадис дар адабиёт
Таъсири Қуръон ва ҳадис дар адабиёти форс-тоҷик аз ҳамон даврони нахустин
ошкор буда аст. Дар шеъри шоироне чун Рӯдакӣ, Шаҳиди Балхӣ ва... таъсироти зиёде
дида мешавад,
Барои шинохти андешаи як инсон, аз ду роҳ метавон ба ӯ дастраси пайдо кард:
1) Аз роҳи сӯҳбат кардан бо худаш (агар дар қайди ҳаёт аст).
2) Аз роҳи осори мактубе, ки аз худ бар ҷо мондааст.
Агар бихоҳем ба андешаи фарде, ки ҳудуди 11 қарн қабл аз мо зиндагӣ
мекардааст дастрасӣ пайдо кунем, ҷуз аз роҳи муроҷеа ба осораш ва диққат ва
тааммул дар онҳо роҳи дигаре надорем. Аз тарафи дигар ҳам ҷои таассуф аст, ки аз
ашъори анбуҳи эшон ҷуз андаке боқӣ намондааст. Ба таври кулли қазоват дар
мавриди ингуна ашхос бо ин шароит хеле сахт ва ҳассос аст.
Таъсири Қуръон ва ҳадис дар адабиёти форс-тоҷик аз ҳамон даврони нахустин ошкор
буда аст. Масалан дар шеъри шоироне чун Рӯдакӣ, Шаҳиди Балхӣ ва амсоли онҳо ин
таъсир ба хуби дида мешавад, то онҷо ки дар қарни 7 ва 8 ин таъсир ба авҷи
худ расид.
Мо мебинем, ки Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз Қуръони Карим ва аҳодиси набавӣ асар
пазируфтааст
“Аз баррасии дақиқи ашъоре, ки аз Рӯдакӣ боқӣ мондааст ба равшанӣ бармеояд, ки
дар фаҳми Қуръони Маҷид ва суханони Паёмбари Акрам(с) ва пешвоёни дин ва иттилоъ
аз фарҳанги исломӣ бисёр варзидааст. Ва ҳамин худ нишон медиҳад, ки зеҳни ин
шоири гаронмояи порсӣ-дарӣ аз оғоз бо мафоҳими динӣ ва суннатҳои Исломӣ ва аз
ҷумла Қуръони Карим ва ҳадиси Расули Амин(с) ва дигар пешвоён ошно будааст”.
АбӯабдуллоҳиРӯдакӣбатаврияқиназҚуръонваҳадисиНабавӣасарпазируфтааст. Барои ин
иддиъои худ чанд шоҳид ва далел зикр мекунем:
1) Аввалиншоҳидвадалеле,
кидалолатмекунадРӯдакӣазҚуръонваҳадисасарпазируфтаинаст, кидаррӯзгороне,
кишоиронипорсизабонбашеъргӯӣрӯйкардабуданд,
фарҳангизардуштииэронӣтақрибаназмиёнрафтабудвафарҳангиисломӣ-арабӣдарсаросариЭронрешадавондабуд.
Низ ошноӣ бо забони арабӣ ва тафсири Қуръон ва ҳадис дар он рӯзгор нишонаи фазлу
камол ва равшанфикрӣ ва фарҳангмадории фард ба ҳисоб меомад ва ба ҳамин
далел шоироне, ки мехостанд худро дорои фазл ва камол нишон диҳанд, мекӯшиданд
ба гунаҳои мухталифи фарҳанги арабӣ-исломӣ ва аз он ҷумла оёт ва ривоётро дар
шеъри хеш ба кор баранд. Аз инрӯ фазо иқтизо мекард, ки аз оёт ва ривоёт
истифода кунанд.
АзтарафидигарнизРӯдакӣдарзамонезиндагӣмекард,
киҳукуматдардастимусулмононбахусусамирониСомонӣ,
кибадиниИсломвапаёмбарииҳазратиРасулиАкрам(с) эътиқоддоштанд. Хулоса ин як шоҳид
ва қаринаи хубе аст, бар асар пазируфтани Рӯдакӣ аз Қуръон ва ҳадис.
2) Чунонки маълум аст, вай дар синни ҳаштсолагӣ ҳофизи кулли Қуръони Карим
будааст. “Чунон закӣ ва тезфаҳм буд, ки дар синни ҳаштсолагӣ Қуръонро тамоман
ҳифз кард ва қироат биёмӯхт ва шеър гуфтан гирифт ва маъонии дақиқ мегуфт,
чунонки халқ бар вай иқбол намуданд ва рағбати ӯ зиёд шуд ва ӯро Офаридгори
Таоло овози хуш ва савти дилкаш дода буд ...” Рӯдакӣ, ки ҳофизи Қуръон
буд, Қуръон ҳатман дар ӯ асар гузоштааст. Ин чи розе аст, ки аксари шоирон,
адибон ва бузургони мо аз Қуръон шурӯъ мекунанд, намедонам. Мо мардуми Тоҷик,
замоне ки ба зиндагии бузургони худ менигарем мушоҳида мекунем, ки ин
бузургворон як робита ва як унси хос ба Қуръони Карим доранд. Баъзе аз онҳо
мисли Ҳофизи бузург, ки худро мадюни Қуръон медонанд: “Ҳарчи кардам ҳама аз
давлати Қуръон кардам”. Гоҳе асари бузургони моро Қуръон муаррифӣ мекунанд:
“Маснавии маънавии Мавлавӣ ҳаст Қуръон бо забони паҳлавӣ”. Ин як матлабе аст, ки
шоиста аст дар мавридаш фикр ва тааммули бештаре шавад.
3) Севвумин далел ва муҳимтарин шоҳид бар муддаои мазкур ин
аст, ки дар ашъори ин шоири тавоно, мо намунаҳое аз оёт ва ривоётро мушоҳида
мекунем, замоне ки як шахс зери таъсири як чиз қарор бигирад нохудогоҳ дар
гуфтораш падидор мешавад ва ин як амри табиӣ аст. Ба чанд намуна аз ашъори
Рӯдакӣ, ки ба оёт ва ривоёт ишора дорад, басанда мекунем.
а) Нигорино шунидастам, ки гоҳ меҳнату роҳат
Се пироҳан сабаб будаст
Юсуфро ба умр андар
Яке аз кайд шуд пурхун дуввум шуд чок аз туҳмат
Севвум Яъқубро аз бӯш равшан гашт чашми тар,
Ки ишора ба се ояи сураи Юсуф(а) мебошад.
1-وَجَآؤُوا عَلَى قَمِيصِهِ بِدَمٍ كَذِبٍ
«Ва хуни дуруғин бо пироҳани ӯ (оғушта карданд ва) оварданд».
2- وَاسُتَبَقَا الْبَابَ وَقَدَّتْ قَمِيصَهُ مِن دُبُرٍ
«Ва ҳарду ба сӯи дар (бар якдигар) пешӣ гирифтанд ва он зан (Зулайхо)
пироҳани ӯ (Юсуф)-ро аз пушт чок кард».
3- اذْهَبُواْ بِقَمِيصِي هَذَا فَأَلْقُوهُ عَلَى وَجْهِ أَبِي يَأْتِ بَصِيرًا
«Ин пироҳани маро бибаред ва онро ба чеҳраи падарам бияфканед [то] бино шавад
ва ҳамаи хонадонатонро назди ман биёваред».
Аз ин байт маълум мешавад, ки Рӯдакӣ нисбат ба қисаси Қуръон махсусан қиссаи
ҳазрати Юсуфи Паёмбар(с) иттилои дақиқе доштааст.
б) Шод бош бо сияҳчашмони шод
Ки ҷаҳон нест ҷуз фасонаю бод
З-омада тангдил набояд буд
В-аз гузашта накард бояд ёд
Некбахт онки бидоду бихурд
Шурбахт онки ӯ нахурду надод.
Ки ишора ба ояти "لِكَيْلَا تَأْسَوْا عَلَى مَا فَاتَكُمْ وَلَا تَفْرَحُوا
بِمَا آتَاكُمْ
«Ба хотири он ки бар ончи аз дастатон рафтааст таассуф махуред ва ончи ба
шумо додааст шодмон набошед».
Ва ҳамчинин ба ҳадиси ҳазрати Алӣ(к) ишора дорад, ки фармуд:
الفرصة تمرّ مر السحاب فانتهزّوا فرص الخير
«Фурсатҳо ҳамчун ҳаракати абрҳо мегузаранд. Пас фурсатҳои некро ғанимат
бишуморед».
в) Рӯй ба меҳроб ниҳодан чи суд
Дил ба Бухоро ва бутони тароз
Эзади мо васвасаи ошиқӣ
Аз ту пазирад напазирад намоз.
Ишора ба ҳадиси " انما الاعمال بالنيات " аст. Яъне корҳо ба ният вобаста аст.
Намунаҳои зиёде метавонем зикр кунем, вале дар ҳадди ин навиштори андак нест.
Аз ин рӯ ба зикри ҳамин се намуна басанда мекунем.
Хулосаи ин ки ин шоири бузургвори порсизабон аз Қуръон ва ривоёт, ин ду
манбаъи муҳимми Ислом асар пазируфтааст, то ҷое ки тамоми Қуръонро ҳифз кардааст
ва шояд ин фикр ва гӯиши зебое, ки дошт маншааш ҳамин ҳифз кардани Қуръон бошад.
|