Нигоҳе фалсафӣ ба мавзӯи Худо дар Қуръони Карим
Саидмаҳмуд Бурҳонов, коршиноси аршади маорифи исломӣ
(Баҳсе фалсафӣ дар радди назарияи ҷадиди Стивен Ҳокинг )
Вақте мо тасаввурот ва идрокоти худро баррасӣ намуда, мафоҳими онро
дастабандӣ кунем, ба ду мафҳуми куллӣ бармехӯрем, ки мафҳуме куллитар ва омтар
аз он вуҷуд надорад; мафҳуме, ки ҳеҷ қазия ва ҳеҷ ҳукме аз он бениёз нест ва
бе он наметавон ҳеҷ ҳукме, ҳатто содатарин ҳукмро содир намуд. Он ду мафҳум,
мафҳуми вуҷуд ва адам, ё ба иборати дигар, мафҳуми ҳастӣ ва нестӣ аст. Ин ду
мафҳум, аз мафоҳимест, ки мо онро қабл аз ҳар мафҳуми дигаре идрок кардаем.
Баёни он ин ки инсон пеш аз ҳар чиз худро меёбад, пас аз он, ҳавосс ва аъзову
ҷавореҳи худро, сипас ҳолатҳои гуногуни худ мисли дарду ранҷ, шодиву хушӣ,
ташнагиву гуруснагӣ ва ғайраро. Баъд аз он, ба воситаи ҳавоссаш, ба атрофи худ
пай бурда, бо он иртибот барқарор мекунад.
Ин дарёфт, дарёфтест бевосита; яъне ёбанда (инсон) ва ёфташудаҳо (худ,
ҳавосс, ҳолот ва...) дар он яке беш нестанд; чун инсон худро ёфтааст (на ин ки
дидааст; ёфтан ғайр аз дидан мебошад). Аммо ин дугонагӣ (ёбанда ва ёфташуда),
фақат ба лиҳози эътибор мебошад.
Зеҳни инсон ҳамзамон бо ин дарёфти бевосита (ва ба истилоҳ ҳузурӣ), ба таври
худкор аз ёфтаҳои худ тасвирбардорӣ ва мафҳумсозӣ менамояд. Аввалин мафҳуме, ки
месозад, мафҳуми ҳастӣ аст, ки аз пайи он ба таври худкор мафҳуми нестӣ-ро низ
месозад, ба хотири он ки нестӣ зидди ҳастӣ аст, ва зеҳни инсон ҳам ба тавре
сохта шудааст, ки вақте чизеро дарк кард, худ ба худ зидди онро ҳам дарк
мекунад, ба қавли маъруф, “туърафул ашё би аздодиҳо”, яъне ҳамаи чизҳо ба
воситаи зидди худ шинохта мешаванд.
Бинобар ин, мафҳуми нестӣ, як мафҳуми туфайлӣ аст ва мисли зидди худ (ҳастӣ)
намебошад, ки зеҳн онро аз рўи дарёфти як воқеият сохта ва он мафҳум аз он
воқеият ҳикоят кунад.
Албатта, ин ба он маъно ҳам нест, ки мафуми нестӣ ҳеҷ хоссияте надошта бошад,
балки ҳамон тавр ки гуфта шуд, арзиши он камтар аз арзиши мафҳуми ҳастӣ дар
фаолияти зеҳнӣ нест.
Дар қадамҳои баъдӣ, вақте иртиботи инсон бо атроф ва муҳити перомуни худ
бештар шуд, бо каме диққат меёбем, ки мафҳуми нестӣ дар муқобили мафоҳими дигар
ҳамеша ба таври нисбӣ ва комилан интизоӣ ба кор меравад, зеро мо дар ин марҳала
онро аз салб ва ҳазфи як шайъе аз ҷое хосс интизоъ кардаем, бинобар ин мафҳуми
нестӣ ҳамеша нисбист. Масалан мегӯем: “ин хуб нест”, “ин санг нест”, “ин ҷо
ҷангал нест”, “ҳоло шаб нест”, “ӯ нест”, “он нест” ва ғайра... Дар тамоми инҳо,
мо як сифат ё як шайъи хоссеро аз як мавзӯъ ё як маҳалле салб менамоем, масалан:
вақте мегӯем “ин хуб нест”, яъне ин бад аст, “ин санг нест”, яъне чизе ғайри
санг аст, “ӯ нест” яъне ӯ ин ҷо нест, ва ба ҳамин тартиб ҳар кадом...
Зеҳни инсон ба таври худкор тамоми ин қазияҳои салбиро таҳлил карда, нисбат
ва тарафи онро ҳазф мекунад, яъне аз нисбати “хуб нест” хубро, ва аз нисбати
“санг нест” сангро, ва ба ҳамин минвол аз тамоми мавориди мушобеҳ нисбати онро
салб менамояд. Дар натиҷа ба мафҳуми мутлақи нестӣ ва адам даст меёбад; мафҳуме,
ки ба чизе изофа нашуда аст, балки фақат дар мақоми таҳлили ақлӣ ба вуҷуд омада,
ҳамчун мафоҳими дигар, ки аз чизе дар хориҷ ҳикоят мекунанд нест. Ба хотири
ҳамин, ин мафҳум ба ҳеҷ ваҷҳ мисдоқе дар хориҷ надорад, чун агар мисдоқе дошт,
дигар нестӣ набуд.
Чун мо инсонҳо дар олами табиат ва иҷтимои инсонӣ зиндагӣ мекунем ва ҳамеша
бо тағйиру таҳаввул ва пайдо шудану аз байн рафтан мувоҷеҳ ҳастем, пайваста бо
қазияҳои салбиву эҷобӣ сару кор дорем, зеро дар табиат ва иҷтимои инсонӣ, асл бо
салб аст. Ба ин баён ки вақте як нафар барои бори аввал вориди як иҷтимое
мешавад, ӯ барои касби ҷойгоҳ ва ҳуқуқи иҷтимоӣ, ё милку дороӣ, бояд кору
фаолият намояд, вагарна онро нахоҳад дошт; яъне асл дар иҷтимоъ ин аст, ки ҳеҷ
касе ибтидоан дорои чизе нест магар ин ки онро касб намояд. Ҳамин тавр дар
табиат низ ҳар падида ва ҳодисае, барои ба вуҷуд омадан, ниёз ба шароит ва
асбоби хоссе дорад. Ин яъне ин ки асл дар табиат ҳам, набуди падидаҳост магар ин
ки шароит ва асбоби он фароҳам шавад. Ин як суннат ва қонуни илоҳӣ дар хилқат
аст.
Ин ҷо мо инсонҳо дар асари одат ва унс гирифтан бо муҳити перомунамон,
нохудогоҳ дучори як иштибоҳ мешавем, шояд ҳам бузургтарин иштибоҳ. Ва он ин ки
ҳукми иҷтимоӣ ва табииро нисбат ба кулли ҳастӣ таъмим медиҳем ва дар мавриди
асли вуҷуд ва ҳастӣ ҳам, ҳамон ҳукми иҷтимоӣ ва табииро мекунем, ки асл бар
набуд ва адам аст, ва гумон мекунем, ки асли ҳастӣ ҳам, як нуқтаи оғозе дорад,
чун асл бар нестӣ ва адм аст. Ғофил аз он ки бо ин гумон ва ҳукми худ, дучори
сареҳтарин ва возеҳтарин таноқузгӯӣ шудаем, зеро чӣ таноқузе ошкортар аз ин ки
адам табдил ба вуҷуд, ва нестӣ табдил ба ҳастӣ бишавад. Ин таноқуз бараҳнатарин
таноқуз аст. Чун ҳар гоҳ мо инсонҳо бихоҳем як истидлоли илмӣ ё як бурҳони
фалсафиро нақду нақз намоем, мегӯем ин истидлол мунҷар мешавад ба таноқуз.
Таноқуз ҳам яъне ҷамъ шудани вуҷуд ва адами як чиз. Вале худамон ин ҷо на фақат
вуҷуду адами як чизро, балки худи вуҷуду адамро ҷамъ карда истодаем, аммо
мутаваҷҷеҳи ин иштибоҳи худ нестем.
Ин ҷо мо дар ҳақиқат байни мавҷудоти мумкин ва асли вуҷуд дучори иштибоҳ
шудаем. Мумкин ба чизе мегӯянд, ки нисбати вуҷуд ва адам бо зоти он яксон аст,
монанди ҳамаи ашёи олами хилқат, зеро вақте ба так-таки ин ашё нигоҳ мекунем ва
онро таъриф менамоем, ҳаргиз вуҷуд доштан дар таърифи ҳеҷ кадом намеояд; яъне
ҳар кадом аз онҳо ҳамон тавре ки акнун вуҷуд дорад, метавонист вуҷуд надошта
бошад. Таҷриба ҳам нишон медиҳад, ки ин ашё рӯзе набуданд, баъдан ба вуҷуд
омаданд, ва рӯзе ҳам аз байн мераванд, чун олам пайваста дар ҳоли дигаргунӣ аст,
пас маълум мешавад, ки вуҷуд доштан дар зот ва моҳияти ин ашё нест.
Бинобар ин, агар касе вуҷуди як чизеро иддао намояд, бояд онро ба исбот
расонад, зеро ҳама медонанд, ки ҳеҷ чизе аз ашёи ин олам ба худии худ вуҷуд
надорад, балки бояд шароит ва асбоби он фароҳам шуда бошад, вагарна мо инсонҳо
ҳар иддаоеро бидуни ҳеҷ шакку тардиде мепазируфтем ва аз гӯяндаи он далелу исбот
талаб намекардем.
Аммо дар бораи асли ҳастӣ, оё мешавад тардиде кард? Оё мешавад гуфт, ки асли
ҳастӣ оғозе дорад? Оё мешавад асли ҳастӣ аз чи чизе ба вуҷуд бошад?
Ҳар ки бигӯяд оғозе дошта ва аз чизе ба вуҷуд омада, мепурсем, оё он чиз
вуҷуд доштааст, ё на?
Агар бигӯяд, вуҷуд дошта, пас он чиз ҳам дар доираи ҳастӣ қарор дорад, ва
агар бигӯяд вуҷуд надошта, балки ҳастӣ аз ҳеҷ ба вуҷуд омадааст, маънии ин сухан
он аст, ки нестӣ табдил ба ҳастӣ ва адам табдил ба вуҷуд шудааст, ва ин таноқузи
ошкор аст, ки ҳатто дар мавриди кучактарин падида худи гӯянда ҳам онро
намепазирад, зеро агар ба ӯ гуфта шавад, ки ин хона ё ин миз ё ҳар чизи дигар
худ ба худ пайдо шуд, ӯ ба ин сухан хоҳад хандид.
Гузашта аз ин ки нестӣ як мафҳуми туфайлӣ ва сирфан сохтаву пардохтаи зеҳн
буда, фақат дар мақоми таҳлил короӣ дорад ва баргирифта аз хориҷ нест. Бинобар
ин, ҳар касе агар барои ҳастӣ оғозе қоил шавад, ки қабл аз он ҳастӣ набуда
бошад, нохудогоҳ сухани худро нақз кардааст, зеро дар ин сурат нестиро ҷойгузини
ҳастӣ кардааст, ва ин яъне қоил шудан ба ин ки нестӣ дар хориҷ аз зеҳн мисдоқе
дорад, ва ин худ эътироф ба ҳастист, чун маънои ҳастӣ ҷуз ин нест.
Қуръони Карим дар як ҷумлаи хеле кӯтоҳе ин маъноро хеле зебо баён кардааст.
Хитоб ба мункирини Худо мефармояд: “Оё онҳо аз ҳеҷ халқ шудаанд, ё худ холиқи
худ ҳастанд?” Ин ду эҳтимол; яъне аз ҳеҷ ба вуҷуд омадан ва худ офаридгори худ
будан, ҳамон тавре ки баён шуд, бутлонаш рӯшан аст, ва танҳо як эҳтимол боқӣ
мемонад, ва он ин ки вуҷуди онҳо ношӣ аз вуҷуди мутлақи Парвардигори олам бошад.
Ин ҷо шоиста аст як нигоҳе ба Қуръони Карим биандозем ва бибинем Қуръон
Худоро чӣ гуна муаррифӣ кардааст.
Қуръон мефармояд: “Ӯст аввал ва ӯст охир, ӯст ботин ва ӯст зоҳир ва ӯ ба ҳар
чизе доност” (Ҳадид/3), ё мефармояд: “Худованд нури осмонҳову замин аст, масали
нури ӯ ҳамчун чароғдонест, ки дар он, чароғи пурфурӯғе бошад, он чароғ дар
ҳубобе қарор дорад, ҳубобе шаффоф ва дурахшанда, ҳамчун ситораи дурахшон...”
(Нур/35).
Ин ҷо ба ҳамин ду оят иктифо менамоем. Ҳамон тавр ки мулоҳиза намудем, дар
ояти аввал Худоро аввалу охир ва зоҳиру ботин муаррифӣ мекунад. Агар аввалу охир
ва зоҳиру ботин ӯ бошад, дигар ҷое барои ғайри ӯ боқӣ нахоҳад монд, ин яъне чӣ?
Пас ин ҳама мавҷудот чӣ ҳастанд, ҳама таваҳҳуму хаёлотанд?
Қатъан чунин нест. Маънии ин оят ин аст, ки ҳамаи мавҷудот аз оғози хилқат то
анҷоми он ва аз пайдои он то пинҳони он, ҳама ва ҳама агар мавҷуданд, ба вуҷуди
ӯ мавҷуданд. Ин ӯст, ки манбаъ ва сарчашмаи вуҷуд аст ва ҳар чӣ ки мавҷуд шуда,
дар ҳақиқат вуҷудаш аз он сарчашма ҷорӣ шудааст.
Бинобар ин, ҳамон тавр ки зикр шуд, Қуръон тамоми падидаҳои ҳастиро нишонае
аз нишонаҳои ӯ медонад, чаро чунин медонад? Чун дар ҳақиқат вуҷуди онҳо азони
худашон нест, зеро инҳо ҳама мумкинотанд, ки нисбати вуҷуду адам бо зоташон
яксон аст, бинобар ин чи таваҷҷӯҳ дошта бошем ё надошта бошем, вуҷуди ҳар чизе
худ шоҳид ва гувоҳи ӯст, зеро азони ӯст. Қуръон ин ҳақиқатро аз забони мӯъминон
чунин баён мекунад: “Мо ҳама азони ӯем ва ба сӯи ӯ бозмегардем”.
Дар ояти дуввум (яъне ояти “Худованд нури осмонҳову замин аст, масали нури ӯ
ҳамчун чароғдонест, ки дар он, чароғи пурфурӯғе бошад, он чароғ дар ҳубобе қарор
дорад, ҳубобе шаффоф ва дурахшанда, ҳамчун ситораи дурахшон...”), Худоро нури
осмонҳову замин дониста ва барои осонтар дарк шудани ин ҳақиқат, дар қолаби як
ташбеҳи бисёр балиғу зебо ин оламро ба манзилаи чароғдон ва Худоро ба манзилаи
нури пурфурӯғи он дониста аст. Ин ташбеҳ воқеан ташбеҳи беназирест, ки ин
масъаларо зеботар аз он намешуд баён кард.
Бибинед чароғ дар куҷо ва барои чӣ коре сохта шудааст? Чароғ барои рӯшноӣ
афкандан сохта шудааст, пас агар чароғе рӯшноӣ надошта бошад, гӯё ин ки аслан
вуҷуд надорад, чун нақши он фақат ин буд, ки рӯшноӣ диҳад ва агар рӯшноӣ надошта
бошад, дар ҳақиқат он дигар чароғ нест, ба хотири он ки торикӣ, бо доштан ё
надоштани он ҳамчунон яксон аст.
Ин олам ҳам, бо тамоми падидаҳояш, агар вуҷуди мутлақи Худо набошад, ҳамин
ҳукмро хоҳад дошт. Агар Худо ба онон вуҷуд набахшад, тамоми ин падидаҳо нопадид
ва дар торикии адам маъдум буданд. Пас вуҷуди ин мавҷудот ҳама аз ӯянд. Бинобар
ин, ҳамаи осмонҳову замин нури Худо мебошанд ва ҳар кадом аз падидаҳо партаве аз
он нуранд, ки бо тобиши он рӯшан шуда, исми падида ба худ гирифтаанд.
Бо таваҷҷӯҳ ба ин оёт, метавон чунин натиҷа гирифт, Худое, ки Қуръони Карим
муаррифӣ мекунад, вуҷудаш ҳамаи ҳастиро фаро гирифта ба ҳадде, ки ҳеҷ ҷое аз он
холӣ нест ва тамоми ҳастӣ бо вуҷуди ӯ пур аст; яъне ҳар чӣ мавҷуд аст, вуҷудаш
азони ӯст, ва ба ҳар чӣ бингарӣ, ӯро нишон медиҳад.
Агар бихоҳем ин масъаларо бо забони фалсафӣ баён кунем, бояд чунин бигӯем:
Аввалин шарти фалсафа (ҳар мактабе аз макотиби фалсафӣ), қабули асли воқеияти
ҳастист; яъне асли реализм, чун мавзӯи фалсафа воқеият аст. Фалсафа роҷеъ ба
воқеият баҳс мекунад ва мехоҳад ба мо нишон диҳад, ки чӣ чиз воқеист, чӣ чиз
воқеинамо ва мардум ба иштибоҳ онро воқеӣ хаёл мекунанд. Пас, асли воқеияти
ҳастӣ, қобили ҳеҷ шакке нест, чун ҳар кас онро инкор кунад, дар ҳақиқат бо ин
кораш онро исбот кардааст, зеро худаш ва суханонаш бахше аз воқеият мебошад, ки
нохоста ба он гувоҳӣ дода истодааст.
Бо ин ҳол матни воқеияти ҳастӣ, пайваста дар ҳоли дигаргунӣ, ва мавҷудоти
воқеӣ ҳамеша дар ҳоли пайдо шудан ва аз байн рафтананд, бинобар ин, воқеият ва
ҳастии ҳар кадом аз ин мавҷудот машрут ба як даста шартҳо ва муқайяд ба як даста
қайдҳо ва муаллал ба як даста иллатҳост, ки то яке аз он шартҳо ё иллатҳо ё
қайдҳо набошад, ин мавҷудот ҳам нахоҳанд буд.
Аз ин рӯ, дар бораи ҳар чизе метавон шакку тардид кард, ба хотири он ки
мумкин аст, ҳанӯз баъзе аз шартҳо ё иллатҳои он фароҳам нашуда бошад, ё яке аз
иллатҳои як мавҷуди воқеӣ аз байн рафта бошад, ки дар натиҷа он ҳам аз байн
хоҳад рафт. Вале дар бораи асли воқеияти ҳастӣ, бо тамоми ин таҳаввулоту
дигаргуниҳояш, ҳаргиз наметавон шакк кард, зеро асли воқеият ба ҳеҷ шарте
машрут, ё ба ҳеҷ қайде муқайяд, ё ба ҳеҷ иллате муаллал нест, чун чизе фаротар
аз он нест.
Ва аз он тараф, бо ҳеҷ шарту қайде ҳам наметавон онро нафй кард, зеро агар
фаразан чунин нафйе сурат бигирад, оё ин нафй воқеан сурат гирифта, ё на. Агар
воқеан набуда, ки дар ин сурат воқеият тағйире накардааст, ва агар воқеан сурат
гирифта, пас ин нафй худ як воқеият аст, дар натиҷа боз воқеият собит шуд.
Бинобар ин, асли воқеияти ҳастӣ ҳамеша будаву ҳамеша хоҳад буд.
Ба иборати мантиқӣ, қазияи “асли воқеият ҳамеша собит аст”, аз қазияҳои
бадеҳии аввалист, ки шаккбардор нест. Вақте чунин буд, ҷиҳати ин қазия зарурат
хоҳад буд; он ҳам зарурати азалӣ, на зарурати зотӣ. Зеро зарурати зотӣ дар
ҷоест, ки маҳмул ба шарти вуҷуди мавзӯъ ҳамеша содиқ бошад, монади сидқи шӯрӣ
бар намак то вақте ки намаке бошад. Аммо дар ин қазия, нафйи мавзӯъ мусовист бо
исботаш, пас ин ҷо маҳмул дар ҳар ду сурати нафю исботи мавзӯъ содиқ аст.
Бинобар ин, дар Қуръни Карим вуҷуди Худованд мусаллам ва ғайри қобили инкор
қаламдод шуда, бо тааҷҷуб пурсида шуда, ки “Оё дар вуҷуди Худо шакке ҳаст?”
Ин асли вақеияти ҳастӣ ҳамон чизест, ки дар фалсафа аз он ба воҷибул-вуҷуд,
ва дар забони дин аз он ба Худо ҷалла исмуҳу таъбир мешавад. Албатта ногуфта
намонад, ки мо ин ҷо фақат дар садади баёни бархе аз ҷиҳоти васфи Қуръон аз
Худованди Суҳон будем, ки ба ин баҳс иртибот дошт.
|