Насх дар Қуръон

Аллома Сайид Муртазо Аскарӣ

Яке аз айбҳое, ки душманони ислом бар Қуръон ва ҷовидонагии он мегиранд, ин аст, ки мегӯянд, агар Қуръон китоби Худост, пас чаро дар он насх воқеъ шудааст. Насх ба ин маъно, ки ояте омада ва ҳукмеро баён кардааст, сипас баъд аз гузаштани замоне, ояти дигаре омада ҳукми аввалиро аз байн бардошта ба ҷояш ҳукме дигар овардааст.

Ин масъала, мавриди қабули тамомии муфассирон аст. Аммо яке аз донишмандони муосир, Аллома Сайид Муртазо Аскарӣ, дар як пажӯҳише илмӣ бо истинод ба худи Қуръон, собит мекунад, ки дар Қуръон насхе, ба он маъно, ки иддао шудааст, воқеъ нашуда, балки ин муфассирон буданд, ки дар натиҷаи адами фаҳми дақиқи маорифи қуръонӣ, ба як чунин ақидае гаройидаанд.

Ҳоло, ин гуфтор аз Аллома, чи мавриди қабули мо бошад ё набошад, аммо ошноӣ бо он, аз фоида холӣ нахоҳад буд, ба вижа агар мавриди пазириш воқеъ гардад, дигар аз тӯҳмати ину он, Қуръони мо дар амон хоҳанд монд.

Инак, гуфтори Аллома Сайид Муртазо Аскарӣ:

Муфассирон барои истидлол бар вуқӯи насх дар Қуръони карим ба ояти

гЗ ддУО гд ВнЙ Зж ддУеЗ дГК ИОнС гдеЗ Зж гЛбеЗ

Яъне, “Мо ҳеҷ оятеро насх намекунем ё аз ёд намебарорем (аз ёди шумо), магар ин ки беҳтар аз онро ё монанди онро меоварем”, истидлол кардаанд.(1)

Баррасии мавориди истеъмоли моддаи ( ЗбВнЙ ) дар Қуръони карим:

Моддаи оят ( ЗбВнЙ ) ба маънои луғавӣ ва истилоҳӣ дар Қуръон 382 бор ба кор рафтааст.

а) Бо лафзи муфрад ( ЗбВнЙ ) 84 бор ба кор рафта;

б) Бо лафзи мусанно (ВнКнд) як бор ба кор рафта;

в) Бо лафзи ҷамъ (ВнЗК) 148 бор ба кор рафта;

г) Бо лафзи “ВнКЯЎ ВнЗКЯЎ ВнЗКдЗЎ ВнЗКеЎ ВнЗКеЗЎ ВнЗКн” 149 бор ба кор рафтааст.

Маънои луғавии оят ( ЗбВнЙ ), аломати намоён бар як шайъи маҳсус, ё ишораи далолаткунанда бар як шайъи ғайри маҳсус ва ақлонӣ аст.

Ва ин калима дар истилоҳи исломӣ, дар маонии зерин истеъмол шудааст:

а) Мӯъҷизаҳои пайғамбарон;

б) Ҳар ҳукме аз шариати Худованд, ки дар фасле ё фаслҳое аз Қуръон ё китобҳои осмонии дигар омадааст;

в) Ҷузъе аз сура, ки бо адад мушаххас шудааст, ки бо ин маъно ба ғайр аз лафзи ҷамъ (ВнЗК) дар Қуръон ба кор нарафтааст.

Аввал: Маънои луғавии ( ЗбВнЙ ), ки дар Қуръон омадааст:

а) “ж МЪбдЗ Зббнб жЗбдеЗС ВнКнд ЭгНждЗ ВнЙ Зббнб” (2) яъне, “Мо шабу рӯзро ду аломат қарор додем, пас аломати шабро аз байн бурдем”.

б) “... жЗбУНЗИ ЗбгУОС Инд ЗбУгЗБ жЗбЗСЦ бВнЗК бЮжг нЪЮбжд” (3) яъне, “Абрҳои ромшуда байни осмону замин ба таъкид аломатҳое ҳастанд барои қавме, ки меандешанд”.

Дуюм: Маънои истилоҳии оят, ки дар Қуръон омадааст:

а) Мисоли маънои истилоҳии оят ба маънои аввал, яъне мӯъҷиза,
“еРе дЗЮЙ Зббе бЯг БЗнЙ” (4) яъне, “Иншутури Худованд барои шумо мӯъҷиза аст”;

б) Мисоли маънои истилоҳии оят ба маънои дуюм, яъне ҳукм
“жЗРЯСд гЗ нКбн Эн ИнжКЯд гд ЗнЗК Зббе жЗбНЯгЙ” (5)ки хитоб ба ҳамсарони Паёмбар (с) мефармояд:

“Ва ба ёд биёред он чиро ки дар хонаҳои шумо тиловат мешавад аз аҳкоми Худо ва ҳикмат”.

Ва низ ояти: “ж гЗ ЯЗд СИЯ гебЯ ЗбЮСн НКн нИЪЛ Эн ГгеЗ СУжбЗ нКбжЗ Ъбнег ВнЗКдЗ” (6)

яъне, “Парвардигои ту ҳалоккунандаи ободие нест, магар ин ки дар бахши бузурги он паёмбар мефиристад, то бар онҳо ҳукмҳои моро бихонад”.

в) Мисоли маънои истилоҳии оят ба маънои сеюм, яъне ҷузъе аз сура,
“ЗбС КбЯ ЗнЗК ЗбЯКЗИ ЗбгИнд” (7)

яъне, “Алиф, лом, ро. Ин оятҳои (ҷузъҳо) китоби рӯшан аст”.

Чун моддаи ( ВнЙ ) оят, байни теъдоде аз маъноҳои истилоҳӣ ва луғавӣ муштарак аст ва бо ҳамаи он маъноҳо дар Қуръон ва ҳадис ба кор рафтааст, ногузир бояд дар калом қаринае оварда шавад, ки бар маънои мақсуд далолат намояд, ҳамон тавре ки ин ҳолат дар бораи ҳамаи лафзҳои муштарак, ки дорои маъноҳои гуногун ҳастанд вуҷуд дорад ва ин қоида риоят мешавад. Мо ин ҷо барои он як мисол аз истилоҳоти исломӣ, яъне лафзи салот ( ЗбХбЗЙ ) меоварем:

Салот, дар луғат ба маънои дуо мебошад ва дар истилоҳи исломӣ бар чанд маъно вазъ шудааст:

Намозҳои рӯзона, намози ду ид (Рамазон ва Қурбон), намози хусуф ва кусуф ва намозҳои дигар.

Пас, дар ҳангоми истеъмоли ин лафз, лозим аст қаринае вуҷуд дошта бошад то маънои мақсуд аз лафзро таъмин кунад. Масалан, бояд чунин гуфта шавад: Агар моҳ хусуф кунад, бар ту воҷиб мешавад, ки ду ракъат салот бигузорӣ.

Ҳамчунин аст дар мавриди лафзи оят ( ЗбВнЙ ), зеро агар ин лафз дар истилоҳи исломӣ байни чанд маъно муштарак бошад, ҳамчун маъноҳое, ки зикр шуд, дар калом бидуни қаринае, ки далолат бар маънои мақсуд кунад, истеъмол намешавад.

Масалан, вақте гуфта мешавад: “еРе дЗЮЙ Зббе бЯг БЗнЙ”, аз зикри шутур дар ин ҷо мефаҳмем, ки мурод аз оят ин ҷо мӯъҷизаи паёмбарон аст.

Ва низ аз ду лафзи “гЗ нКбн” ва “ЗбНЯгЙ” дар ин ҷо мефаҳмем, ки мурод аз оятҳо “ЗнЗК” дар он аҳкоме аз шариати ислом аст, ки дар фаслҳое аз Қуръон омадааст, зеро маънои тиловати китоб, хондани он ва тадаббур дар маънои он аст, ки ин фаҳми маънои аҳкомро мерасонад.

Ҳамин тавр дар бораи ин сухани Худованд, ки фармуд: “СУжбЗ ИКбжЗ Ъбнег ВнЗКдЗ”, зеро мурод, паёмбарест, ки бар онҳо аҳкоми Худовандро дар фаслҳое аз Қуръон мехонад.

Ва аз зикри “ЗбС” ва ишораи ба он бо калимаи (КбЯ) мефаҳмем, ки мақсуд аз оёт (ЗбВнЗК) маҷмӯаест, ки аз ҳарфҳое ҳамчун ЗбЭ, бЗг ва СЗ ташкил шудааст, пас маънои оёт (ЗбВнЗК) дар ин ҷо, маҷмӯаи лафзиест, ки дар он фақат алфоз эътибор шудааст, на маъно, ва он маҷмӯаест, ки бо ададҳо мушаххас шудааст ва аз ҳамаи онҳо бо ҳам як сура ташкил мешавад.

Ва бино бар қавли вуҷуд надоштани лафзи муштарак дар Қуръон ҳам, ногузир бояд қаринае бошад, ки бар фарди мақсуд аз як маънои куллӣ далолат намояд, дар ҷое, ки он лафзи вазъшуда бар як маънои куллӣ дар Қуръон ба кор равад ва фарди хоссе аз масодиқи он ирода шуда бошад.

Ва бино бар он чи мо баён кардем, ногузир бояд дар мавриди ёдшуда қаринае вуҷуд дошта бошад, пас дар ҳар сурат бениёз аз вуҷуди қарина нестем.

Бинобар ин, лафзи оят ( ЗбВнЙ ) дар китобҳои осмонӣ ё исме аст барои маъноҳое, ки дар онҳо омада, ки он маъно ҳамон аҳком аст, ё исме аст барои маҷмӯае аз калимот, ки бо ададҳо аз ҳам ҷудо шудаанд дар Қуръон.

Ин ҷо ду оятеро баррасӣ хоҳем кард, ки барои вуқӯи насх дар Қуръон ба он ду истидлол кардаанд.

а) Ояти “гЗ ддУО гд ВнЙ Зж ддУеЗ дГК ИОнС гдеЗ Зж гЛбеЗ” (8)

Ин ҷо ( ЗбВнЙ )-ро ба ҷузъе аз сура тафсир кардаанд, ки дар ин сурат ба гумони онҳо маъно чунин мешавад: Мо ояте аз оятҳои Қуръонро насх намекунем ё онро аз зеҳнҳо намебарем, магар ин ки ба ҷои он оёте аз Қуръон, ки беҳтар аз он ё монанди он аст, меоварем.

б) Ояти (ж ЗРЗ ИПбдЗ ВнЙ гЯЗд ВнЙ ...) (9)

Ин ҷо низ лафзи оят ( ЗбВнЙ )-ро ба ҷузъе аз сура тафсир кардаанд, ки дар ин сурат ба гумони онҳо маъно чунин мешавад: Ҳар гоҳ мо ояте ё оятҳое аз сураҳои Қуръонро ба ҷои ояти дигар табдил кардем...

Ба ин ду оят дар бораи қавли худ ба насх истинод карда ва он дуро дар тафсирҳои худ низ чунин тафсир кардаанд, махсусан касоне, ки ба тафсири ривоии Қуръон кардаанд. Ва дар тафсири ин ду оят ривоёти пиндорӣ дар ҳукми раҷм ва монанди онро ворид кардаанд ва ҳамчунин ривоёти пиндорӣ дар бораи ду сураи Абӯмӯсо ва ду сураи Ҳафд ва Халъ.(10)

Ва бо чунин тафсирашон, роҳи ҳалле барои ҳалли муаммои ин гуна ривоёт пайдо кардаанд, ки аз нуқсони Қуръон сухан ба миён овардааст (маозаллоҳ) ва гуфтаанд, ки тиловати он бахш аз Қуръон насх шудааст.

Табарӣ дар тафсири ояти (гЗ ддУО ...) теъдоде аз ин ривоётро овардааст.(11)

Суютӣ низ ҳамаи ин ривоётро овардааст.(12)

Ҳоким дар китоби “Маърифатус-саҳоба” дар тарҷумаи ҳоли саҳобӣ Убай ибни Каъб ин ривоётро овардааст.

Муноқишаи истидлоли муфассирон ба ин ду оят:

Муноқишаи истидлол ба ояти (гЗ ддУО гд ВнЙ)

Муноқишаи мо дар ин оят тафсири лафзи оят ( ЗбВнЙ ) ба маънои ҷузъе аз сура аст, ки маъно бино бар қавли онҳо чунин мешавад: Мо ояте аз сураҳои Қуръонро насх намекунем ё ҳукму тиловати онро аз зеҳнҳо намебарем, магар ин ки беҳтар аз онро меоварем.

Мо дар муноқишаи он мегӯем:

Аввалан: Гуфтем, ки моддаи оят ( ЗбВнЙ ) байни маънои луғавӣ ва теъдоде аз маъноҳои истилоҳӣ аз назари маъно муштарак аст ва лафзи муштарак байни теъдоде аз маъно дар ҷумла бидуни вуҷуди қаринае, ки маънои мақсуд аз байни ин маъноҳоро мушаххас намояд, ба кор бурда намешавад.

Дуюман: Дар ин ҷумла қаринае, ки маънои мақсудро мушаххас намояд омадааст. Зеро ин оят зимни маҷмӯае аз оятҳо омадааст, ки Худованд дар он яҳудро сарзаниш мекунад, ки на ба ин Қуръон ва шариати Хотами Паёмбарон (с) ва на ба Инҷил ва шариати Исо (а) имон надоранд, он гоҳ мефармояд:

ж бЮП ГКндЗ гжУн ЗбЯКЗИ ж ЮЭндЗ гд ИЪПе ИЗбСУб ж ГКндЗ ЪнУн ЗИд гСнг ЗбИндЗК ж ЗнПдЗе ИСжН ЗбЮПУ ЗЭЯбгЗ МЗЖЯг СУжб ИгЗ бЗ Кежн ЗдЭУЯг ЗУКЯИСКг ЭЭСнЮЗ ЯРИКг ж ЭСнЮЗ КЮКбжд

То он ҷо ки мефармояд:

ж бгЗ МЗБег ЯКЗИ гд ЪдПЗббе гХПЮЗ бгЗ гЪег ... ЯЭСжЗ Ие ... ж ЗРЗ Юнб бег ЗгджЗ ИгЗ ЗдТб Зббе ЮЗбжЗ дДгд ИгЗ ЗдТб ЪбндЗ ж нЯЭСжд ИгЗ ж СЗБе ... ж бЮП ЗдТбдЗ ЗбнЯ ЗнЗК ИндЗК ж гЗ нЯЭС ИеЗ ЗбЗ ЗбЭЗУЮжд ... гЗ ддУО гд ЗнЙ Гж ддУеЗ дГК ИОнС гдеЗ Зж гЛбеЗ ... Збг КЪбг Зд Зббе де гбЯ ЗбУгЗжЗК жЗбЗСЦ ... ж бд КСЦн ЪдЯ ЗбнежП жбЗ ЗбдХЗСн НКн ККИЪ гбКег ...(13)

Бинобар ин, маънои (гЗ ддУО гд ЗнЙ) чунин аст:

Мо ҳукмеро - ҳамчун ҳукми қаблӣ ва иди рӯзи шанбе - аз китоби Мӯсо (а), яъне Таврот ё китоби Исо (а), яъне Инҷил насх намекунем, магар ин ки беҳтар аз онро меоварем, ки он ҳукми истиқболи Каъба ва иди рӯзи ҷумъа дар Қуръон ва суннати Паёмбар (с) аст.

Ин маънои (гЗ ддУО гд ЗнЙ) буд.

Аммо (ддУеЗ), ё аз моддаи (ЗдУЗеЗ ндУнеЗ) аст, ё аз моддаи (ЗдУГеЗ ндУЖеЗ). Агар аз моддаи (ЗдУЗеЗ) бошад, маънои он баъд аз таваҷҷӯҳ ба ин масъала рӯшан мешавад, ки Худованд даҳҳо ҳазор паёмбар бар умматҳои гузашта фиристода, ки он умматҳо аз байн рафта ва мунқариз шудаанд; паёмбароне, ки исме аз онҳо дар Қуръон наомадааст ва Худованд ахбори онҳоро дар Қуръон зикр накардааст ва фақат исми баъзе аз анбиёи Бани Исроил ва анбиёи арабро дар Қуръон оварда, ки дар минтақаи нимҷазираи Арабистон ва атрофи он зиндагӣ кардаанд. Ва Худованд достони бархе аз ононро ёдовар шуда ва достони бархе дигарро аз зеҳнҳо бурдааст, монанди Ҳибатуллоҳ Шайс ибни Одам ва Узайр, ки Яҳуд гуфта буданд Ӯ писари Худо аст. Худованд достони бархе аз онон ва китоби бархе дигарро аз зеҳнҳо бурд, вале исми ононро ба ёд андохт ва барзе дигарро исмашонро ҳам аз ёд ва зеҳнҳо бурд.

Бинобар ин, маънои (Гж ддУеЗ) чунин аст:

Ҳар гоҳ матлаби китобҳои гузаштагон мисли китоби Шайс ва монанди ӯро аз зеҳнҳо бибарем, беҳтар аз он ва комилатар аз онро меоварем, мисли он чи дар Қуръон ва шариати хатми паёмбарон (с) омадааст.

Ва агар аз моддаи (ндУЖеЗ) бошад, маънои он чунин мешавад: (ГдУГе ндУЖе Зн ГМбше ж ГОСше) яъне, ба ӯ мӯҳлат дод ва ӯро ба таъхир андохт, ҳамон гуна, ки дар маънои (ЗбЗФеС ЗбНСг жЗбдУЖ) омадааст.

Бинобар ин, маъно чунин аст: Мо таблиғ ва расондани ҳукмро ба таъхир меандозем ба хотири он ки барои мардум дар он замон, яъне вақти расидани таблиғи он, як хайре хоҳад буд, мисли таъхири таблиғи насхи ҳукми истиқболи Байтулмақдис то замони ҳиҷрати ҳазрати Паёмбари акрам (с) ба Мадина. Ин маъно, маънои мурод ва мақсуд аз (ддУеЗ) дар оят аст, на маънои аввал.

Як араби зирак ва боҳуш бо завқи салими худ ин сухани моро мефаҳмад, агар барои дарки маънои ин оят фақат ба худи Қуръон таваҷҷӯҳ намояд.

Вақте ба китобҳои тафсирӣ муроҷиа мекунем, мебинем, ки онҳо ба тарзи зерин амал кардаанд.

Аввалан: Ин оятро аз макони худаш, ки як маҷмӯаи якпорчае аз оятҳои дорои сиёқи ягонаанд ҷудо кардаанд.

Дуюман: Бар ин ояти карима анвои табдил ва тағйироте ҷорӣ кардаанд бар ҳасби иҷтиҳодҳои муфассирон ва қурроъ ба унвони ихтилоф дар қироатҳо.

Сеюман: Барои фаҳми маънои ин оят бар ҳадисҳое, ки дар боби насхи тиловати Қуръон омадааст, такя кардаанд, (ки дар ҷои худаш ин ҳадисҳоро баррасӣ хоҳем кард).

Муноқишаи истидлол ба ояти (ж ЗРЗ ИПбдЗ ВнЙ гЯЗд ВнЙ ... ):

Дар муноқишаи истидлолашон ба ин оят мегӯем: Ин ояти шарифа низ дар зимни як даста аз оятҳое нозил шудааст, ки Худованд дар он оятҳо аз Қуръон ва одоби қироати он ва шак кардани мушрикони Макка ба он ва ботил кардани тӯҳматҳои онон сухан гуфтааст, он ҷо ки мефармояд:

ЭЕРЗ ЮСГК ЗбЮСВд ЭЗУКЪР ИЗббе гд ЗбФнШЗд ЗбСМнг Еде бнУ бе УбШЗд Ъбн ЗбРнд ВгджЗ ж Ъбн СИег нКжЯбжд ЗдгЗ УбШЗде Ъбн ЗбРнд нКжбжде жЗбРнд ег гФСЯжд ж ЗРЗ ИПбдЗ ВнЙ гЯЗд ВнЙ жЗббе ЗЪбг ИгЗ ндТб ЮЗбжЗ ЗдгЗ ЗдК гЭКС Иб ЗЯЛСег бЗ нЪбгжд Юб дТбе СжН ЗбЮПУ гд СИЯ ИЗбНЮ бнЛИК ЗбРнд ВгджЗ ж еПнр ж ИФСн ббгУбгнд ж бЮП дЪбг Здег нЮжбжд ЗдгЗ нЪбге ИФС бУЗд ЗбРнд нбНПжд Збне ЗЪМгн ж еРЗ бУЗд ЪСИн гИнд ... ЗдгЗ нЭКСн ЗбЯРИ ЗбРнд бЗ нДгджд ИЗнЗК Зббе ж ЗжбЖЯ ег ЗбЯРИжд (14)

Худованди субҳон мефармояд: “Ҳар гоҳ Қуръон хондӣ, аз шайтони рондашуда ба Худо паноҳ бар, зеро ӯ тасаллуте бар мӯъминон надорад... ва ҳар гоҳ оятеро табдил додем”, яъне баъзе аз аҳкоми Қуръонро, ки дар бархе аз фаслҳои он омада “ба ҷои ояти дигар”, яъне ба ҷои аҳкоми Таврот ва Инҷил, ки дар бархе аз фаслҳои яке аз он ду омадааст ва Худо ба он чи нозил мекунад ва ба ҳикмати он донотар аст, мушрикон гуфтанд: ба ту дурӯғе баста шуда дар он чи аз китоби маҷид овардӣ, бигӯ онро Руҳул-қудс аз ҷониби парвардигорат нозил кардааст, то он касоне, ки имон овардаанд собитқадам бишаванд ва ҳидоят ва башоратест барои мусалмонон ва мо медонем, ки онҳо мегӯянд: ба таҳқиқ онро ба ӯ башаре таълим додааст – гуфта шудааст, ки гумон мекарданд ӯ як насрониест, ки дар Макка ба сар мебурд – забони касе, ки таъна мезаданд ғайри арабӣ аст ва ин забони арабии рӯшан аст”.

Ин тафсир барои ин даста аз оятҳо, ки ояти (ИПбдЗ ВнЙ) низ дар зимни он аст, барои ҳар касе ки камтар огоҳие аз луғати арабӣ ва истилоҳоти исломӣ дошта бошад, рӯшан аст.

Ин чаҳор масъала назари моро таъкид мекунад.

1. Шурӯъ шудани маҷмӯи ин даста аз оятҳо бо зикри Қуръон;

2. Замири овардашуда дар калимаи (дТбе).

Зеро агар мақсуд аз (дТбе) нозил кард, оят ( ЗбВнЙ ) буд, сазовор буд, ки гуфта шавад (дТбеЗ), яъне оятро нозил кард ва вақте, ки Худованди мутаол замирро ба сурати музаккар овард, рӯшан мешавад, ки мақсуд аз он ҳамон Қуръон ё ҳукме аз Қуръон аст. Бинобар ин замирро ба маънои оят, ки ҳамон Қуръон ё ҳукми зиркшуда дар Қуръон аст, баргардонд, на лафзи он.

3. Ҳикояти Худованд сухани мушриконро, ки гуфтанд онро ба ӯ (Паёмбар (с)) як башар таълим додааст. Ва қасди мушрикон аз таълими башар, таълими Қуръон ё баъзе аз аҳкоми Қуръон аст (маозаллоҳ) ва ҳаргиз мақсуди онҳо таълими як оят аз Қуръон нест;

4. Амр кардани Худованд паёмбарашро ба пайравӣ аз миллати Иброҳим (а) ва ин сухани Худованд, ки баъд аз он зикр шуд: (ЗдгЗ МЪб ЗбУИК Ъбн ЗбРнд ЗОКбЭжЗ Эне)(15), ки мурод аз (ЗОКбЭжЗ Эне) (касоне, ки ихтилоф карданд), Бани Исроил аст, ки пас аз ин Худованд он оятҳоро бо ин сухан ба поён мерасонад.

ж Ъбн ЗбРнд еЗПжЗ НСгдЗ гЗ ЮХХдЗ ЪбнЯ гд ЮИб(16)

Ва бар яҳудиён ҳаром гардонидем аз пеш он чиро ба ту ҳикоят намудем.

Мо дар тафсирҳо ҳеҷ ҷо ривояте аз ҳазрати Паёмбари акрам (с) наёфтем, ки лафзи оят ( ЗбВнЙ )-ро дар ин ду маврид ба маънои ҷузъе аз сура гирифта бошанд, ҳамон тавре ки муфассирон пиндоштаанд ва ҳар чи дар ин бора гуфта шудааст, ҳама аз худи муфассирон нақл шудааст.

Поёни гуфтори Аллома Сайид Муртазо Аскарӣ

Тарҷума аз арабӣ тавассути Сайид Маҳмуди Истаравшанӣ анҷом гирифтааст.

Пайнавиштҳо:

1−Сураи Бақара: 106

2−Сураи Исро: 12

3−Сураи Бақара: 164

4−Сураи Аъроф: 73, Ҳуд: 64

5−Сураи Аҳзоб: 34

6−Сураи Қасас: 59

7−Сураи Юсуф: 1

8−Сураи Бақара: 106

9−Сураи Наҳл: 101

10−Ал-итқон, ҷ. 2, с. 27.

11−Тафсири Табарӣ, ҷ. 1, с. 378 то 383.

12−Тафсири Табарӣ, ҷ. 1, с. 104 то 106.

13−Сураи Бақара: 87-120

14−Сураи Наҳл: 98-105

15−Сураи Наҳл: 124

16−Сураи Наҳл: 118