Қуръон ва каломи қудсӣ
Роҳе бизан, ки оҳе бар сози он тавон зад,
Шеъре бихон, ки бо ў ратли гарон тавон зад.
Ҳофиз аз ифтихороти шеъру адаб ва ҷомеаи порсӣ аст. Ў даҳҳо ҷилд маснавӣ ва
девон ва қасоид надорад! Ҳофиз танҳо як девони ғазал дорад. Аммо ғазалҳои зебо,
заминӣ ва мондагор!
Дило, дидӣ, ки он фарзона фарзанд,
Чӣ дид андар хами ин тоқи рангин?
Ба ҷои лавҳи симин дар канораш,
Фалак бар сар ниҳодаш лавҳи симин.
Ҳофиз на ҷомеашинос ва рўшанфикр, ки ривоятгари замони хеш аст! Дар канори
ишқу ёр ва хумор, ў ривоятгари дуруўиҳо, нифоқ, костиҳо ва инҳирофоти ҷомеаи
замони хеш аст. ба қавли як бузург, ў на як инсони комил, балки комилан инсон
аст.Ба ҳар рўй имрўз, Ҳофиз яке аў мафохири мост, хиёбонҳо, маконҳо, сохтмонҳо
ва толорҳоямон ба номи ўст, девонаш аз ҷумлаи пурфуруштарин китобҳо аст, фоли
Ҳофиз ва тафаъул ба девони ў, амали пазируфта шуда дар байни мо, ашъораш
дилнавозу зебо ва матни зебои таронаҳо ва оҳангҳои мост.Рўзи 13 октябр (20 меҳр)
баҳонае аст барои бузургдошти ин шоири бузурги ҷаҳон; ба ин рўй, бо яке аз
устодони адабиёт ва яке аз пажўҳишгарон арсаи шеъру адаб ба гуфтугў нишастем.
Доктор Исмоил Даёнӣ узви ҳайати илмии донишгоҳҳои кишвари Эрон ва устоди
донишгоҳи мазоҳиби исломӣ (вабаста ба Маҷмаи Ҷаҳонии Тақриби Мазоҳиби Исломӣ)
бузургдошти шуарои Эронзаминро муборак ва маймун тавсиф мекунад ва онро ба фоли
нек мегирад; вай таъкид мекунад: Адабиёт ва фарҳанги мо ниёз дорад, ки мо
худамон пеш биафтем ва таблиғ кунем ва зоҳиран яке аз абзорҳо ва васоили хубу
муносиб бо шууноти ҳамин буўургдошти шоирон аст. Ман ин рўзро ба ҳамаи аҳолии
адаб, ҳикмат ва ирфон табрик мегўям.
Тақриб: Ҳофиз кӣ буд ва дар шеъру адаби форсӣ чӣ таъсире дорад?Ба як таъбире
Ҳофизро ҳама мешиносанд вай шоир ва андешаманди бузурге буд, вале агар бидонем,
ки чаро Ҳофиз, Ҳофиз шуд ва мақоми воқеии ў чист бояд дар чанд меҳвар онро
мавриди баррасӣ қарор дод. Яке ин ки шуарое, ки баъд аз Ҳофиз омаданд, чӣ вазъе
доштанд ва чӣ гуна ба Ҳофиз нигоҳ карданд, дуюм ҳофизпажўҳон ва нусхапардозон,
сеюм устодони фан ва дигарӣ мардуманд. Дар мавриди шуаро, мушаххас аст, ки
шуарое, ки баъд аз Ҳофиз омаданд, алалхусус онҳое, ки дар ирфон ва адабиёти
ирфонӣ ва шеър ғиноӣ шеър сурудаанд, таъсири аҷиберо аз Ҳофиз доштанд. Ҳофиз
шоири қадри аввали мост, шоире аст, ки ба истилоҳ, “ғазалро ба осмон бурд ва
онро ҳамонҷо қарор дод”. Мақоми Ҳофиз ин аст, ки ғазалро ба ҷое бурд, ки
дастарсӣ ба он маконат душвор аст. Дар мавриди ҳофизпажўҳон бояд инро гуфт, онҳо
корҳои зиёдеро ба сурати тахассусӣ анҷом додаанд, марҳуми Аҳмад Алӣ Раҷоии
Бухороӣ, ки фарҳанги ашъори Ҳофизро чоп карда аз иборати “Ҳофиз бас” истифода
мекунад, ки ба ин маъност, ки бас аст сўҳбат кардан дар мавриди Ҳофиз. Аммо
Ҳофиз қудрат ва сеҳре дорад, ки маҳро мафтуни худ кардааст. Ҳамчунон ҳофизпажўҳӣ
яке аз роиҷтарин мавзўотест, ки дар дабаиёти форсӣ вуҷуд дорад ва ин мўъҷизаи
Ҳофиз аст. меҳвари баъдӣ устодони фнне ҳастанд, ки дар донишгоҳҳо ба унвони
устоди расмӣ ин дарсро бар ўҳда доранд ва ин дарс аз пуртарафдортарин маводди
дарсӣ аст ва ҳама дўст доранд аз Ҳофиз сухан бигўянд ва зебоиҳо ва шигифтиҳои
Ҳофизро баён кунанд то ҳадде ки иғроқ ва муболиға сурат мегирад, яъне ҳар
ғазале, ки аз Ҳофиз ба даст мегиранд, ба қадре онро манаббаткорӣ мекунанд, ки
шояд худи Ҳофиз низ дар фикри баъзе аз ин масоил набудааст, вале мо дўст дорем,
ки ин манаббаткориҳоро бо шеъри Ҳофиз анҷом диҳем ва ин яке аз осебҳои
ҳофизшиносӣ аст.Мардуми аз қадим ва асри худи Ҳофиз ошиқи шеъри вай буданд ва
Ҳофизро дўст медоштанд ва ўро забони қалб ва дил ва замири худашон медонистанд.
Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон, ғам махур,
Кулбаи аҳзон шавад рўзе гулистон, ғам махур.
Ин байтро ҳангоме ки ошиқе мешунавад, таскин пайдо мекунад, модаре, ки
фаранде дар сафар дорад, оромиш меёбад ва касе, ки мушкиле дорад, таскин меёбад.
Ҳунари бузург ва азамати Ҳофиз, ки мавриди баҳс аст, ин аст, ки ҳамеша аз забони
дили мардум сўҳбат мекард, мардум низ ҳамеша ўро дўст медоштанд ва дўст
медоранд; шояд маънои шеъри Ҳофизро нафаҳманд, аммо ба ў алоқа доранд. Мехоҳам
абёте аз шеъри Ҳофизро бихонам ва бидонед, ки Ҳофиз дар мавриди худаш чӣ мегўяд,
албатта шуарои мо дар мавриди худашон иғроқ кардаанд ва шояд Ҳофиз низ ин корро
кардааст, вале ин софан асоси суханро гуфтаи вай мегўяд:
Ғазал гуфтию дур суфтӣ, биёву хуш бихон, Ҳофиз,
Ки бар назми ту афшонад фалак иқди сурайёро.
Ин як шеъри муболиғаомез ва хаёлӣ аст, аммо бисёр олӣ мавқеият ва маконати
шеъри худро баён медорад. Вай дар ҷои дигар мегўяд:
Кас чу Ҳофиз накашид аз рухи андеша ниқоб,
То сари зулфи арўсони сухан шона занад.
Ҳамчунин ин гуна месарояд:
Дар осмон на аҷаб гар ба гуфтаи Ҳофиз,
Суруди зўҳра ба рақс оварад Масеҳоро.
Ин абёт эъҷоз доранд ва дар айни иғроқомез будан, нишондиҳандаи ҷойгоҳи Ҳофиз
аст.
Тақриб: Ҳофиз дар дабиёти ҷаҳони ислом ва ҷаҳони ғарб аз чӣ ҷойгоҳе бархурдор
аст?
Ҳофиз аз оғози шеърсароӣ ва шўҳрати худаш, ки дар Шероз барои худ ба даст
овард, дар ҷаҳони ислом мавриди таваҷҷўҳ буд. Адабиёти Ҳиндро дар назар бигиред,
Ҳиндустон, Поикистон, Афғонистон ва Банглодеш ва ҳамчунин кишварҳои Осиёи Миёна,
ки ба забони форсӣ сўҳбат мекарданд, ҳама аз ашъори Ҳофиз баҳра бурдаанд. Дигар
шоирони форсизабон мисли Саъдӣ, Фирдавсӣ ва... низ ҳамин гуна будаанд.
Ҳофиз низ дар даврони куҳан ва ҷаҳони ислом шинохташуда аст, алъон ҳам ин
тавр аст, яъне ҳанўз он адабдўстӣ ва ҳофиздўстӣ дар кишварҳои Шибҳи Қораи Ҳинд
қатъ нашуда ва мулозими он, Ҳофиз дар он ҷо роиҷ аст. Дар Кашмир низ Ҳофизро
дўст медоранд ва ба ў ишқ меварзанд ва ман худ шоҳиди он будам. Ҳамчунин дар
иртиботе, ки бо асотиди кишварҳои арабӣ доштам, ин масъала мавриди таъйид аст.
Онҳо збон ва даби форсиро забони адабӣ, динӣ ва фохири ҳунарӣ медонанд. Аммо дар
мавриди ҷойгоҳи Ҳофиз дар адабиёти ғарб, лозим медонам китоберо муаррифӣ кунам,
ки аҳли фан ба хубӣ онро мешиносанд. “Девони шарқӣ” асари Гёте, ки дарон шигифтӣ
ва шайдоии яке аз аркони чаҳоргонаи адабиёти аврупо, яъне Гёте шоири олмонӣ ба
Ҳофиз дида мешавад. Вай бисёр ошиқ ва шефта дар мавриди Ҳофиз сўҳбат мекунад;
вай мегўяд, Ҳофиз, ман мехоҳам мисли ту шеър бигўям ва мисли ту шеърам қофия
дошта бошад ва мисли ту дар канори маъшуқам бинишинам ва ба забони форсӣ шеър
бигўям. Ниче ҳам ки файласуфи бадбине буд, аз Ҳофиз як чашмандоз ва дидгоҳи
бисёр аҷиб ва ҷолибе дорад, ки барои мо ҳақтқатан ифтихорофарин аст. Ба ҳар ҳол,
ашхосе мисли Ҳофиз дар ҷаҳони ғарб шинохташудаанад, ҳам осораш тарҷума шуда ва
ҳам шефтаи ў ҳастанд.
Тақриб: Мизони таъсири тарҷумаи ашъори Ҳофизро ба забонҳои дигар барои
интиқоли мафоҳим ва арзишҳои исломӣ ва инсонӣ ба ҷаҳон чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
Бисёр хуб, муҳим, таъсиргузор ва мояи обрў барои мо, ин бузургон ва махсусан
Ҳофиз барои мо сармоҳои лоязоле ҳастанд, ки мо бояд аз онҳо истифода кунем, чун
афкор ва андешаҳои онҳо реша дар уқёнуси ҳикмат ва маърифати қуръонӣ дорад ва
кўҳнашаванда нест, бо забони ҳунарӣ ва бо забони адабӣ баён шудааст. Бинобар ин
зебост, аммо дар тарҷумаи бисёре аз зебоиҳои лафзӣ ва мусиқӣ мутаассифона ҳадар
мешавад ва чун шунавандаи хориҷӣ бо фарҳангу андешаҳои мо ошно нест, ин кор
бисёр душвор ва дар айни ҳол, хатарнок аст ва мумкин аст таъсиргузории худро аз
даст бидиҳад, аммо бояд таваҷҷўҳ намоем, ки асаргузорӣ аз ду ҷанба, лафзӣ ва
маънавӣ аст. Аз ҷанбаи маънавӣ маъно агар дуруст тарҷума шавад, маъно кори худро
анҷом хоҳад дод. Аз мутарҷимини хориҷӣ бояд интизор дошта бошем, ки фарҳанг ва
зебоиҳои каломиро бишносанд ва саъй кунанд онро бо саноеъ ва маҳоратҳои шеърӣ,
ки худашон доранд, даромезанд; тавсия мешавад, ки худамон пеш биафтем ва бисёре
аз намунаҳои шеъри бузургон ва нависандагони худро бо лаёқат ва вобилият тарҷума
кунем то битавонад ҳаққи матлабро адо кунад. Аввалин тарҷумаи шеъри Ҳофиз ба
забони олмонӣ аз шахсе будааст ба номи Фон Ҳомер, аммо ҷолиб аст бидонем, ки дар
тарҷумаҳои баъдӣ ба забони олмонӣ саъй бар он буда, ки риояти бухур ва қофияҳо
риоят шаванд, албатта ин кор муносиб нест, аммо шояд хостаанд зебоиҳои шеъри
Ҳофизро тарҷума кунанд.
Тақриб: Алорағми гузашти садҳо сол, далели мондагории ашъори Ҳофиз чист?
Яке аз далоили мондагории осори адабӣ дар Эрон ҳамин аст, ки забони Қуръон бо
руҳу ҷисми мо як шудааст, тамоми афкор ва аъмоли мо агар саод фоиз вуръонӣ
набошад, аммо Қуръонро барои мо тадоӣ мекунад ва бузургони адаби мо ҳам ҳамин
гуна будаанд. Носири Хурав дар ҳафтсолагӣ Қуръонро азёд медонист; Абўали ибни
Сино бар Қуръон ишроф дошт; шоирони мо мисли Саъдӣ ва Низомию Фирдавсӣ ва... бо
Қуръон ошноӣ доштанд. Илова бар Қуръон, каломи қудсӣ аст, ки рамзи мондагорӣ
аст. Шоир ҳам дар хона бо аҳодис сару кор дошт ва дар масҷиду ҷомеа низ
ҳамчунин. Бинобар ин асоси матлу, андеша, фикр ва он маърифату ҳикмате аст, ки
аз фарҳанги исломӣ ва динӣ бармехезад. Баъд аз он забон ва баёни бисёр зебо ва
дар айни ҳол сўзнок, сода ва риндона аст. Яки дигар аз далоили муваффақияти
шеъри Ҳофиз мусиқии дарунӣ, берунӣ ва маънавии он аст ва шеъри хуши ў буда, ки
омехта бо лаҳнҳои мухталиф, лаҳни сўзнок, наҳибомез ва дар айни ҳол дупаҳлў ва
дар бисёре аз мавоқеъ риндона ва изофа кунем бар он ки вай инсоншиноси хубе буд
ва ба забони мардум сўҳбат мекард ва ҳунарҳои шеъриро риоят мекард ва махсусан
ишқи заминиро чунон бо ишқи осмонӣ бо баёни фасеҳ талфиқ кард, ки мардум шеъри
ўро дар оинаи афкор, андешаҳо ва орзуҳои худ медиданд ва ин боис мешавад, ки
шоҳкорҳои бисёр амиқ юавуҷуд ояд ва ин боис шуд, ки бо ашъори Ҳофиз ошно шавем
ва ин омили мондагорӣ аст ва боис мешавад, ки вай бимонад ва то дунё дунёст,
шеъри Ҳофиз мондагор хоҳад буд.
Тақриб: Таъсири Қуръон ва ирфони исломӣ дар ашъори Ҳофиз чист?
Ҳофиз мегўяд:
Надидам хуштар аз шеъри ту Ҳофиз,
Ба Қуръоне, ки андар сина дорӣ.
Инҷо “ба Қуръон” ҳолати ибҳом дорад. Гоҳе мумкин аст фикр кунем, ки ин иборат
бармегардад ба мисраи аввал, аммо маънои дигар ин ин аст, ки мегўяд, ман аз
шеъри ту зеботар надидам, эй Ҳофиз ба сабаби он Қуръоне, ки дар сина дорӣ. Шумо
медонед, ки Ҳофиз ҳофизи Қуръон буд, аз тарафе иборати ҳофизро барои ҳофизони
ҳадис ва Қуръон ба кор мебаранд. Ваё ба чаҳордаҳ ривоят Қуръонро мехонд ва
қунъоншинос ва қуръонпажўҳ буд, касе буд, ки зиндагии худро бар асоси Қуръон
бино карда ва ба ҳамин ҷиҳат аст, ки шеъраш азамат ва мақом пайдо карда ва худаш
дар ашъораш ба ин нукта ишора мекунад. Аслан биниши ў биниши ирфони исломӣ аст.
ирфони исломӣ ирфонест, ки аз ислом бархоста бошад, яъне аз Қуръон, аҳодис ва
фармоишот ва зиндагонии имомон ва ба иборати дигар, аз сақалайн; воқеият ин аст,
ки шеъри Ҳофиз бисёре аз мавоқеъ тарҷумагунае аст аз Қуръон. Хоҳ-нохоҳ Ҳофиз
матлабе, ки баён мекард, матлаби қуръонӣ буд ва дар масоили мухталифе мисли
ҷабру ихтиёр ва қазову қадар ба он ишора мекунад.
Дўш дидам, ки малоик дари майхона заданд,
Гили одам бисириштанду ба паймона заданд.
Сокинони ҳарами сатру ифофи малакут,
Бо мани роҳнишин бодаи мастона заданд.
Осмон бори амонат натавонист кашид,
Қуръаи кор ба номи мани девона заданд.
Ин дақиқан фарҳанг ва ирфони исломӣ ва фарҳангу ирфони динӣ аст ва
муҳаққиқине, ки кор карданд, ҳама ба он изъон доранд. Ҳофиз яъне афкори исломӣ,
қуръонӣ ва динӣ, ки бо фарҳанг ва дину мазҳаби мо сару кор дорад ва ба ҳамин
далел матолиби он зебо ва қобили фаҳму дарк аст ва ин ҳама мардум бо ў ухт
шудаанд.
Тақриб: Чӣ гуна метавон аз ашъор ва дидгоҳҳои Ҳофиз дар ҷиҳати ҳамгароии
байни мусулмонон суд ҷуст?
Саволи хуберо матраҳ кардед. Дар шеърҳо афкор ва андешаҳое, ки дар ғазалҳои
Ҳофиз аз ҳақиқат вуҷуд дорад ҳикмат, ақлгароӣ, андеша ва авотифи бузурги инсонӣ
мавҷ мезанад. Аз қазо инҳо метавонанд нидое аз мусулмонон ва форсизабонон барои
дунё бошад; мардуми дунё каму беш аз мактабҳо, фалсафаҳо ва идеологияҳое, ки дар
гузашта ҳунарнамоӣ карда ва алъон юерамақ ва беранг афтодаанд, хаста шудаанд.
Онҳо ниёзманди андешаҳои ноб ҳастанд. Ман шунидаам, ки Мавлоно чанди соле аст,
ки дар Амрико мавриди таваҷҷўҳ қарор гирифтааст. Шуаро ва нависандагонамон чун
аз як сарчашмаи бисёр зулол ва амиқе суд бурдаанд, агар афкори онҳо ба мардуми
ташнаи дунё мунтақил шавад, шадидан онҳоро сероб хоҳад кард. Ва боис хоҳад шуд,
ки миллатҳои шарқу ғарб ва миллатҳои Ховари Миёна ба якдигар наздик шаванд.
Макотиби сохта моро аз ҳамдигар дур кардааст. Агар ба умқи матлаб биравем, ҳамаи
мо хостаҳоямон як аст, бинобар ин чӣ байни мо бо ғайримусулмон ва чӣ мусулмонон
бо ҳамдигар бисёр бояд умедвор буд, ки ин ҳамгароӣ, ваҳдат ҳамсуханӣ, ҳамовоӣ ва
ҳамдилӣ бавуҷуд ояд, иншоаллоҳ ва вазифаи адабиёт ва ҳунар низ ҳамин аст.
|