Қуръон ва ҳадис дар осори Саъдӣ
Устоди сухан Саъдии Шерозӣ монанди дигар гӯяндагон ва нависандагони порсигӯй,
ба роҳҳои гуногун аз Қуръону ҳадис баҳра бурдааст.
Гоҳ аз бахше аз оят ё ҳадис, гоҳ ба маъно ва мафҳуми онҳо ва гоҳ бо талмеҳу
ишора ба як вожа, ба он ду гавҳари осмонӣ, сухани худро гаронқадр сохта аст.
Инак, намунаҳое чанд аз гуфтори Шайх, ки бархӯрдор аз Қуръону ҳадис мебошанд:
1
Ин шоири шаҳир, дар сурудани се байти зер, ки шӯҳрати ҷаҳонӣ доранд, ба ояти
13 сураи Ҳуҷурот ва ду ҳадиси набавӣ назар доштааст:
Бани Одам аъзои якдигаранд
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд
Чу узве ба дард оварад рӯзгор
Дигар узвҳоро намонад қарор
Ту к-аз миҳнати дигарон беғамӣ
Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ
“Эй мардум! Мо шуморо аз як марду зан биёфаридем, ва шуморо шохаҳо ва тираҳо
кардем, то якдигарро бозшиносед. Ҳар ойина гиромитарини шумо назди Худо,
парҳезгортарини шумост. Ҳамоно Худо донову огоҳ аст” (Ҳуҷурот/13). Яъне тақсими
шумо ба нажодҳо ва миллатҳои гуногун, барои бозшиносии якдигар аст, на барои
тафохур, ва касе пеши Худо гиромитар аст, ки тақвои бештар дошта бошад.
Ва аммо ҳадиси набавӣ: “Мӯъминон дар дӯстӣ, ҳамдигарёбӣ ва меҳрварзияшон ба
якдигар, ҳамонанди як пайкар амал мекунанд; ҳангоме ки андоме аз он ба дард ояд,
дигар андомҳо бо бехобиву таб, бо ӯ ҳамнолаанд”, ва ё ин ҳадис: “Ҳар киро бомдод
фаро расад ва дар андешаи корҳои мусалмонон набошад, аз онон нест”.
2
Кӯҳу дарёву дарахтон ҳама дар тасбеҳанд
На ҳама мустамее фаҳм кунанд ин асрор
ишора дорад ба “Осмонҳои ҳафтгона ва замин ва ҳар кӣ дар онҳост, Ӯро ба покӣ
меситоянд, ва ҳеҷ чиз нест магар он ки Ӯро ба покӣ ёд мекунад ва меситояд, вале
шумо тасбеҳи онҳоро дарнамеёбед...” (Исро/44).
3
Чу дӯзах, ки сераш кунанд аз ваид
Дигар бонг дорад, ки “ҳал мин мазид”?
иноят дорад ба ояти 29 аз сураи Қоф: “Рӯзе ки ба дӯзах гӯйем: оё пур шудӣ? Ӯ
мегӯяд: оё боз ҳам ҳаст?”
4
Ё раб, ба лутфи хеш гуноҳони мо бипӯш
Рӯзе ки розҳо фитад аз парда бармало
ишора ба ояти 9 аз сураи Ториқ: “Рӯзе ки розҳо ошкор гардонида шаванд”.
5
Бо бадон бад бошу бо некон накӯ
Ҷойи гул гул бошу ҷойи хор хор
ишора ба ояти 29 аз сураи Фатҳ: “Муҳаммад (с) фиристодаи Худо ва касоне ки бо
ӯянд, ба кофирон сахтгир ва ба ҳамдигар меҳрубонанд”.
6
Накоҳад он чи набиштаст умру наяфзояд
Пас ин чӣ фойида гуфтан, ки то ба ҳашр бипой
ишора ба ояти 33 аз сураи Аъроф, ки: “Ва замоне ки маргашон фаро расад, на
соате дер ояд на зуд”.
7
Чандин ҳазор сиккаи пайғамбарӣ зада
Аввал ба номи Одаму охар ба Мустафо
Илҳомаш аз Ҷалилу паёмаш аз Ҷабраил
Раъяш на табиату нутқаш на аз ҳаво
Мисраи дуюм аз байти дуюм, назар ба ояти 3 аз сураи Наҷм дорад: “Паёмбар ба
хоҳиши дил сухане намегӯяд”.
8
Касро чӣ зӯру заҳра, ки васфи Алӣ кунад
Ҷаббор дар маноқиби ӯ гуфта “Ҳал ато”
Шоир дар ин байт ба ояти ҳаштум аз сураи Инсон назар доштааст. Ояти аввал:
“Оё замоне маҳдуд аз рӯзгори номаҳдуд бар одамӣ сипарӣ шуд, ки ҳеҷ номе аз вай
набуд?” Ояти ҳаштум: “Ва таомро, бо ин ки ба он ниёз доранд, ба мискин, ятим ва
асир бахшиданд”, ки дар шаъни Имом Алӣ (к) ва хонаводааш нозил шуд, ки се шаби
паёпай, ҳангоми ифтор дар рӯзаи назрӣ, таоми худро бо он ки ба он ниёз доштанд,
вале барои хушнудии Худо ба мискин, ятим ва асир бахшиданд.
9
Зӯрозмойи қалъаи Хайбар, ки банди ӯй
Ки дар якдигар гусаст ба бозуи “ло фато”
Вожаи “ло фато” ишора аст ба ин ҳадиси қудсӣ дар шаъни Алӣ (к): “Нест
ҷавонмарде магар Алӣ, ва нест шамшере магар зулфиқор”.
10
Ҳазар аз пайравии нафс, ки дар роҳи Худой
Мардумафкантар аз ин ғули биёбонӣ нест
иноят ба ин ҳадиси набавӣ: “Душмантарини душманат, нафси туст миёни ду
паҳлуят”.
11
На бар авҷи зоташ парад мурғи ваҳм
На дар зайли васфаш расад дасти фаҳм
иноят ба сухани Имом Алӣ (к) дар Наҳҷулбалоға дар васфи Худои бемонанд:
“Худое, ки ҳиматҳои баландпарвоз Ӯро дарнаёбанд ва ҳушҳои жарфандеш ба Ӯ
нарасанд”.
Ин шоири шаҳири порсигӯй, дар таъзиму тақдиси офаридгори ҷаҳон ва авсофи
ҳамидаи Расули оламиён (с) бо сурудани ашъори зоҳидона, боби раҳмати Ҳақро ба
рӯйи худ кушодааст. Кадом ориф аст, ки ин ашъори имонафзоро бихонад ва барои
сарояндааш талаби омурзиш накунад?
Баъд аз Худой ҳар чи парастанд ҳеҷ нест
Бедавлат он ки бар ҳама ҳеҷ ихтиёр кард
Ва ё:
Иқрор мекунад зуҷаҳон бар ягонагиш
Яктову пушти оламиён бар дараш ду то
Ва ё:
Мапиндор Саъдӣ, ки роҳи сафо
Тавон рафт ҷуз бар пайи Мустафо
Ва ё:
Касро чи зӯру заҳра, ки васфи Алӣ кунад
Ҷаббор дар маноқиби ӯ гуфта “ҳал ато”
Ва ё:
Ё раб, ба насли тоҳири авлоди Фотима
Ё раб, ба хуни поки шаҳидони Карбало
Дилҳои хастаро ба карам марҳаме фирист
Эй номи аъзамат дар ганҷинаи шифо
Поёни навиштор
|