|
|||||
Адабиёти ҚуръонАдабиёти қуръонӣ Шеърҳо Итрат ва Қуръон Бо ту гар хоҳӣ сухан гўяд Худо Қуръон бихон То шавад руҳи ту бо ҳақ ошно, Қуръон бихон. Раттилил Қуръона тартило, нидои раҳмат аст Медиҳад Қуръон ба ҷону дил сафо, Қуръон бихон. Эй башар ёди Худо оромиши дил медиҳад Дармандонро бувад Қуоъон даво, Қуръон бихон Гуфт Паёмбар, ки бедин аст ҳар кас беҳаёст То шавад руҳи ту пойбанди ҳаё Қуръон бихон Домҳо густарда шайтон дар масири умри ту То, ки эмин бошӣ аз ин домҳо, Қуръон бихон Эй, ки руҳат сахт пойбанди дунё шуда Мекунад Қуръон туро аз ғам раҳо, Қуръон бихон Итрати Аҳмад зи Қуръонаш намегардад ҷудо То биёбӣ маънии ин нуктаро, Қуръон бихон Ҳаст Қуръон сомиту Қуръони нотиқ итрат аст То надонӣ ин дуро аз ҳам ҷудо, Қуръон бихон Нусхаи Қуръон ба дастурамал дорад ниёз То, ки бишносӣ табибатро дило Қуръон бихон Водии тур аст ин Қуръон ва миоди зуҳур бо ту гар хоҳӣ сухан гўяд Худо, Қуръон бихон Мебарад хусрон зи Қуръон ҳар, ки душман бо Алист Мўъмининашро буд Қуръон шифо, Қуръон бихон Бо забони ҳол Зайнаб гуфт бо раъси Ҳусейн хасм хонд хораҷӣ моро ахӣ, Қуръон бихон Чун бувад Қуръон барномаи умри башар То, ки тавфиқ ёбӣ, биё Қуръон бихон
Хондани Қуръон бо овози хуш و رتل القرآن ترتيلا (1)Дар дастури тиловати Қуръон ба бо овози хуш хондан суфориш шудааст ва аз қорӣ хостаанд, ки нуктаҳои зарифи тиловат монанди кашидани садо ва ё зеру бани он ва тарҷии қироат ва ғайраро риоят кунад. Акнун ба нақли чанд ривоят дар ин бора мепардозем: Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: “Ҳар чизе зинате дорад ва зинати Қуръон овози хуш аст”. Боз фармуданд: Зеботарини беҳоиҳо яке мўи зебост ва дигарӣ овазу садои дилкаш. Боз фармуданд: Қуръонро бо овозу навои матини араб бихонед ва аз овози зишти аҳли фасод ва гунаҳкорон бипарҳезед. » (2) Овози хуш зинате барои Қуръон аст. Қуръонро бо садои худ хуш кунед, чун садои хуш бар зебоии Қуръон меафзояд. Қуръонро бо овозатон зинат диҳед. Имом Содиқ алайҳис-салом низ дар тафсири ояти: «Ва раттилил Қуръона тартило» фармуданд: Ба ин маъно аст, ки онро бо тааннӣ бихонед ва садоятонро хуш кунед. (3- 4) Имом Боқир алайҳис-салом фармуданд: Қуръонро бо овоз бихонед, чун Худованд дўст медорад, ки бо садои хуш Қуръон хонда шавад. (5) . Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: Қуръон бо оҳанги ғамгин нозил шуда, пас онро бо гиря бихонед ва агар гирят накардед лаҳни гиря ба худ бигиред ва онро бо овози хуш бихонед, ки ҳар кас онро бо овози хуш нахонад аз мо нест. Боз фармуданд: “Аз мо нест касе, ки Қуръонро бо овози хуш нахонад. (6) Имом Содиқ алайҳис-салом фармуданд: «Қуръон бо ҳузн нозил шуда, пас онро бо лаҳни ғамгин бихонед. (7) Албатта ин гуна суханон аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фаровон нақл шудааст. Шофеӣ гуфтааст: Тағаннӣ, хондани Қуръон бо овози ғамгин ва риқиқ мебошад. (14) баъд ин ҳадисро шоҳид оварда, ки: “Қуръонро бо оаозҳоятон зинат диҳед”. Бар ҳамин асос имомони Аҳли Байт алайҳимус-салом кўшиш доштанд, ки Қуръон бо тартил ва садои баланд ва бо овози хуш хонда шавад. Аз Муовия ибни Аммор ривоят шуда, ки ба Имом Содиқ алайҳис-салом гуфт: Оё касе, ки дуо ё Қуръон мехонад, агар овозашро баланд накунад гўё чизе нахондааст? Имом фармуданд: Оре, ҳамин гуна аст, Алӣ ибни Ҳусайн алайҳис-салом дар тиловати Қуръон хушсадотарини мардум буд ва ҳамгоми тиловат садояшро чунон боло мебурд, ки тамоми аҳли хона бишнаванд. Имоми Содиқ алайҳис-салом дар хондани Қуръон хуш садотарини мардум буд. Ҳаргоҳ шаб барои тиловат бедор мешуд садояшро боло мебурд ва вақте саққоҳо ва дигарон аз онҷо мегузаштанд меистоданд ва ба тиловати он ҳазрат гўш медоданд. (15)
|