< Сураи Муҳаммад

back

index

next

56   Ман ҷинну инсро наёфаридам, ҷуз барои ин ки ибодатам кунанд (ва аз ин роҳ такомул ёбанд ва ба Ман наздик шаванд).

57   Ҳаргиз аз онҳо рўзӣ намехоҳам ва намехоҳам маро таом диҳанд.

58   Худованд рўзидиҳанда ва соҳиби қуввату қудрат аст.

59   Ва барои касоне, ки ситам карданд, саҳми бузурге аз азоб аст, монанди саҳми ёронашон (аз қавмҳои ситамгари пешин). Бинобар ин саросема нашаванд.

60   Пас вой бар касоне, ки кофир шуданд аз рўзе, ки ба онҳо ваъда дода мешавад.

Сураи Тур

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 49 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1   Савганд ба кўҳи Тур,

2   Ва китобе, ки навишта шудааст,

3   Дар саҳифаи густардае,

4   Ва савганд ба «Байт-ул-маъмур»,

5   Ва сақфи барафрошта,

6   Ва баҳри пур ва барафрўхта,

7   Ки азоби Парвардигорат воқеъ мешавад,

8   Ва чизе аз он монеъ нахоҳад буд.

9   (Ин азоби илоҳӣ) дар он рўзе аст, ки осмон ба шиддат ба ҳаракат медарояд,

10   Ва кўҳҳо аз ҷо канда ва мутаҳаррик мешаванд.

11   Вой дар он рўз бар инкор кунандагон!

12   Ҳамонҳо, ки дар суханони ботил ба бозӣ машғуланд.

13   Дар он рўз, ки онҳоро ба зўр ба сўи оташи дўзах меронанд.

14   (Ба онҳо мегўянд:) Ин ҳамон оташе аст, ки онро инкор мекардед.

15   Оё ин сеҳр аст ё шумо намебинед?!

16   Дар он ворид шавед ва бисўзед. Мехоҳед сабр кунед ё накунед, барои шумо яксон аст, зеро танҳо ба аъмолатон ҷазо дода мешавед.

17   Вале парҳезгорон дар миёни боғҳои биҳишт ва неъматҳои фаровон ҷой доранд,

18   Ва аз он чӣ Парвардигорашон ба онҳо дода ва ононро аз азоби дўзах нигоҳ доштааст, шоду масруранд.

19   (Ба онҳо гуфта мешавад:) Бихўред ва биошомед гуворо. Инҳо дар баробари аъмоле аст, ки анҷом медодед.

20   Ин дар ҳоле аст, ки бар тахтҳои сафкашида дар канори ҳам такя мезананд ва «Ҳурул-айн »-ро ба ҳамсарии онҳо медароварем.

21   Касоне, ки имон оварданд ва фарзандонашон ба пайравӣ аз онон имон ихтиёр карданд, фарзандонашонро (дар биҳишт) ба онон мулҳақ мекунем. Ва аз (подоши) амалашон чизе намекоҳем. Ва ҳар кас дар гарави аъмоли худ аст.

22   Ва ҳамвора аз навъҳои меваҳо ва гўштҳо - аз ҳар навъ, ки бихоҳанд - дар ихтиёрашон мегузорем.

23   Онҳо дар биҳишт ҷомҳои пур аз шароби таҳурро, ки на беҳудагўӣ дар он аст ва на гуноҳ, аз якдигар мегиранд.

24   Ва пайваста бар гирдашон навҷавононе барои (хидмати) онон гардиш мекунанд, ки ҳамчун марворидҳои даруни садафанд.

25   Дар ин ҳангом рў ба якдигар карда (аз гузашта) савол менамоянд.

26   Мегўянд: «Мо дар миёни хонаводаи худ тарсон будем (мабодо гуноҳони онҳо домани моро бигирад).

27   Аммо Худованд бар мо миннат ниҳод ва аз азоби кушанда моро ҳифз кард.

28   Мо аз пеш Ўро мехондем (ва мепарастидем), ки Ўст Некўкор ва Меҳрубон».

29   Пас тазаккур деҳ, ки ба лутфи Парвардигорат ту коҳину маҷнун нестӣ.

30   Балки онҳо мегўянд: «Ў шоире аст, ки мо интизори маргашро мекашем».

31   Бигў: «Интизор бикашед, ки ман ҳам бо (шумо интизор мекашам, шумо интизори марги маро ва ман интизори нобудии шуморо бо азоби илоҳӣ)».

32   Оё ақлҳояшон онҳоро ба ин аъмол дастур медиҳад, ё қавми туғёнгареанд?!

33   Ё мегўянд: «Қуръонро ба Худо тўҳмат задааст?!», вале онон имон надоранд.

34   Агар рост мегўянд, сухане монанди он биёваранд!

35   Ё онҳо бе ҳеҷ офарида шудаанд, ё худ холиқи хешад?!

36   Оё онҳо осмонҳо ва заминро офаридаанд?! Балки онҳо ҷўёи яқин нестанд.

37   Оё хазинаҳои Парвардигорат назди онҳост?! Ё бар ҳама чизи олам сайтара доранд?!

38   Оё нардбоне доранд, (ки ба осмон боло мераванд) ва ба василаи он асрори ваҳйро мешунаванд?! Касе, ки аз онҳо ин иддиоро дорад, далели равшане биёварад.

39   Оё саҳми Худо духтарон аст ва саҳми шумо писарон, (ки фариштагонро духтарони Худо меномед?!).

40   Оё ту аз онҳо подоше металабӣ, ки дар зери бори гарони он қарор доранд?!

41   Оё асрори ғайб назди онҳост ва аз рўи он менависанд?!

42   Оё мехоҳанд нақшаи шайтонӣ барои ту бикашанд?! Вале бидонанд худи кофирон дар доми ин нақшаҳо гирифтор мешаванд.

43   Ё маъбуде ғайр аз Худо доранд, (ки ваъдаи ёрӣ ба онҳо додааст?!). Муназзаҳ аст Худо аз он чӣ ҳамтои Ў қарор медиҳанд!

44   Онҳо (чунон саркашанд, ки) агар бибинанд қитъаи санге аз осмон (барои азобашон) меафтад, мегўянд: «Ин абри мутарокиме аст».

45   Ҳол ки чунин аст онҳоро раҳо кун, то рўзи марги худро мулоқот кунанд.

46   Рўзе, ки нақшаҳои онон суде ба ҳолашон нахоҳад дошт ва (аз ҳеҷ сў) ёрӣ намешаванд.

47   Ва барои ситамгарон азобе қабл аз он аст (дар ҳамин ҷаҳон), вале бештарашон намедонанд.

48   Дар роҳи иблоғи ҳукми Парвардигорат сабру истиқомат кун, зеро ту дар ҳифозати комили мо қарор дорӣ. Ва ҳангоме, ки бармехезӣ Парвардигоратро тасбеҳ ва ҳамд гўй.

49   (Ҳамчунин) дар ҳангоми шаб ўро тасбеҳ кун ва дар ҳангоми пушт кардани ситорагон (ва тулўи субҳ).

Сураи Наҷм

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 62 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1   Савганд ба ситора ҳангоме, ки уфул мекунад,

2   Ки ҳаргиз дўсти шумо (Муҳаммад «с ») мунҳариф нашуда ва мақсадро гум накардааст,

3   Ва ҳаргиз аз рўи ҳавои нафс сухан намегўяд.

4   Он чӣ мегўяд чизе ҷуз ваҳй, ки бар ў нозил шудааст, нест.

5   Он кас, ки қудрати азиме дорад (Ҷабраили Амин), ўро таълим додааст.

6   Ҳамон кас, ки тавоноии фавқулоддае дорад. Ў султа ёфт,

7   Дар ҳоле, ки дар уфуқи аъло қарор дошт.

8   Сипас наздиктар ва наздиктар шуд,

9   То он ки фосилаи ў (бо Паёмбар) ба андозаи фосилаи ду камон ё камтар буд.

10   Дар ин ҷо Худованд он чиро ваҳй карданӣ буд, ба бандааш ваҳй намуд.

11   Қалби (поки ў) дар он чӣ дид, ҳаргиз дурўғ нагуфт.

12   Оё бо ў дар бораи он чӣ (бо чашми худ) дидааст, муҷодила мекунед?!

13   Ва бори дигар низ ўро мушоҳида кард,

14   Назди «Сидрат-ул-мунтаҳо»,

15   Ки «Ҷаннат-ул-маъво» дар онҷост.

16   Дар он ҳангом, ки чизе (нури хиракунандае) Сидрат-ул-мунтаҳоро пўшонида буд,

17   Чашми ў ҳаргиз мунҳариф нашуд ва туғён нанамуд, (он чи дид ҳақиқат буд).

18   Ў порае аз оёт ва нишонаҳои бузурги Парвардигорашро дид.

19   Ба ман хабар диҳед, оё бутҳои «Лот» ва «Уззо»,

20   Ва «Манот», ки севвўмини онҳост (духтарони Худо ҳастанд?!).

21   Оё саҳми шумо писар аст ва саҳми Ў духтар?! (Дар ҳоле, ки ба гумони шумо духтарон камарзиштаранд).

22   Дар ин сурат ин тақсими ноодилонае аст.

23   Инҳо фақат номҳое аст, ки шумо ва падаронатон бар онҳо гузоштаед, (номҳои бемаъно ва исмҳои бемусаммо) ва ҳаргиз Худованд далел ва ҳуҷҷате бар он нозил накардааст. Онон фақат аз гумонҳои беасос ва ҳавои нафс пайравӣ мекунанд, дар ҳоле, ки ҳидоят аз сўи Парвардигорашон барои онҳо омадааст.

24   Ё он чӣ инсон таманно дорад ба он мерасад?!

25   Дар ҳоле, ки охират ва дунё аз они Худост.

26   Ва чӣ бисёр фариштагони осмонҳо, ки шафоати онҳо суде намебахшад, магар пас аз он ки Худо барои ҳар кас бихоҳад ва розӣ бошад, иҷозати (шафоат) диҳад.

27   Касоне, ки ба охират имон надоранд, фариштагонро духтари (Худо) номгузорӣ мекунанд.

28   Онҳо ҳаргиз ба ин сухан донише надоранд, танҳо аз гумони бепоя пайравӣ мекунанд, бо ин ки «гумон» ҳаргиз инсонро аз ҳақ бениёз намекунад.

29   Ҳол ки чунин аст аз касе, ки аз ёди мо рўй мегардонад ва ҷуз зиндагии моддии дунёро наметалабад, рўй гардон.

30   Ин охирин ҳадди огоҳии онҳост. Парвардигори ту касонеро, ки аз роҳи Ў гумроҳ шудаанд, беҳтар мешиносад ва (ҳамчунин) ҳидоятёфтагонро аз ҳама беҳтар мешиносад.

31   Ва барои Худост он чӣ дар осмонҳо ва он чӣ дар замин аст, то бадкоронро ба кайфа&
back

index

next